«Эй, бародари азиз! Хуш ба номат, ки аз номат инҳо ин қадар дар тарсу ваҳшат афтодаанд. Номи туро мешунаванд, баданашон дар ларза меафтад, номи туро мешунаванд, эзорашонро тар мекунанд, номи туро номи «статя» кардаанд. Хуш ба номат, хуш ба ҳолат»!
Хуҷанд
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародари азиз, муборизи ҷонфидо ва ҳақгӯву ростқавл домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Илтимос, ҳамин номаи маро алоҳида нашр намоед. Нома аз Хуҷанд- ситӣ нависед.
Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин,шуморо Аллоҳи таборак ва таъоло дар паноҳаш нигаҳ дорад. Худованди меҳрубон ва бахшоянда ин дунё ва охирататонро обдод гардонад.
Ман гуфтаниҳо зиёд дорам. Ҳоло аз он шурӯъ мекунам, ки дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба сари онҳое, ки аз муҳоҷирати корӣ бармегарданд, чи ҳодиса мегузарад?
Вақте аз Русия ба Хуҷанд меоед телефонро дар аэропорти Хуҷанд проверка мекунанд. Мепурсед, ки барои чӣ? Барои онки мабодое ту дар Ютуб амри маъруф ё Муҳаммадиқболи Садриддинро дида бошӣ. Барои ҳамин кормандони мақомоти амнияту милисаи фурудгоҳи Хуҷанд ҳамаро яксара проверка мекунанд. Инҳо аз Аллоҳи меҳрубон наметарсанд вале аз амри маъруф ва Муҳаммадиқболи Садриддин метарсанд. Астағфируллоҳ, ло ҳавла вало қуввата илла биллаҳ.
Қисса кӯтоҳ ман чандин сол ба ин тараф Ватан нарафта будам. Вале аз рафтанам пушаймон шудам ва дилам аз уқёнуси яхбастаи шимолӣ ҳам хунук гашт. Мепурсед чаро?
Якум: масҷид меравӣ, пешвои миллат гӯйи сар мешавад.
Амри маъруф, астағфируллоҳ, пешвои миллат. Пешвои миллат на Муҳаммади мустафо, пайғамбари гиромиқадри мо, балки Эмомалӣ Раҳмонов аст;
Дуввум: риш мондан вообше проблема, кошмар аст. Риш дошта бошед, фарқ надорад, ки кӯтоҳ аст ё баланд, проверкаи шумо сахттар мешавад:
Сеюм: сатри аврати занҳо ҳам бениҳоят масалааш проблема ҳаст. Як зан ҳамроҳи мо буд, ки дар сар рӯмоли калонтар дошт. Ӯро хело ҳам сахт кофтукоб карданд, утоқи алоҳида бурданд, занҳои пограничник тафтишаш карданд. Он зан зери обу арақ монд бечора, танҳо барои онки рӯймолаш калонтар буд.
Чаҳорум: нарху навои продуктаҳо бисёр ҳам гарон, ҳатто назар ба Русия. Чанд рӯзе, ки Хуҷанд будам, як илоҷ карда зиндагӣ кардем, дурустараш рӯз гузарондем.
Лекин вақте баргаштам ба Русия дар аэропорти Хуҷанд кино сар шуд. Агар мусофири тоҷик шаҳрвандии Русияро дошта бошад минималний сумма 500 сомонӣ. Барои чӣ? Барои онки ту бояд внутренний паспорти тоҷикиро нишон диҳӣ. Агар надошта бошӣ ставкаи камтарин аз 500 сомонӣ сар мешавад. Корманди аэропорт бо лаҳҷаи ҷануб мегӯяд: «мада фарқ надора, хо акат, хо тағат, хо пешвотда занг бза, ҳамин 500 сомониро медиҳӣ меравӣ Русия, набошам аз роҳут мегардонумут».
Ному насаби ин корманди аэропортро намедонам. Чунки чандин сол аст ки дар Хуҷанд нестам.
Бародар Муҳаммадиқбол, аммо ман ҳайрон шудам, ки корманди аэропорт пешворо вообше признават намекунад, 100 % қоил шудам. Лекин он домуллои масҷид ва халқи бечора пешвои миллат гуфта гӯё иззату эҳтиром нишон медиҳанд. Аммо ин пешво сивусе сол мешавад миллатро сарсону саргардону дарбадару муҳоҷиру хору залил карда гаштааст.
Ман аз Аллоҳи меҳрубон мехоҳам, чи хеле, ки мақомоти тоҷик халқро сарсону саргардон ва хору залил кардаанд, ин дунё ва он дунёяшонро хору залил гардонад. Омин!
Дар ёдам ҳаст, ки соли 2003 ё 2004 дар аэропорти Хуҷанд терминали нав сохтанд. Ин терминал, аз тарафи соҳибкори хуҷандӣ бо кличкаи Нур, номашро намедонам, сохта шуда буд. Нур беҳтарин соҳибкор буд. Корхонаҳо, мағоза ва заправкаҳои газ ҳам дошт.
Аммо баъди примерно соли 2010 Раҳмонови гурусначашм ва коргаронаш ҳама чизу чора ва тиҷоратҳои ӯро кашида гирифтанд, ғасб намуданд. Ҳозир Нур дар куҷо аст номаълум. Баъзеҳо мегӯянд, ки дар Русия, баъзеи дигар мегӯянд, ки дар Хитой ва боз ин гапҳо ҳам ҳаст, ки дар Аврпуост ва дар ҳамонҷо фаъолияташро карда истодааст.
Аммо ҳозир раиси фурудгоҳи Хуҷанд нафаре бо номи Қурбон будааст, ки мегӯянд бо Таҳминаи духтари Раҳмонов қудо мебошад. Ин Қурбони Қиҷил ҷойи онки фурудгоҳро обод кунад, дар чандин миллион ба Майрами ба гуфтаи шумо гӯрсӯхта ҳайкал гузошт. Ман ҳайронам, ки ҳайкали Майрами гӯрсӯхта ба фурудгоҳ чи дахл дорад? Майрами гӯрсӯхта лётчик буд чӣ? Ва ин ҳайкал боз дар Хуҷанд. Баранду дар назди фермаи Данғара гузоранд намешуд?
Мардум мепурсад, ки ин Раҳмонов кай сер мешуда бошад? Ҳама тиҷорату ҷойҳои асосии Хуҷандро ба хешу таборонаш ба зӯрӣ гирифта додааст. Ҳатто бозори Панҷшанбе Хуҷандро мегӯянд, ки ба Ҳасани ишкамбаи додарарӯсаш гирифта додааст.
Вақте Раҳмонов дар соли 1994 номзадиашро бори аввал ба президентӣ гузошт ба Хуҷанд омад. Аслан ба вай кам овоз дода буданд, надода буданд гӯем ҳам мешавад. Фақат як гурӯҳи мансабдорон ва Ҳомидову тарафдоронаш овоз доданду халос. Мардуми Хуҷанд ба вай маҷбурӣ овоз медиҳанд .Абдуҷалил Ҳомидов, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, лидери онватқи вилоят, яъне раиси вилоят буд.
Раҳмонов ба вай курсии сарвазириро ваъда мекунад. Ин Ҳомидов ҳатто бо вертолёт коғаз тақсим мекунад, ки мардуми Хуҷанд ба Раҳмонов овоз диҳанд. Лекин баъд аз бо фиреб президент шудан Раҳмонов Ҳомидовро тюрма кард. Вай чанд сол гирифт дақиқ намедонам, аммо дар тюрмаи Ваҳдат- Кирпичний зиндонӣ буд. Дар онҷо ӯро, ки то баромаданаш вақт кам монда буд, ё укол мезананд ё заҳр медиҳанд, ки вафот кард. Ҳомидов бо Абдумалик Абдуллоҷонов қудову анда шуда буданд. Ин қудоии онҳо пеш аз омадани Раҳмонов буд.
Дар он интихобот халқ ба Абдумалик Абдуллоҷонов овоз дода буд, лек он вақт Ҳомидов бахилӣ кард, чи коре кард, чи шуд намедонам, ки Раҳмоновро гузарониданд.
Он вақт Абдумалик Абдуллоҷонов гуфта будааст, ки агар президент шавам, халқ кор накунад ҳам даҳ сол ба зиммаи худ мегирам. Ин гапро аз калонсолон шунида будам.
Э, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Бовар кунед, ки халқи Тоҷикистон аз дасти ин Раҳмонови золими гурусна ва диктатор от души сарсону саргардон аст, чи дар дохил ва чи дар хориҷ.
Шояд, фикри дигар кунед, аммо ман очиро, ки дар се ҳафтаи дар ватан будам дидаму ҳис кардам, мегӯям, ки мардум ба шумо сахт бовар дорад. Бовар дорад, ки як рӯз не як рӯз бармегардеду мардумро аз зери юғи ин номарди касофати палид ва дудмони бехосияташ наҷот медиҳед.
Инҷо, дар ватан вазъият беҳад вазнин аст. Мардумро мурғ кардагианд. Ҳеҷ гоҳ хуҷандиҳо ва Хуҷандро ба ин вазъу ҳол надида будам.
Корманди милиса, амният, прокурор, налог, суд, ҳатто ГАИшникҳои қади роҳ 100% набошад ҳам 80% фоиз аз маҳалли барои ҳама маълум. Барои инҳо доштани ҳуҷҷат, қоидавӣ будани ҳамаи аснод хуш намеояд, балки рӯирост мегӯянд, ки «ҳуҷҷатта задагиюм»,…Он тарафашро фаҳмидед. Бахудо инҳо Раҳмоновро ҳам задагӣ, Рустамро ҳам задагӣ, Озодаро ку тамоман, давлату ҳукуматашонро давним давно. Инҳо инҷо на дар фикри қонун, на тартибот ва на ҳиҷчи, фақат пулу пулу пул.
Ман ҳайрон шуда истодаам, ки Раҳмонов дар Душанбе масҷиди калон ва Донишгоҳи исломӣ сохт, лекин ҳиҷоб ва риш манъ аст. Инҳоро чи хел фаҳмидан мумкин?
Ман риши дароз надоштам. Маро бурданду то 5000 рубл нагирифтанд, сар надоданд, барои ҳамин риши кӯтоҳам. Вақте фурудгоҳ фаромадам ҳам риш доштам, аммо надоштанд. Вале вақте дар мошини як бародар шаҳрро сайр ва тамошо мекардем ГАИҳо доштанд ва маҷбурӣ отдел бурданд ва дар роҳ тарсу таҳдидро сар карданд. Телефони мобилиамро гирифтанд. Якеаш ба ҳамин забони барои ман нофаҳмову дағал пурсид, ки «сағра намоз мехонӣ»? Вақте фаҳмид, ки намозамро тарк намекунам, пас телефонамро гирифту ба кофтан сар кард. Канали Ютуб даромаду гуфт, ки ту бо Муҳаммадиқболи Садриддинро тамошо мекардаӣ, бо вай алоқа дорӣ? Гуфтам алоқа надорам. Хуллас таҳдиду шатаж карданд. Он рафиқам ба ман фаҳмонд, ки як бало куну пул деҳ, агар отдел баранд статя зада ҳабсат мекунанд. Маҷбур 50.000 деҳ 5000рублӣ дода халос шудам. Таҳдид карданд, ки статяи Муҳаммадиқболи Садриддин мезанем, ту бо хоинҳои Ватан ҳамроҳ шудаӣ, гуфтанд.
Баъд, вақте аз дасти ин ГАИШникҳо халос шудем он бародари ронанда, ки дӯст ва ҳамсояи даврони бачагиам мебошад, ҳикоя кард, ки дар ҳамин фасли баҳори имсола як бародар ҳамроҳи оилааш аз Санкт-Петербург Хуҷанд рафт. Ӯро дар 6-ой отдели Хуҷанд бурда гунаҳкор эълон карданд. Статяи Муҳаммадиқболи Садриддин-307ро задандки гӯё вай ба Муҳаммадиқболи Садриддин пул перевод кардааст.100 ё 150 рубл. 6 сол зиндонаш карданд. Он одам се кӯдак дошт. Акнун он се кӯдаки вайро кӣ нигоҳубин мекарда бошад?
Ман чӣ гуфтаниам?
Эй, Раҳмонови алайҳилаъна! Ту бо Муҳаммадиқболи Садриддин бозӣ кунӣ ҳам бо Аллоҳи меҳрубон ва дини ислом бозӣ накун. Валлоҳӣ қасам, ин Аллоҳи меҳрубон ҳамин хел мезанадат, ки хабар намеёбӣ, задани Худо садо надорад. Ин корҳои ту як рӯз не як рӯз дунё ва охирататро ҷазир мекунад. Так что имей ввиду Раҳмонов.
Рӯзи қиёмат, ки ту бовар надорӣ, Ин шо Аллоҳ миллати азизи тоҷик, аз ҷумла худи ман ба ту шоҳидӣ медиҳам, барои зулму ситаме, ки ту болои ин миллат бо мақомотат кардаӣ. Раҳмонов, ту дар таги дуъои бади миллат мондагиӣ.
Эй, мардуми азиз, хоини ватан худи Раҳмонов аст. Вай ба миллат ва ватану давлат хиёнат карда истодааст.
Ё Аллоҳи меҳрубон миллати азизи пурсабрамро пирӯз гардон».
Охирсухан
Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ». Бо дархости ин бародар, ки устоди яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи Русия аст мо рубрикаи наверо таҳти унвони «Номаи маро «Ислоҳ.нет» нашр кунед!» дар сомонаи Ислоҳ ҷо додем. Ҳар аз гоҳе, чунин номаҳо ба дастамон расид, ки масъала ва мавзӯғи доғ матраҳ ва муаллиф дархости нашри алоҳида карда бошад, зери ин рубрика мунташир мекунем. Аммо номаи шумо бояд мукаммал ва пурра бошад.
Ва ,аммо, ин хатту хабарҳо, ки бо баҳонаи алоқа ва переводи пул ба банда-Муҳаммадиқболи Садриддин, чандин нафарҳоро зиндон карданд, барои мо аз чанд вақти пеш расидааст ва мо дар барномаҳоямон дар ин бора гуфта будем. Ин як баҳонае аст ба дасти мақомоти Раҳмонов, ки гӯё шарики хонини ватан ва террористеро ошкор карданд. Агар он нафар пул диҳад озод, пул надиҳад зиндонаш мекунанд. Бале, аз ин гуна ҳолатҳо мо огаҳӣ дорем. То имрӯз ягон нафар аз он бародарон ва хоҳароне бо Ислоҳ ҳамкорӣ доранд дар ҳеҷ ноҳияе боздошт нашудаанд.
Аммо, бидонед ва огоҳ бошед, нафаре хоини ватан аст ки бо танку туп ва зӯри аскару афсари хориҷӣ ҳукуматро ишғол карда бошад, замини мамлакатро фурухта бошад, артиши кишвари бегонаро барои ҳифзу бақои курсии худаш дар ватан ҷо дода бошад, садҳо, ҳазорҳо, балки миллионҳо мардумонашро ночор карда бошад, ки барои пайдои ризқу рӯзӣ дар кишварҳои дигар муздурӣ кунад, бачаву духтару домоду тамоми аҳлу авлодашро ба сари ҳокимият оварад ва аз ҳисоби пули халқ барои онҳо айшу ишрат таъмин кунад, аз курсии қудрат наравад ва Қонуни асосиро мисли уребча-памперс тағйир дода худро умрбод раиси давлат созад, ҳукуматро меросӣ ва оилавӣ кунад, роҳи мардумро пулакӣ кунад ва пули он роҳро ба ҷайби худаш занад, масҷиду мадрасау дину муллову тамоми муқаддасоти мардумро хору таҳқир кунад,зиндонҳоро аз мардуми бегуноҳ пур созад,…магар ман Муҳаммадиқболи Садриддин кадоме аз ин корҳоро кардаам?
Агар чанд нафаре барои пешрафти кори мубориза кӯмак кард, ки хеле вақт аст қатъ шудааст, ба корҳои Раҳмонов мешавад муқоиса кард?
Раҳмонов барои сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, синфхона, роҳ, сохтмони майдони Парчам ва Герб ва ҳатто бинои Ҳизби халқии демократӣ, ки кори ҳукумати вай аст, пул мегирад. Дар садҳо нома мардум аз тамоми ноҳияҳои кишвар аз ба зӯр ва маҷбурӣ пул гирифтани Раҳмонов ва мақомоти вай навиштанд. Худи Раҳмонов дар Паёми ахираш гуфт, ки дар се соли ахир мардуми бонангу номус 5 миллиард сомонӣ, таваҷҷуҳ кунед-5 миллиард сомонӣ барои «ободонӣ» харҷ карданд. Эй,Худо туро бигирад. Ин пулҳоро мардум бо хоҳиши худ надодаанд, ту онҳоро бо зӯр ситонидӣ, аммо онҳо, ки барои мубориза чанд рубле бо майл иродаи худ гузарониданд, касе онҳоро маҷбур накардааст, талхакаф шудӣ.
Вақте ту ин миллиард миллиардро аз мардум базӯрӣ ва шантаж мегириву аз номи худат гӯё «ободонӣ» карда истодаӣ, ту хоини ватан ҳисоб намешавию ман хоини Ватан бишавам?
Хуб медонӣ, ки барои сафарҳои ту ба ноҳияҳо миллион- миллиони мардум ба ҳаво меравад. Ҳатто аз подабон, ҳатто аз сапожник, ҳатто аз сартарош пул ҷамъ мекунанд. Аз муҳоҷирҳои меҳнатӣ барои сфарҳои ту пул ҷамъ мекунанд. Ку, бигӯ, ки бо ин вазъу ҳол кӣ хоини Ватан аст? Ман хоини Ватан ё ту?
Чаро худи Раҳмоновро барои пул пурсиданаш аз мардум, барои ба иҷбор, хонабахона гаштанаш хони Ватан намегӯем?
Бори дигар мегӯям, ки агар барои мубориза кӯмаке карданд бо майлу иродаи худ карданд, аммо ту бо истифода аз зӯри давлат,бо таҳдиду тарсонидан пул меситонӣ! Ин аст яке аз садҳо хиёнат ва ҷинояти ту.
Мардум хуб медонад, ки хоини Ватан дар асл туӣ. Ин шо Аллоҳ статяи 307-ро, ки статяи Муҳаммадиқбол ном додаӣ, статяи Раҳмонов хоҳад шуд!
Раҳмонов ту заминро ба Хитой надодӣ?
Ту роҳи мардумро пулакӣ накардӣ?
Ту масҷидҳоро набастӣ?
Ту азонро мамнӯъ накардӣ?
Ту сарватҳои ватанро нафурӯхтӣ?
Ту ҳукуматро оилавӣ ва маҳаллӣ накардӣ?
Ту фасоду ришватро ривоҷ надодӣ?
Бидон ва огоҳ бош, ки хоин ва хиёнаткори Ватан ту ҳастӣ, на ман, Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ҳайкали Майрам шикаста, портеретҳоят барчида, китобҳои ҷаълиат сузонда, хонаат ғамхона мешавад.
Успет кардӣ мегурезӣ, вагарна на ту, на Рустам, на Озода ва на ин оилаи яъҷуҷу маъҷуҷат беҷавоб нахоҳед монд. Онгоҳ мефаҳмӣ, ки хоини Ватан кист?
Ман барои онки воқеиятҳоро мегӯям, ман барои онки пардаи дурӯғро аз сару рӯи ту мекашам, ман асли вуҷуди туро менамоёнам, ту маро статя зада, ана барои чи ту маро хоин мегӯӣ.
Ҳоло фикр кардӣ онҳоро, ки статя зада зиндон кардӣ, мардум тарсид. Мардум метарсид, самти мо, сӯи мо намеомад, ин гуна наменавишт.
Ин тарс табдил ба танаффур шудааст. Танаффуре, ки ҳаррӯз меафзояд. Танаффур аз ту, аз ҳукумати ту, аз бачаи ту, аз духтарони чилшӯяи ту. Бале, ту хуб медонӣ, ки поёни ту поёни хуш нест. Ба бӯи ин статя нашав. Ҳолу рӯзи Нурсултон Назарбоев, ҳолу рӯзи Қурмонбек Боқиев, ҳолу рӯзи Чаушеску, ҳолу рӯзи Саддом, Ҳолу рӯзи Қаззофиро фаромуш накун!.
Яқинан, хоини Ватан туӣ!