Фазилати намози ҷумъа ва намози ҷамъоат
Намоз рукни дуввуми ислом ва аз муҳимтарин рукни баъд аз шаҳодатайн ба шумор меравад. Барои ба ҷо овардани ин рукни муҳими ислом, яъне намоз лозим донистам мавзӯи муҳимеро, ки анҷом додани он барои ҳар мусалмон воҷиб аст, бо ироаи далоили шаръӣ аз Қуръони карим ва суннати расули Худо (с) ҷамъоварӣ кунам ва пажӯҳишҳои тӯлониву масоилеро, ки дар он ихтилоф вуҷуд дорад тарк кунам ва мавзуъро мухтасаран баён созам, то ин ки ба фаҳми ҳар як хонанда наздик бошад.
Худованд мефармояд: “Ҳамроҳ бо далелҳои равшан (муъҷизаҳо) ва китобҳо ва бар ту низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд”.
(Сураи Наҳл, ояти 44)
Пас, расулуллоҳ (с) ин амонате, ки бар дӯши ӯ буд ба таври комил ба мардум расонда, зеро намоз бузургтарин ибодате аст, ки барои мардум баён фармуда, ҳам бо қавлу ҳам бо феъл. Тавре, ки нақл шуда, паёмбар (с) болои минбар намоз хонд, то мардум аз ӯ чигунагии намозро биёмӯзанд ва фармуд:
“Ман ин корро кардам, то ин ки шумо аз ман пайравӣ кунед ва чигунагии намоз хонданро ёд бигириед”.
(Мутафиқин алайҳ)
Ва ҷойи дигар расулуллоҳ (с) фармуд: “Аввалин чизе, ки бандаи мусалмон дар рӯзи Қиёмат дар мавриди он бозхост мешавад намоз аст. Пас, агар онро ба таври комил адо кард хуб аст, вагарна Худованд ба фариштагони худ мефармояд: (дар ҳоле, ки Ӯ беҳтар медонад) нигоҳ кунед оё бандаи ман намози суннат ва нофила ҳам дорад? Пас, агар илова бар фариза, намози нафл ва суннатӣ дошт, фаризаеро, ки дар он нуқс вуҷуд дорад бо он суннат ва нофила комил мекунанд. Сипас бад-ин тартиб ба бақияи аъмоли вай ҳисобрасӣ мешавад”.
Намоз сармояи ҳар мусалмон ба шумор меравад, зеро тамоми аъмол ва кирдори ӯ вобаста ба қабул шудан ё рад шудани намози ӯст, тавре ки тоҷир агар сармоя надошта бошад наметавонад тиҷорат кунад, то суде барад ва ин далолат бар бузургии манзалати намоз дар ислом аст.
Пас, касе, ки орзӯи мулоқоти Худовандро дорад набояд аз адои он танбанӣ варзад, зеро намоз ташхисдиҳанда ва баёнкунандаи ҳадди фосил миёни ислом ва куфр аст ва сутуни ислом ба шумор меравад ва ба ҷуз он бар чизи дигар устувор нахоҳад монд.
Паёмбари ислом (с) моро ба пайравӣ аз худ амр фармуда, ин пайравиро бар мо воҷиб кардааст, чунонки мефармояд: “Тавре намоз бихонед, ки дидед ман намоз мехонам”.
(Имом Бухорӣ)
Он бузургвор ба касе, ки монанди ӯ намоз хонад башорат дода, ки Худованд аҳду паймон кардааст гуноҳони ӯро бахшад, чунонки мефармояд: “Худованд панҷ намоз бар бандагонаш фарз намудааст. Касе, ки ба таври комил вузуъ гирад ва ба вақти он намозҳоро адо кунад ва рукӯ, суҷуд, хушуъ ва хузӯи онҳоро ба таври комил анҷом диҳад Худованд тааҳҳуд кардааст, ки гуноҳони ӯро бахшояд, агар хост гуноҳони ӯро мебахшад, вагарна ӯро азоб медиҳад”
(Ривояти Абӯдовуд)
Биноан бо дар назар доштани ин аҳамияти фавқулода мо ин мақолаи мухтасарро, ки дар ҳамин боб навишта шуда, барои кулли мусалмонон пешниҳод месозем, то ба аҳамияти он пай баранд ва чигунагии адои намози ҷумъа ва намози ҷамоатро биёмӯзанд ва онро ба таври комил адо намоянд.
Аз Худованди мутаъол хостори онам, ки нафъи инро ба ҳамагӣ расонад ва Худост шунаво ва иҷобаткунандаи дуоҳо.
Дини ислом иҷтимоъро дӯст дорад ва ба иҷтимову ҳамоҳангӣ даъват мекунад ва тафриқаро нописанд мешуморад ва аз он танаффур ва дурӣ меҷӯяд. Ҳеҷ фурсате аз фурсатҳои ошноии мутақобил унс гирифтан ва дӯстиву иҷтимоъ ва ҳамоҳангӣ миёни муслимин дида нашуда, магар ин ки онҳоро ба он даъват намуда, амр кардааст.
Рӯзи ҷумъа, рӯзи ид барои мусулмонон аст, ки дар он ба зикру сипоси Худо машғул мешаванд ва дар хонаҳои Худо иҷтимоъ карда, аз дунё ва гирифториҳои он худро дур менамоянд, то фаризае аз фароизи Худоро анҷом диҳанд ва ба тавҷеҳоту супоришоту хитоб ва иршоди уламо дар хутбаҳои ҷумъа гӯш фаро диҳанд, ки монанди дарсе аз дарсҳои ҳафта мебошад ва имомону хатибон мушкилоти ҳафтагии ҷомеаро муолиҷа мекунанд. Худованд мефармояд:
“Эй касоне, ки имон овардаед чун азони намози рӯзи ҷумъа гуфта шавад, ба намоз бишитобед ва хариду фурӯшро тарк кунед. Агар доно бошед, ин кор (чизе, ки ба иҷрои он дастур дода мешавед) бароятон беҳтар аст. Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худо талаб кунед ва Худоро (бо дил ва забон) бисёр (натанҳо дар вақтҳои намозҳои панҷ- вақта) ёд кунед, бошад, ки растагор шавед”!
(Сураи Ҷумъа, оёти 9-10)
Намози ҷумъа бар ҳар марди мусалмон, болиғ ва озоду муқим воҷиб аст ва расули Худо (с) бар он мувозибат карда, касоне, ки онро тарк мекунанд шадидан таҳдид кардааст. Тавре, ки мефармояд: “Ба Худо қасам, ки мардуме аз тарки намози ҷумъа боз меоянд, ё ин ки Худованд бар қалбҳои онҳо муҳр мезанад ва он гоҳ онҳо аз ғофилон ва фаромӯшшудагон хоҳанд шуд”.
(Ривояти Муслим)
Ҳамчунин он Ҳазрат (с) ҷойи дигар мефармояд: “Касоне, ки се намози ҷумъаро аз рӯи таҳовун ва касолат тарк кунанд, Худованд бар қалби ӯ муҳр мезанад”.
(Ривояти Тирмизӣ, Насоӣ ва Ҳоким)
Намози ҷумъа ба ҷуз дар масоҷид саҳеҳ нест, он ҷойе, ки мусалмонон дар он ҷамъ мешаванд ва имом бар онҳо хутба мехонад ва онҳоро насиҳату иршод менамояд. Ба як нуктаи дигар низ бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки сухан гуфтан дар аснои хондани хутба ҳаром аст, аммо наметавон касеро низ амр ба сукут кард.
Намози ҷумъа ду ракъат аст ва мусалмон пас аз иқтидо ба имоми худ бо ҷамъоат онро анҷом медиҳад.
Намози ҷамъоат
Намози ҷамъоат бошад 27 баробари намози ба танҳоӣ фазилат дорад. Ин ҳадис дар саҳеҳи Бухорӣ аз ибни Умар (р) аз паёмбар (с) ривоят шудааст. Ва дар ҳадиси дигаре омада, ки расули Худо (с) фармуданд: “Ҳамоно тасмим гирифтам, ки дастур диҳам иқомаи намоз гуфта шавад ва шуруъ ба хондани намоз кунанд, сипас ба тарафи мардуме биравам, ки дар хонаҳояшон ҳастанд ва ба ҷамъоат ҳозир намешавад, пас, хонаҳояшонро бар онҳо оташ занам”.
(Мутафиқун алайҳ)
Агар тахаллуфи онҳо аз намози ҷамъоат маъсияти бузурге набуд расулуллоҳ (с) онҳоро ба сӯзондани хонаҳояшон таҳдид намекард. Худованд мефармояд: «Ва намозро барпой доред ва закот бидиҳед ва бо рукуъкунандагон рукуъ кунед»!
(Сураи Бақара, ояти 43)
Наси сареҳ ва возеҳ аст дар вуҷуби мушорикати намоз гузоштан дар намози ҷамъоат.
Намози мусофир
Худованд мефармояд: “Ва намозро барпой доред ва закот бидиҳед ва бо рукуъкунандагон рукуъ кунед” !
(Сураи Бақара, ояти 185)
Худованд дар ҳақи шумо осонӣ мехоҳад ва дар ҳақи шумо душворӣ намехоҳад ва то шумори (рӯза)-ро комил кунед ва Худовандро ба поси он, ки ҳидоятатон кард бузург бидоред, бошад, ки сипос бигузоред.
Бале, ислом чунин аст ҳеҷ гоҳ кори душворе бар ӯҳдаи касе намегузорад, магар ба андозаи иститоат ва тавоноии шахсӣ. Ӯ авомиреро, ки бидонад дар ҳадди тавоноии онҳо нест, воҷиб намекунад. Аз он ҷо, ки дар сафар эҳтимоли муштақ ва сахте вуҷуд дошт, Худованд ба ду чиз иҷоза додааст:
Қаср (шикастан ё кӯтоҳ кардан)-и намоз, ки намози чаҳор ракат ба ду ракъат тахфиф меёбад. Пас, агар шумо дар сафар будед бояд намози Зуҳр, Аср ва Ишоро ба ҷойи чаҳор ракъат ду ракъат хонед, вале намози Мағрибу Субҳ ба ҳолати худ боқӣ мемонанд ва дар онҳо қасру тахфифе нест. Қасри намоз ҳадяе аст аз тарафи Худованд ба бандагони мутаққӣ ва парҳезгораш. Худованд дӯст дорад, ки банда ҳамчунонки воҷиботи ӯро анҷом медиҳад, ба мавридҳои рухсату тахфифи ӯ низ амал намояд. Ҳеҷ фарқе дар навъи василаи сафар нест, хоҳ сафар ба мошин, ҳавопаймо, киштӣ ва қатора бошад ва ё бо асбу шутур ва чаҳорпоён ва ё бо пои пиёда ба ҳамаи инҳо сафар гуфта мешавад ва дар ҳар сурат намоз ба сурати қаср хонда мешавад.
Ҷамъи байни ду намоз, барои мусофир ҷоиз аст, ки байни ду намоз дар як вақт ҷамъ кунад. Бад-ин сурат ҳар ду намоз дар як вақт адо мешавад, аммо ҳар намоз ҷудо аз дигаре хонда мешавад. Аввал намози Зуҳр ва баъдан намози Асрро мехонад ё аввал намози Мағриб, баъд аз он намози Ишоро адо мекунад. Албатта бояд дар хотир дошт, ки ҷамъи байни намозҳо сирфан ба намози Зуҳр бо Аср ва намози Мағриб(Шом) бо Ишо(Хуфтан) ихтисос дорад, биноан ҷамъ кардани байни намози Субҳ ва намози Зуҳр ва ё байни намози Аср ва намози Мағриб ҷоиз нест ин тибқи иҷмоъи мазоҳиби Аҳли суннат аст. Бояд зикр намоям,ки дар мазҳаби мо Аҳноф ҷамъи миёни ду намоз тибқи фиқҳи Ҳанафӣ вақте қариби намози аср медарояд ва намози зуҳр қазо мешавад дар ин миён адо карда мешавад ва ин чунин намозҳои суннати бомдод ва шом ва хуфтан ва намози витр адо карда мешаванд чунки барои мусофир дар ин вақтҳо мушкил нест адо карданашон.Инчунин Расули акрам(с) дар мувозибати суннати намози бомдод ва витр таъкид намудаанд ва худашонҳам онҳоро дар ҳама ҳолот сафар ва ҳолатҳои одди адо намудаанд.