Э.Раҳмонов бояд аз мардум узр пурсад
Раҳмонов ва танҳо Раҳмонов аст, ки намегузорад ва намемонад дар Тоҷикистон карантина эълон шавад. Тамоми Тоҷикистон як тараф, Раҳмонов як тараф. Шумори мурдаҳои коронавирус ҳар соату ҳар лаҳза дар ҳоли зиёдшавӣ аст.
Раҳмонов иҷозат надод, то вазорати тандурустӣ эълон кунад, ки COVID-19 кайҳост, дар Тоҷикистон қурбонӣ мегирад. Раҳмонов то охирин лаҳзаҳо аз ибрози асли вазъият ва воқеият ба мардум сарпечӣ ва саркашӣ кард. Гумон бар ин буд,ки Рустамро раиси Маҷлиси Миллӣ мекунаду бо ҳамин вазъияти карантинро эълон. Вале ҳамин ҳоло ҳам дар даҳонаш об гирифтааст. Ду поро ба як мӯза андохтааст, гушту пӯстама гир гуфта истодааст, аммо намегузорад,ки мисли дигар кишварҳо дар Тоҷикистон ҳам карантин эълон бишавад. Вай мунтазири табари қассоб буд. Табари қассоб-пизишкони бозраси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қарор аст ба кишвар ворид бишаванд,то ончиро,ки вуҷуд дорадро таъйид кунанд. Аммо,чун дигар яқин шуд,ки бозрасони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳатман хоҳанд омад, новобаста аз онки Раҳмонов мехоҳад ё не, оқибат вуҷуди COVID-19-ро эътироф кард.
Раҳмонов дар мунҷалоб,дар ботлохи дурӯғҳои гуфтаи худаш банд монд. Ҳатман,ки посух хоҳад дод,дер ё зуд аъмоли ӯро,аъмоли дар пушти пардаи ӯро огоҳ хоҳем шуд. Аммо тавре вонамуд кард,ки тамоми дунё чени вай ақлу фаросат надоштааст. Ин наҷотдиҳандаи сайёра дарк накард,ки чаро Олимпиадаи 2020- и Токио,ки миллиардҳо доллар ҳазина дошт, ба ақаб зада шуд. Ин кадушоҳ фаҳмаш нарасид, ки чаро сарони GI- 8, ки идораи дунёро дар даст доранд, ҷаласаашонро лағв карданд. Ҳатто ба онки чаро Путин замони референдуми Қонуни Асосӣ,ки шароити риёсати баъдии ӯро фароҳам мекунад ба таъхир гузошт ва аз баҳри иди 75- солагии Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, ки бо иштироки сарони чандин давлат ва аз ҷумла бо ширкати Раҳмон доир мешуд, баромад, таваҷҷӯҳ накард ва як раҳ наандешид.
Шабакаҳои иҷтимоӣ аз як моҳ бад-ин тараф пур аз навору навиштаҳое шуданд,ки дигар ба яқин, вируси короно дар кишвар на инки омадааст, лаҳза ба лаҳза доманаи фарогирии худро густариш медиҳад. Ҳеҷ гоҳ, такрор мекунам,ки ҳеҷ гоҳ ба ягон ҳарфу сухани Раҳмонов бовар надоштам ва кадом “лимит”- ва “андоза” барои онки вай рост мегӯяд ва ё кореро барои пешрафту беҳбудии мардум мекунад, муътақид набудам. Ҳар кореро,ки анҷом медиҳад, ҳатман аз манзар ва аҳмияте, ки ба хонаводааш ва аъзои он бошад, анҷом медиҳад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар 11 марти соли ҷорӣ вируси короноро пандемия эълон кард. Гуфта шуд,ки давлатҳо тадобири мушаххас кор бигиранд, чун ин вирус ҳадду марзҳоро шикаст ва замину замонро олуда кард ва олуда карда истодааст. Ва,намояндагии он бо номаи хос ба унвони Раҳмонов муроҷиат карда ва акидан ҳушдор дод,ки аз баргузории Наврӯз сарфи назар кунад. Аммо баргузор кард. Ҳазорҳо -ҳазор нафарро иҷборан ҷалб карду доир кард. Ба рағми тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт. Ба рағми Муҳиддин Кабирӣ не, ба рағми як ташкилоти муътабари ҷаҳонӣ,ки аслан бо сиёсат кадом алоқае надорад. Ва,акнун ҳоло ҳолоҳост,ки мегӯяд аз 15 нафари ибтило 10 тои он дар Хуҷанд аст. Аммо аз шумори кушташудаҳо чизе нагуфт. Яқинан,ки ин шумораи 15 ҳам ҳадди ақал даҳ-бист маротиба ва ҳатто шояд аз он ҳам бештар, кам нишон дода шудааст. Агар ин шумора 15 буд,Раҳмонов, Аллоҳро шоҳид мегирам, ки имкон намедод, ки эълон бишавад коронавирус омадааст.
Вай аз шумори дақиқи мубталоён ва кушташудагони COVID-19 комилан огоҳ аст. Чун дид,ки дигар пушонида наметавонад, бозрасони СҶБ ошкор мекунанд, иқрор ва эътироф кард.
Гузашта аз ин дуруст дар ду рӯзи қабл аз баргузории Наврӯзи Хуҷанд Раҳмонов дарак ёфт,ки як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, яъне ҳамоне,ки бо марги ӯ аввалин мавриди ибтило ба коронавирус дар Тоҷикистон ошкор шуд, бо ин касалӣ мубтало шудааст. Халқи Худо гуфтанаш,ки ин ҷашнро доир накун, аммо доир кард.
Баъди онки дигар беморӣ дар ақсо нуқоти Тоҷикистон парокандаву бо гирифтани қурбониҳои паёпаяш ҷомеаи кишварро бо тарсу ваҳшат нишонд, боз ҳам эълон кард,ки ҳама “тенҷай” ва ҷаласа доир карду Рустамро дар ҷойи Убайдуллоев раиси дуввуми Тоҷикистон кард. Ингор ҳамин масъала аз саломати мардум ва миллат барояш бештар аҳамият дорад ва зарур аст, мисли Путин ,ки референдумашро ба ақаб андохт, ба ақаб наандохт. Гуфт,ки коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ин ҳама маргу мирҳо аз касалии шуш аст. Шушинҳо дар Тоҷикистон хеле зиёд шудаанд.
Ҳеҷ мефаҳмед,ки дурӯғу кизби шумо чи қадар шикананда ва аҳмақона буд? Бо онки ин ҳама мавориди маргҳо ва гӯру чӯби ғайриоддиро дар мазҳари омм талоши пӯшонидан кардед ва илтиҳоби шуш таъбиру таъвил намудед, ин тарафи масъаларо ҳам фикр кардед, ки бо эълони карантин,ки хоҳед-нахоҳед, ногузир ҳастед воқеъ хоҳад шуд, авзоъи ҷомеаи кишвар,мардуми тоҷик,муҳоҷирони тоҷик чи хоҳад шуд? Агар ки шумо аз ҳамон аввал эълон ва роҳи чораи ҳамсояҳоро истифода мекардед, имрӯз авзоъ дигар буд, албатта. Дар кишварҳои ҳамсоя аллакай раванди рӯ ба коҳиши коронавирус мушоҳида шуда ва қасд доранд дар режими карантина сабукиҳо диҳанд. Аммо мо -бо юмни бади шумо ҳоло тоза вориди марҳилаи миллаткушу кишварсӯзи он мешавем.
Чаро? Чаро? Чаро? Фақат инки Раҳмонов Наврӯз доир кунаду Рустамро раиси дуввум бисозад, барои ҳамин?
Ҳоло бояд ин миллат чи қадар қурбонӣ бидиҳад,ки Рустам дар курсии Дуввум устувор бишинад? Ва шарту зарур буд,ки Рустам ҳам чун падараш аз болои хуни ҳазорҳо ҳамватан дар курсии қудрат бишинад? Чаро Раҳмонов аз онки бӯи хуни ҳазорҳо тоҷик дар танашро нахушконда ва нашӯёнда писарашро ҳам бо дасту даҳони хунолуда ба чавкии қудрат ва арши сиёсӣ овард? Фикр намекунед, ки тамоми ҳадафи Раҳмонов ҳам ҳамин буд, ки мо танҳо бо рехтани хуни шумо ва хӯрдани хуни шумо ва нобуд кардани дину оини шумо ва кам кардани тухми шумо метавонем ва хӯ гирифтаем,ки сардориву сарварӣ ва раҳбарӣ кунем? Ин як навъи дигари қулдурӣ ва ёғигиву чингизии ин хонаводаро ба намоиш нагузоштааст ва ин як навъ амали амдӣ аст, ба ин маъно,ки шумо -халқи тоҷик- бар саратон борони марг меборад, дар хонаатон ҳар рӯз азову мотам доред, фарзанду падару бародари шумо дар ватан ва ё дар хориҷа мемурад,коре надорем,муҳим барои мо ин аст ки дар ҳар шароит иқтидори ҳокимияти худро пурзӯр намоем.
Русия барои бозпас бурдани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон рейсҳои вижа ташкил дод. Аммо Раҳмонов шарт гузоштааст, ки набояд шаҳрвандони тоҷикро аз Русия ба ватанашон биоваранд. Агар дар самолётҳои Русия атбои муҳоҷирони тоҷик ҳам оварда шаванд қабул намекунад. Оё ин гуна муносибат ва бархӯрдро дар кадом гӯшаи дунё дидед? Русҳо гуфтаанд,ки чандин нафар депортшудаҳоро,ки дар зиндонҳоанд,шояд 800,шояд 900 ва ё шояд 1000 нафар ба ватаншон бо ҳамин рейсҳо ва бепул мебарем, Раҳмонов намондааст, не гуфтааст. Яъне онҳо онҷо бимиранд ҳам қабулашон намекунад. Ҳамчунон, ки сесад нафари дар Туркияву Ҳиндустон бандмондаро рад кард. Эй,мардум! Раҳмонов моро, шуморо иҷозат надода истодааст,ки ба ватанамон биравем. Мо ватан рафта митаинг намекунем. Мо ватан рафта истеъфо талаб намекунем.
Мо ватан рафта зиндагӣ мекунем. Охир, он ватан ватани мост, чаро наравем? Қирғизистон шаҳрвандонашро аз Русия овард, Узбакистон овард,аммо Раҳмонов наовард. Шуморе аз он муҳоҷирони бечора,ки депортшуда ҳастанд ва дар “спетсприёмник” банд мондаанд аз рӯи ноилоҷӣ ва аз онки ҷонашон бар лаб расид, даст ба ошӯб заданд. Зеро аз канори онҳо узбакҳоро Ӯзбакистон ва қирғизҳоро Қирғизистон ба ватанашон овард, аммо онҳо ба мисли сагҳои бесоҳиб ба ҳоли худ гузошта шуданд. Ва ҳоло акнун шуданд ҷинояткор ва солҳои тӯлонӣ зиндон мешаванд. Омбудсмени вилояти Екатеринбург дар ҳайрат аст,ки чаро раҳбарияти Тоҷикистон шаҳрвандонашро иҷозати бозгашт намедиҳад? Давлати Русия барои шаҳрвандонаш,ки дар Тоҷикистон қарор доранд ва як гурӯҳ аз кормандони ЦИРК мебошанд онҳоро мехоҳад ба Русия баргардонад,аммо Раҳмонов ноноварони кишварро чашми дидан надорад ва ҳадис мехонад,ки бошед онҷо,во аҷабо ба ин чингизтабори бе мурувват.
Раҳмонов бо ҷони миллат бозӣ кард.Ҷинояти зиддибашарӣ содир шуд. Лесакҳое мисли Сайфулло Сафар,ки шикояти камбуди пенсаашро борҳо расонаӣ кард, танҳо ба хотири онки як бефаросати дастонаш то оринҷ пур аз хуни ҳаммаҳалаш раиси давлат аст, талқин карда истодааст,ки карантин эълон нашавад. Гуфтааст,ки агар карантин эълон шавад мардум аз гушнагӣ мемиранд. Бор худоё,чаро ин қавм фақат ишкамашро фикр мекунад ва фикраш дар қаламрави ишкамаш аст? Зеро инҳо намедонад ва огоҳӣ надорад,ки ризқ азалӣ аст ва инки парвардгор пеш аз овардани тифл ба дунё пистони модарро пур мекунад, далели муҳками ин гуфта аст. Ин тоифа розианд, ки ҳамарӯза садҳо нафар аз ин беморӣ бимирад ва он дар тамоми қаламрави кишвар ва хонаводаҳои мардуми тоҷик ворид бишавад, карантин эълон накунанд.
Ҳоло агар ин мардум,ки дорад рӯз ба рӯз ба ин бало қурбонӣ медиҳад,чи кор бикунад? Мурдаҳояшро бидуни шустан ва бидуни кафан ва селофанпеч гӯронидан гирад? Ман,мутмаинам,хеле аз онҳое,ки як намунааш ҳамин Сайфулло Сафар аст,агар дар раъси қудрат намояндаи навоҳии дигар буд,ҳатман даъват ба сарнагунии ӯ мекарданд ва бар муқобили вай нафири омм ташкил мекарданд,чи расад ба тазоҳуроту гирдиҳамоӣ? Хуб,бигзарем аз ин гунаҳо,ки миллатро танҳо дар маҳалли худ хулоса кардаанд.
Ва,агарки хеле пештар,барои мисол баробар ва ё ҳамзамон бо Қирғизистону Узбакистон Раҳмонов ҳам карантина эълон мекард чи мешуд? Имрӯз,ки макотибро карантина эълон кардед,бозорҳоро бастед,шуд,ку? Чи гапе нашуд,ку? Ҳоло ки донишҷӯҳоро ҷавоб доед шуд,ку? То онҷое маълумотҳо мерасанд дар Душанбе ва Хуҷанд мавориди ибтило бо коронавирус соат ба соат афзуда истодааст. Ва касе наметавонад кафолат диҳад,ки ин донишомӯзон ноқили ин беморӣ ба маҳаллҳо нашаванд. Пурсиш ҳам ин аст ки чаро ҳамаро харобу ҷазир карда, зиндагиро кушта, баъде кор кор аз кор гузашт,қайла аз мазза гузашт вориди амал мешавед?
Тоҷикистонро бо ин вабо олудаву омехта карда,тоза хиёбонҳои Душанберо, ва он ҳам бо як навъи “показуха” дезинфексия мекунед? Ҳатто хобгоҳи донишгоҳе дар Хуҷандро барои бистарӣ кардани гирифторони коронавирус аз донишҷӯҳо тахлия кардед. Ин чораи пешгирӣ нест, ин ба ҳолати худкушӣ овардани миллат аст, ки овардани ба ҳолати худкушӣ худ ҷинояти маҳз аст.
Рафтору муносибати Раҳмонов бо коронавирусро бо рафтору муносибати роҳбарони дигар кишварҳо муқоиса намоед, чиро мебинед?Узбакистон аҷсоди муҳоҷиронашро аз Русия меоварад Раҳмонов ҳатто зиндаҳоро намеоварад ва иҷозат ҳам намедиҳад, ки бозпас бигарданд. Дар ҳеҷ давру замон тоҷик ин қадар беқадру қимат ва бесоҳибу беарзиш набуд,ки имрӯз.
Covid-19 нишон дод,ки халқи тоҷик бесоҳибтарин халқи рӯи замин аст. Раҳмонов тоҷику тоҷикистониро дар бадтарин вазъият қарор дод. Ин бор мардуми тоҷик,аз ҷумла насли ҷавони он ҳам Раҳмоновро шинохт,ки дар рӯзи бади мардум ҳеҷ суде намеоварад.
Covid-19 нишон дод,ки ҳукумати Тоҷикистон аз дасташ чи меояд, ба чи қодир аст, то куҷо тавону то куҷо қадру обрӯ дорад? Тамоми дағдаға ва зӯру зӯргӯии Раҳмонов ва махсусан КДАМ-и он ки худро масъули амнияти 9 ним миллион тоҷик меҳисобад, танҳо болои худи тоҷик будааст. Натавонист, барои шаҳрвандони дармондааш даст дароз кунад. Дасташ кӯтаҳӣ кард.
Covid-19 нишон дод,ки Раҳмонов раиси ҷумҳурии авлоду хонаводааш аст, Пешвои танҳо ҳаминҳост.Ҷойи онки дар ҳифзи ҷону тани мардум бошад, дар чунин шабурӯз,ки пандемияи коронавирус мебоист бедод мекунад,дари тамоми ҷаласаву нишастҳоро мебаст,маҷлис доир карда Рустамро раис “интихоб” кард. Гӯиё вазифаи ҷониаш ҳамин буд.
Фикр мекунам Раҳмонов бар ин назар аст, ки агар карантина эълон кард, аз роҳу раъяш гаштагӣ ҳисоб мешавад, гумонаш ин аст ки дар баробари пешниҳоду тавсия ва талаби мухолифин ақибнишинӣ кардааст ва дуруст он кореро дорад анҷом медиҳад, ки Кабирӣ тавсияаш дод. Воқиан ҳам Устод Кабирӣ хеле пештар гуфта буд,ки бо ҷони мардум бозӣ накун, карантин эълон кун, аммо дар балои лесаку молаку массажистҳои тагу болои Раҳмон гирифтор шуд: “Ҳой ифротӣ, ҳой исломӣ, ҳой наҳзатӣ, ватани мо тинҷ аст, ватани мо биҳишт аст ва ба шарофати Пешво коронавирус инҷо қадам намегузоард ва ин асту он аст. Ту аз дуриҳо истода бахилӣ накун”.
Ҳато як олимнамое бо исми Исомиддин Шарифов,ки ба назар меояд, мункири эътиқоди волидони худ аст,барои онки тавҷеҳ кунад, эълон нанамудани карантин аз тарафи Раҳмонов дуруст аст, навиштааст, ки низоми бастаи Тоҷикистон сабаби ворид нашудани коронавирус шудааст:
“…. аз лиҳози сиёсӣ ин пандемия бозгӯкунандаи он аст, ки осебпазирии низомҳои баста метавонанд дар баробари чунин ҳолатҳо камтар бошад, вале осебпазирии низомҳое, ки дар онҳо озодиҳои инсон ниҳоят зиёданд, бештар бошад.”
Ва ё ҳамин Сайфулло Сафари 28 сари сол лесак ва яке аз доноснависҳои бособиқаи амният ҳам мегӯяд,ки бахилҳоро гӯш надиҳед,ҳамааш хуб аст:
“Вазорати тандурустии мо кори бехтаринро анчом дод. Намонд,ки як вирусзада сархади моро гузарад. Ба аблахон гуш надихед кори худро анчом дихед. Он чи рохбарияти Точикистон кард дар ягон давлати дунёо накарданд. Офарин Давлатам!”
Ҳамин гуна лесаку молаконе,ки барояшон ин миллат ва ин мардум ба чи ҳолу вазъе гирифтр мешаванд, беаҳамият аст, борҳо собит карданд,ки ҳар иқдоми зиддибашарӣ ва зиддиинсонии Раҳмоновро табриа ва тавҷеҳ мекунанд.
Моҳи панҷум аст,ки дунё дар асорат ва гарави вируси короно аст. Аз моҳи март он балои оламгир эълон ва эътироф шуд. Шоҳидем,ки дунё барои муқобала бо ин вабои оламгир- сангар гирифтааст, тадобири ғайримаъмулӣ ва ногаҳонӣ кор гирифта мешавад. Нишасту бархостҳо лағв ва мавқуф гузошта шуданд. Шумори қурбониёни он даҳҳо,балки садҳо ҳазорро ташкил дода истодааст.
Аммо,худоё, ки ин тавр нашаваду набошад, вале метарсам,ки дар Тоҷикистони мо,ин бало ва ин вабо қурбонии зиёдтаре хоҳад гирифт. Даҳҳо нафар кушта шуданд ва ҳоло садҳо нафари олуда дар бемористонҳо бо азоби бо дастони Раҳмонов оварда дасту панҷа нарм мекунанд. Хуни ин ҳама кушташудаҳо бар гардани Раҳмонов аст. Наврӯз ва қошу кунҷунбониҳояш куҷо шуд? Куҷо шуд он истиғнову суханпарониҳо ба он духтари суғдӣ, ки гуфт шӯ куну дар курси панҷ ҳам диплом гиру ҳам як бача зой? Куҷо шуд шеҳаи аспи Анӯшервон ва Исмоил ва ҷоизаи 6 ҳазор сомонии онҳо дар пойгаи аспдавонӣ? Албатта,рӯзе хоҳад расид, барои ин террорӣ биологӣ алайҳи миллат посух хоҳад дод.Вале ҳоло бояд аз мардуми тоҷик узр бипурсад. Узри бадтар аз гуноҳ, узри бадтар аз ҷиноят.
PS. Карантина ҳам эълон мекунад. Ҳамчуноне маҷбур шуд,ки аз вуҷуди COVID-19 иқрор ва эътироф кунад. Чун дар муқобилаш танҳо Устод Кабирӣ қарор нагирифтааст,ки тақозо кард ба мардум воқеиятро бигӯяд, дар муобилаш халқ истода буд ва шабурӯз даҳони ӯро мепойид,ки хоҳад гуфт ё не? Наметавонист кулли халқро бикушад. Худованд чеҳраи ӯро барои халқи тоҷик бори дигар нишон дод. Ҳоло онҳое,ки таблиғ ва ташвиқ мекунанд,ки бо ҳукумат бошем, боз ҳам кӯр хондаанд, ин лесаку чоплусҳо. Чи гуна метавон бо ин ҳукумат буд,ки ба ҷуз аз манфиати хонавода ва авлодаш омода буд ва ҳоло ҳам ҳаст, тамоми халқро ба куштан бидиҳад. Магар дар даруни ин миллат афроде,нерӯе дигар нест,ки риёсат кунад?
Ҳаст,даҳҳо садҳо,ҳазорҳо шермарди сазовор ҳаст ки зимоми раҳбарӣ бар дасти ӯ бошад. Мо,бояд тақдир ва сарнавишти худ ва мардум ва миллат ва давлати худро аз дасти онҳое,ки танҳо барои манфиати худ ҷумлаи мардону занонро қурбон мекунанд,ба дастони худ бигирем. Коронавирус як дарде аз тарафи Худо омад, дармонашро ҳам хоҳад дод,аммо дарсе,ки дод ин аст ки на Раҳмонов ва на Рустам як зарра ҳам дар ғами ин мардум нест ва агар нисфе аз ин халқ бимирад,боз ҳам болои қисмати дигараш ҳукумат хоҳад кард. Розиед,ки бо ҳаминҳо бошед?