Иллати саросемавор ва ин ҳукмҳои бесобиқаи тулонӣ ба бадахшониҳо, сафари сентиябрии Раҳмонов ба Бадахшон аст
Ҷазои ҳукми абад ба сокинони шаҳри Хоруғ:- Музаффар Давлатмирови 58-сола, халифаи маҳаллаи «Тирчид», Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писарбузурги Толиб Айёмбеков ва Асланшо Гулобов, яке аз лидерони мардумии Бадахшон ва талаби айни ин ҷазо ба генерал Холбаш Холбашев ифода ва баёни сатҳу шиддати хашму нафрати шахси Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Бадахшон аст.
Музаффар Давлатмиров, руҳонии маъруф, рӯзи 26 июл дастгир шуд (ба КГБ даъват карданд ва дигар ӯро раҳо накарданд) ва дар давоми рӯзи 5 август ҳукмаш содир шуд. Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писарбузурги Толиб Айёмбеков рӯзи 23-июл дастгир ва рӯзи 1 август ҳукми ҳабси умрбод гирифт. Дар ҳамон рӯз бародари вай Ҳасаналӣ ҳам дастгир ва ӯро додгоҳ 12 сол ҳукм дод.
Ҳамин тавр ҳоло даҳҳо тан аз ҷавонмардони помирӣ дар боздоштгоҳҳову зиндонҳои Раҳмонов қарор доранд. Инчунин дар Русия ҳам бадашони шикор ва боздошту истирдод ба шиддат идома дорад. Шоми 17 уми август блогер Мақсуд Гаёсовро пулиси Маскав ба хонааш зада даромада ӯро бо худашон бурданд. Мақсуд дар шабакаҳои иҷтимои фаол буд пас аз ҳодисоти моҳи ноябр дар Хоруғ дар кушташудани Гулбиддин Зиёбеков дар инстаграми худ,ки 47 ҳазор аъзо дошт фаол буд. Аммо дар ҳодисоти охир ҳеҷ фаолияте надошт. Ғолибан барои он фаолияти моҳи ноябри соли 2021 боздошт шудааст. Бидуни шакку шубҳа чанд рӯз пас хабарашро аз Душанбе мешунавему бидуни ҳеҷ мурофиаи қонунӣ ба чанд соли зиндон маҳкум мешавад. Чун иллати боздоштҳои бадахшониҳо , то имрӯз чунин буданд.
“Музаффар Давлатмиров, халифа, яъне имоми деҳа ва ё маҳалла ,барои он ҳабси абад гирифт,ки ҷанозаи Муҳаммадбоқирро бо шукуҳу шаҳомат намозашро хонду ӯро ба хок супурд. Писарони Толб Аёмбековро ба иттиҳоми мухталиф аз ҷумла куштори Абдулло Назаров, сардри КДАМ-и вилоят дар соли 2012 муттаҳам кардаанд.”
Ҳоло, ҷудо аз ин ҳама иттиҳому айбмониҳо ин нукта боиси нигаронӣ ва ташвиши ҷиддӣ шудааст, ки чаро додгоҳ ба ин нафарон бархурди комилан ғайриқонунӣ мекунад?
Дар ҳеҷ додгоҳе, ҳатто дар бастатарин, дар худкоматарин давлатҳо ин тавр нашудааст, ки нафар баъди як ҳафта ва ё даҳ рӯзи боздошт, ҳукмаш содир бишавад ва он ҳам чи ҳукме: ҳабси абад, 25 сол, 18 сол ва аз ин қабил ҷазоҳо, ки бениҳоят золимона ва дур аз инсофи одамӣ аст. Мисли онки мо дар як шароити ҷангӣ қарор дорем ва додгоҳҳо ҳам айни «трибунали ҳарбӣ» бояд ҷазое бидиҳанд, ки дархури замон бошад. Аммо ин «замон» ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмонов чизеву касе нест.
“Ин ҳукмҳо аз ҳамон уқда ва кинаи дарунии Раҳмонов ба мардуми помирӣ маншаъ ва сарчашма мегирад, ки солҳо дар синааш ниҳуфта ва табдил ба аждаҳо шуда ва акнун, ки ҳариф ва душманро ба зер овардааст, бояд тавре ҷазо бидиҳад, (ниқор гирад) ки ҳам дили худаш тар шавад ва ҳам сабақе барои амсолаҳум гардад. Раҳмонов ба ҳеҷ гоҳ танаффурашро дар нисбат ба помириҳо пинҳон надоштааст.”
Соли 2018 ҳам айнан ҳамин тавр буд. Ба Шодихон Ҷамшед, раиси онвақтаи ВМКБ таҳдид кард ва дуғ зад, ки ба чор ҷинояткор зуратон намерасад, даркор шавад артишро истифода кунед.
Ин бор ҳам, баъде, ки «амалиёт ба дараҷаи баланди касбӣ» ба анҷом расид дар яке аз мулоқотҳояш хитоб ба Алишер Мирзонабот гуфт, ки он ҷинояткорҳо «симо»-и Бадахшон нестанд, онҳоро ҷудо кунед, «ман ҳамин тавр мекунам».
Ҷазои ҳукми абад ва ба давраҳои тулонӣ равонаи зиндон кардани ҷавонмардони бадахшонӣ бар мабнои ҳамин суханронии оммавии Раҳмонов сурат гирифта истодааст. Раҳмонов акнун бояд ин мардумро ранги гусфанд кулук ва печпечон кунад, сар занад. Ҳамон бачаи Толиб Айёмбеков силоҳҳоро «баровард»-у дод. Шуд буз, ба ин умед, ки тараҳҳум мекунанд. Аммо ҳоло ҳам худи Толиб бо се писар ва ду бародараш бандии дасти Раҳмонов ҳастанд.
Шикори помириҳо айнан мисли соли 1992 шудааст. Фронти халқӣ, сарбозони бангу майзадаи чашмтанг неву худи милисаву амнияту прокурор. Аммо соҳиби амру ҳукм ҳамонест, ки дар декабри соли 1992 буд:-Эмомалӣ Раҳмонов. Он солҳо ҳам ҳамон буд, ки ба тухми помириҳо қирон оварда Душанберо аз онҳо тахлия ва ба хонаҳояшон, ба коргоҳҳояшон ҳаммаҳалҳои худашро оварду шинонд, имрӯз ҳам Раҳмонов аст ки дорад помириҳоро ҷисман аз байн мебарад.
Мардуми Бадахшон, мардуми азизу сарбаланди Бадахшон бояд бидонанд, ки феълан бадтарин давлат ва ё маҳалли зист барои тоҷикҳо ва махсусан тоҷикҳои Бадахшон Русия шуда истодааст.
Ораз Вазирбекови Хоруғӣ ва Рамзӣ Вазирбеков,ки аз тоҷикони вахониҳои Мурғобро, ки 15 соли пеш шаҳрвандии Русияро гирифта буданд, дастгир карданду таслими ин режими диктотур карданд. Зеро ин дархости Раҳмонов аст. Раҳмонов талош дорад, ки ҷойгоҳи помириҳоро дар Русия танг кунад. Шояд барои он бошад,ки русҳо нафаҳмида бозичаи дасти Раҳмонов шуда истодаанд, чун помириҳо пушташон ба Русия гарм ва умедвор буданд ва ё шояд ба хотири дастнигар ва ниёзманд шудани Русия бар асари ҷанг боУкроин бошад. Ба ҳар ҳол ҳоло вазъ ҳамин гуна аст. Русия шаҳрвандонеро,ки солҳо пеш мақоми табаияти вайро дарёфт карда буданд, мисли гусфанд доштаву дасту поҳояшонро баста ба Раҳмонов дода истодааст. Амалан шаҳрвандони худашро таслими мақомоти Душанбе карда истоааст. Агарчи яқин медонад, ки ин кор бар хилофи қавонини худи Русия ва мавозини байналмилаӣ ва аз тарафи дигар ойини мардиву инсонист.
Русия ва русҳо ба вузӯҳ дарк кардаанд, ки дар Помир генотсид рафта истодааст. Раҳмонов қатли омми ақалиятҳои қавмӣ ва мазҳабиро ошкоро карда истодааст. Болои мардуми бесилоҳ силоҳ кашид 70 танро кушт,200 касро дастгир, даҳҳо нафарро аҳкоми ғайриҳуқуқӣ дод. Вале,боз ҳам барои Раҳмонов ба «уступка» рафта истодааст. Албатта, тасмими зиндагӣ кори ҳар нафар аст ки дар куҷо ба сар мебарад аммо, бовар кунед, ки Русия пештар ҳам амн набуд, аммо ҳоло хатарноктар шуда аст.
“Дар Русия шикори бадахшониҳо хеле бошиддат идома дорад ва ҳатто ҳолате шудааст, ки барои мисол Руслан Лашкарбеков, як ҷавони бадахшӣ, ки ба хотири ба дасти мақомоти Раҳмонов науфтодан тарки Тоҷикистон карда буд, «ҳангоми боздошт аз ошёнаи дувум паридааст, ки дар натиҷаи он муваққатан дар бемористон бистарӣ шудааст». Бадахшониҳои муқими Русия бе парво набошанду нагӯянд,ки Русия аз онҳо ҳимоят мекунад. Феълан ҳеҷ касе на бадахшониҳо ва на аз шаҳрвандони дигари Тоҷикистон ҳимоят карда наметавонад. Дасти мою раҳмати Худо мондааст. Ҷуз аз иттиҳодӣ ва якҷо шудани ҳама ақшори миллат бар алайҳи диктатор ҳеҷ роҳи дигаре вуҷуд надорад.”
Тибқи хабарҳое, ки ба дасти мо расидааст,як моҳ зиёдтар шудааст,ки ҳудуди 100 нафар аз кормандони милиса ва амнияти Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия, ва асосан дар фурудгоҳҳо мустақар шудаанд. Ба онҳо дастур шудааст,ки тоҷикҳои нисбатан обурманд ва таъсиргузор ва пулдор миёни муҳоҷирон ва махсусан бадахшониҳоро ба ҳангоми сафар ва ё бозгашт аз сафар дастгир кунанд. Гуфта мешавад, ҳоло мақомоти Додситонии Тоҷикистон феҳристи калонтареро ба Русия фиристодааст, то онҳо дастгир бишаванд, агарчи шаҳрвандии Русияро ҳам дошта бошанд. Намунаи равшани он ҳамин Ораз ва бародараш аст ки аз як парвози дохилии худи Русия дастгир ва ба Тоҷикистон фиристода шуданд.
Вале нафрату бадбинӣ ва хусумату кинаварзии Раҳмонов бо бадахшониҳро танҳо ин аҳкоми сангин нишон намедиҳад. Чизи дигаре, ки далолат бар нафрату уқдаву кинаву ниқори Раҳмонов ишорат ва далолат мекунад тағйири мавқеъи вай бо Оғохони 4-пешвои исмоилиёни ҷаҳон, яъне пешвои мазҳабии сокинони Помир аст.
Раҳмонов рӯирост ва ошкоро гуфт, ки «сӣ сол тоқат кард». Яъне вай ишора ва ёдоварӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамлаҳои нокоми Фронти халқӣ ва бомборони артиши хоҷаҳои хориҷияш кард, ки манотиқи Бадахшонро ба хоку хун кашида буданд. Ҳам дар он давра ва ҳам дар давоми муқовиматҳо Раҳмонов дучори муқобилияти шадиди Бадахшон шуда буд. Бадахшоне, ки бошарофат ва ҳиммати Оғохони 4 ин ҳама ҳамлаву кушторҳои Раҳмоновро тоб овард. Бадахшон ва Қаротегин, ду минтақае, ки Раҳмонов дар он солҳо натавониста буд, ки ишғол кунад.
Раҳмонов гуфт, ки помириҳоро ҷудо мекунад. Ҷудо кардан барои чӣ? Вақте мегуяд муттаҳид бошем, иттифоқ бошем чаро ҷудо мекунад ва дастур медиҳад, ки шумо ҳам ҳамин тавр кунед:
Магар тамоми мардуми Кулоб тарафдори Раҳмонов аст ва чаро онҳоро ҷудо намекунад? Магар Хуҷанд, Ҳисор, Ғарм ҳама тарафдори Раҳмонов. Чаро «именно» чунин тарзи муомила ва муносибатро барои помириҳо илқо мекунад?
Манзураш мазҳаби онҳо аст? Мазҳабӣ будани Музаффар Давлатмиров ва пайрави Оғохон будани бадахшониҳо аст?
Қазияи Ёдгор Мамадасламов ва Шаҳбозбеки ҷиянаш
Хабарҳое расида аз Бадахшон аз он мегуяд,ки Ёдгор Мамадасламов, яке аз лидерҳои мардумии ҳоло дар озодӣ низ дар ин авохир таҳти фишор ва азияти шадид қарор доштааст. Ёдгор Мамадасламов чанд соли ахир аст ки бо ҳукумат «забон» ёфтаву аз ширкат дар тазоҳурот даст кашида буд.Тибқи маълумоти расида ҳокӣ аз он аст, ки Шаҳбозбек Мамадасламов бо кличкаи Юра писари Алишо Мамадасламов бо кличкаи “Водиш”. Мардуми Шуғнон бародари хурдро ба шакли навозиш Водиш мегӯянд. Юра амакашро аз саҳнаи иҷтимоӣ дур карда буд ва мегуфт ором бош,чун ман бо инҳо ҳастам. Ҳамчуноне, ки Толиб Айёмбеков ҳам худро дар ин авохир дур кашида буд. Барои ҳамин буд, ки Раҳмонов ва қотилони одамкуши вай ба Ёдгор «чақа» нашуданд. Мо, ростӣ наметавонам рад ё тасдиқ намоем, аммо гуфта мешавад,ки Юра тағйири мазҳаб карда ҳанафӣ шудааст вале бархеи дигар мегуянд,ки салафӣ шуда бошад. Аммо хабари ахир ин аст ки ҳоло болои Ёдгор Мамадасламов, фишор хеле афзуда ва ба ӯ шарт гузоштаанд, ки тарки вилоят ва тарки Тоҷикистон кунад. Дар сурати ғайр айни Толиб Айёмбеков хоҳад шуд. Толиб, чуноне гуфтем ба ин ваъдаи фиребандаи Раҳмонов, ки дар «бозиҳо» қуш нашавад, ба вай проблема намешавад, бовар кард ва то ҷое пушти Мамадбоқирро холӣ гузошт.
Раҳмонов нахуст Маҳмадбоқир ва ҳамроҳонашро аз байн бурд ва расид ба суроғи Толиб Айёмбеков. Аммо ҳоло вазъ тамоман дигар аст. «Хабари расида мегуяд, ки ба Ёдгор Мамадасламов ва ҷиянаш Шаҳбозбек Мамадасламов(Юра) гуфтаанд, ки шумо аз Бадахшон биравед, агар не шуморо зиндон мекунем. Ин як русиёҳии дигари Рахмонов аст. Қасд дорад бадахшониҳоро дар Русия ҷанг андозад, чунки ин нафарҳо ба Раҳмонов кор мекунанд. Юраи кур дар шашум отдели Душанбе кор мекунад. Аммо онҳоро дар кофтуков эълон карданд, акнун маҷбур доранд, ки бароед. Юра наркотики худи Раҳмоновро переброска мекунад, амакаш Ёдгор кришват мекунад. Онҳо боТолиб Аёмбеков кабинети Шодӣ Ҷамшедов даромаданд, латукубаш карданд. Акнун Аёмбековро маҳкам карданд, инро мегуянд, ки баромада бирав Русия.» Ёдгор Мамадасламов ба Русия рафтан барояш чӣ суд дорад? То бигиранду истирдод ва зиндонаш кунанд? Ягона роҳе дорад Ёдгор ин ба тарафи Афғонистон рафтан аст. Чун,ки дар он тарафи дарё яъне Шуғнони Афғонистон нуфӯзи хубе миёни он мардум дорад. Ҳамсараш ҳам аз онҷо мебошад. Аммо Раҳмонов ба ин аслан розӣ намешавад. Қарор аст моҳи сентиябр Раҳмонов ба Бадахшон сафар намояд ва ҳеҷ нафари соҳибэътибору мардумие дар ин сарзамин набошад.
«Давлатӣ» кардани парки Оғохон дар Хоруғ кадом ғасби рейдерии калоне нест, аммо ифода ва баёни мавзеъи хасмонаи Раҳмонов бо ӯст. Ин кор паём медиҳад,маълум мекунад, ки Раҳмонов бо вай дигар душман шудааст. Раҳмонов гуфтанист, ки Оғохон машкук аст. Раҳмонов пушти саҳнаи ҳамаи тазоҳуротҳои эътирозии бадахшониҳо дар назди сафоратҳо, созмонҳои байналмилалӣ дар кишварҳои олам, аз ҷумла Амрикову Аврупо ба дунболи куштори Гулбиддин Зиёбеков ва митинги панҷрӯза дар Хоруғ дасти Оғохонро мебинад. Ҳамчуноне, ки баъди ҳаводиси ахир ва куштори афроди мулкии муътариз СММ ва Дабири кулли он ва низ Иттиҳоияи Аврупову Парлумони он бо вокунишҳову қатъномаҳои амалиёти Раҳмоновро маҳкум ва хостори таҳқиқоти байналмилалӣ шуданд, Раҳмонов ба Оғохон сахт машкук шудааст. Аз ин ҷиҳат аст ки акнун Раҳмонов ҳар ончизе ки бо номи Оғохон -4 дар Бадахшон алоқманд аст ҳазф карданист. Ба халифа Музаффар Давлатмиров шарт гузоштаанд, ки роҷеъ ба Оғохон-4 нишондод диҳад-яъне мани омодакардаи дору дастаи Раҳмоновро бихонад. Табъан,ки халифа рад кардааст ва яке аз далоили ҳабси абад гирифтани ӯ ҳамин будааст.
Раҳмонов бо Оғохони 4 душманияшро давом дода истодааст
Ҳоло акнун, ки Раҳмонов бо Оғохон душман шуд, ин ба он маъност, ки вай бо мардуми Бадахшон душман шуд, на танҳо бо Боқиру боқириҳо Холбашу холбашҳо, бо кулли Бадахшон душман шуд. Акнун дар ин васат Алишер Мирзонаботу Далер Ҷумъа ва мисли онҳо чи хоҳанд шуд? Онҳо дигар одами Раҳмонованд, ки бо Оғохон -пешвои худашон душман шудаанд. Мехоҳад,бо ҳар роҳу васила байни ин мардум базри низоъу ихтилоф кишт кунад, то Рустам ҳам самараи онро бидравад.
Ба эҳтимоли қавӣ Раҳмонов аз Оғохон бими амниятӣ дорад, на танҳо ин ки ҳайсият ва эътибори байналмилалии вай, ки ҳаводиси Бадахшонро то идороти муассисаҳои ҷаҳонӣ кашонд. Вале, бо ин ҳама чаро бо ин суръати лазерӣ,шитобу саросемавор ва аҷала ҳукми помириҳоро содир карда истодаанд?
Магар онҳо фирор мекунанд? Бачаҳои Толиб Аёмбеков , халифаи Тирчид, Гулобов ҳамагӣ дар чанд рӯз ҳукм гирифтанд.
“Онҳо адвокат доштанд? Онҳо парвандаи ҷиноӣ-маводди тафтишотро хонданд? Барои онҳо, яъне ҳабси пешакии онҳо санксия содир шуда буд? Онҳо бо шоҳидҳо рӯбарӯ шуданд? Онҳо сухани охир карданд? Айдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа ширкат дошт, кӣ буд, исмиу насаби судя кӣ буд? Тарафҳои муҳокима ва мурофиа боҳам саволу ҷавоб каранд? Хуллас, инҷо барои ҳар яке аз ин мароҳили додгоҳӣ қонун замон, фурсат ва муҳлат муқаррар кардааст. Ин тавр мурофиаи «досрочно»,ин тавр мурофиаи ҳавлҳавли ҷон, саросемавор барои чӣ?. Инро ҳатто намешавад говсуд гуфт. Ин чизе нест ,чизе гуфта намешавад.”
Магар тафтишот ин ҳам айбу иттиҳомро, ки бори онҳо кард, чи тур дар байни чанд рӯз санҷиду хулоса кард ва ин мавод кай ба дасти прокуратура рафту прокурор-айбдоркунандаи давлатӣ хонду фикри айбдоркуниро тасдиқ кард ва ба суд фиристоду раиси суд хонду судяеро вобаста кард ва судя ҳам хонду …ҳукмро эълон кард. Ин кор дар ягон гӯшаи дунё нашудааст. Дар як ҳафта!!!
“Мусалламан судя ин корро ҳеҷ гоҳ намекунад. Судя танҳо таҳти шароити фишор ва зӯр чунин мурофиа ва чунин ҳукм мебарорад. Ҳоло дар Тоҷикистон кӣ аст, ки бар болои суд чунин фишор меорад, ки ногузир мешавад бар хилофи қонун ва бар хилофи савганди касбӣ чунин мурофиа баргузор ва чунин ҳукм содир мекунад?”
О, ин чи суду додгоҳ аст? Ин чи давлат аст? Ин чи давлати дунявиву ҳуқуқбунёд аст? Магар ду моҳ, мисли ҳама шаҳрвандоне, ки айни ин иттиҳом зада шудааст, чаро тафтиш намекунанд? Барои мисол тафтиши парвандаи Ғаффор Мирзое, ки ӯ ҳам ҳабси абад гирифт беш аз якуним сол идома кард. Аммо чарои руҳонии бадахшӣ дар камтар аз як ҳафта ҳам дастгир, ҳам тафтиш ва ҳам маҳкум шуд? Магар ин нақзи ҳуқуқи ақалияти қавмиву мазҳабӣ нест? Чунки инҳо помирианд ва помириҳоро Раҳмонов ҳамин тавр «наказат» карда истодаст. Ҳамин тавр «сломат» карда истодааст, ҳамин тавр «обезвредит» карда истодааст, ҳамин тавр «накалени» шинонида истодааст. Бале, ин нафрат, душманӣ, кина, уқда ва ниқору интиқоми сисолаи Раҳмонов аст ки ҳоло судяҳо доранд дар Бадахшон ба намоиш мегузоранд…..
P.S
Тибқи охирин хабарҳои нашршуда «Шарофат Мамадамбарова роҳбари пешини Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистон ба Кумитаи амнияти миллӣ барои бозпурсӣ даъват шудааст. Ин хабар тавассути созмони Оғохон расонаӣ шудааст ва бинобар он хонум Мамадамбарова рӯзҳои 13 ва 14-уми август ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шудааст, вале аз ҷузъиёти он хабар надод. Шарофат Мамадамбарова, ду бор ва се солӣ роҳбари Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистон ва раиси пешини барномаи «Инсоншиносӣ»-и Бунёди Оғохон дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ будааст.»
Танҳо бори дигар ишора карданием, ки шикори помириҳо ва махсусан кормандони муассисаҳои марбут ба Оғохон дар Тоҷикистон минбаъд хеле ҳам густардатар хоҳад шуд.То сафари Раҳмонов,ки қарор аст дар моҳи сентиябр ҳамчун фотеҳ вориди Бадахшон гардад. Бояд бадахшон комилан зери тасарруф ва пой ӯ қарор дошта бошад. Номи ҳеҷ касе ҷуз худаш дар Бадахшон набояд танинандоз бошад. Анҷоми ин мухосимат ва мухолифат бо Оғохон чи хоҳад буд, ҳоло наметавонем чизе бигӯем.