Чаро дар олами ислом аз занҳо олимае нест?
Агарчӣ ба ин савол ду сол қабл посух гуфта будам,бори дигар ин саволро бароям чанд хоҳар намуданд.Хостам онро бознашр намоям,то истифода намоянд.
Хоҳари гиромие аз ман суол карда, ки чаро дар олами ислом мисли уламои ҳадис, тафсир ва фиқҳ олимае зуҳур накардааст? Оё ислом инро ба занҳо иҷозат намедиҳад ё худ ин ҷо чӣ сирре ҳаст, ки мо намедонем.?
Алҳамду лиллоҳи раббил-ъоламин, арраҳмонир-раҳим, молики явмиддин, илоҳил-аввалин вал-охирин ва холиқил-халқи аҷмаъин ва саллаллоҳу ва саллама ва борака ъало Набийиҳил-карим, Сайидино ва Имомино ва қудватино ва қуррати ъайнино Муҳаммад ибни Абдиллоҳ ва ъало олиҳит-тайибинат-тоҳирина ва ъало саҳобатиҳил-ғуррил-маёмин.
Бале, хоҳари гиромӣ ба ростӣ дар ин масъала то кунун фикр накарда будам, ҳатто сари ин масъала касе ҳам суол накарда буд, то рӯяш таҳқиқе дошта бошам. Пас аз ирсоли ин савол омӯхтам ва посухҳое дарёфтам, ки маро қаноатбахш намуд. Умед аст шумо низ қаноатманд хоҳед шуд.
Дини ислом фаро гирифтани илмро тавре, ки барои мардон тарғиб менамояд барои занон низ ҳамеша тарғиб намудааст ва онро ҳатмӣ мешуморад. Дар ҳадиси машҳуре аз расули акрам (с) омадааст, ки «Талаби илм фарз аст барои ҳар мусалмони мард ва зан» ин ҳадис дар «файзул қадир»-и Мановӣ омадааст ва ҳадисро саҳиҳ ли-ғайриҳи гуфтааст. Имом Сиютӣ дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд, ҳадис бо чунин лафз омадааст ва он саҳеҳ аст: «Талаби илм фарз аст барои ҳар мусалмон». Яъне вуҷуд надоштани лафзи «зан» далолат бар он намекунад, ки барои зан фарз нест, зеро дар лафзи калимаи «мусалмон» занон низ шомиланд ва дар он мушаххас нест мард ё зан балки ом аст, ҳар касе мусалмон бошад чи мард аст ва ё чи зан. Албатта боз ақвол дар мавриди ин ҳадис зиёданд, вале ба ин қадар иктифо менамоем.
Худованд дар Қуръони карим мефармояд:
« Албатта аз миёни бандагони Худо танҳо донишмандон аз ӯ метарсанд». (Сураи Фотир,ояти 28)
Уламои ислом дар мавриди фаро гирифтани илм чунин гуфтаанд:
1-) Сафён ибни Уяйна мегӯяд: «Баландмартабатарин мардумон назди Худованд ононе ҳастанд,ки миёни Худованд ва бандагонаш, ҳастанд бешак онҳо паёмбарон ва олимонанд».
2-) Алӣ ибни Абутолиб (р) мегӯяд: «Илм аз мол беҳтар , зеро молро муҳофизат бояд кунӣ, вале илм туро муҳофизат мекунад. Молро пардохт намудан ба интиҳо мерасонад, зеро илм тавсия менамояд бар нафақаи он. Олим ҳоким аст, вале мол маҳкумшуда. Бимурд нигаҳдорандаи мол, вале олимон зиндаанд. Олимон ҳамеша боқӣ ҳастанд, то он даме, ки дунё пойдор аст. Пайкарҳои олимон аз байн мераванд, (яъне ҷасадҳояшон фано пазиранд), вале китобҳо осорҳояшон дар дилҳои ояндагон боқист».
3-) Имом Зуҳрӣ мегӯяд: Беҳтар аз олимон касе Худовандро ибодат накардааст»
4-) Умар ибни Хаттоб (р) мегӯяд: «Мурдани ҳазор ибодат кунандае, ки шабзиндадоранд ва рӯз рӯза медоранд пасттар аст аз марги олиме, ки дониши ба ҳалол ва ҳароми Худовандро дорад».
5-) Имом Аҳмад ибни Ҳанбал мегӯяд: «Мардумон ба илм ва дониш зиёдтар аз нон ва об ниёз доранд, зеро илм ва донишро дар ҳар соате аз умр лозим доранд, вале нон ва обро дар як рӯз ду ва ё се бор на бештар аз он».
Хоҳари гиромӣ дар санои илм тамоми масодири шаръ мамлуъ ва саршор аз он аст. Ин аз он хабар медиҳад, ки дини ислом динест, ки ҳамеша ба фаро гирифтани илм моро даъват намудааст. Ба зикри ин далоил иктифо менамоем ва мепардозем ба баёни нақши занони олима дар ислом аз гузашта то ба ҳол.
Агар аз оғози зуҳури ислом назар андозем ҳангоме, ки расули акрам (с) ба паёмбарӣ баргузида шуданд модарамон Хадиҷа бинти Хувайлид нахустин зане буд, ки ба он Ҳазрат (с) имон оварданд ва даъваташонро пазируфтанд ва расули акрам (с) он солро соли «даъвати исломи» ном ниҳоданд. На танҳо он солро, балки то соли 10 ҳиҷрӣ, яъне то вафоти Хадиҷа (р). Ин аст нақши аввалин зани мусалмон дар ислом. Сумая бинти Хайёт (р) модари саҳобаи ҷалилулқадр Аммор ибни Ёсир(раз), ки аввалин шаҳиди ислом нахустин зане буд, ки барои имонаш ба Муҳаммад(с) ва дини ислом ҷонашро фидо намуд. Нахустин зане, ки дар ислом ба Ҳабаша ҳиҷрат намуд ин Руқийя духтари Муҳаммад (с) ҳамсари Усмон ибни Афон (р) буд, ки бо шавҳараш ин ҳиҷрати таърихиро анҷом дод.
Инчунин дар замони бо саодати ҳазрати Муҳаммад (с) барои занони саҳобиёт расули акрам (с) рӯзеро барои таълими онҳо ихтисос дода буд ва ба занҳо таълим медоданд. Инчунин дар ҳангоми марҳалаҳои ҳасос аз занҳо машварат мепурсиданд, ки ин масъаларо чӣ тавр анҷом диҳанд дар масоили рӯзмарраи дунявӣ.
Ҳуҷраҳои модарони муъминон мадрасае саршор аз илму адаб буд.
Ҳуҷраҳои модарони муъминон дар он замон мадрасеро мемонд, ки ҳама занони саҳобиёт аз онҳо таълим мегирифтанд. Хосатан ҳуҷраи модарамон Оишаи Сиддиқа (р) яке аз заноне буд, ки дар мактаби нубувват аз хурдӣ тарбият ёфта буд, ҳато дар бисёре аз осор ва мароҷеъи уламои ислом омадааст, ки Оиша (р) нисфи илм буданд. Оиша (р) дар илми Фиқҳ, шеър, адаб ва ҳалли матнҳои аҳодисе, ки бар дигарон мушкилфаҳм буд хеле онҳоро бо баёни шевое мефаҳмонд. Ҳатто саҳобагони бузург, агар дар масъалае ба мушкил рӯбарӯ мешуданд ба Оишаи Сиддиқа (р) муроҷиъат менамуданд. Аз 299 саҳоба ва тобеин, ки пас аз расули акрам (с) буданд 67 нафарашонро занон ташкил медод, ки аз илми Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (р) истифода намуданд ва аз фуқаҳои даврони худ гаштанд ва ба дигарон онро таълим медоданд ва аз расули акрам (с) 2210 ҳадис ривоят намудааст, ки дар кутуби ҳадис дар бобҳои гуногун дида мешаванд.
Умми Салама (р) 378 ҳадис ривоят намудааст.
Умми Ҳабиба (р) 65 ҳадис ривоят намудааст.
Ҳафса бинти Умар (р) 60 ҳадис ривоят намудааст.
Маймуна (р) 78 ҳадис ривоят намудааст.
Зайнаб бинти Ҷаҳш (р) 11 ҳадис ривоят намудааст.
Сафия (р) 10 ҳадис ривоят намудааст.
Ҷувайрия (р) 7 ҳадис ривоят намудааст.
Савда (р) 5 ҳадис ривоят намудаст.
Китобҳои ҳадис ривоятҳои ин модарони муъминро дар худ ҷой додаанд ва ҳамаи ин уммат аз онҳо истифода менамоем ва динамонро аз онҳо мегирем. Магар ин фазилат ва фахр занонро кам аст, ки ин уммат аз ин занон то рӯзи қмёмат динашонро меомӯзанд.
1-) Муҳаммад ибни Саъд дар китобаш саҳобиёт ва тобиъиёти зиёдеро овардааст, инчунин тарҷумаи ҳоли зиёде аз занони донишманди мусалмонро, хосатан дар китоби «Усудул Ғобба» ва китоби «Табақоти Кубро», ҳатто Ибни Асир ҷузъи пурраи занони донишманд ва олимаҳоро дар ривоятҳои китобаш махсус намудааст ва номи 824 занони фозила ва олимаро, хоссатан онҳое, ки ба ривоятҳояшон то асри 3 ҳиҷрӣ машҳуранд, овардааст.
2-) Тоҳира бинти Аҳмад бинти Юусуф Ал-танвихияи Бағдодӣ: Дар китоби «Тақрибут-таҳзиб»и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ зикр шудааст ба бобе ба номи «Муаллиматур-риҷол», яъне (муаллимаи мардон). Дар он чунин мегӯяд: Олим, муаррих ва муҳаддиси машҳур Хатиби Бағдодӣ дар назди зани донишманд ва фарзонаи Бағдод, тарбият ёфтааст, ки бештари олимони ин минтақа аз ӯ илмҳои Фиқҳ ва ҳадисро дарс гирифтанд, инчунин соҳиби китоби Таърих ҳам ҳаст.
3-) Аматулвоҳид бинти Ҳусайн ибни Исмоил: Ин зан яке аз Фақеҳ тарин шахсияте дар мазҳаби Имом Шофеӣ (р.а.ҳ) ба шумор меравад хело зани донишманд ва доное буд. Ин зан фатво медод ва аз ин олима ҳадис менавиштанд маҳорати шарҳи ҳадис ва илми фиқҳро дошт. Соли 377 ҳ.қ аз дунё гузашт.
4-)Ҷалила бинти Алӣ ибни Ҳасани Аш-шаҷарӣ: Зани олима ва фарзонае буд, ки илмҳои Фароиз, Ҳисоб, Наҳвро дарс медод. Баъзе аз бузургтарин олимони давронаш аз ӯ дарс гирифтаанд. Мисли Самъонӣ ва дигарон. Ҳатто аз манотиқи дигар мисли Шом ва атрофии он наздаш барои фаро гирифтани илм меомаданд.
5-) Зайнаб бинти Маккӣ ибни Алӣ ибни комили Ал-ҳарронӣ: Яке аз занҳое буд, ки тамоми умрашро барои фаро гирифтани илм бахшида буд. Хонаи ин зани фарзона дар Ҷабали Қосиюн дар Димишқ буд. Аз ин олима мардум илми ҳадисро меомӯхтанд ва шеваи тадрисаш хело мавриди сано ва ситоиш буд, ки барои таълим гирифтан наздаш дониш омӯзон талош менамуданд. Соли 688 ҳиҷрӣ вафот намуд.
6-) Зайнаб бинти Яҳё ибни Алъиз ибни Абдуссалом Ал-ҳарронӣ: Дар улуми исломӣ дониши фаровоне дошт ва хоссатан таърихро хуб медонист. Имом Заҳабӣ аз ин зан ривоят кардааст ва аз ӯ низ омухтааст. Инчунин муаррихи дигаре чун Ибни Умари Димишқӣ низ аз ин олима ривоят намудааст дар китобаш ва ӯро сутудааст. Шогирдони зиёде аз илми ин олима истифода бурдаанд.
7-) Зайнаб бинти Аҳмад ибни Хиёта: Яке аз донишмандони варзидае буд, ки аз илми ин зан мардуми зиёде касби дониш намудаанд, инчунин яке аз шогирдони маъруфи ин зан Ибни Батута муаррихи маъруфи ҷаҳони ислом аст. Ин олима маҷлиси илм дар масҷиди Димишқ дошт.
😎 Фотима бинти Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ: Ин зани фарзона ва донишманд аз ҷойгоҳи илмии баланде бархурдор буд. Подшоҳи он замон Нуриддини Маҳмуд дар мавриди бисёре аз умури давлатдориаш аз ӯ машварат мепурсид хоссатан дар умури тадрис ва тарбия. Шоёни зикр аст, ки маликулуламо имом Алоуддин Абӯбакр ибни Масъуд ибни Аҳмади Косонӣ соҳиби китоби фиқҳии маъруфи мазҳаби мо ҳанафиҳо «Бадоиъу-с-саноиъ» ин китобро Имом Косонӣ дар шарҳи китоби «Тӯҳфа», ки китоби фиқҳи ҳанафӣ буд ва он китоби устодаш падари Фотима буд ва устодаш пас аз дидани ин китоби шарҳи фиқҳи духтараш Фотимаро ба никоҳи ӯ даровард. Дар ҳоле, ки барои хостгории Фотима чандин амир ва подшоҳ омада буданд вале чуноне, ки мегӯянд маҳри Фотима китоби «Бадоиъу-с-саноиъ» будааст. Фотима қабл аз шавҳар намуданаш фатвои содир намудаашро ҳамчун эҳтиром ба падараш нишон медодааст ва бо ду имзо онро содир менамудааст, вале пас аз издивоҷ онро ба шавҳараш сипас ба падараш ва дар зери он фатво пас аз гузоштани се имзо онро содир менамудааст. Нахуст падари фотима аз дунё мегузарад дар Ҳалаб. Бо шавҳараш ба Фарғона бармегардад ва пас аз тадрис ва тарбияи шогирдони зиёде дар фарғона шавҳараш аз дунё мегузарад ва ҳафт сол пас аз вафоти шавҳараш аз дунё мегузарад. Ӯро дар канори шавҳараш ин зани фақеҳа ва духтари фақеҳаро ба хок месупоранд. То ба ҳол мо ҳанафи мазҳабҳо аз фатово ва китобҳои онҳо истифода мебарем.
Имом Заҳабӣ дар китобаш чунин боберо ба муъҷаму шуюхи Ал-Заҳабӣ номгузорӣ намудааст ва дар он бисёре аз устодонашро зикр намудааст. Дар мавриди бархе аз устодонаш чунин менависад. Аз дунё гузашт он Шайхаи (зани олима) мо Андалуси дар ҳоле, ки таълим дод Қуръонро бар мо ва хондану навиштанро низ дар наздаш омӯхтем.
Занонро даври муҳиме дар фаро гирифтани илм ва таълим додан вуҷуд дошт. На танҳо дар илми муайяне, балки дар тамоми илмҳо забону адабиёт, шеър, қофия ва арӯз, сарфу наҳв, тафсир, ҳадис, фиқҳ, фароиз,ҳисоб, ансоб,нуҷум ва ғайра.
Имоми Зоҳириҳо Ибни Ҳазм, ки бо илмияташ машҳуру маъруф аст то марҳалаи ба балоғат расиданаш дар назди уламои зан тарбият ёфтааст ва улуми исломиро фаро гирифтааст. Сухани машҳуре дорад, ки чунин мегӯяд: «Тарбият ёфтам дар назди олимаҳои замонам навиштанро,шеърро ва инчунин ман ҳангоме, ки дар доираи илмии он занони олима қарор доштам аз олами илмии мардони олим бе хабар будам ва танҳо онҳоро ҳалқаҳои илмӣ гумон мекардам, то ба балоғат расиданам дар маҷлисҳои мардони олим нанишаста будам метавонам бо сароҳат бигӯям. Ҳама он улуме, ки маро ба дониш расонид то замоне, ки ҷавони ҳушманд гаштам он маҷолис ва ҳалқаҳои занони олима буд».
Имом Саховӣ дар мавсуъаи бузургаш овардааст «Завъулломиъ ли аҳли қарн» зиёда аз 1070 тарҷумаи ҳоли занони олимаро овардааст, ки ҳар кадоми он занон ба монанди мадрасаеро мемонанд, ки ҳамто надоранд. Муҳаддисаҳо, фақеҳаҳо муфассираҳо ва дигар улум. Инчунин шоёни зикр аст, ки ёдовар шавем Имом Ҷалолиддин Сиютӣ муфассир ва муҳаддиси маъруф, ки бисёре аз донишомӯзон тафсири Ҷалолайни ин олимро хондаанд ва ё лоақал номашро шунидаанд дар назди олимаҳои замонаш мисли : Умми Ҳонӣ ва дар наҳв аз Нашвон бинти Абдуллоҳи Ал-Канонӣ ва аз Умми Фазл бинти Муҳаммади Ал-Мақдисӣ ва Хадиҷа Бинти Ҳасани Ал-Миқан, ҳатто китобе дар ин маврид дорад Ҷалолиддини Сиютӣ ки дар тарбияи ин олими раббонӣ занони олима хело нақши боризе доранд.
Дар мавриди он, ки чаро аз занҳо мисли Имом Бухорӣ ё Имом Муслим ва дигарон олиме нест?
Инро чунин шарҳ медиҳам, агар зиндагонии Имом Бухориро хонда бошед мефаҳмед, ки модараш чӣ қадар зани обида ва қуръонхон буд ва дар хурдӣ Имом Бухорӣ аз дидан маҳрум мегардад ва ин модараш буд, ки бо дуо ва ниёиш ва Қуръон хондани зиёд сабаб мегардад, то дубора биноии писараш бар гардад. Магар ин кори зан набуд, ки ба мо чунин писареро ҳадя намуд? Ва бо ӯ ҷаҳони ислом аз шарқ то ғарб мефахрад? Агар ҳоли ҳар яке он уламоро хонед ҳатман нақши модар ва зан дар тарбияи онҳо муҳим аст. Пас ҳаргиз занонро дар тарбия ва таълими фарзандони худ ва дигарон бо чашми кам мангаред.Зеро зан ин маҳди ба воя расонандаи абармардони ин умматанд. Пас дар тарбияи духтаронатон кӯшиш намоед, зеро аз зани босавод фарзанди босавод ба воя мерасад. Ислом ҳамеша фарогирии илмро ба занон муҳим мешуморад ва онро асоси таҳкими хонаводаҳо қалмдод намудааст. Пас биштобед, то он вақте,ки фурсат доред.
Дар охир мехоҳам ба ин хоҳари гиромӣ бигуям, ки дар олами ислом олимаҳои зиёде зуҳур намудаанд ва он уламое, ки дар боло номи онҳо зикр гардид ҳама дар назди занони олимаи асру замонашон шарафёб ва касби илм намудаанд, ки машҳури олам гардиданд. Дар поёни сухан инро бояд биафзоям, ки Имом Шофеъӣ (р.а.ҳ) чун дар хурдӣ аз падар ятим монд ва модараш дар ҷавониаш бева монд ва зани зебосурат низ буд ҳарчӣ ба наздаш барои хостгорӣ меомаданд писари хурдашро баҳона мекард ва шавҳар накард, ки мабодо писараш озор ёбад ва фарзандашро тарбият намуд ва охируламр фарзандаш имоми бузурги аҳли суннат гардид. Вале имом Шофеъӣ ҳам ба модараш вафо намуд ва китоби фиқии мазҳабашро ба номи «Ал-Ум»(яъне модар) гузошт. Бале ин аст уламои мард, ки ҳама дар пеши модар худро мадюн мешуморанд.
Чунин мисолҳо зиёданд, вале намехоҳам мақоларо дароз намоям. Агарчӣ ҳангоми ҷустуҷӯ намуданам дар масодири шаръӣ номҳои занони олимаро зиёд вохӯрдам, вале ҳамчун намуна чанд нафари онҳоро зикр намудам, вагарна дар олами ислом аз оғоз то ба ҳол занони донишманд ва машҳур хело зиёданд, ки дорои китобҳо, асарҳо ва девон анд, вале афсус, ки онҳо ба забонҳои арабӣ, форсӣ ва бо дигар забонҳо дар дастраси ҷаҳониёнанд, вале то ба ҳол рӯйи тарҷумаро надидаанд, вагарна бо ҳамаи онҳо ошно мегардидед. Умед аст хоҳари гиромӣ то ҷои тавон ба шакли кӯтоҳ ба саволатон посух гуфта бошам.