Ҳабиб-сардори Хадамоти муҳофизони Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе бо иттиҳоми сирқат ба маблағ дар ҳаҷми хеле бузург боздошт шудааст. Боздошти Ҳабиб тахминан дар авохири соли гузашта аз тарафи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст, аммо то ҳамин имрӯз аз сарнавишти ин сарҳанги бособиқаи мақомоти амниятӣ, сардори дастаи муҳофизони Рустами Эмомалӣ даракеву хабаре нест. Ӯ дар куҷо аст, маҳалли нигаҳдории вай куҷост, иттиҳоми расмии ӯ чи асту бар мабнои кадом моддаи қонуни кайфарӣ мазнун шинохта шудааст, номаълум мебошад. Беш аз ин зинда ва ё мурда будани ӯ ҳам маълум нест.
Кори ӯро кадом мақомот тафтиш кардаасту карда истодааст, дар додгоҳ муҳокима шудаасту мешавад, дар кадом тавқифгоҳи расмӣ аст ва ё маконҳои хуфияи нигаҳдорӣ, ки танҳо барои доираи маҳдуде аз мақомоти баландпоя маълум аст, чизе рушан нест.
Ба пайвандони Ҳабиб дастури акид ва огоҳиву ҳушдори қатъӣ дода шудааст, ки ҳеҷ лому миме накунанд, дамбадарун нишинанд. Аммо бинобар хабарҳое,ки ба дасти «Ислоҳ» расид, Ҳабиб ҳануз аз давраи кудакӣ, ҳануз, ки Рустам тоза синфи 1 мерафт, масъулияти муҳофизати ҷисму ҷони вайро бар уҳда дошт ва тамоми ин ҳама муддат, то замони дастгиршавиаш дар соли гузашта яке аз ду нафар наздикони мавриди эътимод ва маҳрами розу махзани асрори Рустам буд. Ҳоло чи шуда, ки Рустам ҳамин гуна нафари наздиктарини худро, ки беҳтарин даврони умри худро сарф ва вақфи муҳофизати вай кардааст, бо як чунин шеваи хашин муҷозот кунад?
Шоҳрух, говсандуқи Рустам ва 25 миллион доллари гумшуда
Ислоҳ чандест ин маълумотро таҳқиқ дорад ва натоиҷи аввалияи таҳқиқи мо чунин аст:
Ҳабиб, сардори Хадамоти муҳофизони Рустам ва генерал-майёр Шоҳрух Сайид, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии вазорати корҳои дохилӣ ва рафиқи даврони мактабии Рустами Эмомалӣ, ду нафар шахсони наздиктарини Рустам мебошанд.
Аммо Ҳабиб Шоҳрухро ва баракс Шоҳрух Ҳабибро чашми дидан надоштаанд. Онҳо байни ҳам дар рақобати шадид қарор доштаанд. Ҳабиб, ҳам бинобар тақозои вазифааш, ҳам аз он ҷиҳат, ки Рустамро ҳанӯз аз даврони кудакӣ ҳифзу ҳимоят ва метавон гуфт тарбият кардааст, садоқат ва рафоқати самимӣ ба Рустам доштаву аммо Шоҳрух Саидови айёш ва кайфӣ дар аксари авқот бо Рустам дар айёшиву авбошӣ ҳамроҳӣ кардааст. Ҳабиб тайи ин ҳама муддат талош кардааст, ки Рустамро дар роҳи дурусту рост ҳидоят кунад ва аз зери таъсири корҳои ношоиста ва метавон гуфт ҷиноёте, ки Шоҳрух Саидов бар анҷоми он таҳрикаш медоду сабаб мешуд, дур нигаҳ дорад.
Дар манзили муҳташаме, ки дар паҳлуи хонаи Эмомалӣ Раҳмонов Рустами Эмомалӣ бино кардааст, як говсандуқ-сейфе баҷо карда шудааст, ки ба ҷуз аз Рустам ҳамин ду наздиктарин дустони вай Ҳабиб ва Шоҳрух «доступ» доштаанд. Ин говсандуқ ба масал «бонк»-е будааст, ки дар он маблағҳое, ки Рустам ҳамчун «доля» аз мансабдорон, аз вазифахоҳон, аз тоҷирон, хуллас, аз ҳар корафтодае, ки мегирифтааст, нигоҳ дошта мешудааст. Табъан, ки ин пулҳоро Рустам тавассути ҳамин наздиктарин одамҳои худ мегирад.
Дар ин сейф маблағи матлуб, ки бояд дар он ворид мешуда 25 миллион доллар будааст. Ин 25 миллион доллар «доля»-як қисме аз пораи як ширкате будааст, ки мутаассифона, натавонистем номашро ифшо бисозем. Ин маблағро раиси ин ширкат ба Ҳабиб додаасту Ҳабиб, тибқи маъмул бурда дар сейф гузошта аст. Вале, Шоҳрух, ба Рустам хабар медиҳад, ки ҳамин миқдори маблағ дар сейф нест. Шоҳрух ба Рустам мегуяд, ки Ҳабиб ҳамаи пулро аз он тоҷир гирифтааст вале як миқдори он -25 миллионро дар ҷойе, ки бимонад, намондааст ва ба ҷайби худ задааст ва муҳим маблағ комилу пурра нест дар сейф. Рустам аз Ҳабиб ҳолатро мепурсад. Ҳабиб, ки пулро нагирифтааст, мегуяд ончи ба ӯ додаанд ҳамаашро бурду гузошт. Масъала печида мешавад. Пули кам несту вале баҳс байни наздиктарин афроди худи Рустам шуълавар шудааст ва инҷо нафаре метавонад парда аз рӯи асрор бардорад, ки ҳамон тоҷир аст. Рустам, ки ҳеҷ гоҳ мустақим бо «доля» диҳандаҳо рӯбарӯ намеомад, ногузир мешавад бо он тоҷир, ки раиси ширкат аст, вомехурад. Раиси ширкат таъйид ва таъкид мекунад, ки маблағи мавриди назарро,ки 25 млн доллар буд пурра ба Ҳабиб додааст.
Бинобар маълумоти ба дасти мо расида, Шоҳрух то инки он тоҷирро назди Рустам эҳзор кунад, бо вай масъаларо бар зидди Ҳабиб «гапзанон» карда «мепазонад». Инҷо, дар ҳақиқат маълум нест, ки пули нопадидшударо Шоҳрух шахсан аз сейф бардошта бошад ва ё бо ин тоҷир даст ба яке карда аз вай ба унвони васила барои нобуд кардани рақибаш Шоҳрух истифода карда бошад. Яъне пулро қисман ба ин тоҷир дода бошаду гуфта бошад, ки зидди Ҳабиб нишондод диҳад.
Мунтаҳо,ин қазия хеле тул мекашад. Дар аввал Ҳабибро аз тамоми масъулият ва имтиёзҳое, ки дошт маҳрум карда таҳти бозҷуии шадид қарор медиҳанд. Вале дар ниҳоят Шоҳрух Саидов муваффақ мешавад, ки амният-СС.Ятимовро ба ин моҷаро бикашад. Ва, ҳамин тавр Ҳабиб дастгир мешавад ва ҳоло, ки 7-8 моҳ аз он замон сипарӣ мешавад, Ҳабиб ва сарнавишти вай номаълум аст ва ӯ мафқудуласар шудааст.
Ба ростӣ, манбаъи мо ҳам мушаххасан рад ва ё тасдиқ накард, ки Ҳабиб дар нопадид шудани ин маблағ айбе дорад ё хайр? Вале гуфт, ки Ҳабиб, нафаре буд, аз наркоманӣ, аз духтарбозӣ, аз пойгаҳои шабонаи Рустам бо Шоҳрух, ки чандин ҳолати куштор, аз таҷовузҳои духтарони ноболиғ ба Эмомалӣ Раҳмонов иттилоъ медод ва ҳамеша талош кардааст, ки Рустамро дар ҳақиқат холисона ва ҷоннисорона муҳофизат кунад. Рустам ҳам ин ҳамаро медонист, ки тамоми талошҳои Ҳабиб барои вай аз рӯи садоқат ва самимона аст ва аз ин ҷо буд, ки Ҳабибро мисли як бародари бузург эҳтиром мекарду гапу ҳарфи ӯро гуш мекард. Танҳо нафаре, ки сабаб шудааст ,ки Рустамро аз наркомани конченний шудан наҷот диҳад ҳамин Ҳабиб будааст.
Ҳануз, ки Рустам донишҷӯ буд ба раисони бозорҳо аз ҷумла Саховат, аз ҷумла ба Анвари текстил, аз ҷумла ба Муродалӣ Алимардон занг зада 10.000-15000 доллар мегирифт. Мегуфт барои фалон кор ба Рустам ҳамин қадар пул даркор аст. Ин корҳоро барои Рустам Шоҳрух анҷом медод ва Шоҳрух аз ҳамон солҳо ҳамин гуна корҳое мекард, ки Ҳабиб бохабар мешуду ба худи Эмомалӣ хабар мерасонд. Ин пулҳоро мегирифтанду дар ресторани Азия-грант-оттел боуллингбозӣ ва айшу ишрат ва арусбозӣ мекарднд. Ҳабиб дар литсейи туркӣ, ки Рустам мехонд аз саҳар то бегоҳ ӯро муҳофизат мекард. Зиддияти Шоҳрух бо Ҳабиб аз ҳамон давраҳо шуруъ шудааст.
Рустам гепотити С дошт. Ҷигараш мариз буд. Ва ҳатто ин сарусадоҳо ҳам буд, ки умри кутоҳ дорад. Вайро дар Олмон ё Исроил табобат карда ҷигарашро иваз намуданд. Дӯстони Рустам, аз ҷумла ҳамин Шоҳрух бо арусҳои Рустам ҳамхоба намешудаанд, ки мабодо гепатит С-аш сироят накунад. Ҳамин ҳоло ҳам меравад барои «переливание». Рустам чандин нафар аз духтарҳои таҷовузкардаашро гоҳо аз беэҳтиётиву нохоста ва гоҳо дониста куштааст, ки ҳамаи он фоҷиаҳоро маҳз ҳамин Ҳабиб орому осуда кардааст.
Дар тамоми ин ҳама муддат Ҳабиб дар канораш буд ва аз модару падараш ба ӯ бештар хидмат кардааст. Вақте Рустамро дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ба кор монданд, шогирди нафаре шуд,ки он нафар шогирди ҳамин Ҳабиб буд ва ҳамон нафар аввалин устоди Рустам дар кори амалӣ буд. Манзур ин аст ки имкон надошт, ки Ҳабиб барои Рустам хиёнат кунад ва аз сейфи вай пул бидуздад.
Шоҳрух, ҳоло танҳо нафари наздиктарини Рустам аст. Солҳо пеш, ҳоло, ки Рустам дар Хадамоти гумрук ба ҳайси сардори Раёсати зиддиқочоқ-контрабанда кор мекард дар Пуғуз,дар бустонсарои давлатӣ ҷашни таваллуд баргузор карда ва ба тамоми домодҳои падараш-язнаҳои худаш ҳушдор медиҳад, ки ҳарки маро эҳтиром кард, Шоҳрухро ҳам бояд чени ман эҳтиром кунад ва Шоҳрух ва ҷойгоҳи вай дар назди ман аз ҳар кадоми шумо “Язнаҳо” болотар аст. Аз ин ҷиҳат аст Шоҳрух бисёр ҳам нафари наздик ба Рустам мебошад. Ин наздикӣ фақат рафоқат аст ва ё кадом сабабу ваҷҳҳои дигар ҳам дорад, масалан робитаҳои ғайритабиъӣ, мо чизе гуфта наметавонем.
Оё Шоҳрӯх Саидов ҳамин Ҳабибро “подставит” карда аст?
Аммо, то ҷое ба мо гуфтанд, Шоҳрух на фақат Ҳабиб, қабл аз Ҳабиб ҳам чандин нафар аз дӯстони Рустамро аз канори вай рондааст. Яке аз онҳо нафаре бо номи Шамси “хар” будааст, ки сокини ноҳияи Рудакӣ аст ва яке аз бузургтарин қочоқчиёни маводди мухаддир будааст. Манбаъи Ислоҳ гуфт: “Шамси хар ки ду қопча-20.миллион доллар дода аз ғазаби Рустам халос шудааст вагарна ҳоло дар зиндон қарор дошт”. Барои онки Шоҳрух Шамси харро дар назди Рустам сипсиёҳ кардааст. Шамси хар авлодан наркобизнес буданд, падараш ҳам. Инҳоро Рустам кришават мекард. Вале Шоҳрух ӯро ҳам тавонист, ки аз чашми Рустам биуфтонад. Аммо бо товони калони молӣ ҷонашро раҳонидааст.
Нафари дигар Фирдавси киллер-як варзишкори ояндадорро, ки Рустам бо вай мустақим гап мезад, нағзаш медид ва қасди кумакашро дошт, аз бари вай ронд. Ҳар касе мустақим ба Рустам алоқа пайдо кунад Шоҳрух як бало карда ӯро дур мекунад. Шоҳрух мехоҳад, ки ба Рустам через Шоҳрух дар иртибот бишавӣ.
Аз тарафи дигар, мегуянд, ки модари Шоҳрух сахт ҷодугар аст ва бо ҷодугарҳои тоторӣ иртиботи сахт дорад.
Аз сӯи дигар, бинобар маълумоти расида СС.Ятимов ҳам, ба хотири онки ба Рустам хидмат карда бошад, Ҳабибро дар маҳалле нигоҳ медорад ва ё аллакай ба маҳалле фиристодааст, ки касе дигар огоҳ нест, ки вай дар куҷосту меояд ё не, номаълум.
Ҳабиб зодаи Панҷи поён будааст. Ҳамчуноне гуфтем аз кудакӣ бо Рустам буд ва ӯро аз хеле аз балоҳо наҷот додааст. Танҳо нафаре будааст, ки Рустамро ҳатто ҷанг мекардаву Рустам ҳарфи ӯро гуш мекард, эҳтроми сахт дошт. Ҳабиб мегуяд ман ҳамин қадар пул гирифтам, оварда мондам, Шоҳрух мегуяд, не,пул бисёр буд, аммо кам оварда мондааст.
Ба ин тартиб ҳоло нафаре, ки сардори Хадамоти муҳофизони Рустами Эмомалӣ шудааст, наздиктарин одами Шоҳрух Саид мебошад ва Шоҳрух Саид нафаре аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов ӯро ба фарзандхондагӣ гирифтаву ҳамасола рӯзи мавлуди ӯро шахсан худаш ҷашн мегирад ва агар дар он рӯз коре дигар дошта бошад маросими мавлуди Шоҳрухро Азизмоҳи завҷаи Эмомалӣ Раҳмонов баргузор мекунад.
Аммо Ҳабиб, полковники амният, сардори ҳамакнун собиқи Хадамоти муҳофизати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ҳоло нопадид шудааст. Тамоми умр содиқона хидмат кард. Вале ҳоло барои пул шуда, он ҳам ба эҳтимоли зиёд бо туҳмат дигар зинда нест.
Манобеъи огоҳ аз оила ба “Ислоҳ” афзӯданд: Чуноне Мурод Саидов барои Эмомалӣ Раҳмонов ҳаст, Ҳабиб ҳам дақиқан ҳаминхел буд. Хело дар мавриди дур кардани Мурод Саидов талошҳо сурат гирифтааст дар тули ин 31 соли ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмонов аммо натавонистанд дар чашми Раҳмонов ӯро сиёҳ кунанд. Дар ҳоле Мурод хело ба корҳои калонтаре даст задаасту корҳое ҳам анҷом додааст,ки ба Раҳмонов нафоридааст. Аммо садоқаташро бовар кардаасту ҷони худашро ба ӯ бовар кардааст, то имрӯз. Аммо Рустам чуноне аз ин ҳодиса бар меояд,то имрӯз мисли ахлоқи умумии падараш ба касе содиқ ,то охир набудааст ҷуз аз Шоҳрух Саидов. Инчунин ҳар касе бо Рустам наздик хоҳад шавад бояд ҳатман шахси тасдиқшуда ба Шоҳрух бояд бошад. Пас инҷо дигар бояд шахсияти Рустам ва мисдоқияташ ҳамчун “лидер”и “ояндадор” ва “кадри ҷавон” барои миллат ва мардум маълум бошад!