Як ҳайати 50 нафарӣ барои таъмини амнияти ҷараёни сафари Раҳмонов аз Тоҷикистон ба Италия эъзом шудааст. Дар бораи шумораи ҳайати эъзомӣ, ки 50 ва ё бештар аз он аст, мо маълумоти мушаххас надорем ва манобеи мо ҳам гуфтанд, ки ин шумора шояд то 200 нафар бошад.
Ин ҳайат иборат аз чи касоне аст, корманди мақомот, хадамоти махсус ва ё аз авангардону чоплусон низ дақиқан чизе гуфта наметавонем. Вале гуфта шуд, ки бар души ин ҳайат амнияти сафари Раҳмонов ба Рим вогузор шудааст ва қарор аст онҳо дар лаблаби роҳ ва хиёбоне, ки Раҳмонов ба ҷаласагоҳ меравад, пайрадорӣ бикунанд ва нагузоранд, ки мошини ҳомили Раҳмонов аз тарафи мухолифин бо тухм ва ё масалан помидор ва ё чизҳое шабеҳ мавриди ҳадаф қарор бигирад. Ҳамчунин бо ин нафарон боз чандин нафар аз муҳофизон ҳамроҳ шудаанд ва феълан онҳоро дар меҳмонхонаҳо ҷобаҷо кардаанд. Инҳо се рӯз пеш аз сафари Раҳмонов фиристода шудаанд ва гуфта мешавад, ки Раҳмонов бо анҷоми сафари Мирзиёев, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад ба Италия парвоз хоҳад кард ва ба эҳтимоли зиёд ин сафар 22 апрел, дар рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин сурат бигирад.
Ин ҳайат ба чи унвоне вориди Рум ва ё шаҳрҳои дигари Италия ва ё ба хотири омодагӣ барои анҷоми ин вазифа вориди ҳатто шаҳрҳои кишварҳои ҳамҷавор шудаанд, мо чизе гуфта наметавонем. Ба эҳтимоли зиёд онҳо ба ҳайси турист-ҷаҳонгард омада бошанд вале на фақат онҳо, балки донишҷуҳои тоҷики муқими шаҳрҳои Аврупо ва шуморе аз атбои тоҷик, ки феълан дар Рум ва атрофу акнофи он ба сар мебаранд, низ барои таъмини амнияти Раҳмонов дар рӯзҳои сафари Раҳмонов, ки қарор аст 22-23 ё 24-и апрел сурат бигирад, ҷалб карда шудаанд ва бинобар хабарҳои ба дасти мо расида кормандони сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва Белжик бо ин нафарон тамос гирифта ва харҷи рафту баргашт ва меҳмонхонаи онҳоро бар уҳда гирифтаанд.
Мо, роҷеъ ба ин сафари Раҳмонов аз қабл огаҳӣ доштем. Моҳи гузашта ходимони амниятӣ ба манозили пайвандони шуморе аз мухолифини тоҷик дар навоҳии кишвар рафта ва онҳоро маҷбур кардаанд, ки бо мо дар тамос бишаванд ва бихоҳанд, ки ин бор ба сафари Раҳмонов ба Аврупо коре надошта, тазоҳуроте барпо накарда ва тухмшапие ҳам накунем.
Соли гузашта дар ҷараёни сафари Раҳмонов ба Олмон дар моҳи сентябр шуморе аз мухолифини тоҷик мошини ҳомили уро мавриди ҳамла бо тухм қарор доданд ва ин амали мухолифин дар расонаҳои аврупоӣ ва дунё бозтоби густурда пайдо карда буд. Агарчи баъди ин намоиши эътирозии мухохилифин ва низ тазоҳуротҳои баргузоркардаи онҳо мақомот дар ватан хешу табори онҳоро азият ва шиканҷа карданд, вале Раҳмонов ҳамоно аз сафар ба Аврупо дар биму ҳарос аст.
Инро ҳам бояд бигуем, ки афроди аз ватан барои таъмини амнияти Раҳмонов овардашуда қарор аст дар даст байрақчаҳои Тоҷикистон ва ё бо гулу гулдаста Раҳмоновро дар Рим истиқбол бигиранд ва бо ин амал Раҳмонов ва сиёсатсозони вай нишон бидиҳанд, ки ӯро мардум сахт дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Барои иҷрои ин амал дар яке аз варзишгоҳҳои пушидаи Душанбе чанд рӯз онҳоро машқу тамрин ҳам додаанд.
Бинобар маълумоти ба мо расида ин сафар ба тавассути як тайёраи ширкати «Сомонайр», мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ анҷом шудааст ва ҳадафи асосиаш ҳам ҷилавгирӣ аз тухмборон ва ё тухмшапаки Раҳмоно аст. Ин тайёра, гуфта мешавад, ки ба Рим ва ё яке аз шаҳрҳои Италия ба замин омадааст.
Манобеъи “Ислоҳ” аз Олмон чунин гуфтанд: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон миёни ҷавонони донишҷӯ ва варзишкороне,ки дар ин кишвар қарор доранду кор мекунанд даъвати ҷиддӣ намудааст,ки бояд ба пешвози “пешво” ба Рим бираванд. Тибқи маълумотҳои аввалия масорифи ин ҳама сафар ба Рим аз Олмон рафту баргашташ,ки 3500 км-ро ташкил менамояд. Аввалан бар души худи афроди ҷалбшуда вогузошта мешавад. Ё чуноне гуфтем дар ҳолати надоштанашон масориф ба души Зайнулло Соҳибов вогузор шудааст,то ин ҳамаро таъмин намояд.
Албатта бояд инро низ зикр намоем,ки аз муқаддимоти ин сафари Раҳмонов ба Итолё алакай ду моҳ бештар маълумот доштем. Иллат дар он буд, ки мақомоти амниятӣ ба хонаи мухолифон рафта ба пайва ндони онҳо фишор оварда буданд. Таҳдидҳо карда буданд, ки “пешво” ба Итолё сафар дорад ва агар наздикатон,ки дар аврупо ҳаст дар истиқболи “пешво” иштирок намояд мо хонаҳои шуморо мусодира мекунем ва барқатонро барои ҳамеша қатъ мекунем. Агар дар фишорҳои солҳои гузашта ба пайвандони мухолифон намегуфтанд,ки ба наздиконатон ин фишори моро бигуед. Аммо дар муқаддимоти ин сафар ба пайвандони мухолифон ошкоро гуфтанд, ки бигуед ва огоҳ кунед, ки агар иштирок кунанд мо шуморо ба ин рӯзгори сахт гирифтор мекунем. Ин таҳдидҳо ба хонаводаҳои аъзои аршади ПМТ ва аъзои Гурӯҳи-24 ошкоро сурат гирифта буд. Намунаи ошкори он сухангуи ПМТ Салим Султонзода, ки дар Зафаробод мақомоти амниятӣ ошкоро ба бародаронаш таҳдид ва аз фишор оварданашон дар суҳбаташ гуфта буданд. Инчунин ба афроди дигари хонаводаҳои мухолифон, ки номаи дастаҷамъӣ ҳам нашр шуда буд.
Тамоми масорифи рафту баргашти ҳайати эъзомӣ, таҳияи асноди онҳо ва дар умум корҳои омодагӣ барои парвози ин сафарро Зоир Соҳибов, мулаққаб ба Пабло Эскобар, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов анҷом дода ва нафари маъмур ва мутасаддӣ барои иҷрои он, яъне роҳбарии ин ҳайат бар уҳдаи ҳоҷӣ Зайнулло Соҳибов, раиси Агентии харидҳои давлатӣ ва захоири моддӣ, ҷияни Зоир вогузор шудааст ва ҳоло ин ҳайат дар Аврупо қарор дорад.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар анҷоми бидуни мамониати ин сафар сафорати Бритониёи Кабир ва сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Рухшонаи Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки ҳамсари Шамсулло Соҳибов, бародари калонии ҳоҷӣ Зайнулло мебошад, саҳм гузоштааст. Бинобар маълумотҳои дарёфти ин сафари Раҳмонов бо мусоидати вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) сурат мегирад, ки бинобар навиштаи Азда «дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд. Ва интизор меравад, ин нишаст 24-уми апрели соли ҷорӣ дар қароргоҳи Оҷонсии ICE дар шаҳри Рим баргузор шавад.»
Дар ростои сафари Э.Раҳмонов ба Итолё ПМТ як изҳороте содир намуд,ки муҳтавои он ин аст:
Изҳороти ПМТ дар мавриди сафари Э. Раҳмон ба Итолиё
Бар асоси иттилооти расида, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қарор аст, рӯзҳои 23 ва 24-уми апрели 2024 ҳамроҳи як ҳайати баландпоя ба шаҳри Рими Итолиё сафар кунад.
Мутаассифона, Итолиё – яке аз кишварҳои демократӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад – Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз соли 1992 яъне беш аз 30 сол қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад ва тулонитарин ва хашинтарин диктатор дар сатҳи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ маҳсуб мешавад, пешвоз мегирад.
Тааҷҷубовар ин аст, ки кишварҳои урупоӣ алайҳи шахси Путин, раисҷумҳури Русия, ва Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, таҳримҳое эъмол карданд ва аз ҷумла, ахиран Маҷмаъи Парлумонии Шӯрои Урупо (PACE) эълом кард, ки машруъияти президентии Путинро дар пайи қатли раҳбари мухолифони рус, Алексей Навалний, ба расмият намешиносад. Аммо кишварҳои урупоӣ на танҳо Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз ин ду раисҷумҳур худкоматару хашинтар аст, таҳрим намекунанд, балки ӯро пешвоз мегиранду дасти ӯро мефишоранд.
Танҳо дар даҳ соли ахир, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳизби умдаи мухолиф ҲНИТ-ро мамнуъ эълом карду садҳо тан аз аъзои аршади онро ба солҳои тулонӣ ба зиндон фиристод ва бо тасвиби қонунҳое тамоми қудратро мунҳасир ба хонаводаи худ кард ва ахиран ақаллияти Помириро ба шиддат ва ба таври ваҳшонӣ саркуб кард, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо тан аз помириҳо ва зиндонӣ шудани садҳо тани дигар ба солҳои тулонӣ шуд.
Ҳамчунин, ба ҷони Умаралӣ Қувватов, муассиси “Гурӯҳи 24”, соли 2015 дар Истанбули Туркия суйиқасд сурат гирифт ва дар пайи он кушта шуд, ки ин гурӯҳ ин кушторро дасти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонад.
Дар беш аз 30 соли ҳокимияташ дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба миллати Тоҷик ҷуз фақру нодорӣ ва саркубгарию нақзи ҳуқуқи башар чизе ба армуғон наовардааст ва ҳамчунин ҳиҷрати миллионҳо тоҷик ба Русия ва кишварҳои урупоӣ ва гароиши рӯзафзуни ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва ширкати онҳо дар амалҳои террористӣ низ натоиҷи табии саркубгарӣ ва ноуҳдабароии сиёсатҳои Э. Раҳмон дар се даҳаи ахир аст. Бо эътирофи худи Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонони тоҷик танҳо дар се соли ахир дар 24 амали террористӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои урупоӣ ширкат карданд.
Паймони Миллии Тоҷикистон бо изҳори нигаронии ҷиддӣ дар ин маврид, аз ҷаҳони мутамаддин ва кишварҳои ғарбӣ, бахусус кишвари Итолиё даъват мекунад, ки ба ҷои пешвозгирӣ ва даст фишурдан бо диктатор ва худкома Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ фишор биоваранд, ки даст аз саркуби мардуми худ ва таъқиби дигарандешон ва хонаводаҳои онҳо бардорад ва зиндониёни сиёсиро бидуни қайду шарт озод кунад.
Ҳамчунин, Паймони миллии Тоҷикистон аз ҷаҳони мутамаддин ва тамоми кишварҳои демократӣ, бахусус урупоӣ, талаб менамояд, ки бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои худ ва даст фишурдан бо ӯ аз тарафи сарони ин кишварҳо дар машруъият додан ба режими худкомаи Раҳмон ва нақзи бештари ҳуқуқи башар ва саркубгариҳои бештар саҳм нагузоранд.
Паймони Миллии Тоҷикистон
19.04.2024