Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон. (Дар партави Қуръон ва суннат) (бахши аввал)

Ислоҳ нет

Бист машварат дар роҳи ҳалли мусибатҳои домангири инсон.
(Дар партави Қуръон ва суннат)
(бахши аввал)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Пас аз ҳамду сипоси беҳад Худованди якторо ва дуруду салом бар паёмбари хайруланом Муҳаммади Мустафо (с) ва хонадон ва ёрони ҷоннисори Ӯ(раз), мехоҳам дар мавриди мушкилот ва мусибатҳое, ки бар сари мо меоянд, чӣ тавр меоянд ва онҳоро чӣ тавр бояд ҳал кард, чанд тавсияе бидиҳам. Инсон мавҷудест, ки дар зиндагӣ гоҳ ба мусибат ва гоҳ ба муваффақият ба сар мебарад. Барояш лозим аст, ки дар ҳар ду ҳолат бояд нуктасанҷ бошад ва оне, ки барояш лозим асту муҳим истифода намояд. Биноан барои ҳар як фард, билхусус фарди мусалмон лозим аст дар ҳар ду ҳолат ба Худованд, ба китоби Ӯ ва ба сунати расули Ӯ такя намояд ва онҳоро барои худ шиор созад, зеро пайравӣ аз китоби Қуръон ва суннати паёмбар (с) барои мусалмон ҳам фарз асту ҳам қарз. Бад-ин мақсад тасмим гирифтем, то дар ин росто матлаберо забт намоем ва дар роҳи дур кардани ҳолати дуввум, яъне мусибат машвартеро дар партави Қуръону суннат барои хонанди ҳушманду шавқманд гӯшзад намоем.Аз шумо азизон хоҳиш менамоям то ҳамаи он машваратҳоро бихонед ҳатман бароятон сӯдманд хоҳанд буд.
Бо иродаи Худованди муттаол дар муаяйн намудан ва роҳҳои халосӣ аз онҳо мепардозем ва онҳоро ба 20 бахш ҷудо менамоем. Ин дунё бешак хонаи мусибат ва маконест барои банда, ки ба он гирён меояд ва аз он гирён меравад. Дар ин дунё инсони хушбахти модомулумре ёфт нахоҳад шуд, зеро агар хушбахт аз нигоҳи молӣ бошад аз нигоҳи дигаре ранҷ мебарад, ки он ранҷҳоест, ки хосси он шахс аст ва аз нигоҳи умум бемусибат инсоне ёфт нахоҳад шуд, ва ин ба ҳамагон маълум аст. Уламо ҳар бало ва мусибати бар инсон мерасидаро ба чаҳор қисмат ҷудо намудаанд, ки аз ин қабиланд: Аввал: Он мусибате аст, ки бар худи инсон расидааст. Дуввум: Мусибате дар мол ва ё дороии ӯ расидааст ва ё аз надоштани он ранҷ мекашад. Саввум: Ба обурӯй ва ё иззати нафсиаш расидаанд ва ё ӯро беэҳтиромӣ кардаанд. Чаҳорум: Мусибате ба хонаводааш ва ё ба оне, ки ӯро дӯст медорад расидааст, ки ӯ аз он ранҷ мекашад.
Албатта ин дар умум аст ва дар ин чаҳор гурӯҳ ҳама инсонҳо баробаранд, чӣ мусалмон бошад ва ё чӣ ғайри он, чӣ парҳезгор бошад ва ё фосиқ. Ин тақсимбандӣ умумӣ буд. Дар ин дунё ҳамагон дар ҷустуҷӯи зиндагии хушу босаодат ва оромишанд. Ҳатто ҳайвонот, ки мавҷуди зиндаи ғайри нотиқанд дар ҷустуҷӯи зиндагии хушу осудаанд. Мисли инки аҳаммият дода бошед, агар ҳайвоне дар маконе бошад, ки онҷо офтоб бар сараш нурпошӣ ва гармӣ диҳад барои худ макони сояе меҷӯяд, то аз гармии он эмин бимонад. Пас пайдост, ки дар ин дунё ҳамагӣ дар ҷустуҷӯи саодат ва оромишанд. Ҳоли инсонро Худованд дар ин дунё чунин тавсиф намудааст:
” لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَان فِي كَبَد”
« Ба дурустӣ, ки одамиро дар ранҷу меҳнат биёфаридаем.»
(Сураи Баллад,ояти 4)
Ибни Кассир дар тафсири ин ояти карима чунин мегӯяд:
يكابد مضايق الدنيا وشدائد الآخرة .
Тарҷума: Бар дӯш гирифтани тангии дунё ва сахтиҳои рӯзи қиёматро гӯянд.
Ибни Ҷарир(раҳ) мегӯяд : Кабад- Кореро гӯянд,ки хело сахт бошад таҳаммул ва бардошти он барои шахс.
Бе шак ҳангоме, ки мусибат бар сари инсон меояд зиндагӣ барояш нохушоянд аст ва ин дунё бо ин фарохиаш танг мегардад. Гоҳо аз он ҳеҷ роҳи халосие намеёбад ва ҳама дарвозаҳои наҷотро бар рӯяш баста мебинад. Чунин мепиндорад, ки барои аз ин варта раҳо ёфтанам вақти тулоние лозим аст. Барои илоҷи чунин ҳолатҳо мебояд роҳои берун шудан аз онро биҷӯем ва ё лоақал ончиро, ки сабаби раҳоӣ аст, ҷустуҷӯ намоем. Албатта ман намегӯям роҳи ҳалли ин ҳамаро пайдо намудаам, вале иншоаллоҳ то ҷойи тавон давои онро ҷустуҷӯ намудам, то мушкилкушои ин мусибатҳо шавад. Ҳамзамон ба баёни онҳо мепардозем ва шумо кӯшиш намоед якеро пас аз дигар дар зиндагӣ татбиқ намоед, то аз он мусибате, ки гирифторед раҳо ёбед .
1. Нигоҳ доштани худ ҳангоми расидани мусибат.
Ҳангоме, ки мусибате бар сари инсон расид аз қабили марги наздикон ва ё аҳлу оила ва ё дӯстоне, ки аз фироқаш ранҷ мебарӣ ин ҳангом бигӯ: «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун». «Мо аз Худоем ва бозгашти мо ба суи Ўст».
Инро бидон, ки нигоҳ доштани худ ҳангоми расидани мусибат ин яке аз амалҳо ва суннатҳои расули акрам (с) аст. Ин амал ба хости Худованди якто барои нафаре, ки ин амалро анҷом медиҳад, оромиши хубе мебахшад. Тавре ки Имом Муслим дар саҳеҳи худ аз ҳадиси Умми Салама аз расули акрам (с) ривоят мекунад: Умми Салама(р) мегӯяд: аз Расули арам(с) шунидам, ки чунин мегуфтанд: «Ҳар мусалмоне, ки ба ӯ мусибате (аз маргу даргузаште, ки ба ӯ) мерасад он ҳангом бигӯяд онеро, ки Худованд амраш намудааст: «Мо аз Худоем ва бозгашти мо ба суи Ўст». Худованди ман маро аз ин мусибат наҷот бидеҳ ва бароям аз ин беҳтар ато намо,зуд аст ин,ки медиҳад Худованд барояш беҳтар аз он….»
Хонандаи гиромӣ каме андеша намо оне, ки аз даст додаӣ онро дубора наметавон баргардонд ва доду фиғони ту дар баргардонидани он гумкардаат суде намедиҳад, ба ҷуз афзунии ғам ва худатро ба мусибати дигаре гирифтор менамоӣ ва мумкин аз ту он ҳангом суханоне сар занад, ки сабаби қаҳри Худованд гардад ва худро гунаҳкор намоӣ. Мехоҳам ин қиссаи таърихиро ин ҳангом барои таскини дард ва мусибатат биоварам, ки мисоли хубест дар ин маврид. Умми Салама (р) ҳангоме, ки шавҳараш аз дунё гузашт худро идора намуд ва аз Худованд талаби беҳтар аз Абусалама, ки шавҳараш буд, намуд ва Худованд барояш воқеъан беҳтар аз шавҳараш ато намуд, ки он Расули акрам (с) буд бо он Ҳазрат (с) издивоҷ намуд, ки барояш ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷуфти беҳтарине буданд, зеро унвони модари муъминонро соҳиб гаш. Ин аст натиҷаи нигоҳ доштани инсон худашро ҳангоми ин навъ аз мусибат. Умед аст хонандаи гиромӣ инро дар хотиротат нигоҳ медорӣ ва он ҳангом аз ин мусибати ба ту расид бо чунин роҳ худро аз он варта мераҳонӣ, зеро роҳе ҷуз сабр ва таскину таслим шудан ба қазо ва қадари Илоҳӣ роҳ ва чораи дигаре надорӣ.
2. Оромишро аз даст надодан ва бо шитоб амал накардан
(Хашмгин ё ғазабнок нашудан)
Бештари мусибатҳо ва мушкилоте, ки рух медиҳад дар миёни зану шавҳар ва ё ду рафиқ, ду шарик, ду бародар. Аз ин аз сабаб ончи шудааст аз тарафе мехоҳад онро фавран ва сари вақт ё қасдан бошад ва ё саҳван саросемавор анҷом додан ва мавзуъро дар миён гузоштан аст. Он чизеро мехоҳӣ дар ҳолати ғазаб ҳал намоӣ онро метавонӣ фардо низ ҳал намоӣ ва он сухан ва ё амали имрӯз анҷом медодаатро метавони фардо ва ё як рӯзи дигар дар ҳолати оромӣ ва идораи худ анҷом диҳӣ ин бароят хеле хуб аст, агар ҳар амал ва ё коре дар ҳақат шуда бошад. Мумкин аст онро каме фикр кунӣ, ки ту ноҳақ бошӣ ва ё коре бошад, ки дар он гуноҳи тарафи муқобиле, ки аз он гумони бад дори нест. Амали шахси саввум аст, ки хостааст миёни шумо ҷудоӣ андозад. Ин ҳангом саросема амал накун, ки дили бишкастаро пайванд кардан мушкил ва муҳаббати аз даст додаро дубора созише набошад, аз ин хотир ҳамеша дар амали анҷом медодаат оромиатро аз даст надеҳ ва қабл аз анҷоми коре хуб дар ҳолати оромӣ фикр кун, сипас онро анҷом бидеҳ.
Расули акрам(с) хитоб ба Оишаи Сиддиқа (р) намуда, чунин фармуданд:
عليك بالرفق واياك والعنف والفحش فان الرفق لا يكون في شئ الا زانه ولا يترع من شئ الا شانه
(رواه مسلم)
«Туро фаро мехонам ба нармиш ва бурдборӣ ва туро аз хушунат ва таҳқир намудан барҳазар менамоям, зеро нармрафтори рӯ ба рӯ намегардад, магар бар сахтӣ ва дуруштӣ ва гирифта намешавад магар азончизе, ки дар шаънаш аст».
Ва ин хитоби расули акрам пас аз модарамон барои ҳар яки мост бояд ба ин сухан аҳамияти хоса диҳем.
Ҳеҷгоҳ надидем ва ё нашунидаем, ки дуруштӣ ва ғазаб оқибатҳои хуше оварда бошанд. Агар бо қазияҳои додгоҳҳо бингарӣ ва бароят аз оқибатҳое, ки ҳангоми ғазаб анҷом додаанд шунавӣ ва бароят бозгӯ намоянд дар таъаҷҷуб хоҳӣ монд, ки инсон ба чунин амал даст мезадааст ва чунин амалеро он ҳангом анҷом медодааст, ки қалам аз навиштани он оҷиз аст ва ақли инсон онро тасаввур намекунад, ки аз инсон чунин амале ҳангоми ғазаб сар мезанад. Чӣ қадар хонаводаҳои хушу осуда хароб, чӣ қадар фарзанд ятим чӣ қадар дӯстон ҷудо аз ҳам, чӣ қадар инсон ҷони худро аз даст дода ва чӣ қадар инсон дар зиндон ва……. Ҳама аз дасти чанд лаҳза ғазаб. Пас барои зиндагии хубу осуда аз ин ғаризае, ки инсонро аз ҳолати инсонӣ он ҳангом аз инсоният берун менамояд ва ӯро ба як даррандаи тамом аёр табдил медиҳад бояд дурӣ ҷуст ва ҳангоми ғазаб фармудаи расули акрам (с)-ро ба ёд овард, ки чунин аст: ҳангоми ғазаб инсон бояд дар он ҳолате, ки ҳаст худро тағйир диҳад, нишаста бошад аз ҷояш боло шавад ва рост бошад нишинад ва ё дар ҳол вузӯ гирад, зеро вузӯ бо оби хунук оташи дарунии инсонро хомӯш менамояд ва шайтон аз ӯ дур мешавад, чунинаст мафҳуми ҳадис. Бо ин амал ғазаби худро фурӯ нишонед ва худро аз хушунат дур созед ва осуда зиндагӣ намоед.
3. Сабр
Ҳангоме, ки гӯшҳоят мусибатеро шунид ва дилат аз шунидани он ғамгин шуд бояд сабрро пеша намой, зеро сабр ягона роҳи муқовимат дар муқобили мусибат аст. Худованд аз рӯи раҳмату карамаш дар муқобили мусибат барои бандагони солеҳаш сабрро ҷойгузин намудааст ва ягона роҳи муолиҷаи мусибат танҳо сабр аст ва дар он ҳикматҳои аҷибе нуҳуфтааст, ки фаҳм ва ақли инсон аз моҳияти он оҷизу нотавон аст.
Дар ислом сабрро мақому манзалати волоест. Сабр мақоми расидан ба мароҳили волост. Сабр хазинаест аз хазинаҳои биҳишт. Ба дурустӣ, ки Худованд сабркунандагонро подоши хеле бузург ваъда кардааст. Дар ин маврид дар каломи ҷовидонааш барои сабр кунандагон фармудааст:
«Музди сабркунандагон беҳисобу комил адо мешавад!»
(Сураи Зумар,ояти 10)
Имом Авзоъӣ дар тафсири ин оят чунин тафсири зебое намудааст: «Амалҳои сабркунандагонро рӯзи қиёмат вазн намекунанд ва барои онон ғурфаҳое дар ҷаннат дода мешавад».
Расули акрам ҳолати сабркунандагонро чунин баёни зебое намудааст: «Ман тааҷҷуб менамоям аз барои муъминон, зеро ҳама кор барояшон хуб аст. Ин амал нест барои ҳеҷ касе, магар барои муъминон аст. Агар барояшон фаррохӣ ва хушҳолие рассад шукр мегӯянд. Ин барояш хеле хуб аст. Агар барояш зараре осебе расад сабр менамояд. Ин ҳам барояш хуб аст».
(Ҳадис ба ривояти Имом Муслим аст)
Сабрро уламо чунин баён доштаанд: «Сабр онеро гӯянд, ки ҳамроҳ бо мусибат ва балои бар сараш омада бо камоли адаб истодагарӣ ва истиқомат намояд».
Ба ростӣ ман гумон намекунам, ки танҳо марг ва аз даст додани шахси наздик, ҷудошудан ва дар ҳолати талоқ сурат гирифтан танҳо мусибат бошад. Ҳар он чизе, ки туро озор ва азият диҳад он мусибат аст.
Рӯзе сумби пойафзоли Ҳазрати Умар Ибни Хаттоб (р) шикаст ва ё дарида шуд он ҳазрат яктараф нишаста чунин гуфт: «Ҳар он чизе, ки озорат диҳад мусибат аст».
Чун аз бандаи мўъминам шахси азизеро дур мекунам ва ў сабр карда аҷр металабад барояш ягона ҷазои нек ҷаннат хоҳам дод».
Имом Бухорӣ, рақам ( 4624).
Дар шарҳи ин ҳадис чунин омадааст: Шахсе ҳангоми вафоти наздикаш шарт ин аст, ки сабри ў ба хотири ризои Худо бошад.
Мавсуъатул-одобил-исломия, Абдулазиз фатҳи (2/786).
Воқеъан аз ин суханон метавон фаҳмид: агар мусалмон бар он мусибате, ки бар сараш омадааст сабр накунад бо мурури рӯзҳо он мусибат аз ёд меравад, вале аҷре ва подоше аз Худованд намегирад. Пас бояд биандешем, ки моро қудрете нест, ки ончи бар сарамон омадааст онро тағйир диҳем чаро он мусибатро босабр нагузаронем ва аҷру подош нагирем бояд ин фурсатро аз даст надиҳем ва сабрро дар ҳама мусибатҳо пешаи худ намоем ва аҷру подош гирем. Инчунин дар дохили сабр як чизи дигар аст он ризо аст, ризо будан ба ончи аз ҷониби Худованд ба ту расидааст аз қазо ва қадари илоҳӣ Тавре ки Худованд дар Қуръони карим мефармояд.
Бигӯ: «Мусибате ҷуз он чӣ Худо барои мо муқаррар кардааст ба мо нахоҳад расид.» (Сураи Тавба, ояти 51)
Ибни Раҷаб (раҳ) мегӯяд: миёни сабр ва ризо фарқияте вуҷуд дорад, ки чунин аст.
Сабр: Боз доштани нафс ва нигоҳ доштани инсон худро ҳангоме, ки сахтӣ ва мусибате бар ӯ мерасад. Вале орзӯ ва таманнои ба поён расидани он мусибатро низ дошта бошад. Инчунин нигоҳ доштани аъзои бадан ва тоқат намудан ба он мусибате, ки бар ӯ расидааст.
Ризо: Фарох гирифтани сина ва худро аз даст надодан бар ончи, ки ба сарат омадааст. Инчунин ба поён расидани мусибатро орзӯ кунад, агарчӣ эҳсоси дарду алам намояд. Вале ризо худ он аламу дардро осон мегардонад, зеро қалби он шахс бо яқин ошноӣ дорад. Аҷибаш инҷост, ки ҳангоме, ки ризо дар инсон қавӣ ва росих гашт он худ озору дард ва мусибатро ба куллӣ дар шахси дорои ризо дур менамояд.
Ибни Ҷавзӣ (раҳ) мегӯяд: Агар ин дунё макону бошишгоҳи озмоиш ва имтиҳону балову бемориву мусибат намебуд, ҳаргиз зиндагиро дар худ барои паёмбарону солеҳон сахт ва мушкил намекард.
Масалан: Одам(а)-ро бо дарду аламу машаққат аз худ берун кард.
Иброҳим (а) Бо оташ озмоиш шуд ва фарзандашро то ба қурбонӣ намудан дар роҳи Худо расонид.
Яъқуб (а) Ончунон гирист, ки чашмонашро аз даст дод ва нобино гардид.
Мусо (а) аз Фиръавн ва қавми худ фишору таъқиб дид.
Исо (а) Дар замин маъво ва макон наёфт ва дар он зиндагии хуше надошт.
Муҳаммад (с) Дар замин бо фақру нодорӣ сабр намуд. Амакаш Ҳамза (р), ки дӯстдоштатарин шахс барояш буд дар ҳаёташ кушта ё шаҳид шуд. Қавми он Ҳазрат (с) аз ӯ нафрат намуданд ва қабулаш накарданд.
Инчунин Анбиё ва солеҳине, ки дар дунё мусибат ва ранҷ кашидаанд зиёд аст ва намехоҳем ҳар яке онро баён намоем. Агар дунё барои лаззат офарида мешуд дар он барои шахси муъмин ҳеҷ шансе набуд. Яъне дунё ҷаннати кофир ва дӯзахи муъмин аст.
Хонандаи гиромӣ барои ҳамаи он тавсияҳои бистгонаро донед ин матлаб ё мақоларо мунтазир бошед то ба хӯбӣ аз онҳо огоҳ гардед.
Идомаи матлаб расидани рӯзи хуҷаста ва накӯ бо дигар тавсияҳо.

Share This Article