Генерал Бузмаков кист? Чаро ба мардуми Бадахшон «дандон» дорад?

Ислоҳ нет

(бахши дуввум )

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо (Бузмаков), муовини аввали Вазири корҳои дохилии   Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия, роҳбари Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ, чуноне худаш ҳам мегуяд аз соли 2014 дар қасди ҷони мардуми Бадахшон ва ташнаи хуни Мамадбоқир ва ҳамроҳони вай лаҳзашуморӣ мекард. Ҳоло акнун ҳаррӯз бо як дуруғу туҳмат ба пойи ҷавонмардони рушониву шуғниву язгуломиву хоруғӣ-яъне ба пои мардуми Бадахшон завлона ва занҷир мезанад. Ситоди байниидоравии зери итоати Абдураҳмон Бузмаков дигар тамоми қонуну қоида ва одамиятро зери по гузоштааст. Иръобу шантаж, террор, эҷоди тарсу ҳарос, зӯровариву зӯргӯӣ, кофтани то оғилу коҳдони помириҳо ба он хотир аст ки «дух»-и помириҳо бишканад. Ин Ситоди байниидоравӣ дигар ба гестапо бадал шудааст.

Инки мегуяд ҷияни Мамадбоқир Ҷамшед Шаъбонов ихтиёран омад ва худро биспорид як дурӯғи навбатии Бузмаков аст. Вақти кофтукоби хонаҳо як афсари пулис сарпуши чойнаки як сокини Рушонро гирифта даруни онро нигоҳ мекунад. Соҳиби хона мепурсад, ки дар чойник чӣ аст, ки мекобӣ? Мегуяд, ки одамони Боқирро мекобад.

   “Бузмаков мегуяд, ки ин мардум як қисмаш арақ задагӣ буд, як қисмаш маводди мухаддир. Вай бо ин туҳматҳояш мехоҳад, ки худро як афсари тоза ва дур аз ҳар гуна ҷиноят нишон диҳад. Аммо мо дар даст далелҳое дорем, ки дар бораи вай чизи дигар мегуянд. Вай яке аз қочоқчиёни асосии ҳероини афғонӣ дар Тоҷикистон буда ва як шабакаи хатарнокеро контрол мекардааст.”

Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) зодаи деҳаи Бошбулоқи ноҳияи Данғара аст. Дертар хонаводаи онҳо ба деҳаи Ғарғараи ҳамин ноҳия мекучад. Вай аз қавми қарлуқ аст. Лаҳни суҳбатҳои ӯ, ки ҳоло дар шабакаҳо ҳам шунавида шуд, тасдиқ мекунад, ки забони модарии вай дигар аст ва тоҷикиро баъдан ёд гирифтааст. Бобои Эмомалӣ Раҳмонов Раҳмон- чақир низ дар ҳамин деҳаи Бошбулоқ мезист ва вай ҳам ҳамқавми Бузмакови қарлуқ аст. Вай чупон буд. Тибқи хабарҳо падари Бузмаков дар Бошбулоқ дар совхози Ленини Данғара бо Раҳмонов якҷо кор мекард. Ҳамчун қавми қарлуқ бо ҳам муносибати ҳасана доштанд. Бок моли эҳтиром аз мардуми Қарлуқ, ки ин киллер аз қавму табори онҳост, мо ин мардумро эҳтиром дорем ва оила бе шағол намешавад.

 “Бузмаков корро аз ШКД Шӯробод ба ҳайси корманди «ПС»-(постовой служба) сар кардааст. Баъзе аз роҳбарони ин шӯъба ба харидуфуруши «сафедӣ» машғул буданд. Ӯро ҳам кам-кам «грет» мекарданд. Бо ҷойи пойи худро ёфтан дар шӯъба ӯ оҳиста-оҳиста ба фурӯхтану «подстава»-и сардорони шӯъба машғул мешавад ва оқибат худаш дар ҷойи онҳо сардор шуд. Вай Кӯлоб омад. Дар Кулоб ҳам ҳамин корро идома дод. Аз Кулоб ба Қурғонтеппа оварданд. Дар Кулоб ду шогирд дорад. Якеаш Саъдии зард аз Пашадара якеи дигараш Саъдии сияҳ, аз кучаи Садиков.”

Вақте Қурғонтеппа рафт шогирдонашро бо ҳамроҳи худ бурд: «повишенӣ». Шогирдҳояш онҷо кор мекунанд. Як нафари дигар аз шогирдонаш аз Кулоб Сайидаҳмади кабуд аст. Аммо дар асл вай забзард аст. Чанд сол аст ки дар Қурғотенппа корманди «уголовний розиск» мебошад. Беҳад золим аст. Онҳо дар Қурған мегарданд. Абдураҳмон шогирдҳояшро супориш медиҳад, ки «брен шумарит кнен, ҷамъ кнен ису усун биёрен». Меоянд бо ургутиҳо сарбасар мезананд,  чун онҳо мардуми пулдоранд.Хуллас ,бо бачаҳои ургутӣ гапҳояшон мегурезад. Дуғу дағдаға карда тарс доданӣ мешаванд: «Мо задагием любойта, биги ҳақу ҳуқуқи моро биёр». Онҳо мегуянд:  «укоҷон ин тавр накунед,биёд ягон муомила кунем,муросо кунему кор кунем». Ургутиҳо бо инҳо муомилаи хуб мекунанд, аммо ин шогидрҳои Бузмаков дигар аз пушти ӯ паридан мегиранд. Мегуянд, ки «мо одаматонро ҳам задагиему худатонро ҳам задагием, «доля»-и мора биёрен». Баъд урутиҳо занг мезананд ба Зоир. Зоир Соҳибов-домоди Эмомалӣ Раҳмонов, роҳбари ғайрирасмии Қурғонтеппа. Шогирдҳои Зоир меоянду инҳоро мегиранду мебаранду ҳамашонро маҳкам мекунанд. Одамони Зоир ба Зоир мегуянд, инҳо моро сахт дашном карданд ва гуфтанд, ки «мо шефатам задагием худатам». Зоир мегуяд «ҳамаашро қоқсуд кунед, ки фалоншон мекунам». Бузмаков дигар ба даводав медарояд. Саъдии зарду Саъдии сияҳра мебарорад. Полний аз кор мегирад, мегуяд «равен Кулоб онҷо биистен, наоен аз Кулоб ба инҷо».

“Саидаҳмадро маҷбур мекунанд, ки ба кала гирад. Ӯро Саъдии зарду Саъдии сияҳ «уговорит» мекунанд. Саидаҳмад ба кала мегирад. Ҳоло шиштагӣ ё алакай шинонданд, номаълум. Саъдии зард дар Кулоб сум кофта истода буд, ки бояд бидиҳему ӯро бубарорем, ки «мабодо моро яке нафрӯшад. Ага надиҳем мора мефурӯшад, мора мекашану мебаран». Як опели астра ҷии сиёҳ дорад. Дар Кулоб аз паи баригаҳо мегарданд. Саъдӣ сияҳ дар Афғонистон одам дорад. Саъдӣ сиёҳ барои бор овардан ба он одамҳо дар симкортҳои афғониашон сесад -чорсад доллар сум мепартояд.”

Дар он тараф, дар Афғонистон ғуломбозор ҳаст. Он афғонҳои шиноси Саъдии сиёҳ аз ин ғуломбозор ба камбағале сад ё дусад доллар медиҳанд. Мегуяд ин «бор»-ро мебарӣ дар он тараф аз дастат мегиранд. Боз бармегардиву меоӣ. Он афғонҳо борро меоваранд. Вақте ки омаданд ҳам борро мегиранд ва ҳам онҳоро дастгир мекунанд, меоранду шинонд. Он афғон афғонҳои худашро мефурӯшад, подставит мекунад. Афғони қочоқчиро қапидем гуфта Бузмаков ҳам боло меравад, Саъдии сияҳ ҳам боло меравад. Аксари афғонҳои бо наркотик шиштагӣ бо заказ ё фаромишиянд. Аксарияти онҳоро Саъдӣ шинонидагӣ аст. Инҳо инҷо як қарор доранд. Пулро мегузаронанд дар телефонҳояшон. Онҳо афғонҳо афғонҳои худашонро курер мекунанду меқапонанд. Баъзеи онҳо 6-7кудак доранд. Хонаводаҳояшон дарак надоранд, ки дар куҷоянд. Зиндаанд, мурдаанд, намедонанд. Дар ҳоле, ки онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон хобанд. 17- 18 солӣ гирифтаанд. 99 % тавассути афғонҳо одам доранд, ҳамшаҳриҳои худашонро мефурушанд, ҳам борро мегиранд, ҳам «званий»   мегиранд ва ҳам мансаби боло.

 “Акнун дар Кулобанд, сум ҷамъ карда истодаанд. Саъдӣ ҳозир худаш ҳамин кора аст. Дар инҷо баригаҳоро меқапад, сум меканад. Мошину заминҳояш дар фурӯш. Барои халос кардани Саидаҳмад.”

Саъдӣ сияҳ дар даҳани дари масҷиди Мулло Ҳайдар буд. Барои назорати аз 18 солаҳо поин. Одамони зиёдеро ҷарима кардагӣ аст. Масҷид пур мешуд, баъзеҳо дар даҳани дар мехонданд, барои ҳамин кор ҷарима мекард. Бачаҳои зиёди Кулобро шинондагианд. Бегуноҳҳоро шинондагиаст, барои вазифа. Бузмаков мефармуд, ки резултат кун, дар любой пастӣ меравад. Айни замон бо кудакош дари масҷидро гирифта мешинад, намозхонӣ меравад. Аммо ҳадафаш чист, маълум нест. Чанд бародарҳое, ки рафъи ядайн мекарданд, шумо салафӣ, шумо ину он  гуфта қапида тарсонида сумҳояшонро гирифанд. Яқин аст ки ҳамин хабар кашида буд.

   “Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) дар қочоқ ва интиқоли героин ба Русия бо гурӯҳҳои мафиозӣ сахт алоқаманд аст. Вай, ки ҳанӯз аз даврони фаъолияташ дар Шӯроободу Кулоб ва Қурғонтеппа ба ин кор машғул буд, баъд аз онки ба Душанбе омад ва чанд соле сардори Раёсати дохилии пойтахт ҳам шуд ва бахусус баъд аз онки сардори Раёсати дохилии ВМКБ ва муовини аввали вазорати дохилӣ таъин гардид, метавон гуфт, ки ба яке аз муҳраҳои калидии мафияи қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон табдил шуд. Аламшозода аз ҳисоби тиҷорати героини афғонӣ даҳҳо миллион даромад дорад.”

Дар мавриди писараш ва дастдоштанаш ба қочоқи маводи мухаддир ва боздошти ӯ ва чӣ ултиматумҳо барои раҳоии писараш ба ӯ гуфтанд ва чи доду ситадҳо гузаштааст муфассал хоҳем навишт.

Пештар бархе аз расонаҳо дар бораи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии қочоқи маводи мухаддир навишта буданд, ки дар ин бонди мофиозӣ нақши Рамазон Рамазонзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хеле бузург аст. Вай бо истифода аз мақому мансаби давлатӣ, амнияти ҷонӣ ва бизнеси маводди мухаддир ин гурӯҳро таъмин мекунад ва низ аз мақоми давлатиаш суистифода карда барои барқарории тамос ва иртиботот бо намояндагони мисли худаш бевиҷдони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои онҳо «долони сабз» фароҳам мекунад Ҳамчунин дар ин кор ӯро домодаш генерал-лейтанант Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии вазорати дохилӣ  ва генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков),ҷонишини аввали вазири дохилӣ ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ мекунанд.

Моҳи март Иззат Амонро дар Маскав қапида буданд. Ҳама мегуфт бегуноҳ аст. Аммо Саъдии сиёҳ барқасди ҳама мегуфт, ки вай бо пулҳои муҳоҷирон хестагӣ. Ҳамон вақт дар деворҳои беморхона, истгоҳҳои Кулоб навишта буданд, ки «Иззат бегуноҳ аст», «Озодӣ ба Иззат Амон». Мардум мегуфтанд, ки Иззат халқи камбағалро кумак кард вале ин мегуфт хоин аст. Бар зидди Ҷаноби олӣ аст, «пушти хоинро нагирен,ки мебарем гаренитон мекунем» ва краска гирифта девор ба девор ҳамон навиштагиҳоро тоза мекард ва аз думби милисаҳо мегашт. Вай сахт умедвор аст ки Бузмаков онҳоро боз кор мегирад.

ЛЕВАКАНТ  ЗЕРИ ДАР ДУДИ БАНГИ БАРОДАРИ БУЗМАКОВ

Абдураҳмон Аламшозода як бародар дорад бо номи Муҳаббат. Дар шаҳри Левакант сардори КЖКП- “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ” мебошад. Вай аз хонаводаҳое, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунанд, ҳар моҳ барои «коммуналний услуги» сарикасӣ 9-10 сомонӣ меситонад. Маълум аст ки дар ҳар хона чандин нафарӣ зиндагӣ мекунанд ва инҷо пули калон ҷамъ мешавад. Лекин агар дар бино-баландошёнаҳо ягон мушкилӣ пеш ояд, садама шавад, тамоми харҷу хароҷоти барқарорӣ ва ё таъмирро аз ҳисоби халқ боз мегирад. Мегуяд «харида биёрен,мо соз када медиҳем». Масалан дар таҳхона ягон лӯлаи об мекафад, ё ҷумакҳо-крайникҳо хароб мешавад, ҳамаи онро харида меоварӣ, боз ба «сантехник»-кормандони Бузмаков 20 ё 40 сомонӣ ҳақи кор медиҳӣ, сипас онро таъмир мекунанд. Ин бародари Абдураҳмон Бузмаков хуни коргарҳояшро мемакад. Ҳато аз нафари мусоровоз, сантехник, хуллас ҳамаи коргаронаш ҳар моҳ вақте замони додани маош шуд аз ҳар кадоми онҳо 20 сомонӣ мегирад. Маоши онҳо ҳатто 500 сомонӣ ҳам нест: 380-420 сомонӣ. Вай боз иддио ва миннат мекунад, ки шукр кунед, ки ман ҳастаму маошҳоятонро сари вақт гирифта истодаед.

 “Дар Левакант 60-70% бачаҳои ҷавон «гиёҳманд» шудаанд. «Гиёҳ» аз они ҳамин Бузмаков аст: хоҳ банг бошад, хоҳ афюну чакида ва ё хоҳ героин. Ҳамин Бузмаков таъмин мекунад.”

Дар Левакант ҳам хуҷаини асосӣ додарарусҳои Эмомалӣ Раҳмонованд. Яке аз онҳо ҳоҷӣ Амонуллои бародарзани Раҳмонов аст. Дар инҷо як дискоклуб  кушодааст, ки он дар асл як фоҳишахона мебошад. Ин дискоклуб аз они ҳоҷӣ Амонуллои хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Аз пушти ин дискоклуб чандин ҷавон ҳатто ба маҳбас афтод, чанд нафар дар дохили он «передозировка» шуда аз дунё гузашт.

“Албатта нашъаманд шудани ҷавонон ба манфиъати хусурбачаҳои Раҳмонов мебошад. Чун,ки ҷавонони нашъаманд бе ғайрат ва дигар ҳеҷ фикре ҷуз ин заҳри қотил надоранд. Хусурбачаҳои Раҳмонов инро мехоҳанд,то оромона битозанду ҳар ҷинояте анҷом диҳанд касе корашон надошта бошаду эътироз накунад.” 

Дар назди ҳукумати шаҳри Левакант як масҷид буд. Онро бастанд. Аммо дискоклуби ҳоҷӣ Амонулло кор карда истодааст. Шаби дароз мардумро намемонад, ки дуруст истироҳат ва хоб кунанд. Як вақт назди раиси шаҳр, он вақт Патаков Қарахон Чиллаевич буд рафта шикоят карданд, ки моро нороҳат мекунад, то саҳар садои баланди мусиқӣ. Вай тарафи мардум гашту гуфт, ки «аз дасти ман ягон чиз намеояд, ин дискотека аз ҳоҷӣ Амонуло аст. Аз дастатон чикоре меод кардан, гиред». Дар Левакант ҳам идора дар дасти оилаи Раҳмонов аст ва таъмини маводи мухаддир дар дасти Бузмаков. Ба кӣ шикоят мекунед ?

Тарҷумаи ҳоли Генерал Бузмаков

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо – генерал-лейтенанти милитсия. 17 ноябри соли 1970 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1993. То соли 1997 дар вазифаҳои гуногуни ҳайати миёнаи роҳбарикунанда ҳамчун корманди оперативӣ фаъолият намудааст. Баъд ба ҳайси сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Аз моҳи декабри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо аз 18 сентябри соли 2018 то 11 майи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст. Ҳоло вай дар мансаби муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда истодааст.

РАҚОБАТ ДАР БАДАХШОНИКУШӢ МИЁНИ ДУ ГЕНЕРАЛ БАРОИ ВАЗИР ШУДАН

Айни замон байни Шариф Назарзода ва Абдураҳмон Бузмаков як навъ сабқат ва рақобат барои худро ширин кардан дар назди Раҳмонов барои курсии вазирӣ идома дорад. Ин ду хуни бадахшониҳоро барои курсӣ рехтанд. Талош карда истодаанд, ки бо кадом як коре фавқулъодда ба Раҳмонов нишон диҳанд, ки дигар помириҳоро тамом карданд.

Вақте хонаи Амриддин Аловатшоевро харобу валангор карданд, эҳсоси нафрату қину касосашон нисбати ин мардумро дошта наметавонистанд. Дар кадом гушаи дигари Тоҷикистон ин корро карданд? Ин корро танҳо бо мардуми бадахшӣ доранд мекунанд. Ҷараёни харобсозии ин хонаро Шариф Назарзода, сардори милитсияи ВМКБ навор карда ва шахсан ба худи Эмомалӣ Раҳмонов фиристодааст.

Абдураҳмон Бузмаков маросими мотами Мамадбоқирро навор карда фиристодааст, то Ҷаноби олӣ тамошо карда ба қудрат ва ҷасорати Бузмаков қоил шавад. Боз дар круги худаш бо ифтихор гуфтааст: “Боқира куштам ва лично худам ҷанобда навори мурдаша равон кадм. То надид дилш ором нашуде. Чида ай и гансо иқа парешонаи ҷаноб ма ҳайронм”

Кори ҳар буз нест хирман куфтан,                                                                                                Хирмани моро басо бузҳо куфтанд.

Поёни бахши дуввум, идома дорад….

Share This Article