Ҳудуди 250 миллион доллар аз ҳисобҳои оффшории Шуҳрат Исматуллоев, муовини мафқудуласари Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ба ҳисоби афроди номаълум ворез шудааст.
Манбаъи «Ислоҳ» дар гуруҳи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфт, «амалиёти бонкӣ»-и мазкур баъд аз ду рӯзи нопадидшавии Шуҳрат Исматуллоев сурат гирифтааст. Ба таъйиди манбаъ дар ду навбат11.000 биткоин, баробар ба 230 миллион доллар аз кошелеки криптовалютаҳои Шуҳрат Исматуллоев ба кошелеки дигар мунтақил шудааст:
«Баъди ду рӯз наздик ба 300 миллион доллар «перевод» карданд, ба воситаи биржаҳо гузашт рафт дигар ҷо. Мо наметавонем муайян ва маълум намоем, ки ин пулҳоро кӣ гирифтааст? Ҳасан Асадуллоев гирифт, бачаи худи Шуҳрат ва ё занаш гирифт ва ё нафароне, ки ӯро рабуданду куштанд, чизе гуфта наметавонем, чунки намедонем ва муқаррар кардан ҳам номумкин аст. Аммо, бинобар маълумоти фаврӣ парол-рамзи кошелеки Шуҳрат Исматуллоев дар дасти ҳаминҳо ҳам будааст. Вақти обедии рӯзи 24ум,вақте дарак ёфтанд, ки Шуҳрат гум шуд, бегоҳии рӯзи дигар ин амалиёт анҷом шудааст. Дар транзаксия ҳамаашро дида мешавад, чи хел, кай ва чи миқдор маӣлағ гузашт. Вале соҳиби кошелекро намебинӣ, намефаҳмӣ. Аммо маъмулан транзаксияҳо ин тавр «грубий»-миқдори бузург ва калонҳаҷм намешаванд. Одамҳо ин хел партияи калон-230 млн доллар намегузаронанд. Ду рӯз пас аз ҳодисаи нопадидшавии Шуҳрат Исматуллоев ҳамин гуна амалиёти бонкӣ сурат гирифтааст».
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотии худ кофтукови ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро дар рудхонаҳои Варзоб ва Зарафшон таъкид кард. То кунун ҳеҷ асаре аз маҳалли ин ҳоиса, чи расад ба худи ҷасад, ошкор нашудааст.
Аммо манбаъи мо дар Прокуратураи генерлӣ гуфт, ки манша ва мақсади асосии гурӯҳи одамрабоён бо роҳбарии Дилшоди красавчик тасарруфи пулҳои Шуҳрат Исматуллоев будааст вале, афзуд ӯ зоҳиран муваффақ нашудаанд, ки аз ӯ чизе бистонанд, чун зарбаи ногаҳонии яке аз аъзои даста ӯро ба марг расонидааст. Бад -ин ҷиҳат ин миқдор маблағи бузург, ки ба эҳтимоли зиёд нисфе аз захоири пинҳонкардаи Шуҳрат Исматуллоев аст аз тарафи бастагони худи Шуҳрат Исматуллоев ба ҳисоби дигар гузаронида шудааст. Вале агар ин кори Ҳасан Асадуллозода, раиси Шуҳрат Исматуллоев бошад, пас, ин эҳтимолро наметавон истисно кард, ки ин маблағ ва ҳисоби муштараки онҳо мебошад ва Ҳасан бо «перевод»-и 11.000 биткоин, ки муодили 230 млн.доллар аст, онро дар ҷои «амн»-таре амбор кард.
Аммо, ба назар мерасад, шуморе аз кормандони мақомоти Тоҷикистон бо Дилшод Саидмуродов-Дилшоди красавчик, ки аз вай ба унвони роҳбари гурӯҳи одамрабоён ном бурда мешавад, робита доранд. Тафтишот, барои як ё ду рӯз модари Дилшоди красавчикро боздошт карда вале баъдан раҳо кардааст. Феълан адвокати хонаводагии Дилшоди красавчик дар боздошт қарор дорад.
Аммо, маълум нест, ки манбаъи ин хабар аз куҷо аст, шояд яке аз аъзои гурӯҳ таҳти шиканҷаи мақомот, қасди ин гурӯҳ барои вожгун кардани режими Раҳмоновро ифшо кардааст. Барои ҳамин Раҳмонов сахт ошуфта ва дар ғазаб аст ва дастур додааст, ки аз таги замин бошад ҳам Дилшод пайдо карда шавад. Гуиё Дилшоди СБ ва гурӯҳаш нақша доштаанд, ки бо пулҳои Шуҳрат гурӯҳи худро тақвият дода силоҳу муҳиммот дарёфт кунанд.
Маълум нест, ки дар инкор дасти русҳо, масалан ЧВК «Вагнер» ҳам даст доштааст ё хайр вале инки ин гурӯҳ қабл аз ҳодиса ба сари Шуҳрат Исматуллоев оварда дар ҳайати ЧВК «Вагнер» будаандро, наметавон инкор кард. Аммо инки инҳо аз «Вагнер»-ки дар ҷанг бо Украина масруф буд, чи гуна ба Тоҷикистон омадаанду мақомот на инки «хит» накардаанд, ҳатто «бу» ҳам набурданд, хеле шубҳаовар аст.
Инҳо, ки ба унвони «зархарид» дар ҷанги хориҷӣ иштирок кардаанд, чаро мақомоти амниятӣ огоҳ нашудаанд? Ин гурӯҳ омаданд, мустақар шуданд, аз пушти Шуҳрат Исматуллоев чандин муддат «слежка» карданд вале ҳеҷ мақомоте на милиса ва на амният дарак наёфт. Шубҳаовар нест? Боз амалиёти мавриди назарашонро иҷро карда орому осуда ва аз роҳҳои расмӣ баромаанду рафтанд. Ва, тавре амалиётро иҷро карданд, ки инак наздик ба ду моҳ аст, МВД, КГБ, МЧС, Прокуратура «далел»-и асосӣ ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва мошини рабояндагони ӯро кашф ва ошкор карда наметавонанд. Дар ҳақиқат ин гурӯҳ хеле ҳам «профессионал» амал кардааст ва ё инки мақомоти Тоҷикистон ниҳоят заъиф ва беҳунаранд?
Манбаъи мо мегуяд, ки Дилшод Саидмуродов тавассути Абдураҳмон Ҳотамбеков, собиқ корманди баландпояи Прокуратураи генералӣ, ки солҳо ба унвони намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон фаъолият карда ва чанд муддат ёвар-мушовири Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон будааст, пинҳон карда шудааст. Бо мадад ва мусоидати Ҳотамбеков Абдураҳмон, ки аз хешованди Дилшод ва ҳамкурси Юсуф Раҳмон низ будааст паноҳ бурдааст. Барои онки дар бораи Ҳотамбеков маълумот дошта бошед, ду- се иқтибос аз сарчашмаҳои бози интернетӣ меоварем:
«В Минске 24 ноября 2017 года Генеральный прокурор Республики Беларусь Александр Конюк и Генеральный прокурор Республики Таджикистан Юсуф Рахмон провели рабочую встречу, в ходе которой обсудили актуальные вопросы взаимодействия двух стран в уголовно-правовой сфере.
В состав таджикской делегации также вошли помощник Генерального прокурора Республики Таджикистан Абдурахмон Хотамбеков, начальник управления международных отношений Генеральной прокуратуры Республики Таджикисткан Манучехр Махмудзода, начальник управления по надзору за исполнением законов на транспорте и в таможне Генеральной прокуратуры Республики Таджикистан Музафар Юсуфи, прокурор города Гулистон Согдийской области Абдулло Абдуллозода. В мероприятии принял участие Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан в Республике Беларусь Козидавлат Коимдодов».
ХХХХХХХХХХХХ
Хотамбеков Абдурахмон Усманбекович: в каких юридических лицах значится
Согласно данным Единого государственного реестра юридических лиц (ЕРГЮЛ) от 27.07.2023, публикуемым налоговой службой РФ, Хотамбеков Абдурахмон Усманбекович (ИНН 772273592890) упоминается в следующих юридических лицах.
- 1. Руководитель, директор
- 2. Учредитель Хотамбеков А. У.
- 3. Хотамбеков Абдурахмон Усманбекович и опосредованно связанные лица
Данный ИНН был выдан налоговой инспекцией региона Москва.
Организации, в отношении которых упоминается данное лицо, зарегистрированы в регионе Москва (услуги по бронированию прочие и сопутствующая деятельность; торговля оптовая прочими бытовыми товарами).
Ранее Хотамбеков А. У. значился в сведениях об организациях, зарегистрированных в регионе Москва: прочая оптовая торговля; строительство жилых и нежилых зданий.
Статус регистрации в качестве самозанятого:
Руководитель, директор
До 9 ноября 2015 г.* Хотамбеков А. У. был руководителем (лицом, имеющим право без доверенности действовать от имени юридического лица) ООО “АВАНТАСЕРВИС”.
Учредитель Хотамбеков А. У.
Хотамбеков А. У. является учредителем в организациях:
ООО “ПАРВИН” (с 26.07.2021 г.).
ООО “РНГС-ИМАКС” (с 11.04.2014 г.).
Ранее Хотамбеков А. У. значился учредителем в организациях:
Дар яке аз шумораҳои нашрияи СССР дар шумори афроди эҳтимолӣ, ки имкон дорад аъзои гурӯҳи рабояндагони Шуҳрат Исматуллоев бошанд исми духтаре бо номи Малика зикр шудааст: «Ҳамзамон овозаҳо дар бораи Малика ном бонуе низ ҳадсу тахмин мезананд, ки гӯиё ҳоло ё дар Туркия ва ё дар Дубай будаву чӣ олоише ба ин корҳо доштааст. Мо то кадом дараҷа ба ҳақиқат наздик будани ин иттиҳомро намедонем».
Дар феҳристе,ки дар робита ба ширкатҳои марбут ба Ҳотамбеков дастрас шуд ҳамин гуна як маълумоте ба чашми мо хӯрд:
Хотамбекова Малика Абдурахмоновна
(руководитель ООО “ПАРВИН”) Маълумоти ахирро шарҳ намедиҳем,чун намедонем,ки Малика духтари Ҳотамбеков аст ё кӣ?Аммо иқтибоси ахири мо дар бораи Ҳотамбеков ин аст,ки дар ҳайатидаҳ нафараи «СОВЕТ КОНСУЛЬТАТИВНОЙ ГРУППЫ ПРИ СЕКРЕТАРИАТЕ КООРДИНАЦИОННОГО СОВЕТА ГЕНЕРАЛЬНЫХ ПРОКУРОРОВ ГОСУДАРСТВ – УЧАСТНИКОВ СНГ» Хотамбеков Абдурахмон
Усманбекович – главный советник– член Совета консультативной группы, ветеран прокуратуры Республики Таджикистан, кавалер Почетного знака Секретариата КСГП СНГ, старший советник юстиции номаш зикр шудааст.
Вале манбаъи “Ислоҳ” мегуяд, ки Ҳотамбеков як нафаре бисёр ҳам бонуфуз дар мёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳам ҳаст ва хеле аз корҳоро ӯ то ҳоло ҳал мекунад ва як нафаре дигар, ки аз ӯ ҳам ном буранд, ки дар қазияи Дилшоди красавчик даст дорад Темури ФСБ будааст. Дар бораи ин шахс маълумот нест. Солҳо боз дар ФСБ кор мекардааст ва як навъ «разборшик» будааст.
Ва, аммо нуктаи бисёр ҳам таваҷҷуҳангез дар қазияи Дилшоди красавчик чизи дигар аст. Чаро ӯ сокит намеистад? Дар воқеъ ӯ даъвои сиёсӣ дорад?
Инро бояд тазаккур бидиҳем, ки вай шахсан бо Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, Юсуф Раҳмон, Додситони кулл ва Сулаймон Султонзода, директори Агентии зидди коррупсия шиносоии шахсӣ ва мустақим доштааст. Дар оилаи серу пур калон шудааст. Падари Дилшод собиқ раиси Тоҷикнафти Тоҷикистон ва модараш солҳо мудири Фурушгоҳи марказӣ -ЦУМ будааст.
То онҷое, ки мо маълумот дорем Дилшоди красавчик, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар дуздӣ ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси «Ориёнбонк» айбдор ва боздошти ӯро аз Интерпол-пулиси байналмилал дархост кардааст, мавриди ҳимоят ва дар паноҳи мақомоти қудратии Русия қарор гирифтааст.
Манбаъи мо дар ҳайати тафтишотии қазияи Шуҳрат Исматуллоев дар додситонии Тоҷикистон ба «Ислоҳ» гуфт,ки мақомоти Русия дархости ҷониби Тоҷикистон барои дастгир ва таслими Дилшоди красавчикро бепосух гузошта баракс дар ҳифзу ҳимоят ва пуштибонии вай баромадаанд. Ин манбаъи мо афзуд, ки сӯҳбатҳо дар бораи онки Дилшоди красавчик дар ЧВК «Вагнер» барои худ паноҳгоҳ ва маҳалли амн пайдо кардааст, низ яқинан кори дасти русҳо аст ва Дилшод хоҳ дар «Вагнер» аст ва ё хоҳ дар худи Русия дигар ба як «олот»-и русҳо бар зидди Раҳмонов мешавад. Ин манбаъ гуфт:
«Дилшоди красавчик касе нест, ки битавонад баталйони тоҷикӣ дар ҳайати «Вагнер» таъсис бидиҳад ва он ҳам бо шумораи 400-500 нафар. Ин як ҳарфи хушк ва воҳима (паника)-е беш нест. Зеро, ҳатто ҳамон маҳбусин ва маҳкумшудаҳои тоҷику узбаки дар ҳайати ЧВК «Вагнер»,ки дар асоси қарордод-контракт шомили ин неруи ҷангӣ шудаанд, ба камияш дар моҳ 200.000 то 300.000 рубл дарёфт мекунанд ва барои онҳо ҳукумати Русия имтиёзҳоеро додааст,ки Дилшоди красавчик ба ҳеҷ ҳолат дода наметавонад».
Аммо, афзуд ин манбаъи мо, инҷо метавонад,ки «бозиҳо»-е дар пушти парда бошад, ки бо мурури вақт ошкор мешавад. Барои мисол, бо эълони ин ҳама хату хабар ва пароканда кардани овозаҳо-дезинформатсия, ки Дилшоди красавчик дар фалон минтақаи Донетск асту дар садади таъсиси неруи низомии тоҷикӣ мебошад ва бо ин неруи ҳарбиаш ҳукуматро аз байн мебарад, болои Раҳмонову ҳукумати вай фишор оварданианд. Ин фишори Русия болои Раҳмонов ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷойгузин кардани Рустам дар ҷойи Раҳмонов, ба сарпечии Раҳмонов аз узвият дар ЕврАзес-Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ва ё ба онки Раҳмонов бо амрикоиҳо ба рағми Русия тамриноти низомӣ доир кард (тобистони гузашта) ва ё чи чизе дигаре марбут аст, барои мо маълум нест. Вале, ин ҳама таҳаввул ва иттифоқоти воқеан ҳам бесобиқа дар равобити Тоҷикистон ва Русия, касро ба чунин натиҷа мерасонад, ки Русия мехоҳад Дилшоди красавчикро ба унвони як мухолифи мусаллаҳи ҳукуматхоҳ ва сарнагунсозандаи Раҳмонов матраҳ ва маъруф созад. Ва,ё инки бо эҷоди як чунин «ҷабҳа»-и нави сиёсӣ -ҳарбӣ, яъне нусхаи нави Фронти халқӣ, қасд дорад Раҳмоновро вожгун ва хоку туроб бисозад. Ва ё Раҳмоновро битарсонад ва водор кунад, ки дастуроти Русияро, ончуноне, ки пештар буд, бидуни кадом қайду шарте ба иҷро дароварад. Дар сурати қабули тамоми таваққуъоти Русия, аз ҷумла узвияти Тоҷикистон дар ЕврАзес ба эҳтимоли зиёд Дилшоди красавчикро таслими Раҳмонов хоҳад кард. Аммо феълан Дилшоди красавчик дар оғӯш ва паноҳи гарми мақомоти баландмартабаи низомӣ-сиёсии Русия қарор дорад. Вай хоҳ дар қаламравҳои ишғолии Русия дар Украина бошад ва ё хоҳ дар Маскав-дили худи Русия ва ё хоҳ бо «Вагнер» Белорусия рафта бошад, аммо яқин аст ки такягоҳу пуштвона ва пуштибонҳои хеле баландмақомеро соҳиб шудааст. Чаро чунин мегуем? Бубинед, Дилшоди красавчик барои мақомоти тоҷик як шахси гунаҳкор ва одамкуш ҳисобида мешавад. Дигар яқин аст ки Дилшод ва гурӯҳи вай Шуҳрат Исматуллоевро куштанд. Ва табиист, ки ӯ як ҷойи дур ва дастнорас барои мақомоти тоҷикро бояд биёбаду хеле ҳам хапу хомуш зиндагӣ кунад. Вай, ҳамин гуна ҷойро «ёфт»-Вагнер! Инки дар ҳақиқат дар Вагнер ҳаст ё не, гапи дигар, аммо вай Вагнерро ёфт. Ҷое, ки ӯро таслим намекунанд ба Раҳмонов ва Интерпол ҳам дастрасӣ надорад. Аммо, Дилшод баракс «кор» карда истодааст. Вай хапу хомуш нест, пинҳон намешавад, баҷо шуданӣ нест, изҳороту баёнияҳое баланду боло медиҳад. Балке даъвои ташкили баталйони низомии тоҷикӣ дар ҳайати Вагнер мекунад ва таҳдид ҳам карда истодааст. Шумо чи фикр доред? Магар як нафари ҷинояткор-одамкуш,ки дар ҳоли гурезогурез қарор дорад, пулиси дунёро барои дастгир карданаш аҷир кардаанд, метавонад ҳамчунин иддиоҳо ва эъломияҳо пахш кунад? Ҳоло барфарзе муваффақ шуда, ки аз кошелеки Шуҳрат Исматуллоев як маблағи бузургеро «бардошт»,чун,чуноне мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафаш пулгирӣ буд, барои худ пули зиёд гирифт ва акнун бубояд поҳояшро дароз кунаду мазза карда бихурад, аммо, инро мегузорад канору мегӯяд, ки баталйони ҳарбӣ ташкил мекунаду ҷанг кард. Аз эълону огаҳиҳое, ки мақомоти тоҷик роҷеъ ба Шуҳрат Исматуллоев нашр кардаанд, бармеояд, ки Шӯҳрат Исматуллоев вақти ба чанги гурӯҳи Дилшод уфтод бо худ ду адад телефони яке iPhone ва дигаре Huawei доштааст. Зикри инки бо Шуҳрат ҳамчунин телфенҳо буд, дар ин эъломия ба чи хотир аст ва ин чи паёме дошта метавонад низ шубаҳанок аст. Фикр мекунед як нафари аз ҳаво чакида, як нафаре, ки муртакиби ҷинояти мудҳиш шудааст, ҷойи онки дар як гуша ва аъмоқи дастнорас хапу дам бошад, баракс ҳодиса месозад, хабари доғ мешавад ва шурашро дармеоварад? Магар Дилшод аз тарафе роҳнамоӣ ва «пур» карда мешавад? Ҳамчунин ҳақу ҳуқуқро ба вай кӣ медиҳад, ки дар таркиби Вагнер артиши милли худро ташкил бидиҳад. Пригожин магар барои ҷалби 500 тоҷику узбеки зери фармони Дилшоди красавчик розӣ шудааст?Даъвоҳои баланду воҳимаангези Дилшод барои кӣ эътибор дорад ва ба кӣ даркор каст? Чаро Дилшод аз несту нобуд кардани ҳукумат суҳбат мекунад.
Қазияи Шуҳрат Исматуллоев ва Дилшоди красавчик қазияи нави байни Русия ва Тоҷикистон мешавад?