Маросими ақди никоҳ

Ислоҳ нет

Маросими ақди никоҳ

(бахши аввал)

Асоси ақди никоҳ ризоят ва мувофиқати ду тараф аст ва бе ризояти ду тараф ҳеҷ ақде, хосатан ақди никоҳ сурат намегирад. Чун ризоят амри ботинӣ аст, мебояд чизе вуҷуд дошта бошад, ки баёнгари ин мувофиқат бошад ва чизе, ки баёнгари ин мувофиқат маҳсуб меёбад дар истилоҳи фақеҳон ба номи «иҷоб» ва «қабул» ёд мешавад.

Иҷоб ва қабул.

Иҷоб. Иборат аз каломи тарафи аввал аст, ки далолат бар эҷоди никоҳ дорад. Мисли ин ки падари духтар барои марди хостгор мегӯяд: «Духтарам Фотимаро бароят ба никоҳ додам» ва ё мегӯяд: «Духтарам Фотимаро ба ҳамсарӣ барои шумо ба никоҳ додам» ва ё худи Фотима мегӯяд: «Худамро барои шумо ба никоҳ додам» ва мисли ин иборатҳо.

Қабул: Иборат аз каломи тарафи дуввумӣ аст, ки далолат бар мувофиқат ва анҷом ёфтани никоҳ дорад. Масалан, тарафи дигар, ки хостгори ҳозир ва шавҳари оянда бошад, мегӯяд: «Духтари шумо Фотимаро ба никоҳи худ қабул кардам» ва ё «Духтари шумо Фотимаро ба ҳайси ҳамсари худ қабул намудам» ва ё барои Фотима мегӯяд: «Шуморо ба ҳамсарии худ қабул намудам» ва мисли ин иборатҳо.

Чанд нукта.

1. Лафзҳои аслӣ дар ақди издивоҷ, лафзи «никоҳ» ва ё «издивоҷ» аст. Мисли ин ки, бигӯянд: ба никоҳ додам, ба никоҳ гирифтам ва ё ба издивоҷ додам ва ё ба издивоҷ гирифтам. Агар ду тараф ва ё яке аз онҳо дар ақди издивоҷ лафзҳои дигаре ба ҷуз аз лафзи «никоҳ» ва «издивоҷ»-ро ба кор бурдаанд, дар сурате, ки он лафз далолат ба тасарруф ва молик шудан дошта бошад, боз ҳам никоҳ сиҳат пайдо мекунад, мисли ин ки падари духтар бигӯяд: духтарамро бароят бахшидам ва ё бигӯяд, ки бароят хайрот додам ва ё бигӯяд, ки зери тасарруф ва моликияти шумо даровардам ва ҷониби дигар бигӯяд, ки «қабул кардам», дар ҳамаи ин гуфтаҳо никоҳ дуруст мегардад.

2. Никоҳ ба лафзи «иҷора» сиҳат пайдо намекунад, мисли ин ки падари духтар барои хостгор бигӯяд: «Духтарамро барои шумо ба иҷора додам» ва хостгор бигӯяд, ки «қабул кардам», ақди никоҳ сиҳат пайдо намекунад.

3. Агар ду тарафи ақд дар маҷлиси никоҳ ҳозир бошанд ақдашон ба навиштан дуруст намегардад. Мисли ин ки падари духтар ба рӯи коғаз бинвисад, ки «Духтарамро бароят ба никоҳ додам» ва хостгор бинвисад, ки «қабул кардам», ақди никоҳ дуруст намегардад. Аммо ду тарафи ақд аз якдигар дур буда, ғоиб бошанд, иҷоб ва қабули никоҳ ба навиштан, бо шартҳои муайяне сиҳат пайдо карда, никоҳ баста мегардад.
Шартҳои иҷоб ва қабул.

Барои он ки «иҷоб» ва «қабул» сиҳат пайдо кунанд чаҳор чиз шарт аст:

1. Агар ду тарафи ақди никоҳ, ки иҷоб ва қабулро анҷом медиҳанд, оқил ва болиғ бошанд. Бинобар ин, агар яке аз ду тараф девона ва ё тифли ноболиғ бошад, ақди никоҳ дурустӣ пайдо намекунад.

2. Агар «иҷоб» ва «қабул» дар як маҷлис анҷом пазирад, яъне дар ҳамон лаҳзае, ки падари духтар барои шахси хостгор мегӯяд: «Духтарамро бароят ба никоҳ додам», бояд хостгор дарҳол бигӯяд, «Духтари фалонро ба ҳамсарӣ бароям қабул намудам». Аммо падари духтар гӯяд, ки «духтарам Фотимаро бароят ба никоҳ додам» ва тарафи дигар сукут намуда, баъд аз вайрон шудан ва барҳам хӯрдани маҷлиси ақд гӯяд: «духтарат Фотимаро ба ҳамсарии худ қабул намудам», ин никоҳ сиҳат пайдо намекунад.

3. Ин ки «қабул» мувофиқи «иҷоб» ва ё беҳтар аз он бошад мисли ин ки падари духтар гӯяд, ки «духтарам Фотимаро дар муқобили панҷ ҳазор дирҳам маҳр барои шумо ба никоҳ додам», вақте никоҳ сиҳат пайдо мекунад, ки тарафи дуввум бигӯяд: «духтари шумо Фотимаро дар муқобили панҷ ҳазор дирҳам маҳр ба никоҳ қабул кардам». Агар қабулкунанда, яъне издивоҷкунанда маблағеро зикр кард, ки зиёда аз «панҷ ҳазор дирҳам» мисли «шаш ҳазор дирҳам» бошад дар ин сурат низ никоҳ дуруст мегардад, аммо агар маблағи камтареро зикр кард никоҳ дуруст намегардад.

4. Агар ҳар кадом аз ду тарафи ақди никоҳ сухани якдигарро шунавад ва фаҳмад никоҳ дуруст мегардад, аммо яке аз ду тараф кар буда ва ё забони дигарро нафаҳмад никоҳ дуруст намегардад.

Чанд нукта.

1. Лозим нест, ки «иҷоб» ва «қабул» ба лафз ва забони арабӣ сурат бигирад, балки ба ҳар лафзи дигар мисли форсӣ, англисӣ, русӣ ва ё ҳар лафзи дигар низ сиҳат дорад;

2. «Иҷоб» ва «қабул» ба ҳар забоне, ки бошад, бояд ду тараф ҳамон забонро дониста, мақсади якдигарро ба хубӣ дарк карда тавонанд;

3. Агар яке аз тарафҳо гунг бошад, ишорааш дар сурате, ки фаҳмо бошад ва ҷои нутқро гирад никоҳ дуруст мегардад;

4. Агар ду тарафи ақди никоҳ забони якдигарро нафаҳманд метавонанд ақди никоҳро аз тариқи тарҷумон анҷом диҳанд, вале тарҷумон бояд шахси амин ва ростгӯ буда, забони ду тарафро комилу саҳеҳ бидонад;

5. Агар марду зане, ки мехоҳанд бо ҳам издивоҷ кунанд, оқил ва болиғ бошанд метавонанд худ дар маҷлиси ақди никоҳ ҳозир гардида, ақди никоҳро анҷом диҳанд, мисли ин ки ҳар кадом метавонад шахси дигарро вакил намояд, то аз тарафи вай ақди никоҳро анҷом диҳад;

6. Агар зан ва ё мард дар маҷлиси ақд ҳозир нагардида, дигареро вакили худ сохта бошанд, бояд ду нафар дар ақди ваколат ҳозир бошанд, то дар маҷлиси ақди никоҳ омада, шаҳодат диҳанд, ки Фотима ва ё Анис падар ва ё бародар ва ё ҳар шахси дигареро вакили никоҳи худ сохтааст.

Мақолаи баъдӣ шартҳои ақди никоҳ аст, яъне шартҳои ақд бояд чӣ тавр бошанд? Кадом шарт пазируфтанист ва кадом шарт пазируфтани нест? Дӯстдори хонандаи азиз

Share This Article