Дувоздаҳ ҳодиса ва рӯйдодҳои муҳимми -2019

Ислоҳ нет

 

1.) Даргузашти Файзинисо Воҳидова Соле,ки ба анҷом расид, бо хабари хеле ғамангези реҳлати хонум Файзинисо Воҳидова, адвокати машҳур ва аз фаъолони ҳуқуқи башари Тоҷикистон оғоз кард. Даргузашти Файзинисо Воҳидова аз дигарандешони озодманиш ва мудофеи ҳуқуқи инсон муддатҳо афкори умумиро дар дохил ва хориҷ аз кишвар машғули худ сохт. Зеро ин Бонуи Ҳуқуқи Башар аз маъдуд муборизоне буд,ки дар дохили ватан истода садои эътирози худро алайҳи бедодиҳо ва қонуншиканиҳои режими Раҳмонов баланд мекард. Дар симо ва вуҷуди ӯ ҳазорҳо нафар аз эҳтиёҷмандон ва корафтодагон як пуштибони ростин,маслиҳат ва машваратдиҳандаи беғаразро медиданд. Аммо агар марг ва реҳлати хонум Воҳидова табиӣ буд, ҳарфу ҳиҷое даркор набуд, магар инки таслият ба пайвандонаш ва тамоми мудофеони ҳуқуқи инсон гуфта мешуд ва албатта, ки ба руҳу арвоҳаш дуо мекардем, ки кардем ва аз Аллоҳ мехоҳем ,ки ҷояш дар ҷаннат бошад.

 

Гап инҷост, ки ин бону, ки ба иллати сармозадагӣ бистарӣ шуда буд, дар ҳамон бегоҳе, ки субҳаш мебоист рухсат бишавад ба таври мармуз аз ҷаҳон дар гузашт. Ин ҳам дар ҳоле,ки дар шумори охирин афроди ба аёдати хонум Воҳидова рафта чанд нафар аз амниятиҳо буданд ва ба нақли шоҳидон сӯҳбатҳои онҳо дар палата бисёр ҳам тунду тез ва бо садои баланд ҷараён гирифтааст. Аз ҳамин сабаб созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва бархе аз ташкилотҳои оппозитсионӣ аз ҷумла ПМТ тақозои колбудшикофӣ ва муоинаи пизишки қонуниро карданд. Зеро ин як маргу ва даргузашати ғайритабиӣ ва мармузу машкук буд.То ҳамин имрӯз иллати марги нобаҳангоми ин хонум норӯшан боқӣ мондааст. Ва,аммо ба хотири гиромидошти хотираи ин Бонуи Ҳуқуқи Башар аз тарафи Асотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо,ки мақарраш дар Вилнюс мебошад, дар тобистони соли ҷорӣ як ҷоизаи байналмилалии ба номи Файзинисо Воҳидова таъсис дода шуд ва нахустин барандаи он ҳам Бузургмеҳр Ёров, яке дигар аз адвокатҳои шинохтаи тоҷик,ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад, интихоб гардид. Зимнан ҷои гуфтан аст ки Созмони милали муттаҳид ҳукм ва боздошти ин адвокати маъруфро ғайриқонунӣ ҳисобида аз режими Раҳмонов хост дар зудтарин фурсат ӯро бидуни кадом қайду шарт озод созад.

 

2.) Рабудашудани Шарофиддин Гадоев аз Русия Ва, аммо ҳодисаи ғайримунтазира, ки аз Тоҷикистон гирифта то Урупоро такон дода амвоҷи эътирозҳоро ба ҳамроҳ дошт рабоиши Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва яке аз масъулони Паймони миллии Тоҷикистон аз Маскав буд. Ин дуздии рӯирост ва бо нақзи мавозини байналмилалӣ бо роҳандозии як амалиёти аз қабл тарҳрезишуда тавассути бархе аз мақомоти фасодзадаи Русия сурат гирифт, ки дар ниҳояти кор бо шармандагии калони режими Раҳмонов ба анҷом расид. Хонанда ва бинандаи “Ислоҳ.нет” ва “Ислоҳ тв” аз ҷузъиёти қазияи мазкур огоҳӣ доранд. Аммо ба таври фишурда ёдовар мешавем,ки афроде аз мақомоти Русия якҷо бо ҳамкорони тоҷики худ қасд доштанд,ки тавассути Гадоев, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ ро ба дом афканда ва таслими режими Душанбе кунанд. Вақте ин кор сурат нагирифт, худи Гадоевро дуздиданд. Аммо фишори маҷомеаи байналмилалӣ, ПМТ ва давлатҳои зидахл,аз ҷумла Ҳоланд, ки Шарофиддин Гадоев санади паноҳандагии ин кишварро дорад, болои Раҳмонов ба ҳадде фишор ворид карданд, ки ногузир шуд ӯро бо ду дасти адаб бозпас бигардонад. Ин ҳодиса исбот кард, ки мақомоти режими Раҳмонов барои саркӯб ва хафақони рақибони худ омодаанд ба ҳар навъи корҳои ҳатто ғайриқонунӣ ва ғайри муҷоз даст бизананд. Аммо ҷомеаи байналмилалӣ ва бахусус кишварҳои ғарбӣ,ки феълан роҳбарияти эътилофи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик инҷоро маҳалли мубориза ва муқовамат интихобидаанд,бо далелу санад фаҳмиданд, ки Раҳмонов ва режими ӯ ба ҳеҷ меъёр ва тааҳҳудоти худ пойбанд нестанд.

 

3.)Қатлу куштори ваҳшиёнаи зиндониёни Ваҳдат Ошӯб дар зиндони низомаш сангини мавсум ба “Кирипичний”-и ноҳияи Ваҳдат дар 15-20 километраи шарқи Душанбе дар 19 майи ва 15 уми моҳи рамазони соли ҷорӣ, ки боиси кушта шудани даҳҳо тан аз зиндониҳо ва низ маъмурони он гардид, дар пайи ҳамчунин ҳодиса дар зиндони шумораи саввуми шаҳри Хуҷанд дар моҳи ноябри соли пеш бори дигар исми Тоҷикистонро дар сархатти расонаҳои олам қарор дод. Зеро ин бор низ мақомоти Тоҷикистон ин ошӯбро кори дасти ДОИШ ва аъзои он эълон карда Беҳрӯзи 20 сола,писари Гулмурод Ҳалимов, вазири ҷанги ДОИШ ва дар гузашта полковник, сардори ОМОНи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонро ташкилкунандаи он шумориданд.

 

Ошӯб дар зиндони мазкур тавре ташкил ва роҳандозӣ шуда буд, ки низоъ ва кашокаши хунин миёни афроди ба истилоҳ мазҳабӣ ба вуҷуд омада тарафдорони ДОИШ чанде аз шахсиятҳои маъруф Шайх Темур, Махсуми Абдусаттор,узви раёсати олии ҲНИТ ва эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ, дар гузашта яке аз афроди маъруфи ҲНИТ миёни ҳам даргир шуданд, ки дар натиҷа ин се нафар бо як бераҳмии шадид кушта шуданд. Аммо коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ бар фарзияи мақомоти Тоҷикистон изҳори нобоварӣ карда, онро кори худи мақомот талаққӣ карданд. Зеро бар фарзи мисол, писари ҳамин Гулмурод Ҳалимов, ки ҳамагӣ 20 сол дошт ва ду соли ахир дар зиндон буд ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист як нафари дигарро бо корди урфӣ сар бибурад. Аз тарафи дигар ворид кардани гурӯҳи Алфа ва тирборон кардани 25 маҳбус ба шумули писари Гулмурод Ҳалимов аз он хабар медод ва таъйид мекард,ки мақомот барои из ва нақши худро аз қазия тоза кардан онҳоро тирборон карданд. Дар ҳар сурат, агарчанде ДОИШ низ воҳима кард,ки ин корро ӯ созмон додааст, аксарияти коршиносон ва таҳлилгарон бовар накарданд. Вале ин танҳо ҳодисаи нангини марбут ба зиндониҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон набуд.

 

4.)Ҳодисаи қатли бо хлеби “заҳролуд”шудаӣ зиндониён Баъди камтар аз чиҳил рӯз дар авохири моҳи июн ба ҳангоми этапи 128 нафар аз зиндониҳо аз Хуҷанд ба Душанбе 14 нафари онҳо ба иллати истеъмоли хлеби заҳролудшуда кушта гардиданд.Ҳодисаи мазкур ҳам ба ҳадде омехта бо дурӯғ ва ёва буд,ки касе бар сиҳатии он бовар накард. Зеро аслан имкон надошт,ки зиндониҳо нони заҳролуд бихуранд ва яку якбора 14 нафар кушта бишавад. Маросими хоксупории ин зиндониҳо таҳти тадобири шадиди амниятӣ ва бо ширкати кормандони милиса ва амният сурат гирифт, ки бори дигар масмумшавии онҳоро таҳти суол қарор дод. Афзун бар ин чанде аз ин маҳбусони кушташуда ба ҳадде мавриди зарбу шиканҷа қарор гирифтанд, ки наздикони онҳо натавонистанд хунрезии онҳоро боздоранд. Ба назар мерасид,ки онҳоро бо олотҳои сахт зада куштанд, ки аъзои баданашон чоку пора ва шикаста шуда буд.Бар пояи маълумоти дарёфтӣ бархе аз маҳбусини кушташуда аъзои ҲНИТ ва бархеашон ҳам афроди мазҳабӣ ва дар маҳалли зисташон соҳиби обрӯ ва ҷойгоҳ будаанд.

 

5.)Ҳодисаи хунини мавсум ба Ишқободи н.Рудакӣ Аммо ҳузури ДОИШ дар ҳаводиси хунини Тоҷикистон дар як соли ахир танҳо бо ошӯби зиндони Ваҳдат хотима наёфт. Задухӯрди хунин дар посгоҳи марзии Ишқободи ноҳияи Рӯдакӣ дар 60 километраи Душанбе ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар 6 –уми ноябр, дар рӯзи ҷашни Қонуни асосии Тоҷикистон чаҳорумин ҳодисае буд дар як соли бештар, ки ДОИШ ва мақомоти Тоҷикистон мисли онки муштарак амал карданд. Ҳодисаи куштори ҷаҳонгардони дучархасавор дар дар Данғара –зодгоҳи Раҳмонов, ошӯби зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат ва инак ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳ дар ин дидбонгоҳи марзӣ аз тарафи мақомоти режими Раҳмонов тавре шарҳу тафсир дода шуданд,ки ин ҳама ҳодисаҳо кори дасти ДОИШ аст ва Тоҷикистон аз тарафи ДОИШ ва гурӯҳҳои ифротӣ ҳадаф қарор гирифтааст ва амният ва сабот дар кишвар осебпазир аст. Тоҷикистон ба баҳонаи муқобала бо таҳдидҳои террористӣ ва ифротгарои бо тамоми имконот ва васила рақибони худро саркӯб ва куштаву зиндонӣ карда истодааст. Ҳамин ҳодисаи ахир,ки низ ба кори дасти террористон будани он ҳеҷ касе бовар накард замоне рух дод,ки Раҳмонов дар хориҷ аз кишвар қарор дошт. Раҳмонов барои анҷоми як сафари корӣ дар Швейтсария ва Фаронса рафта буд ва дар чаҳорчӯби барномаи сафараш ширкат дар нишасти Форуми сулҳ дар Порисро дошт. Дар Порис аз тарафи гурӯҳҳои мухолиф ӯ тавре истиқбол карда шуд,ки аз шарм натавонист аз даромадгоҳи расмӣ вориди толор бишавад. Ва муҳофизонаш ҳам дар баробари таҷаммӯи паноҳандаи тоҷик худро натавонистанд контрол бикунанд ва вориди муноқиша шуданд.

 

Ва,аммо ҳодисаи задухӯрд дар дидбонгоҳи марзӣ он тавре,ки мебоист иҷро нашуд ва баъдан бархе аз масъулини мақомоти тоҷик тавре ташреҳ доданд,ки аз баёнияи расмии КДАМ дар рӯзи баргузории он комилан тафовут дошт. Дар оғоз мақомот онро ҳамлаи аъзои ДОИШ эълон карда гуфтанд,ки дар ҷараёни задухӯрд 15 доишӣ ва 2 тан аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ кушта шуданд. Аммо баъдан, дар мулоқот ба намояндагони Иттиҳодияи Урупо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар ин задхӯрд занҳо ва ҳатто кӯдакҳо ҳам кушта шуданд. Афзун бар ин дар расонаҳо маълумот ба нашр расид, ки дар ин задухӯрд 6 нафар аз мақомоти қудратӣ кушта шудааст.Агарчанде ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт ва эълон кард,ки даҳ нафар аз сарбозону афсарони режими тоғути Раҳмонро куштаанд, аммо ба он касе бовар накард. Ҳам аз он ҷиҳат ки мақомот дар тафсиру ташреҳи он чанд гапа шуданд ва ҳам аз он ҷиҳат,ки аксу тасовири нашркардаи вазорати дохилӣ комилан дурӯғ буд,ки зуд аз сафҳааш пок кард, шубаҳоро ба яқин табдил дод, ки ин нақшаи хадамоти махсуси худи Раҳмонов аст. Вагарна ҳеҷ як террорист ҳамроҳ бо кӯдак ва занҳо ҳамла намекунад ва ҳам инки террористони дастонашон бо завлона баста наметавонистанд ҳамла анҷом диҳанд. Раҳмонов баъд аз бозгашт аз Урупо бо ташкили як ҷаласаи Шӯрои амният таъкид карда,ки ин масъаларо дигар ба хотир наоваранд ва дар борааш ҳам нагӯянд.Зеро ин навбат бозӣ бисёр ҳам номуваффақ баромад ва тамоми сиру пиёзи он берун шуд. Дар паёми солонааш ҳам дар ин бора тақрибан,ки ёдоварӣ накард.Дар ҳар сурат ҳамаи чаҳор ҳодисаҳои хунин, ки режими Раҳмонов бори дӯши ДОИШ ва ДОИШ ҳам мисле,ки масъулияти онҳоро ба худ гирифт, ҳаводисе мебошанд,ки аз як сӯ бо ҳадафи осебпазир нишон додани Тоҷикистон ва аз сӯи дигар ба манзури эҷоди тарсу ваҳшат миёни мардум ташкил ва татбиқ карда шудаанд.

 

6.)Ҳодисаҳои муҳим дар расонаҳои дихилӣ ва хориҷии тоҷикӣ Тағйироти раҳбарӣ дар бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”,қатъи фаъолияти нашрияи “Озодагон” ва қарори Суди олии Тоҷикистон алайҳи шабака ва расонаҳои иҷтимоии ҳаводор ва вобаста ба Паймони миллии Тоҷикистон ҳаводиси муҳим дар муҳити расонаии кишвар дар соли 2019 ба ҳисоб меоянд. Раҳбари собиқи “Озодӣ” бо иттиҳоми нақзи миссияи ин расонаи байналмилалӣ муттаҳам дониста шуд. Ҳайати бозрасони фаъолияти бахши тоҷикии “Озодӣ” собит карданд,ки раҳбарияти қаблии “Озодӣ” онро ба минбари ҳукумати Раҳмонов табдил дода, аз ҳар таҳаввул ва ҳаводисе, ки ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иртибот дошт, ҳадафмандона чашм мепӯшид.Ин иттиҳоми муваҷҷаҳ ва мувассақ нависандаҳои “фермаи ҷавоб”-и режими Эмомалӣ Раҳмонро барошуфт ва то ҳамин ҳоло даст аз интиқоди шадиди “Озодӣ” намебардоранд. Гузашта аз ин бо истифода аз як санади техникӣ бо номи аккредитатсия ва ё парвонаи кор вазорати хориҷаи Тоҷикистон бештари кормандони соҳибтаҷрибаи “Озодӣ”-ро аз идомаи фаъолият маҳрум кардааст. Ин масъала дар ҷараёни дидори Раҳмонов бо президенти ”Озодӣ” ба ҳангоми сафари Раҳмонов ба Урупо дар шаҳри Сюрихи Швейтсария мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аммо то кунун ҳалношуда боқӣ мондааст. Раҳмонов ба шиддат аз фаъолияти ин расона изҳори нороҳатӣ карда ва онро дар таблиғ ва ташвиқи созмонҳои мамнуъа – ҲНИТ ва ПМТ муттаҳам кардааст. Аммо барои азҳон ва афкори дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон тарзи бархӯрди Раҳмонов бо ин расона бори дигар таъйид кард,ки низомҳои худкома то чи ҳад аз вуҷуди як расонаи мустақил эҳсоси бим ва хатар доранд.

 

Беҷиҳат нест,ки солҳост Тоҷикистон дар қатори кишварҳои ноозод шомил шуда ва президенти он ҳамчун душмани озодии баён шинохта шудааст. Раҳмон- як худкомаи бо собиқаи наздики сӣ соли раҳбарӣ ҳамроҳ бо дору дастааш беш аз пеш талош доранд, ҷомеаи кишварро дар қайди ноогаҳӣ ва фақру халои иттилоотӣ нигоҳ доранд. Фишор ва мавонеи ҳаррӯзаи Раҳмонов ва мақомоти амниятии он оқибат боис шуд,ки “Озодагон” ягона нашрияи мустақил дар Душанбе аз фаъолият бозистад. Ин нашрия ба тафовут аз нашрияҳое,ки бо номи расонаҳои мустақил ҳамин ҳоло ҳам фаъолият доранд, зери бори “фермаи ҷавоб” нарафт, аз нашру чопи маводди он сар боз зад. Ва,ҳамин нофармонӣ ва ҳифзи сиёсати мустақил боис шуд, ки мақомоти КДАМ фишанг ва аҳруми давлатро болои ин нашрия истифода кунанд. Дар ниҳоят ин нашрия аз фаъолият бозистод ва бар асари фишорҳои мақомот буд, ки сардабири он Зафари Суфӣ ҳоло дар Урупо ба сар мебарад. Аммо чунин фишорҳо натиҷаеро ба бор овард, ки расонаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои моҳвораӣ, каналҳои телевизонии интернетӣ ба манобеи асосии дарёфти хабар ва маълумоти тоза барои сокинони Тоҷикистон табдил бишаванд. Домана ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ:-сайтҳо, пойгоҳҳо ва каналҳои радиову телевизони интернетӣ ҳамвора дар ҳоли афзоишанд. Бар фарзи мисол як кадбонуи тоҷик дар дурдасттарин рустои баландкӯҳ ва ё маркази шаҳр ҳамзамон бо пухту паз тамошои “Ислоҳ.тв” ва хондани мақолаҳои нашр шуда дар “Ислоҳ.нет” ва ё дигар каналҳои телевизионии интернетиро ҳам фаромуш намекунанд. Зеро бо телефони дар дасташ буда роҳат метавонад на танҳо бо он тарафи дунё, балки бо охирин ва навтарин хабари дунё дастрасӣ дошта бошад. Домана ва доираи шабака ва расонаҳои иҷтимоии мунтақиди режими Эмомалӣ Раҳмонов ва инъикоскунандаи фаъолияти ПМТгустариш ёфта сарчашмаи асосии хабар барои дохил ва хориҷи Тоҷикистон шуда истодаанд.

 

Барномаҳои телевизионии шабакаҳои иҷтимоии мухолифини тоҷик дар Урупо,ки тавассути канали Ютуб ба бинанда мерасанд,шумори тамошибини худро рӯзторӯз афзуда истодаанд. Барои мисол як барномаи дидории пойгоҳи таҳлилии Ислоҳ.нет,ки ба муносибати Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ ва Шаҳбоз Раҷабзода,корманди пешини Идораи гумрук тааллуқ дошт,таваҷҷӯҳи як 1миллион бинандаро ҷалб кардааст. Иллати аслии ҳаводор ва муштарии зиёд пайдо намудани шабакаҳои телевизионӣ, вебсайт ва порталҳои оппозитсионӣ он аст ки мардум ба маълумот ва умуман навиштаҳои расонаҳои давлатӣ бовар надоранд. Зеро онҳо танҳо ба минбари тарғиб ва таблиғи Раҳмонов ва хонаводаи вай табдил шудаанд, дар ҳоле, ки расона ва шабакаҳои иҷтимоии вобаста ва тарафдори нерӯҳои мухолифин танҳо воқеият ва ҳодисаи иттифоқуфтодаро инъикос мекунанд. Барои тақвият ва исботи ин гуфта метавон садҳо мисол овард.

 

Аммо ёдоварӣ аз ҳамин як масъала, ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи артиш ва ё ҳамон облава кофист, бигӯем,ки кадоме аз ин расонаҳо воқеиятро инъикос мекунанд. Мардум, падару модарон бо чашми сар мебинанд ва худ шоҳид мешаванд, ки фарзандони онҳо дар артиши ҳукумат мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор мегиранд, кушта мешаванд, инвалид бармегарданд, нимсеру нимгуруснаанд , аммо расонаҳои давлатӣ ба хусус телевизионҳои он, тарзе инъикос ва тасвир мекунанд, ҳама чиз хуб аст.Ин ҳамаро мардум мебинанд ва табъан суроғи расонаҳеро мегиранд,ки ростгӯянд. идомаи матлабро аз Пойгоҳи Ислоҳ мутолеа намоед.

 

Share This Article