Э.Раҳмонов бузургтарин корупсионерро «Афв» кард

Ислоҳ нет

 

Во аҷабо ба ин режими дуздони оилавӣ,ки бузургтарин корупсионерро шомили “афв” у озодӣ мекунанд. Аммо бегуноҳони ин миллатро бо ҳукми абад ва болотарин ҷазоеки он зулм ва ситами ошкор аст муҷозот мекунанд.

 

Наход,ки Сайдумар Ҳусайнӣ,Муҳаммадалии Ҳайт, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Сайдов,Зубайдуллоҳи Розиқ ва Ҳикматулло Сайфуллозода ва….,ки комилан бегуноҳанд бо ҳукмҳои ноодилонаи додгоҳи олии Раҳмонов тулонӣ дар зиндон бошанд.

 

Аммо  Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,ки бо маболиғи миллионҳо доллар бо дигар корупсионерҳои махсусан хавфноки ҳамроҳаш дастгир шуда буданд. Гуноҳашон болояшон дайн ва тасдиқ шуда буд шомили “Афв” шавад? Туф бар ин “Афв”ат эй касифи нобакор.

 

Давлатбек Хайрзода дар дар 27 уми июли соли 2017 додгоҳи олии кишвар “ӯро бо моддаи 319, қисми 4, гирифтани пора  ба миқдори калон аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё бавоситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматноки дигар, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта айбдор дониста ва ба муҳлати даҳунимсолак ҳукм содир намуда буданд.

 

Инчунин бояд зикр намоям,ки Парвандаи генерал Давлатбек Хайрзода ва ҳамроҳони ӯ муҳри махфӣ дошт ва эълони ҳукм низ паси дарҳои баста сурат гирифта буд.

 

Диққат диҳед кӣ шомили “Афв”и Раҳмонов шуд

 

Ёдатон бошад он вақт аз шабакаҳои телевизионӣ ҳам ҷараёни боздошт ва мусодираи молу дороиҳои кормандони дастгиршудаи Ожонсӣ ба намоиш гузошта шуда буд.Аз хонаи Фирӯз Холмуродзода  8млн доллар  ва 13 кг тилло инчунин “домовой книга”-и 80 хонаю ҳавлиҳои гаронқимат ва 15 адад мошинҳои гаронқиммати то 100 ҳазор доллариро кормандони КДАМ  пайдо намуда буданд.

 

 Аз хонаи муовини Фаттоҳ Саидов генерал Хайрзода дақиқан ҳаминеки ҳоло шомили “Афв”и Раҳмонов шуд.Аз хонаи ӯ дар Ваҳдат 35 млн доллари нақд кашф ва мусодира карда буданд. Вале кормандони оперативӣ мегӯянд маблағ аз ин бештар буд. Қисме аз онро кормандони КДАМ  гирифта бо аъзои оила тақсим кардаанд.Манобеъи мо маболиғе,ки аз хонаи генерал Давлатбек Хайрзода ёфт шударо то 150 миллион доллар гуфтаанд,ки ин маболиғ миёни хонаводаи Раҳмонов ва КДАМ тақсим ва танҳо 35 миллионакаш расонаи гашта буду онаҳояшроҳам боз худашон расман гирифтанд,минҳум алайҳим шуд.

 

 Аз хонаи домоди Амирқул Азимов,котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон бошад  18 млн доллар  ва миқдори зиёд тилло ва 6 адад мошинҳои қиматбаҳои хориҷӣ пайдо намуданд. Мунтаҳо аксарияти ин боздоштшудаҳо  аз  10 то 15 соли ҳукм гирифтанд.

 

Акнун хонандаи гиромӣ диққат диҳед,ки чӣ касе озод мешавад. Дар ҳоле ҳукми ин шахс бояд абад бошад на инки даҳунимсолак ҳукми дурӯғин ва пас аз ду сол “Афв”аш куни ва озодаш кунед.

 

Ҳақиқат куҷост? Адолати додгоҳӣ куҷост? Сиёсатҳои дурӯғини Раҳмонов,ки чанд рӯз пеш ба мақомоти судӣ карда буд куҷо шуд? Мубориза алайҳи корупсия куҷост? Кафили осоиштагии шаҳрвандон куҷоро нигоҳ мекунад? Медонед ин кори шумо чӣ маъно дорад? Мунтазир бошед пас аз ин исми Тоҷикистон боз чанд зина поён меравад.Корупсионерро “Афв” мекунед, адвокатро бо муовини ҳизби сиёсӣ ҳатто бо тавсияи СММ  озод намекунед. Адолатеки дар сина мезанед он куҷост, мо онро аслан намебинем?

 

Наход чунин ҷинояткори махсусан хавфнок барои ҷомеъа ва кишвар,ки дар вазифаи муовини раиси  Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор кунад. Ба ҷойи инки ӯ бар алайҳи корупсионерҳо муборизаи беамон барад худаш корупсиянери махсусан калон ва хавфнок будааст. Боз пас аз ду солак озод шавад,ин далолат аз чӣ мекунад? Ҳама сатҳҳои мақомоти кишвар дар фасоди молӣ ғутаваранд,аз ҷумла худи Эмомалӣ Раҳмонов.Дигар дар минбарҳо ба мақомотат сиёсатҳои дурӯғ накун ва рӯятро аз ин бештар сиёҳтар накун.Ҳама буду набудат дар раҳоии ин генерали корупсионер ошкортар шуд.

 

Табли шодии бародари корупсионер

Ӯ дирӯз 29 уми ноябр ба қавли бародараш Қутбиддин Хайров, Давлатбек Хайрзода, рӯзи 30 юми ноябр озодии ин мақоми пешини  Оҷонси зиддифасодро тасдиқ кард. Вай гуфт, ,феълан аҳволи бародараш хуб аст, вале дар бораи шароити озодии ӯ чизе ба забон наовард.

“Рӯзи 29-уми ноябр озодшуд ва ҳама дӯстон ба зиёрат омаданд. Хеле хушҳолем, ки бародарамро бахшиданд,” — гуфт ӯ.(радиои Озодӣ)

 

Дигар намехоҳам мақоларо тулонӣ намоям,агарчӣ хело дилам пур аст ва аз чунин «Афв»и чунин ашхоси порахур ва ҷинояткор сахт андуҳгинам.Барои ҳар шаҳрванди оқил ва бо хиради кишвари азизам, шахсияти «Афв»гар ва афв шуда намоён шуд.

 

Раҳмонов ҳаргиз бегуноҳонро шомили «Афв»аш намекунад. Чаро ӯ як ҷинояткор,дузд,корупсионер ва бадгуҳар аст. Дар симои ҳар шахси бегуноҳи кишвар гунаҳкорро мебинаду зиндонаш мекунад ва дар чеҳраи ҳар ҷинояткор,дузд ва ғоратгару қотил аксашро мебинад.

 

То он рӯзе ин пирамарди корупсионер дар сари қудрати кишвар қарор дорад фикри ободӣ,озодӣ,зиндагонии осуда ва осоиштаро надошта бошед.Раҳмонов кобус ва хоби ваҳшатноки ин миллат ва мардуми мазлуми Тоҷикистони азиз аст.

 

 

 

Share This Article