Гуфту кӯфт андар боби сатр

Ислоҳ нет

Кумитаи дин ахиран дар сомонаи расимиаш матлаберо зери унвони «Сатр. Тарғиби он риёкорие беш нест», аз рӯзномаи расмии Тоҷикистон “Ҷумҳурият”, ки бевосита ба худи президент итоат мекунад, бознашр кардааст. Ҳарчанд ин матлаб дар санаи 11/01/2019 чоп шуда бошад ҳам, вале чун вокунишеро дар бораи он то ҳол нахондам, назарамро дар қолаби гуфту кӯфт, навиштам.

Ҷумҳурият+Кумитаи дин: – «Ҳар маротибае, ки душманони миллату давлати тоҷикро наҳзатӣ ва ё ба доираҳои наҳзат наздик унвон мекунам, баъзан худро сарзаниш мекунам, ки шояд на ҳамаи онҳо ба наҳзат иртибот доранду иҷборан онҳоро ба ин гурӯҳи моҷароҷӯ ва ифротгаро шомил месозам. Аммо, ҳамин ки матолиби иғвогаронаашон интишор меёбанд, яқин мекунам, ки онҳо аз тафаккури наҳзатӣ болотар андешида наметавонанд. Далел ҳамин мавзӯи сатр аст, ки дар саргаҳи таълимоти наҳзатӣ қарор дорад.»

Амруллоҳи Низом: – Ҷаноби таҳлилгар, айни замон сарзаниш кардани худатон хеле ба маврид аст. Ҳақ доред худатонро бештар аз ин ҳам на танҳо сарзаниш, балки саратонро замин бизанед, ба ҷойҳои ноҳамвори он бизанед! Зеро ҳамин ҷумлаи аввалатон мантиқан ғалат аст. Шумои бузургвор, агар ақл медоштед, як бор дар хилват аз худатон намепурсед, ки ҳой Аблаҳ, дар куҷо, дар кадом китоб, бар асоси кадом мантиқ иддаъо мекунед, ки «душманони миллату давлати тоҷикро наҳзатӣ ва ё ба доираҳои наҳзат наздик унвон мекунам?» Маънои наҳзат дар луғатномаҳо қиём кардан аст, аз ҷой бархостан аст, ҳаракат кардану равона шудан аст, ба роҳ даромадану басиҷ ва азимат кардан аст. Аммо дар истилоҳ, ҷунбиш, хезиш ва ба самти пеш рафтан аст. Магар дар доираи мафкураи шумо ҳар касе, ки ба хотири пешрафт, рушд ва тараққии кишвараш амалдоронро гоҳе интиқоду гоҳе сахт ва гоҳе бо овози баланд мегӯяд, ки ҳой раис, ҳой вазиру ҳой фулон коратон ин ҷояш иштибоҳ дораду онҷояш мелангад ва ун тарафаш ба қонунҳои амалкунандаи кишвар мухолафат дораду оқибаташ ба суди мардуму ҳукумат нест, ин шуд моҷароҷӯӣ ва ё душманӣ? Далел мегӯед, маънои сатр пӯшонидан аст, ба фарзи мисол, ҳамин худату хоҳарату модарат, зану духтарҳову апаву аммаву холаву хулоса тамоми решапайвандонатон агар сатр накунед, яъне дар ҷомеа лучу урён бигардед, ба эътибори он, ки шумо худатон ин чизро мехоҳед ва бар он пойфишорӣ мекунед, касе шуморо чизе нахоҳад гуфт. Аммо вақте шумо ва дигар ҳамкосаҳоятон дигаронро маҷбур мекунед, то мисли худи худатон луч бошанд, ин хилофи қонунҳои амалкунанда ва инсоният аст. Қонуни асосии Тоҷикистон, «Моддаи 8. Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.»

Ҷумҳурият+Кумитаи дин: – «Ҳарчанд ки дар доираҳои ғарбӣ масъулони наҳзатӣ аз демократия ва озодӣ ҳарф мезананд ва раҳбари фирории он аз тариқи минбарҳои аврупоӣ дар ин замина доди сухан медиҳад, дар умқи андеша сатру масоили мазҳабӣ нуҳуфтаанд. Ин ҷо демократия ва озодӣ нақше надорад. Матлаби ахирии созмони ифротии “Гурӯҳи – 24” таҳти унвони «Поймолшавии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи нав» ин иддаоро собит месозад.»

Амруллоҳи Низом: – Аслан ин бахшро бояд масъулони ҲНИТ ва «Гуруҳи 24» посух диҳанд, зеро мухотаби аслӣ онҳо мебошанд. Аммо чун хонанда ва як шаҳрванди мусалмон, ман ҳам ҳақ дорам, дар бораи ин матлаб ба таври иҷмолӣ назарамро бигӯям. Агар мегуфтед, ки дар умқи «сатру масоили мазаҳабӣ» нануҳуфтааст, ин мантиқан дуруст меомад. Зеро агар ками кам дар бораи рисолат ва принсипи фаолияти он мутолеа мекардед, аз ноогоҳӣ инчизеро ҳеч гоҳ намегуфтед. Оё раиси як ҳизби исломӣ метавонад бидуни арзишҳои мазҳабиаш амал кунад? Демократия ҷои худаш! Матлаби «Гуруҳи 24» тавре аз номаш маълум аст, як навъ ҳӯшдор ба ҷомеа ва ҳукумат аст, ки мегӯяд ин кори шумо хилофи қонун ва арзишҳои инсонӣ мебошад.

Ҷумҳурият+Кумитаи дин: – «Дар пушти Конститутсия пинҳон шуда, даъвифурӯшӣ кардан дигар ба кори рӯзмарраи доираҳои хушкандеше, мисли “Гурӯҳи – 24” табдил ёфтааст. Конститутсия тадбирҳоеро алайҳи хурофотиёну ҷаҳолатписандон низ пешбинӣ кардааст. Бо такя ба ин санади олӣ, ҳар нафаре, ки зидди арзишҳои дунявӣ мебарояд ва хурофотро ба унвони меъёри зиндагӣ ошкоро таҳмил менамояд, муҷрим шинохта мешавад. Давлати дунявӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳаққи тасмимоти ҷиддиро дар қиболи риёкориҳои мазҳабӣ дорад. Гузашта аз ин, ҳодисаҳое, ки чанд сол қабл дар Фаронса рух дод, ин иддаои наҳзатиро ботил месозад.»

Амруллоҳи Низом: – Арзишҳои дунявӣ, маънои эътироф ва риъояи арзишҳои инсонӣ мебошанд. Шумо дар куҷо хондаед ё дар куҷо дидаед, ки бо такя ба ҳифзи арзишҳои дунявӣ мардум ҳама аз баҳри меъёрҳои арзишҳои ахлоқӣ ва мазҳабии худашон гузашта бошанд? Вақте ҳукумат дар назди 57 кишвари исломӣ ҷор мезанад, вақте президент аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ эълом мекунад, ки беш аз 97 дарсади аҳолии кишварамон мусалмон мебошанд, ин маънои онро дорад, ки ҳукумат худро вазифадор медонад, ки бо вуҷуди доштани низоми дунявият арзишҳои исломии мардумро риъоят ва ҳифз кунад ва ба меъёрҳои пазируфта шудаи зиндагии онҳо арҷ бигузорад. Дар бораи маънои хурофот тавсияи камина ин аст, ки рафта камтар мутолеа кунед, беҳтар аст. Фаронса гуфтед, онро ҳам мефаҳмонам.

Ҷумҳурият+Кумитаи дин: – «Дар Фаронса озодиҳои тамоми нажоду халқиятҳо риоя мешавад, вале баъзе бонувони мусалмон ин озодиро таҳриф карда, сатру ҳиҷобро риёкорона ба сар карданд ва мардуми Фаронса маҷбур шуд, ки пеши роҳи ин навъ риёкориро, ки таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротгаро ва радикали исломӣ қарор доштанд, гирад. Фаронса яке аз кишварҳои демократитарини ҷаҳонист ва замоне ки дарёфт бо ифротгаройии мазҳабӣ дар қолаби даъвифурӯшиҳои занони мусалмон мувоҷеҳ шудааст, роҳкорҳоро дигар кард ва бо фишори мардуми Фаронса ба сатру ҳиҷоб посухи қонунӣ дод.»

Амруллоҳи Низом: – Фаронса, ту чӣ медонӣ аз Фаронса? Акнун, инро бояд таъкид кунам, ки хеле дар ин масъала бечора будаӣ! На маънои сатрро медонистаиву ва на ҳиҷобро. Аз қазияи рӯйбанди Фаронса ва рӯймоли Тоҷикистон ҳам чизе хабар надорӣ! Дар Фаронса раванди афзоиши рӯйбандии занону духтарон ҳукуматро нигарон карда буд, на рӯймолбандӣ! Рӯйбанд ва ё бурқаъ матъоест, ки қисме аз занону духтарони Худобовар чӣ мусалмон бошанд ва ё масеҳӣ рӯйи худро, ба истиснои чашмонашон, пурра мепӯшонанд, аммо рӯймол ва ё ба қавли худатон «сатру ҳиҷоб» фарқ мекунад. Сатру ҳиҷоб ҳамон рӯймоли калонест, ки дар Тоҷикистони мо ҳам қисме аз занону духтарон бо шеваҳои мухталиф ба бар мекунанд, мебошад. Ҳамоне, ки шумо аз бефаҳмӣ ва каҷрафторӣ чашми диданашро надоред.

Ҷумҳурият+Кумитаи дин: – «Дар ҷомеаи мо сатр ба сифати муди мазҳабӣ ва ҳатто иддаои динӣ – исломӣ роҳандозӣ гардида, занонро сироят карда истодааст. Агар давлат ва мақомоти марбутаи давлатӣ сари ин масъала бо ҷиддият андеша накунанд, дер мешавад. Он чи ки “Гурӯҳи-24” интишор додааст, риёкорие беш нест. Магар давлат ва халқу мамлакат бо сатру ҳиҷоб обод мешавад? Ҳанӯз Мавлоно Ҷомӣ риёкории мусалмононро мавриди интиқоди шадид қарор дода, дар «Баҳористон» ҳушдор дода буд:


Аз далқу асо сидқу сафое нарасад,
В – аз сабҳа ба ҷуз бӯйи риёе нарасад.
Гӯянд, куҷо расад, бигӯ, силсилаат,
К – аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад!»

Амруллоҳи Низом: – Вақте Ҳукумат ба таври омм сарлучиву кунлучиро ба зӯрӣ бар мардуми мусалмон таҳмил мекунад ва шумо думравони каҷгуфтораш ба таври хос онро тарғиб мекунед, то муд шавад, тибқи қонунгузорӣ ин ҷурм аст! Дар ҷомеае, ки беш аз 97 дарсадаш тибқи арзишҳои исломӣ зиндагӣ мекунанд, шумои номуҳтарам ин фарҳанги бегонаро бар онҳо таҳмил мекунед, ин ҳам дар зоти худаш зулм ва ҷиноят аст. Магар ҳукумат кори дигар надорад, ки соле 12 моҳ бо иқдомҳои аҷибу ғарибаш фикри мардумро аз асли воқеиятҳои кишвар дур мекунад? Ҳамин корҳои сарлучиву кунлучии шуморо, ки дар 27 сол шароит ва рифоҳи мардумро таъмин карда натавонистед, мешавад ба ҷуз хиёнат чизи дигаре номид? Агар иддае аз хоҳарони мусалмони ҳиҷобпӯш риёкорӣ кунанд, ин кори шахсии худи онҳост ва зарару фоидааш ҳам пеш аз он, ки ба дигарон бирасад, насиби худашон мешавад. Аммо ин камкорӣ ва ноуҳдабароӣ ва ғоратгариҳои ҳукуматро агар ба гуфтаи худатон ба риёкории онҳо муқоиса кунем, медонед ҳосилаш чӣ мешавад? Соле 365 рӯз бар зарари давлату миллат кор кардан ва ба боварҳои мардум туф кардан, ба наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистон хиёнат кардан мебошад!

Мепурсед, ки “Магар давлат ва халқу мамлакат бо сатру ҳиҷоб обод мешавад?” Ман аз шумо мепурсам, ки магар сатру ҳиҷоб барои ободии кишвар чи халал ворид мекунад? Агар ободиву вайронии кишвар вобаста ба сатру ҳиҷоб набошад, чаро ин қадар ба ин мавзӯъ часпидед?

Ҷумҳурият+Кумитаи дин: – «Аммо гӯши ношунавои «Гурӯҳи – 24» фармудаю ҳушдорҳои бузургони илму дини тоҷикро нодида мегирад ва танҳо назари хушки хешро асли дин ва мазҳаб медонанд ва мардумро таҳти фишори идеологӣ ва сиёсию мазҳабӣ қарор медиҳанд.
Бахши иттилоотии ин гурӯҳ аз тариқи матлаб сатрпӯширо рамзи диндорӣ, тақводорӣ ва имондорӣ талаққӣ намудааст. Охир, сатрпӯшӣ имрӯз мӯд шуда, ҳар кию ҳар чи ба хотири риёкорӣ ва худнамоӣ, ки одати аксари рӯҳонияти муҳофизакор ва мутаассиб мебошад, дар қолаби сатри мусалмонӣ ҷилва мекунад ва ба дигарон, минҷумла занону бонувон мефаҳмонад, ки зан бояд чӣ гуна бошад. Иффат, покӣ, беолоишӣ ва тақводориро танҳо дар зоҳир – пӯшидани сатр дидан ва бад-ин минвол худро миёни аҳли ҷомеа ҷилва додан аз мушаххасоти кори тоифаи махсус шудааст.

Амруллоҳи Низом: – Ҷаноби таҳлилгар, инсофан, агар камтар таҳлил медоштед, метавонистед бигӯед, ки ҳамон риёкории занону духтарон аз дуздӣ ва ғоратгарии ҳукуматдорон, аз зулму ситами мақомот, аз порагириву порӯхурии амалдорони расмӣ дар сафи ҳукуматдорон беҳтар аст ё бадтар? О, вақте як инсон, як ҷинси латиф, як хоҳари мусалмон дар ҷомеа худашро тавре мехоҳад оро медиҳад, зиннат мебахшад ва хубсурату хушсират нишон медиҳад, ин чӣ ҷои нигаронӣ дорад, ки бояд шумои ноазиз бар зидди ӯ садо баланд кунед? Дасту остин барзанеду ӯро маҷбур кунед, ки не ин кори шумо ба мо маъқул нест, зеро мо аз ин тавр дидани шумо лаззат намеберем. О аҳмақҳо, агар аз зане лаззат бурдану кайф кардан мехоҳед, аз занону хоҳарону модарони худатон бихоҳед сари лучу куни лӯч кунанд, то шумо бо дидани барҷастигиҳои шаҳватангезашон лаззат бибаред, аммо кӣ ба шумо ин ҳаққро додааст, ки аз зану духтари дигарон ҳар тавре, ки бихоҳед лаззатҷӯӣ намоед? Шуморо магар дар ҷомеа хар зоидааст, ки ҳар куҷое хоҳед чашмчаронӣ ва ғаризаҳои нафси бади худатонро тахлия мекунед? Бар илова, дар Тоҷикистон наздик ба 70 ташкилоти мазҳабии ғайриисломӣ расман фаъолият мекунанд, аксари занону духтарони онҳо ҳам ҳиҷобҳои мазҳабии худашонро доранд, ки тафовуташон нисбат ба ҳиҷоби исломӣ чандон зиёде ҳам нест. Ҳамоно ҳам бо риъояи ҳиҷобҳои мазҳабиашон тамоми барҷастагиҳои шаҳватангезашонро аз чашми дигарон мепӯшонанд, шумои номард агар кучактарин ҷасоратро дар нисбати онҳо медоштед, рӯймол ва ё сатри яке аз онҳоро аз сарашон мебардоштед, он гоҳ медонистед, чӣ гап мешуд? Худи ҳамон рӯз аз чанд тараф дар чанд ҷоятон лой мемолиданд!

Ҷумҳурият+Кумитаи дин: – «Аз назари психологӣ, сатрпӯш ба дигарон як навъ даъворо пеш меоварад ва муддаии покии худ буда, дигарон (занону духтарон дар назар аст) – ро дар баробари худ ноқис ва беҷогард нишон медиҳад. То он даме ки дигар занон сатр напӯшанд, онҳо дар назари ин ашхос нопок, кофиру бедин шинохта мешаванд. Ин аст маънои рамзии сатр аз нигоҳи илми равоншиносӣ. Ба ин маъно, сатрпӯшон, аксаран огоҳона ва дидаю дониста, алайҳи соири занҳои берӯсарӣ қиём мекунанд ва даъвӣ мефурӯшанд. Дар асл, онҳо бо ин шакли симо ва амалашонро намоиш дода, таблиғоти динӣ – мазҳабии мақсаднокро анҷом медиҳанд.»

Амруллоҳи Низом: – Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ин ҳарфҳо  то назари психологӣ будан, як андешаи кунди фанатикӣ ва якҷониба мебошад.  Фикр мекунам ҷавобаш хеле сахт нест, зеро агар ҳамин гуфтаҳоятонро чапа бихонед, ҷавоб маълум мешавад! Аммо онҳое, ки сарлучиву кунлучиро дар ҷомеа тарғиб мекунанд, низ бар асоси ҳамин мантиқ тарғибгари фарҳанги фаҳшу фоҳишагӣ ва ё даъватгарони ҳамҷинсгароиву лесбиянкагӣ ва намедонам чиву чиҳои дигар мебошанд, ҳамин тавр не?!

Ҷумҳурият+Кумитаи дин:-«Дар баробари ин тоифаи муздур ва ҷаҳолатгаро давлат ва ҳукумати дунявӣ чораҳо меандешад ва ангар чораҳои зарурӣ андешида нашавад, он метавонад дигаронро сироят кунад ва ҷомеаро ба ноамнию бесуботӣ бикашонад. Низоми дунявӣ ҳамин навъи талаботро дар баробари худнамоию риёкориҳои динӣ – мазҳабӣ, ки оқибати хатарбор доранд, мегузорад. Ин ҳуқуқи низоми давлатист. Дар давлатҳои низоми куҳнаи динидошта сатр иҷборист ва ҳар зане, ки ба ин мадрак тобеъ нест, муҷозоти сахт мешавад. Чаро имрӯз талаботи давлати дунявиро, ки Тоҷикистон дар масири он гом бардошта истодааст, нодида мегирем ва аз худ «қаҳрамон» метарошем!
Фаридун ОРИЁӢ, таҳлилгар
Бознашр аз “Ҷумҳурият»

 

Амруллоҳи Низом:Низоми дунявияте, ки ҳукумати мо Тоҷикистон пеш гирифтааст, бо ин ҳама ғариву пешхезии қисми зиёде аз ҳукуматдорон ва мақомоти интизомӣ ва қудратиаш истгоҳи охири он кофиристон кардани кишвар аст. Кофиристоне, ки ба ҷуз тирагии рӯзгор ва торикии ояндаи кишвар чизи дигареро наметавон пешбинӣ кард. Аммо дунявияте, ки дигар ҷомеаҳои ғарбӣ интихоб кардаанд, охираш ба инсоният ва исломият тамом хоҳад шуд, ин чизе ҳаст, ки ҳам чапгароҳои дохилиашон ва ҳам ғарбгароҳои шарқиашонро нигарон кардааст, мебошад.
Поёни баҳси гуфту кӯфт!


Баҳси ҳиҷоб

Инҷо як баҳси дар назар кӯчак, вале дар андеша хеле бузургеро низ мехоҳам матраҳ кунам. Худованди Ҳалим дар Қуръони Ҳаким агар ҳукмеро омм ва барои ҳамаи мардум зарур донад, онро ба истилоҳи “Ё айюҳаннос” мехонад, агар мухотабаш Аҳли китоб, умматҳои пешин бошад, онгоҳ аз ибораи ” Ё аҳлалкитоб” ёд мекунад ва агар ҳукмеро хосси муъминон қарор диҳад, онгоҳ ибораи “Ё айюҳаллазина оману”-ро ба кор мебарад. Худованд дар робита ба ҳукми фарз қарор додани ҳиҷоби исломӣ ҳам дар Қуръони Карим мефармояд:

«Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро (Яъне: мавзеъҳои зевар) ошкоро накунанд, магар он чи аз он (мавзеъҳо) зоҳир аст; (Яъне: рӯю ду каф) ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони хеш; ё падарони хеш; ё падарони шавҳарони хеш; ё писарони хеш; ё писарони шавҳарони хеш; ё бародарони хеш; ё писарони бародарони хеш; ё писарони хоҳарони хеш; ё занони [аҳли дини] хеш; ё он касе, ки дасташон молики ӯ шудааст; (Яъне: ғуломон) ё пайравоне аз мардон, ки соҳиби шаҳват набошанд; ё тифлоне, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд. Ва заминро ба пои хеш назананд, то он чи аз зевари хеш, ки пинҳон мекарданд, дониста шавад.(Ҳосили ин оят он аст, ки мавзеъҳои зинат ду қисм аст: он чи дар сатри он душворӣ аст – ва он рӯю ду каф аст; ва он чи дар сатри он душворӣ нест – монанди сару гардану бозуву оринҷу соиду соқ) Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Худо руҷӯъ кунед, бувад ки растагор шавед.»  (Сураи Нур, ояти 36)

 

 

Дар ҷои дигаре низ фармудааст: «Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд; ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, ба онҳо изо дода нашавад. Ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст.» (Сураи Аҳзоб, ояти 59).

 

Агар хонандаи азиз, аҳамият дода бошанд, дар ҳар ду ояти зикр шуда, Худованд ба Паёмбараш ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дастур медиҳад, ки ба занони муъмин ва занҳои муъминон бигӯ, ки сарандозҳо ва чодарҳои худро ба бар кунанд. Дар ин баҳс аввал Худованд занони Худобоварро бевосита мавриди хитобаш қарор додааст ва дар мавриди дуюм занони мардҳои Худобоварро мухотаби аслӣ қарор медиҳад. Худованд бо ҳамон бузургиаш, масъалаи сатру ҳиҷоби исломиро барои тамомии мардум матраҳ накардааст. Ҳатто дар ҳар ду оятҳо дар мавриди ҳиҷоби исломӣ аз вожаҳои “муслимот”(мусалмонзанҳо) ва ё “азвоҷул муслимот”(занҳои мусалмонон) ҳам кор нагирифтааст. Чӣ расад, ба оммаи мардум, ки Худованд дар дигар мавридҳо бо ибораи «аюҳаннос» ҳамаро мавриди хитобаш қарор медиҳад. Дар ин ду ояти муборака низ ҳеч ишорае ба занони мунофиқ ва занҳои мунофиқин нашудаасту ва аҳли китобу дигару дигарҳо зикр нашудаанд. Ҳол, он, ки мо дар Қуръони карим бо вожа ва ибораҳои мунофиқин вал мунофиқот, мушрикин вал мушрикот, аҳли китоб ва ҳатто маҷус ҳам борҳо вомехурем.

 

Аз асли баҳс дур наравем, Аллоҳ Таъоло дараҷаҳои Худобоварии мардумро дар динҳои иброҳимӣ дар чанд зина қарор додааст. Дар исломи азиз ҳам мақоми муъминро аз мусалмон болотар гузоштааст. Дар масъалаи ҳиҷоби исломӣ ҳам агар каме бештар андеша ва мутолеа кунем, ба ин натиҷа хоҳем расид, ки  Ҳазрати Ҳақ Таъоло онҳоеро мавриди хитоб қарор додааст, ки ба зоҳир дараҷаи тақводорӣ, парҳезкорӣ ҳалолхӯрӣ, покизагии зоҳириву ботиниашон аз дигарон фарқ мекунад, инҳо ҳамон гуруҳи муъминон мебошанд. Ва хулоса, тамоми корҳои шаръӣ ва зиндагии ин гурӯҳи одамон аз рафтору кирдор ва гуфтори як мусалмони оддӣ дида тафовут доранд ва муъминҳо корҳои худро нисбат ба дигарон ба наҳви беҳтар анҷом медиҳанд. Чун инҳо ҳастанд, ки дараҷаи якуми Худошиносиро тай карда, ба мақоми муъмин-Худобоварӣ расидаанд. Аммо, кӣ ба ин дараҷаи имондорӣ дар чанд муддат мерасад, баҳси алоҳидаасту Худованд худаш ҳоли бандагонашро беҳтар медонад. Ҷолиб он аст, ки дар ҷомеаҳои мусалмонӣ ҳам бо таваҷҷӯҳ ба огоҳии шаръии мардум ҳамеша афроди бо шарму ҳаё ва ё ба қавле тақводору парҳезкор ба хусус дар байни занону духтарон нисбат ба дигарон бо камиву зиёдатии худашон фарқ мекунад.

 

Зоҳиран, мо ҳам мебинем, ки занони муҳаҷҷаба нисбат ба дигарон дар иҷроиши амру фармонҳои шариъат ва ҳатто корҳои хайриявӣ ва кумак ба мардум пешсафтаранд. Чун тавфиқи амалашон зиёдтарсӣ, таваҷҷуҳ ва интизориҳои мардуми атрофашон низ нисбат ба дигарон дар хеле мавридҳо ба онҳо бештар мебошад. Ин гурӯҳ ҳамагӯна тавҳину таҳқирҳоро аз чанд ҷониб таҳаммул мекунад, вале аз азму иродаи худашон дар умури шаръӣ чизеро кам намекунанд. Ба эҳтимоли зиёд ин ҳам яке аз натиҷаҳои сатҳи имондорӣ ва парҳезкориашон мебошад, ки Худованд онҳоро мавриди хитоби хосаш ҳамчун «занони муъмин» ва «занҳои муъминон» қарор дода, онҳоро ба хотири ҳифзи таҳорати қалбӣ ва зоҳириашон амр кардааст, ки мавзеъҳо ва ё барҷастагиҳои шаҳватангезашонро аз чашми бегонагон бипӯшонанд. Ва аммо онҳое, ки кунун ин мақом насибашон нашудааст, бояд дар рафтору гуфтор, андешаву ақида ва имону ихлосашон ба Худо бознигарӣ кунанд, боқӣ Худо беҳтар медонад!

*****
Ва аммо дар бораи масъулини Кумитаи дин бояд қайд кунам, ки агар то нашри ин матлаб ва расман мавқеъгириатон дар ин масъала, то имрӯз ба мазлум буданатон дар ҷомеа шубҳа мекарда бошам, ҳоло бо сароҳат ва бо истидлол ба Қуръони карим мегӯям:

«Оё ба порае аз Китоб имон меоред ва ба порае кофир мешавед? Пас, ҷазои касе, ки аз шумо чунин кунад, ба ҷуз хорӣ дар зиндагонии дунё чист? Ва дар рӯзи қиёмат ба сӯи сахттарин азоб гардонида шаванд. Ва Худо аз он чи мекунед, бехабар нест.» (Сураи Бақара, ояти 85)


Ҷанобоне, ки дар бознашр кардану мавқеъгирӣ кардани он саҳм доред, агар ҳоло ҳам даъвои мусалмон буданро дошта бошед, пас борҳо бояд дар имонатон ба Худо таҷдиди назар кунед. Зеро ин масъала тавре, ки худатон ҳам хуб медонед, он қадр саҳлу содае нест, ки ҳамту беғаму бепарво аз канораш гузашт…

Амруллоҳи Низом махсус барои пойгоҳи Ислоҳ

Share This Article