А.Раҳнамо :“омили калони геполитикӣ” на мухолифин,на Русия, оилаи Раҳмонов

Ислоҳ нет

Ҳамон вақте Абдуллоҳи Раҳнамо навишт, ки дигар аз боби сиёсат лаб фурӯ хоҳад баст ва дар охирин навиштааш ҳам, ки оппозитсиюн меҳвари гуфтааш буд, на ҳама ба қавли ӯ бовар карданд.Чунки ҷаноби доктар Раҳнамо дигар наметавонад, ихтиёраш дар дасти худаш нест,  вай як ҷузъи таркибии проекти “фермаи ҷавоб” аст, ва барои мудири ферма ҳар гоҳе лозим шуд, ӯро ба саҳна мекашад. Фарқи доктар Раҳнамо аз як муаллифи тозазуҳуре бо номи Девонсолор Сайф ин аст ки аз гузоштани имзои худаш изо намекашад. Ҳоло агар доктар Раҳнамо сад раҳ бигӯяд, ки бо амри дил ва хости худ навиштаи ахирашро иншо кардааст, бовар намекунам. Вай,то замоне, ки Раҳмонов дар қудрат ҳаст, маҷбуру ночор аст (на танҳо дар як баҳси марзӣ, балке дар тамоми масоил) ба ин саволҳо, ки худаш гузоштаасту худаш посух додааст:

“Чаро натиҷаҳои музокирот махфӣ монданд? Лаҳзаи геополитикӣ ба нафъи кист? Чаро бояд аз ҳайати давлатӣ ҳимоят кард?”

Инчунин саволҳое амсоли инҳо посух бидиҳад, бавижа ба саволи охирӣ: “Чаро бояд аз ҳайати давлатӣ ҳимоят кард?” Ин савол дигар ба масъалаи марказӣ ва усулии на танҳо афкору ақида, балке ҳаёту мамоти Раҳнамо мубаддал шудааст. Вай ҳатмани ҳатман бояд аз “ҳайати давлатӣ” ҳимоят кунад ва давлатро “ниҳодина” созад. Албатта, давлати Раҳмоновро!! Инро бароятон бори дигар собит менамоям (поинтар), дигар ҷузъи таркибии ҳайати “фермаи ҷавоб” аст.

 Матлаби ахираш,ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ,аз ҷумла тавассути “Rashid Rashidiyon” нашру пахш шудааст, ин гуфтаҳои маро таъйид мекунад.

     “Дар баҳси марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам, ки мисли гузаштаҳо булфузулӣ нишон дода “яку дуву севу чаҳор”-ро қатор кардаву аз Дастгоҳи иҷроияву Маркази тадқиқоти стратегӣ ва аз огоҳиаш аз ин масъала ёдоварӣ мекунад, боз ҳам мухолифинро бадном мекунад, ки фазо барои музокираро муташанниҷ карданианд. Дар ин бора як каме поинтар мегӯям вале ҳоло бубинед,ки доктар Раҳнамо чиҳо гуфтааст.”

Ба назари доктар Раҳнамо “масъалаи марзи давлатӣ басе фаротар аз баҳсҳои сиёсиии воқеъию маҷозии байнитоҷикӣ, басе муҳимтар аз ихтилофҳои ҷузъию куллии мавҷуда байни афрод ё доираҳои сиёсӣ мебошад” ва… “дар масъалаи марз сухан на танҳо дар бораи пораи замин, балки дар бораи як асли муқаддас, дар бораи номуси миллӣ, дар бораи рӯҳияи миллӣ ва манфиати ӣҳмиллӣ меравад” ва ….  “хомӯшию тамошогарии ин ҳама олиму адибу сиёсатшинос”…. “он баҳси роҳбарони ду ҳайат ё баҳси марзу манфиати ду ҳукумат нест” ва ҳамин гунаву ҳоказоҳо.

Хонандаи закӣ бояд пай бурда бошад, ки ончи даруни нохунак аст аз доктар Раҳнамо мебошад. Ва Раҳнамо бо ҳама сӯхтанҳову пухтанҳояш дар ин навишта ин фикрро талқин ва таъкид карда истодааст, бояд ҳамагон ҳайати давлати Тоҷикистонро дар баробари ҳайати давлати ҳамсоя тарафдорӣ намоем. Ингор танҳо ӯ медонад ва мефаҳмад, ки марз пораи замин несту марз номус аст.

“Аммо бояд бигӯям, ки дар ин музокироти сухан танҳо дар бораи пораи замин аст. Ин пораи замин аст, ки болояш ҷангу хунрезӣ шуда истодааст. Ҳамин пораи замин аст,ки айни нангу номус аст ва ташвишу хавотирии мухолифин он аст ки ин бор ҳам Раҳмонов хоки муқаддас-пораи заминро нафурӯшад.Чунки вай чунин таҷрибаро дорад ва Раҳнамо аз он ба хубӣ огоҳ аст. Раҳнамо ба хубӣ бояд огоҳ бошад, ки аз хиттаи Бадахшон- 1150 км мураббаъ (баробар ба чанд ноҳияи Деваштич) –ро бо чи шарту шуруте ба Хитой дод? Ҳоло бар ивази вогузории ин миқдори хоки замин аз Хитой чи гирифтем?”

Роҳи пулакии IRS?Конҳои тиллои Кумарғи болову Дуобаи ноҳияи Айнӣ? Ва кони нуқраи Мурғоб ва таъсису ташкили пойгоҳи ҳарбии Хитой дар Помир? Хабарҳо ҳокист, ки Раҳмонов дар Хитой коргоҳҳо ва ҳатто дар нимҷазираи Ҳайнан даҳҳо опортумону меҳмонхонаҳову микрорайон, ки арзиши он наздик ба 1 миллиард доллар гуфта мешавадро ба ивази ин ҳама “бахшиданҳо” гирифтааст.

Раҳнамо дар идомаи ин матлабаш навиштааст: “…. натиҷаи як бозии футболро бештар аз натиҷаи музокироти марзӣ интизорӣ мекашем. Камтари мо шабе бедор ё соате интизору беқарор истодаем, то аз натиҷаи музокироти марзӣ огоҳ шавем

Аммо ман гуфтаниам, ки доктар Абдулло агар то саҳар не, то охири умрат бедор истӣ ҳам, Раҳмонов ин баҳсро дар доираи манофеи худ ҳал мекунад. Дар доираи манофеи ҳокимияти хонаводагии худаш. Баъдан куҷо натоиҷи он музокирот ба шакли воқеъӣ нашр шуд? Аммо Қирғизҳо бошанд онро ба шаҳрвандонашон ошкоро нашр карданд ва боз бештар хоки моро толибанд. Магар ин дурӯғ аст ҷаноби доктар?

“Албатта,тамоми нуктаҳои ин навиштаи доктар Абдуллоро мешавад ба баҳс кашид. Вале муроди мо ин нест. Мо ин нуктаро мехоҳем арз бидорем,ки доктар Абдулло,қасд дорад, ки бохт ва шикасту гузаштҳои дар ҳоли анҷоми ҳайати давлати Раҳмонов дар баробари ҳайати Қирғизистонро ба гунаи дигар ҷилва диҳад.”

Аз як сӯ ба мухолифин часпидааст ва аз тарафи дигар аз “омили калони геполитикӣ” шиква кардааст, ки “дар лаҳзаи феълӣ” ба нафъи мо нест.

 “Омили калони геополитикӣ” ба нафъи кӣ аст? Ба нафъи қирғизҳо? Чаро “омили калони геополитикӣ” ин тавр шудааст ва кӣ ба ин ҳолат расонидааст? Шумо ҳам мегӯед, ки пушти қирғизҳо русҳоанд? Магар ин русҳо набуданд, ки Раҳмоновро то имрӯз рӯрӯи даст гардонида истодаанд. Ҳамин тавр не? Аммо Раҳмонов чи кор карда истодааст? Бояд воқеъбин бошем. Ҳамин тавр не? Ҳол чаро Русия пушти Раҳмоновро бигирад? Барои онки Раҳмонову оилаи Соҳибовҳо (Шамсулло ва Фароз)  раванду аз Қирғизистон бензини қочоқӣ ва дуздӣ вориди кишвар кунанду аз кишвар ба Афғонистон фурӯшанд? Ва ё конфету руғану дигар молу маҳсулоти  Русияро аз Қирғизистон контрабанда карда доллар кор кунанд? Бигзарем аз ин ҳама.Чаро Раҳмонов вориди Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё намешавад? Барои ана ҳамин контрабанда аз Чин ва аз Қирғизистон. Чунки контрабандистҳо домодҳои худи Раҳмонов ва рафиқони Рустами писараш ҳастанд.

Дар инҷо доктар Раҳнамо боз ҳам аз мавқеи маҷҳули ҳайати давлати Тоҷикистон пуштибонӣ карда ва пинҳон доштани маълумот аз ҷараёни музокиротро кори дуруст хондааст, чунки “ метавонад маводи хубе барои фитнаҳои қувваҳои сеюм гардад”.

“Мо дар тааҷҷуб ҳастем, ки  ҳамеша барои Раҳмонов ва дору дастааш як қувваи сеюме вуҷуд доштаасту дорад. Албатта, ки қувваи дуввум гуфта ҳамон мухолифин ва ҳамон Кабирӣ ва ҲНИТ-ро дар назар дорад. Шояд инҷо истисно бошад, ки ду қувва яъне тоҷикиву қирғизӣ вале қувваи сеюм кӣ бошад? Русҳо? Лаврову Путин, Амрико?”

Қирғизҳо гапашонро барои мардумашон гуфта истодаанд ва ҳиҷ ҳаросе ва нигароние аз кадом як қувваи сеюм надоранд. Аммо чаро Раҳмонову Раҳнамо чунин тарсу ҳарос доранд? Махфияти музокироти баҳси марзиро Раҳнамо кори дурусту мусбат хондааст. Агар нуктаи мусбат барои халқи Тоҷикистон бошад чи зарурат барои махфият?

 “Боз ҳам баргардем ба масъалаи додани замин ба Хитой. Вақте Раҳмонов заминро ба   Хитой  дод аз касе пурсид? Раҳмонов инҷо хиёнати давлатӣ ва ҷинояти зиддиконститутсионӣ содир кард ва савганди президентро шикаст. Ҳоло ҳам бояд ҳамин тавр кунад? Ва,мардум ҳам нагӯянду напурсанд? Ҳамин исфарагиҳо агар Раҳмонов Хоҷаи аъло ё Чоркӯҳ ё Ворухро ба Қирғизистон бидиҳад боз ҳам “ҳайати давлат”ро ҷонибдорӣ кунанд? Мавқеи давлат бо мавқеи мардум ва соҳибони асосии ин хоку ин марз мухолиф бошад чӣ? Агар ин “давлат” барои бақои худаш ва таҳкими ҳокимияти хонаводагиаш дар ин баҳси марзӣ ҳам манфоеи миллат ва мардумро бифрӯшад чӣ? Ҳайати музокиракунанда давлат он вақт ҳайати ҳамаи мо хоҳад буд, ки манфиати ҳамаи моро ҳифзу ҳимоят карда бошад. Агар ин ҳайат манфиати “давлат”-и мавриди назари шумор ҳимоят карда бошад, набояд шикасту рехту бохти онро болои “омили калони геополитикӣ” ва мухолфин бор кард.”

Дар воқеъ агар ин “ҳайати давлатӣ” манфиати Соҳибовҳоро (Фароз)-ро ҳимоят карда бошад чӣ? Бале ҳамин Соҳибовҳои дар Бохтар, ки  номи худу номи падарашон яке аз даҳонҳо уфтод. Ин киҳоанд? Бо Раҳмонов чи иртибот доранд?

“Мефаҳмед, ки чаро Раҳмонов ба ИИАО-ЕвраАзес дохил намешавад? Барои онки тамоми тиҷорати самти Хитойро ба оилаи Соҳибовҳо вогузор кардааст. Ва ин Соҳибовҳо инҳоанд: Маҳмадзоҳир шӯи Фирӯза, Шамсулло шӯи Рухшона ва Исмоил писари Фируза. Ҳамоне,ки Коллеҷи тиббиро дар Бохтар фаъол кард. Инҳоанд ки Раҳмонов наметавонад ба ИИАО дохил шавад, чунки тиҷоратҳои оилаи Раҳмонов ғайриимкон мешавад ва онки Раҳнамо “омили калони геополитикӣ” мегӯяд ҳамин масъала аст. Геополитика инҷо Амрико нест, геполитика инҷо Русия аст.”Қувваи сеюм”-и фитнакоре, ки Раҳнамо мегӯяд ҳамин Русия аст.”

Ман бори дигар таъкид менамоям,ки  ин навиштаи Раҳнамо як навъ замина ва фазосозии пешакӣ барои шикасти Раҳмонов дар ҳалли масъалаи марз бо Қирғизистон аст. Ҳоло, ки музокирот ба охир нарасида қирғизҳо дар даруни Исфара боғ бунёд мекунанду байрақ мезананд, маълум аст ки чи натиҷа бор меоварад. Ва, онро ӯ бо фармоиш ва супориши хоҷагонаш навиштааст ва вай ҷузъи таркибии “фермаи ҷавоб” аст.

Ҳоло барои ин гуфтаам, ки пештар низ тазаккур дода будам далел меоварам.

Дар идомаи ин навиштааш доктар Раҳнамо чунин андешаи подарҳавоеро  ба миён овардааст:

“….. ба назари шахсии банда дар ҳамин шабу рӯз бознашр ва шарҳи эҳсосии як мусоҳибаи кӯҳнаи раиси ҳайати Қирғизистон дар расонаву сомонаи баъзе гурӯҳҳои точик, аз ҷумла дар «Паём», ба фазои созандаи муносибатҳо таъсири манфӣ гузошт. То ҷое, ки ин амал боиси ҳайрати ҷониби ҳамсоя гашт, ки чаро бо вуҷуди музокироти бисёр хуб, «тоҷикон» ин маводро дар чунин лаҳза ёфтаву нашр кардаанд ва ба ҷойи эътимод миёни ҷонибҳо ҳисси нобоварӣ мекоранд? Бале, дигарон ҳамаи моро маҳз ҳамчун «тоҷикон» мешиносанд ва гумон мекунанд, ки чунин зарба ба музокиротро маҳз «тоҷикон» задаанд”.

Аҷаб! Воқеан ҳам бояд ду даст дар гиребон бурду “ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳ”... гуфт. Инки Қамчибек Тошиев тоҷику Тоҷикистонро миллату давлат намеҳисобаду сохта дар террориторияи Узбакистону Қирғизистон мегӯяд ва агар онро имрӯз ёдоварӣ карду гуфт,ки қирғизҳо як чунин нафареро бо чунин назару бо чунин шинохт аз тоҷику Тоҷикистон роҳбари ҳайати музокиротӣ кардаанд, инҷо “Паём” ва муаллифони он чи тақсире доранд?

Аз сӯи дигар дар ҳамин шабу саҳар  бояд бо доктар Абдулло машварат кард,ки чи бигӯему чи бинависем? Ҳоло акнун Абдулло Раҳнамо тоҷик шудаасту мо не?

Бубинед, ки то куҷо ноҷавонмардона, муғамбирона вале аз тарафи дигар ба маънои комили калима ба мисли як далла хомафарсоӣ кардааст. Аз тарафи дигар ин доктар Абдулло чи тавр фаҳмида, ки ҷониби қирғизҳо “ҳайрон” шудаанд, кӣ ба ӯ гуфт? Магар бо мақомоти амниятии ҳамсоя алоқаҳои алоҳида ва хусусӣ дорад, ки барояш аз ин навиштаи “Паём” гилоя кардаанд?

Баъид нест, ки фардо нависад, ки агар шумо ҳамин наворро нашр намекардед, мо маҷбур ба додани Исфара намешудем. Яъне пешопеш ҷиноят ва хиёнати бар зидди давлат ва мардуми тоҷикро вай як амре воҷиб  бишиносонида истодааст. Ва,айбро бори ҳар касеву ҳар гурӯҳеву ҳар геополитика карда истодааст,то ки Ятимови ботаҷриба ва Раҳмонови давлатмеҳварро аз об хушк барорад. Ин мавқеу наазари як корманд ва ҷузъи таркибии “фермаи ҷавоб” нест?”

Ҳоло агар боваратон наомад, ки Раҳнамо ҷузъи ин ферма асту ин маводро бо супориши мудири ферма навиштааст ба ин тарафи қазия аҳамият диҳед. Манзурам бознашри ҳамин матлаби Абдулло раҳнамо аз тарафи  Rashid Rashidiyon” дар фейсбук аст. Ин нафар кист барои ҳама корарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯшан аст.

“Rashid Rashidiyon” ҳамин ҷумлаи дар боло иқтибосовардаи моро бо изофаи зайл бознашр кардааст:

“….  баназари шахсии банда дар ҳамин шабу рӯз бознашр ва шарҳи эҳсосии як мусоҳибаи кӯҳнаи раиси ҳайати Қирқизистон дар расонаву сомонаи баъзе гурӯҳҳои точик, аз ҷумла дар «Паём», ки ба ташкилоти террористи экстремистии собик хизб нахзати ислом таалук дорад ба фазои созандаи муносибатҳо таъсири манфӣ гузошт. То ҷое, ки ин амал боиси ҳайрати ҷониби ҳамсоя гашт, ки чаро бо вуҷуди музокироти бисёр хуб, «тоҷикон» ин маводро дар чунин лаҳза ёфтаву нашр кардаанд ва ба ҷойи эътимод миёни ҷонибҳо ҳисси нобоварӣ мекоранд? Бале, дигарон ҳамаи моро маҳз ҳамчун «тоҷикон» мешиносанд ва гумон мекунанд, ки чунин зарба ба музокиротро маҳз «тоҷикон» задаанд”.

 Хонандаи азиз мутаваҷҷеҳ шудед?

Инҷои ин ҷумла: “ки ба ташкилоти террористи экстремистии собик хизб нахзати ислом таалук дорад” дар навиштаи Абдулло дар сафҳааш нест ва инро муҳаррири “фермаи ҷавоб” дар матни Раҳнамо ворид кардааст. Бубинед, ки онҷо ҳатто ҳарфҳо фарқ мекунад.

Агар Раҳнамо як бозича ва як инструмент набуд, агар дар пеши мудири фермаи ҷавоб қадру манзалат медошт, дар навиштаи ӯ чунин чизро илова намекарданд. Барои ҳамин мо мегӯем,ки Абдуллоҳи Раҳнамо, дигар ҳар чизе бигӯяд чизи гуфтаи худаш нест. Вай дигар сухангӯ ва нависандаи фермаи ҷавоб аст. Беҳтар аст ӯ ҳам зери номи мустаоре биравад. Мисли Девонсолор Сайфак

Share This Article