27-28-29 уми Ноябр, аёми бийз аст – онро бо Муҳаррам бипайванд

Ислоҳ нет

27-28-29 уми Ноябр, аёми бийз аст – онро бо Муҳаррам бипайванд

Чун мо дар моҳи мубораки Муҳаррам қарор дорем, шоёни он аст, ки ҳарчи бештар рӯзҳои ин моҳро бо рӯза гирифтан сипарӣ намоем, зеро Паёмбари Худо (с) пас аз моҳи Рамазон аз ҳама бештар дар моҳи Муҳаррам рӯза медоштанд.

Худо аз касоне, ки рӯзҳои Ошуроро рӯза доштанд, қабул фармояд. Акнун барои дарёфти подоши бештар биёед рӯзҳои бийз[1]ро дар ин моҳи пурбаракат бо рӯза бигзаронем, ки баробар бо 27-28-29уми ноябри солшумории милодӣ баробар аст.

Қабл аз он ки ривояте дар ин маврид зикр намоем, чизи аљиберо барои шумо ироа менамоем, ки танҳо чанд сол қабл аз љониби донишмандони амрикоӣ кашф шуд.

Яке аз лабараторияҳои тиббb дар шаҳри Маямаи Амрико ба хулосае омад ки моҳ хусусият ва тавони xазб ё кашиши оби рокид (сокин ё истодаи) бадани инсонро дорад. Албатта ин ҳамон обе аст, ки аз роҳи пешоб ва арақ берун намеояд ва онро танҳо моҳ метавонад аз бадани инсон xазб намояд.

Яке аз духтурони ин лабаратория, Доктор Либер пас аз он ба ин хулоса расида буд, ки чаро бештари талоқҳо ва садамаҳо дар чанде аз иёлоти Амрико маҳз дар рӯзҳое рух медиҳанд, ки рӯзҳои пуррашавии моҳтоб аст, ва дар ҳамин рӯзҳост, ки ҳасосияти инсонҳо бештар аст.

ӯ мегӯяд: 80% таркиби бадани инсонро об ташкил медиҳад, ва чунон, ки қувваи xозибаи моҳтоб сабаби мад ва xазри баҳрҳо мегардад, ҳамин гуна оби бадани инсонро xазб мекунад. Аxибаш ин аст, ки моҳтоб дар рӯзҳое, ки пурра мешавад, яъне рӯзҳои 13-14-15, ин хусусиятро надорад, яъне дар ин рӯзҳо оби истодаи баданро xазб намекунад. Сабаб ҳам ҳамин аст, ки дар ин рӯзҳо ҳасосияти инсонҳо баландтар аст.

Бинобар ин, кормандони ин лабаратория ба чунин хулосае омадаанд: мо ба амрикоиҳои худ тавсия медиҳем, ки дар рӯзҳое, ки пуррашавии моҳтоб аст, яъне рӯзҳои 13-14-15, бо қадри тавон худро аз хурдану нӯшидан боз доранд.

Акнун биёед бубинем, ки Паёмбари Худо (с) 14 аср қабл аз ин чb тавсия намуда буд:

Паёмбари Худо (с) рӯзҳои бийз[2] (13-14-15)-уми ҳар моҳи қамариро рӯза медоштанд ва барои рӯза доштанаш тавсия намудаанд.

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки мегӯяд: дӯстам (яъне Паёмбари Худо) маро ба се чиз васият намуданд, ки то дами маргам онҳоро тарк нахоҳам кард: рӯза гирифтани се рӯз аз ҳар моҳ, намози зуҳо (чошт) ва ба хоб рафтан баъд аз намози витр[3].

Аз Абузар (р) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбари Худо (с) ба ман фармуд: «Агар чизеро аз моҳ рӯза медорb пас рӯзҳои сездаҳ, чордаҳ ва понздаҳи аз ҳар моҳро рӯза бидор»[4]

Абуалb ибни Сино ҳам ҳиxомат (хунгириро) дар китоби «Қонун» дар ин рӯзҳо беҳтар донистааст.

Чӣ хуб аст рӯзҳои бийзи моҳи Муҳаррамро бо рӯза ва тоати Худованд бигзаронем.

Абдулҳаннони Абдурраҳмон

[1] Бийз дар забони арабӣ сафед ё рушанро мегӯянд, шабҳои 13-14-15ум аз сабаби пурра шудани моҳтоб равшан ва сафед ҳастанд.

[2] Бийз дар забони арабӣ сафед ё рушанро мегӯянд, шабҳои 13-14-15ум аз сабаби пурра шудани моҳтоб равшан ва сафед ҳастанд.

[3] Бухорӣ,1178.

[4] Тирмизӣ 761, Насоӣ 2424.

Share This Article