Раҳмонов мусалмон шуданӣ нест

Ислоҳ нет

Ҷаласаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-атои Қирғизистон, ки чанд рӯзи пеш (21-июл) баргузор гардид, бори дигар исбот кард,ки «ислом» ,он чизе аст ки Раҳмонов аз он қади аҷал метарсад.

  «Радикализми динӣ» дар адабиёти Раҳмонов ислом аст, на дини дигаре. Агар хаффош аз хуршед битарсад, Раҳмонов аз ислом ва мусалмонӣ метарсад. Раҳмонов, шояд танҳо ва ягона раиси давлати мусалмоннишини дунё аст, ки бо ислому мусалмонӣ мушкилаш решадору ниҳодина шудааст.

Дар ислом ва мусалмонон Пешво танҳо пайёмбарамон ҳазрати Муҳаммад, салаллоҳи алайҳи вассаллам аст ва ҳеҷ аҳаде дигарро бо ин рутба ва бо ин унвон садо задан ҷоиз нест. Аммо Раҳмонов худро пешво эълон кардааст.

Мушкили Раҳмонов ин аст, ки дар ҳамсояаш ҳукумати исломӣ сари кор омад. Толибон аз ислом ба чи шаклу шевае дар кори давлату мулкдорӣ истифода мекунанд, ҳарфи дигаре аст. Аммо бовар кунед, мушкили Раҳмонов Толибон нест. Мушкили Раҳмонов ислом, аркони он, қоидаву қонуни он, шариати он, адлу доди он, молияи он, иқтисоди он, ҳуқуқи башари он аст. Мушкили Раҳмонов исломи рӯи саҳна, исломи ҳамгоми ҳаёт, ҳамнафаси зиндагии инсонҳо аст. Ба истилоҳи имрузӣ исломи сиёсӣ аст. (Ислом аз оғоз то ба ҳол ҳеҷ гоҳ аз сиёсат ҷудо набудааст, балки ин ислом аст ки сиёсатро танзим ва таъйин кардааст).

   “Ҳар ончи Раҳмонов дар бораи табъизи нажодӣ, маҳрумиятҳои ақалиятҳои миллӣ ва ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон мегуяд, баҳонаҳое беш нест. Мушкили Раҳмонов бо Афғонистони имрӯза ин аст ки сиёсати ин давлат комилан баракси сиёсати динситезона ва исломҳаросонаи Раҳмонов аст.”

Раҳмонов дар Чолпон-ато мегуяд, ки «нерӯҳои муайян, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш доранд, ки шаҳрвандони минтақаро ба амалҳои мухталиф ҷалб кунанд» ва мегуяд, ки «чолиши ҷиддитарин таблиғи идеологияи ниҳоят вайронгари радикализми динӣ дар Осиёи Марказӣ аст» ва боз ҳам мегуяд «рӯйдодҳои охир нишон доданд, ки ифротгароёни динӣ метавонанд, ҳар гуна нерӯи эътирозии ҷомеаи моро ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода баранд», бовар кунед, ки фақат барои худ ва давлату ҳукумати хонаводагии худ мегуяд. Бубинед, ки дар ҳар калимааш ҳарос аз дин ва нафрат бо ислом доштанашро пинҳон намесозад.

Раҳмонов мушкили шахсии худро, мушкили хонавода ва ҳукумати худро мушкили Тоҷикистон ва мардуми он ҷилва дода истодааст. Раҳмонов вақте мегуяд, ки дар Афғонистон ҳама ақшори ҷомеа дар ҳукумат ҷо надорад, чаро ин мушкилиро дар Тоҷикистон намебинад? Магар дар Тоҷикистон ҳукумати як қабила ва як оила нест?

  “Мардуми Тоҷикистон бо Толибон ва Иморати исломиаш мушкил надорад. Иморати исломӣ ба Тоҷикистон чи кор дорад, агарки Раҳмонов дар Тоҷикистон ба он тоҷиконе, ки ҳоло дар сафи онҳо амал мекунанд, шароити зиндагӣ ва ҳаётро нагирифта бошад? Чаро мо бояд гурезаву овора дар мулки бегона бошем? Чаро хонаву дари мо, замину молу мулки моро Раҳмонов ихтиёрдорӣ бикунад? Чаро бояд Раҳмонов сӣ сол дар қудрат бимонад? Чаро Раҳмонов тамоми аъзои оилаашро соҳибмансаб кунад ва боқии мардумро мисли ғулому барда истифода барад?”

Ин ҳама мушкил, ки вуҷуд дорад ба маҳзи ҳузури тулонӣ ва сиёсатҳои ғайрибашарӣ ва ҷинояткоронаи Раҳмонов ба вуҷуд омадааст. Раҳмонов талош дорад, ки ҳамаро чапғалат диҳад, гумроҳ созад ва гул занад, то мушкили хусусии худро бори гардани мардум, бори гардани давлати тоҷикон кунад ва карда истодааст. Агар тамоми гурӯҳу ҳаракатҳо, ҳизбҳо масалан «Гурӯҳи 24» масалан ҲНИТ масалан ҳатто ҳамон Арсалон дар ватан бошанд, орому осуда зиндагӣ ва дар интихоботҳо иштирок кунанд, интихоботҳо шаффоф доир шаванд, кадом неру ва гурӯҳ аз берун метавонад ҳамла ва таҳдид кунад? Вақте Раҳмонов ҳақи зистан дар ватанро аз онҳо гирифтааст, вақте зистанро танҳо барои худ, қабилаи худ ва оилаи худ иҷоза додааст, чаро аз таҳдиди Толибон ва ҲНИТ-у хоҷаҳои хориҷӣ суҳбат мекунад? Ин худи Раҳмонов аст ки таҳдид ва хатар ба амнияти давлат ва мардуму миллат шудааст.

Раҳмонов ният ва нақшааш ин аст ки мардуми Тоҷикистон тамоми умр барои хуронидану пушонидани оилаи вай кор кунад. Сарбоз диҳад то ки вайро ҳимоят кунад. Пас, тут причем ҲНИТ, причем Гурӯҳи 24 ё дигару дигар? Раҳмонов тарсаш ин аст, ки аз хонаи сохтааш, аз пулҳои дуздидааш…. ҷудо мешавад. Чун дар ҳақиқат гунаҳгор ва муттаҳам аст, чун золим аст ва золимона давлат ронда истодааст. Раҳмонов ин ҳамаро хуб медонад, ки болои халқ зулм карда истодааст. Раҳмонов ба ин савол, ки чаро вай ва оилаи вай як ҳаёт дар сари қудрат бошад, ҷавоб надорад. Саволе, ки тамоми Тоҷикистон дар нуки забон дорад. Барои ҳамин ин Раҳмонов аст ки ба мушкили асосӣ, ба манбаъи хатар, ба мабдаи таҳдид табдил шудааст.

Ҳузури Раҳмонов дар ҳокимият иллат ва сабаби асосии нооромӣ дар кишвар хоҳад буд. Бояд кушоду равшан бигуем ва бидонем, ки ин вуҷуди Раҳмонов ва ҳузури вай дар қудрат мусаббиби тамоми бадбахтиҳои имрӯза ва оянда аст. Сад дарду дареғ, ки сӣ сол бозо як номусалмон болои мусалмонҳо ҳокимият мекунад.

  “Ҳақиқат ин аст,ки Раҳмонов ҳукуматро бо ин шарту бо ин ваъда ва бо ин кафолату замонат гирифта буд ва барояш  дода шуд, ки ба ислом иҷоза ва имконоият намедиҳад. Ваъдааш ин аст, ки исломро нест бикунад. Вайро дар ин вазифа монданд, ки муқобили ислом истод бишавад, пеши густариш ва тавсеаи исломро биград. Идеологияи Раҳмонов идеологияи зиддислом аст. Дар ҳоле, ки беш аз 1униммилиард мусалмон дар дунё кору зиндагӣ мекунанд, даҳҳову садҳо мамолики мусалмоннишин вуҷуд дорад.”

Раҳмонов «Абобил»-и Ҷумҳурии исломии Эронро қабул дорад. Раҳмонов хайру садақоти арабҳоро қабул дорад, Раҳмонов сармоя ва пули Қатари салафиро қабул дорад аммо исломро бад мебинад. Вай мусаллаҳ мешавад на бар зидди Толибон, бар зидди ислом ва мусалмонҳо силоҳ мегирад. Вагарна бо Толибон тиҷоратҳояш дар равнақ аст. На танҳо барқ, ангишт, семент ҳатто тухм фурӯхта истодааст. Чанд баробар зиёд аз давраи Ғанӣ. Шамсуллои домодаш ҷайбҳоро аз фурӯши ангишти Ғарму Фалғар ба Афғонистон пур кард.

Раҳмонов бо ин мавзеъи оштинопазираш бо ислом бо Русия, Амрико ва Чин, ки ҳар кадоме бо таври худ бо ислом мушкил доранд худро қарин карданист. Яқинан дар он қисмат аз суханрониаш дар нишасти Чолпон-ато, ки бо хоҳиши худи вай ба таври пушида сурат гирифт аз ҲНИТ, аз Муҳиддин Кабирӣ, аз Ҷамоати Ансоруллоҳ аз Арсалон, аз ҳаводиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон суҳбат кард. Аммо, боз ҳам мегуем, ки Тоҷикистон ватани танҳо Раҳмонов ва қабилаи вай ва оилаи вай нест. Онҳо, ки ҳарфҳои ӯро шунавиданд, ҳатман ба худ суол хоҳанд кард, ки Кабирӣ ва ҲНИТ чи коре кардааст, ки бояд дар хориҷа ба сар барад. Вай, бояд дар ватани худ бошад ё хайр?

Вақте Раҳмонов аз шабакаҳои иҷтимоӣ эҳсоси биму тарс мекунад ва аз онҳо бо нафрат ёдовар мешавад, дурусту дақиқ моро дар назар дорад: «нерӯҳои муайян, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш доранд, ки шаҳрвандони минтақаро ба амалҳои мухталиф ҷалб кунанд».

“Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфе барои гуфтан пайдо намекунанд, агарки Раҳмонов аз қудрат биравад. То замоне Раҳмонов дар қудрат аст ва қудрат дар Тоҷикистон ивазнопазир мемонад, шабакаҳои иҷтимоӣ сокит намеистанд. Раҳмонов дар ин нишаст эътироф кард, ки дар Тоҷикистон «неруи эътирозӣ» вуҷуд дорад. Аммо вай ҷойи онки пайи расидагӣ ва муколамаву муомила бо ин неруҳо бошад, аз он бим дорад, ки «ифротгароёни динӣ» аз онҳо «ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода мекунад». Агар замина, ангеза, сабаб омилҳо барои анҷоми амалҳои мухталиф набошад кадом қуввае қодир аст ки кореро бар хилофи майли мардум анҷом диҳад?”

Раҳмонов ҳамоно душмани қасамхӯрда ва рақиби сарсахти ислом боқӣ мондааст. Раҳмонов бо ҳамин шиор ва бо ҳамин принсип давлатдорӣ карда истодааст. Ҳамон сиёсати аз соли 1992 идома дорад. Раҳмонов худро мубориз, хатти аввали ҷабҳа, дар баробари ифротиҳо, радикалҳо, ваҳҳобиҳо ва салафиҳо тасвир карда истодааст.

Католик, православ, христиан, маҷусӣ, кришноит, даҳрӣ ҳатто ақалиятҳои ба истилоҳ ҷинсӣ  дар Тоҷикистон мушкил надоранд вале ин муллову масҷиду ислом аст ки дар Тоҷикистон мушкил дорад, худро ғарибу бегона ҳис мекунад. Раҳмонов қудрат ва курсии худро мадюни мухолифат ва душманӣ бо ислом медонад, ки дуруст ҳам ҳаст.

Владмир Квачков, сарҳанги пешини ГРУ ва асосгузори Фронти халқӣ, ки мегуяд ҳам Сангак ва ҳам Раҳмонов ҳосили кори уст барояш вазифа ин буд, ки Тоҷикистонро аз исломиҳо озод кунад. Вай гуфт, ки барои иҷрои ин кор кондиди Раҳмонов муносиб омад. Ҳоло акнун сӣ сол аст ки исломи азизро, ин дини оламшумулро, ин дини ростину барҳақро барои бақои қудрати худ душман рост кардааст. Қонун ва қоидаҳои зиддиисломии вай, ҷаримаҳо ва муҷозот барои таълиму тадрис, инки вай муллоҳоро водор кард, ки дар консерти Юлдуз иштирок кунанд, инки вай маҷбур кард, ки дасти шикасти Ленинро мараммат кунанд, аз ғаризаи зотӣ ва ботиниву дарунии вай гувоҳӣ медиҳад.

 ” Чаро кушоду рушан намегуяд? Чаро намегуяд, ки он неруҳои нооромкунанда кӣ аст? Ҳоло, ки дар дастат мадрак дорӣ, хуб бигу, дигар, чи хой-хой мекунӣ, шафшаф нагӯ. Бигу, ки чи дар даст дорӣ? Бовар кунед, ки ин ҳама ҳарфҳояш дуруғи маҳз аст. Агар далелу мадрак дошт, кайҳо гуфта буд.”

Дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-ато Раҳмонов танҳо раиси ҷумҳуре буд,ки аз дин шикоят кард. Коре, ки сӣ сол аст мекунад, чун бо шиори «Нест бод Ислом» омада буд ва ҳамин ҳоло ҳам ҳамонро идома дода истодааст.

P.S :Дар матлаби баъдӣ ин мавзуъро, ки Русия дар пайи зораву илтимоси Раҳмонов қасд дорад ҲНИТ-ро террористӣ эътироф кунад, ин шо Аллоҳ ба баррасӣ хоҳем гирифт.

Share This Article