Фошкориҳои Диссернет кори дасти ҳукумати Эрон аст!

Ислоҳ нет

 

 
Чандест “Сомонаи Диссернет” шармандагии “олимон”-и мақомдори тоҷикро ошкор намудааст. Дар аввал танҳо худи он “олимони мақомдор” аз худ ба гунае ҳимоят мекарданд, аммо кор ба вахомат кашида шуда ҳатто ба хабари нашр намудаи Сомонаи Ахбор.сом, аз забони нафари аввали кишвар ҳам садо сар дода шуд. Аз як нигоҳ ин хабари Ахбор.сом воқеъӣ менамояд. Мумкин аст пурсед, аз куҷо инро мегӯед?
 
Дақиқан имрӯз се нафар ба ман навиштаанд.
 
Як мукотабаро мегузорам, чун худашон иҷозати нашр ё расонаӣ карданро додаанд:
 
Фейк: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод! Умедворам хубу саломатед. Медонед ҳукумати Эрон барои бадном кардани олимони Аҳли Суннат ба «Диссернет» пул додааст, то онҳоро шарманда ва беобирӯй кунанд. Аз шумо хоҳиш менамоем ба ин дасисаи Рофизиён худро зам накунеду он чӣ ин сомона менависаду ифшокориҳое мекунад, бар алайҳи олимони Аҳли Суннат онҳоро тасдиқ накунед. Ман инро аз пеши худ намегӯям ва аз манбаъи дақиқе бароятон менависам.
 
Isloh.net: Ва алайкум асалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Метавонед манбаъи ин хабарро бароям бигӯед?
 
Фейк: Устод наход мани сунниро бовар накунеду дасисаҳои Рофизиёнро бовар кунед?
 
Isloh.net: Ин чӣ рабте ба суннӣ ва шиъа дорад?
 
Фейк: Сад дарсад рабт дорад ва мехоҳанд обирӯйи олимони моро дар арсаи байналмилалӣ резонанд.
 
Isloh.net: Аввалан, кадом як аз ин асардуздон олимони Аҳли Суннатанду шумо афсона бароям нақл накунед ва ман машғулам.
 
Фейк: Гӯш кун, ман вазифама анҷом додам ва бароят расонидам, то гунаҳгор накунӣ худатро ва он чӣ душманони миллат бар зидди ин миллат ва давлату олимонаш анҷом дода истодаанд шарик нагардед.
 
Isloh.net: Ман метавонам ин хабарро расонаӣ кунам, то дигарон ҳам аз он огоҳ гарданд?
 
Фейк: Бале, бале, сад дар сад метавонед мардумро огоҳ кунед, то ба ин дасисаҳои Рофизиҳо худро ҳамроҳ накунанду гуноҳ нагиранд.
 
Isloh.net: Хело хуб, пас мунтазир бошед ва ман ба шакле мехоҳам инро нашр мекунам?
 
Фейк: Бале устод медонистам шумо аҳли фаҳм ҳастед, Худоро шукр фаҳмонида тавонистам.
 
То инҷо суҳбати ман бо ин фейке буд, ки мукотабаро айнан овардам.
 
Хонандаи гиромӣ худатон қазоват кунед, ки чӣ тавр ин “олимон”-и асардузд ҳукуматро шарманда кардаанд. Вақте дигар ҳеҷ роҳе барои худсафедкуниашон пайдо накарданд, чунин роҳеро пеш гирифтаанд. Мақомоти амниятии кишвар мехоҳанд ба ашхоси алоҳида нависанд, ки гӯё ин дурӯғ аст ва ин кори дасти кишвари Эрон аст. Мехоҳанд ин шармандагиро рӯпӯш намоянд ва тавассути ашхоси дигаре инро анҷом бидиҳанд. Ҳангоме ки ҷон ба ҳалқум расид ва дар ҳоле дар зиндагӣ аз ислом безор ҳам буда бошанд ҳам, мефиристанд суроғи олими дин, то барояш Сураи Ёсин бихонанд. Ӯро бишӯянду бо ҷаноза дар қабристони мусалмонон бигӯронанд. Аммо дар зиндагонияшон исломро бад медиданду бар алайҳаш садҳо амалкарду зулмро раво медиданд.
Имрӯз ин ҳукумати ҷаноби “Пешво”-ҳам айнан дар чунин ҳолати ҷон ба ҳулқум расидаро мемонад. Диданд ҳеҷ қудратеу нерӯе ба додашон намерасаду шармандаи оламу аср гаштанд. Мехоҳанд раванд суроғи ислом, то ин ҷинояташонро яке мепӯшонад.
 
Ҳангомеки ин тарҳи “Шиъа ва Суннӣ”-ро хостед ба кор бубаред, ҳаддиақал як бор он ашхоси мутаҳҳамро аҳамият надодед? Оё дар дохили ин ашхос ё ин лист, ақаллан як шахси ба ислом камтар марбут бударо пайдо мекунед? Ҳукумати “Пешво” сарсахттарин мухолифи Аҳли Суннат, балки ислом аст.
Дигар ҷанобон ва дуздони мақомдор сари шуморо ҳеҷ собуне намешӯяд. Ягона роҳи наҷот аз ин шармандагӣ ин истеъфо ва курсиҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаатонро раҳо кардан аст. На ин ки вазифаеро бо вазифаи дигаре иваз кунед, гӯё гуноҳонатон пок шудаанд.
 
Ман бо ҳукумати Эрон аз нигоҳи ақида ва мазҳаб мухолифам. То имрӯз аз ҳеҷ иқдому амалкардаш ҷонибдорӣ накардаам. Аммо ҳаргиз тӯҳмату бӯҳтонро ба ин кишваре, ки аслан ба ин қазия ҳеҷ иртибот надорад, аз рӯйи имону ислом намедонам. Ин чунин ба ҳеҷ кишвару ашхосе ҳам,ки далоили равшан дар даст набошад раво намебинам. Метавонед ин тарҳатонро бармало шуда донеду худро шармандатар аз қабл ҳисоб кунед!
Муҳаммадиқболи Садриддин
Share This Article