Ҳикояти ҷонгудози зане, ки чанд соли умрашро дар зиндони Норак гузаронидааст

Ислоҳ нет

Вазъу шароити занони зиндонӣ дар Норак бо ҳам фарқ дорад, ба худи ҳар кадоми онҳо вобаста аст. Агар зан хислати хубу ҳамида, табиати ором ва забони хуш дошта бошад, дар ҳар куҷо, дар зиндон низ ҳисоби худро меёбад.

Дар ин зиндон беш аз 350 зан давраи маҳрумияти худро сипарӣ мекунанд. Гоҳо наздик ба 400 зан нигоҳ дошта мешаванд. Дар зиндон барои иддае аз занҳо ҷойи кор вуҷуд дорад ва онҳо бо кор таъмин карда мешаванд. Хӯрду хурок ҳам медиҳанд. Аммо асосан аз хона таъмин мешаванд. Вале, хуб дигар зиндон зиндон аст, осоишгоҳ нест. Шарту шароити худро дорад. Онҷо ҳама кору ҳама чиз режим аст. Ҳама чиз бар пояи граффик аст. Агар хато кардед, қоидаро вайрон намудед, ҷазо медиҳанд, дар ғайри сурат тибқи қоидаи маҳбас ба гуфте «срок матат» мекунед.

  “Дар зиндон барои занҳо масҷид амал мекунад. Занҳои обида намозашонро адо мекунанд.”

Аммо, инки бархе аз кормандони маҳбас ба занҳо, махсусан занҳои зебо нигоҳи дигар дорандро наметавон пинҳон кард. Ҳолатҳое ҳам шудаасту мешавад, ки занҳоро таҷовуз мекунанд. Ин гуна мавридҳо ҳастанд. Вале ман бо чашмони худам надидам, агарчи зиёд мешунавидем, ки фалон офитсер барои онки кори фалониро буд кардааст, бо вай ҳамбистар шудааст. Ва ё инки дар берун падару модар ва ё бародараш ба он офитсер пул додааст ва ё ягон чизи дигар. Ин корҳо ҳатман ҷо дорад.

Дар зиндони занона беш аз ҳама бо моддаҳои 247, 244 яъне қаллобиву дуздӣ ва 200 –қочоқи маводди мухаддир маҳбус шудаанд. Моддаҳои 307,401 низ хеле бисёранд. Ба 307 ва 401-ҳо ҳар ҳафта аз хонаҳояшон хурду хурокро хеле хуб мерасонанд. Муносибати занҳои дигар бо онҳо хуб аст. Ҳурмату иззат мекарданд. Аммо зиндонбонҳо онҳоро нағз намебинанд. 247 ва 244-ҳоро кор мефиристоданд, кор мекарданд. Хоҳ калонсол бошад, хоҳ духтари ҷавон. Сангкашӣ, ордфурорӣ мекарданд. Продукта меомад онро мефароварданд.

Маҳкумшудагони бо моддаҳои 307 ва 401-ҳо кор намерафтанд. Мешиштанд, прогулка мекарданд, китоб меходанд, намоз ва Қуръон мехонданд, ё суҳбат карда мешиштанд.

Сардори Идораи зиндони занонаи Норак Алимова Робия аз ноҳияи Мастчоҳ аст. Фарбеҳи тану тушдор. Майёр.43-45 сола. 363 нафар будем. Дар афви ахир 63 кас ҷавоб шуд. 307 ва 401 афв нашуданд. 6 нафар барои лайк ва як зан буд, ки дар хонааш Қуръон мехондааст ва низ ба занҳои дигар таълим дода будааст. Вақте занҳо ба хонааш барои дарсгирӣ меоянд, ӯро кормандони амният боздошт мекунанд. Он занро суд карда як сол доданд. Аммо вай арзу шикоят ва даъво роҳ андохта доказат кард, ки вай ҳизбӣ набуд, ҳеҷ шарикие надошт, фақат инки намозхон буд. Муаллима будааст, сатр доштааст. Аз маҳбас ҷавоб доданд. Ӯро дар СИЗО даҳ моҳ манъ намуданд. Сахт зиқ карданд. Он зан дар СИЗО бемории диқи нафас шуда буд. Он зан як фарзанд дошт, аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Як падари мусафед дошт, ки «дачка»-аш мекард. Сару либосу хурока меовард. Дар СИЗО руймолашро аз зери манаҳ ё занахдонаш мебаст, ки мардҳои СИЗО ҳар гуна мазоҳу таҳқираш мекарданд. Маҷбур мешуд, румолашро ҳуй мекард, мекушод. Дар дохили зиндон сатру ҳиҷоб тамоман манъ аст. Саратро наметарошанд. Вале қоидаи маҳбас барои ҳама ҳатмист, ки бояд сару либоси ягонаи сиёҳ бошад. Биркаат часпондагӣ, статяат навишагӣ, ному фамилият навиштагӣ муҳлати зиндонат ҳам навиштагӣ. Тобистон румолат сафед, зимистон сиёҳ.

  “Зиндон тавассути бухориҳои барқӣ гарм мешавад. Аммо сардтар буд. Зимистону баҳор соати 6 бармехезӣ, берун мебароӣ хунук. Гимнастика мекунӣ, кор мекунӣ, отряд намедароӣ. Барои онки отрядро мерубанд, фаршашро тамиз мекунанд.  Агар дар дузандагӣ кор кунӣ пул медиҳанд.100 сомонӣ. Дар дигар корҳо нест пул.”

Се даста будем. Дар ҳар даста 70 -80 нафарӣ. Якум, дуюм ва сеюм даста.

Шаллоқ ва задан ҳаст. Сардорони даста агар кор ва дастурашро иҷро накунӣ, мезананд. Шахсан манро задагианд. Дароварда дар кабинет заданд. Бо дубинка заданд, тарзе заданд, ки ягонҷоям кабуду сиёҳ нашуд. Дар поям ва дар пуштам заданд. Ба кабинеташ даровард, ҳарҷо-ҳарҷоямро қапиданӣ мешуд, пешам, пеши барамро, ё мехост бӯса кунад.  Дар пеши ҳама шарманда нашавам гуфта оҳиста аз кабинеташ мебаромадаму мерафтам.  Боз фарёд мекард, агар намерафтӣ, боз худаш даромада меомад ва дар пеши ҳама дод мезад, ки ман туро даҳ бор фарёд кардам, наомадӣ, баъд мехестиву мерафтӣ кабинеташ, баъд бо дубинка дубинкаборон мекард. Сардори дастаамон мардак буд. Онҷо ҳастанд занҳо, ки сардори дастаанд. Мардҳо низ ҳастанд, кор мекунанд. Дар онҷо дар роҳбарият назар ба занҳо мардҳо бисёртаранд. Барои онки онҷо ҳар намуд одам ҳаст. Дар ду отряд ду касали руҳӣ доштем. Занҳо на ҳама вақт роҳбарони занро эътибор дода гуш мекунанд. Хулиганкаҳо зиёданд.

Гуноҳи ман ин буд, ки овозамро баланд кардам. Бо як духтар ҷанҷол шудам, разбор кардем ва бо вай бо овози баланд гап задам. Ҳардуямонро кабинет даровард, гуфт, ки худаш асабам вайрон буд, бо ҷанҷолатон бадтар кардед ва сипас ҳардуямонро зад.

“Таҷовуз ҳаст дар зиндон. Ба ман ҳам чанд маротиба чунин пешниҳод ҳам карданд.”

Сардори даста Илҳом Бобоев. 40 сола. Мегуяд ту хушруӣ, биё бо ман ҳамин корро кун, «ман дар инҷо  чизе,ки ба ту мефорад, добро медиҳам, ҳеҷ кас ба ту лишний гап зада наметавонад,  лезит карда наметавонад» ва ҳамин хел гапҳо. Занҳое ҳастанд, ки розӣ мешаванд. Ин корҳо  дар рӯз ҳам мешавад дар шаб ҳам. Офитсер ба сари он зан ягон корманди занро роҳӣ мекунад. Ин меравад ба навбатдор мегуяд, ки фалон занро даъват кун, кораш дорам. Хуллас, вақте офитсери зан суроғ мекунад, гӯё касе чизе пай намебарад. Ҳамон офитсер занро мебарад назди он мард. Он тарафаш аз зан ва офитсер вобаста аст, ки чи кор мекунанд.

Раиси маҳбас инсони хуб аст. Агар ин корҳоро фаҳмад он офитсерро «резко» аз кор холӣ мекунад. Тақрибан 10-15 нафар раисони дастаҳо ба ин кор машғуланд. Юсуф, ки баъдан перевод шуд. Файзиддин, Фирдавс Ғаниев, Фаррух, ки опери зиндон аст. Фаррухро опери супер мегуфтанд. Аз вай ҳамааш меларзид. Ягон духтарро даъват мекард, гапҳои хубаш мезад ва мегуфт, ки ту бузи ман шав:

«Дар дарун занҳо чи кор мекунанд, кӣ телефон дорад, кадомеш пеши кадом офитсер меравад, кадомаш бо кадом офитсер зиёд гап мезанад, биё ба ман бигӯ, ма ба ту коре мекунам, ки туро дастгирӣ мекунанд, туро барвақттар аз инҷо мебарорам».

Бо ана ҳамин гуна ваъдаву фиребҳо ба дом афтонданӣ мешавад, лапша дар гӯшҳояшон меовехту ба худаш ҷалб мекард.

Моро намегузоштанд, ки бо 307 ва 401-ҳо зиёд рафтуомад кунем ва наздик шавем. Дар инҷо кори мамнуъ-ин як бизнес ва василаи болои маҳбус фишор овардан аст. Барои мисол мо талош мекардем, ки бо 307-ҳо дар пеши чашми инҳо камтар суҳбат кунем, вале боз ҳам ҳолатҳое мешуданд, ки онҳо медиданд, ки сӯҳбат кардаем. Тамом. Ҳатман пул мегирифтанд, то ки аз ҷазо халос шавем. Дар онҷо ҳам занҳоро ба ҳизбиву ҳаётӣ ҷудо мекунанд. Аммо бисёрии ин занҳо аз пушти китобхонӣ намозхонӣ ва дарсдиҳӣ шиштагианд.

ВАЗЪ ДАР БОЗДОШТГОҲИ МУВАҚҚАТИИ ХУҶАНД

Дар СИЗО-и Хуҷанд ҳама мардҳо ҳастанд. Занҳо каманд. Занҳоро инҷо барои давраи тафтишот нигоҳ медоранд. Камераҳои онҳо алоҳида аст. Дар СИЗО пештар мавридҳои таҷовуз ҷой доштааст. Ҳоло нест. Вақте «прогулка» мебароварданд, агар ягон духтар ба ягон офитсер маъқул мешуд фарёд мекард, ки духтур фарёдат дорад (баҳона). Он духтарро мебаровард дуюм ошёна, пеши ҳамон духтурхона (медпункт) дар ҷое, ки камера нест. Мерафт назди духтар ва ҳар гап зада ҳарҷои духтарро меқапад. Шахсан ман бо чашмони худам дидагиам, ки ҳамин корро кард. «Баъд дарро зада гуфтам, ки ту чи кор карда истодаӣ, ман ҳозир мебарояму ба сардори ту мегуям, ки туро бигираду дафъ кунад. Ту худат зан надорӣ, модар надорӣ.»  Бо ҳамон офитсер ҷанг кардам.Ӯ маро ҳақоратҳои безеб кард. Вай маро неву дигар касро қапида буд. Вақте мегуфтем, ки моро духтур бар, ё худи духтур фарёд мекард, моро ду нафарӣ мебарварданд, то ки ҳамин хел туҳмату гапу калоча набарояд. Ҳамон рӯзе, ки ба ин ҳодиса шоҳид шудам он духтарро худашро баровард. Ман гуфтам, ки биё ман ҳам равам. Гуфт, ки не худашро фарёд дорад.

 Зиндони занонаи Норак 

Дар онҷо занҳои 70- 85 сола ҳам буд. Бо моддаи 247. Зарарро барқарор карда натавонистааст, барои  онки шароиташ вазнин буд.

Занҳое дар СИЗО буданд ҳомила. Рафтанд дар зиндон таваллуд карданд, то сесолагӣ кудак метавонад ҳамроҳаш бошад. Баъди сесолагӣ аз ҳабсхона мебароранд. Санад мекунанд ба хешу табораш мдиҳанд. Як 10-12 нафар ҳамин гуна занҳои ҳомила буданд.

Онҳо махсус хона доранд. Бо шароити беҳтар. Обрезу дастшуву ҳамааш дар дохил. Ранги сексия. Аз мо дар берун аст. Ҳоҷатхона, ошхона, ҳаммомамон.

Мардҳое, ки ақди никоҳ доранд метавонанд бо занҳояшон «свиданка»-и дарозмуддат гиранд. То се рӯз меистанд. Барои ин сесад-панҷсад сум мегиранд. Ман ягон бор свиданка нагирифтам, роҳамон дур буд. Зиндони Норак барои мулоқоти дарозмуддат 5 комната дорад.

« Дачка ба ҷуз аз шанбе дигар рузҳо иҷозат, маҳдудият надорад.”

  Хуроки зиндон гоҳо «тушонка» дошт. Горохро дар об меҷушонанду медиҳанд. Капуста, сабзӣ, картошка ва пиёзу нахуд меандохтанд, ғулингҳои кирмзадагиро дар об ҷушонида медоданд. Маҷбур будем, ки бихурем. Агар касал мешудем духтурҳо нигоҳ намекарданд.  Боз духтурҳо аз ҳисоби маҳкумшудаҳо ҳам буданд. Касал аз ҳуш рафтагӣ, нигоҳ намекунанд. Фишораш боло ё баракс поин, аз ҷояш хеста наметавонад, то санчаст биравад. Духтурро фарёд мекунед, мегуяд по дорад, худаш ояд, ман бефараюм. Зора мекунед, намеояд.»

Дар давраи коронавирус китобхонаи куҳнаро ҷои табобат карданд. Не тиреза дошту не ҳиҷ чи. Кроватҳоямонро бардоштему бурдем.То дуюм этаж худамон кашолакунон бурдем. Хурокамонро меоварданд дар ҷогаҳ. Ман коронавирус шудам. Табам то 40 боло шуд. Меоянд як таблеткаат медиҳад, парасетамол тамом. Духутур меомад, аз даҳани дар дарун намешуд: созен ҳамакаса хубен мегуфт мерафт. Ягон дору медоду мерафт.

“Маҳкумшудаҳоро сахт ғам медиҳанд, боз угрожат мекунанд, ки дар ягон ҷо гап задӣ ШИЗОт мекунем, делоятро сиёҳ мекунам, афв намеафтӣ туро ҳуй намедиҳанд, сар намедиҳанд.”

Он вақт бо дубинка шапиданд, аз биниям хун баромад. Чунон гиря кардам, ки духтарҳо гуфтанд, камтараки дигар сабр кун мебароӣ. Ман ба кӣ дарди диламро мегуфтам? Ариза мекардем аммо намемонданд, ки пеши шеф бароем.Аризаамонро бурда ба дасти шеф намерасониданд, ки аз гапу гузори зиндон хабардор шавад.

Бо телефон биқапанд, хоҳ зимистон хоҳ тобистон тани як халат мекунанд, трусиатро ҳам мегиранд, лифчикатро мегиранд, зажими саратро мегиранд, ҳамаи чизатро мегиранд, мебаранд дар як комнатаи ҷудо. Шаши саҳар матрасатро мегиранд, даҳи бегоҳ медиҳанд. Чор тараф бетони намнок. Мехобонанд, ва ин ШИЗО аст.

Вале телефонро коргарҳои худашон дароварда медиҳанд, барои онки пул мегиранд.

Аммо агар бо телефон меқапад, пул медиҳад ШИЗО намешавад. Вале агар надод-ШИЗО. Дигар туремшикҳо мепурсанд, ки чаро уро шизо накардед. (нафаре, ки пул доду худро харид) Мегуфт, ки хато будааст, телефон- пелефон наёфтем.

500 доллар -1000 доллар ставкаи ШИЗО.

Ин милисаҳо биёр номарданд. Як нафари онҳо Умед дар 6-ой отдели Хуҷанд кор мекунад. Духтарро меқапад мегуяд, ки падару модарат-хонагиҳоятро даъват карда мегуям, ту фоҳишаӣ. Барои онки нагӯям бо ман хоб меравӣ. Духтар розӣ мешавад. Баъди ҳар гоҳ бихоҳад он духтарро ҳамин гуна шантаж мекунад. Ин духтар ҳам дар зиндон буд. Аммо ин кора набуд. Вале он милиса ӯро ба ҳамин роҳ кашида бурд.

Ҳар зане,ки дар ин зиндон аст барои чанд китоб саргузашт дорад….

Ps: Ин суҳбат бо як хонуми зиндонии озодшуда буд ва ончӣ худаш гуфт ва ба саволҳои мо посух гуфт онро тақдиматон намудем. Умеди онро дорем вазъи занҳо ва модарони зиндониро беҳтар мекунанд. Фасли тирамоҳу зимистон ҳам мерасад ва дар ин сардиҳо ба онҳо таваҷҷӯҳи бештаре мекунанд.  Вазири Адлия Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад  ва Сардори СИҶҶ ВА ҶТ Мансур Умаров диққати ҷиддӣ медиҳанд. “Ислоҳ” вазъ ва ҳолати зиндони занонаи Норакро дунбол мекунем ва ҳар масули занозори онро расонаӣ мекунем. Феълан онҳое исмҳояшон дар ин матлаб вуҷуд дорад ҳатман онро ба инобат гиранд. Мо боз ҳам ҳолатро назорати ҷиддӣ хоҳем дод. 

Share This Article