Фарзандони Абӯбакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу)
Бахши дуввуми мақола.
1. Абдурраҳмон ибни Абӯбакр (р)
Абдурраҳмон, бузургтарин писари Абӯбакр (р) мебошад, ки дар рӯзи Ҳудайбия мусалмон шуд ва дар ислом собиқаи неке аз худ ба ҷой гузошт ва бо Расули Худо (с) ҳамроҳӣ намуд. Вай бо далерӣ ва шуҷоат машҳур буда, пас аз мусалмон шудан, дар ҷангҳо аз худ вазъияти хуб ва намунавӣ нишон додааст.
2. Абдуллоҳ ибни Абӯбакр (р)
Вай дар ҷараёни ҳиҷрати паёмбар (с) ва Абӯбакр (р) нақши фаъол иҷро намуд. Ӯ рӯзҳо дар миёни аҳли Макка мемонд ва бо шунидани суханони аҳли Макка ва касби иттилоот, пинҳонӣ ба ғор мерафт ва шунидаҳо ва дидаҳояшро ба паёмбар (с) ва падараш гузориш медод ва субҳидам барои касби хабар ва интиқоли он ба паёмбар (с) ба Макка бозмегашт.
Ӯ дар ҷанги Тоиф тире хӯрд, ки ҷароҳаташ ҳамеша ӯро ҳамроҳӣ кард, то ин ки дар Мадинаи мунаввара ва дар замони хилофати падараш, бар асари ҷароҳати ҳамон тир, шаҳид шуд.
3. Муҳаммад ибни Абӯбакр (р)
Модараш Асмо бинти Умайс аст. Муҳаммад дар соли ҳаҷҷату-л-видоъ ба дунё омад ва аз ҷавонмардони Қурайш буд. Дар замони Алӣ ибни Абӯтолиб (р) зиндагӣ кард, ки тавассути Алӣ (р) ба сифати волии Миср гумошта шуд ва дар ҳамон ҷо ба қатл расид.
4. Асмо бинти Абӯбакр (р)
Асмо (р) аз Оиша (р) бузургтар буд. Расули акрам (с) ӯро Зоту-н-нитоқайн номиданд. Зоту-н-нитоқайн, яъне соҳиби ду доман. Ҷараёнаш аз ин қарор аст, ки Асмо (р) тӯшаи сафари паёмбар (с)-ро дар ҳиҷрат фароҳам кард ва чун чизе барои бастани тӯшаи сафар наёфт, доманашро ду қисмат кард, ки як бахши он ба унвони доман истифода намуд ва бо дигарӣ даҳони кисаро (халтаро) баст. Расули Худо (с) ҳамонҷо ӯро Зоту-н-нитоқайн номиданд. Асмо (р) бо Зубайр ибни Авом издивоҷ кард ва дар холе ки Абдуллоҳ ибни Зубайр (р)-ро дар шикам дошт ба Мадина ҳиҷрат намуд ва аввалин навзоде, ки пас аз ҳиҷрат дар Мадина зода шуд, Абдуллоҳ писари Зубайр аз Асмо буд. Асмо (р) сад сол умр дид ва дучори парешонхотирӣ ва оризаи фаромӯшии пирсолӣ ҳам нашуд. Панҷоҳу шаш ҳадис аз Расули Худо (с) ривоят кардааст, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ва писарони он бонуи бузургвор Абдуллоҳ ва Урва ва ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Абӯмулайка ва дигарҳо аз ӯ ривоят намудаанд. Асмо (р) аҳли ҷуд ва бахшиш буд ва дар соли 73 ҳирҷӣ дар Макка ва пас аз шаҳодати писараш Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) даргузашт.
5. Уммулмуъминин Оиша (р)
Уммулмӯъмин Оиша (р), ки мулаққаб ба Сиддиқа аст, дар шашсолагӣ ба никоҳи Расули акрам (с) даромад ва дар нӯҳсолагӣ ба хонаи он Ҳазрат (с) рафт. Арӯсияш дар моҳи Шаввол буд. Ӯ олитарин ва донотарини занҳо буд. Паёмбар (с) кунияи Умми Абдуллоҳро бар ӯ ниҳодааст. Оиша (р) ончунон нек ва шоиста буд, ки муҳаббати паёмбар (с) бо ӯ, намунаи дӯст доштан ва ҳамсари некӯ ва шоиста буданро нишон медиҳад.
Шаъбӣ мегӯяд: Ҳар гоҳ Масруқ аз Уммулмуъминин Оиша (р) ҳадис мегуфт, чунин калимотеро бар забон меовард, ки «Сиддиқа духтари Сиддиқ (р), он ки дар китоби Худо аз тӯҳмат ва гуноҳ барӣ дониста шуд ва ё ҳабибаи Ҳабибуллоҳ (с) моро инчунин ҳадис гуфтааст». Аз Оиша (р) 2210 ҳадис ривоят шудааст, ки 174 ҳадис муттафақун алайҳ мебошад. 54 ҳадиси ӯро Бухорӣ (р) бо танҳоӣ ривоят карда, 69 ҳадиси ӯро Имом Муслим (р) ривоят намудааст. Ҳазрати Оиша (р) шасту се солу чанд моҳ зиндагӣ карда, дар соли 57 ҳиҷрӣ, бе он ки фарзанде дошта бошад, даргузашта аст.
6. Уммикулсум бинти Абӯбакр (р)
Модари Уммикулсум Ҳабиба бинти Хориҷа (р) аст. Абӯбакр (р) ба умулмӯъминин Оиша (р) дар бистари вафоташ дар бораи ду бародар ва ду хоҳари Оиша (р) супориш кард ва фармуд: Онҳо хоҳарон ва бародарони ту ҳастанд. Оиша (р) дар он ҳангом пурсид? Ман як хоҳар дорам, ки Асмо аст. Он дигарӣ кист? Абӯбакр (р) фармуд: Ҳабиба духтари Хориҷа ҳомиладор аст ва ман ҳис мекунам, ки духтар хоҳад буд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд ва Уммикулсум баъд аз вафоти Абӯбакр (р) ба дунё омад. Талҳа ибни Абдуллоҳ (р) бо Уммикулсум бинти Абӯбакр (р) издивоҷ кард. Талҳа (р) шавҳари Уммикулсум дар аснои ҷанги Ҷамал шаҳид шуд. Оиша (р) хоҳарашро бо ҳамроҳи худ, дар ҳоле ки иддаашро мегузаронд, барои зиёрати хонаи Худо ба Макка бурд.
Оре, ин афроди хонаводаи муборак ва пурхайри Абӯбакри Сиддиқ (р) буданд, ки Худованд ҳамаи ононро ба дини ислом мушарраф фармуд. Абӯбакр (р) дар миёни саҳоба ба ин фазли Илоҳӣ хос гардида, ки тамоми хонаводааш мусалмон шаванд.
Уламо гуфтаанд: Аз ёрони расули Худо (с) ҳеҷ хонаводе нест, ки чаҳор насли он ислом оварда, ба шарофати ҳамсуҳбатии расули Худо (с) ноил шуда бошад, магар хонаводаи Абӯбакр (р) ки иборатанд аз Абдуллоҳ ибни Зубайр, модари Абдуллоҳ ибни Зубайр, яъне Асмо бинти Абӯбакр (р) ва худи Абӯбакр (р) ва падараш Абӯқаҳофа (р) ин чаҳор насл, ҳамчунин Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ибни Абӯбакр ибни Абӯқаҳофа (р) ҳамагӣ аз ёрон ва асҳоби расули Худо (с) ҳастанд.
Дар миёни саҳоба касе ҷуз Абӯбакр (р) нест, ки падару модар ва тамоми фарзандонаш мусалмон шуда, даврони расули Худо (с)-ро дарёфта бошанд. Муҳаммад ибни Абдурраҳмон набераи Абӯбакр (р) давраи расули акрам (с)-ро ба худ дида, Абӯбакр (р) танҳо касе аст, ки тамоми наслаш ҳам аз тарафи занон ва ҳам аз тарафи мардҳо ба паёмбар (с) имон овардаанд ва ба ифтихори ҳамсуҳбатии он Ҳазрат (с) ноил шудаанд. Бале, ин хонаи Сиддиқ аст, ки тамоми хонаводааш имон оварда, ҳеҷ мунофиқе дар миёни онҳо набудааст. Ин ифтихоре аст, ки аз миёни саҳоба, фақат насиби Абӯбакр (р) гардидааст.
Дар он замон ҳамвора бар сари забонҳо буд, ки имон хонаҳое дорад ва нифоқ низ хонаҳое. Хонаи Абӯбакр (р) аз муҳоҷирин яке аз хонаҳои имон аст. Ҳамон гуна ки хонаҳои Бани Наҷҷор аз ансор ҷузъи хонаҳои имон мебошад.
Ҷойгоҳи иҷтимоии Абӯбакр (р) ва вижагиҳои ахлоқии ӯ дар ҷомеаи ҷоҳилии пеш аз ислом!
Абӯбакри Сиддиқ (р) дар давраи пеш аз ислом яке аз афроди барҷаста ва аз ашроф ва бузургони Қурайш буд. Дар миёни қурайшиёни пеш аз зуҳури ислом, даҳ нафар аз тоифаҳои хос, дорои ҷойгоҳ ва шарофати хосае буданд: Аббос ибни Абдулмутталиб аз Бани Ҳошим, сиқояти (обрасонии) ҳаҷгузорони он давраро ба ӯҳда дошт, ки ин мансаб пас аз ислом низ барояш мондагор монд. Абӯсуфён ибни Ҳарб аз Бани Умая, парчамдори Қурайш буд. Ҳорис ибни Омир аз Бани Навфал, масъули амволе буд, ки қурайшиён дар замони ҷоҳилият ҷамъ мекарданд ва ба ниёзмандон ва дар роҳмондагон медоданд. Усмон ибни Талҳа ибни Замъа ибни Асвад аз Бани Асад, масъули шӯрои Қурайш буд, ки агар Қурайш дар мавриди масъалае ба иттифоқ намерасиданд, фикру назари ӯро иҷро менамуданд. Абӯбакри Сиддиқ (р) аз Бани Тайм, масъули пардохти диятҳо ва қарзҳои Қурайшро бар ӯҳда дошт. Ӯ ҳамвора дар ин маврид ба қадре амин ва мавриди эътимоди қурайшиён буд, ки дар пардохти хунбаҳо ё товон ё ғаромат бо ӯ ҳамроҳӣ мекарданд. Ва агар шахсе ғайр аз Абӯбакр (р) барои касе хунбаҳо ва ё ғаромате таъин мекард, мавриди қабули Қурайш воқеъ намешуд. Холид ибни Валид (р) аз Бани Махзум маъсулияти пуштибонии молӣ ва амалиёти лашкарҳоро ӯҳдадор буд. Қурайш пулеро ҷамъ мекард ва масъули пуштибонӣ онро барои таҷҳизи лашкари Қурайш захира менамуд. Пуштибонии амалиёти ҷангиҳои Қурайш низ, бо Холид (р) буд, ки дар дунболи лашкар ба ҳамроҳии дастае аз саворон ҳаракат мекард. Умар ибни Хаттоб аз Бани Адӣ, сафири Қурайш дар давраи ҷоҳилият буд. Сафвон ибни Умайя аз Бани Ҷамаҳ, масъули бахтозмоӣ ва чӯбҳои тире буд, ки арабҳои пеш аз ислом ба он фол мегирифтанд. Ҳорис ибни Қайс аз Бани Саҳм, масъулияти умури идорӣ ва молии худоёни Қурайшро бар ӯҳда дошт.
Абӯбакри Сиддиқ (р) пеш аз зуҳури дини Ислом, яке аз бузургони Қурайш ва аз саромадони онҳо буд, ки барои расидагӣ ва бисёре аз масоил ва ё мушкилоташон аз ӯ кӯмак мехостанд. Абӯбакр (р) бисёр меҳмоннавоз буд ва дар Макка меҳмониҳои беназире мегирифт.
Авомил ва заминаҳои шӯҳрат ва бартарии Абӯбакр иборатанд:
1. Насабшиносӣ ва огоҳӣ аз насабу табори афрод
Абӯбакр (р) яке аз насбшиносон ва таърихдонони араб буд. Вай дар ин замина тавон ва дониши чашмгире дошт, ки ӯро дар рутбаи устоди насабшиносоне, чун Уқайл ибни Абӯтолиб қарор дода буд. Ӯ дар ин саҳна аз мазият ва имтиёзе бархӯрдор буд, ки ӯро дар дили арабҳо маҳбуб ва дӯстдоштанӣ мекард. Он имтиёз ин буд, ки вай ҳаргиз ба насаб ва табори касе хурда намегирифт ва бар хилофи дигарон аз насаб ва хешу табори мардум айбҷӯӣ ва айбгӯӣ намекард. Абӯбакр (р) беш аз ҳамаи қурайшиён аз аслу насаби онҳо огоҳ буд ва хубу бади ҳар хешу табореро медонист. Дар ин бора Оиша (р) мегӯяд: Расули Худо (с) ба ин мазмун фармуданд:
«Абӯбакр (р) донотарин фарди Қурайш дар баршуморӣ ва тавсифи аслу насаби Қурайш мебошад».
2. Тиҷорат ва бозаргонӣ
Абӯбакр (р) пеш аз зуҳури ислом тоҷир буд. Вай ба қасди тиҷорат ба Басра, дар сарзамини Шом ва сарзаминҳои дигар сафар кардааст. Сармояи тиҷории ӯ чиҳил ҳазор дирҳам буд. Ӯ ҳамчунон саховатмандона аз сарваташ базлу бахшиш мекард, ки дар давраи ҷоҳилият ба он маъруфу машҳур шуда буд.
3. Иззату эҳтироми Абӯбакр (р) назди дигарон
Ибни Исҳоқ дар сираташ чунин нигоштааст, ки хешовандони Абӯбакр (р) дӯсташ медоштанд ва ҳамвора ба фазилат ва ҷойгоҳи волои ӯ, ҳамчунин ахлоқи писандидааш эътироф мекарданд. Ҳангоме, ки Абӯбакр (р) ба қасди ҳиҷрат аз Макка берун шуд, бо шахсе бо номи Ибни Дуғунна мулоқот кард. Ӯ ки Абӯбакр (р)-ро мешинохт, чунин гуфт: Ту ба хубӣ пайванди хешовандиро барқарор дорӣ ва дар сахтиҳои ногувор дигаронро ёрӣ мерасонӣ, ба осебдидагон кӯмак мекунӣ. Ибни Ҳаҷар (р) пиромуни гуфтаҳои Ибни Дуғунна дар бораи Абӯбакр чунин мегӯяд: Ин аз маноқибу фазоил ва ифтихороти Абӯбакр (р) мебошад, ки Ибни Дағна, сардори қабилаи Қора, Абӯбакр (р)-ро ба ҳамон вижагиҳо тавсиф карда, ки Хадиҷаи Кубро (р) дар бораи расули Худо (с) ҳангоми биъсати он Ҳазрат (с) гуфтааст. Суханони Ибни Дуғунна дар бораи Абӯбакр (р) ва гуфтаҳои Хадиҷа (р) дар бораи расули Худо (с) бе он ки бо ҳамоҳангӣ ва ё ҳамдастии қаблӣ бошад, ҳамсон ва якнавохт мебошанд. Ҳамин чиз, худ баёнгари ниҳояти оростагӣ ва фазилати Абӯбакр (р) мебошад, чунки вижагиҳои расули акрам (с) ҳамеша беҳтарин ва комилтарин сифот будааст.
4. Абӯбакр (р) пеш аз ислом низ шароб нанӯшидааст
Абӯбакр (р) дар давраи ҷоҳилияти пеш аз ислом парҳезгортарин ва покдомантарини мардум буд. Парҳези Абӯбакр (р) аз шаҳавот ва пастиҳо ба ҳадде буда, ки пеш аз ислом низ шаробро бар худ ҳаром карда буд. Оиша (р) мегӯяд: Абӯбакр (р) шаробро бар худ ҳаром карда буд. Ӯ на дар давраи ҷоҳилият ва на дар замони зуҳури ислом, шароб нанӯшидааст. Далели ин ки Абӯбакр (р) шаробро бар худ ҳаром кард ин аст, ки як бор марди мастеро дид, ки дасташро дар касофат фурӯ мебурд ва ба даҳонаш наздик мекард, онро мебӯид ва бозмегардонд. Абӯбакр (р) бо дидани он саҳна гуфт: Ӯ намедонад, ки чӣ мекунад? Ва ба ин тартиб шаробро барои худ ҳаром кард. Дар ривояти дигари Оиша (р) омадааст: Абӯбакр (р) ва Усмон (р) дар давраи ҷоҳилият шаробнӯширо ба худ ҳаром карда буданд. Шахсе аз Абӯбакр (р) пурсид? Оё пеш аз ислом шароб нӯшидаӣ? Фармуд: Паноҳ бар Худо. Гуфт: Чаро? Абӯбакр фармуд: Ман ҳамвора ба фикри ҳифзи обрӯ ва ҳайсияти худ будам, чунки ҳар кас шароб бинӯшад, обрӯ ва ҳайсияташро дар маърази нобудӣ қарор медиҳад. Ин гуфтугӯ ба гӯши расули акрам (с) расид, он Ҳазрат (с) фармуд: «Абӯбакр рост гуфтааст».
5. Абӯбакр (р) дар давраи ҷоҳилият низ барои бут саҷда накардааст
Абӯбакр (р) ҳаргиз барои буте саҷда накардааст. Худи Абӯбакр (р) дар миёни ҷамъи саҳоба фармуд: Ҳаргиз барои буте саҷда накардаам. Вақте ки андаке бузург шудам, падарам дастамро гирифт ва ба утоқе бурд, ки дар он якчанд бут буд ва рӯ ба ман карду гуфт: Инҳо худоёни ту ҳастанд ва маро танҳо гузошту рафт. Ман наздики бут рафтам ва гуфтам: Ман гуруснаам ба ман ғизо бидеҳ. Вай посухамро надод. Гуфтам: Бараҳнаам, пас ба ман либос бидеҳ. Боз посухе нашунидам, санге ба рӯи бут андохтам, ки бут ба замин афтод.
Оре, инчунин фикри равшан, хӯи писандида ва сиришти солиму огоҳ Абӯбакр (р)-ро фаротар аз ҳар амал ва маниши ҷоҳилонае, ки каромат ва мақоми волои инсонро коста мегардонад ва бо фитрати солим созгорӣ надорад ва бо ақли дуруст ва камоли ростину ҳақиқӣ дар таноқуз аст, қарор дод.
Бинобар ин, аз чунин касе ҷои шигифт ва тааҷҷуб нест, ки бо ин маниш ва ахлоқи писандидааш ба қофилаи даъвати ҳақ бипайвандад, балки дар раъси он қарор гирад ва бо мусалмон шудан, бартарин шахс пас аз расули Худо (с) гардад. Расули Худо (с) фармуд: «Беҳтарини шумо дар давраи ҷоҳилият беҳтарини шумо дар давраи ислом ҳастанд ва он гоҳ, ки донишманд ва фақеҳ гарданд».
Устод Рафиқулазм дар бораи зиндагонии Абӯбакри Сиддиқ (р) чунин гуфтааст: Воқеан ҷои тааҷҷуб аст, ки шахсе дар миёни бутҳо парвариш ёбад ва бидуни вуҷуди роҳнамову раҳбаре, инчунин бо иродаи қалбӣ ва виҷдони хеш, бидуни парво, ҷавонмард бошад ва ба чунин ҷойгоҳи пурфазилате даст ёбад. Бо шоистагӣ ва ба тамоми вуҷуд ва аз самими қалб аз ислом истиқбол намояд ва нахустин муъмин ба Парвардигори ҳидоятгар шавад ва хеле зуд исломро бипазирад ва бинии мутакабирон ва саркашонро ба хок бимолад ва заминаҳои роҳёбӣ ва ҳидоятёфтагӣ ба дини устувори Илоҳиро фароҳам кунад. Оре, ӯ роҳи роҳёбӣ ба дини устувори Илоҳиро нишон дод ва чунон сармашқе аст, ки агар касе роҳи ӯро бипаймояд ва ба риштаи маҳкаму устувори ӯ даровезад, решаҳои разилат ва пастӣ аз вуҷудаш канда ва решакан мегардад.
Офарин ва марҳабо бар Абӯбакри Сиддиқ (р), ки пеш аз зуҳури ислом ва дар давраи ҷоҳилият ва дар ҷомеаи Қурайш дорои арзишҳои волои ахлоқи сутуда ва ниҳоду сиришти некӯ буд, ки аҳли Маккаро бар он дошт, то ба тақаддуми дар олами ахлоқ арзишҳо ва намунаҳои ахлоқӣ, рафторӣ ва гувоҳӣ диҳанд. Абӯбакр (р) ончунон бузург ва некӯниҳод буд, ки ҳеҷ кас аз қурайшиён бар ӯ хӯрда нагирифт ва он гуна, ки бар мӯъминони заиф айбҷӯӣ мекарданд, ба ӯ айбе нагирифта ва хораш надоштаанд. Қурайшиён танҳо айб ва хӯрдае, ки ба гумони худашон бар Абӯбакр (р) гирифтанд, ин буд, ки ӯ ба Худо ва расулаш имон овард.