ҲИҶРАТ БА ҲАБАША (бахши аввал)

Ислоҳ нет

ҲИҶРАТ БА ҲАБАША

(бахши аввал)

Мавзӯи ҳиҷрат ё худ муҳоҷиратро метавон аз мавзуоти муҳим ва мавриди баҳси имрӯз маҳсуб донист, зеро ба вазъи вахими мардуми мусалмон, (хосатан мардуми мусалмони тоҷик) тавъам аст. Мардуми мусалмон имрӯз дар гирдоби бӯҳрони фитнаву фоҷиа, ситезу шиканҷа ва макру реву дасиса печида, зиндагии сангинеро аз сар мегузаронанд. Имрӯз ҳоли мусалмонон нисбат ба ҳар замони дигар бадтар мешавад. Мавзӯе, ки имрӯз миёни мусалмонон доғи рӯз аст, пароканда шудану ба ҳар гӯшае ҳиҷрат кардани онон аст. Ҳиҷрате, ки аз рӯи зарурату зурист. Ҳиҷрате, ки на ба кишварҳои исломиву миёни мусалмонон, балки ба манотиқи Русияву ҳар гӯшае дигар аз Аврупо мардуми мусалмон (тоҷикон)-ро хона бар душ карда, зери гоми таҳқиру таъну маломат қарор додааст. Мавзӯи мавриди интихоби мо низ аз мавзӯотест, ки ҳазору анд сол ба вуқуъ пайваста, аммо даври қамарии имрӯзи мо низ аз он чизе кам надорад. Пас ҳамин ҷо бо каломи Худо мавзуъро тақдими хонандаи азиз мекунам.

Худованд мефармояд:

«Онон, ки мавриди ситам воқеъ шуданд ва дар роҳи Худо муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар бидонанд, аҷри охират бузургтар аст…»
(Сураи Наҳл, ояти 41)

Қуртубӣ ба нақл аз Қатода мегӯяд: «Ин ҷо мурод саҳобагони Муҳаммад (с) аст, ки мушрикон ононро дар Макка ситам мекарданд ва аз он ҷо берун сохтанд ва дастае аз онон ба сӯи Ҳабаша раҳсипор гаштанд, сипас Парвардигорашон ононро дар дори ҳиҷрат ҷойгузин намуд ва шахсоне аз мӯъминонро барои онон кӯмак ва нусратдиҳанда қарор дод.» (1)

Ва Худованд мефармояд:
«Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед. Барои онон, ки дар ҳаёти ин ҷаҳонӣ некӣ кардаанд, подоши нек аст. Ва замини Худо паҳновар аст. Музди сабркунандагон беҳисобу комил адо мешавад!» (Сураи Зумар, ояти 10)

Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Мурод Ҷаъфар ибни Абӯтолиб ва касоне ҳастанд, ки бо ӯ ба сӯи Ҳабаша ҳиҷрат намуданд». (2)

Ва Худованд мефармояд:
«Эй бандагони Ман, ки ба Ман имон овардаед, албатта, замини Ман фарох аст, пас танҳо Маро бипарастед». (Сураи Анкабут, ояти 56)

Ибни Касир (раҳ) гуфтаанд: «Ин фармони илоҳӣ бар бандагони муъминаш аст, то аз он ҷо, ки қудрати барпо доштани динашонро надоранд, ҳиҷрат намуда, дар ҷои дигаре дини худро иқомат намоянд… Бинобар ин, вақте бар нотавонони Макка тангӣ пеш омад, ба сӯи Ҳабаша ҳиҷрат намуданд, то дини худро он ҷо эмин нигоҳ доранд ва онон подшоҳи Ҳабаша Наҷҷоширо беҳтарин мизбоне дарёфтанд» (3)

Ҳиҷрати аввал ба сарзамини Ҳабаша.

1. Сабабҳои ҳиҷрат ба сӯи Ҳабаша.
Тангӣ ва машаққат бар саҳобагони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)бештар мегашт ва кофирон ононро ҳабс менамуданд ва зери азияту шиканҷа, гуруснагию ташнагӣ ва зери гармиҳои саҳрои Макка қарор медоданд, то аз динашон баргарданд. Ва буданд аз онон касоне, ки аз сахтии шиканҷа дар зоҳир аз динашон баргаштанд, аммо қалбашон мутмаин бар имон боқӣ монд. Инчунин буданд касоне, ки дини худро нигоҳ доштанд ва Худо ононро аз макри мушрикон нигоҳ дошт. Вақте Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)дид, ки асҳобаш зери азият ва шиканҷа қарор мегиранд ва ӯро қудрати боздоштани кофирон аз азияти асҳобаш нест, гуфт: «Агар шумо ба сӯи Ҳабаша ҳиҷрат кунед, он ҷо подшоҳест, ки назди ӯ ҳеҷ касе ситам намешавад ва замини он замини росткорист, то инки Худо бар шумо кушоише аз ин гирифториҳо бахшад».

Саҳобагони киром аз хавфи гирифтори фитна нашудан ва барои солим нигоҳ доштани динашон ба Ҳабаша ҳиҷрат намуданд, ки ин аввалин (4) ҳиҷрат дар ислом буд». (5)
Бархе аз уламо чанд сабаберо дар ҳиҷрати мусалмонон ба Ҳабаша зикр намудаанд:

1. Зуҳури имон.

Зуҳрӣ аз Урва дар мавриди ҳиҷрати мусалмонон ба Ҳабаша зикр мекунад: «Вақте шумораи муъминон афзуд ва имон бештар зоҳир гардид ва ҳар ҷо сухан дар мавриди даъвати исломӣ ба миён омад, кофирони Қурайш имоновардагони ҳамқабилаҳояшонро бештар зери шиканҷа қарор медодагӣ шуданд, то ононро аз динашон баргардонанд. Чун ин хабар ба Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)расид, ба муъминон гуфт: «Дар замин пароканда шавед.» Саҳобагон гуфтанд: «Ба куҷо равем, эй Паёмбари Худо (с)?».

Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)ба сӯи сарзамини Ҳабаша ишорат намуда, гуфт: «Ба он ҷо» . (6)

2. Тарс аз дучор шудани ба фитна.

Ёрони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)барои ҳифзи динашон аз фитна, иқдом ба ҳиҷрати Ҳабаша карданд ва ин яке аз далоили муҳимми ҳиҷрати ба Ҳабаша ба шумор меравад, чунончи Ибни Исҳоқ мегӯяд: «Саҳобагони Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)аз тарси фитна ва барои солим нигоҳ доштани динашон ба сарзамини Ҳабаша раҳсипор гаштанд.» (7)

3. Нашри даъват берун аз Макка.

Устод Сайид Қутб мегӯяд: «Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)ҷӯёи пойгоҳи дигаре ғайр аз Макка гашта буд, пойгоҳе ки ин ақидаро ҳимоят кунад ва озодии онро тазмин намояд ва фурсате ба он дода шавад, ки аз мамнуияте, ки дар Макка ба он гирифтор шудааст раҳо ёбад ва даъват озод бошад ва агар ба мусалмонон шиканҷа ва ситаме ворид гардад, мавриди ҳимоят қарор бигиранд ва ин нахустин ва муҳимтарин сабаби ҳиҷрат ба Ҳабаша буд.» (8)

Ҳабаша ба далели доро будани шароити муносиб аз авоили биъсат ҷое барои нашри даъвати исломӣ ба шумор мерафт, бинобар ин бештари аз мусалмонони садри аввал ба он ҷо ҳиҷрат кардаанд. Ва гуфтани ин ки мусалмонон фақат барои наҷоти ҷонҳояшон ба сарзамини Ҳабаша ҳиҷрат карданд, бо қаринаҳо рост намеояд, зеро агар чунин мебуд пас бояд мусалмононе ба Ҳабаша ҳиҷрат мекарданд, ки аз шахсият ва манзилату қудрати каме бархурдор мебуданд, дар сурате, ки қазия баръакс аст, зеро бардагон ва ғуломони озодшуда ва нотавоне, ки бештарин ситам ва шиканҷа бар онҳо ворид мешуд, ҳиҷрат накарданд ва мардоне ҳиҷрат карданд, ки дорои қабила ва хешовандон буда ва дар муҳити қабилавии Макка аз ҳимояти қабилавӣ бархурдор буданд ва метавонистанд аз озор ва шиканҷа эмин бимонанд ва аксари муҳоҷирон қурайшӣ буданд».(9)

Шайх Ғазбон низ суханони Сайид Қутбро таъйид мекунад ва мегӯяд: Матолибе дар сират мавҷуд аст, ки баёнгари дурустии дидгоҳи Сайид Қутбро тасдиқ мекунад ва муҳимтарин далеле, ки онро тайид менамояд, вазъияти умуми муҳоҷирони Ҳабаша аст. Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)касеро ба дунболи муҳоҷирони Ҳабаша нафиристод, то инки ҳиҷрат ба Мадина анҷом гирифт ва ғазваи Бадру Уҳуд ва Хандақ ва Ҳудайбия иттифоқ афтоданд. Муддати панҷ сол Ясриб, яъне Мадина майдони ҳарбу зарб ва ҳамлаҳои пай дар пайи мушрикини Қурайш қарор гирифт ва охирин юриш ва ҳуҷуми Қурайш бо ғазваи Хандақ анҷом ёфт. Вақте Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)мутмаин шуд, ки Мадина дигар ба пойгоҳи амн барои мусалмонон даромада аст ва хатари ҳамлаи мушрикон ба поён расидааст, он гоҳ ба дунболи муҳоҷирони Ҳабаша нафар фиристод ва дигар ниёзе ба он пойгоҳи эҳтиётӣ набуд, ки дар сурати суқути Ясриб, Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва мусалмонон ба он паноҳ мебурданд.(10)

Ва аз суханони устод Дарӯза чунин маълум мегардад, ки ҳиҷрат ба Ҳабаша боз намудани маҷоли даъват дар ин сарзамин буд. Чунончи мегӯяд: «Чунин ба назар мерасад, ки сабаб дар ихтиёр намудани ин сарзамини насроният, умеди ба вуҷуд омадани даъват дар он ҷо буд ва намоянда қарор додани Ҷаъфар ибни Абӯтолиб низ барои амалӣ намудани ин мақсад анҷом гирифт.» (11)

Доктор Сулаймон ибни Ҳамад Авда низ чунин мегӯяд: «Сабаб ва ҳадаф аз ҳиҷрат ба Ҳабаша даъват ба дини нав буд, ки худ сабаби ислом пазируфтани Наҷҷошӣ ва дигарон дар ин сарзамин гардид. Дигар ин ки агар сафар ба сӯи Ҳабаша бо машварат ва роҳнамоии Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буд, пас он ҷо боқӣ монданашон то фатҳи Хайбар низ бо фармон ва дастури Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буд. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ омадааст: «Ҷаъфар (р) ба ашъариён дар Ҳабаша гуфт: «Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)моро ба ин ҷо фиристод ва амр намуд, ки дар ин ҷо бимонем. Пас бо мо ин ҷо бимонед.» (12) Ва ин далолат бар он дорад, ки онҳо барои вазифаи мушаххасе фиристода шуда буданд ва ҳеҷ вазифае арзандатар аз даъват ба сӯи Худо нест. (13)

4. Ҷустани ҷои амн барои мусалмонон:

Ҳадаф аз ҷустани Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз чунин ҷое, ҳифз ва нигоҳ доштани гурӯҳи муъминон буд. Аз ин рӯ Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)Ҳабашаро ҷои амн ва беҳтарин барои муъминон ҳисобид ва муҳоҷирин низ сарзамини Ҳабашаро беҳтарин маъво ва ҷойгоҳе барои худ пазируфтанд. Умми Салама (р) дар ин маврид мегӯяд: «Вақте ба сарзамини Ҳабаша омадем, ба беҳтарин кас, Наҷҷошӣ ҳамсоя гаштем. Аз нигоҳи дин озодии комил доштем, Худоро парастиш мекардем ва ба ҳеҷ озор ва шиканҷае мувоҷеҳ нагаштем» Хуб диққат диҳед чӣ шабоҳате ба ҳолати имрӯзии кишварамон дорад.

2- Чаро Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)Ҳабашаро ихтиёр намуд?

1. Наҷҷошии одил.

Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)ба саҳобагон аз адли Наҷҷошӣ ишора намуда, фармуд:
«Агар ба сарзамини Ҳабаша биравед, он ҷо подшоҳест, ки назди ӯ ҳеҷ касе ситам намешавад.» (14)

2. Наҷҷошии накӯкор.

Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)дар мавриди подшоҳи Ҳабаша фармудаанд:

«Имрӯз марди накӯкоре аз Ҳабаша фавтида аст, биёед то ба ӯ намоз бигузорем.» (15)

Ва шоистагии Наҷҷошӣ, дар ҳимояти аз мусалмонон ва мутаассир шуданаш аз Қуръони карим ҳангоми тиловати Ҷаъфар ошкор шуд ва инчунин эътиқоди Наҷҷошӣ дар мавриди Исо (а) эътиқоди дуруст ва саҳеҳ буд.

3. Ҳабаша макони тиҷоратии Қурайш буд.

Тиҷорат пояи аслии иқтисоди Қурайш буд ва Ҳабаша маркази тиҷорати Ҷазира ба шумор мерафт ва шояд ин аз он сабаб равшан мегардад, ки бархе аз мусалмонон баҳри тиҷорат ба он ҷо рафта буданд ва ё касоне, ки қабл аз мусалмонон ба он ҷо рафта буданд дар бораи он сарзамин зикр намудаанд.

Табарӣ дар баёни асбоби ҳиҷрат ба сӯи Ҳабаша чунин гуфтааст: «Сарзамини Ҳабаша ҷойгоҳи тиҷорати Қурайш буд, ки бо тиҷорат рӯзии худро дармеёфтанд.» (16)
Ва чунончи Ибни Абдулбар зикр намудааст, вақте Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)вориди Шиъби Абӯтолиб шуд ва мавриди муҳосира қарор гирифт, амр намуд, то ҳар ки аз муъминон дар Макка аст, ба сарзамини Ҳабаша биравад. Ва Ҳабаша тиҷоратгоҳи Қурайш буд. (17)
Ва Ибни Ҳаббон зикр намудаанд, ки яке аз сабабҳои ихтиёр намудани сарзамини Ҳабаша барои ҳиҷрати мусалмонон он буд, ки Ҳабаша сарзамини гарм буд ва Қурайш дар зимистон ба он ҷо сафар мекард. (18)

4. Ҳабаша сарзамини амн.

Дигар қабилаҳои Араб, ки аз Қурайш ба сабаби макони ҳаҷ ва маркази тиҷорат буданаш итоат ва пайравӣ менамуданд, ба ҳамин тақлид аз Қурайш бо Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)ва саҳобагонаш мухолифат мекарданд.

Вазъияти ҳоким дар ҷазираи араб чунин буд, бинобар ин дар он ҳангом берун аз ҷазираи араб ҷои амнтар ва беҳтар аз Ҳабаша вуҷуд надошт ва аз тарафе мушаххас аст, ки Ҳабаша аз султа ва қудрати Қурайш пайравӣ намекард.(19)
Дар ривояти Ибни Исҳоқ дар мавриди сабабҳои ихтиёр намудани сарзамини Ҳабаша барои ҳиҷрат омадааст: Он ҷо сарзамини росткорист ва он ҷо подшоҳест, ки назди ӯ касе ситам намешавад (20) ва ин худ нишонаи сарзамини амн аст. (21)

5. Алоқаи Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)ба сарзамини Ҳабаша ва шинохти Муҳаммад (с) аз он:

Дар ҳадиси Зуҳрӣ омадааст: «Ҳабаша дӯстдоштатарин сарзамини Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буд, ки мехост ба он ҷо ҳиҷрат намояд (22) ва шояд интихоби Муҳаммад (с) аз ин ҷиҳатҳо буд:

Ҳукми одилонаи Наҷҷошӣ.

Пойбанд ва мултазим будани ҳабашиҳо бар дину оини масеҳият, ки он ба ислом аз бутпарастӣ наздиктар аст. Аз ин рӯ муъминон аз пирӯз гаштани Рум бар Форс дар соли ҳаштуми пас аз биъсат, ки форсҳо маҷусӣ буданд, чунончи дар Қуръон аст, хушҳолу хурсанд гаштанд. (23)
Шинохти Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз аҳволи Ҳабаша, ки Муҳаммад (с) аз тариқи парастораш, Умми Айман аз аҳвол ва авзои он ҷо бохабар буд. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ омадааст, ки Умми Айман аз аҳли Ҳабаша будааст. (24)

Ва инчунин аз Ибни Шаҳоб нақл аст, ки дар «Сунан»-и Ибни Моҷа омадааст: «Умми Айман барои Паёмбар (с) ғизое омода менамуд ва Паёмбар (с) аз ӯ пурсид, ки ин чист? Умми Айман гуфт: ин як навъ таомест, ки мо дар сарзаминамон онро дуруст мекунем ва хостам барои шумо ҳам чизе аз он омода созам. (25)

Умми Айман, ки лакнати ҳабашӣ дар забон дошт, Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)бар он чӣ, ки ӯ наметавонист ба забон биёварад, ӯро иҷозат дода буд, пас ғайри имкон нест, ки ӯ ба Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)аз кишвари худ, табиат ва муҷтамаъ ва ҳокимонаш хабар надиҳад ва чунончи Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)аз табиат ва аҳволи давлатҳои замони худ огоҳ буд. (26)

3. Вақти баромад ва расидани муҳоҷирон ба сарзамини Ҳабаша.

Саҳобагони Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)дар моҳи раҷаби соли панҷуми пас аз биъсат ба сӯи Ҳабаша аз Макка берун шуданд ва шумораи эшон даҳ марду панҷ зан (ва гуфта шудааст, ки шаш зан) буданд. Ва қурайшиҳо низ дунболи онон баромаданд ва мекӯшиданд онҳоро ба Макка баргардонанд, аммо вақте мушрикон ба баҳр наздик шуданд, ки саҳобагон аз баҳр убур намуда ва ба сӯи Ҳабаша раҳсипор гашта буданд. (27)
Воқидӣ, Табарӣ, Ибни Сайид, Ибни Қайим ва Рузқонӣ дар бораи пинҳонӣ баромадани муҳоҷирон ба сӯи Ҳабаша ривоятҳо оварда гуфтаанд: Ҳангоме, ки мусалмонон ба сарзамини Ҳабаша расиданд, Наҷҷошӣ ононро гиромӣ дошт ва ба хушӣ пазируфт. Саҳобагон назди ӯ худро дар амну оромӣ ва озодие ҳис мекарданд, ки аз чунин ҳолат дар сарзамини худ маҳрум буданд. Аз ҳамсари Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)Умми Салама омадааст, ки фармуд: «Вақте ба сарзамини Ҳабаша расидем, ба беҳтарин кас Наҷҷошӣ ҳамсоя шудем. Аз динамон эмин гаштем ва аз касе дар ҳарос набудем, Худоро мепарастидем ва чизҳои нохушояндро намешунидем».

Номи муҳоҷирони ҳиҷрати аввал ба Ҳабаша:
Мардҳо:

– Усмон ибни Аффон ибни Абӯлъос ибни Умая ибни Абдушамс.
– Абдуллоҳ ибни Авф ибни Авф ибни Абд ибни Ҳорис ибни Зӯҳра.
– Зубайр ибни Аввом ибни Хувайлид ибни Асад.
– Абӯҳузайфа ибни Утба ибни Рабиъа ибни Абдушамс.
– Мусъаб ибни Умайр ибни Ҳишом ибни Абдуманоф ибни Абдудор.
– Абӯсалама ибни Абдуласад ибни Ҳилол ибни Абдуллоҳ ибни Умар ибни Махзум.
– Усмон ибни Мазъун ибни Ҳабиб ибни Ваҳаб ибни Ҳузофа ибни Ҷумаҳ.
– Омир ибни Рабиъа, ҳалифи (ҳампаймони) Оли Хаттоб аз Анз ибни Воил.
– Суҳайл ибни Байзо, ки ӯ Суҳайл ибни Ваҳаб ибни Рабиъа ибни Ҳилол ибни Уҳайб ибни Забба ибни Ҳорис аст.
– Абӯсабра ибни Абӯруҳм ибни Абдулуззо ибни Абӯқайси Абдувуд ибни Наср ибни Молик ибни Ҳисл ибни Омир.

Занҳо:

– Руқия бинти Набӣ, (с).
– Саҳла бинти Суҳайл ибни Амр, ки ҳамроҳи шавҳараш Абӯҳузайфа ҳиҷрат намуд ва дар сарзамини Ҳабаша Муҳаммад ибни Абӯҳузайфа аз ӯ таваллуд шуд.
– Умми Салама ибни Абӯумая ибни Муғира ибни Абдуллоҳ ибни Амр ибни Махзум, ҳамсари Абӯсалама.
– Лайло бинти Абӯҳасма ибни Ҳузофа ибни Ғанам (ибни Омир) ибни Абдуллоҳ ибни Авф ибни Убайд ибни Увайч ибни Адий ибни Каъб, ҳамсари Омир ибни Рабиъа.
– Умми Кулсум бинти Саҳл ибни Омир ибни Абдушамс, ҳамсари Абӯсабра ибни Абӯруҳм. (28)
Аввалин каси ҳиҷрат намуда аз байни муҳоҷирон Усмон ибни Аффон ва ҳамсараш Руқия духтари Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)мебошад. (29) Дар ривояти Яъқуб ибни Суфён омадааст: «Усмон (р) аввалин касе пас аз Нӯҳ (а) буд, ки бо аҳлу хонаводааш ҳиҷрат намуд.» (30)

Агар зимни номҳои зикршудаи муҳоҷирин тааммул карда шавад, равшан хоҳад шуд, ки аз ғуломони озодкардашудаи саҳоба ба монанди Билол (р), Хаббоб (р) ва Аммор (р) ва касоне, ки зери шиканҷаи мушрикон бештар аз дигарон қарор гирифта буданд, вуҷуд надорад, балки бештари онон касоне ҳастанд, ки соҳиби манзалату маконат дар Қурайш буданд. Ва дуруст аст, ки азият ва шиканҷа ҳамагии мусалмонони соҳибманзилат ва маволиро фаро гирифта буд ва агар фирор ва ҳиҷрат танҳо аз сабаби азият ва шиканҷа мебуд, пас маволӣ ва нотавонон мустаҳиқтар бар он буданд, ки ҳиҷрат намоянд.
Аз сӯи дигар ғайр аз азият ва шиканҷа сабабҳои дигаре низ вуҷуд дорад. Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) баҳри ҳиҷрат намудан ба сарзамини Ҳабаша саҳобаҳои гуногунро аз қабилаҳои гуногун ихтиёр намуд, то агар Қурайш аҳли ҳабашаро барои баргардонидани муҳоҷирони худ розӣ намояд, аз сӯи дигар қабилаҳои дигари Қурайшро бармеангезонад. Ва дигар ин ки муҳоҷирон дини Худоро ба дигар гӯшаи замин паҳн месозанд ва сарзамини Ҳабаша ҷои беҳтар ва пурбаракат барои даъвати ба сӯи дини Худо буд… (31)
Муҳаммадиқболи Садриддин

Маъхази истифодашуда:
1. Алҷомиъу ли аҳкоми-л-Қуръон, 10\107.
2. Алҷомиъу ли аҳкоми-л-Қуръон, 15\240.
3. Тафсири Ибни Касир. 5\335.
4. Ал-ҳиҷрату фӣ Қуръони-л-карим, Аҳзами Сомиъун, саҳ. 290.
5. Ибни Ҳишом, 1\344.
6. Ал-мағозию-н-набавия. (Зӯҳрӣ) Таҳқиқ Суҳайл Заккор, саҳ. 96.
7. Сирату-н-набавия, Ибни Ҳишом, 1\398.
8. Фӣ зилоли-л-Қуръон, 1\29.
9. Сирату-н-набавия, Ибни Ҳишом, ҷ 1, саҳ. 398.
10. Фӣ зилоли-л-Қуръон, ҷ 1, саҳ. 29.
11. Сирату-р-Расул , Шомӣ, 1\265, саҳ. 111.
12. Бухорӣ, 4230.
13. Ҳиҷрату-л-уло фи-л-Ислом, д. Сулаймон Авда, саҳ. 34.
14. Сирату-н-набавия, Ибни Ҳишом. Таҳқиқи Ҳаммом Абусаълайк, 1\413.
15. Бухорӣ, 1320. Муслим, 952\66.
16. Мағозию-р-Расул , Урва ибни Зубайр, саҳ. 104.
17. Ад-дурару фӣ ихтисори-л-мағозӣ ва-с-сияр, саҳ. 27.
18. Сирату-н-набавия ва ахбору-л-хулафо.
19. Ҳиҷрату-р-Расул ва асҳобиҳи фи-л-Қуръони ва-с-суннат, саҳ. 97.
20. Сирату-н-набавия (Ибни Ҳишом) 1\397.
21. Ҳиҷрату-л-уло фи-л-Ислом, саҳ. 46.
22. Мағозӣ, Зуҳрӣ, саҳ. 96.
23. Саҳиҳу-с-сирати-н-набавия, 2\152.
24. Бухорӣ, 2630. Муслим, 1771.
25. Ибни Моҷа, 3336.
26. Ҳиҷрату-л-уло фи-л-Ислом, саҳ. 48.
27. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, Аҳзами Сомиъун.
28. Бидоя ва Ниҳоя, 3\96, 97. Сирати Ибни Ҳишом 1\344, 352. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 292 то 294.
29. Бидоя ва Ниҳоя 3\67.
30. Ибни Абӯосим дар Суннат 1311.
31. Ҳиҷрату-л-уло фи-л-Ислом, саҳ. 37.

Share This Article