Дорулифтои давлати Мисри Араб ва умулқурои давлати Саъудӣ, ва расадхонаҳои давлатҳои кувайт,қатар,покистон ва қораи ҳинд ва аксари давлатҳои исломӣ дар мавриди оғози моҳи раҷаб пас аз инки моҳи ҷадидро дирӯз 06.03.2019 надиданд.Рӯзи 07.03.2019 ро 30 уми моҳи ҷимодусонӣ ҳисобиданд.
Рӯзи ҷумъа 08.03.2019, аввали моҳи раҷаби соли 1440 ҳ.қ эълон шуд. Ин эълони дор-ул-ифтои давлати Миср ва Саъудӣ, ки одатан ҳама олами ислом ба ин ду дар тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ истинод мекунанд.Тибқи назарҳои уламои фалакшиносӣ моҳи раҷаб 29 рӯз метавонад бошад.
Хонандагони зиёд дар мавриди моҳи раҷаб ва фазилати он аз мо савол карданд. Ба ин масъала бештар таваҷҷӯҳ намуда, хостанд, ки фазилати ин моҳро барояшон баён намоем.
Фазилати моҳи Раҷаб
Моҳи Раҷаб моҳи ҳафтуми солшумории ҳиҷрии қамарӣ ва дуввумин моҳи ҳароми ин солшуморӣ аст. Ин моҳ дар аҳди қадим ё қабл аз ислом ҳам мавриди эҳтиромӣ қавму қабилаҳои араб буд. Аз оғози ин моҳ ҷангро хотима мебахшиданд ва силоҳҳояшонро бар замин мегузоштанд.
Гоҳо ин моҳро Раҷаби музар ҳам мегуфтанд, зеро барои қабилаи Музар ин моҳ моҳи хос буд ва баробари омадани он силоҳҳояшонро бар замин мегузоштанд. Агар қабилаҳои дигари араб ин моҳро фаромӯш мекарданд, қабилаи Музар ба ҳама ҳулули ин моҳро хабар медоданд. Биноан ин моҳро Раҷаби Музар ҳам мегуфтанд. Араб қабл аз ислом ин моҳро бо чандин ном (бо ҳаждаҳ ном) ёд мекарданд:
-Раҷаб, ин моҳро дар ҷоҳилият эҳтиром мекарданд.
– Аласам, дар ин моҳ ҷангро тарк мекарданд ва ҳеҷ садои бархурди шамшер бо шамшере ва садои талабкунандаи кӯмаке (ёрӣ диҳед) шунида намешуд.
-Аласаб, мушрикони Макка бар ин эътиқод буданд, ки раҳмат дар ин моҳ сарозер мегардад.
-Раҷм, шайтонҳо дар ин моҳ сангсор ва пеш карда мешаванд.
-Ал-муқим, эҳтироми ин моҳ собит аст ва набояд онро бе эҳтиромӣ кард, зеро аз моҳҳои чоргонаи ҳаром аст.
-Ал-муъаллӣ, тирҳои қимори боарзиш наздашон буд, ки бо он насаби фарзандро муайян мекарданд ва чунин меномиданд, зеро манзалати ин моҳ барояшон баланд буд.
-Алмубарӣ, дар даврони ҷоҳилият шахсоне, ки ҷангида наметавонистанд чунин мегуфтанд: аз зулму нифоқ безор шудем. Ин моҳ моҳе буд дигар ҷангу хунрезӣ набуд.
Барои муаррифии ин моҳ дар даврони ҷоҳилият ё қабл аз ислом, ки бо чӣ номҳо маъруф буд ва чӣ қадру манзалат дошт, ҳамин ҷо иктифо мекунем.
Воҷиб аст барои ҳар мусалмон, то эҳтироми ин моҳи ҳаромро донад. Ин дин дини мустақим ва устуворест, ки дар он ҳеҷ каҷӣ ва иштибоҳ вуҷуд надорад.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
﴿إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِنْدَ اللهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ فَلا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ﴾ التوبة 36
“Шумораи моҳҳо дар ҳукм ва тақдири Худо, дар китоби Худо- аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарид, -дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ моҳҳои ҳароманд. Ин аст шеваи дуруст. Дар он моҳҳо бар хештан ситам макунед (аз фармони Худо сар мапечед)”.
(Сураи Тавба, ояти 36)
Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) дар тафсири ин оят чунин фармудааст: албатта мусалмон набояд дар ҳеҷ моҳ гуноҳ ва нофармонӣ кунад, хосса дар ин чор моҳи ҳаром,Муҳаррам,Раҷаб, Зулқаъда, Зулҳиҷҷа,. Дар ин чор моҳ гуноҳ кардан аз гуноҳони бузург аст. Инчунин амали солеҳ кардан дар ин моҳҳо аҷру подоши хуберо дар пай дорад. Гумон меравад фазилат ва бузургдошти ин моҳ мукаммал гардид.
Оё дар моҳи Раҷаб ибодатҳои махсус, рӯза гирифтан, намоз хондан ё зикри махсӯсе омадааст?
-баъзе аз мардумон дар аввалин рӯзи панҷшанбеи раҷаб рӯза мегиранд ва шомаш намози роғиб мехонанд.
-дар моҳи раҷаб чорпоеро мекушанд гӯё махсус барои ин моҳ ин амалро анҷом медиҳанд.
-моҳи раҷабро ба рӯза гирифтан ва эътикоф нишастан дар масҷидҳо мегузаронанд.
-баъзеҳо дар моҳи раҷаб умра мекунанд ва закоти худро махсус дар ин моҳ медиҳанд.
Амалҳои зиёди дигар ҳам анҷом медиҳанд ва манзур аз ин амалҳо касби аҷру савоб аст. Бештари мардум амалҳои дар боло зикргардидаро бо гумони фазилати хоси ин моҳ анҷом медиҳанд. Дар ҳоле ки ин амалҳо аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам), хулафои рошидин (раз) ва асҳоби киром (раз) наомадааст.
Айммаи Аҳли суннат ҳам барои ин моҳ фазилати дигар ҷуз ин ки яке аз моҳҳои ҳаром аст муқаррар накардаанд ва рӯза доштанро дар ин моҳ мустаҳаб гуфтаанд на суннат.
Ақволи уламо дар мавриди фазилатҳои сохтагии моҳи раҷаб.
1.) Имом Абуҳанифа (раҳ) рӯза доштани моҳҳои раҷаб ва шаъбонро мустаҳаб медонанд. Инчунин мустаҳаб аст рӯза доштани се рӯзи ҳар моҳи ҳаром, рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе. Яъне рӯза гирифтан дар ин рӯзҳо мустаҳаб аст на суннат. Назди се мазҳаби Аҳли суннат, ҳанафӣ, моликӣ ва шофеъӣ рӯза доштан дар моҳи раҷаб ва шаъбон мустаҳаб яъне дӯстдошташуда аст. Назди мазҳаби Имом Ҳанбал рӯза доштан ва эътиқоди фазилат намудани моҳи раҷаб макрӯҳ аст танҳо моҳи ҳаром ин моҳро бояд донист,на беш аз он.
2.) Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (раҳ) мегӯяд: Дар мавриди фазилати моҳи раҷаб на дар рӯза доштан, на дар рӯза доштани рӯзҳои муайяне аз ин моҳ ва на дар мавриди зинда доштани ягон шаби ин моҳ чизе наомада, ки ҳамчун далел аз он истифода барем.
Аҳодисе, ки дар мавриди фазилати моҳи раҷаб омадаанд ё дар мавриди рӯза доштани ин моҳ ё дар мавриди рӯза доштани кадом рӯзи муайяне аз ин моҳ, он аҳодис ё заифанд ё мавзуъ.
Ҳама он аҳодисро ҷамъоварӣ намуданд, ки аз онҳо ёздаҳ ҳадис, аҳодиси заиф ва бисту як ҳадис, аҳодиси мавзуъ дар фазилати ин моҳ расидааст, ки аз онҳо ду ҳадисро барои намуна меорем:
رجب شهر الله، وشعبان شهري، ورمضان شهر أمتي. باطل
“Раҷаб моҳи Аллоҳ аст, шаъбон моҳи ман аст ва рамазон моҳи уммати ман аст”. (Ҳадиси ботил ё сохта аст)
لم يصم رسول الله صلى الله عليه وسلم بعد رمضان إلا رجب وشعبان. ضعيف
“Рӯза надоштаанд Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи васаллам) пас аз рамазон, магар раҷаб ва шаъбонро” (Ҳадиси заъиф)
2.) Шайх Абубакр Алтартушӣ (раҳ) дар китоби “Ал-бидаъ вал ҳаводис” менависанд: Рӯза гирифтани моҳи раҷаб ба се ваҷҳ макрӯҳ аст.
-агар мусалмонон ин моҳро ҳар сол ба рӯза гирифтан махсус бигардонанд, ҳамон тавре ки мардуми авом (нодон) ин корро мекунанд, дар оянда рӯза доштанро дар ин моҳ мисли моҳи рамазон фарз меҳисобанд.
-ё ин ки мардум онро суннати собита мисли дигар суннатҳои собита меҳисобанд.
– ё ин ки мардум фикр мекунанд, ки рӯза доштан дар ин моҳ фазлаш зиёд аст аз рӯза доштан дар моҳҳои дигари сол.
Агар фазли махсусе дар ин моҳ мебуд ҷуз ин ки моҳи ҳаром аст ҳатман онро Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) барои умматаш баён медоштанд.
3.) Шайх Сайид Собиқ (раҳ) дар “Фиқҳ-ус-с-унна”-ашон мегӯянд: Рӯза доштани моҳи раҷабро фазлу бартарии хосе бар моҳҳои дигари сол нест. Танҳо ин аст, ки раҷаб яке аз моҳҳои ҳаром аст. Инчунин дар суннати саҳеҳ наомада, ки рӯза доштан фазилати махсус дорад. Ҳама он чи, ки дар фазли ин моҳ омадааст, наметавонем ҳамчун ҳуҷҷат ва далел онҳоро истифода барем.
Оё Исро ва Меъроҷ дар моҳи раҷаб аст?
Мардум дар умум муътақиданд, ки шабе, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) аз Макка ба Байтулмуқаддас ва аз он ҷо бо боло рафтанд ин ҳодиса ба номи Исро ва ё Меъроҷ маъруф аст, ки он дар 27 моҳи раҷаб сурат гирифтааст.
Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар Фатҳ-ул-борӣ мегӯяд: Дар мавриди шабе, ки ин ҳодиса сурат гирифтааст даҳ қавл вуҷуд дорад. Уламо бар ин қавланд, ки Исро ва Меъроҷ дар моҳи рамазон сурат гирифтааст. Бархе мегӯянд дар моҳи шаввол ва гурӯҳи дигар дар раҷаб ё рабеъ-ул аввал, инчунин рабеъ-ул-охир-ро ҳам гуфтаанд.
Имом Абуисҳоқ Ал-ҳарбӣ мегӯяд: Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) дар шаби 27 моҳи рабеъ-ул-аввал Исро ва Меъроҷ рафтанд.
Хулас қавли муҳаққиқин ва уламо метавон дарёфт, ки Исро ва Меъроҷ шаби бузургест, аммо аз чашмҳо маҷҳул ва номуайян аст.
Бале, баъзе ибодатҳое вуҷуд доранд, ки вақти онҳо аз мо пӯшида ва номуайянанд, аз ин рӯ мебояд онҳоро ҷӯё шуд, то касби файзу савоб намоем, зеро дар онҳо савобҳои бузурге нуҳуфта аст.
Мисли шаби қадр, ки дар моҳи рамазон, дар даҳи охир ва шабҳои тоқи он аст, аммо дақиқ нест кадом шаб аст. Инчунин рӯзи ҷумъа соате ҳаст, ки дуъо дар он соат мустаҷоб мешавад, аммо он соат дақиқан муайян нест, пас мусалмонро мебояд пайваста дар ибодату дуъо қарор дошта бошад. Барои дарки хуби ин маънӣ ва манзури хидмат ба хонандаи азиз инро низ мегӯям, ки моҳи раҷаб яке аз моҳҳои чоргонаи ҳурм аст ва набояд аз пеши худ барои ин моҳ фазоиле эътиқод намоем, ки он дар суннат вуҷуд надошта бошад.
Метавонед мисли моҳҳои дигар рӯзҳои душанбеву панҷшанбе ва рӯзҳои бйиз 13, 14 ва 15 ин моҳ рӯза гиред, Қуръон тиловат кунед ва эҳтироми ин моҳро дошта бошед. Гуноҳ кардан дар моҳи ҳаром гуноҳаш бештар аз моҳҳои муқаррарӣ аст. Барои хоҳарону бонувон тавсия мешавад, ки рӯзаҳои қарзии моҳи рамазони гузаштаатонро дар ин ду моҳ то оғози рамазон ҳатман гиред. Аз баъзе саволҳои бонувон бармеояд, ки қарзҳои моҳи рамазонро, ҳанӯз нагирифтаанд. Зани мусалмон набояд то моҳи рамазон қарзҳои рамазони гузаштаро расонад.
Масалан дар ин моҳ рӯзҳои 13,14,15 миёнаи моҳ,ки ба рӯзҳои Бйиз маъруф аст.Мутобиқ ба 19,20,21 моҳи март муносиб меояд,марҳамат рӯза доред ва аҷру савоберо ҳосил намоед.
Инчунин мардоне, ки аз рамазони гузашта қарзи рӯза доранд ҳатман дар ин ду моҳ онро адо намоянд ва ба рамазон омода бошанд. Моҳи раҷаб ва шаъбон ин мужда ва навид аз қудуми моҳи рамазон аст. Пас, мебояд давоми ин ду моҳ омода шавем, то моҳи рамазонро ба хубиву хушӣ, бо дилу нияти пок ва рафъи гуноҳон истиқбол намоем.
Бузурге фармуда: Моҳи раҷаб мисли бод ва шаъбон шабеҳи абр ва рамазон монанди борон аст. Пас, ҳар ки дар раҷаб кишт накард ва дар шаъбон об надод чӣ тавр дар рамазон ҳосилашро ҷамъ мекунад?
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН