Қиссаҳои ибратангез

Ислоҳ нет

Қиссаҳои ибратангез

(панҷ ҳолати марг ва қабзи рӯҳ)

Рафтуои дами кас зуд танат тори кафан,
Ҳар нафас бар шаҷари умр табар мебинам.

1. Хангоме, ки сакароти марг ба шайхи зоҳид Абдуллоҳ ибни Идрис (раҳ) расид, дар ин ҳангом духтараш назди ӯ нишаста буд ва ҳолати падарашро медиду мегирист.

Шайхи обид Абдуллоҳ ибни Идрис ба духтараш нигариста, чунин гуфт: Духтарам, барои ман гиря макун, зеро ман дар ҳамин ҳуҷрае, ки дар бистари марг қарор дорам, чор ҳазор бор Қуръонро хатм намудам. Маҳз барои осон гаштани ана ҳамин ҳолатҳои сахту душвор

Барги сабзе б гӯри хеш фирист,
Кас наёрад паси ту пеш фирист.

2. Омир ибни Абдуллоҳ ибни Зубайр (раҳ) ҳангоме, ки дар бистари марг қарор дошт ва нафасҳои охирини ҳаёташ берун мегашт, хонадонаш дар атрофаш нишаста, гиря мекарданд. Ҳазрат дар ин ҳангом садои муаззинро шунид ва вақти намози шом буд. Дар ҳолате сангини кандани ҷон қарор дошт.
Гуфт: маро бардоред.
Гуфтанд: Куҷо меравед?
Гуфт : Ба масҷид меравам, то намози шомро гузорам.
Гуфтанд: Шумо дар чунин ҳол қарор доред, пас маъзуред.
Гуфт: Субҳоналлоҳ, ман садои Аллоҳу Акбарро шунавам ва ба намоз даъват шавам чӣ тавр ба сӯи намоз нашитобам. Аз дастонам бигиред ва маро масҷид баред.
Ҳазратро ду мард аз аҳли хонадонаш бардоштанд ва ба сӯи масҷид бурданд. Дар сафи намоз ӯро гузоштанд, пас аз рукуи аввал ва ба саҷда рафтани имом дар аввалин саҷда қабзи рӯҳ шуд ва ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Меравӣ дар хонаи торику пурваҳми лаҳад,
Аз барои тӯшаи он гӯша ин ҷо фурсат аст.

3. Ҳолати марг ба Абдурраҳмон ибни 
Асвад (раҳ) фаро расид. Атрофи болинаш шогирдон ва аҳли хонадонаш ҷамъ буданд. Ҳазрат гиря мекарданд, шогирдон гуфтанд: Эй шайх, чаро гиря мекунед дар ҳоле шумо дар ибодат ва фурӯмоягӣ ва зуҳду тақво машҳуред.
Гуфт: Савганд ба Аллоҳи ягонае, ки ҷони ман дар қабзаи Ӯст гиряи ман таассуфи ман аст, яъне аз намозу рӯзаи кам аст (манзур рӯза ва намози нофила аст). Сипас Қуръон тиловат карданд ва дар чунин ҳол қабзи рӯҳ шуданд ва ҷон ба ҷонофарин супурданд.

4. Язиди Раққошӣ (раҳ)-ро ҳолати қабзи рӯҳ фаро расид. Ҳазрат мегиристанд ва мегуфтанд: Эй Язид, чун ту бимирӣ, кӣ барои ту намоз мехонад? Кӣ барои ту рӯза мегирад? Кӣ аз барои гуноҳоне, ки ту анҷом додаӣ истиғфор мегӯяд? Сипас калимаи шаҳодатайнро гуфтанду ҷон ба Ҷонофарин супурданд.

5. Ҳорунарашид халифаи маъруфи аббосӣ мавриде, ки маргаш фаро расид ва эҳсос намуд охирин лаҳзаҳои ҳаёташ аст, бо овози баланд вазирашро садо кард. Дарҳол ҳама сипоҳе, ки дар кишвар дорам ҷамъ оваред. Вазир амр намуд ҳама сипоҳ бо силоҳояшон назди қаср дар ҳол саф ороянд. Вақте ҳама сипоҳ дар сафҳои тӯлонӣ бо беҳтарин либосҳо ва силоҳҳояшон саф оростанд Ҳорунарашидро бардошта, назди онҳо бурданд. Вақте Ҳорунарашид артиши қаррорашро дид сахт гирист ва чунин гуфт: Эй он зоте, ки мулку подшоҳият ба поён нарасад раҳм кун бар подшоҳе, ки подшоҳияш дар замин ба поён расид. Ин бигуфт ва калимоте зери лаб мегуфт ва талх мегирист, то ин ки дар ин ҳол, назди сипоҳаш қабзи рӯҳ шуд ва ҷон ба Подшоҳи абадӣ таслим намуд.
Хонандаи гиромӣ, ин нуктаро фаромӯш масоз, ки ҳар ки дар ин дунё дар ҳар ҳоле зиндагӣ кунад дар ҳамон ҳол аз дунё мегузарад. Умед дорам аз ин панҷ ҳолати марг панде барои худ гирифта бошед. Фикри ин дунёи дунро аз сар дур созед. Пайваста фикри ҳолати ҷон додан ва дохили қабр ва рӯзи растохезро дар сар парваред.

Бикун он фикри тангӣ дар кушодӣ,
Ғами дин хур ба ҷои айшу шодӣ.

Ё Аллоҳ, барои бандагонат тараҳҳум кун ва моро ба гуфтани шаҳодатайн ё дар ҳолати саҷда ё шаҳодат ва ё ҳар ҳолате, ки Туро аз он хуш бошад ва ризои Ту дар он бошад бимирон, омин…

Дар нашри чунин қиссаҳои воқеъӣ кӯтоҳӣ макун, зеро нафаре, ки маргро фаромӯш карда, инро мехонад ва ҳолаш тағйир мепазирад ва шумо дар тағйири ҳоли ӯ аз бадӣ ба некӣ, дар аҷру савоб шарику маъҷуред!

Share This Article