Фардо 30-уми моҳи шаъбон аст ва рӯзи панҷшанбе 17-уми май Аввали моҳи рамазон!

Ислоҳ нет

 

Чунонеки қаблан ёдовар шуда будем дар оғози моҳи мубораки Шаъбон,тибқи ҳисоботи фалакӣ имкон дошт моҳи шаъбон 29 рӯз бошад ва ба  16-уми май мусодиф ояд,ин тавақууъ бар ҳисоботи фалакӣ буд на бо дидани моҳ.Аммо дидани моҳи ҷадид тибқи ҳадиси саҳеҳи Расули акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам) муҳим аст.

قال صلى الله عليه وسلم

 (صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ وَأَفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ، فَإِنْ غُبِّيَ عَلَيْكُمْ: فَأَكْمِلُوا عِدَّةَ شَعْبَانَ ثَلَاثِينَ

)،وفي رواية: (فَإِنْ غُمِّيَ عَلَيْكُمْ فَأَكْمِلُوا الْعَدَدَ)،وفي رواية:

 (فَإِنْ أُغْمِيَ عَلَيْكُمْ فَاقْدِرُوا لَهُ ثَلَاثِينَ)

، ورواية أخرى: (فَإِنْ غُمَّ عَلَيْكُمْ فَاقْدُرُوا لَهُ).

Рӯза бигиред бо дидани моҳ ва ифтор(ид кунед) бо дидани моҳ.Агар натавонистед дидани моҳро пас  комил намоед шаъбонро сӣ рӯз.”(мутафақун алайҳи) Бо чанд ривоят омадааст матнҳои ҳадис дар ин маврид,бо тарҷумаи яктоаш иктфо менамоям зеро вақт хело танг аст.

Дар лафзҳои гуногӯне,ки дар чанд ҳадис ба ин муносибат омадааст.Манзури уламо дар умум як аст ва он пурра кардани моҳ ҳангомеки моҳи ҷадид дида нашавад.Чунонеки имрӯз таваққуъ доштем фардо аввали моҳи рамазон аст.Аммо чун моҳи ҷадид дида нашуд моҳи шаъбонро комил яъне 30 рӯз ҳисоб мекунем ва  аввали моҳи рамазонро рӯзи 17 –уми май оғоз менамоем.

Тибқи ҳисобти фалакӣ, на тибқи рӯъяти бо чашм мебоист моҳи шаъбон 29 мешуд.Аммо чунин нашуд ва имрӯз пас аз аср,то шом ва ҳатто то вақти намози хуфтанҳам расадхонаҳо диққат намуданд моҳи навро надиданд.Аз ин сабаб фардо 30-уми моҳи шаъбон аст ва рӯзи панҷшанбе 17-уми май аввали моҳи мубораки рамазон аст.

Ин хабар ро давлати Саъудӣ ва  ҳама давлатҳои халиҷӣ ва дорулифтои давлати Миср бо маъҳади диросоти фалакӣ, чанд дақиқа пеш эълон намуданд ва аксари давлатҳои дигарҳам аз ин пайравӣ намуданро эълон намуданд.

Инро низ дар ёд дошта бошед,ки моҳҳои ҳиҷри қамарӣ даҳ моҳаш 29 рӯз аст ва ду моҳаш 30 рӯз.Аз ин хотир метавонад моҳи рамазон 29 рӯз бошад.Муҳим мо бо дидани моҳ рӯза мегирем ва бо дидани моҳи ҷадид иди фитрро таҷлил мекунем.Пас фардо бегоҳ намози таровеҳро дар масоҷид ва он амокине махсӯсӣ гузоридани намоз мебошанд адо менамоем.Аллоҳ ибодатҳои моҳи шаъбони моро бипазирад ва моҳи рамазонро бароямон моҳи гуноҳсӯз ва бахшиши гуноҳонамон қарор бидиҳад омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article