Ҳикматҳои хело зебо аз Алии Тантовӣ (раҳ)
(бахши дуввум)
1.) Аз се ашк дури кун
а-) Ашки мазлум.
б-) Ашки ятим.
в-) Ашки падар ва модарат.
Ҳангомеки яке аз ин ашкҳоро даровардед,барои худ дарвозаҳои ҷаҳаннамро боз намудаи.
2.) Ҳаргиз бо сухан озурда насоз шахсеро,ки аз шумо бузургсоласт.Инчунин ҳангомеки чунин ашхос сухан мегӯянд суханонашонро қатъ накун,зеро туҳам рӯзе дар макони ӯ қарор мегирӣ.
3.) Ҳангомеки шахсеро дидед,ки дӯсташ медори бо чеҳраи боз ва табассум истиқболаш бигир,то дӯстдориатро эҳсос намояд.
-Ҳангомеки душманатро диди бозҳам бо чеҳраи боз истиқболаш бигир ва табассум намо,то қуввататро эҳсос кунад.
-Ҳангомеки рӯбарӯ гашти бо шахсе,ки шуморо тарк кардааст бозҳам табассум кун,то аз кардааш эҳсоси пушаймони кунад.
-Ҳангомеки рӯбарӯ гашти шахсеро,ки намешиносӣ табассум кун ҳатман аҷру подошатро аз Аллоҳ мегири.
Афсус,ки моҳияти табассумро кам аҳамият медиҳанду мефаҳманд.
4.) Ҳангоми навиштани нома,комент,мақолаеки менависӣ ҷумалоти шухиомезро истифода накун.Шахсонеки он навиштаи туро мехонанд имкон дорад мақсади аслии туро нафаҳманд.Ҳамеша инсонҳо ҳангоми таъбири ҷумлаҳо дар баён ва фаҳмонидани мақосидашон дар рӯбарӯ ва муқобала мушкил надоранд.Дар ихтиёри ҷумлаҳо ва ибораҳое,ки дар навиштан истифода менамои хело диққат бидеҳ.
5.) Мо ҳоло дар асру замони аҷибе умр ба сар мебарем,ки ҳокиму мансабдорон қасида ва шеъру мақолаҳои ҳузнангезу ғамгинкунанда менависанд.Фақерону мардумони одди шеърҳо ва мақолаҳои суруровар ва хушҳолкунанда менависанд.
6.) Хушҳоли ва сурур дар ҳаёт он аст,ки зиндагонӣ намоӣ ба он роҳу услубеки бароят роҳат ва онеки худат ихтиёр намудаи.Ҳаёти хуш ва осуда,он нест,ки чӣгӯнаеки дигарон зиндагонӣ мекунанду ба ту мегӯянд бикунӣ.
7.) Инкори зебо он аст,ки нобино асояшро бишканад пас аз онки бино мегардад.
8.) Гоҳо об аз он ҷӯеки замоне дар он об равон буд ҷорӣ мегардад вале на мисли қабл,он об софу зулоласт,ки аз он ошомида шавад.
9.) Ҳамеша таҳқиқи зиёд накун дар мавриди ҳама чиз.Мумкин аст ҳангоми таҳқиқотат чизеро ғалат фаҳми,зиёни зиёд бубинӣ ва ононеки дар атрофат ҷамъ гаштаанд,ба сабаби фикри ғалатат аз ту дӯр гарданд.Ҳамеша гумони нек дошта бош ба ононеки дар атрофат гирдиҳам омадаанд.
10.) Аҳмақ мегӯяд чикор мекунад.
Мағрур онкореро кардааст мегӯяд.
Оқил мекунад вале чизе намегӯяд.
11.) Айб дар он нест,ки ту ҳаргиз чизе намепурсӣ.Балке айб дар он аст,ки ту намепурсӣ магар он вақтеки ниёз дорӣ
12.) Фарқе миёни ранги намак ва шакар вуҷуд надорад,ҳарду як ранг доранд.Фарқашро танҳо пас аз чашидан мефаҳми.Инсонҳоҳам ба монанди ин ду мебошанд.
13.) Ҳамеша дилҳое мебошад,ки ҳарчӣ бо онҳо кунӣ ҳаргиз бадат намебинанд.Инчунин дилҳое мебошанд,ки ҳаргиз дӯстат намедоранд агарчӣ икром ва эҳтироми зиёдашонҳам кунӣ.Пас ҳамеша дар ин миён ихтиёратро накӯ кун.
14.) Бештари ононеки сухан мегӯянд аз айбҳои мардумон.Онҳо ҳаргиз аз айбу нуқсонҳои бузурги худ огоҳ намегарданд.Аз ин сабаб онҳо аз айбҳо ва хатоҳои мардумон сухан мегӯянд.
15.) Дӯстон ҳаргиз тағйир намехуранд,балке мо ҳастем,ки дар дӯр кардани онҳо шитоб мекунем.Ҳамеша ба дӯстонат вақт бидеҳ ва бигузор бароятон шарҳ диҳанд ончӣ миёнатон гузаштааст.
16.) Ҳангомеки пул гуфтӣ бо таассуфи зиёд ҳақиқат ғурамарг ва хомӯш мегардад.
17.) Гоҳо баъзеҳо туро тарк мекунанд вале ин охири қиссаи ту нест.Балке ин поёни вазифаи онҳо дар қиссаи туст на бештар аз он.
18.) Баъзеҳо ҳангомеки кореро бихоҳанд ба сӯдашон анҷом гирад мегӯянд дар кори хайр таъхир набояд кард.Аммо вақте суд ва фоида дар таъхир ва дер тамом шудан ба нафаъашон бошад мегӯянд: дар ҳар таъхире хайру баракте нуҳуфта аст.
19.) Ҳаргиз ҳоҷататро аз як шахс ду маротиба напурс.Дар пурсиши аввал мумкин аст бароят сӯд ва бароварда гаштани ҳоҷатат бошад.Аммо дар мартабаи дуввум дар наздаш ҳақир ва хор хоҳӣ гашт,ҳамеша фикр кун қабл аз пурсиши дуввум.
20.) Ҳангомеки бузург мегардад инсон бо қалами худкор(ручка) менависад на бо қалами одди,ки онро пок карда тавонад.Медонед барои чӣ чунин мекунад? Зеро хуб ба ёд дошта бошад,ки нобуд ё куркардани хатоҳое анҷом медиҳад дар ҳаёт содда ва осон нестанд.
21.) Донишмандон нисфи роҳати дунёиро аҳамият надодан ва назорат накардани ончӣ дигарон мекунанду мегӯянд муқарар намудаанд .Нисфи адабро дар дахолат накардан ё кордор нашудан, дар ҳар ончизеки ба ту марбут нест муқарар намудаанд.
Умед аст аз ин ҳикматҳои Шайх Алии Тантовӣ (раҳ) истифода намуда бошед.