Имом Абдуррахмони Насоӣ

Ислоҳ нет

Имом Абдуррахмони Насоӣ
Имом Абӯабдураҳмон Аҳмад ибни Шуъайб ибни Алии Насоӣ дар соли 214 ё 215 ҳиҷрӣ дар шаҳри Насо аз тавобеъи Хуросон мутавалид гардид. Ӯ ибтидо дар шаҳри худ Қуръони каримро ҳифз намуд ва улуми ибтидоии шаръиро бар машоихи он ҷо фаро гирифт. Ҳанӯз ба синни 15 солагӣ нарасида буд, ки барои касби илми ҳадис ба сарзаминҳои Ҳиҷоз, Ироқ, Шом ва Миср сафар кард ва аз уламо ва пешвоёни бузурги он ҷо ахзи ҳадис намуд ва дар улуми ҳадис ва ривоят саромади асри худ гардид.
Имом Дорқутнӣ мегӯяд: Ӯ фақеҳтарин машоихи Миср дар замони худ ва донотаринашон ба ҳадис ва илми риҷол буд.
Шуюхи имом: (устодон)
1. Имом Абӯдовуди Сиистонӣ
2. Имом Абӯисои Тирмизӣ
3. Иброҳим ибни Яъқуби Ҷузҷонӣ
4. Исҳоқ ибни Роҳавия
5. Ҳорис ибни Мискин
6. Алӣ ибни Хашрам
7. Алӣ ибни Ҳаҷар
8. Қутайба ибни Саъид
9. Муҳаммад ибни Башор
Шогирдон:
Имом Насоӣ муҳаддис ва имоми асри худ буд ва афроди бешуморе аз вай касби дониш намудаанд, ки бархе аз онҳоро зикр менамоем:
1. Имом Абӯқосим Табаронӣ
2. Имом Абӯҷаъфар Таҳовӣ
3. Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Синон
4. Абӯбакр Аҳмад ибни Исҳоқ ибни Сино
5. Абӯбашари Дулобӣ
6. Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад Наҳос Наҳвӣ
7. Абӯалии Нишопурӣ
8. Ҳасан ибни Хазир Асютӣ
9. Муҳаммад ибни Муъовияи Андалусӣ
10. Муҳаммад ибни Ҳорун ибни Шуъайб
Таълифот:
Имом Насоӣ китобҳои гаронбаҳоеро аз худ ба ҷой гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо “Ал-муҷтабо” ё “Суннан (Суғро)-и Насоӣ” мебошад.
Китобҳои дигари имом:
1. Суннани Кубро
2. Хасоиси амиралмуъминин Алӣ
3. Китоб-ул-куно
4. Зуъафо вал-матрукин
5. Фазоили саҳоба
6. Маносики ҳаҷ
Суннани Насоӣ
Имом Насоӣ ҳангоме, ки аз таълифи китоби “Суннани кубро” фароғат ёфт, онро ба амири шаҳр Рамла эҳдо намуд, амир пурсид: оё тамоми ончи дар ин китоб вуҷуд дорад саҳеҳ мебошад? Имом гуфт: Дар он саҳеҳ ва ҳасан ва ончи, ки ба ин ду наздик аст, вуҷуд дорад. Амир афзуд: аҳодиси саҳеҳро аз ғайрисаҳеҳ бароям мушаххас кун. Он гоҳ имом Насоӣ китоби “Суннани суғро”-ро таълиф намуд ва онро “Ал-муҷтабо” номид.
Имом Насоӣ дар интихоби аҳодиси ин китоб бисёр диққат намуда, бо кунҷковӣ ва эҳтиёти шадид навиштааст. То ҷое, ки иддае аз уламо муътақиданд, ки рутбаи “Суннани Насоӣ” баъд аз “Саҳеҳайн” мебошад, чунки аҳодиси заъиф дар он хеле кам ёфт мешавад. Тақрибан ҳудуди даҳ ҳадис аз тарафи Ибни Ҷавзӣ мавриди интиқод қарор гирифта, ки имом Суютӣ онҳоро посух додааст.
Муҳаддис Носириддини Албонӣ низ китоби Насоиро ба ду бахш саҳеҳ ва заъиф тақсим намудааст.
Шарҳи “Суннани Насоӣ”
Ҳарчанд бар китоби “Суннани имом Насоӣ” монанди соири китобҳои Суннан шарҳи муфасал навишта нашуда, вале метавонем бархе аз шуруҳи онро зикр намоем:
1. “Заҳр-ур-рабо алал муҷтабо” таълифи имом Ҷалолиддини Суютӣ.
2. “Таълиқот ва шарҳи санадӣ” таълифи алома Абӯҳасан Муҳаммад ибни Абдуҳодии Санадӣ (ваф. 1138 ҳ.)
Вафот
Имом Насоӣ дар синни 88 ё 89 солагӣ дар соли 303 ҳиҷрӣ дар Макка даргузашт, аммо имом Заҳабӣ мегӯяд: дуруст ин аст, ки дар Рамла (Фаластин) вафот намудааст.
Идомаи матлаб Ибни Моҷа

Share This Article