Ҳамлаи Русия ба Укроин ва вазъияти бади Русия ва Путин

Ислоҳ нет

(бахши аввал )

Тасвири ваҳшатноки ҳаракати корвони мошинҳои ҷангии русӣ бар болои як хонуми укроинӣ, ки дар ин шабу рӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли чархиш қарор дорад, далели муваҷҷаҳи таҷовуз ва террори Путин алайҳи Укроин ва мардумони ин кишвар аст. Ин хонуми укроини  аз умқи ҷон фарёд мекашаду ба забони русӣ ба афсару асокири то ба дандон мусаллаҳи  Путин муроҷиат, балки илтиҷо мекунад: «бародарони рус ба хонаҳоятон баргардед», «бародарони рус,ба хонаҳоятон баргардед».Аммо ҳайҳот,пахш карданду ба дарунтари хоки Укроин, барои ғасбу тасаллути минбаъда, барои рехтани хуни боқии мардум ҳаракаташонро идома доданд. Чунки Путин фармон додааст, ки Укроинро халъи силоҳ ва ишғол кунанд, то Путин тасоҳуб кунад.

Иддаои Путин ин аст ки Укроин бо пайвастан ба НАТО «хатҳои қирмиз»-и ҳамҷиворӣ барои Русияро зери по кардааст ва ҳеҷ гоҳ Русия ба узвияти Укроин ба НАТО тан дар нахоҳад дод, ҳатто агар ин кор дар баҳои хуни миллионҳо ҳам тамом шавад. Путин мегӯяд, ки ҳокимони неонатсист ва русофоби Укроин таҳти таъсири хоҷагони урупоияшон қасд доранд, ки ҷангиёну ҷангандаҳои НАТО-ро дар марзҳои Русия мустақар  ва амнияти кишвари ӯро таҳти хатар бигзоранд. Маълум нест, ки бо омадани НАТО ба Укроин то чӣ ҳад амнияти Русия зери хатар қарор мегирад, ин ҳам дар ҳоле, ки то чанд соли пеш ҳам Борис Елтсин ва ҳам худи Путин аз НАТО хоста буданд Русияро ҳам ба узвият бипазирад. Ва, агар ҳоло ин хоста амалӣ мешуд, чи баҳона дастаки ҳамлаи Путин бар боолои Укроин мешуд? Агар муроди Путин ин буда бошад, ки ба ҷойгирсозии нерӯҳои НАТО дар  қаламрави кишварҳои ҳаммарзаш, аз ҷумла Укроин иҷоза нахоҳад дод, комилан иштибоҳ кардааст ва ё худро амдан ба нодонӣ мезанад. Ин иддао аз он ҷиҳат бепоя ва асос аст, ки то Укроин ҳам хеле аз кишварҳо дар сарҳади Русия қарор доранд, ки кайҳо, ҳатто аз замони таъсиси НАТО узви ин созмони низомӣ ҳастанд. Барои мисол кишвари Норвеж, ки аз муассисони Паймон Отлантики Шимолӣ ва ё ҳамон НАТО мебошад, бо Русия ҳам обӣ ва ҳам хокӣ марзи муштарак дорад. Ба ҷуз аз ин се кишвари Латвия, Литва ва Эстония, ки то чанд соли пеш бо Русия дар ҳайати СССР қарор доштанду ҳаммарз мебошанд, чандин сол мешавад, ки шомили НАТО шудаанд. Ин як баҳона ва иддаои ғайримуваҷҷаҳ ва беасоси Путин аст. Ҳадаф ва қасди Путин аз ҳамла ба Укроин чизе дигар аст.

Путин иддао мекунад, ки ҳоло дар сари қудрати Укроин неонатсистону русофобҳо омадаанд. Президентҳои собиқу феълии ин кишвар Юшенко, Порошенко ва Зеленскийро бар он муттаҳам мекунад, ки муқобили забони русӣ баромаданд, ҳуқуқҳои инсонии русҳоро дар Луганску Донетск зери по гузоштанд. Ба тафсири Путин русҳо дар Укроин табъизи нажодӣ мешаванд. Ва вай муваззаф аст ки ба унвони раиси ҷумҳурии Русия аз онҳо ҳимоят ва муҳофизат кунад. Шояд маврид ва ё мавориде дар ин бора ҷой дошта бошад, ки русҳои Луганску Донетск дастхуши ҳамчунин ҳолатҳое қарор гирифта бошанд. Аммо оё мешавад барои ҳифзу ҳимояти онҳо «амалиёти вижаи низомӣ» доир кард, ба қаламрави як кишвари мустақил ҳуҷум намуд, танку тӯпу рокет даровард, манозили маскунӣ, корхонаҷот, макотиб, то нерӯгоҳи ҳастаӣ, хуллас тамоми хоку қаламрави онро ба хоку хун кашонд? Ин ҳам дар ҳоле аст ки укроинҳо ҳам бародарони ҳамқавму ҳамхуну ҳамнажоду ҳамзабону ҳамтақдири худи русҳоанд.

 “Ҳатто, бигзор, ки ин тавр ҳам нестанд, магар мешавад барои онки аз ҳаққу ҳуқуқи ҳаммиллатони худ дифоъ кунӣ, бояд миллати дигарро бикушӣ, кишварашро ба харобазор мубаддал кунӣ, миллионҳоро овораву дарбадар созӣ?? Агар ҳадаф ҳифзи ҳуқуқи русҳои Укроин бошад, чаро бояд худи укроинҳоро қурбонӣ кард? Мантиқи ин иддаои Путин ҳам бо ҳарду по мелангад.”

Мусалламан ин иддао ва сабабҳои дигари пешовардаи Путин барои ҳамла ва таҷовуз ба қаламрави як кишвари мустақил асос буда наметавонад. Агар Путин дар ҷанги бо Укроин ҳақ буд, ҳеҷ гоҳ даҳони матбуотро намебаст. Даҳҳо расонаи дохиливу байналмилалӣ таҳти фишори Путин кору амали худ дар Русияро қатъ намекарданд. Талоши Путин, ки ин ҷангро ҷанг нагӯед, ин таҷовузро таҷовуз нагӯед бенатиҷа буд ва бенатиҷа боқӣ хоҳад монд. Ин ҷанги хонумонсӯз, ин ҷанги ҷаҳонсӯз, ин таҷовузи комилан аблаҳона ва ғайриинсонӣ аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ табриа намешавад, тавҷеҳе надорад.

 “Яке аз аҳдофи Путин аз задани Укроин ин аст, ки нишон бидиҳад Русия кишвари абарқудрат аст ва бо вай бояд ҳисоб карда шавад. Путин бо ин амали худ «меҳвари шарорат» ва «империяи бадӣ»-ро дигарбора дорад эҳё мекунад. Дар ҳоле, ки дунё дигар шудааст ва ҷаҳон на болои танк туп, болои техникаву техноложии наву мудерн ҳисоб ммекунад.  Замони буқагӣ саромадааст. Давом оварда наметавонад.”

Бубинед, як қиёси воқеӣ ва тару тоза пешатон меоварам, ки фарқи дунёи мутамаддин аз дунёе, ки Путин сохтаасту сохтанист то чи ҳад бузург ва калон аст. Путин роҳи чораро дар бастани матбуот ёфт, аммо он тараф чӣ? Он тараф мусодираву муқотиъаи яхтаву дигар дороиҳои миллиониву миллиордии Путину олигарҳои ба ҳамроҳашро ба намоиш бигузошт. Табъан, ки Игор Сечин,рафиқ ва наздиктарин одами Путин ин ҳама дороиҳо, аз ҷумла ҳамон яхтаи чандсадмиллиондоллариашро бо дуздии пули мардум харидааст ва инро ғарбиҳо намоён карданд, ки бубинед, оне, ки худро ҳомиву ҳомии руссу русзаонҳову Русия тасвир мекунад, дар асл як дузде беш нест.

 “Ҳоло савол инҷост, ки агар ин «давру бар»-и Путин ҳама дору мадорашонро ба ғарб мунтақил додаанд, пас барои чӣ ба Укроин мумкин набудааст, ки бо ғарб робита дошта бошад? Путин тӯли ин ҳама солҳо, ки дар сари қудрат аст, шурӯъ аз соли 2000 талош кард, ки Укроин Белорус  шавад. Натавонист. Укроинҳо нагузоштанд. Худашон интихоб карданд, интихоби Путинро рад намуданд. Путин натавонист роҳбарони Укроинро зин бизанаду савор шавад. На Юшенко, на Порошенко ва на Зеленский Лукашенко нашуданд. Барои ҳамин имрӯз ҷанги Путин аз барои русҳои Луганску Донетск нест, ҷанги Путин бо интихобу интихоботҳои Укроин аст.”

Интихоботҳо дар ин кишвар бо навъу тарзе сурат мегирифтанд, ки барои Путин қобили қабул набуд. Президентҳои Укроин ба фарқ аз Путин дар интихоботҳои воқеӣ ва ҳақиқӣ сари қудрат омаданд. Онҳо барнома ва сиёсатҳои худро бо ирода ва ормони мардуми худ ҳамоҳанг карданд ва пеш бурданд. Ин тавр набуд, ки барои мисол Юшенко ё Порошенко ва ё Зеленский хоста бошанд, ки Укроин ва мардуми онро ба самти ғарб бираванд. Ин хост ва таваққӯи худи мардум аст. Путин бо тамоми васоил ва абзоре, ки дар даст дошт, талош кард, ки одами худашро ба сари қудрати Укроин оварад. Аммо ин ҳама талошу муборизаҳои вай натиҷа надоданд. Халқи Укроин чизи дигар гуфт. Амалан Путин бо мардуми бумӣ ва соҳибони асливу асосии ин сарзамон вориди ҷанг шудааст, халқи Укроинро ба ҳадаф гирифтааст. Путин интихоби халқи Укроинро саркӯб ва кушта истодааст. Интихоби халқи Укроин Путинро дар ҳолати ҷунунӣ овардааст. Вай халқи Укроинро ҷазо дода истодааст. Ҳадафи Путин аз таҷовуз болои Украин ва ҳоло як ҷанги тамомаёр роҳандозӣ карданаш ҳамин аст, ки Укроин  Белорус  нашуд ва нусхаи Лукашенкоро дар ин кишвар сари қудрат оварда натавонист. Дар инҷо халқ огоҳтар, озодтар ва соҳиби рою ирода аст. Вай бо ирода ва ормонҳои укроиниҳо ҷанг дорад. Вай мехоҳад бо тавассул ба зӯр худро бародар ва он ҳам бародари бузург бисозад. Аммо ин тавр нашуд ва намешавад. Вай барои садсолаҳои дигар миёни ин ду халқи бародар шикофи ихтилоф ва душманӣ афканд. Русия, ин кишвари бузург ва ин мардумони бузург қурбонӣ ва гаравгони сиёсатҳои як диктатори васвос ва саръӣ шуданд ва ҳоло тамоми дунё ӯро радди маърака кардааст.

“Путин хатои СССР дар Афғонистонро, ки иллати аз харитаи олам нопадид шудани он шуд такрор карда истодааст ва ин ҷанг раванди таҷзия ва тақсиму пошхӯрӣ дар Русияи Федеролиро ногузир мекунад. Ё ҳолат чунон мешавад,ки бо ин амалкарди хашинаш дарди сарҳои зиёде ба кишвари паҳновари Русия меоварад,ки аз таҷзия ва фурӯпошӣ бадтар мешавад. Ҳеҷ мутаҷовизу зургӯе,то охир якнаво ва ончи мехоҳад боқӣ нахоҳад монд. “

Чаро бояд як кишвари мустақил аз Путин бипурсад, ки ман узви НАТО шавам ё не? Фардо Гурҷистону Молдова ворид шаванд, чӣ? Ҳоло ҳар кишваре дар марзҳои Русия ба НАТО биравад Русия онро мезанад? Чаро бояд украинҳо ончиро ки Путин бихоҳад, онро кунанд. Савол аз Путин ин аст, ки  чаро Шумо коре накардед, ки Укроин узви ОДКБ шавад?

“Ҳама шоҳиди он ҳастем,ки норозигии шадид дар Русия миёни шаҳрвандони ин кишвар дар робита ба ин ҷанг ва ҳамлаи Русия хелло ҷиддӣ идома дорад. Мардуми оддӣ,ки зиндагонияшон бе ин ҷанг ҳам бад буд рӯз ба рӯз бадтар шуда истодааст. Таҳримҳо таъсири худашро карда истодааст ва ҳарими ҳавои Русияро аврупо мамнуъ эълом кардааст. Ҳавопаймоҳо ва ширкатҳои Ҳавонпаймоии Русия ,ки ҳавопаймоҳояшонро ба шакли лизинг харидорӣ намудаанд аз тарафи ширкатҳои ҳавопаймосозу ҳавопаймо фурӯш талаб шуда истодааст ҳавопаймоҳои онҳоро ҳар куҷое парвоз мекунанд бозашон доранд ва ба он ширкатҳо баргардонанд. Чуноне,ки ин кор алакай дар Арманистон шуд ва як ҳангомаеро ҳам ба бор овард. Агарчи Арманистон узви ОДКБ ва узви Евро союз аст аммо бо муқаррароти ҷаҳонӣ наметавонад амал накунад.  Моҳона 120 парвоз ба Тоҷикистон парвоз аз Русия сурат мегирифт,ки феълан 35 парвози он мутавақиф шудааст. Ин маҳдудияти парвозҳо боз қимати чиптаро гарон кардааст ва мисли соли пеш шуда истодааст. Масдуд шудани Фейсбук, Твитер, гоҳ гоҳ Ютуб ва Инстаграм мавҷи нооромии дигари блогерон ва бинандагони ин шабакаҳоро ба бор оварда аст. Инчунин сензураи давлатӣ,ки дар ин шабу рӯзҳо сахттар шудааст мардумро ба ҳараҷу мараҷ ва дилхунук аз сиёсати ҳукумати Путин кардааст,чунки ҳақоқиқ гуфта намешавад. Маргу мири сарбозони ҷавони Рус ,ки ба Укроин фиристода шуда истодаанд модарон ва падарони онҳоро сахт ошуфта намуда истодааст. Аммо Русия аз овардани омори дақиқи кушташудаҳо ва талафот хабари дақиқе нашр намекунад. Шаҳрвандони Русия ҳатто Русҳо шиносномаҳои худро оташ мезананд ва ин амалро ваҳшатнок ва иштибоҳ мехонанд. Дар умум вазъи Русия хело ташфишовар ва ғайри табиъӣ аст. Ҳатто имкони табаддулоти низомиро шореҳон дар Русия пешбинӣ намуда истодаанд. Ҳафтаи оянда тағийроти ҷиддие сурат мегирад ва мунтазири он хоҳем буд.”

Инчунин 140 кишвари дунё ин ҳамлаи Русия ба Укроинро маҳкум намуданд ва 160 дорандаи Ҷоизаи Нобелӣ ҳам ин ҳамларо шадидан маҳкум намуданд.

Аммо Русия ҳамоно дар ин амалкардаш қафогаштани нест ва мехоҳад мисли Столин ва руасои пешини Шуравӣ идома диҳад. Аммо ҳоло дигар он асри Столин ва он саркардагони қотили Шуравӣ нест. Ҷаҳон комилан ба шакли дигар аст, ки интишори иттилоъот ҳама нақшаҳо ва якравиҳои Путинро ба бунбаст мувоҷеҳ мекунанд.

Истиқомати мардуми Укроин ва роҳбарияти ин кишвар дар муқобили таҷовузи Путин ба Укроин саҳнаи мубориза ва муқовиматро хело ҷолибтар ва ҷонибдоронашонро ҷаҳонӣ кардааст. Ҳимояти ҷаҳонӣ вазъи бади Путинро бадтар мекунад ва ин хело ҷиддӣ аст.

“Путин дурусту дақиқ кореро, ки Русия дар соли 1992 бо Тоҷикистон кард, такрор карда истодааст. Бояд гурӯҳҳо ва афродеро биёбаду сари қудрат оварад, ки муқобили озодиву истиқлоли миллати худ, аммо гӯш ба фармони Русия бошанд. Квчаков, сарҳанги собиқи ГРУ-Русия ва бунёдгузори Фронти халқӣ баъдҳо ифшо ва изҳор дошт, ки онҳо дар Тоҷикистон ба дунболи гурӯҳҳое буданд, ки султаи Русияро ба ҷон мехариданд ва Сангаку Раҳмонов ва пасраву думравони онҳо дурусту дақиқ ҳамин гуна буданд.”

Хуб, ҳол чи ҳол хоҳем дошт? Ин ҷанги Путин бо Укроин мо-тоҷиконро  ба чи ҳолу рӯзе мерасонад?

Сояи шуми ҷанги Укроин болои Тоҷикистон ва Тоҷикистониён

Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз синфи ҳоким, афродеки дар муассисаҳои байналмилаӣ кор мекунад, шумори андаки соҳибкорон нони худро дар ватан меёбанд. Иқтисоди Тоҷикистон бо пули муҳоҷирон мечархад. Бо ин ҳисоб атбои Тоҷикистон амалан атбои Русияанд. Тоҷикистон, ки дар мадору меҳвари Русия ва таҳти контролаш қарор   дорад ва  русҳо ошкоро моро «марзҳои ҷанбубӣ» ном додаанд, ва бадтар аз ин ҳама мо расман шаҳрванди Тоҷикистон, аммо амалан коргару муздуру кирояи Русия ҳастем, бо мо чи хоҳад шуд? Ба ҳисоби оддӣ, агар ин 2 миллион ва ё ҳатто 1 миллион атбои Тоҷикистон 4 нафариро дар ватан хуронад, бо ин вазъу ҳолате, ки Русия гирифтор шудааст, Тоҷикистон чи хоҳад шуд? Ҳеҷ нозеву имтиёзе надорад, ки Путин бардорад. Аввалин зарба, дар сурати зӯр омадан ба Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик зада мешавад. Путин ночор аст гурезаҳои Луганску Донетск ва дигар қисматҳои Укроинро, ки ба Русия паноҳанда мешаванд, бо кор таъмин намояд. Онҳо ҷойи тоҷикҳоро мегиранд. Русия баҳонаи хуб дорад. Тоҷикистон узви ЕврАзес нест. Сарнавишти Роғун ва агрегатҳои он ҳам барои чандин соли дигар номаълум хоҳад буд. Зеро заводи «Электротягмаш»-и Харков ҳанӯз то шурӯи ҷангҳо варшикаста шуда буд, ба дунболи ин ҷангҳо чи хоҳад шуд, худо медонад. Боз дар ҳоле мавриди ҳамлаи мушакии Русҳо қарор гирифтааст. Метавон ҷанозаи Роғунро хонд ва барои солҳои тулонӣ интизори барқ буд ва ҳаминхел бе барқ бо Раҳмонов хоҳем рафт боз бо иддаъои пучи ӯ “Тоҷикистон ба пеш” ….

“Аммо як нукта мусаллам аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов ин бор ҳам барои бақои курсиву қудрати худ омода аст садҳо, шояд ҳам ҳазорҳо ҷавони тоҷикро ба ҷанг бифиристад. Раҳмонов ба Русия не гуфта наметавонад. Агарчи тамоми суратҳисобҳои оффшории худаш ва наздиконаш дар Урупо бошад ҳам, Раҳмонов бидуни будан дар қудрат аз онҳо ҳам маҳрум хоҳад шуд. Путин, ба бародарони хунии худ гузашт накард, ба Раҳмонов мекунад?”

Дар ин ҳолат ва вазъият барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон хелло муҳим ва зарур аст,ки дар ҳамин ҳоло ба ватан баргардад ва барои ояндаи ватан ва миллати худ бошем. Албатта он ҷавононе синашон ба хидмат расидааст ин тавсия ба онҳо марбут нест. Аммо ҳушёр бошанд, то дар қазияи муноқишаи Русия ва Укроин ҳамроҳ нашаванд.

Поёни бахши аввали таҳлили вазъи Укроин,бо Ислоҳ бошед,то аз вазъияти ояндаи ин ҳодисот таҳлилҳои тоза ва ҷолиберо бихонед!

Share This Article