ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.
(Бахши аввал, давраи панҷум)
15 сентябри соли 2015 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дуввумин ҳизби пурҷамъият ва танҳо ташкилоти сиёсии динӣ дар густураи шуравии пешинро баст. Беш аз ин, онро ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълон кард.
Ин барои дуввумин бор буд, ки фаъолияти ҲНИТ дар давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов қатъ ва мамнуъ карда мешавад.
Июни соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳама аҳзоб ва ҳаракатҳои оппозитсионии кишвар, ҲНИТ, ҲДТ, созмонҳои мардумии Растохез ва Лаъли Бадахшонро бо як қарор ғайриқонунӣ хонда санади қайди расмии онҳоро лағв кард.
Мусалламан, Раҳмонов ба ин роҳатӣ наметавонист, ки ҲНИТ-ро бубандад. ҲНИТ ва дар умум аҳзоби оппозитсионӣ ҳануз аз соли 1990-91 пуштибонӣ ва ҳамроҳии беш аз 40% ҷамъияти кишварро дар даст дошт. Баъди бозгашт аз ҳиҷрат ва вориди саҳнаи сиёсат шудан ҲНИТ шумори ҷамъияти тарафдорони худро ба маротиб афзуда буд.
Раҳмонов бо бастани ҲНИТ ошкоро бо нисф ва агар воқеият бараҳнатар баён карда шавад, беш аз нисфи ҷамъияти Тоҷикистон ба набард мебаромад. Ин набард барои Раҳмонов масъалаи ҳаёту мамот буд ва мебоист тавре меҷангид, ки ҷамъияти пушти ҲНИТ карахт бишавад ва маҷол ва ёрои муқобилат надошта бошад.
Коршиносони дохиливу хориҷӣ дар робита ба ҷойгоҳ ва нуфузи ҲНИТ дар муҳит ва майдони сиёсии кишвар ибрози ақида карда онро ба як рукни муҳим ва асосии суботу амният арзёбӣ мекарданд. Барои мисол Парвиз Муллоҷонов, пажуҳишгар саршиноси тоҷик дар яке аз навиштаҳояш дар робита ба мақому манзалати ҲНИТ чунин ибрози назар кардааст:
«…Ҳизби наҳзати исломӣ бахши ҷудонашавандаи таъриху ҷомеаи ҳозираи Тоҷикистон буда, бо мурури замон ба яке аз ҷунбишҳои сиёсиву иҷтимоии бонуфузи кишвар табдил ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки ҲНИТ ҳамчун падидаи сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳам ҷои бавижаро ишғол менамояд. Пеш аз ҳама бо сабаби онки дар тамоми қаламрави собиқ шӯравӣ ҲНИТ имрӯз ягона ҳизби сиёсие мебошад, ки дар заминаи арзишҳои динӣ ташкил ёфта, аз қайди расмӣ гузаштааст ва ба таври қонунӣ фаъолияти худро амалӣ мегардонад. Ва, афзун бар ин дар ниҳоди олии қонунгузории кишвар намояндаҳои худро дорад. Ҳатто дар минтақаҳои мусулмоннишини ҷаҳон вуҷуд чунин ҳизби исломии муътадилу барасмият шинохташуда падидаи камёб ва нодир мебошад.
Аз тарафи дигар,таърихи ҲНИТ то андозае беҳамто мебошад, ки пайдоиши вай аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар шароити сахти низоми шӯравӣ, таъқибу фишори давлатӣ атеистӣ, сарчашма мегирад». Наҷот.25.04.2013
Абдулло Роҳнамо, яке дигар аз пажуҳишгарони тоҷик, ки ҳоло комилан тағйири ақида ва мавқеъ кардааст, низ иқрор ва эътироф мекунад, ки вуҷуд ва ҳузури ҲНИТ дар муҳити сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон инкорнопазир аст:
«Дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики муътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳала ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест». Абдулло Раҳнамо. Наҷот.25.04.2013
Аммо, ҳамчуноне гуфтем Раҳмонов дар сар фикру хиёли дигар дошт. Вале вай наметавонист якшаба ва бо як фармон бихезаду ҳамчунин ҳизби пурнуфуз ва пуртарафдорро бубандад. То онки Раҳмонов дигарбора ҲНИТ-ро бубандад, шуруъ аз соли 2011 ба кандану кофтани зери пойи он, иттиҳомҷуиву айбмониҳо, мунтаҳо ба хусумату душманӣ даст зад ва тамоми ин ҳама муддат аз мошинаи қудрат ва зӯри ҳукумат бар муқобили он истифода кард.
Бори дигар мутазаккир мешавем ҳукумати Э.Раҳмонов, ки акнун бештар ва ошкоротар қабилаӣ ва маҳаллӣ шуда, бадтар аз ин, сиёсати авлодиву оилавиро пеша кард, дар симои ҲНИТ мониа ва садди бузург барои идомаи ҳузури давомноки худ дар қудратро медид.
Интихоботи парлумонии феврали соли 2010 ва маҷолиси маҳаллӣ ҳадсу тахминҳои Раҳмонов дар робита ба нуфуз ва ҷойгоҳи ҲНИТ дар ҷомеро ба яқин бадал кард ва Раҳмонов ба вузуҳ пай бурд, ки ҲНИТ пойгоҳи иҷтимоии фароху қавӣ дорад ва агар ки даст ба кор нашавад, ҳокимияташро аз даст хоҳад дод. Вай ҳисобу омори воқеии орои ин ташаккули муқтадири сиёсӣ дар интихоботи парлумониро дар даст дошт. Дар бархе аз округҳои интихоботи раъйи ба дастовардаи ҲНИТ аз 80-90% ҳам боло буд.
Ба раёсати ҲНИТ омадани Муҳиддин Кабирӣ, ки ба фарқ аз Раҳмонов ҳеҷ рабте ба ҷанги шаҳрвандиву куштору ваҳшоният надошт, ба фарқ аз Раҳмонов, ки ҳам ҷавон ва ҳам донишманд, забондону фасеҳбаён аст ва ҳама хусусиёту хислатҳои як роҳбари омода ба мудирияти давлатро дорад ва новобаста аз ҷавонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳам шинохташуда аст, Раҳмоновро то пойи ҷон тарс дод ва тасмим гирифт, ки ҳоло, ки ҳукумат ва қудрат дар дасташ ҳаст, бояд дастбакор бишавад, дирангу таъхир накунад.
Протоколи 32/20 директиваи давлатӣ, плани ҳукуматӣ, спетспроект барои барандохтани ҲНИТ буд, ки ангеза, асос ва муҳаррики пайдоиши он ҳамин интихоботи парлумонии соли 2010 ва ба саҳнаи сиёсат омадани Муҳиддин Кабирӣ буд.
Огаҳони равандҳои сиёсии Тоҷикистон медонанд, ки Раҳмонов, ҳанӯз дар соли 2010 нақша дошт, ки ба Қонуни Асосии Тоҷикистон тағйирот ворид карда ҳама он «ислоҳот»-еро, ки баъдан, яъне дар соли 2016 ворид кард ба ин қонун бидарорад. Аммо инқилоби рангаи бархоста дар Қирғизистон, ки муҷиби сарнагунии Қурмонбек Боқиев гардид, ӯро бим дод, чун дар онҷо ҳам масъала масъалаи Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев шуда буд, ки дигар дар мақому мансаби ҳокимияти марказӣ омада ошкоро ба корҳои давлатӣ лезит мекард. Ин ҳам дар ҳоле, ки қасд ва ҳадафи асосии тағйири Қонуни асосӣ, ҳамчуноне дар майи соли 2016, акнун, ки ҲНИТ-ро «в не игре» карда буд, фароҳам овардани шароит барои овардани писараш ба ҷойи худаш ва барои худаш фароҳам кардани шароити модомулумр боқӣ мондан дар қудрат буд.
Раҳмонов ҳамеша аз ҲНИТ ва махсусан аз зуҳури Кабирӣ дар майдони сиёсии Тоҷикистон нороҳат ва нохуш буд ва хавфу хатар ба қудраташро аз ҳамин зовия ва аз афзоиши рейтини сиёсии ҳамин шахсият медид. Ричард Ҳоугленд, сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон дар яке аз номаҳои маҳрамонааш ба унвони Департаменти давлатӣ чунин менигорад: ….”президент Раҳмон намехоҳад,ки пас аз Нурӣ маҳз Кабирӣ раҳбари ҳизб шавад.Куллан ҳукумат талош дорад Кабириро аз саҳна берун ва ҳошия нишин кунад”. Сафир ҳамчунин навиштааст, ки: “Раҳмонов ҲНИТ-ро як душмани хатарнок медонад ва ба бархе аз ҳамсӯҳбатони ғарбияш онро як созмони террористӣ меномад, вай инчунин мехоҳад ҲНИТ-ро дар зери Хаймаи бузург бигирад , агар ба шарте, ки ҳис кунад, метавонад, ба он назорат дошта бошад. Ба навиштаи сафир …..” Раҳмон аз дидорҳои Кабирӣ бо сарони кишварҳои хориҷӣ ва сафарҳояш ба Ғарб шадидан нороҳат аст”. Ба навиштаи сафир Кабирӣ дар мулоқот бо ӯ гуфтааст : “ҳадафи асосии ӯ ҳамчун “сиёсатмадори мухолиф” эҳтиёт аз зиндон шудан аст”.
Номаи маҳрамонаи ин сафир тавассути “Викиликс” фош шудааст ва ин нома замоне навишта шудааст, ки Кондализа Райс, мушовири амниятии онвақтаи раиси ҷумҳурии Амрико аз Тоҷикистон дидан карда ва аз ҷумла бо раиси ҷумҳур Раҳмон ва ҳамчунин бо Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси ҲНИТ дидор анҷом додааст. Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар поёни мулоқот ба Кабирӣ инро ҳам гуфтааст, ки бино бар паёми Райс ба ҳукумати Тоҷикистон “Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ҲНИТ-ро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъол ва бегазанд бубинад”.
Ин суҳбатҳо ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2005 доир шуда ва ҳамчуоне зикраш рафт, матни онро сафири Амрико ба Департаменти давлатӣ ироа доштааст. Ҳоло сол чанд асту вазъу ҳол чи гуна аст.
Ва, аммо бар мабнои банду муфоди Протоколи 32/20 мебоист ҲНИТ ба як ҷасади мутаҳаррики сиёсӣ ва ба як муҷассама ва тимсоли ҳизби мухолиф бадал карда мешуд.
Қабули ин санади махфӣ ва махуф дар Шурои амнияти Тоҷикистон 24 ноябри соли 2011 бо ширкат ва ҳузури тамоми вузарои қудратии кишвар сурат гирифт.
Дабири Шурои амнияти онрӯзҳо генерал Амирқул Азимов, аз ёрони қадимӣ, аз фронтихалқчиёне буд, ки Раҳмоновро ба сари қудрат нишонида буданд. Афзун бар ин Амирқул Азимов дар ҳама амалиёти низомӣ дар водии Қаротегин дар солҳои 2008 то 2012 ҳузур дошт ва дар бархе аз ин амалиётҳо яке аз масъулони анҷоми онҳо буд.
Аммо, сарусадоҳо дар мавриди бастани ҲНИТ ба дунболи интихоботи парлумонии соли 2010 дар миёни ҷомеа беш аз пеш паҳну парешон мешуданд. Кор ба ҳадде кашида буд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва он замон яке аз ду вакили Маҷлиси намояндагон гуфта буд, ки «танҳо девона» дар фикри бастани ҲНИТ аст ва ё мегуфт, ки «хуб, ки чӣ? Аз дасти мо танҳо як варақи расмиро пас мегиранд, аммо бо ин ҳама аъзову ҳаводору ҷонибдор чи хоҳанд кард»?
Муҳиддин Кабирӣ, он солҳо дар як мусоҳиба бо Мирзои Салимпур, хабарнигори вақти «Озодӣ» роҷеъ ба ин сару садоҳо, ки эҳтимол меравад, ки ҲНИТ-ро бубанданд, чунин посух додааст:
«Агар манзури шумо аз ҳизб мӯҳру санади сабти ном ва сохтори имрӯзаи ҳизб аст, кори он бо имзои Протоколи 32-20 ҳал шуда буд. Масъалаи вақт монда буд, ки то ҳамин рӯз будааст ва ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Албатта, мехостанд ки ин кор бо дасти масъулини ҳизб анҷом шавад, яъне худи ҳизб пароканда шуд, то ин нанги таърихӣ ба дӯши масъулини ҳукумат наафтад. Манъи расмии як ҳизбе, ки ин ҳама ҷонбозиҳоро барои сулҳу ваҳдат кардааст ва ин ҳама сабру таҳаммулро барои ватану миллат, назди таърих – кори соддае нест. Вале диданд, ки нашуд, бо баҳонаи ин ҳодисаҳо ҳатман масъаларо яктарафа хоҳанд кард. Аммо, агар манзур аз саволи шумо, ҳизб ҳамчун фикр, андеша ва роҳ аст, он на танҳо идома дорад, балки қавитар ба саҳна бармегардад. Ман ба ин шаке надорам. Чӣ ман бошам, чӣ не, вақт инро нишон хоҳад дод. Агар бо куштану ҳабсу задан андешаҳо ва арзишҳо аз байн мерафтанд, ҳоло ҳеҷ арзише ва муқаддасоте боқӣ намемонад дар ҷаҳон. Бахусус, андешаи миллӣ ва исломӣ, ки рабт ба Худованд ва мардум дорад, на ба шахсе ё гурӯҳе, ки агар онҳо аз байн рафтанд, фикр ҳам биравад. Ҳоло гуфта наметавонам, ки ин андеша ба кадом самт ҳаракат мекунад, вале то рӯзе ки ҳастам, аз чорчӯби мавҷуда берун нахоҳад рафт ва ҳеҷ тӯфоне моро аз ин роҳи сабру устуворӣ дур нахоҳад кард.»
Ҳамин Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳам ним соли қабл аз қабули «Протоколи 32/20» дар як мусоҳабааш бо радиои «Озодӣ» итминон медиҳад, ки касе дар ҳукумат ин гуна қасду андеша надорад ва сарусадоҳо дар бораи бастани ҲНИТ-ро рад ва овозаҳо дар ин бораро «кори иғвогарон» меномад:
«Масалан, имрӯз дар назди ҳукумати Тоҷикистон барҳам додани ҳизби наҳзати исломӣ матраҳ нест. Лекин дар расонаҳо чор тараф мегӯянд, ки ҳукумат ҳизби наҳзати исломиро мебандад ё не. Ин иғвогарӣ ва ҷудоиандозӣ ба кӣ даркор аст? Фарзанди ҳақиқии Тоҷикистон ҷомеаро ҷамъ ва дар якҷоягӣ масъалаҳоро ҳал мекунад, на ин ки ҷудоӣ меандозад. Таҳлилҳои нохуб ба ҷомеаи мо, ба ғайр аз зарар фоидае надорад. Ин гуна ниятҳо дар ҳукумати Тоҷикистон нест. Роҳбарият мехоҳад, ки Тоҷикистон як ҷомеаи ягона бошад ва дар иттиҳод мушкилотро ҳал кунад. Яъне мо бояд ягона бошем, миёни мардум тафриқа наандозем».
Аммо, Протоколи 32/20,ки 24 ноябри соли 2011 дар Шурои амният қабул гардид ва ин санад, ҳамчунон тазаккураш ҳам рафт, ҳукм ва қасами эъдоми ҲНИТ буд, ки Раҳмонов ва қудратиёни вай содир карданду хурданд.
Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Zvezda.ru дар охири феврал ва марти авоили соли 2012 онро чоп кард.
Барои онки як каме аз ҷузъиёти ин санад бохабар бишавед ва инки чаро мо онро дирктива, план ва қасами Эмомалӣ Раҳмонов барои бастани ҲНИТ маънидод кардем, пораҳое аз онро пешкашатон мекунем:
Вазорати корҳои дохилӣ-Қаҳҳоров А.А.,Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-Ятимов С.С ва Кумитаи оид ба корҳои дин-Холиқов А.Ғ.якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорону фаъолони маҳалҳо харитаҳои сиёсии минтақаву маҳалҳои мамлакатро таҳия карда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хусусан роҳбарону масъулони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор дода, доир ба муайян кардани рӯихати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳо ошкор намудани тарзу усули кори таблиғоти ҳизб, инчунин оид ба пешбурди кори ҷиддӣ, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз сафҳои ҳизб кашидани онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-ЯтимовС.С ва Вазорати корҳои дохилӣ-Қаҳҳоров А.А бо ҳамкории сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
доир ба гузаронидани санҷиши низомӣ, шиносномаи шаҳрвандони мамлакат ,хусусан пойтахти он, муайян кардани ин, ки онҳо аз куҷо ва чӣ вақт омадаанд, инчунин мансубияти ҳизбии онҳо, бо дарназардошти масъалаи торафт аз ҳисоби занон афзудани шумораи аъзои ҲНИТ фаъолияти муназзам ва мунтазамро ба роҳ монанд;
бо истифода аз маводу имкониятҳои мавҷуда дар бобати муайян кардани онҳое, ки дар майдоннишиниҳои соли1992 ширкат доштанд ва маҳаллу минтақаҳи зисти онҳо чораҷӯӣ намоянд;
бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба муайян кардани манбаъҳои маблағгузории фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз ҷумла ҲНИТ ва тафтиши фаъолияти молиявии онҳо тадбирҳои бетаъхир андешанд;
Ҷиҳати дар васоити иттилооти омма дар асоси гуфтор ва рафтори роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ таҳия ва нашр намудани маводи фошкунандаи фаъолияти ғайриқонунии онҳо чораҳо андешида шавад;
Ҳамаи ин бандҳо, баъди қабули ин санад оҳиста –оҳиста вале пайваста ба иҷро дароварда шуданд.
Агарчи, ҲНИТ воқеияти ин Протоколро ба чолиш кашида ва то ба Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳияи иҷроияи Президенти Тоҷикистонва Суди Олӣ арзу шикоят бурд ва ҳамаи ин мақомот ва аз ҷумла Прокуратураи генералӣ ба унвони ниҳоди нозири иҷрои қонунҳо дар кишвар расман посух дод, ки муҳтавои ин санад, на он гунае аст, ки дарҷ шудааст. Он замон расонаҳо навиштанд, ки ду вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲНИТ ба унвони Додситони куллӣ ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархост фиристода аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар масъалаи «Протоколи 32-20» расман ибрози нуқтаи назар кунад.
Додситони кулли ҷумҳурӣ дар посухи худ ба ин дархост эълон дошт, ки дар ҳақиқат, дар санаи мазкур дар ҳукумат чунин як ҷаласае таҳти раҳбарии Президент баргузор гардидааст. Вале санаде, ки дар ин ҷаласа қабул шудааст, аз он «Протоколи 32-20» ба куллӣ фарқ мекунад. Шерхон Салимзода «Протоколи 32-20»-ро, ки дар матбуот ба нашр расид, тақаллубӣ ва бепоя хонд.
Аланӣ шудани муҳтавои Протоколи 32-20, ки дастуроти Раҳмонов бар зидди ҲНИТ буд, аҳзоби дигари оппозитсиониро ҳам дар таҳлука ва ташвиш андохт. Зеро маъно ва моҳияти ин дастуроти Раҳмонов аз он иборат буд, ки сарнавишти минбаъдаи ҲНИТ дар даст ва ихтиёри ниҳодҳои қудратӣ супорида шуд.
Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси вақти ҲСДТ- яке аз дигар аҳзоби оппозитсионии онрӯза бо баргузории як ҷаласаи Шурои сиёсии ин ташкилот ба баррасии муҳтавои ин Протокол мепардозад. Ба эътиқоди Зоиров “ин масъаларо на Додситонии кулл бояд муқаррар кунад, балки бевосита худи ҳукумат бояд шарҳ диҳад. Зеро ин ҷо гуфта шудааст, ҷаласа дар зуҳури президент доир шуд, ин одамон ширкат намуданд ва рақаму таърихи рӯз дорад ин санад. Боз санади дигаре аст, бо имзои вазири дохилӣ, ки он ҳам рақам ва таърих дорад. Агар дар воқеъ бо чунин рақамҳо санаде дар ҳукумат мавҷуд бошад, бояд шаффоф шавад. Зеро барои пешрафти сиёсӣ ин зиён ва халали ҷиддӣ мерасонад.”
Ва, аммо дар пайи қабули Протоколи 32/20 тафтишу таҳқиқи фаъоляити ҲНИТ аз ҷамоат –ячейкаи ибтидоӣ бигир то марказ – Дафтари марказии вай дар Душанбе аз тарафи Прокуратураи генералииТоҷикистон ва дигар мақомоти қудратӣ шуруъ шуд.
Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва яке аз зиндониҳои ин ташаккули сиёсӣ, ки дар соли 2016 ба ҳукми абад гирифтор шудааст, дар мавриди Протоколи мазкур чунин ибрози назар кардааст:
«Протоколи 32/20 идомаи сиёсати ҳукумат алайҳи ҲНИТ аст. Мо давраи имзои Созишномаи сулҳро ба ёд дорем, ки муносибати ҳукумат ба собиқ мухолифин хуб буд, нисбат ба онҳо эҳтиром мегузошт, вале он дер давом накард. Баъди он ки Наҳзат дубора ба фаъолият шурӯъ ва дар интихоботҳо фаъолона ширкат намуд, ҳукумат дарк намуд, ки ҲНИТ бо ин фаъолиятҳои хеш метавонад соҳиби раъйи мардум гардад ва эҳтимол дорад рӯзе мақоми қонунгузорӣ ва ҳатто ҳукуматро соҳиб шавад. Ҳукумат сиёсати худро нисбат ба ҲНИТ аз соли 2000 ба баъд тағйир дод. Дар интихоботи президентии соли 1999 номзади ҲНИТ Давлати Усмон агарчи номзадияшро бозпас гирифта буд, барои ба интихобот машруъият бахшидан, номашро аз бюллетенҳо нагирифтанд. Ба интихоботи парлумонии соли 2000 ҲНИТ бидуни омодагӣ ворид шуд ва беш аз бист дар сад раъйи мардумро дарёфт кард, вале ба мо ҳамагӣ 7,62% раъй доданд. Дар интихоботҳои баъдӣ ва ба хусус интихоботи парлумонии соли 2010 бо таблиғоти начандон қавӣ, ҲНИТ, бо иқрори таҳлилгарону коршиносон беш аз 50% раъйро ба даст овард, ки ҳукуматро сахт нигарон намуд. Дар аксари ҳавзаҳои якмандатӣ номзадҳои ҲНИТ аз намояндагони дигар аҳзоб ва ба хусус ҳизби ҳоким як сару гардан боло буданд, дар маъракаи таблиғотӣ Наҳзат қавитар буд ва услубҳои нав ва тозаеро роҳандозӣ намуда буд, ки далели бартарият ва нуфузи ҲНИТ буд. Аммо ҳукумат бо табартақсиме, ки дорад, барои мо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ҷой надод ва аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ каме бештар аз 8% раъйро дод. Бо таҳлили вазъияти соли 2010 ҳукумат ба хулоса омад, ки бояд иқдоми ҷиддие алайҳи ҲНИТ гирифта шавад. Ин иқдом дар Протоколи 32/20 омадааст, ки аз рӯзи 24 ноябри соли 2011 қабул шудааст ва рӯзи 26 ноябри соли 2011 аз тарафи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст. Агар на коршинос, балки як шахси оддӣ ба бандҳои он назар кунад, мебинад, ки агар ба хотири мубориза бар зидди масҷид, эшону мулло, ба танзим даровардани фаъолияти масҷид ва сабти наворҳои амри маъруф, 12 банд бошад, дар ин санад дигар ҳамаи бандҳои он ба фаъолияти ҲНИТ нигаронида шудааст. Аз моҳи январи соли 2012 фишор болои ҲНИТ ва ниҳодҳои он дар шуъбаҳо ва бахшҳои ноҳиявӣ хело ва хело зиёд шуд. Фаъолияти ҲНИТ аз тарафи прокуратураҳои ноҳияҳо, вилоятҳо ва Прокуратураи генералӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. Воқеъӣ будани онро мақомоти судии мо, ки имрӯз тобеи мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказианд, барои мо исбот накарданд, вале ба андешаи ман, он воқеият дорад. Имрӯз амалӣ шудани бандҳои мухталифи протоколро мушоҳида мекунем, бандҳои супориши Прокуратураи генералӣ ба сохторҳояш ба бандҳои протокол мувофиқат мекунанд. Талаботе, ки Вазорати корҳои дохила барои ҳамаи ниҳодҳои худ дар минтақаҳо ва вилоятҳо ирсол дошта буд, ба он мувофиқат мекунад ва мактуби раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ дар робита ба фаъолияти масҷидҳову ҲНИТ унвонии раисҷумҳур, далеле барои сиҳҳат ва воқеӣ будани протокол мебошанд. Ба андешаи ман номаи расмии Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин асоси пайдоиши “Протоколи 3220” мебошад. Имрӯзҳо дар атрофи ҲНИТ туҳмат мебофанд, мақолаҳо менависанд ва мақоланависон дар «фабрикаи туҳмат» ҳамарӯза қалам тез мекунанд, қоғаз мефарсоянд, ки идомаи татбиқи бандҳои ҳамон протоколи махфист. Аммо то кунун таъсири манфие ба фаъолият ва обрую нуфузи Наҳзат нарасонидаанд, чун ҲНИТ реша дар ормони мардум дорад».
Ва, аммо, Протоколи 32/20 ва дастуроти он чуноне гуфтем, дигар ба дасти иҷро супорида шуд. Барои мисол дар январи соли 2012, баъди ҳамагӣ ду моҳи қабули он тамоми ниҳодҳои қудратӣ аз Прокуратураи генералӣ гирифта то вазорати адлияву фарҳангу кмитаи дин ва андоз ба тафтиши ҲНИТ ва созмонҳои он дар саросари кишвар шуруъ карданд. Моҳи майи соли 2012 Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки ҲНИТ ба маблағи 20.000 сомонӣ ҷарима шуд. Дар як суҳбати расонаияш Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ мегуяд: «баъд аз таҳқиқи семоҳаи фаъолияти ин ҳизб дар саросари кишвар аз сӯи мақомоти тафтишотӣ ва идораи андози кишвар, бархе аз нуқсонҳо дар пардохти молиёт ошкор шудааст. Мақомот дар заминаи фаъолиятҳои молии ин ҳизб, аз ҷумла дар пардохти носаҳеҳи молиёт (андоз) камбудҳо ошкор кардаанд ва роҳбарияти ҳизб бар ин натиҷа расидааст, ки маблағи ҷаримаро бипардозад. Вале бо ин ҳол Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси ҲНИТ, гуфт, интизор меравад даъвои ин ҳизб бар алайҳи Додситонии кулл ҷиҳати нодуруст даст ба тафтишоти фаъолияти ҳизб задани ин ниҳод дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар рӯзҳои наздик оғоз шавад.»
Албатта, додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе мавқеи Прокуратураи генералии Тоҷикистонро дуруст ҳисобида шикояти ҲНИТ аз болои он ҷиҳати бекор намудани қарори ҷаримаро рад кард.
Зарбаи дигари сахту сангини ҳукумат ба ҲНИТ дар интихоботи президентии соли 2013 сурат гирифт.
Вале то интихоботи соли 2013-и раёсати ҷумҳурӣ ва ҳатто қабл аз интихоботи парлумонии соли 2010 Раҳмонов бо ҳар баҳона ба манотиқи пойгоҳи иҷтимоии ҲНИТ водии Қаротегин ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон на як бору ду бор юришҳои ҳадафмандонаи низомӣ анҷом дод ва масъулияти ин муноқишоти хунин, аз ҷумла нооромиҳои солҳои 2009, 2010 ва 2011 дар водии Рашт ва 2008,2012,2014 дар ВМКБ-ро бори фармондеҳони дар гузашта вобастаи ҲНИТ – Мирзо Зиёев ва Шайх Неъмат дар Тавилдара,Мулло Абдулло РаҳимовваАловиддин Давлатов дар Рашт ва Имомназар Имомназаров, Толиб Аёмбеков, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров карданд. Ҳамаи ин фармондеҳони собиқ дар ин набардҳо дар Рашт кушта шуданд, вале ин ҳама низоъҳоро ҳукумат баъдан, замоне мурофиаи додгоҳии ҲНИТ-ро дар соли 2015 шуруъ кард бар алайҳи ҲНИТ истифода кард, агарчи ҲНИТ мукарраран эълон мекард, ки дигар ҳиҷ гуруҳ ва ё фармондеҳи ҷангӣ надорад, аммо гумон ва шаки мақомот аз ҲНИТ ҳамчунон боқӣ монд.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 номзади ҲНИТ муваффақ ба ҷамъоварии имзо ҷиҳати сабти ном нашуд. Бархе бар ин назар шуданд, ки «дар интихоботи президентии ноябри соли 2013 210 000 имзо ҷамъ оварда натавонистани ин ҳизб барои сабти номзадаш ҳам нисбат ба солҳои қабл хеле заиф шудани ҲНИТ-ро ба намоиш гузошт ва мақомотро нисбат ба он далертар кард. “
Ва, аммо дар муноқишаи хунини соли 2012 дар Хоруғ-маркази ВМКБ ҳукумт чанд нафар аз масъулони ҲНИТ ба шумули раиси вилоятии он Сабзалӣ Мамадризоеви 32 соларо бо тири тактирандоз ба шаҳодат расонд ва худи ҳизбро бошад, баъдан, дар мурофиаи додгоҳии ҳизб, ки ба таври пушида сурат гирифт, муқассир шумурд. Дар айбномае, ки баъдан Прокуратураи генералӣ алайҳи ҲНИТ эълон кард, он ҳодиса чунин тафсир карда шудааст: «Таҳлилҳо нишон доданд, ки аъзои ин ҳизб дар аксар минтақаҳои кишвар фаъолият намуда, барои нооромии авзои сиёсй ва барангехтани кинаю адовати миллй мусоидат намудаанд.
Чунончи, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Ш.Е. ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятй шомил шуда, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, бо истифодаи силоҳи оташфишон-автомати тамғаи «Калашников» ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додааст.
Карамхудоев Ш.Е. барои содир намудани амалҳои ғайриқонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятй, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зӯроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндагони ҳокимият ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми Суди Олӣ аз 10 майи соли 2013 ба муҳлати 18 сол аз озодй маҳрум карда шудааст.
Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалй 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, аз ӯ автомати тамғаи «Калашников» ва таппончаи тамғаи «Макаров» ёфта гирифта шудаанд».
Ва, аммо маъракаи матбуотии алайҳи ҲНИТ, ки дар раъси он шахсан худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳузур дошт, то интихоботи парлумонии марти соли 2015, ки ин бор барои ҲНИТ ҳатто як ҷойро ҳам қоил нашуд ва баъди он, то замони ба ном кудетои ҳоҷӣ Ҳалим дар сентябри соли 2015 аз тамоми васоили дар ихтиёрдоштаи ҳукумат ба роҳ андохта шуд.
Дар масоҷид руҳониёни расмӣ ошкоро даъват ба бастани ҲНИТ мекарданд. ҲНИТ то чанд вақт ба мавзуъи асосии мавъизаҳо дар масоҷиди саросари кишвар бадал шуда буда буд. Яъне Протколи 32-20 амалан ба марҳалаи ниҳоии худ мерасид.
Рузи ҷумъаи 27 марти соли 2015, ҳануз як сол ҳам нагузашта аз анҷоми интихоботи парлумонӣ, ки гуфтем ин бор барои ҲНИТ ҳатто як мандат ҳам қоил нашуданд дар намози ҷумъаи масоҷид масъала ва мавзуъ якто буд, даъват ба бастани ҲНИТ. Хабаргузориҳо, аз ҷумла радиои Озодӣ навишт, ки домулло Сайидакбар, муовини муфтии Тоҷикистон, дар хутбаи намози ҷумъааш гуфт, ҳоло зарурате барои вуҷуд ва фаъолияти ин ҳизби исломӣ намондааст. Дар хутбаи ӯ ва, ҳамин тавр, имомхатибони дигар дар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз намозгузорон хоста шуд, то дастҷамъона ба ҳукумат муроҷиат кунанд, ки мақомот роҳҳои қонунии бастани ҲНИТ-ро пайдо намоянд. Ва ,аммо пешниҳоди сахтару сангинтареро Мулло Абдураҳим, собиқ қумандони ҲНИТ ва дар гузашта яке аз масъулони асосии ҲНИТ дар вилояти Кулоб ироа дошт. Вай гуфт ,ки ҲНИТ баста ва бадтар аз ин террористӣ эълон карда шавад. Мулло Абдураҳим, ки бо номи Раҳим Каримов ва ба унвони устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон Дар як семинаре таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ширкат ва зимни суханронӣ даъват кард, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ ва созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон шавад.
Албатта, ҲНИТ ин ҳама сарусадоҳоро бепосух нагузошт.
ҲНИТ бо нашри як баёния иқдоми ахири мақомот ва пешниҳодҳо барои қатъи фаъолияти ин ҳизбро “мухолиф ба Қонуни асосӣ” ва “хатарнок барои сулҳу субот” дар кишвар донистааст.
Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон садо додани пешниҳодҳо дар бораи бастани ин ҳизби сиёсӣ аз сӯи бархе аз доираҳои динии кишварро “фитнаомез” ва “мухолиф ба Қонуни асосӣ ва Созишномаи сулҳ” номид. Масъулони ҳизб рӯзи 30 марти соли 2015 бо пахши як изҳороти расмӣ гуфтанд, бардоштани ин масъала “барои миллат ва давлат оқибатҳои хуб нахоҳанд дошт”.
Радиои Озодӣ аз қавли Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсӣ ва сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” ,нашрияи расмии ҲНИТ, навишт, “фаъолияти ҳизби сиёсии характери динидошта меъёри конститутсионӣ буда, натиҷаи як тафоҳуми миллӣ ва омили сулху ваҳдат дар кишвар аст.” Ба қавли ӯ, “ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун як нерӯи муътадили сиесӣ эътироф шудааст.”
Ва аммо маърака ва корзори таблиғотӣ барои бастани ҲНИТ баъди як суҳбати матбуотии шоир Бозор Собир, ки акнун аз хориҷа ба ватан омада буд дар тамоми кишвар обороти тоза гирифт. Бозор Собир пешниҳод кард, ки ҳукумат ҲНИТро бубандад, чунки вуҷуди ҲНИТ монеаи рушд аст. Ин суҳбати расонаии Б.Собир, ки дар нашрияи «Миллат» мунташир шуд дар тамоми расонаҳои чопииТоҷикистон, то нашрияҳои шаҳру ноҳияҳо бознашр гардид. Маълум буд, ки дастур аз боло аст. Беш аз ин мубтакири ин амалу моҷаро, нашрияи «Миллат» як мизи гирдеро дар робита ба масъалаи бастани ҲНИТ, ки ин нашрия онро «як воқеият» талаққӣ мекунад доир кард. Албатта, ҳама назару ақидаҳои баёншуда дар ин маҷлисро намешавад, инҷо овард. Вале порае аз суҳбати Сайидумар Ҳусайнӣ,муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили собиқи Маҷлиси намояндагон ва ҳоло яке аз бандиёни бо ҳукми абади ҲНИТро инҷо меоварем:
«Дуруду салом бар ҳама аҳли нишаст. Инҷо зикр карданд, ки мухбирҳо аз оқои Бозор Собир пурсиданд, ки дар бораи мусалмон будан ё набуданатон мавқеъатон маълум аст, аммо дар бораи ҲНИТ мавқеъатонро маълум кунед ва Бозор Собир изҳор доштааст, ки агар аз ман вобаста мебуд, ҳамин ҳизби наҳзатро комилан мебастам. Ҳамагон медонем, ки устод Бозор Собир мавқеъи худашро дар мавриди мусалмон будан ва набуданаш ошкор ва ҳувайдо гуфтааст, ки дигар барои фаҳмидан зарурат боқӣ намемонад. Танҳо ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки касе ошкоро аз ин дин берун будани худашро қабул дорад ва ягон суннату меъёрҳои ин динро қабул надорад, ҳатман ӯ ҳизберо, ки дар асоси ин дин поягузорӣ шудааст, онро ҳам қабул надорад. Ин амри табиие аст, ки ҷои тааҷҷуб надорад, аз ин ки чун ҲНИТ дар асоси ақидаи исломӣ поягузорӣ шудааст, Бозор Собир мехоҳад, ки он баста шавад. “
Аз ҷониби дигар устод Бозор Собир, воқеъан як шоири шинохтаи тоҷик аст ва ҳамагон дар тӯли таърих медонанд, ки шуъаро касоне ҳастанд, ки аслан ба умури сиёсӣ зиёд дахолат надоранд ва аз умури сиёсӣ гурезон ҳастанд. Бинобар ҳамин, мавқеъи шахсии Бозор Собир, дар умури сиёсӣ мавқеъи ниҳоӣ ва мустаҳкаме ба шумор намеравад. Аз ҷониби дигар Бозор Собир касе аст, ки дар тӯли солҳои ахире, ки ҳамагон шиносоӣ доред, мавқеъи худро хеле ва хеле тағйир додааст. Ман ёд дорам, замоне пеш аз ин ҳаводисе, ки дар кишвар ба вуҷуд омада буд, ӯ бори аввал дар нахустин сафаре, ки ба Ирон дошт, баъди бозгашт аз он ҷо бо тамоми вуҷуд Ҷумҳурии исломии Иронро васф кард ва ҳамаи Тоҷикистонро даъват карда буд, ки ягона наҷоти шумо дар Ислом аст. Ва як замоне шунидем, ки он кас бисёр мухолифати шадид ба сиёсати Ирон кард. Баъдан ба Амрико рафт, як вақт бар зидди Амрико ҳам гап зад. Ҳамин тавр, имрӯз бар зидди ҲНИТ ва бастани он овоз баланд мекунад. Ҳама тааҷҷуб аз он карданд, ки мавқеъи устод Бозор Собирро ҳукумат барои худ як меъёр қарор дода ва дар пушти шонаҳои устод Бозор пинҳон шуданду он ҳадаферо, ки дар дохили худ доранд, ҷуръати ошкор гуфтанашро надоранд ва аз номи устод Бозор онро дар нашрияҳои ноҳиявӣ чоп карданд. Тааҷҷуб дар ҳамин аст. Вале аз мо рӯзи аввале, ки ин ҳодиса рух дода буд, пурсиданд, мо гуфтем, ки аввалан хурсанд аз он ҳастем, ки ҳамин газетаҳои ноҳиявӣ, ки дар як сол як бор ё чанд боре чоп мешаванд, ба хотири ҲНИТ ва ҳамин мақола як бор рӯи чопро бубинад, барои кормандҳояш ҳам як музди меҳнат мешавад. Ва ин ҳам як шарафест ва як хидматест аз сӯйи ҳизби наҳзат ва Миллат». “Мизи гирди баргузор намудаи Миллат”
Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ», ки ин силсиламатолиби моро мутолиа ва пайгирӣ мекунед, дар ҳаминҷо ин бахш, бахши аввали Давраи панҷумро ба поён мебарем. Дар бахши дуввуми даври панҷум талошу фаъолияти иғвоангезона ва дасисакоронаи Раҳмонов ва масъулони сохторҳои низомии вайро барои бадном ва бастани ҲНИТ идома медиҳем. Аз он хоҳем гуфт, ки агар дар воқеъ устод Муҳиддин Кабирӣ аз раёсати ҲНИТ мерафт, Раҳмонов онро ором мегузошт?. Чаро дар Кулоб Муҳиддин Кабириро тухм ва помидоршапак карданд. Мақомот боз аз чи василаҳое барои барандохтани ҲНИТ аз арсаи сиёсӣ истифода карданд ва кудетои ҳоҷӣ Ҳалим илоҷи охари Раҳмонов бар муқобили ҲНИТ буд… ва амсоли ин.
Поёни бахши аввали давраи панҷум, давом дорад…