Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, бо гузашти ҳафт сол аз қабули қонун дар бораи пешвои миллат ба тафсири таъбири «пешвои миллат» бархостааст. Чаро даст ба ин кор задааст, бароямон рушан нест, вале аз оҳанги гуфтор ва макони сабти навор бармеояд, ки он тибқи тарҳи аз қабл омодашуда забту нашр шудааст ва ба назар мерасад, ин суханронӣ ё «лексия» дар кадом як аудитория аст. Азбаски аудитория дар навор наменамояд, наметавонем бигӯем он барои донишомӯзон ва ё дар ҳузури авангардҳои милиса қироат шудааст. Аммо аз онҷое ки навор шудаву забту пахш шудааст, ба яқин ҳадафмандона сурат гирифтааст. Дар ғайри сурат чаро бояд ин суханронӣ ё лексия ва маҳз ҳамин навбати лексия бояд сабт ва дар олами маҷозӣ пахш бишавад? Хуб, бошад. Маълум аст ки бозиҳои фабрика аст ва Раҳнамо ҳам кайҳост, ки яке аз фабрикантҳои калон мебошад.
Раҳнамо талош дорад Э.Раҳмоновро тавре тасвир ва таъриф кунад, ки вай ҳақанҳақо ба ин мартабаи олӣ-пешвоӣ расидааст. Хеле ҳам бо сӯзу гудоз, ҷонфидоёна, саршор аз ҳаяҷону шуру шааф ва бо як энержӣ, бо як валвала ва бо ҳарҷи ҳарчи тамоми маҳорати як актёри ҳирфаӣ суҳбат мекунад. Пеш аз он ки ба «ҳафт рецепт»-и пешвошиносӣ, ё ки чиӣ ва кииӣ пешвои Роҳнамо бирасем месазад, ки «даромад» ва ё «дебоча»-и ин «осор»-и гаронмояро бубинем. Доктар Роҳнамо барои ҷазбу ҷалби мухотабон ё шояд шогирдонашон мефармояд, ки:
«Пешвои миллат яъне чӣ? Манзур мафҳуми пешвои миллат. Ё бигӯем пешвои миллат яъне кӣ? Бубинед, дар илми сиёсат, дар таърихи давлатдорӣ, дар таърихи ҷомеаҳо пешвои миллат ба касе гуфта мешавад, ё ба роҳбаре гуфта мешавад, ки ӯ масъалаҳои таърихии як миллатро ҳал карда бошад».
Манзури доктар Раҳнамо аз тарҳи «масъалаҳои таърихии як миллат» чи буда бошад, дар «ҳафт рецепт» оварда шудааст, ки як каме дертар ба онҳо хоҳем пардохт. Вале аз ҳамин ҳоло бигуям, ки ин пешвои Раҳнамо ҳеҷ масъалаи миллӣ ва он ҳам таърихии миллатро ҳал накардааст, ҳал карда ҳам наметавонад ва дар фикри ҳаллу фасли он ҳам намешавад, балки ин пешво ин ҳама «масъала»-ҳоро, ки Раҳнамо мавриди назар дорад, худаш болои миллат ва давлат овардааст ва онҳо ҳеҷ гоҳ «таърихӣ» ҳам нестанд, муосиранд ва мутазаккир бишавам, ки мусаббибаш, омилаш ва асосаш худи ӯст. Инҷо аз он «масъалаҳо»-и мавриди назари Раҳнамо якеро ба унвони мадрак меоварам: агар Сангак ва пешво туфангу найзаи дасти урусу узбак набуд, намешуд, на ҷанге даркор буд ва на сулҳе ва на ваҳдати миллие ва пойгоҳи артиши аҷнабӣ дар як давлати мустақил бар ивази ҳамагӣ як дуллор мустақар намешуд.
Абдуллоҳи Раҳнамо дар идома мефармояд:
«Пешвои миллат вазифа нест, ягон мансаб нест ва на интихоб мешавад ва на муайян мешавад ва на таъин мешавад, балки пешвои миллат як нақш аст, як рисолат аст, як ҷойгоҳест, ки инсон дар натиҷаи хизматҳои муайян ба он ба таври табиӣ мерасад.
Мо тақрибан як рецепте гуфтем, ки пешвои миллат будан яъне чи?»
Ин тафсиру таъвили шумо дуруст аст. Пешвои миллат ҳамчунин шахсият аст. Аммо дар тафовут аз Ҷорҷ Вашингтон ва Маҳатма Ганди, ки Раҳмоновро ба онҳо баробар кардаед, ба Раҳмонов намечаспад, сидқ намекунад.
Пешвои миллати мавриди назари шумо ҳам мансаб аст, ҳам вазифа аст ва ҳам таъйин шудааст. Агар фаромӯш кардед, ки Раҳмонов чи пешвоест, пас ба қонуни пешвои миллат, ки дар авохири соли 2015 аз тарафи худи Раҳмонов таҳия ва аз тарафи парлумон тасвиб ва бо имзои Раҳмонов ҳукми иҷро гирифт мутаваҷҷеҳ бишавед, ки чи салоҳияту ваколату рисолату имтиёзу маошу муҳофизу масуниятҳо дорад. Балки ин пешвое, ки шумо дар назар доред, як мақоми бартар ва болотар аз ҳар мақому мансаб ва аз ҳама ниҳоду сохтори давлат аст.
Раҳнамо, дар ин «лексияаш» ёдовар намешавад, ки мо қонуне дорем барои таъйину танзиму ташхиси пешво. Ҳама чиз дар онҷо муқаррар ва мушаххас шудааст: 80% маоши раиси ҷумҳуриро мегирад, худаш, занаш, хонааш, бачаву набераҳояш, гову гусолаву гурбаву сагаш, мошинҳояш, оғилу коҳдонаш, хуллас ҳама чизе, ки дорад, дахлнопазир аст, масуният дорад ва бо хатти хоно навишта шудааст, ки пешво барои ҷиноёти содиркардааш дар вақти раиси Шӯрои олӣ ва раиси ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. Ва, аз ҳама бузургтарин имтиёз, ки ба танҳо пешво дода шудаасту ӯро аз бақия халқи Тоҷикистон мутафовит мекунад, ин аст ки вай ин ҳақро дорад, ки то рӯзи марг раиси ҷумҳур бошад ва дурусту дақиқ ҳамин имтиёз ва ҳамин бартариро барояш қонуни пешвои миллат додааст. Ва, ҳоло инак меоем ба «рецепт»-и Раҳнамо, ки аз ҳафт банд иборат мебошад.
Раҳнамо менависад:
«Хизмати аввал ва муҳими пешвои миллат дар таърихи давлатдории тоҷикон ин наҷоти давлатдории миллии тоҷикон ва ҳифзи истиқлолияти давлат аст.»
Аммо мо мегӯем, ки бале, кишвар дар ҳолати ҷангӣ ва он ҳам ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Аммо Раҳмонов барои наҷоти давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлолият намеҷангид. Барои давлат ва тахту ҷоҳу кулоҳ меҷангид. Раҳмонов ҷанг ва тарафи ҷанг буд. Давлатдории миллӣ ва давлати навпои тоҷикон аз тарафи Раҳмонов ва Сангак таҳти хатар қарор гирифта буд. Чунки Раҳмонов ва Сангак давлатдории миллиро ба урусҳову узбакҳо муомила карданд. Тарафе, ки барои ҳифзи истиқлолият ва давлатдории миллӣ меҷангид Ҳукумати Муросои Миллӣ ва неруҳои нави милливу мазҳабиву мардумӣ буд. Давлат ва истиқлолияти давлатӣ, номуси миллиро инҳо аз таҳоҷум ва шарорати аҷнабиҳо, ки бо дастони Раҳмонов ва Сангак бар муқобили ин давлат пиёда мекарданд, ҳимоят ва ҳифозат мекарданд.
Раҳнамои муҳтарам! Квачков ва Ахмедовро фаромӯш накунед. Полковник Квачков ошкоро дар суҳбатҳояш гуфт, ки чаро Русия ва Узбакистон Фронти халқиро сохтанд ва ба дасти ҷинояткор силоҳ доданд. Чунки тоҷикҳои огоҳу бедор хостанд давлати мустақил ва давлати миллии худро бисозанд. Аммо Раҳмонов бо кумаки русҳову узбакҳо баракси инро мехост. Истиқлолият ва ватанро муомила кард. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки Абдумалик Абдуллоҷонов чи гуна дар назди Ислом Каримов зону задани Раҳмоновро ҳикоят кард. Ҳадафи Раҳмонов курсӣ ва ғасби қудрат буд, на давлати миллӣ ва истиқлолият. Квачков гуфт ба зур Ислом Каримовро розӣ кунонидам, ки ба ҳамин ҷинояткори бо 23 соли собиқаи зиндон дошта бовар ва кумак кунад, чунки маҳз ҳамин ҷинояткор тарафдори дар таркиби Русия боқи мондани Тоҷкистон ва зидди неруҳои милливу мардумӣ аст ки мехоҳанд Тоҷикистони озоду мустақил дошта бошанд.
Магар ин ҳама факту далелҳо дуруғанд? Агар дуруғанд чаро як бор ҳам шуда Раҳмонов нахесту нагуфт, ки Квачков дуруғ мегуяд? Наҳзатро террористу экстремист гуфтан тавонист, аммо чаро Квачковро, Мусиенкоро, Ахмедовро ва буса задан ба пойҳои Абдуллоҷоновро такзиб накард? Давлатдории миллии тоҷиконро наҷот дод? Аз кӣ? Аз Тоҳири Абдуҷаббор, аз Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, аз Аслиддин Соҳибназаров? Инҳо кӣ буданд ва чи мехостанд?
Агар манзур Узбакистон аст, магар Раҳмонов бо тонку туп ва самолёти Узбакистон ба сари ҳокимият наомад? Колхозу совхозҳоро ба номи Ислом Каримов накард ва ба таври оммавӣ Каримовро «отамиз» нагуфт? Истиқлолияти давлатиро, давлатдории миллиро аз кӣ наҷот дод? Аз Эрон? Агар аз Эрон наҷот дод чаро Раҳнамо он солҳо дар Эрон паноҳанда шуд, чаро Узбакистон нарафт, чаро Русия нарафт, чаро Тоҷикистон наистод? Чаро гурехт? Магар аз наҷотдиҳандаи давлатдории миллӣ ва ҳофизи истиқлолият бояд гурехт? Ин ҳама ҳақиқатҳоро воқеиятҳоро дидаву дониста худро ба нодонӣ ва нофаҳмид зада, тарзи дигар тасвиру тафсир кардан барои чӣ? Магар ба давлатдории миллии тоҷикон чи таҳдид мекард? Кӣ ҳуҷум карда буд, ки мехост давлати тоҷиконро забт кунад, ишғол кунад, истиқлолиятро аз байн бибарад? Кадом кишвар ва кадом қувва? Магар Ҳукумати Муросои Миллӣ, мехост, ки давлатдории миллии худро аз байн барад ва агар аз байн барад куҷо мебурд. Ба муҷоҳидини Афғонистон ба Аҳмадшоҳи Масъуд ва ба Бурҳониддин Раббонӣ медод? Ба Хоманаӣ ва ба Эрон ва ба Покистон ва ба арабҳо медод? Ку далел, ку мадрак? Чаро ҳукумате, ки дар даст доштанд бибаранду бидиҳанд буд? Чаро? Чаро аз ин кишварҳо афроде шабеҳи Квачков наомад?
Ин русҳо буданд, ки хоку қаламрави моро он замон ва ин замон ҳаёт хилват, минтақаи манофеи худ, марзҳои ҷанубии Русия мешумориданду мешуморанд. Онҳо на он рӯз ва на ҳоло, давоми сӣ соли ҳукумати Раҳмонов ба Тоҷикистон ва раиси ҷумҳурии он эҳтиром қоил нестанд. Суҳбати Раҳмонов ба Путин дар Қазоқистон ин исёни як бардаи озурда буд, магар ҳамин тавр не? Раҳмонов ҳамин ҳоло ҳам ҳиҷ истиқлоли амал надорад. Наметавонад бидуни изни Русия, коре бикунад, чун Раҳмонов муттаҳам ва мадюни русҳо аст. Ҳеҷ хавфу хатаре ба давлатдории миллии мо пеш намеомад, агар Сангаку Раҳмонов бо пуштибонии Русияву Узбакистон болои ин давлат силоҳ намекашиданд. Раҳмонов кай толиби истиқлолият буд? Магар Раҳмонов бар муқобили Тоҳир Абдуҷаббор набуд? Раҳмонов кай барои забони модарӣ тазоҳурот кард. Раҳмонов кай хесту гуфт, ки мо аз СССР бояд ҷудо шавем? Мо бояд пули миллӣ дошта бошем? Магар Раҳмонов набуд, ки рубли хатнашудаи Русияро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол овард?
Маълум аст ки на виҷдон мондаасту на имон.
Раҳнамо менависад, ки «Хизмати дуввум ва бисёр бузурги пешво ин буд, ки ягонагии ҳудудӣ, яъне тамомияти арзии Тоҷикистон ҳифз карда шуд;
Магар кӣ таҳдид ба тамомияти арзии Тоҷикистон мекард? Тамомияти арзии Тоҷикистонро кӣ мехост ба ҳам занад? Албатта, манзур Ӯзбакистон ва Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд аст ва ҳамон генерал «Мамадҷонови хоин». Ҳамон Мамадҷонове, ки пули роҳи Душанбе –Хуҷанд дар пояи гарданаи Анзоб дар ноҳияи Айниро тахриб кард. Аммо бояд росташро гуфт, ки ин ҳодиса паёмад ва натиҷаи муомилаву доду ситади Каримов ва Раҳмонов буд. Ҳамин Мамадҷонов дар сари қудрат омадани Раҳмонов бо дастони Узбакистон саҳми зиёд дорад. Аз ин рӯ ҳамонҳое, ки Раҳмоновро сар қудрат оварданд, талоши ватанфурушӣ доштанд, яъне шарикон ва ҳампаймонон ва ҳамяроқони худи Раҳмонов буданд, ки баъди тира шудани робитаашон бо Раҳмонов ба чунин амали хоинона даст заданд. Ҳомидов ва Раҳмонов ҳарду гумоштаи Узбакистон буданд, кадрҳои Каримов.
Хоҳ дар арш, хоҳ дар болои абрҳои осмон, хоҳ дар боми Зуҳалу Аториду Муштариву Миррих барору бубар, аммо яқин дошта бош, ки Раҳмонов ҳиҷ гоҳ барои ҳимояти тамомияти арзӣ талош накардааст. Ҳама медонад, ки агар Каримов намехост дар ду дунё Раҳмонов сари кор намеомад ва агар ба шурути Каримов розӣ намешуд, ҳиҷ гоҳ ҳукуматро намедид. Аз тарафи дигар магар ҳамин Раҳмонов набуд, ки ба Хитой зимини кишварро фурухт? Пас, чи гуна Раҳмонов тамомияти арзии Тоҷикистонро ҳифз кардааст?
Ҷаноби Раҳнамо Шумо ба ҳамон матлабе, ки чанде қабл дар бораи баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон навиштед, як бор хира шавед, ки чӣ гуфтед? Ва як бор ба гапҳои Сироҷиддини Муҳриддин ҳам аз сари нав таваҷҷӯҳ кунед, ки гуфт ин 200- у анд ҳазор гектари моро чи тур қирғизҳо гирифтанд. Як бор ба харита нигоҳ кунед, ки дар замони истиқлол, дар даврони Раҳмонов чи қадар аз ин дусадуандҳазор ба қирғиз дода шудааст? Раҳмонов тамомияти арзиро не, тамомияти тиҷорати хонаводаашро ҳимоят карда истодаасту мекунад.
Яке дигар аз бандҳои ретсепти пешвошиносии Раҳнамо, яъне дорухати сеюмаш, наҷоти миллат аз тариқи барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ будааст.
Воқеан ҳам пурруӣ ва беҳаёӣ беш аз ин намешавад. Чунки Раҳнамо дуруст дар ҳамон солҳо дар Теҳрон мепилакид ва хеле ҳам хуб медонист, ки Раҳмонов ба ҳеҷ гоҳ сулҳ намехост. Вай ночор ва ногузир шуда буд. Агар ба дасти худи Раҳмонов буд ҳеҷ гоҳ на оштӣ мешуд ва на сулҳ мекард.
” Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ва махсусан Русия ӯро водор карданд, шарту шурут гузоштанд, ки бояд бо оппозитсиони худ, ки то Теппаи самарқандии Душанбе, то кучаҳои дарунии пойтахти кишвар пешрав кардааст, вилояти собиқи Қурғонтеппа, водии Қаротегин, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зери итоаташ аст, ошубу исёнҳои зиддикулобӣ дар аксарияти навоҳии вилояти Суғд доман кашида аст сулҳ кунад, ҳукуматро бо онҳо тақсим кунад. Каримов ҳам дигар Раҳмоновро таҳти фишор қарор дода буд, ки сулҳ кунад, дар ғайри сурат суқут хоҳад кард.”
Раҳмонов агар миллатро мехост наҷот бидиҳад, баъди сари қудрат омадан дар ҳамон Иҷлосияи сарнавиштсузи 16 оштӣ мекарду мардум аз тарси вай дар зимистони қаҳратун Омуро убур намекард ва дар диёри ғурбат панҷ сол дарду заҳри ҳиҷрат намекашиданд.
Раҳмонов сулҳро барқарор накардааст ва ваҳдати миллиро таъмин накардааст. Бо бофтану таҳриф кардан, бо дуруғ ба қалам додан намешавад воқеиятҳоро сарпуш гузошт. Онҳое барои ин сулҳу ваҳдат ҷон доданду муборизаву пайкор карданд, дасти оштиву сулҳ дароз карданд, ки баъдҳо Раҳмонов онҳоро яке, яке кушт, зиндонӣ ва водор ба фирор кард, дигарҳоянд. Раҳмонов сулҳро дуздид.
Чорумин рецепти пешвошиносии Раҳнамо ин буда, ки Раҳмонов «ташаккули мактаб ва модели давлатдории муосири миллии тоҷикон»- ро бунёд кардааст.
“Ҷамъ овардани ҳаммаҳалҳо, хешу табору авлод, қудову андаҳо, аъзои оила дар сари ҳокимият, ҳамин аст мактаб ва ҳамин аст давлтдории муосири тоҷикон? Ин чи навъи давлатдорӣ ва чи мактаб аст? Мактаб ва давлатдории муосири милии тоҷикон бояд ҳамин тавр бошад? Роҳнамо мегуяд, ки Раҳмонов масъалаи миллатро ҳал кардааст.”
Раҳмонов масъала оилаашро масъалаи миллат кардааст. Писарашро раиси Маҷлиси Миллӣ кард ва қасд дорад президенти оянда кунад. Масъалаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияро, масъалаи сафири Тоҷикистон дар Бритониёи кабирро ҳал кард. Ҳозир масъалаи оилаи пешвои Роҳнамо муҳимтар ва ҷиддитар аз масъалаи миллат аст, балки масъалаи миллат оилаи Раҳмонов аст. Бояд Рустами Эмомалӣ президент бишавад. В-онгоҳ масъалаи миллат ҳалшуда ҳисоб меёбад. Агар Роҳнамо бовар надорад, биравад аз худи Раҳмонов бипурсад. Давлатдории муосири миллии тоҷикон, ин яъне Бег Сабур, ин яъне Ҳасан Асадуллозода, ин яъне Исмоили Маҳмадзоир, ин яъне Исломиддини Нуриддини Раҳмон, ин яъне Умеди Раҳмон, ин яъне Зарифбек, ин яъне Шамсулло, ин яъне Давлаталӣ Саид, ин яъне Юсуф Раҳмон. Яъне бачаву духтару қудову андаҳои мансабдори Раҳмонов аст. Ташаккули мактаб-ин яъне ҳайкали Майрами гурсухта, ин яъне даҳ бор Қонуни асосиро иваз кардан ва то охири умр аз қудрат нарафтан. Хуб, чи ҷойи таърифу тавсиф дорад, ки як ҳукумат ва як давлат ва як кишвар ба моликияти шахсии оиаи Раҳмонов табдил шудааст. Ин чи ҷойи ситоиш чи ҷойи мадҳу сано? Раиси суд 200 доллар маош дорад, зери пояш мошини 200 000 долларӣ, ҳамин аст модел? Аз ин мактаб набуданаш, аз ин модел набуданаш беҳтар нест?
Ба навиштаи Раҳнамо «Масалаи панҷ, ташаккули зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ» аст, яъне банди дигари рецепти пешвошиносии Раҳнамо зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ будааст.
Ин «масала» эъҷозу эҷоди муаллифи ҳат рецепт аст. Аз кадом «зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ» ҳарф мезанад, манзураш чӣ аст, ростӣ, мо инҷо эҳсоси заъф ва аҷзи худро иқрор мекунем, чун ин як каломе аст ки боядам амсоли СС.Ятимов, сиёсатшиносу филсуфҳое ташреҳу тавзеҳ фармоянд. Манзурашон чи бошад? Тарафи дигари сулҳу ваҳдат дигар террористу экстремист эълон шуд. Раҳмонов гуё худаш ба худаш сулҳ кард. Роҳнамо ҳам намегуяд, ки вақте сулҳу ваҳдати миллӣ мегуӣ, чиро ва киро дар назар дорӣ. Сулҳ бо кӣ шуд? Тарафи дигар ваҳдати миллӣ куҷо рафт? Зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ ҳоло киҳо бошанд? Аммо, маълум аст ки бояд тавре шуда хушомад бизанад. Раҳнамо дар айни авҷи ташреҳу тафсири хизматҳои пешвоёнаи пешво мегуяд, ки Раҳмонов дар балои сахт падид омад ва бо фазлу бузургиву солорӣ ҳамаро тинҷ кард. Аммо боз ҳам мегем, ки ин худи Раҳмонов буд, ки ин балои сахтро падид овард. Ин чи солоре аст ки лаҷомаш дар пордуми маркаби Ислом Каримов баста буд ва дар дасташ барматуху лагани ош думдуми Сангаку Квачков медавид.
“Абдулло Раҳнамо барои онки бишиносем, бидонем, бифаҳмем ва бовар бикунем, ки Раҳмонов пешвои миллат аст, яъне шахсе бартар ва болотар аз Президент аст, ба гуфтаи худаш «рецепт» дуруст кардааст. Аммо инҷо як нуктаи ҷолиб аст. Чаро Роҳнамо аз термин ё истилоҳи «рецепт» кор бурдааст? Корбурди он аз тарафи доктар Роҳнамо тасодуфӣ аст ва ё кинояҳое шоирона, танзи зарифона дорад? Чун то ҳамин имрӯз рецптро ҳамчун дорухати духтур мешиносем, ки номҳои дору, қурсу ҳаббу сузандоруву ғайраву ҳоказо навишта мешавад. Яъне тавсияи табиб ба бемор. Яъне доктар Абдулло барои Пешво «рецепт» дод ё барои пешвошиносон ва пешвошиносӣ. Ин хеле ҳам ҷолиб аст. Пешвои касали ниёзманд ба рецепт-дорухати табиб ва ё инки пешвопарастони касал?”
Ҳоло идома бидиҳем ва бубинем, ки дар банди шашуми ин «рецепт» чи навишта шудааст:
«эҳёи таърихии тоҷикон ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ, масъалаи асосӣ аст.» Яъне Раҳмонов тоҷикҳоро эҳё кардааст, реанимация кардааст.
Ҳоло, чи бигуям? Қабл аз пешво мо дар куҷо будем? Дар ҷангал, дар дараҳо? На аз сиёсат хабарамон буд на аз фарҳанг? Мо бузина будему Раҳмонов одамамон кард? То Раҳмонов кӣ будем? Исмоли Сомонӣ кӣ буд? Хок бар сари ин девори Бухоро.
Ҳоло Бобоҷон Ғафуров кӣ буд? Нусратулло Махсум кӣ буд? Шириншо Шотемур, устод Айнӣ, ҳамаи инҳо кӣ буданд? Магар Тоҷикистон вуҷуд надошт?Ҳамин қаламрав, ҳамин арозӣ, ҳамин марзҳои мо дар даврони шӯравӣ ҳам ба Тоҷикистон ва тоҷикон тааллуқ надошт? Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991мустақил шуд. Бо ҳамин қаламрав ва ҳудуд. Аз 9 сентябри соли 1991то 19 ноябри соли 1992 яъне яксолу ду моҳ, тоҷикону Тоҷикистонро куҷо бурдем? Он вақт Раҳмонов куҷо буд ва кӣ буд? Қасам ба зоти поки Худо зидди истиқлолият буд ва тарафдори бақои СССР.
«Воҳиди ягонаи сиёсӣ, фарҳангӣ». Ин яъне ҳамакаса узви Ҳизби Халқӣ-Демократием, пайравони пешвои миллат, авангарду ававгард, чаканпушу Гӯруғлихон шудему қурутовхуру тоқӣ ва ачата бугухон? Ҳамин шудем, ҳамин аст воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ, ай шуқи шуқ метрошум, усто қошуқ метрошум.Ҳамин «эҳёи таърихии тоҷикон ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ?»
Ин мардак, ки дар тамоми умраш як китоб нахондааст, не аз Рудакӣ огоҳ аст, не аз Аҳмади Дониш, қариб буд, ки хонаи Айниро харобу валангор кунад, тоҷикҳоро эҳё кард? Тоҷикҳо то омадани Раҳмонов сиёсатро намедонистанд, аз фарҳанг холӣ буданд? Бовар кунед, ин қадар тамаллуқ, ин қадар хушомад, ки мекунад, бовар дорам, бо ин шаклу шеваи навишт ҳатто занашро ҳам ҳамхоба мекунад. Ҳиҷ гоҳ тоҷикро ҳиҷ касе ба ин ҳад таҳқиру залил накардааст .Вақте дар ин сатҳ дуруғ мегуяд, вақте то ин ҳад таҳқир мекунад, вақте омодааст ба пеши пойи хук лафзи дури дариро бирезад, аз вай ҳарчиро мешавад умедвор буд ва интизор дошт. Яъне тоҷикҳо мурда буданд, Раҳмонов омада ба тани мурдаашон ҷон дамид? Ин қадар Маҷнуни Раҳмонов шудааст, ки ба назараш Лайлӣ метбад. Шумо як бор мутаваҷҷеҳ бишавед, ки ин коршиноси аршад, ин олиме аз уламо чи мегуяд: «эҳёи таърихии тоҷикон ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ».
“Худо нахоста агар ҷойи Раҳмонов бар фарзе Қурбон Мирзоалиев, Ҳабибулло Табаров, Иззатулло Ҳаёев меомад, чи мешуд? Чун бояд яке аз ҳамин силаҳшурони сангакӣ меомаданд. Он вақт эҳёи таърихии тоҷикон ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд намеомад. Он вақт имрӯз эҳё намешудем, фано мешудем хоку боду туроб мешудем, воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ намешудем. Бояд ҳамакаса ба Майрами гурсухта ташаккур кунем, ки ҳамин гуна Имоммаҳдӣ ва Исоро алъаёзубиллоҳ мин ҳазал залол таваллуд кард, ки эҳё карду ҷонамон дамид ва воҳиди ягонаи сиёсиву фарҳангӣ кард. Яъне инҷо-Тоҷикистон як ҷангалистон буд. Инҷо дигар гургу хирсу гов шағол будем ё буданд?”
Агар Ҳилол Карим гуфт тоҷикҳо алифборо аз ман омӯхтанд ҳоло ин Роҳнамо мегуяд, ки тоҷикҳоро Раҳмонов эҳё кард. Акнун касе нест, ки дар даҳони ин бефаровез муште бизанад, ки ту аҳмақ, чи кор дорӣ мекунӣ, чиҳо мегуӣ. Барои нафси хабису касифат ин ҳама касофаткорӣ мекунӣ. Пас, ин Сангак чи қадар ояндабин, дурназар ва прогмотик будаст, ки маҳз Раҳмоновро овард, Ҷиёнхон Ризоевро кушту ҳаминро овард. Роҳнамо бовар дорад, ки Раҳмонов баъди рафтанаш ҳам пешво мемонад? Чунки Раҳмонов Рустамро оварданист. Аммо магар Ленин монд? Назарбоев монд? Сапармурод Ниёзов монд? Кадом «самозванец», кадом диктатор мондааст, ки Раҳмонов монад? Кадом арусак, кадом дастнишонда мондааст, ки Раҳмонов монад?
Роҳнамо мехоҳад ҳипноз кунад, мехоҳад таблеткаи хоб бидиҳад. Мехоҳад тамоми миллат хоболоуда дар ҳолати гипноз ва фаромушӣ қарор бигирад ва мисли як тутӣ ва мисли як инсони бешуур ҳарчи Роҳнамо бигуяд бовар кунад, бидуни онки ҷустуҷу кунад, шак дошта бошд. Ҳол, бар мантиқи Роҳнамо бошад, агар раҳмонов наомада буд мо чи ҳоле доштем?
Раҳнамо аз хизматҳои Ҷорҷ Вашингтон, нахустин раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико ва аз муборизаҳои Маҳатма Гандӣ, ки барои касби истиқлолияти Ҳиндустон аз Бритониёи кабир мубориза кард ҳарф зада мехоҳад онро ба Раҳмонов татобуқ кунад ва мегӯяд, ки “ Ҳоло биёем шахсияти пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳамон рецепте, ки гуфтем муқоиса мекунем ва ҳамин тавр ҳамон рецептеро, ки дар борааш гуфтем меоварад.”
“Биёед, каҷ бишинему рост бигуем. Агар ин ҳама хушомад, агар мадеҳа, агар чоплусӣ, агар тардоманӣ набуд чи буд. Бо тамоми хушомаду тамаллуқ Абдуллоҳ дар назди Раҳмонову дастааш ба ҷуз як тардоманак чизи дигаре нест. Ҳарчизе ҳам накунад, наметавонад, тарии домони худро бипушонад, чун тарии домонаш айну дайн аст, мунташир шудааст. Ба мо аз ҳолати воқеии Раҳнамо маълумотҳои зиёде мерасад, ба мо аз бархурдҳои мақомот,ки хело маълумотҳои ҷолибе мерасад,ки айби мардон пӯшида мегӯянд. Вақташ расид ҳатман онҳоро ҳам хоҳем гуфт.”
Раҳмонов дар ҳамин суханронии дирӯзааш ҳам, ки яке дурбин нишон дод Абдуллоҳ хиёли хамёза дораду хоб зуриаш мекунад, гуфт ҳамин имрӯз ҳам бо мо ҳастанд, барояшон ордену медал додам, аммо онҳо хоинанд. Яъне вақте Раҳнамо аз ҳар ободкориҳо, аз эстката, аз Сиёма молл ва аз баландошиёнаҳо Пешворо мебинад, Раҳмонов ҳам ҷавобан мегуяд, ки «медонад, ки онҳо ҳоло ҳам дар давру барам ҳастанд, мепилаканд».
Роҳнамо ончи гуфти шарм надоштӣ?
Гуё тоҷикҳо чизе набуданд, қабоили африқоӣ буданд, ки пешу пасашонро бо шоху барги дарахт сатр мекарданд. Яъне мо хоки сиёҳ будему Раҳмонов омаду моро одам кард, мо аслан касе набудем. Агар мо касе набудем, воҳиди сиёсӣ набудем, чаро дахолат карданд? Чун ҷанги мо барои давлатамон буд. Онҳо гуфтанд, ки нон медиҳем, тавлак медиҳем, ишкаматон сер мешад , ҳайкали Майрами гурсухта иҷозат аммо бо ҳамин тамом. Мо шуморо самту савқу су медиҳем. Раҳмонов гуфт гап нест, розием.
Чун аз миллат, аз таърих, аз шараф, аз нанги миллӣ, номуси мардӣ чизе дар бисот надошт. Хоҳиш ва орзуи вай ҳамин буд, ки мисли Қобилови ширкати Пахта «Тойота» сувор шавад. Дашти Олимтой ба суроғи беваи чорпоя ё ба ибораи Абдумалик Абдуллоҷонов “ишқи аввал”аш наравад. Тамоми дунёи Раҳмонов ҳамин буд ва ҳамин мондааст. Бояд бой, бисёр ҳам бой бошад. Хонаи хушру, мошини фасон дошта бошад, бо ҳамсинфонаш бишинад…
Русҳо хуб шинохтанд, ки ишкамаша сер кунӣ, чор танга диҳӣ тамом. Барои ҳамин оварданду монданд.
Кадом пешво қонунро иваз кард. Ҳудуди давраи худро беҳудуд кард. Магар Вашингтон кард? Магар Ганди кард? Магар Манделло кард? Кӣ панҷ солро ҳафт сол, як ҳафтсоларо ду ҳафтсола ва оқибат бо ин ҳама сер нашуд, гирифту беҳудуд ва беохир кард, то дақиқаву сонияҳои ҷонбуроӣ, то рузи мурдан. Кадом пешво ин корро кард?
Хуб, ҳоло биёем ба сари банди ҳафтуми рецепти Роҳнамо барои шинохти пешво ва хизматҳои пешво:
«таъмини ҷойгоҳи сазовори тоҷикон ва Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ.»
Инро мехонаму ҳамон карикатураҳои «Хорпуштак» ба ёдам мерасад: «без слов-бе матн»
Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ чи ҷойгоҳи сазоворе дорад? Арсаи байналмилалӣ ва як раиси ҷумҳуре, ки беш аз 30 сол аст дар сари қудрат аст бо ҳам чи иртиботе дошта метавонанд?Арсаи байналмилалӣ ӯро диктатор, риёсаташро низоми худкома, авторитарӣ, тоталитарӣ, саркубгар, ноқизи ҳуқуқи башар унвон кардааст. Дар кадоме аз шохис ва нишондодҳои сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон мақоми назаррас дорад? Магар дар ҳеҷ яке аз арзёбӣ ва раддабандиҳо дидед, ки Тоҷикистон беҳтар ва болотар аз Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон аст? Ҳамвора Тоҷикистон дар канори Зимбабве, Куриёи Шимолӣ, Ҳоитӣ ва амсоли ин кишварҳои фақиру нодор аст.
Ман аз як чиз дар ҳайрат мемонам. Тасвири дуруғ ба ҷойи ҳақиқат. Чаро талош мекунед, ки шармандаро шармандатар созед.
Он солҳо ки аз МВФ дуздӣ карду Тоҷикистонро шармандаву шармсор кард, ёдатон ҳаст? Он солҳо, ки дар Додгоҳи салтанатии Лондон дуздиҳои Раҳмонов аз Талко ошкор шуд ёдатон ҳаст? 120 миллион доллар сарфи адвокатҳо карда буд. Он соле, ки лётчикҳои русро суд карду дар як «ҳид»-и Медведев тоб наёварду ҷавобашон дод, ёдатон меояд?
“Ҳиҷ роҳбаре беобрутар аз Раҳмонов дар сатҳи байналмилаӣ нест. Ӯро як гадо мешиносанд. Ҳиҷ кишваре, нафареро, ки сӣ сол зиёд дар қудрат аст эҳтиром намекунад, чун бо дуруғ дар сари қудрат аст, бо интихоботҳои ҷаълӣ. Арсаи байналмилалӣ ончунон истифро зад, ки дигар ба интихоботҳои Раҳмонов наомад.Чун маълум аст ки ҳама дуруғ аст.”
Ин тоҷики Ҷамшуду Равшан дар сатҳи байналмилалӣ чи мақоме дорад? Ин тоҷике, ки бо мадади Раҳмонов террористу экстремист шиносонида мешавад, дар сатҳи байналмилалӣ чи ҷойгоҳе дошта метавонад?
Раҳмонов Пешвои оилааш, авлодаш, ҳаммаҳалаҳояш ва афроде амсоли Роҳнамо чоплусону бузҳо аст. Курботиноне амсоле Роҳнамо, бузҳое мисли Роҳнамо Раҳмоновро пешво мешуморанд.
Раҳмонов бо фармони худаш худашро Пешво кардааст. Раҳмонов Пешворо барои он накардааст ки пешвоӣ кардаасту пешвоӣ мекунад, вай Пешворо барои он кард, ки баҳона ва ҳилла дошта бошад барои тағйироти Қонуни асосӣ ва боз истодан дар сари қудрат. Ва мондан дар ҳукумат.
Хеле пуррӯ, дузди зӯре, ки соҳиби говро бастааст. Барои ман қобили дарку фаҳм нест. Бахудо ҷиддӣ ва аз рӯйи ростӣ мегуям, ки ба ҳайси як дузди ҳирфаӣ, ки говро медуздаду соҳиби говро ба қозихона мебарад. Навиштаи Роҳнамо ҳамин тавр аст.
“Роҳнамо медонад, ки ончи мегуяд воқеият нест. Аммо ҳамин ғайри воқеиро воқеӣ ҷилва медиҳад? Фақт барои ҳифзи манфиати шахсии худ, ростро мегузораду дуруғро идеализатсия ва реализоват ва пропоганда мекунад.”
Ҷорҷ Вашингтон, Маҳатма Ганди, Данко ва Эмомалӣ Раҳмонов… Воқиан беҳуда нагуфтаанд, ки «Лайлиро ба чашми Маҷнун бин.»
Маҷнун, яъне савдоӣ, девонаи оташи муҳаббат (любов).
Ҳозир Абдулло Роҳнамо ба ҳоли ҳамин Маҷнун ибтило шудааст. Як диктотур ва як дузди гузароро бо нафароне баробар карда истодааст, ки дар тааҷҷуб мезанӣ.
Ҷорҷ Вашингтон чанд гектар замини Амрикоро ба Хитой дод? Маҳатма Ганди ҳайкали модарашро гузошт? Духтарашро оварду раиси Дастгоҳ монд? Писарашро оварду раиси Маҷлис монд? Кадоме аз ин корҳоро кард? Ва ё инки қонуни пешво навишт. Кадоме аз ин нафарон:- Вашингтон ё Ганди худашонро худашон Пешво эълон кардаву қонуни пешво бароварданд? Ин корро Назарбоев Элбасӣ кард. Дидед,ки чи шуд? Ҷорҷ Вашингтон ё Маҳатма Гандӣ ҳеҷ гоҳ нахостанд, ки мардум ва миллат онҳоро пешво унвон бидиҳад.
“Сад бор, ҳазор бор бигӯӣ, ки “идеяи бузург дар дасти гуруҳи заиф” вале дониста бош, ки имрӯз не пагоҳ, пагоҳ не паспагоҳ мо меоем. Ҳамин гурӯҳи заифи соҳиби идеяи бузург бо сари баланд ба ватан бармегардад. Гумонат ин аст ки дунё ва Тоҷикистон бо Раҳмонову Рустам ҷамъбаст шуд? Яъне Оли Раҳмон мешавад? Ҳарчи ҳам мегӯӣ гуфтан гир, толиб гу, террорист гу, экстремист гу, проекти Омрико гу, гуфтан гир. Аммо мо ватанамонро мехоҳем. Ба ватанамон бармегардем. Албата, ту «прагматик» ҳастӣ. Автобуси «Мактаби Роҳнамо» набояд беталаба монад, вале бидону огоҳ бош, ки ҳар коре дар дунё подош дорад. Ҳар касе, чи раис ва чи саис ҷавоб пас хоҳад дод.”
Ва, як хулоса. Ва он ҳам хулосаи илмиву коршиносона ва мудаллал ва мувассақ ва муҳкам. Забту пахши ин навор ба яқин кори дасти фабрика аст, бале ҳамон фермаи ҷавоб.
Новобаста аз сухтам- пухтамҳои Роҳнамо ва новобаста аз онки тӯли ин ҳафт соли қабули қонуни пешво радиову телевизионҳо, нашрияҳо, маҳофили расмиву ғайрирасмӣ, ҷаласаҳову тантанаҳо дар Тоҷикистон ӯро пешво мегуяд, маълум аст ки ба Раҳмонов начаспид.
Мутмаин нестанд, бовар надоранд. Барои ҳамин Роҳнамо ба тафсири таъбири пешвои миллат пардохтааст.
Роҳнамо як дуруғи бузургеро бо номи пешво мехоҳад бишиносонад. Ин ҳама сол тобонданду намоёндану обу рангу холу хат заданд, нашудаст.
Вале, мо ҷон намекоҳонем. Роҳату равшан, бидуни кадом азобе, бидуни кадом ранҷе, бидуни онки бо виҷдони худамон даргир ва рӯбарӯ бишавем, мегуем, вай пешво нест, пешво буда наметавонад.Вай, агар садҳазорон маротиба ҳам ситоиш ва вироиш бишавад ҳам, ҳамон каламуши колхоз аст, ки ба димоғаш фақат ва фақат буи гандум ва саргини гову гусфанд хуш аст.
Яъне қонуни пешво ҷо науфтод ва акнун афроде амсоли Роҳнамо бояд ташвиқ кунанд. Агар Раҳмонов дорои ин сифот ва ин корнома буд чи ҳоҷат ба тафсиру ташреҳу тавзеҳ? Чи лузуме омада, ки имрӯз «рецепт»и пешво медиҳанд? Яқинан дастурист.
Чунки ин як пешвои ҷаълӣ ва дуруғӣ аст, ин як самозванец аст.
Эзоҳ: дар матн дар ҷо ҷое “Роҳнамо” истифода шудааст ба ҷойи “Раҳнамо” он иштибоҳи ҳарфӣ нест. Чун Раҳнамо аз “Роҳнамо” чӣ фарқе доранд онро худи ҷаноби “Рецепт навис”и “Рӯ сурхак” тафкик ва хуб ҳам мефаҳманд!