Ҳиҷоб тоҷи бандагии зан аст

Ислоҳ нет

Дил назаргоҳи Таолост, кафи санг макун,

                                                     бо Худо ҷанг макун,
  Ҷон ба имон бинавоз, ойина пурзанг макун,  
                                                            бо Худо ҷанг макун.
  Тибқи фармони Худо, амри китоб омадаам,  

                                                                 ба ҳиҷоб омадаам,
  Чашми дидан битавон, чеҳра пурожанг макун, 
                                                                   бо Худо ҷанг макун.
   Амри шаҳ воҷиб, агар амри шариат бошад,

                                                              пайки иффат бошад,
   Дасти нопок ба сатри сари мо чанг макун,

                                                         бо Худо ҷанг макун.

Мисраъҳои шоираи фидокор Шифо Саидиро ҳусни оғози ин матлаб қарор додем. Зеро имрӯз воқеан ҳам боиси нигаронист, ки ҳукумати кишвар бо тамоми ниҳодҳояш бар зидди ҳиҷоби модарону хоҳарон мубориза дорад. Нанговар аст, ки имрӯз як “артиш”-и бузург алайҳи ҷинси латиф зан-модар ҷанг эълон кардааст…


Ин рисолаи хурдакакро менависам барои дифои шумо бонувон ва ҳиҷоби шумо, ки тоҷи саратон аст…   
Менависам барои модарам, ки ба ман дарси покӣ омӯхтаанд.
Барои ҳамсарам, ки зери сояи ҳиҷобаш нафас мекашам.
Барои хоҳараки азизам, ки  тул чанд соли охир надидамаш ва ҳама тозиёнаи танқиду таҳқирро қаҳрамонона таҳаммул дорад, аммо ҳиҷоб аз сараш наяфтод. 

Ба хотири хоҳарбузургони гиромиям, ки дуогӯи ман ҳастанд.

Ва барои ҳар зане, ки дар пӯшидану напӯшидани ин фаризаи илоҳӣ ҳайрон мондааст.


Умедворам, ки ин ҳадяро аз ман ба ҳайси ёдгорӣ мепазиред.
Ҷавондухтаре аз хобгоҳ ба самти донишгоҳ мерафт, ки дар тӯли ин масир чандин ҷумлаҳое шунид, ки ба сӯяш хитоб мешуданд:
•Духтари зебо шумораи телфонамро бидиҳам.
•Хонуми нозанин ба манзилатон расонам.
•Зебочеҳра вақт доред ҳамроҳ қаҳва нӯшем.

 

Ин духтари бечораро чунин ҳарфҳо ба шиддат озор медоданд. Аз шунидани ин гуна суханон ҳатто чанд бор тасмим гирифт, ки донишгоҳро тарк намуда, ба маҳалли зисташ бозгардад. Рӯзе аз назди масҷиди зебое мегузашт ва хост ба хонаи Худо даромада, каме ба Парвардигор дарди дил кунад, аз вазъияти ин шаҳри фасод ба Холиқаш шикоят намояд. Ҳангоми ворид шудан дар даромадгоҳ ба ӯ ҳиҷоб пешниҳод карданд, ки бояд онро ба сар гузорад ва одоби масҷидро ба ҷо орад. Духтарак хост ҳиҷобро ба сар ниҳад ва ин ҳангом хоҳари боимоне ба кӯмаки ӯ расид ва ҳиҷобро қоидавӣ ба ӯ пӯшонид. Ӯ вориди масҷид шуд ва чанд  дақиқа бо гиря Худоро муноҷот намуд. Ҷавондухтар дар муноҷот зери лаб замзама карда мегуфт: -Худоё, кӯмакам кун…

 

Духтарак дар аснои ниёиш фаромӯш кард, ки имрӯз дар хобгоҳ маҷлис дорад. Ӯ чун баъди дуо кафи дастонашро ба рӯяш молид, якбора маҷлис ба хотираш расид. Саросемавор аз масҷид баромада, сӯи хобгоҳ шитофт. Имрӯз ҳам мисли ҳарвақта дар кӯчаҳои шаҳр роҳ меравад, вале эҳсос мекунад, ки гӯиё мардуми шаҳр тағйир ёфта бошанд. Касе дигар ӯро бад нигоҳ намекард. Нигоҳи ҳавасолӯде таъқибаш наменамуд. Касе ба ӯ гап намепартофт. Эҳсоси амният мекард. Бо худ гуфт: Магар дуоям мустаҷоб шуданд? Магар имкон дорад, ки “гургон”-и шаҳр одам шуда бошанд? Дар ҳамин лаҳза ба худ омад ва ҳис кард, ки вазъият ранги дигар дорад. Дид, ки ҳиҷоби сарашро ба ҷояш нагузоштааст. Акнун дарк кард, ки сирри ин ҳама тағйирот чӣ будааст? 

 

Оре, ҳиҷоб посбони зан ва монеаи олӯда шудани ҷомеа ба фасод аст. Аз ин рӯ ҳиҷобро модари покиҳо номидаанд. Зеро бардоштани ҳиҷоб аз сари хоҳари мусалмон муқаддимае мешавад барои бардошта шудани ҳиҷоб аз чашмони дигарон. Шоирае чӣ зебо сурудааст:

 

Сатри ман бошад маро меъёри имону шараф,
Ҳамчу марворид зебоям даруни як садаф.
Диди номаҳрам наяфтад лоҷарам бар сӯи ман,
Ифтихорам бошад ин, Заҳро бувад улгӯи ман.

Дар ҷомеаи башарӣ шоҳиди даъвоҳои ба ном “озодихоҳоне” шудаем,  ки  мегӯянд: -Чаро ислом нисбати зан зулм карда, ӯро маҷбур сохтааст, ки ҳиҷоб пӯшад?

 

Қабл аз он ки перомуни ҳикмати воҷибияти ҳиҷоб нависам, мехоҳам дар бораи муносибати тамаддунҳои қадим бо зан чанд нуктаро ироа кунам. 

 

Ҳангоме ки ба саҳифаҳои таърихи маданияти бобулиҳо чашм медӯзем, шоҳиди бадтарин зулми зан хоҳем гашт. Дар тамаддуни онҳо агар шавҳар касеро ба қатл расонад, мувофиқи қонуни ҷиноӣ ба ҷои шавҳар ҳамсарашро қатл менамуданд. 

 

Агар маданияти юнониҳоро, ки бузургтарин тамаддун меноманд, бингарем, аз муносибати онҳо нисбати зан ба хашм хоҳем омад. Онҳо зани хаёлиеро бо номи “Бандора” бовар доштанд ва ӯро сабаби тамоми бадиҳо меҳисобиданд. Дар назди онҳо зан танҳо василае буд барои шаҳватронӣ ва алоқаи ҷинсӣ. Фоҳишагӣ хеле интишор ёфта буд. 

 

Дар тамаддуни румиҳо низ зан ҳатто камтарин манзалатеро соҳиб набуд. Зан танҳо василаи комситонӣ ба шумор мерафт. 

Вақте ки маданияти мисриҳоро мехонем, хоҳем дид, ки зан рамзи бадӣ ва воситаи шайтон муаррифӣ гардидааст.

 

Ҳамин тавр, дар тамоми тамаддунҳо бо зан бадтарин муомиларо раво медиданд ва аз тамоми ҳуқуқаш маҳрум сохта буданд. Ӯ арзише надошт ва фикрашро низ қабул намекарданд. На соҳиби мол буду на мерос мебурд. Ҳатто баъзеҳо инсон буданашро инкор мекарданд ва баъзеи дигар шакку шубҳа доштанд, ки зан аз ҷинси инсон аст ё шайтон. Ҳатто дар худи Нимҷазираи Арабистон чун касе соҳиби духтар мешуд, ӯро зинда ба гӯр мекард, зеро соҳиби духтар будан барои падар ор буд. 

 

Аммо вақте  ки дини ислом омад, маконати занро боло бардошт. Занро шарики мард ва ними ҷамъият қарор дод. Месазад Муҳаммад (с)-ро раиси дифои ҳуқуқи бонувон бихонем.  Дини Муҳаммад (с)  исбот намуд, ки зан инсони шарифу гиромӣ ва дорои ҳуқуқи зиёди инсонӣ аст. Дини ислом занро аз зулми ҷоҳилият озод кард ва ӯро ҳамчун шахсият, зан, модар, ҳамсар, духтар ва узви фаъоли ҷомеа ба шумор овард. Ба ӯ ҳақ дод, ки дониш омӯзад, балки омӯзишро барояш фарз гардонид. Ба ӯ ҳақ дод, ки мерос барад ва соҳиби пулу моли шахсӣ гардад. Фаъолияташро низ дар ҷомеа иҷозат дод, дар ҳоле, ки пештар баромаданаш аз хона ор ба ҳисоб мерафт. Дар интихоби шавҳар низ соҳибихтиёр гардонид, дар ҳоле, ки қаблан иҷборан ба шавҳар мебаромад. 

 

Дуруст аст, ки баъзе мусалмонон имрӯзҳо низ занро аз чандин ҳуқуқаш маҳрум сохтаанд, монанди дониш омӯхтан, кор кардан, ба масҷид даромадан, иштирок дар намози ҷумъа, озодӣ дар интихоби шавҳар ва ғ. Ё тӯли умр ӯро дар хона ҳабс карданд, бо ҳуҷҷате, ки баромаданаш айб аст. Ҳамаи ин хилофи дастуроти дин буда, дар натиҷаи дуруст нафаҳмидани ислом  ба вуҷуд омадааст. 

 

Ба хотири дифоъ аз ҳиҷоби бонувони мусалмон, ки имрӯзҳо баъзеҳо нисбати ин либоси исломӣ шубҳаҳое дар зеҳни мардум эҷод кардаанд, чанд нуктаеро инҷо қайд карданӣ ҳастам. 

Ҳиҷоб тоҷи бандагии зан аст. 
Ҳиҷоб эҳтиром ба муқаддасоти илоҳист.
Ҳиҷоб ҳуҷҷати мусалмон будани занро имзо мекунад. 
Ҳиҷоб яке аз меҳварҳои зиндагии қуръонист.
Ҳиҷоб фаризаест, ки тарки он фурсати қазо надорад.

 

Шоире мефармояд:
Фармони Худо, қавли Набӣ, насси китоб аст,
Аз баҳри занон афзали тоот ҳиҷоб аст. 

 

Дар замони ҷоҳилият ва ҳатто пас аз ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина занон пӯшишро чандон риоя намекарданд. Ҳамаи муфассирон ва таърихнигорон ин матлабро дастгирӣ карда, ояти 33-уми сураи Аҳзоб — ”Ба мисли даврони ҷоҳилӣ бараҳна мабошед”-ро ба ин маъно тафсир кардаанд. Замахшарӣ менависад: “Дар он замон ҷомаҳои занон боз буда, ба гунае, ки гардан, сина ва атрофи он пӯшиш надошт”. (Замахшарӣ, ҷилди 3, саҳ. 231)

 

Дигаре менависад: “Занони он давра дар масъалаи либоспӯшӣ бепарво буданд, рӯсариҳои худро аз пушти сар мебастанд ва ҳатто ҳангоми шир додани тифл ҳам аз назари мардон ҷисми худро намепӯшиданд”. (Муллоҳуиш, ҷ. 6, саҳ. 129) 

 

Ҳамчунин мардону занони араб одат доштанд, ки урён Каъбаро тавоф кунанд ва онро фазилат мешумориданд. (Байҳақӣ, ҷ. 2, саҳ. 223) 

 

Дар чунин муҳите оятҳои Қуръон ва таълимоти Паёмбари ислом (с) дар мавриди ҳиҷоби занон  содир гашт. Дар миёни оятҳое, ки фарз будани ҳиҷобро баён намудааст, ду оят сароҳати бештаре доранд. Яке аз ин оятҳо ояти 59-и сураи Аҳзоб ба шумор меравад. 

 

Худованд дар сураи Аҳзоб мефармояд:

يا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُل لِّأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاء الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِن جَلَابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَن يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَّحِيماً

 

«Эй Паёмбар! Ба занонат ва ба духтаронат ва занони боимон бигӯ, ки рӯсариҳояшонро ба худ фурӯ пӯшанд. Ин наздиктар аст ба он ки шинохта шаванд ва озор набинанд ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст». (ояти 59
       

 

Аз мафҳуми калимаи «ҷилбоб» (рӯсарӣ) ва феъли «юднина» (фурӯ пӯшанд), ки дар оят зикр шудааст, фақеҳону муфассирон ба исбот овардаанд, ки барои занон пӯшонидани сар, сина ва гардан бо рӯсарӣ фарз аст. Аксари онҳо хосатан донишмандони мазҳаби чаҳоргона мӯътақиданд, ки пӯшидани чеҳра лозим нест. (Зуҳайлӣ, ҷ. 3, саҳ. 2087) 
       

 

Ояти дувуме, ки сароҳатан фарзияти ҳиҷобро таъкид мекунад, ояти 31-уми сураи Нур мебошад. Худованд мефармояд:

«Ва ба занони боимон бигў, ки чашми худро аз нигоҳ ба мардони номаҳрам нигаҳ доранд ва шармгоҳи худро низ ҳифз кунанд ва зинати худро (яъне: мавзеъҳои зевар) ошкор накунанд, магар он чи ки табъан он ошкор аст; (яъне: рўю ду каф) ва бояд ки рӯсариҳои худро бар гиребонҳои худ гузоранд ва зинати худро намоён накунанд, магар барои шавҳаронашон ё падарон ё падари шавҳарон ё писарон ё писари шавҳарон ё бародарон ё бародарзодагон ё хоҳарзодагон ё занони [аҳли дини] худ ё он касе, ки молики ў шудаанд ё пайравони онҳо аз ҷинси мард, ки тамоюле ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз асрори занон хабар надоранд. Ва заминро ба пои хеш (ба гунае) накӯбанд, то он чи аз зинаташон пинҳон аст, зоҳир шавад. Ва эй мўъминон, ҳама якҷо ба сўи Худо тавба кунед, шояд наҷот ёбед».

 

Ҳамчуноне ки Худо дар ин оят занонро ба пӯшидани ҷисмашон амр мекунад, ба “зинати ошкор” иҷозат додааст. Ҷумҳури муфассирон “зинати ошкор”-ро чеҳра ва дастҳо (яъне: панҷаҳо то банди даст) маънӣ додаанд. Бо ин далел сурма кашидан ва ангуштарӣ андохтанро барои зан берун аз хона низ ҷоиз медонанд. Ҳамчуноне ки Табарӣ ақволи онҳоро ҷамъбандӣ карда менависад:

 

“Далели интихоби ин назар иҷмоъ аст, ки аз ҷониби фақеҳон барои ҷоиз будани кашфи чеҳра ва дастҳо ва лозим будани пӯшиши бақияи қисматҳои бадан ҳангоми намоз баён шудааст”. (Табарӣ, ҷ. 18, саҳ. 94)  
Ба қавли Ибни Аббос “занон пас аз нузули ин оят гардану синаҳои худро бо рӯсарӣ мепӯшониданд, дар ҳоле ки қабл аз он монанди набатиҳо рӯсариҳоро аз пушт мебастанд”.   

 

Аз нигоҳи Абӯҳанифа пӯшиши қадамҳои зан низ лозим нест. (Андалусӣ, ҷ. 1, саҳ. 95)  
     

 Аз ин ду далели қатъии қуръонӣ ва нигоҳи мазҳаб маълум мегардад, ки ҳиҷоб аз воҷибот ва фаризаҳои ислом мебошад. 
    

 

Дар фиқҳи исломӣ қисми бадани занро, ки кушода будани он назди дигарон ҷоиз нест, аврат меноманд. Миқдори аврати зан ва ҳатмияти сатри он дар авзои гуногуни иҷтимоӣ ва нисбат ба дараҷаи маҳрамият ва бегонагии афрод бо ӯ низ фарқ мекунад.

 

Назди ҷумҳури фақеҳон бадани зан барои мардони бегона – номаҳрам ва ҳамин тавр занони номусалмон ба ҷуз чеҳраву дастҳо боқӣ аврат аст, вале барои занони мусалмон, ки бо ӯ фарҳанги динии яксоне доранд ва ҳамин тавр барои маҳрамҳояш, ба монанди падар, бародар, амак ва амсоли инҳо дар он тахфифе сурат гирифтааст ва мумкин аст сару гардан ва ё бозувонаш назди онҳо кушода бошад. Ҳеҷ ҷое аз бадани зану шавҳар барои якдигар аврат ба шумор намеравад. 
      

 

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки мегӯяд: —Худованд  занҳои ансориро раҳмат кунад! Қасам ба Худо, ки беҳтар аз онҳо касеро надидаам. Вақте ки сураи Нур нозил шуд, мардон ба хонаҳояшон шитофтанд, то онҳоро аз нузули ояти ҳиҷоб  хабар диҳанд.
    

 

Хоҳарам ту нисбати онҳо чӣ гумон дорӣ? 
   Оё баъди шунидани ин амри илоҳӣ ба назди Паёмбар (с) шитофтанд, то ки огоҳии бештар пайдо кунанд ё бо Паёмбар (с) дар ин мавзӯъ муноқиша намоянд?

Ё ба бозор барои харидани рӯсарӣ рафтанд?
        Ҳаргиз чунин накарданд.

Модарамон Оиша (р) мегӯяд: -Онҳо бо баробари шунидани ояти ҳиҷоб зуд миёнбандҳояшонро ба ду тақсим карда, якеро бар сарҳояшон андохтанд.

 

Ҷавони мусалмонеро дар мурофиаи судиаш пурсиданд, ки назараш дар мавриди ҳиҷоб чӣ аст?  Ӯ гуфт: -Ман назаре надорам. Ин саволро бояд ба мутахассисони дин медодед. Ман фақат як ҳадисро медонам, ки “ҳар кас ҳамсарашро беҳиҷоб дар намоиши нигоҳи дигарон қарор диҳад, беғайрат аст ва Худованд ӯро лаънат мекунад”.  

Пӯшиши сатр ҳифзи дину мазҳаб аст,
Шеваи Заҳрову дарси Зайнаб аст.

 

Бонуе нақл карда мегӯяд:
-Тобистони имсол дар гармои нафасгиркунанда дохили автобус қарор доштам. Як духтарчаи зеборӯяке, ки тақрибан  9-10 сол умр дошт, дар паҳлӯи модараш нишаста буд. Дар сар ҳиҷоб дошт. Хонуми беҳиҷобе, ки дар наздикии ин духтарчаи зебочеҳра  нишаста буду худашро бод мезад, бо афсӯс аз ӯ пурсид: -Дар ин гармо чӣ мепӯшӣ? Магар падару модарат пӯшидани онро маҷбур кардаанд? Оё гармӣ азиятат намедиҳад?
Ҳамин лаҳза автобус истод ва бояд пиёда мешудем. 
Духтарчаи зебо ҷасурона гуфт: -Гоҳо эҳсоси гармӣ мекунам, вале сабр пеша месозам, чунки оташи дӯзах аз тобистони имсола хеле гармтар аст. 
Духтарча пиёда шуд ва он зани беҳиҷоб сахт ба фикр фурӯ рафт.

Дар ин боб ин фармудаи Паёмбари Худо (с)-ро Абӯҳурайра (р) ривоят кардааст:

«صنفانِ مِن اهلِ النّارِ لم أرهما: قومٌ معهم سياطٌ كأذناب البقرِ يَضربونَ بها النّاس؛ و نساءٌ كاسياتٌ عارياتٌ مائلاتٌ مميلاتٌ رؤسهنَّ كأسنمةِ البختِ المائلة…»

Ду гурӯҳ аз дӯзахиёнро ҳанӯз ман надидаам. Гурӯҳе, ки тозиёнаҳое монанди думи гов дар даст доранд ва мардумро бо он мезананд. Гурӯҳи дигар заноне, ки зоҳиран либос пӯшидаанд, вале урён менамоянд (яъне, либоси баданнамо (танг ё шаффоф ё кӯтоҳ) бар тан кардаанд). Бероҳагӣ мекунанд ва дигаронро низ ба каҷравӣ ташвиқ менамоянд. Сарҳояшон монанди кӯҳони шутур аст. Инҳо вориди биҳишт намешаванд ва ҳатто бӯи биҳиштро, ки аз фосилаи чандон ва чандон ба машом мерасад, намебӯянд”.  (ривояти Муслим ва Аҳмад) 

 

Модаре  ба духтараш хитоб карда гуфт: 
“Ту зебо ҳастӣ! Ту беҳтаринӣ! Ту ҳоло чӣ ба даст овардӣ?
Дӯстписари хуб?
Ё бароят нигоҳи хуб карданд?
Муборак бошад!
Бигзор бо ҳамин эҳсосҳо хуш бошӣ.
Фақат як чиз бароят мегӯям:
Набояд рӯзи қиёмат дар ҳолати шармандагӣ ба чашмони модарат нигоҳ кунӣ.  Ҳоло аз ман гуфтан аст”. 
Охирин ҷумлаи насиҳатии модар байти шоири тарбиятгар Шайх Саъдиро ба ёд меоварад, ки дар муқаддимаи “Гулистон” мегӯяд:
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

 

Аз ҷавондухтари сатрпӯше пурсиданд:
-Чӣ навъ ороише истифода мекунӣ?
Ӯ гуфт:
Барои лабонам — ростгӯӣ.
Барои садоям – зикри Аллоҳ.
Барои чашмонам — чашмпӯшӣ аз муҳаррамот.
Барои дастонам – кӯмак ва ёрии ниёзмандон.
Барои пойҳоям — истодан барои намоз.
Барои қалбам — муҳаббати Худо. 

 

Хоҳари олиқадрам! Ба ҷои ин ки “обид” бошӣ, “абд”, яъне банда бош! Шайтон ҳам қариб 6 ҳазор сол ибодат кард. Обид шуд, аммо “абд” нашуд… То абд нашавӣ, ибодатат суде надорад. “Абд” будан, яъне: Бубин, ки Худоят чӣ мехоҳад, на дилат. Бигзор тамоми дунё ҳиҷобатро, чеҳраи бидуни ороишатро масхара кунанд. Бояд ҳиҷобат мӯҳкамтар аз ҳарфҳои онҳо бошад, ки осеб бинад. Модоме ки ҳиҷоб туро ба самти Худо наздиктар мекунад, пас ҳеҷ таънаву таҳқире наметавонад шодмониро аз ту бигирад. Бидон, ки харидори амалҳои ту Аллоҳ аст. Парвардигорат аз ту розӣ ва хушнуд хоҳад шуд. Ба ҳиҷобат механданд, ба тоҷи бандагият таъна мезананд, мабодо дилсард машав, эй бону! 

 

Вақте ки дар хиёбонҳо мегардӣ ва мебинӣ, ки монанди ту касе ҳиҷоб напӯшидааст, яккаву танҳо ҳастӣ, он гаҳ бо табассум рӯ сӯи осмон карда бигӯ: -Худоё! Хушбахтам, ки маро миёни ин ҳама занони зиёд ягона қарор додаӣ. 

 

Ҳар гоҳ, ки ба хотири рӯсарият шағолони одамсурат туро таҳқир мекунанд ва бо баҳонаи ҳиҷобат монеъи таҳсил ва пешравии ту мегарданд, дилхаста набошу ноумед нашав! Ҳатман баҳри ҳуқуқу озодиҳоят талош намуданро ба худат одат деҳ. Зеро дини ту дини озодагон аст. Аз бардахӯиву ғуломтабъӣ безорӣ ҷӯй. Чун мусалмон ба ҷуз Худои хеш ба аҳаде сари бандагӣ хам намекунад!

“Итоат ба нафаре, ки ба маъсият фармон медиҳад, раво нест!” (Ҳадис)


Шавкати Муҳаммад

 

 

 

Share This Article