Даҳҳаи зилҳиҷҷа фазилатҳо ва амалҳоеки суннат ва ё мустаҳаб аст анҷом додани онҳо.
Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон.Салому дуруди Худованд бар Паёмбари хайруланом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ва хонадони поку асҳоби бузургвораш бод.
Нахуст қудуми ин рӯзҳои мубораки даҳҳаи зилҳиҷҷаро бар тамоми мусалмонони кишвари азизам ва ҷаҳон табрик мегуям.Даҳрӯзе,ки дар он ба осони мешавад аз гуноҳони анҷом дадаамон пок гардем. Даҳрӯзеки ба азамату бузургии он Худо ва расулаш қасам ва шаҳодат додаанд. Даҳрӯзе,ки дар он ба осони мешавад аз гуноҳони анҷом дадаамон пок гардем. Даҳрӯзеки ба азамату бузургии он Худо ва расулаш қасам ва шаҳодат додаанд. Даҳрӯзе,ки ба осони мешавад касби ҳасанот намуд ва тушае барои фардои охиратамон биандузем. Яке аз раҳмату лутфи Илоҳист,ки бар бандагонаш мавсимҳо ва моҳҳоеро барои тоат қарор додааст то дар он зиёд намоянд амалҳои солеҳро ва ризои Ӯ таъолоро дарёбанд. Дар ин мавсимҳои тоат ва ибодат муъминон дар анҷоми амалҳои хайр сабқат менамоянд то ба он амалҳояшон ба Худованд қариб гарданд. Бешак хушбахт он шахсест,ки ғанимат бишуморад ин мавсимҳои муборакро ва онро беҳуда нагузаронанд. Албатта яке аз он мавсимҳои муборак даҳҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа аст. Ин даҳҳаи ин моҳро расули акрам (с) шаҳодат додаанд,ки аз беҳтарин рӯзҳои дунё ба шумор мераванд. Дар ин даҳҳа умматонашро ба амали солеҳ тавсия додаанд. Худованди таборак ва таъоло ба ин даҳрӯзи аввали ин моҳи Зилҳиҷҷа қасам хурдааст. Ин фазл кофист ки барои ин даҳҳаи муборак Худо ва расулаш чунин бузургаш донистаанд. Зеро бузургон ҳамеша бар чизи бузург азамат ва шарофат қойл мешаванд,то дар он бандагон амалҳои некро анҷом бидиҳанд ва ин рузҳоро ғанимат бишуморанд ва касби аъмоли солеҳ намоянд зеро барои мо норушан аст,ки соли оянда ин рӯзҳоро дар хоҳем ёфт ё на ?
Даҳҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷаро чи гуна пешвоз бигирем ?
1-)Содиқона тавба намудан аз гуноҳони кабира ва сағира.
Барои шахси мусалмон муҳим аст инки аз оғози ин моҳ рӯй ба тавба биоварад ва ин моҳи муборакро бо тавбаи аз сари сидқ намудан оғоз намояд.Зеро дар тавба наҷоту комёбии шахси мусалмон дар дунё ва охират аст агар ба шарте,ки бори дигар ба он гуноҳи тавба намудааш бар нагардад.
2-) Ҳадафи асосии худ донем,ки ин рӯзҳоро ғаниматанд.
Зарур аст бар ҳар шахси мусалмон,ки ин рӯзҳои муборакро зинда нигаҳдорад. Дурустараш саъю кушиши зиёд намояд дар анҷоми амалҳои хайр мисли Қироъати Қуръон,адои намозҳои панҷгона дар масҷид,суханони хуб бо ҳар ҳамсуҳбаташ,муъомилаи накӯ бо падар модар ҳамсар фарзанд ва зердастонаш.Умуман ҳар амале,ки уро ба Худо наздик менамояд онро анҷом бидиҳад.
3-) Дӯри аз гуноҳон.
Чуноне,ки итоъат аз Худованд сабаби наздик шудан ба Худовандамон аст.Пас бе шак анҷоми гуноҳон сабаби дӯри аз Худовандамон шуда ва моро аз раҳмати Ӯ дӯр менамояд.Инсон ба тавассути гуноҳе,ки дар маҳзари Холиқаш анҷом медиҳад ӯро аз раҳмати бори таъоло дӯр хоҳад намӯд ва шахсе,ки раҳмати Аллоҳ фарогири ҳоли ӯ нест метарсам,ки ӯро азоби Аллоҳ ҳамроҳи хоҳад кард.Агар орзӯи мағфирати гуноҳонатро дори ва худро аз оташи сузони ҷаҳаннам наҷот диҳи пас аз анҷоми амалҳои ношоиста ва ҳаром шуда аз тарафи Аллоҳ ва Паёмбараш парҳез намо чӣ дар ин рӯзҳо ва чӣ дар ғайри ин рӯзҳо.Агар ба дурусти медонистем чӣ фазоиле дар ин рӯзҳои муборак аст ҳатман дар ин моҳ дилҳои худро аз ҳама палидиҳо пок менамудем ва аз Худованд талаб менамудем то моро аз анҷоми гуноҳон пас аз ин рӯҳои муборак нигоҳ дорад.Бешак дар ин рӯзҳо дуъо мустаҷоб аст.
Фазилати Даҳи Зилҳиҷҷа.
1-) Худованди таборак ва таъоло ба ин рӯзҳо қасам ёд намудааст.
Ҳангоме,ки қасам ёд намояд Худованд ба чизе ин худ далолат бар бузурги ва фазилати он чиз менамояд.Зеро бузургон қадри ашёи бузургро медонанд ва ба чизи бузург қасам ёд мекунанд албата ин хоси Худованд аст албатта дар ёд намудани қасам ба махлуқоти бузургаш .Худованд дар Қуръони азимушшаън дар фазли ин рузҳои даҳгона чунин мефармояд:
“Савганд ба сапедаи субҳ.Ва савганд ба шабҳои даҳгона (яъне даҳҳаи Зилҳиҷҷа…)
(Сураи Фаҷр,оятҳои 1-2)
Албатта ҷумҳури муфассирон шабҳои даҳгонаро даҳҳаи Зилҳиҷҷа гуфтаанд Аз ҷумла Ибни Касир (р.а.ҳ) низ бар ин қавл аст.
2-)Ин рӯзҳои маълум анд ки Худованд дар ин рӯзҳо машруъ гардонидааст зикри онро.
Худованд мефармояд: “… Номи Худоро дар рӯзҳои муъайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне,ки Худо ризқи онҳо сохта, ёд кунед …”
(Сураи Ҳаҷ,ояти 28)
Инчунин ҷумҳури уламо бар ин қавланд,ки Рӯзҳои маълумот ин он даҳҳаи Зилҳиҷҷа аст аз ҷумла ин қавли Ибни Умар ва Ибни Аббос (р) аст.
3-) Паёмбари акрам (с) шаҳодат додаанд,ки даҳи Зилҳиҷҷа беҳтарин рӯзҳои дунё башумор меравад
Аз Ҷобир (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят менамоянд,ки он ҳазрат (с) фармуданд: “Бо фазилат тарин рӯзҳои дунё рӯзҳои даҳгонаанд (яъне даҳи Зилҳиҷҷа) Пурсида шуд аз Расули акрам (с) мисли ин даҳрӯза дигар дар роҳи Худо нест рӯзе? Ҳазрат (с) Чунин фармуданд: Нест дар роҳи Худо мисли ин рӯзҳо магар шахсе,ки пешониашро дар назди Худо (дар ҳолати саҷда) хоколуд намуда бошад”
(ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Имом Баззор ва Ибни Ҳиббон)
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст,ки Расули акрам (с) чунин фармуданд: ” Дар назди Худованд амалҳои солеҳ дӯст доштатар аз ин даҳрӯз дигар нест (яъне фазилати амали солеҳ дар ин даҳ руз хело назди Худо бо арзиш аст нисбат ба дигар рӯзҳо) Пурсиданд ҳатто набард дар роҳи Худоҳам ? Фармуд Расули акрам (с) Ҳатто набард дар роҳи Худоҳам(яъне фазли ин даҳрӯз аз набардҳам болотар аст) Магар марде,ки дар роҳи Худо берун шавад аз хонааш бо молу ҷонаш ва боз гардад дар ҳоле,ки чизе бо худ пас наоварда бошад”(яъне ҳамаро дар роҳи Худо нисор карда бошад )(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Бухори )
Аз ин оятҳо ва аҳодис чунин бар меояд,ки ин даҳ рӯзи аввали моҳи Зилҳиҷҷа фазилаташ зиёдтар аст аз тамоми рӯзҳои дигари моҳҳо ҳатто аз рӯзҳои моҳи рамазон.Вале шабҳои даҳгонаи моҳи рамазон фазилаташ бартар аст аз шабҳои даҳи Зилҳиҷҷа барои он,ки дар даҳҳаи охири моҳи рамазон шаби қадр вуҷуд дорад ва он дар даҳи охири моҳи рамазон аст.Шаби қадр аз ҳазор моҳ фазилаташ бартар аст.(Тафсири Ибни Касир 5\412)
4-) Дар ин даҳи моҳи Зилҳиҷҷа рӯзи арафа вуҷуд дорад.
Рӯзи арафа рӯзи ҳаҷ аст рӯзест,ки гуноҳон бахшуда хоҳанд шуд рӯзест арафа,ки сабаби наҷот аз оташи сузони ҷаҳаннам хоҳад шуд.Агар дар ин даҳи зилҳиҷҷа танҳо ҳамин рӯзи арафа мебуд кифоят кунанда буд фазилати ин рӯз бар дигар рӯзҳои дигари он.Зеро дар рӯзи арафа ки як рӯз қабл аз иди қурбон аст ва он рӯз ҳоҷиён дар он дашт қарор мегиранд ва нузули Худованд дар рӯзи арафа бар замин барои бузургии он рӯз ва қабули дуъову ниёиши ҳуҷҷоҷ дар он рӯзи бузург ва яке аз рӯзҳои муҳимми ҳаҷ ба шумор меравад ва агар ҳоҷи он рӯзро дар наёбад ҳаҷҷаш қабул нахоҳад шуд.Инчунин руза гирифтани он рӯз хело аҷру подоши зиёде низ дорад агарчи рӯза гирифтани ҳама рӯзҳои даҳгонаи аввали зилҳиҷҷа савобу аҷри зиёд дорад вале агар имкон муяссаратон нагашт рузаи рӯзи арафаро кушиш намоед тарк нанамоед ва ин фазилати буззургро аз даст надиҳед ва дуъо намоед дар он рӯзи бузург иншоаллоҳ дуъоҳои оҷизонаи мо пазируфта хоҳанд шуд.Имсол рӯзи арафа 3-юми октиябр аст боз рӯзи 4 ро рӯзи арафа наҳисобед ва рӯза гиред,ки рӯзи ид аст ва он рӯз рӯза гирифтан ҳаром аст.
5-) Қурбони намудан.
Иди Қурбон яке аз рӯзҳои бузург дар дини ислом буда ва мусалмонон дар ин рӯз қурбони менамоянд барои қариб гаштан ба даргоҳи Худованди таборак ва таъоло.Ҳоҷиён дар ҳаҷ ва дигарон дар хонаҳояшон.Инчунин рӯзи иди қурбон низ яке аз бузургтарин ва бо фазилат тарин рӯзҳо дар назди Худо ба шумор меравад. Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалони дар фатҳулбори мегуяд: “Ончи барои мо равшан гашт дар фазилати ин даҳи зилҳиҷҷа дар он аст,ки дар ин даҳ рӯз бузургтарин ибодатҳо дар он ҷамъ мешаванд ки онҳо иборатанд аз Намоз,руза,садақа,ҳаҷ ки ин ҳама ибодот дар дигар рӯзҳову моҳҳои дигар якҷо ҷамъ намегарданд.”
Дар ин моҳи муборак чӣ амалҳоеро бояд анҷом дод?
1-) Адои маносики ҳаҷи байтуллоҳ
2-) Рузадоштани ҳама ин рӯзҳои нуҳ рӯзаро ба истиснои рӯзи иди қурбон Агар имкони онро дошта бошем вале агар надошта бошем рӯзи ҳафтум ҳаштум ва нуҳуми онро агар натавонем рӯзи арафаро ки он рӯзи нуҳуми ин моҳ аст яъне рӯзи қабл аз иди қурбон.
3-) Адои намозҳои панҷгона хоссатан бо ҷамоъат дар масҷид.Инчунин адои намозҳои нофила дар рӯзҳои ин моҳ зеро тибқи фармудаи расули акрам (с) “Бандаи ман наздик мегардад ба ман бо адои намозҳои нофила то инки ман ӯро дӯст дорам” Имом Бухори .
4-) Зиёд намудани такбир таҳмид ва таҳлил ва зикр:
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз расули акрам (с) ривоят мекунад,ки Расули акрам чунин фармуданд:”Рӯзҳое бузургтар ва дӯст доштатар назди Худованд ва амал намудан дар он нест ба мисли ин рӯзҳои даҳгона.Пас зиёд намоед дар ин рӯзҳо Таҳлил,такбир ва таҳмидро”(ривояти Имом Аҳмад)
Имом Бухори ривоят мекунад,ки Абдуллоҳ ибни Умар (р) ва Абуҳурайра (р) “Хориҷ мешуданд ба суйи бозор дар рӯзҳои даҳгона Такбир(Аллоҳуакбар) мегуфтанд ва мардум ҳама бо онҳо такбир мегуфтанд”
Инчунин ривоят мекунад,ки Умар ибни Хаттоб (р) Такбир мегуфт дар қуббааш дар мино пас мешуниданд аҳли масҷид такбир мегуфтанд.Инчунин такбир мегуфтанд аҳли бозор то инки мино аз такбири ҳама дастаҷамъона ба эҳтизоз медаромад.
Абдуллоҳ ибни Умар (р) Такбир мегуфт дар мино дар ин рӯзҳо инчунин пас аз ҳар намоз ва такбир мегуфт дар рахти хобаш ва дар маҷлисҳояш ва роҳ рафтанаш ва дар ҳар куҷое ки мебуд дар ин рӯзҳои даҳгонаи зилҳиҷҷа.
Инчунин мустаҳаб аст барои ҳар мусалмон ин,ки баланд намояд такбирашро дар ин рӯзҳо.Вале такбири ҷамоъи яъне ҳама якҷоя нагуянд хуб аст зеро якҷоя такбир гуфтан аз расули акрам (с) ривоят нашудааст.Суннат ин аст,ки шахс ба танҳои худаш такбирро дар ин рӯзҳо зиёд бигуяд.
5-) Садақа намудан дар ин рӯзҳои муборак хело хуб аст зеро Расули акрам (с) мефармоянд: “Садақа молро кам наменамояд” Ривояти Имом Муслим.
Анҷоми амалҳои зерин дар ин рӯзҳо хуб аст.
Қироъати Қуръони карим ва таълим доданаш ва ё таълим гирифтанаш, Астағфируллоҳ гуфтан, Ризо намудани падару модар,силлаи раҳм намудан,салом додан ба ҳар шинос ва ношинос,таъом додан бар фақирон ва мустамандон,робита барқарор намудан миёни ду қаҳри,амр бар маъруф ва наҳй аз мункар,нигоҳ доштани забон аз дуруғ туҳмат ғайбат ва суханони беҳуда,хуби намудан бар ҳамсоягон,эҳтироми меҳмон,садақа намудан дар роҳи Худо,дӯр намудани ҳарчизеки роҳгузаронро азият медиҳад,нафақаи аҳлу аёл,кафолати ятимон,аёдати беморон,бароварда намудани ҳоҷати як бародари мусалмонат,салавот бар расули акрам (с) фиристодан,озор надодани мусалмонон,меҳрубони намудан бо зер дастон ва ҳар касеки метавони,рафиқони падаратро эҳтиром намудан,дуъо намудан дар ҳаққи бародарони мусалмонат дар ҳолати набуданашон дар наздатба шакли пинҳони,адо намудани амонати онеки амонат бар ту во гузоштаст,вафо намудан бар ваъдаат,эҳсон намудан ба амак тағо ва хола ва аммаҳоят,кумак намудани шахси музтару нотавон,нигоҳ доштани чашм аз ҳаром,бо вузу гаштан ва ҳангоми ҳар намоз имкон дошта боши вузу намудан,дуъо намудан миёни азон ва қомат,қироъати сураи Каҳф дар рӯзҳои ҷумъа,рафтани масҷид,интизори намоз пас аз адои намоз,адои ҳама намозҳои панҷгона дар масҷид,гузоридани намозҳои нофила,зикр намудан пас аз адои намозҳо,мувозиб будан барои касби ризқи ҳалол,хурсандиро дар дили шахси ғамгин андохтан,шафқат бар нотавонон,касеро метавони ба кори неки насиҳат намудан,дилро пок нигоҳ доштан аз кибр ғурур ҳасад риё бахили,ҳамкори намудан ва ё баровардани ҳоҷати шахсе,ки ба ту ниёз дорад дар коре.Албатта ин амалҳоро бояд шахси мусалмон ҳамеша анҷом бидиҳад вале агар кушиш намоем худро дар ин даҳ рӯз худро ба ин амалҳо одат бикунонем нахуст ба даргоҳи Худованд наздик мегардем ва умед аст,ки ин амалҳоро дар оянда низ татбиқ менамоем ва аз бандагони хоси Худованд хоҳем гашт ин дунё ва охиратамонро обод хоҳем кард.Орзуи муваффақияти якояки шумо азизон дар ин даҳаи мубораки Зилҳиҷҷа.Моро аз дуъоҳои некатон фаромӯш накунед бо эҳтиром дӯстдори шумо.