Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 390

Ислоҳ нет

Ду нома аз Ваҳдат, яктоӣ аз Шаҳринав, Самараи Русия ва Душанбе муҳтавои ин нашри барномаро ташкил доданд.

Ҳоло аз ин номаҳо сархатҳоеро пешкашатон мекунем, то иштиёқи шумо барои мутолиаи комили онҳоро бештар бикунанд.

Шурӯъ мекунем аз номаи аввали Ваҳдат: «Бачаҳо ин саҳар дар ҳукумат маҷлис шуда буд. Барои 35 солагӣ паради ҳарбӣ мегузаштай. Ай ҳар як куча даҳнафарӣ либосои военний қатӣ. Либосои военний ҳамаш якхела бояд бошад. Карочи сари ҳар як форма сесадсумӣ таъин карданд. То рӯзи душанбея. Даҳта форма сесадсумӣ сеҳазор сомон. Рӯзи душанбе пула супоридан даркорай».

Номаи дуввум аз Шаҳринав: «Вақте дар мурофиъа судя Наҷмиддин Аюбзода намонд ҷабрдидаҳо -яъне халқ суханони худашонро гап зананд, як бародар ба номи Ҳоҷӣ Нормӯмин хеста гуфт, ки муҳтарам судя барои чи мо гап мезанем шумо даҳони моро дарҳол мебандеду вақте ки раис гап мезанад то охир гуш мекунед? Судя Наҷмиддин Аюбзода дар рафти мурофиъа дар байни халқ ба ҳоҷӣ Нормӯмин гуфт, ки «ту пашёл на.уй»! Ҳол онки ин ҳоҷӣ аз падари ин судя калон аст».

Номаи саввум аз Самара: «Сайидасрор мулаққаб ба Гансро чанд соли пеш хешу табори худаш бо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бо одамони Рамазон Раҳимзода ва сеҳарфаҳои Русия ҳамдаст шуда ба Тоҷикистон истирдод карданд».

Номаи чаҳоруми барнома аз  Ваҳдат ва Ромит: «Ин генерал через «беваҳои махуф» яъне СС.Ятимов муллоро съемка кард. Ҷодугарӣ мумкин нест. Вале як ҳафта пас омад, зани генералро ҳақорат карда мегашт. Ҳатто одамҳои калон, мансабдорҳо пеши вай мераванд, вазифадорҳо. Вай дар Убара- Навободи Ромит мешинад. Ин мулло Маҳмад аз 80 боло аст, базӯр роҳ меравад.Чанд бор шуд мебаранд,пагоҳаш боз дар хонааш мегардад. Меояду мегӯяд ман илми ғайбро медонам, дарёро коре мекунам аз поён боло меравад, дуъо мехонам куҳҳо ба хок яксон мешаванд».

 Ва номаи ниҳоӣ аз Душанбе: «Началники ОБНОН ва УУР боз бо як чанд бузҳову агенту подставшикҳояшон тавассути як чанд афғони ҳаром дар группаҳои Имо, Телеграмма даромада шинос шуда пасон барои хизмат яъне илтимос мекунанд, ки «ма як қарздор дорум, сум мета гирифта равон кнен, ё камтар одами улфатӣ бошад маводи мухаддир пешниҳод мекунанд».

             Ваҳдат

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Ваҳдат менависам.

Рӯзи мардуми моро беҳад бад карда истодаанд. Ҳар рӯз аз ҷайби мардум бо баҳонаҳои мухталиф пул канда истодаанд. Ҳозир боз як ҳодисаи пулканиро мегӯям, ки бовар кунед, инаш чересчур аст, гузаронданд. Маҷлис карданду гуфтанд, ки сари хонавор сад сомонӣ ҷамъ мекунем.

Як кас савол дод, ки ин сад сомонӣ барои чӣ аст?Ба савол ҷавоб гардонд,ки «ин сад сомонӣ «хайрия» аст. Мо маслиҳат карда будем,маҷлис карда гуфта будем,ки ҳамин сад сомонӣ садақаи ҷория аст».

 Бародар Муҳаммадиқбол! Як бори дигар, аз ин пештар ҳам ҳамин хел карда буданд. Дар якум бори пулҷамъовариашон садақаи ҷория аст гуфта буданд. Ин бор ҳам мегӯяд, ки «садақаи ҷория аст:- бачаҳо ҳамин қадар пул даркор аст. Ҳаминро бифиристед. Баъд он рафиқ мегуяд, ки «хуб ҳо, бачаҳо бигиред ҳаракат кунед ба фоидаи қишлоқ».

  Ин вақте ба фоидаи қишлоқ аст гуфт,ман ин гапро ба калаам гирифта истодам. Баъд занг задам он бачарову гуфтам, ту маро нагуфтӣ ин пул барои чӣ буд? Баъд гуфт ҳозир меоям, аз пеш гап мезанем. Бо телефон намешавад. Баъд омад. Гуфт қишлоқамонро аз тарафи ҷамоат ҷарима карданд.Ҷамоат отдели милиса сохта истодааст. Баъд гуфт, ки 5000 мебарему медиҳемашон, тамом. Ана ҳоло пул ҷамъ карда истодаанд.

 Дар маҷлис раиси маҳалла гуфта буд, ки ҳоло ин саршавиаш аст. Ҳоло онҷо ба устоҳо обед бурдан даркор мешавад.

Касе, ки дар ҷамоати Абдулло Абдувосиев подчинятся  мекунад ҳамаи қишлоқҳоро ҳамин тавр доля бастагианд. Ана акнун гуфта истодааст, ки дуввум марҳалаашро барему биспорем. Ҳар як одам сад сомонӣ. Яксаду чанд хонавор бошад, барои ҳамин сохтмони отдел 10.000-и дигар бурда медодааст.

Масъалаи дигар масъалаи масҷид. Таъмири бинои панҷ масҷидро дар Ваҳдат иҷозат дода будаанд. Боз барои масҷид 10.000-и дигар бурда медодааст. Ҳамин ҳам дар қишлоқи мо иҷозат медодаанд. Ба фикрам ин пулро ба Кумитаи дин бурда медиҳанд.

Маълум аст ки аз ҷамоат болои раиси маҳалла  фишор меоранд. Вай дигар илоҷ надорад. Меояд пеши мардуми деҳа. Ва мегӯяд, ки биёед иҷро кунем. Боз нашавад, ки ҷарима кунанд. Вагарна меоянд як кас хона сохта истодааст, як кас ошхона, як кас ягон иморати дигар, мегиранд аз пушти онки қишлоқ надод, он як касро зарар мерасонанд.

Бубинед, ки бо пули марум отдел милиса сохта истодаанд.

 Дар раҳи Андигон як мактаби калон (литсей) сохтагианду дар бараш амният. То қишлоқи мо ва дар ҳамон раҳи Андигон як қишлоқи дигар аст -Чилмазор мегуянд, то ҳамон қишлоқҳо ба амнияти ҳаминҷо нигоҳ мекунанд. Мардуми инҷоро ба ҳамин амният фарёд мекунанд. Амнияти калони Ваҳдат ҳамин шудагӣ ҳозир.

 Хулоса, дар қишлоқи мо сари хонавода гирифта истоданд. Беш аз сад хоҷагӣ. Бе ғайр аз қишлоқи мо боз чор қишлоқ дар ҳамон ҷамоат аст, ки аз онҳо ҳам гирифта истодаанд.

Ва, ана акнун ба ҷои асосӣ омадем. Ин ҷои асосиро дар суханҳои як нафари масъул мефаҳмед:

«Салом алейкум бачаҳо, ҳамакаса созен хубен. Саломатиҳотон нағзанд, тинҷ соз, коротон хуб аст. Бачаҳои раҳдур, ҳама тинҷ,соз.

Бачаҳо ин саҳар дар ҳукумат маҷлис шуда буд. Барои 35 солагӣ паради ҳарбӣ мегузаштай. Ай ҳар я куча даҳнафарӣ ливосои военний қатӣ. Ливосои военний ҳамаш якхела бояд бошад. Карочи сари ҳар як форма сесадсумӣ таъин карданд. То рӯзи душанбея. Даҳта форма сесадсумӣ сеҳазор сомон. Рӯзи душанбе пул супоридан даркорай. Ин ҳатмӣ будай, ҳатмӣ будай ҷураҳо. Аку сиёсати давлатай.

   Ина ҳар як кучада задагиян. Мисол маҳаллая ниго када ҳамуқа одама чиз кардагианда. Як хел куча 8 нафар якхел куча даҳ нафарай, ай кучаи мо даҳ нафарай.

 Се ҳазор сомон рӯзи душанбе пул супоридан даркор. Ҳамина бинен бачаҳо маслиҳат кунен. Карти Шодмон қатӣ мекнен, Идрис қати мекнен ҳамина ҷамъ карда рӯзи душанбе супоридан даркор бачаҳо. Ҳамина бинен ҳамин масъалая».

Ана ҳамин тавр. Барои паради 35 солагӣ ҳам мо бояд пул диҳем!

              Шаҳринав

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Шаҳринав менависам.

Дар барномаи 350 -и «Номаҳо» дар бораи раисаи ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав гуфта будем! Лекин ин зани каҷроҳа ҳеҷ ба худ наомада истодааст!

 Ман инҷо мехоҳам дар бораи азоби мардуми ин ҷамоат гап занам. Ҳозир мардуми ҷамоат чанд гурӯҳ шуда кучаҳоро обод карда истодаанд, лекин аз тарафи раиса ягон дастгирӣ нест. Фақат интизор аст ки кай халқ як гушаи ҷамоатро обод кунаду ин раиса дар ноҳия худро реклама кунаду ифтихорнома аз номи ҷаноби олӣ гирад! Мардум ҳозир пул ҷамъовари карда ният кардаанд, ки ба ҷамоат оби тозаи ошомиданӣ биёранд. Лекин раиси хоҷагӣ Маҳмадсолеҳ Давлатов трубаҳое, ки аз давраи шуравӣ ба ин ҷамоат об меомаду баъди ҷангҳо хароб шуда буд, соҳиб шуда мегуяд, ки ин трубаю замину боғу роғро ман харида хусусӣ кардагиям. Ва ҳоло иҷозат намедиҳад, ки мардум трубаҳоро истифода бурда обро ба ҷамоат биёранд. Ҳол онки водазабору трубаҳои он ба раиси хоҷагӣ ягон иртибот надорад. Объект объекти ҷамоат аст. Лекин раиси ҷамоъат Барно Раҳимова чи муттаҳамие аз ин раис дорад, ки ягон дахолат намекунад, то мардум трубаҳоро истифода бурда обро биёранд. Мардум ариза навишта ба назди раиси ноҳия даромаданд. Раиси ноҳия аввал тарафдори халқ шуда гуфт, ки ин гуна объектҳо бо фармони ҷаноби олӣ ягон хел хусусӣ карда нашудааст ва намешавад ҳам. Лекин вақте ки бо писари Маҳмадсолеҳ Давлатов ва раисаи ҷамоат ба идораи ҷамоат барои машварат даромаданд намедонем, ки байни ин се нафар чи маслиҳате шуд, ки баромада 360 градус чаппа гашт. Раиси ноҳия гуфт, ки «хай як муомила кунетон худатон».

  Баъд мо мардум дастаҷамъона ариза навишта ба суди ноҳияи Шаҳринав додем, лекин резултат нол. Вақте дар мурофиъа судя Наҷмиддин Аюбзода намонд ҷабрдидаҳо -яъне халқ суханони худашонро гап зананд, як бародар ба номи Ҳоҷӣ Нормӯмин хеста гуфт, ки муҳтарам судя барои чи мо гап мезанем шумо даҳони моро дарҳол мебандеду вақте ки раис гап мезанад то охир гуш мекунед? Судя Наҷмиддин Аюбзода дар рафти мурофиъа дар байни халқ ба ҳоҷӣ Нормӯмин гуфт, ки «ту пашёл на…уй»! Ҳол онки ин ҳоҷӣ аз падари ин судя калон аст.

Ана ҳамин хел безоту касифу бепадару бетарбияҳо дар суди ноҳияи Шаҳринав кор мекунанд.

  Бародар ҳамин номаи маро илтимос алоҳида ва зудтар нашр кунед ки бигузор ҷаноби олӣ бифаҳмад, ки мардум мехоҳанд ободӣ кунанд, лекин коркунони давлат инро иҷозат намедиҳанд бе пул.

Як чизро нагуфта намонам ки ҳоло раис Маҳмадсолеҳ Давлатов ба фикрам ки мазааш нест. Ба ҷои худ писари хурдиашро, ки ба хоҷагӣ ягон дахл надорад оварда мондааст. Ҳол онки вай дар Душанбе дар ким кадом част военний шуда кор мекунад. Чи хел метавонад дар ду соҳа кор кунад? Ман намефаҳмам.

Вақти якум мурофиъаи судӣ тамом шуд, ба берун баромадем ва як нафар ба ин писари раис Маҳмадсолеҳ Давлатов савол медиҳад, ки чи хел ту ин объекти стратегӣ ба ҳисоб меравад, ту шахсӣ кардӣ? Ҳол онки объектҳои стратегӣ ба мисоли мактаб, садик, беморхона оби ошомиданӣ бе фармони ҷаноб шахсӣ карда намешавад? Ба ман ҷавоб дод, ки агар намешуд духтари ҷаноб яъне Фируза Раҳмон шампанзаводро шахсӣ намекард. Албатта мешудааст, ки шампанзаводро Фирузаи Раҳмон шахсӣ кард. Қисса кутоҳ ин фарзанди Маҳмадсолеҳ Давлатов ҳам пояшро ба пои фарзандони ҷаноб дароз кардааст.

Мо мардуми одди дигар намедонем ба куҷо муроҷиъат кунем. На раиси ноҳия моро гуш мекунаду на раиси суду на раиси амнияташ.

 Ҳоло дар айни ҳол писари раис яъне писари Маҳмадсолеҳ Давлатов як қисми садикро ҳам фурухт ва боқимондаашро ҳам нияти фурухтан дорад.

 Мо мардуми ин ҷамоъати Боғистон аз ҷаноби олӣ хоҳиш дорем ин золимонро аз сари мо дур кунанд, то мардум нафаси озод кашанд.

  Дар охир бародар як сабти видеоӣ аз раисаи ҷамоъат Барно Раҳимова мефиристонам, ки мардум ҳоҷатхонаи мактабро соз карду раиса рафта видео карда намедонам ба куҷо бурд. Ман матни суҳбати ин раисаро ҳам мефиристам, ки шарм накарда дар бораи ҳоҷатхонаро аз ҳисоби мардум сохтан гап мезанад. Инак матни суҳбати Барно Раҳимова, раиси ҷамоати Боғистон:

 Ҳамдиёрони азиз! Ба гуфтаҳои директори муассиса, ба суханони директори муассиса бахшида ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки мо шумо имрӯз тавонистед, ки саҳми арзандаи худро дар ободӣ ва сохтани ҳоҷатхонаи замонавӣ ва ҳамзамон барои тарбия насли наврас тамоми шароиту кумакҳоро фароҳам овардед. Мо миннатдории худро ба ҳар яки шумо  шаҳрвандоне саҳмгузорӣ намуданд мерасонем. Ман боварӣ дораам, ки дар оянда ҳамкориро зичтар мекунед, робитаро бо муассисаи таълимӣ зич мекунед ва чи камбудиҳое, ки дар муассисаи таълимӣ ҳаст ҳамеша дар бари директори муассисаи таълимӣ мешавед ва дастгирӣ мекунед ва мо метавонем, ки муассисаи таълимиро ба яке аз муассисаҳои беҳтарини ҷамоати табдил диҳем. Ба  ҳамаи шумо ташаккур ва барору муваффақиятҳо шумода мегуям.

           Самара

  Ассалому алайкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳммадиқбол! Аз шумо хоҳиш дорем, ки номаи моро зудтар нашр кунед. Мо чор нафар аз ҳар минтақаи Тоҷикистон дар як зиндони шаҳри Русия шиштагием, бо статяҳо гуногун ва сроки аз 3 сол боло.

  Дар зиндонҳои Русия бисёр ҷавонмардони ватандусту миллатдуст, ҳақҷую ҳақгуй зиёданд. Ин гапи дигару мавзӯъи дигар аст. То вақте дар шахри Самара Сайид Асрор бо лақаби Ганс буд хело дар Самара ва 3 -юм Овошной база тоҷик қадру қимат дошт. Сайидасрорро чанд соли пеш хешу табори худаш бо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бо одамони Рамазон Раҳимзода ва сеҳарфаҳои Русия ҳамдаст шуда ба Тоҷикистон истирдод карданд. Бисёр тоҷику тоҷикдӯстдор ва инсони хушмуомила буд. Тамоми бузу чоплус метарсиданд. Баъди истирдоди Сайдасрор тоҷик дар 3 юм база қадраш паст шуд, бузҳоро шанс доданд. Вазъи мардуми тоҷик хароб шуд.Тоҷикро дар ҳеҷ чиз ҳисоб намекунанд. Ягон гапи зиёдатӣ гуфта намешавад.

Бародари домулло, ман чизе менависам, аз руй имону алами дил менависам. 

 Ҳамроҳи ман 3 нафаранд. Аз ман дида аламзадаанд. Дилу гурдаи ба шумо нома навиштанро надоранд. 

Ман дар бораи се нафар тоҷикҳои буз менависам, ки чандин касон аз пушти онҳо зиндонӣ шудаанд.

Аз Бохтар ҳоҷӣ Орзу, падараш солҳои пеш дар идораи Роҳи оҳани Қурғонтепа кор мекард, ҳозир шояд дар нафақа аст. Дар маҳаллаи сарватмандони Самара (Каменский поселка)  хона дорад. Якеаш ҳамин аст.

Дуввумаш мулло Мақсуд мегӯянд аз ноҳияи Куйбеш, насабашро намедонам.

Сеюмаш ҳоҷӣ Азиз аз Ҷиргатол. Инҳо посредниканд. Мардумро кор мефармоянд, аз рӯи мардум пул мегиранд мехуранд. Манзурам ин аст ки ҳақу ҳуқуқи мардумро мехуранд, намедиҳанд, номардӣ мекунанд.Ҷояш меояд одамфурушӣ мекунанд. Ҳамин қадар давлату савлати ҳаром доранд боз ҳам аз ҳамин корҳояшон намемонанд. Инҷо, ин бародарҳо аз рӯи инҳо шикоят карда истодаанд. Ба шумо салом мегӯянд, аммо гап намезнанд, метарсанд.

Ин ҳоҷӣ Орзу бо Лексус 570 номери 007,мулло Мақсуд бо Прадо, номерҳояш 777 ва ҳоҷӣ Азиз як ҷипи ҷопонӣ доранд. Инҳо бо мақомоти Русия сеҳарфаҳо, муфаттишу милисаҳо шиносҳо доранд, ҳамкорӣ мекунанд, мефурушанд, бузӣ ва подстава мекунанд.

                Ваҳдат(Ромит)

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Умедворам ва аз худованди бузург таманно ва талаб дорам,ки маро ҳи гоҳ пайдо намекунанд.

Дар идомаи қиссаҳои Ромит боз чанд чизҳои дигарро изофа мекунам.

Як нафар ҳаст бо номи Ёқуб Ҳамроев. Ҳамон Ёқуб Ҳамроеве, ки бо хоҳари Шоҳасан зино карда буд. Соли 2014 падари Ёқуб дар мулки ғарибӣ аз «алаф» як марг шуду мурд.

Ин таксии мулло Маҳмади ҷодугар аст. Агар клиент вовремя пули гуфтагиашро надиҳад, мегуяд ту ҳозир аз хонаи ҷодугар омадӣ,рост отдел мебарам ва мардумро ана ҳамин хел шантаж мекунад.Ин аз истгоҳи Дарвоза одам мегирифт. Дарвозаи Ваҳдат-Ромит. Падари Ёқуб Ҳамроев Асо ном дошт.

Як вақт барои ҷанҷоли кудакҳо байни ду ҳамсоя  ҷанг мешаваду ин халос мекунад Абдуқаҳҳорро зада буданд, ҳама ҷояш сиёҳу кабуду шикастагӣ буд.

 Ҳамин Ёқуб Ҳамроев через мулло Маҳмад, аниқтараш бо Рустами бачаи ҳамин мулло ба 5000 сомонӣ аз отдел баровард. Он вақтҳо ҳоло дар озодӣ буд. Меравад 5000 отделро медиҳад, мебарорад.

 Рустами бачаи мулло Маҳмад як мошини паст барои гаштан дар Душанбе ва як Лексуси 570 барои Ромит дошт. Хусурбачаҳояш аз зани дуввумаш дар Ваҳдат дом мебардоранд.

  Рустам дору мефурухт. Вайро қапида буданд, якуним сол шуд, вале ҳоло ҳам суд нашудааст. Шояд мебарояд. Вайро дар пости 9ум километр бйни Ваҳдат ва Душанбе қапида буданд бо 16 кило. Аз Қурған Ваҳдат меовард. Рустам чор зан дорад. Номи акааш Сафар, ки муаллим аст.

Ин мулло Маҳмуд ҷодугар аст. Қаблан ҳам бароятон навишта будам, ки як генералро аз кор мегирифтанд. Меояд пеши мулло Маҳмаду гуфт як бало кун розӣ мекунам. Генералро як ҳафта пас аз кор гирифтанд.

 Дуюмкарата ба воситааи «беваҳои махуф» омад. Инро съемка карданду бурданд дар ТВ, барномаи Ахбори ВКД нишон дода буданд. Аммо аз байн як ҳафта нагузашта ҷавобаш доданд. 

Ин мулло Маҳмади ҷодугар он генералро мегӯяд ҳамин мошинатро деҳ ман коратро дуруст мекунам. Генерал Кемриашро медиҳад. Аз байн ҳафта ногузашта генералро аз кор гирифтанд. Омад мошинамро те гуфт, ин муллои ҷодугар надод.

Ин генерал через «беваҳои махуф» муллоро съемка кард.

Ҷодугарӣ мумкин нест. Вале як ҳафта пас омад, зани генералро ҳақорат карда мегашт. Ҳатто одамҳои калон, мансабдорҳо пеши вай мераванд, вазифадорҳо. Вай дар Убара- Навободи Ромит мешина. Ин мулло Маҳмад аз 80 боло аст, базӯр роҳ меравад.

Чанд бор шуд мебаранд, пагоҳаш боз дар хонааш мегардад. Меояду мегӯяд ман илми ғайбро медонам, дарёро коре мекунам аз поён боло меравад, дуъо мехонам куҳҳо ба хок яксон мешавад.

Мардуми Яфрак бисёриаш пеши мулло Маҳмад меоянд. Вақте инро қапида буданд яфракиҳо байни худ мазоҳ мекарданд, ки «пиртона қапиданд занои ҳамаатон вай мешаванд».

  Ин дар чизҳо ҳаром, дар фарҷи гург, дандони хирсу дар пусти гов дуъо мехонад. Аммо соз роҳ гашта наметавонад, миёнаш куз аст, ду- се метр нигоҳ карда меравад.  Зани мулло Маҳмад аз Яфрак аст. Бо зани Гург Сабзов шавҳари Хурсанд Мирзоева апаву хоҳаранд.  

                             Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу устод Муҳаммадиқбол. Илтимос, ин навиштаи маро ба мардум бирасонед! Ҳозир милисаҳо дар Душанбе мардумро бо маводди мухаддир худашон подстава карда истодаанд.
 Началники ОБНОН ва УУР боз бо як чанд бузҳову агенту подставшикҳояшон тавассути як чанд афғони ҳаром дар группаҳои Имо, Телеграмма даромада шинос шуда пасон барои хизмат яъне илтимос мекунанд, ки «ма як қарздор дорум, сум мета гирифта равон кнен, ё камтар одами улфатӣ бошад маводи мухаддир пешниҳод мекунанд. Ваъда мекунанд, равон мекунем бурда расон (яъне закладка) ва ё фурӯхта бидеҳ.

 Мардум бояд ҳушёр бошанд, ки ҳамаи инҳо подставаанд. Ҳатто тамоми видеои ВКД, ки гӯё УУР гурӯҳ, гурӯҳ дастгир мекунад, гӯё  маълумотро аз телеграмма гирифтаанд, дурӯғ аст. Ҳамааш подстава аст.
Шахсан худам ва чандин шиносҳоям аз тарафи афғонҳои шинос ҳамин хел дар подстава афтодем ва то ҳол дар ҷонамон расида истодаанд. Ва одамони дигарро  дидем дар ҳамин ҳол.

Аз инҳо ҳушёр бошед. Беҳад номарданд, инсонҳоро ҳам мешикананд ва ҳам ғорату хонасалоту дар болои ин тюрма карда истодаанд. Вале ҳамааш искуственний сохтагӣ аст.

Share This Article