ҲНИТ дар 48 соли аз муқовимат, ҳиҷрат, сулҳ, боз ҳиҷрату мубориза

Ислоҳ нет

Барои бори шашум аст ки маросими таҷлил аз рӯзи ташкилёбии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Аврупо, дар даврони ҳиҷрат баргузор мешавад. Ҳиҷрати ҲНИТ ба Аврупо дар шароите сурат мегирад, ки садҳо нафар аз аъзои оддӣ ва аршади он, ба шумули 13 тан аз узви Раёсати олии он дар оғоз ва пас аз он чанд нафари дигар боздошт ва истирдоду зиндонӣ шуданд ва худи ин ҳизб аз тирамоҳи соли 2015 дар кишвар мамнӯъ ва террористӣ эълом шудааст. Аммо ин ҳиҷрати аввали ин ҳизб нест. Давраи аввали ҳиҷрати ин ташкилоти сиёсиву динӣ дар солҳои 1992-1997 дуруст дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар иттифоқ афтода буд. Он замон ҲНИТ дар Афғонистони ҳамсоя паноҳанда шуда ва аз ҳамин кишвар муқовимати сиёсиву низомии худ бар муқобили режими Душанбе, то расидан ба сулҳу созиш ва тақсими осоиштаи қудрат ва дарёфти иҷозаи расмии фаъолияти дигарбораро ба роҳ монд.

Имсол ҲНИТ 48 сола мешавад. Фаъолияти наздик ба нимасраи ҲНИТ гувоҳ аст ки чи дар дохил, чи дар Афғонистон ва ҳоло чи дар Аврупо роҳу равиши хоси худро тай кардаасту мепаймояд вале новобаста аз мушкилоту душвориҳои фаровон мақсад ва масири худро тағйир надодааст. Ин нукта мавриди зикри хос аст, ки бо по ба саҳани муборизаҳои сиёсӣ гузоштани ҳизб, ҳизбу созмонҳои тозазуҳур, дигарандешон, равшанфикрон ва шахсиятҳои матраҳи Тоҷикистон бо вай ҳамроҳ ва иттифоқчӣ шуданд. Дар давраи аввали ҳиҷрат Ҳизби демократи Тоҷикистон, созмони мардумии “Растохез” ва ҳаракати иҷтимоии “Лаъли Бадахшон” якҷо бо ҲНИТ як созмонеро таҳти номи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик ташкил дода ва то замони имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Маскав дар тобистони соли 1997  муқовимати худ алайҳи режими Душанберо идома доданд. Ҳамин ҳоло ҳам,ки даврони ҳиҷрати дуввумашро дар Аврупо тай мекунад, ҳамроҳ бо гурӯҳ ва ҳаракатҳои дигари сиёсӣ:-Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Анҷумани озодандешони Тоҷикистон эътилофи оппозитсиониеро бо номи Паймони миллии Тоҷикистон ташкил ва муборизаи силмиро алайҳи режими Душанбе давом медиҳад.

Аммо ин созмони сиёсӣ, ки дар давраи аввали ҳиҷрат то ба сатҳи як субъект-ташкилоти байналмилалӣ рушду такомул ёфта дар натиҷаи талошу пайкор режими Душанбе ва пуштибонони он ва бахусус Русияро водор ба нишастан сари мизи музокироту тақсими қудрат кард ва чанд соле ҳам 30% ҳокимият дар Тоҷикистонро дар даст гирифт, дар оғози замони ташкилёбии худ аз як маҳфили кӯчаке, ки дар яке аз шаҳрҳои музофотӣ таъсис ёфт, беш набуд.

20 апрели соли 1973 дар шаҳри Қурғонтеппа (Бохтари имрӯза) дар ҷануби Тоҷикистон панҷ нафар аз муассисони ин ҳизб ҷаласаи нахустин ва ё нишасти таъсиси онро доир карданд. Нишасти муассисон дар манзили зисти яке аз ин панҷ нафар руҳониёни мубориз Ҳоҷӣ  Қаландари Садриддин баргузор шуд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва роҳбари шаҳиди ин созмон ҳар гоҳе аз ин боб сӯҳбат кардааст, ёдовар мешавад, ки ӯ Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳи Эшонзода, Холиди Абдусалом ва соҳиби хона Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ин созмони исломиро таъсис доданд. Вай бо зикри хайре аз ҳар яке аз ин чаҳор ёри бовафояш аз Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, ки дар он даврони авҷи салтанати шӯравӣ ва ҳизби коммунист манзилашро барои доир кардани ҷаласа дар ихтиёри ёрони ҳамандешаш мегузорад алоҳида сифат карда мегӯяд, ки  ӯ дар қиёс бо дигарҳо “аз ҷиҳати фаҳмиши сиёсӣ, бедории фикрӣ дошт ва шахси пешқадам буд”. Ба ин тартиб ин панҷ нафар, ҳар кадоме масъулиятҳои алоҳида амният, молия, маориф, даъвату иршодро бар дӯш гирифта ва дар ҳамон солҳои авҷи салтанати комунистӣ, ки “дин афюни халқ аст” мегуфт ба фаъолиятҳои пинҳонӣ шурӯъ мекунанд. Дар оғози кор, онгуна ки худи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси шаҳиди ин ҳизб борҳо тазаккур додааст, қасд доштанд, ки барои мардум исломи воқеӣ ва холӣ аз хурофоту бидъатро бозгардонанд ва мардумро дигарбора ба маорифи исломӣ ҷалб кунанд. Муассиси ҳизб мегӯяд, ки дар оғози кор онҳо ба ин созмони худ кадом исми хосеро надода буданд ва ҳамин тавр “ҷамъият” ва ё “наҳзат” мегуфтанд. Вале баъдҳо, ки доира ва суфуфи ҷонибдорон ва ҳалқаҳои дарсу таълимашон густариш пайдо мекунад онро Наҳзати ҷавонои исломии Тоҷикистон ном мегузоранд.

Бо онки доираи тарафдорон ва аъзои Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон тавсеа пайдо карда манотиқи шимолу ғарбу ҷанубу шарқи кишварро дар бар мегирад КГБ-хадамоти амнияти шӯравӣ дар пайи таҳқиқ ва таъқиби онҳо мешавад ва борҳо аъзои онро дар алоҳидагӣ даъват ва мавриди истинтоқ қарор медиҳад. Устод Нурӣ дар яке аз сӯҳбатҳояш аз он ёдовар мешавад, ки дар ҷаҳонбинӣ ва бедории ӯ яке аз омилҳои таъсиргузор расонаҳои хориҷӣ ва бахусус радиои “Озодӣ” буд, ки падари худобиёмурзаш пинҳонӣ истеъмол мефармудааст.

    “Соли 1979 Артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ворид шуд. Воридшавии ин артиш аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба унвони таҷовуз шинохта шуда маҳкум гардид. Ҷонибдорони Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон низ  ин амали Иттиҳоди Шӯравиро таҷовуз хонда дар ҳар маҳфилу маъракаву маҷлисҳо онро маҳкум мекарданд. Чунин таблиғоти зидди сиёсати расмӣ,  Идораи амнияти он (КГБ) дар изтиробу ташвиш меандозад ва ногузир мешаванд, ки аз вуҷуди ин гурӯҳ ба Маскав гузориш бидиҳанд. Вокунишҳои гоҳо бепарда ва ғайриинтизори бархе аз масъулони Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон ба воридшавии Артиши шӯравӣ ба Афғонистон ва даъвати ошкоро аз ҷавонписарони тоҷик, ки барои куштори ҳамқавму ҳамиллатони  худ аз хизмати артиши шӯравӣ дар Афғонистон даст кашанд, аввалин бархӯрди ақидавӣ бо ҳукумати рӯз буд.”

Аммо аввалин бархӯрди ошкорои КГБ бо ин созмон дар соли 1986 рух медиҳад. Дар ин давра, ки Горбачёв, роҳбари вақти шӯравӣ, сиёсати “Перестройка”-ро роҳандозӣ карда ва барои ислоҳоти усулӣ дар қаламрави СССР иқдом намуд, бархе аз ҳаракат ва гурӯҳҳои пинҳонкор аз ҷумла Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистонро ба таҳрик даровард.

26уми июни соли 1986 Кумитаи давлатии амният бо роҳандози як амалиёте таҳти унвони шартии “Саҳар” Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва роҳбари ин созмон  ва чиҳил тан аз тарафдору пайравонашро дастгир кард. Ин боздошт боиси баргузори як гирдиҳамоии чандҳазории аъзо ва ҷонибдорони ин созмон шуд ва муътаризин бинои маъмурии вилояти Қурғонтеппаро иҳота карданд. Вале оқибат чунин шуд,ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барои 1.5 сол ҳукми зиндон гирифт. Аз номи роҳбарони 72 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ барои раҳоии ӯ нома ва барқияҳо ба унвони роҳбарияти шӯравӣ омад.

  ” Вале,акнун ин созмон аз сатҳи як созмон фаротар рафта буд. Дар июни 1990 як ҳайати бузурге аз аъзои он дар Анҷумани муассисони Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Астрахани Русия ширкат кард ва яке аз масъулони он Сайидиброҳим Гадоев аз тарафи вакилони Анҷуман ба ҳайси муовини аввали раиси ҲНИТ-и шӯравӣ интихоб шуд.”

Ба дунболи он конфаронси шӯъбаи тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди шӯравӣ дар Тоҷикистон 6-октябри соли 1990 дар деҳаи Чортути ноҳияи Ленин (Рӯдакии имрӯза) доир шуд, агарчанде як рӯзи қабл Шӯрои олии Тоҷикистон  ба номаи масъулони ин ҳизб ҷиҳати сабти номи расмӣ посухи манфӣ дод.

Вале ҳамагӣ ду ҳафта пас Анҷумани нахустини ин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар собиқ Хонаи маорифи сиёсӣ дар шаҳри Душанбе бо ширкати 1000 вакил аз саросари кишвар доир шуд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вазъияте вориди саҳна ва корзори сиёсӣ дар кишвар шуд,ки давлати шӯравӣ дар ҳолати сакарот қарор дошт вале дар солҳои аввали касби истиқлол бошад, ин ҳизб ба як нерӯи умдаи сиёсӣ дар кишвар бадал шуда буд.

“Дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 1991 ин ҳизб якҷо бо нерӯҳои милливу мардумӣ тавонистанд, ки ҳудуди 33 дар сад ороро ба даст оваранд. Аммо ҳаводиси баъд, аз ҷумла майдоннишиниҳо ва дар натиҷа ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ дар моҳи майи соли 1992 ин ҳизбро ба қуллаи сиёсӣ нишонд ва акнун дар тамоми масоили кишвар бо вай ҳисоб мекарданд. Дар Ҳукумати Муросои Миллӣ, муовини раиси ин ҳизб ба ҳайси ноиби Сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд.Таъйини Давлати Усмон ба ин мақом аз сӯи Узбакистон ва Русия  ғайри қобили қабул буд, чун ҳоло ҳатто як сол ҳам аз касби истиқлол нагузашта нерӯҳои милливу мардумӣ ва бахусус исломи сиёсӣ дар қудрати мақом ёфтанд ва имкон дошт, ки дар ояндаи наздик идораи кишварро ба даст бигиранд. Ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ натиҷаи музокироти давлати матбуъ ва нерӯҳои нави ҷомеа, аз ҷумла аҳзоб ва ҳаракату гурӯҳҳои сиёсӣ  сурат гирифта ва он кори сирф дохилиҷумҳурӣ буд.”

Аз инҷо буд, ки Русия ва Узбакистон дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандиро шуълавар карда ва оқибат Ҳукумати Муросои Миллиро сарнагун ва як ҳукумати дастнишонда ва мутеъи иродаи худро бар сари мардуми тоҷик оварданд. Ҳукумати дастнишонда, ки бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов,собиқ раиси совхоз ва депутати Шӯрои олӣ ташкил шуд, ҳеҷ аломате барои сулҳу тафоҳум нишон надод, балки мардуми ҷонибдори ҲНИТ ва дигар нерӯҳои демократиро водор кард, ки тарки кишвар кунанд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ногузир бо аъзо ва ҷонибдорони худ дар декабри соли 1992 рӯ ба ҳиҷрат оварад. Бо қарори Суди Олии Тоҷикистон  дар соли 1993 фаъолияти ҲНИТ ва низ Ҳизби демократ, созмони мардумии Растохез, Лаълӣ Бадахшон манъ гардид.

Дар замони ҳиҷрат дар Афғонистон, ки даҳҳо ҳазор аз атбои тоҷик дар ин кишвар паноҳанда шуда буд, ҲНИТ табдили ном кард ва таҳти унвони Ҳаракати наҳзати исломӣ даст ба муборизаи сиёсиву низомӣ зад. Набарду мубориза ва муқовимат панҷ сол идома кард ва ҷабҳа ва сангарҳои ҷанг рӯзторӯз барои ҷонибдорони ҳукумати рӯ ба Кремлини Тоҷикистон маҳдудтар мешуд. Размандагони Артиши Ҳаракати Наҳзати исломии Тоҷикистон то остонаҳои Душанбе пешрафт карданд. Ҳукумати Душанбе роҳеро ҷуз аз оштӣ ва додани ҳақ ба Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон барои ширкат дар мудирияти кишвар пайдо карда натавонист. Эмомалӣ Раҳмонов борҳо бо устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дидор ва гуфтугӯ кард. Ҳарду тарафи ҳукумат ва мухолифин низ панҷ даври музокиротро дар тӯли солҳои 1994 то 1997 ҷиҳати хатми ҷанг ва баркарории сулҳ таҳти сарпарастии Созмони милали муттаҳид доир карданд. Давраҳои гуногуни ин музокирот дар Русия, Эрон, Покистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон доир шуданд. Роҳбарияти Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки дар ин давра ,чуноне дар боло тазаккур додем, дар таркиби Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик амал мекардро руасои ҷамоҳири ин кишварҳо,созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои соҳибнуфузи он даврон қабул ва бадрақа мекарданд. Ниҳоят 27 июни соли 1997 дар Президент отели Маскав расми имзои Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ баргузор шуд, ки дар кори он раиси ҷумҳурии Русия Борис Елсин, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ИНОТ, Эмомалӣ Раҳмонов,раиси ҷумҳурӣ Герд Дитрих Меррим, намояндаи вижаи СММ дар умури Тоҷикистон, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ва вузарои хориҷии кишварҳои кафил, намояндаи махсуси Департаменти давлатии Амрико ширкат карданд.

11 сентябри соли 1997 ҳайати баландпояи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик дар раъси Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъди ҳиҷрати панҷсола аз Теҳрон ба Душанбе бозгашт.

Яке аз тавофуқоти ба даст омада дар ин сулҳ таъсиси Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон -ниҳоди муштараки давлат ва мухолифин барои татбиқ ва назорати иҷрои раванди сулҳ дар марҳала гузариш,ки барои ду сол пешбинӣ шуда буд. Ин кор аз тарафи устод Нурӣ ва муовини ӯ Абдумаҷид Достиев, муовини аввали  раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва аъзои ин комиссиюн ба хубӣ ба иҷро расид. Ва, ҳукумат ва мухолифин ба шумули ҲНИТ дигар дар мудирияти кишвар муштарак фаъолият пеш мебурданд.

    “11 августи соли 1999 Суди Олии Тоҷикистон қарор дар бораи манъи фаъолияти ҲНИТ ва бақия ҳизбу созмонҳои шомили Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷикро лағв кард ва ин ташаккули сиёсӣ ба фаъолияти худ дар кишвар оғоз кард.”

18 сентябри соли 1999 Анҷумани ҲНИТ баъди бозгашт аз ҳиҷрат дар Душанбе доир шуд ва устод ва муассиси он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси он интихоб гардид.

Барои тазмин ва кафолати ҳуқуқии фаъолияти Ҳизби Наҳзат дар Қонуни Асосии Тоҷикистон моддаи махсусеро таҳти рақми 28 ворид карданд, ки ин модда барои аҳзоби характери динӣ дошта иҷозаи амал медод ва ин модда дар натиҷаи мувофақаи ҳукумат ва оппозитсион дар шумори дигар аз тағйироти ворида ба ин санад дар раъйпурсии мардумӣ ҷиҳати ислоҳи Қонуни асосӣ дар соли 1999 аз ҷонибдории мардум бархурдор шуд.

Ба ин тартиб ҲНИТ баъди бозгашт аз давраи муҳоҷират нерӯи низомии худро бо қувои ҳукуматӣ реинтегратсия кард ва сипас бо имзои як фармон устод Нурӣ аз инҳилоли Артиши Наҳзати исломӣ эълом кард.

Минбаъд ҲНИТ рӯ ба фаъолиятҳои сиёсӣ оварда дар интихоботи нахустини раёсати ҷумҳурии баъди бозгашт аз ҳиҷрати панҷсола аз Афғонистон ширкат варзид.

Дар интихоботҳои парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 ин ҳизб садди 5%-ро тай ва намояндагони худро вориди органи олии қонунгузори кишвар кард. Ва,ҳамин тавр ҲНИТ ба унвони як ҳизби парлумонӣ ва дуввумин нерӯи сиёсии пурнуфус ва муқтадир баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии президент Раҳмонов дар кишвар эътироф шуд. Вале дар интихоботи парлумонии соли 2015 раъйи ба дастовардаи ин ҳизбро эътироф накарданд ва ин ҳизб дигар натавонист намояндаҳои худро вориди Маҷлис кунад. Аммо ин ҳарфу ҳадисе дигар аст ки бар мабнои нақша ва тарҳи хоси режими Душанбе иҷро шуд.

Интихоботҳо ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

 Чуноне қайд намудем ҲНИТ баъди бозгашт аз ҳиҷрат аз Афғонистон бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон,ки 6 ноябри соли 1999 доир гардид, ширкат варзид. Натоиҷи ин интихобот аз тарафи режими Душанбе дасткорӣ шуд. Вале ба хотири идомаи таҳкими раванди сулҳ ҲНИТ даъво роҳ наандохт. Ҳамин тавр дар интихоботи парлумонии соли 2000 низ ба ҲНИТ ҳамагӣ аз 63 курсӣ ду курсӣ қоил шуданд. Ва, чунин натиҷа дар интихоботи соли 2005 ва 2010-и интихоботи парлумонӣ ҳам такрор шуд. Аммо интихоботи парлумонии соли 2010 ва истиқболи мардум аз ҲНИТ ҳукумати Тоҷикистон ва раиси он Эмомалӣ Раҳмоновро дар ҳолати шок қарор дод.

“ҲНИТ дар ин интихобот зери раҳбарии раиси ҷавони он Муҳиддин Кабирӣ вориди корзор шуд ва ҳузури ҳавасангезу бозии зебои ҳизб дар интихобот як навгонӣ ва тозакорӣ дар сиёсати Тоҷикистон буд. Аз шиору овеза ва роликҳои интихоботиву ширкат дар сабқат ва мулоқот бо интихобкунандаҳо таваҷҷуҳангез ва диққатҷалбкунанда буд. Вале боз ҳам натиҷаи интихобот тавре ҷамъбаст карда шуд, ки барои ҲНИТ  аз ду курсӣ бештар надоданд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки барои мисол дар интихоботи соли 2005 ҲНИТ 20.000 узв дошту дар интихоботи соли 2010 40.000!! Аммо аксари коршиносон ва огаҳони умур,ки равандҳои сиёсии Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд ҳамон солҳо ва ҳамин ҳоло ҳам бар ин андеша буданд, ки ин навбати охирини ширкати ҲНИТ дар интихобот буд.”

Дар интихоботи баъдӣ, ки панҷ сол пас доир мешавад ба ҳизб овози гирифтаашро нахоҳанд дод ва шояд ҳам то он интихобот нарасад ва баста бишавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Сухан дар бораи он меравад, ки дар интихоботи соли 2010 амалан ҲНИТ онро бурида буд.

“Агарчи Комиссини марказии интихобот барои ҲНИТ ҳудуди 10% қоил шуд аммо сифри болотар аз 60 ва ҳатто дар бархе аз ҳавзаҳо 70 то 80%раъйи мардумро ба даст оварда буд.Чунин тарафдорӣ ва истиқболи бузурги мардум аз ҲНИТ ҳукуматро дар муқобили он комилан дигар кард. Зеро як чунин истиқбол аз ҲНИТро ҳукумат интизор надошт. Тамоми дастандаркорони қитаҳои райдиҳӣ, мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ диданд ки ҲНИТ баранд ва пирӯзи интихобот аст.”

Сипас нақша ва тарҳи комилан маҳор ва аз саҳна берун кардани ҲНИТ-ро кашиданд. Метавон гуфт,ки ҳамин интихоботи парлумонии соли 2010 сабаб шуд, ки ин нақша ва ин тарҳ дар шакли Протоколи 32/20 баъдан ҷамъбаст бишавад. Ин Протокол,ки суратҷаласаи махфии Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд ва дар моҳи ноябри соли 2011 дар сайти “Звезда.ру”-и Русия нашр шуд, роҳҳои маҳор, бемаҷол ва оқибат бастани ҲНИТ-ро пешбинӣ ва таъйин мекард. Бар пояи қарори ин ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон,ки зери раёсати Эмомалӣ Раҳмонов доир шуда буд ҲНИТ дигар ба ихтиёри мақомоти қудратӣ супорида шуда буд, то бо ҳар роҳу василаи мумкин ва ҳатто номумкин онро аз саҳна канор зананд.

Ҳамин тавр баъд аз соли 2014 фишор болои ҲНИТ шиддат гирифт, ки тавзеҳи он дар маҷоли ин навишта нест. Аммо як чиз мусаллам буд, ки ҲНИТ баъди интихоботи парлумонии соли 2015 баста мешавад. Вале инки онро террористӣ эълон мекунанд ва режими Душанбе тамоми асноду тавофуқоти сулҳ бо ин ташкилоти умдаи оппозитсионӣ ва як тарафи сулҳро мункир мешавад, ногаҳонӣ ва ғайримунтазира буд. Дар ҳар сурат интихоботи парлумонии 2015 ҷамъбаст ва ҲНИТ дар парлумон ҷой наёфт. Албатта, чуноне гуфтем, ҷой надодани ҲНИТ дар парлумон тибқи нақша ва ҳадафмандона сурат гирифта буд.

Ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ

Дар ҳар сурат ангезаи асосӣ ва аслӣ барои бастани ҲНИТ интихоботи парлумонии соли 2010 шуд.Зеро режими Душанбе таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, ки як тарафи дигари ҷангу слҳи солҳои 1992-1997 буд,на танҳо бо нақзи шароити сулҳ,балки бо шикастан ва поймол кардани қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ курсии қудратро раҳо кардан намехост ва аз ин ҷиҳат,ки ҲНИТ пуштибонии ҳадди аксарии мардумиро беш аз пеш касб мекард,дар симои он рақиб ва ҷойгузини худро шинохт.

Ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим (генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон ва дар гузашта аз фармондеҳони Артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон) як бозӣ ва тарҳу нақшаи аз қабл омодакардаи мақомоти тоҷик ба хусус мақомоти амниятии ин кишвар барои аз арсаи сиёсӣ канор андохтани ҲНИТ сурат гирифта буд.

Мақомот ин нақшаро барои он баъди баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2015 доир кард,ки ҲНИТ дигар мақоми ҳизби парлумониро аз даст дода буд.Табъан,ки агар ҲНИТ ҳизби парлумонӣ мебуд шарик кардани вай дар ин ошӯби худсохта бештар чолишангез мешуд. Агар бархурди мақомот бо ҲНИТ баъди ин интихобот мурур карда шавад, ҳама чиз аён мешавад,ки кадом ошӯб ва кадом табаддулоте рух надода буд. Зеро баъди интихоботи аввалимартии соли 2015 мақомот дафъатан ба ҳамла ва ҳуҷуми густарда муқобили ин ҳизб шуруъ ва онҳоро пароканда ва торумор кард ва бархе аз масъулини онро маҷбур мекард,ки дар баробари дурбинҳо аризаи истеъфои худ аз масъулияти ҳизбиашро эълон карда ва алайҳи раиси ҳизб иттиҳом кунад. Биноҳои маъмурии ҳизб дар навоҳӣ забт ва ҳатто тахриб карда шуданд.Аз тарафи имомхатибон маъракаи даъват барои бастани ҲНИТ дар масҷидҳоро роҳандозӣ намуданд.Чопхонаи ҳизб мамнӯъ карда шуд. Бинои марказии ҳизбро ҳам ҳамин тавр ба баҳонаи онки нодуруст харидорӣ шудааст ба дараш муҳр заданд.Беш аз ин роҳбарони алоҳидаи онро барои суҳбатҳои хос ба Кумитаи амният даъват карда ва бо хоҳиши худ бастани ҳизбро пешниҳод намуданд. Вазорати адлия ҳам ошкоро чанд навбат эълон кард,ки ҲНИТ довталабона фаъолияти худро қатъ кунад.

Азбаски барои ин ҳама таҳдиду фишорҳо ҲНИТ  таҳаммул кард вале фаъолияти худро идома дод, роҳи чораро ба ҳамин ошӯби сохта диданд.Танҳо далел ва боварашон ин буд,ки ҷомеа барои он шояд бовар бикунад, ки Ҳоҷӣ Ҳалим дар гузашта аз фармондеҳони ҲНИТ буд.Ҳамин тариқ ин табаддулоти сохтаро ташкил ва ҲНИТро ба он шарик дониста ва дафъатан 13 тан аз узви Раёсати олии онро дастгир ва сипас ба давраҳои тулонӣ ва то ҳабси абад ҳукм доданд.

“Суди Олии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015,ҳанӯз моҳе ҳам аз ин ба ном ошӯб нагузашта ҲНИТро мамнӯъ ва террористӣ эълон кард.Ва,ин барои бори дуввум аст ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҲНИТро мебандад. Аммо бо гузашти ҳаминак 6 сол ҳеҷ яке аз давлатҳо ва низ созмонҳои байналмилалӣ даъват ва дархости давлати Тоҷикистон барои ташкилоти террористӣ шинохтани ҲНИТро қабул накардааст. Билакс, онҳоеро, ки тавасути ИНТЕРПОЛ таҳти пайгарди байналмилаӣ қарор дода буд,аз ҷумла исми Шоҳнаими Карим,муовини раис ва Муҳиддин Кабирӣ,раиси ҲНИТро ИНТЕРПОЛ аз феҳристи худ  берун кард.”

Ҷомеаи байналмилалӣ ва ҲНИТ

ҲНИТ дар ҳиҷрати дуввуми худ ба кишварҳои урупоӣ рӯ овард ва дар инҷо паноҳанда шуд ва ҳоло якҷо бо бархе дигар аз ташкилоту гурӯҳҳои сиёсӣ эътилоферо таҳти унвони Паймони миллии Тоҷикистон ташкил дод ва ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Ва дигарбора қаду қомати худро баланд кардаву иртиботу алоқаро бо ҳамватанони дар дохил ва хориҷ барқарор кардааст.

Агар яке аз авомили баста шудани ҲНИТ аз сӯи режими Душанбе ҳузури фазояндаи он дар ҷомеаи Тоҷикистон бошад, омили дигар ин афзоиши давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба ин ҳизб мебошад.Ҳанӯз аз ҳамон оғози фаъолияти расмӣ дар соли 1991 исми Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, нахустраиси ҲНИТ дар расонаҳои дохиливу русиву байналмилалӣ ҳамарӯза садо медод ва бахусус дар ҷараёни баргузории гирдиҳамоиҳои дарозмуддати тирамоҳ ва баҳори соли 1991 ва 1992  дидору мулоқоти сафирони кишварҳои хориҷӣ ва хабарнигорон бо ӯ бештар мешуд. Аммо дар сатҳи байналмилалӣ мақому нуфуз пайдо кардани ҲНИТ дуруст ба ҳангоми муҳоҷират дар Афғонистон ба вуқуъ пайвастааст.

Соли 1993 ба дунболи торумори як застави русҳо дар марз тавассути чирикиҳои Наҳзати исломӣ Евгений Примаков,раиси Хадамоти ҷосусии Русия(СВР) ба Афғонистон барои мулоқот бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рафт.Қабл аз он намояндаи Комиссариати олии СММ дар умури гурезаҳо низ барои мулоқот бо устоди равоншод борҳо ба Афғонистон мусофират анҷом дод.

Музокироти сулҳи тоҷикон мустақим зери назорат ва сарпарастии Созмони милал доир шуд. Дигар,ончуноне гуфтем намояндаҳои вижаи устод Нурӣ дар сатҳи руасои давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ пазируфта мешуданд.

Баъди бозгашти сарбаландона аз Афғонистон низ гоҳо дар бинои намояндагиҳо ва сафоратҳо вале аксаран дар қароргоҳи марказии ҲНИТ сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндаҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳатмани ҳатман бо раисони ҲНИТ дидору мулоқоти алоҳида анҷом медоданд. Ин кор ҳам дар замони роҳбарии устод Нурӣ ва ҳам дар замони раёсати устод Кабирӣ сурат мегирифт. Барои мисол фармондеҳони амрикоӣ, ки бо Раҳмонов мулоқот мекарданд,ҳатман бо раисони ҲНИТ низ мулоқот анҷом медоданд. Албатта,ин ҳама сатҳу эътибори афзоянда рашку ҳасодати режими Душанбе ва раиси онро бармеангехт.

Ҳанӯз аз ҳамон солҳои 2010 Раҳмон бисёр мехост,ки чеҳраи ҲНИТро доғдор нишон диҳад ва дар сӯҳбатҳо бо намояндагони давлатҳои бузурги олам масъалаи ҲНИТро дар миён мегузошт.Аммо барои мисол Роберт Блейк, ёвари собиқи вазири хориҷаи Амрико дар хатми як дидор бо раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар сентябри соли 2010 гуфта буд:

“Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикисон як созмон тундгароӣ ва терористӣ набуда, балки аз исломи мусолиматомез дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Вай афзуд, таи солҳои ахир аз ҷониби ин ҳизб ҳеҷ гуна амали тундгароӣ зоҳир нашудааст. Вай гуфт, то ба ҳол ягон муносибати ин ҳизб бо аҳзоби тундгарову террористро мушоҳида накардаем”.

Мавқеъ ва муносибати кишварҳо ва созмонҳои муътабари дунё боҲНИТ то ба имрӯз ҳам аз ҳамин зовия идома дорад ва яке дигар аз мисоли равшани ин гуфт он аст ки Созмони милали муттаҳид,Амрико ва кишвару созмонҳои урупоӣ  ҳукмҳои Суди олии Тоҷикистон дар баробари аъзои Раёсати олии ин ҳизбро ғайриқонунӣ хонда озодии бидуни қайду шарти онҳоро талаб карданд. Ва,новобаста аз он ки мақомоти Тоҷикистон мукарар ба кишварҳои урупоӣ парвандаҳо сохтаву талаби боздошту истирдоди аъзои фаъоли он дар ин кишварҳоро мекунанд,ҳеҷ яке аз ин дархосту талабҳо посухи мусбат нагирифтааст.   Ва,масъулони ҲНИТ ҳамин ҳоло низ дар нишасту маҳофили созмонҳои ҷаҳонӣ даъват мешаванд ва бо роҳбарони давлатҳо ва муассисаҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ дидору мулоқот анҷом медиҳанд.Зеро дар воқеъ ҲНИТ ҳеҷ иқдоме ғайриқонунӣ анҷом надодааст ва ҳеҷ имкон надорад,ки онро ба иттиҳоме сохтаву бофта,аз қабили ошӯбҳои боз ҳам дастисохт дар зиндонҳо ва ё куштори ҷаҳонгардони хориҷӣ муқассир шинохт.

ҲНИТ ва матбуот

Яке аз вижагӣ ва ё бартариҳои ҲНИТ аз ҳамон солҳои оғози фаъолият,ҳатто дар замони фаъолиятҳои махфӣ ва пинҳонии худ дар он ифода меёбад,ки аз расона ва васоити ахбори ҷамъӣ ба ваҷҳи зарурӣ истифода мекунад. Соли 1984, ҷарида ва ё варақаҳои таблиғотии худро бо номи “Ҳақиқати ислом” мунташир кард. Ин ҷарида 17 шумора мунташир шудааст. Баъди фаъолияти расмӣ органи расмии худро бо номи “Наҷот” дар соли 1990 интишор дод.Ин нашрия баъдан низ то соли 2015 ба нашр мерасид.

Дар даврони ҳиҷрати аввал дар Афғонистон ҳам нашрияи “Садои муҷоҳид”-ро бо ҳуруфи кириллӣ дар чопхонаи ноҳияи Ғарм чоп ва паҳн мекард. Радиои “Тоҷикистони Озод” аз Толиқони Афғонистон барномаҳо нашр мекард,ки дар саросари Тоҷикистон шунаванда дошт.Ҳамчунин нашрияҳову гоҳномаҳои “Пайки пирӯзӣ” ,“Ҷайҳун”, ”Паёми муҳоҷир”-ро чоп ва ба дасти тарафдорони худ мерасонд.

Баъди бозгашт аз ҳиҷрат аз Афғонистон дар канори  “Наҷот”, ҳамчунин маҷаллаҳои “Найсон” ва “Сафинаи умед”ба чоп расонида афкору ақидаи худро таблиғ мекард. Афзун бар ин сайти ин ҳизб бо номи Nahzat.tj низ қобили дарёфт буд. Дар солҳои 2013 то2014 як шабакаи телевизиониеро бо номи Сафо.ТВ роҳандозӣ карда буд, ки аз Маскав барномаҳояшро тавассути моҳвора пахш мекард.

Феълан аз сардабирони нашрияҳои ҲНИТ се нафар Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат ва Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндони ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Дар даврони ҳиҷрати дуввум дар Аврупо сангар ва ҷабҳаи асосии мубориза ва муқовимати ҲНИТ расонаҳои иҷтимоӣ шудааст. Аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ сомонаҳову порталҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои ютубии фаровонеро роҳандозӣ кардаанд ва бо муборизаи иттилоотӣ режими Душанберо ба шикасти сахт мувоҷеҳ кардааст. Шабакаҳои тасвирии “Ислоҳ.ТВ” ва “Паём.ТВ” ва ғайра ва ҳамчунин сомонаҳои зиёде дигар,ки дар ҳаводорӣ аз оппозитсони тоҷики муқими Урупо барнома ва гузоришҳо нашр мекунанд,аз сӯи мардуми кишвар ва муҳоҷирони тоҷик бо майли тамом дида мешаванд ва бахусус роҳандозии барномаҳое,ки бо мардум робита ва алоқаи мустақимро барқарор мекунад, сардамдорони режими Душанберо дар ҳоли ҷунун қарор додааст.Аз ин сабаб буд,ки онҳо дар тобистони соли гузашта бо як қарори Суди олии Тоҷикистон феҳристи чунин нашрия ва шабакаҳои иҷтимоиро нашр карданд,ки нашру пахши онҳо дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст.Аммо чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳад,баракс шумори бинанда ва хонандаи ин расонаҳои иҷтимоӣ рӯзбарӯз дар ҳоли афзоиш аст.

Бо ин ҳол  ҲНИТ тӯли наздик  ба 50 соли фаъолияти худ зери раҳбарии се раис: Муҳаммадшариф Ҳимматзода,Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳиддин Кабирӣ амал кардааст.Устод Нурӣ муассиси ҳизб баъди бозгашт аз Афғонистон раёсати ҲНИТро бар ӯҳда гирифт.аммо дар аввалин марҳилаи фаъолияти аланӣ раёсати он бар уҳдаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода гузошта шуда буд.Баъди реҳлати ҷонгудози устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 вакилони ҳизб Муҳиддин Кабириро ба  ин мақом баргузиданд, бо ин илова ,ки устод Ҳимматзода ба ҳайси пешвои маънавӣ эътироф мешавад,чун дар он замон ин устоди шаҳид бемори бистарӣ буд.

Фаъолияти нимасраи ҲНИТ-ро метавон ба марҳалаҳои гуногун аз ҷумла:-таъсису даъват ва фаъолиятҳои пинҳонӣ, фаъолияти расмӣ, ҳузур дар ҳокимият ва ҳиҷрати аввал, фаъолият дар табъид, муқовимат,музокирот ва касби мақоми байналмилалӣ, бозгашти сарбаландона, фаъолияти дубора, ҳузури дигарбора дар ҳокимияти давлатӣ, ширкат дар маъракаҳои сиёсӣ ва ҳоло боз ба марҳалаи дуввуми ҳиҷрат ва талоши тоза барои мубориза ва муқовимат қисмат намуд. Зикри ин нукта дар китоби таърихи ҲНИТ бағоят муҳим аст ки он ташкилоти сирф тоҷикист ва тавассути танҳо тоҷикон ташкил ва созмондеҳӣ шуда ва аз як манзили кучаки яке аз муассисонаш то ба сатҳи ҷаҳонӣ обрӯ ва нуфуз касб кардааст. Агарчанде то ҳамин ҳоло режими Душанбе аз қасду талоши худ барои террористӣ шиносонидани ин ҳизб  даст набардоштааст ва ҳоло барои ин ҳадаф бархе аз мақомоти амниятии Афғонистони ҳамсояро ҷалб карданист,аммо наметавонад ҷойгоҳ ва мақоми онро дар қалбу синаҳои мардуми тоҷик холӣ кунад.

Чиҳилуҳаштумин солгарди таъсиси ҲНИТ ро ба ҳама аъзоён,ҳаводорон ва дӯстдоронаш табрик менамоям. Дар ин моҳи муборак дуъогӯй бошед,ки ин ҳиҷрати дуввумро бо устувории комил ва азми росих сипарӣ намоем. Бо сари баланд ба ватани маҳбубамон баргардем.         

Share This Article