Дар барномаҳои гузашта мо аз ҳамкориҳои Эмомалӣ Раҳмонов ва Толибон бархе маълумотҳоро ба нашр расонида будем. Аз ҷумла аз ин ки Толибон дар гузашта, ҳануз, ки қудратро нагирифта буданд, дар Душанбе намояндагии худро доштанд ва низ аз онки сарбозону афсарони маҷруҳи Толибон дар бемористонҳои Тоҷикистон табобат мегирифтанд, навишта будем,барнома нашр намуда будем. Аммо, ба ном идеологҳое назири Абдулло Роҳнамо ва амсоли вай Раҳмоновро ҳомиву пуштибони тоҷикҳои Афғонистон нишон доданӣ мешаванд. Нависандаҳои беному бадноми «фермаи ҷавоб» бо истифода аз фурсат талош доранд Раҳмоновро муборизе дар муқобили Толибон ба қалам диҳанд. Аммо воқеият на он чизе аст, ки онҳо мегӯянд. Раҳмонов ва домодҳои вай ,ки дар Афғонистон тиҷоратҳои ӯро мечархонанд, ҳамоно бо Толибон тиҷоратҳои ҳатто ғайриқонуниро идома медиҳанд. Барои исботи ин гуфтаҳо матлаби зер далели муҳками дигарест:
Ширкати «Фароз»-и Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов бо гурӯҳи Толибон ҳамкории густарда дорад.Ин ширкат барои Толибон маҳуслоти нафтӣ: бензину солярка мефурӯшад.
Албатта хеле аз мардуми азизи Тоҷикистон медонанад, ки яке аз гиёҳони бисёр фоиданок, ки ба тарзи худододӣ ва табиӣ дар баъзе аз манотиқи куҳистонии Тоҷикистон мерӯяд, ин шираи камол аст. Ин гиёҳ ҳарчанд дар ҳамсоякишварҳои мо низ меруяд ва дар аксар вилоятҳои ватанамон месабзад, аммо навъи аълои он дар ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳритус, Панҷ, Вахш, Фархор, Данғара, Темурмалик, Хуросон, Ҷомӣ ва Норак аст. Ин гиёҳро ҳиндиҳо тавассути афғонҳо аз Тоҷикистон харидорӣ карда дар сохти дору ва барои баъзе таъомҳои ҳиндӣ истифода мекунанд.
“Ҳар мавсим аз кӯҳҳои Тоҷикистон аз 700 то 1000 тона аз ин шираи холис ҷамъоварӣ мешавад. 20 то 30 %-и он расмӣ ва боқимонда қочоқӣ бо дасти ширкати «Фароз» ба Афғонистон ва аз онҷо ба Ҳиндустон бурда фурӯхта мешавад.”
То солҳои 2012-2013 мардуми ҳар ноҳия ба кӯҳҳои наздики худ рафта бо коркард ва омода кардани ин неъмати худододӣ аз фасли баҳор то охирҳои октябр ба ҷамъоварии он саргарм мешуданд ва бо меҳнати ҳалол даромади хубе доштанд. Ин гиёҳро замоне, ки афғонҳо дар солҳои 2000 барои хариди писта ба Тоҷикистон меомаданд, кашф карданд. Аз он замон ҳам пистаҳои мардумро ва ҳам шираи камоли онҳоро мехариданд ва як баробар қиматтар дар Афғонистон мефурӯхтанд. Ба ҳар ҳол доду гириф байни худи мардум ва харидорони афғон буд. Мардум кор мекарданд ва пиставу шираи камолро ҷамъоварӣ намуда мувофиқи нархи бозор мефурухтанд. Шурӯъ аз солҳои 2012-2013 ширкати «Фароз» ва дигар аъзои гушнаи хонаводи Раҳмонов монанди дигар соҳаҳои фоиданок дар фикри монополияи ин сарвати худододӣ афтиданд ва дар байни 2 то 3 сол ҷамъоварӣ, коркард, хариду фурӯш ва содироти ин гиёҳро дар инҳисори худ дароварданд.
“Имруз ҳар гуна ҷамъоварӣ, коркард, хариду фурӯш ва нигаҳдории ин шира барои ғайри «Фароз» ҷиноят мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон бо имзои Эмомалӣ Раҳмонов қарори махсус қабул кард, ки агар ин гиёҳ дар замин шахсии касе ё дар чарогоҳҳои касе рӯйида бошад, соҳибаш ҳақи даст задан ба онро надорад ва бояд факат ширкати «Фароз» онро ҷамъоварӣ ва содир кунад. Ҳатто вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад, ки аз ин гиёҳ барои табобати мардум истифода кунад, чунки тамоми раванди ҷамъоварӣ то содироти он танҳо ва танҳо ба ширкати «Фароз» вогузор карда шуд.”
Ҳар сол ҳадиақал 10 то 15 ҳазор коргар ва оила аз ҳисоби шираи камол, соҳиби ҷой кор ва даромад мешуд. Аммо 5 сол боз тамоми коргарони тоҷик аз ҷамъоварии он манъ шуданд.
Ҳоло ба ҷои тоҷикон ҳар сола 5 то 7 ҳазор афғон ба сурати ғайриқонунӣ ва қочоқи оварда шуда дар ноҳияҳои зикршуда бо муҳофизон ва «охрана»-и расмӣ ва мошину силоҳи «Фароз» таъмин карда мешаванд. Фақат чандсад тоҷики бечора барои хидмат ба онҳо мисли нонпазӣ ва обкашонӣ бо маошҳои ниҳоят ночизи бе инсофона ба кор гирифта мешавад. Ростӣ тохту този мутакаббиронаи афғонҳо бо мошинҳои Тойота ва муҳофизони аз суй «Фароз» доштаи онҳо, инсонро ба фикри саҳнаҳои ДОИШ ва Толибон меандозад ва бо ҳазорон оҳу ҳасрат аз беномусии мақомоти худфурухта забон ба лаъну нафрини ин золимон мекушояд.
“Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳар кило шираи камол дар Тоҷикистон аз 70 то 90 доллар (вобаста аз навъ ва тоза ё олуда будани он мекунад) ва дар Ҳиндустон то 250-300 доллар фурӯхта мешавад. Ҳар кило бо сарфи 10 то 15 доллар ба дасти Фароз меояд ва худ ҳисоб кунед, ки аз ҳар кило то 200-250 доллар фоидаи муфт мебинад. Аз коргари тоҷик 10 то 15 доллар қабул мекунад.”
Барои ҳамин зулми «Фароз» буд, ки соли 2018 дар назди ширкати «Фароз» мардуми бечора ҷамъ шуда аз бе инсофӣ ва зулми «Фароз» шикоят карданд ва ин аввалин митинг дар Душанбе баъд аз солҳои 90ум буд. Аммо мақомот сардорони ин тазоҳуротро дастгир ва бо ҳабси 15 то 30 рӯз ва ҷаримаву тахдид, худро дар зулми «Фароз» шарик карданд. Фароз яъне Раҳмонов, Фароз яъне ғорати сарвати давлат ва миллат аст.
Аммо ҷолиб аст бидонед, афғонҳое, ки бо «Фароз» ҳамкор ҳастанду ва дар зулму ҷиноятҳои «Фароз» бар зидди мардуми бесоҳиби тоҷик шарик, ки луқма ҳалоли онҳоро аз даҳонашон кашида мегиранд, асосан 3 нафар ҳастанд. Онҳоро ширакорон ва мардуми ҷабрдида хуб мешиносанд ва аз худованди одилу тавоно умед доранд, ки рӯзе аз рӯзҳо онҳо бо шарикони золими тоҷикашон ба мукофоти амалашон хоҳанд расид.
“Ин 3 нафар ҳоҷӣ Азим, ҳоҷӣ Розиқ ва ҳоҷӣ Юсуф мебошанд, ки ҳар се аз одамон ва ҳамкорони Толибон мебошанд. Ҳоҷӣ Азим дар ҳукумати имрӯзаи Толибон муовини вазири иқтисод аст. Розиқ, ки бародари хурди ҳоҷӣ Азим аст, аз мафёзникҳо ва қочоқчиёни шинохта аз ҷумла баъзе молу маҳсулотро аз Қазоқистон ва Қирғизстон аз роҳи Тоҷикистон ба Афғонистон мебарад.”
Ангидрид, як навъ маҳлули кимиёвии сохти кишварҳои урупоӣ, ки гуфта мешавад ҳоло дар Қазоқистон ҳам тавлидашро роҳандозӣ кардаанд ва маводи асосии тавлиди героини сохти афғониро низ ин нафар якҷо бо Шамсулло Соҳибови домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон тавассути Тоҷикистон ба Афғонистон мекашонанд. Ҳамчунин солона даҳҳо ҳазор тонна селитра барои парвариш ва нашъунумӯи кукнорро ин нафарон аз тариқи марзҳои Тоҷикистон ва бо ҳамдастиву мусоидати Шамсулло Соҳибов ба кишоварзони афғон мерасонанд.
Ва шахси севвум ҳоҷӣ Юсуф аст ки худ аз қавм паштун мебошад. Ин 3 нафар беш аз 10 сол аст ки бо тамоми мақомоти баланд мартабаи ҳукумати Тоҷикистон аз амният гирифта то вазороти дохила ва вазорати хориҷа ва аъзои оилаи Раҳмонов бо воситаи ширкати «Фароз» доду гирифт доранд ва дар қочоқи бор ба Афғонистон ва аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамкору ҳаммаслак ва шарикҷурамнд. Масалан ҳар сол ҳудуди 7 ҳазор коргари афғонро барои ҷамъовари шираи камол ба ноҳияҳои Тоҷикистон меоваранд. Бовар кунед, ки фақат 500 то 700 нафари онҳоро расмӣ ба қайд мегиранд ва боқии онҳо ғайри қонунӣ ва қочоқӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, нигаҳдорӣ ва баъд аз 6 моҳ ба Афғонистон баргардонида мешавад. Чун ҷойи тазаккураш ҳам ҳаст, феълан «афғонҳо»-и ширкати «Фароз»-и Шамсулло Соҳибов дар конҳои ангишти ноҳияи Айнӣ, Панҷекат ва водии Рашт кор мекунанд. Онҳо ҳам ба сифати коргарони кироя кор мекунанд ва ҳам ба сифати соҳиби қитъае аз ин конҳо. Маълум нест, ки онҳоро Шамсулло Соҳибов бо чи шарту шуруте афғонҳоро ба ин конҳо ва ба ин корҳо ҷалб кардааст?
“Инҷо чанд суол пеш меояд, ки –Оё мақомот давлатӣ ва ҳукумати Тоҷикистон аз ин ҷинояти «Фароз» бохабар ҳастанд ё не? ё худ шарики дузданд? -Ин чанд ҳазор афғонӣ ҳар сол тахминан байни 6 то 7 моҳ дар куҳҳои Тоҷикистон бо муҳофизати мақомоти қудратӣ кор мекунанд, барои давлат ва мардуми Тоҷикистон хатаре надоранд? Ё инки мақомоти мо бо гурӯҳи ифротии Толибон ҳамкоранд? Ҷавоби ин ва даҳҳо саволи дигар барои инсоне, ки камтарин шинохт аз мақомоти фосиду бе номуси мо дорад маълум аст.”
Боз СС.Ятимов дар моҳи Октиябр дар суҳбат бо Путин вазъиятро чунон тавсиф намуд,ки мегуфта бошед тамом Толибон дар ҳоли ҳаракат ба марзҳо қарор доранду бояд ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳол пул диҳанд,ки инҳо аз марз ҳимоят кунанд. Аммо лашкари шаш ва ё ҳафт ҳазораи Афғон дар ҳама навоҳии кишвар амал доранд. Оё аз ин ҷаноби Путин ва мақомоти ФСБ огоҳӣ доранд?
Бале борҳо такрор кардем, ки худову қиблаи Раҳмонов ва авлодаш пул асту халос. Агар пулу фоида бошад ин ҳукумат ва мақомот ва Шамсуллои Соҳиб ҳам мардумашро мефурӯшад, ҳам амнияташро, ҳам номусашро ва ҳам заминашро.
Агар Раҳмонов нангу номус медошт ва агар Раҳмонов дар нисбати халқи Тоҷикистон раҳму шафқат медошт,дар ҳоле, ки мардумро аз истифодаи қувваи барқ маҳрум кардааст, баъди ба ҳокимият омадани «Толибон» фурӯхти нерӯи барқро ба онҳо ду баробар афзоиш намедод. Худи ҳамин факт тасдиқ мекунад, ки Раҳмонов барои пул на дӯст мегӯяд на душман.
“Воқаен ҳам Раҳмонов ва хонаводаи вай мардуми тоҷикро аҳмақ фарз кардааст. Вай аз як тараф аз Толибон ҳукумати ҳамашумул мехоҳаду аз тарафи дигар бо онҳо тиҷораташро бештар карда истодааст.”
Мардуми азиз, бовар кунед ин бахше аз ҷиноятҳои «Фароз»-у мақомот аст ва ҳамакнун 2500 коргари қочоқи афғон дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳузур доранд ва инро ҳама мақомоти маҳаллӣ ва давлатӣ медонанд, аммо «Фароз» болотар аз қонуну миллат аст афсус! Инҷо пул ва фоидаи калон дар миён аст.
“Солона ширкати «Фароз» барои иҷозати кор аз ин се афғони мафёзник аз 10 то 12 миллион доллар мегирад. Боз аз ҷамъоварӣ ва қочоқӣ гузарондан ин 700 то 1000 тона шираи камол байни 60 то 70 милион доллар «Фароз» фоида мебинад. Оё вақти он нарасида аст, ки мақомот даст аз ин ҷиноятҳои зидди мардумӣ бикашанд ва иҷозат бидиҳанд мардуми бе инҳам азобкашида аз ҳақи худододии худ истифода кунад ва то ҳадде аз азоби муҳоҷират ва дури аз ватан кам шавад?”
Оё ҳукумат ва мақомоти давлати Тоҷикистонро кас бовар мекунад, ки дар расонаҳо даъвои ҳимоят аз тоҷикони Афғонистон ва ҳуқуқи онҳоро мекунад ва дам аз ҷабҳаи муқовамат мезанад, амо дар амал ва пушти парда бо сарони Толибон ҳамкории тиҷорӣ мекунад ва аз ин роҳ на танҳо ба Толибон ва қоҷоқчиёни онҳо ёрдам мекунад, балки ба мардуми худ ва табиати зебои куҳистони диёри азизамон низ хиёнат мекунад. Амният ва оромӣ, ки мақомоти давлати шиор медиҳанд бо ҳузури ҳазорон сарбози ношинохтаи Толибони дар куҳҳои Тоҷикистон ва бо иттилоъи ҳукуматдорон чигуна бовар карданист? Ё инки бояд бовар кунем мақомоти Тоҷикистон ва Толибон ду руй як сикка ҳастанд, яке бо ришу салла, дигари бо галстуку шляпа? Охир, кас хайрон мемонад, ки мо ба куҷо меравем? Охиру оқибати миллат бо ин мансабдорони қорунсифат ва фиръавнгуна ба куҷо мерасида бошад?