Додгоҳи Олии Тоҷикистон иқрор ва эътироф кард, ки Иззат Амон, ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия мутобиқ бо «заказ»-и вазорати корҳои дохилӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳ аз пайвандони ин ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ хостааст, «барои онки мутмаин бишаванд, бираванд дар вазорати дохилӣ аз вуҷуди «парвандаи дигар» дар ин вазорат огоҳ бишаванд».
Додгоҳи олии Тоҷикистон наметавонист, аз «вуҷуди парвандаи дигар» дар қазияи Иззат Амон сокит бошад. Зеро ҳатмани ҳатман аз Додгоҳ пурсида мешуд, ки Иззат Амон дар асоси кадом модда ва ҷурм ба 9-соли ҳабс маҳкум гардид. Дар сурате, ки ӯ тамоми хисороти расонидаашро ҷуброн кард, бозгардонд ва кадом шокиву даъвогарро ҳам беҷавоб боқӣ нагузошт. Ва, талаби Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии Тоҷикистон ҳам чунин аст, ки қисми 4-моддаи 247 ба муттаҳамоне, ки пардохт карданд, татбиқ намешавад. Аммо додгоҳ ҳам дар зинаи шаҳрӣ ва ҳам дар ҷумҳурӣ (олӣ) ба ин ҳомии шинохтаи ҳуқуқи башар 9сол зиндон дод ва дигар ҳам накард.
Дар бораи шахсияти Иззат Амон, мақому ҷойгоҳи ӯ дар миёни муҳоҷирони тоҷик, афкору ақида ва дидгоҳҳои озодихоҳонаи вай, мавҷи иҷтимоӣ ва сиёсии вай инҷо зиёд намегӯем, чун ҳамагон огоҳанд, ки ӯ як инсони ватанпарвар, миллатдӯст ва бо ноҳақиву қонуншиканиҳо сахт оштинопазир буд. Тӯли ин чанд соле, ки ӯ дар Маскав кору фаъолият кард, тавонист барои худ имиҷ ва рейтинги болову бартареро касб намояд ва метавон гуфт, ки ба як сиёсатмадори ояндадор бадал шуда буд. Маълум аст, ки нафароне, ки шахсият шуданд ва он ҳам шахсияти сиёсӣ ва соҳиби пойгоҳи иҷтимоӣ ва тарафдорони дар талаби дигаргуниву таҳаввулу тағйирот ба сардамдорони режими Душанбе ва дору дастаи онҳо намефоранд, на танҳо рақиб, балке душман шинохта мешаванд. Иззат Амон низ дар ин миён истисно буда наметавонад. Иззат Амоне, ки дар маркази Маскав –пойтахти Русия ва каъбаи Эмомалӣ Раҳмонов барои дастгириаш тазоҳуроти эътирозии тоҷикони муҳоҷир доир шуд, наметавонист ба ин роҳатӣ аз дасти онҳо халос бишавад, ин ҳам дар ҳоле, ки барои истирдоди ӯ аз Русия ба Тоҷикистон ва лағви табааияти русии вай пули андак масраф нашудааст.
Хуб, ҳоло боз ҳам баргардем ба ин «дархост»-и булаҷаб ва бесобиқаи Додгоҳи олӣ аз бастагони Иззат Амон, ки бираванду таъйиди мавҷудият ва ё адами «парвандаи дигар» дар вазорати корҳои дохилиро ба даст оварданд ва як маълумотнома (справка) ҳам дар ин бора пешкаш намоянд.
Савол ва пурсиш ин аст, ки чаро Додгоҳи олӣ дар бораи «парвандаи дигар» дар вазорати дохилӣ исрор варзида истодааст? Чӣ боис шуда, ки додгоҳ ҳамчунин дархосте кардааст ва аз сӯи дигар додгоҳ аз куҷо фаҳмида, ки «парвандаи дигар»-е алайҳи Иззат Амон дар вазорати дохилӣ вуҷуд дорад. Ҳоло агар вуҷуд дошта бошад, чаро онро худи додгоҳ суроғ накардааст ва чаро аз вуҷуди он (парвандаи дигар) вазорати дохилӣ сукут кардааст? Ҳатто агарки вуҷуд дошта бошад ҳам чи хоҳад шуд? Он ки ба «истеҳсолот»-и Додгоҳи олӣ нарафтааст ва агар ки дар «истеҳсолот» вуҷуд надошта бошад, чи боис шудааст, ки Додгоҳи Олӣ пойи вазорати дохилиро ба мурофиа ва муҳокима (яъне кори худи Додгоҳи олӣ) бикашад?
Мақсад ва манзури Додгоҳи Олӣ чӣ аст? Гуфтанист, ки дар қабули қарор ва эъломи ҳукм алайҳи Иззат Амон мо танҳо нестем ва инҷо ин вазорати дохилӣ аст, ки болои мо дастур дод то Иззат Амон ҳатман маҳкум шавад ва на ба муҳлати кам. Вагарна, Додгоҳ-шохае мустақил дар ҳокимияти давлат аст ва тасмиму қарорҳои худро набояд марбут ва вобаста ба ҳатто Президент кунад, чи расад ба як вазорат?
Дар ҳақиқат пушти ин «дархости Додгоҳ дар бораи парвандаи дигар» чи гапе вуҷуд дорад, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ночор ва ногузир шудааст, ба «забони ҳол» ояд ва бигӯяд, ки биравед «вазорати дохилӣ».
Тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ.нет» писари Иззат Амон даъвои охирин шокӣ алайҳи падарашро қонеъ карда ва бо тавсияи худи Додгоҳ ба номи ӯ дар «Амонатбонк» ҳамон 232 сомонии тақдирсӯзро ҳам гузаронидааст. Аммо «кор дасти вазорати дохилӣ» буданро ин тарафи масъала ҳам рӯшан мекунад, ки ин «охирин» даъвогар дар «сари суд» ҳозир намешавад ва суд бидуни ҳузури вай ва танҳо бар мабнои даъвои вай ба Иззат Амон 9 сол мебурад. Хуб,дигар маълум аст, ки ин охирин даъвогарро кадом ниҳод бозӣ доронидааст. Ин ниҳод ба ҷуз аз вазорати дохилӣ ниҳоди дигаре нест. Зеро ҳатто баъди ҳукм ҳам, вақте адвокат ва ё кадоме аз бастагони Иззат Амон аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, метавонад ариза навишта гирифтани пулро тасдиқ кунад, ин нафар мегӯяд бояд бираванд ва дар вазорати дохилӣ маслиҳат кунанд. Вақте онҳо ба вазорати дохилӣ меоянд, он нафари даъвогар вориди вазорат мешавад ва дигар аз онҷо берун намешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ ихроҷ ва истирдоди Иззат Амонро анҷом додааст ва ин вазорат баъди сари кор омадани Рамазон Раҳимзода на ба як ниҳоди ҳомӣ ва муҳофизи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, балки ба як саркубгар,ба як ниҳоди муқобили мардум ва истисморкунанда ва ба як ниҳоди зиди қонун ҳуқуқпоймолкунанда бадал шудааст. Иллати муқобилати ин вазорат ба озодии Иззат Амон ин аст,ки вазорат аз озодии Иззат Амон метарсад. Чунки Иззат Амон, ҳамчуноне Шарофиддин Гадоев сиру пиёзашонро ошкор кард, баъди озодшавӣ тамоми асрори махуфашонро, онки чи тавр ӯро ғайриқонунӣ аз Русия истирдод карданд ва ҳамаи моҷарои вобаста ба онро, тарзи бархӯрд бо ӯ дар боздоштгоҳро мӯбамӯ ба мардум мерасонад.
Ин боварнакарданист, ки Додгоҳи олӣ надонад ҳамчунин «дархост» аз бастагони Иззат Амон додгоҳро мавриди хандахариш қарор медиҳад ва боиси обрӯрезӣ ва шармандагии вай мешавад. Вале чуноне мебинем «тамба» бисёр ҳам танг омадааст ва фишор ба ҳадде сахт шудааст, ки роҳи «табраа» ва «худсафедкунӣ»-ро дар рӯирост гуфтани «омил» ва «ангеза»-и асосии ҳукмаш алайҳи Иззат Амон гуфт. Дар сурати ғайр Додгоҳ бидуни ҷамъбаст ва ги рифтани «фикри айбдоркунӣ»,ки нусхаи онро ҳатмани ҳатман айбдоршаванда (Иззат Амон) ва вакили дифоъи вай шинос мешаванд ва имзо мегузоранд, ба муҳокима намепардозад. «Фикри айбдоркунӣ» танҳо ва танҳо бо таъйиди Додсистонӣ ба додгоҳ меравад, инҷо вазорати дохилӣ нақш дошта наметавонад. Зеро субъектҳои мурофиа инҳо айбдоршаванда, «айбдоркунандаи давлатӣ»-яъне ҳамон додситон ва адвокату судя ҳастанд на намояндаи вазорати дохилӣ. Додгоҳ мебоист бастагони Иззат Амонро мегуфт Прокуратураро (додситониро) хабар гиред, на вазорати дохилиро. Аммо Додгоҳ пойи вазорати дохилиро кашиду кашида истодааст. Чунки ҳукми Додгоҳ таҳти фишори ҳамин вазорати дохилӣ содир шудааст ва Додгоҳ ва раиси ин додгоҳ дақиқан медонанд, ки муқобили Иззат Амон ҳукми содиркардаашон дар доираи ягон меъёр намегунҷад. Ҷудо аз татбиқи қонуни афв моддаи «қаллобӣ» бо пардохт ва ё ҷуброни зиёни расонида ҳатто ҳамон қисмати чоруми он, ки ниҳоӣ ва давраи тулонии ҳабсро пешбинӣ мекунад, муттаҳамро ҳуқуқи озодшавӣ додааст. Иззат Амон ҳама «зарари расонидааш»ро агар бо иттищоми шумо намудед нисбаташ, ҷуброн кард ва бар болои ин қонуни афв раҳоии ӯро дар чунин шароит саддарсад тазмин кардаасту кафолат додааст.
Манобеи наздик ба Додгоҳи олӣ ба мо расониданд, ки вазорати дохилӣ Иззат Амонро дар ҳамкорӣ бо Паймони миллии Тоҷикистон-эътилофи аҳзоб ва гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик дар Аврупо муттаҳам карда ва алайҳи вай бо моддаи 307 низ парванда боз кардаанд. Вазорати дохилии Тоҷикистон ҳамчунин ба пардохти маблағҳо аз тарафи бастагони Иззат Амон машкук шуда ва иддао кардааст, ки ин пулҳоро ба онҳо Паймони миллии Тоҷикистон додааст.
Аммо мақомоти Паймони миллии Тоҷикистон, бахусус Муҳиддин Кабирӣ, дар сӯҳбат бо мо ин шубҳаи вазорати дохилиро бепояву асос хонда гуфт, ки на бастагони Иззат Амон ва на адвокати вай бо онҳо ҳеҷ иртиботе надоштанду надоранд ва кадом маблағе ҳам ба онҳо дода нашудааст.
Ин манбаъ мегӯяд, ки фишор болои Додгоҳ ба ҳадде зиёд буд, ки маҷбур шуд, бо зери по гузоштани ҳатто Қонуни афви раиси ҷумҳурӣ, ҳукми ғайриқонунӣ алайҳи Иззат Амон содир кунад. Ва,ин ҳукм барои додгоҳ, ин қонуни афв ва худи раиси ҷумҳурӣ як шармандагии калонеро ба бор оварда боиси гапу калочаи зиёд шудааст.
Худи ҳамин «факт»,ки Додгоҳи олӣ баъди анҷом мурофиа ва эълони 9 соли зиндон, яъне махтума кардани қазияи Иззат Амон аз вуҷуди «парвандаи дигар» мегӯяд, маълум мекунад,ки паси парда «гапу калоча» хеле зиёд аст.
Мавҷудияти «парвандаи дигар» метавонад қазияи Иззат Амонро тағйир диҳад ва дигарбора онро ба тафтишот фиристанд ва аз нав «бо пеш омадани ҳолатҳои нав» муҳокима кунанд. Вале умедвор ва интизор будан, ки натиҷаи мусбате барои Иззат Амон меоварад, хеле заиф аст. Вагарна Додгоҳи Олӣ худ дастбакор мешуд ва вазорати дохилиро «нишон» намедод.