Вафоти Абўбакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу)

Ислоҳ нет

Вафоти Абўбакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу)

Абӯбакр ибни Абуқуҳофа куния Сиддиқ соли 573 мелоди дар макка таваллуд шудааст.Дар рӯзи 23 августи соли 634 мелоди дар мадинаи мунаввара вафот намуданд.Се духтар ва се писар доштанд.
Духтарон: Ойшаи Сиддиқа,Асмоа,Умми Кулсум.
Писарон: Муҳаммад,Абдуллоҳ,Абдурраҳмон

Оишаи Сиддиқа разияллоҳу анҳо мегўяд: «Абўбакр (р) дар як рўзи сард, обтанӣ кард ва пас аз он понздаҳ рўз таб намуд ва бемор шуд ва чун наметавонист ба масҷид биравад, Умар (р)-ро имоматии қавм баргузид. Мардум барои аёдати Абўбакр (р) меомаданд ва Усмон (р) беш аз ҳама дар давраи бемории Абўбакр (р) ба диданаш меомад”.Ҳангоме ки бемории Абўбакр (р) шадид шуд, ба ў гуфтанд: Оё бароят табиб биёварем?
Абўбакр (р) фармуд: «Маро дида ва гуфтааст, ки ман ҳар коре, ки бихоҳам, анҷом медиҳам.» 
Оиша разияллоҳу анҳо мегўяд: Абўбакри Сиддиқ (р) фармуд: «Нигоҳ кунед ва бубинед, ки аз замоне ки ба хилофат расидаам, чӣ қадар дар мол ва дороии ман, афзуда шуда ва онро ба ҷонишини ман бозпас диҳед.» Баррасӣ кардем ва дидем, ки як ғуломи судонӣ, ки парастори бачаҳояш буда ва як шутур, ки дар обёрии боғаш аз он истифода мекарда, дар ин муддат ба дороияш афзуда шудааст. Онҳоро пеши Умар (р) фиристодем. Умар (р) онҳоро дар ҳисоби байтулмол манзур кард ва дар ҳоли гиря фармуд: «Худо Абўбакрро раҳмат кунад. Ў касонеро, ки пас аз ў ўҳдадори умур бошанд, ба заҳмат андохт”.
Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд: Дар бемории вафоти Абўбакр (р) бар болинаш ҳозир шуда ва чун дидам ки ў, дар ҳолати кандани ҷон аст ва нафас дар сина дорад, гуфтам:
«Қасам мехўрам, ки чун ҷони ҷавонмард ба гулўяш расад ва синааш танг шавад, молу сарват ҳеҷ суде надорад.»
Оиша разияллоҳу анҳо меафзояд: Абўбакр (р) тавре ба ман нигарист, ки гўё хашмгин аст ва сипас фармуд: «Эй модари мўъминон! ин тавр нест. Балки фармудаи Худованд, ҳақ ва росттар аст ки:

Яъне: «Сакарот ва сахтиҳои мавт (саранҷом фаро мерасад ва) ҳақиқатро ба ҳамроҳ меоварад (ва саҳнаҳои сахти охиратро каму беш ба шумо нишон медиҳад ва) ин, ҳамон чизе аст, ки аз он мегурехтӣ.»
( Сураи Қоф,ояти19)
Абўбакр (р) сипас фармуд: «Ман ҳеҷ як аз афроди хонаводаамро ба андозаи ту дўст надорам ва қаблан фалон нахлистонро ба ту бахшидаам. Аммо инак дар бораи ин боғ дар андешаам ва мехоҳам онро ҳам ҷузви мерос манзур кунӣ.» Оиша разияллоҳу анҳо гуфт: Бошад ва сипас боғи эҳдоии падарашро дар моли мерос қарор дод. Абўбакр (р) илова бар ин фармуд: «Ман аз замоне, ки ўҳдадор умури мусулмонон шудаам, ҳеҷ дирҳам ва диноре аз эшон нахўрдаам. Балки аз боқимондаи хўроки эшон мехўрдам ва хашинтарин либосро мепўшидам. Аз амволи умумӣ, чизе ҷуз ин ғиломи ҳабашӣ, ин шутур ва ин қатифа, пеши ман нест. Инҳоро пас аз вафотам, ба Умар таҳвил бидеҳ.» Оишаи Сиддиқа разияллоҳу анҳо пас аз вафоти Абўбакр (р), ғулом, шутур ва қатифаро пеши Умар (р) фиристод ва чун қосиди Оиша, онҳоро ба Умар (р) таҳвил дод, Умари Форуқ (р) ба шиддат гирист ва се бор фармуд: «Худо Абўбакрро раҳмат кунад. Ў ҷонишинони худро ба заҳмат андохт.» Дар ривояте омадааст: Абўбакр (р) дар бемории вафоташ фармуд: «Ман аз байтулмол шаш ҳазор дирҳам барои худ (ба унвони ҳуқуқе, ки бароям таин шуда буд,) ҳазина кардаам ва боғе дар фалон ҷо дорам.» Пас аз вафоти Абўбакр (р) ин моҷароро барои Умар (р) бозгў карданд. Умар фармуд: «Худо Абўбакрро раҳмат кунад. Ў дўст дошт, ки пас аз худ, барои ҳеҷ кас ҷои қилу ва қоле ба ҷо нагзорад.»

Оре! Аз он чи гузашт, мизони таваҷҷўҳи Абўбакри Сиддиқ (р) нисбат ба байтулмол ва амволи умумӣ, намоён мешавад. Абўбакри Сиддиқ (р) бо он ки барои расидгӣ ба умури мусулмонон ногузир шуд даст аз кор ва тиҷораташ бадорад, боз ҳам ба таъмини ҳазинаҳои зарўриаш аз байтулмол дар ҳадди рафъи гуруснагӣ ва пўшиши соддае, ки баданашро бипўшонад, басанда кард ва дар ин ҳол чунон хадамоте ба мусулмонон ироа дод, ки ҳеҷ хазонае, қодир ба анҷом ва ба иборате пардохти ҳазинаҳои чунон хадамоте нест. Абўбакр (р) ба ҳангоми вафоташ, ки миқдори андаке аз амволи умумиро дар ихтиёр дошт, дастур дод, онро ба таври комил ба хазонаи мусулмонон рад кунанд то сабукбор ва осудахотир ба дидори Худояш биравад ва танҳо тақвои Илоҳӣ ва имоне комил, тушаи сафараш бошад. Қатъан ин амалкарди Абўбакри Сиддиқ (р), омўзае барои хирадмандон аст.

Ин ки Абўбакри Сиддиқ (р) дар баробари мизони бардошташ аз байтулмол, замини шахсии худро ба ҳисоби амволи умумӣ манзур кард, нишонаи зуҳд ва тақвопешагии вай мебошад, ки мехост ба дур аз дунёталабӣ ва ҳар манфиати гетиёна ва танҳо ба ризое Худои Мутаол, ба умури мусулмонон расидагӣ кунад.

Бемории Абўбакри Сиддиқ (р) муддати понздаҳ рўз тўл кашид то ин ки рўзи душанбе 22 ҷимодиюс-сонӣ сипарӣ шуд ва шаби сешанбе фаро расид. Абўбакр (р) аз Оиша разияллоҳу анҳо пурсид: «Расули Худо (с) дар чӣ рўзе вафот карданд?» Оиша разияллоҳу анҳо посух дод: «Рўзи душанбе.» Абўбакр (р) ибрози умедворӣ кард, ки ҳамон шаб ба дидори ҳақ биравад ва сипас пурсид: «Расули Худо (с)-ро дар чӣ кафан кардед?» Оиша фармуд: «Расули Худо (с)-ро дар се порчаи сафед, ки бофти Яман буд, кафан карданд ва пероҳану амомае дар он набуд.» Абўбакр (р) фармуд: «Ин ҷомаамро бубин. Онро шуста ва ду порчаи дигар ба он изофа кун.» Ба Абўбакр (р) гуфтанд: «Инак Худои Мутаол, фарохии неъмат додааст. Шуморо дар порчаҳои нав кафан мекунем.» Абўбакр (р) дар посухи ин пешниҳод фармуд: «Шахси зинда барои нигаҳдорӣ аз худ, ба либоси нав ва ҷадид, ниёзмандтар аст. Чунки мурда, чиркин шуда ва мепўсад ва (ниёзе ба либоси нав надорад.)» Абўбакр (р) васият кард, ки ҳамсараш Асмо бинти Умайс ўро ғусл диҳад ва дар канори қабри Расули Худо (с) ўро дафн кунанд. Охирин сухани Абўбакр (р) ин буд: «Худоё! Маро мусулмон бимирон ва ба некўкорон мулҳақ фармо.»

Мадина ки аз вафоти Абўбакри Сиддиқ (р) зарба хўрда буд, аз замони вафоти Расули Худо (с) чунон ғам ва андўҳе ба худ надида ва лабрез аз ғаму андўҳ шуда буд. Алӣ ибни Абўтолиб (р) дар ҳоле, ки гиря мекард ва калимаи истирҷоъ бар забонаш буд, ба хонаи Абўбакр (р) рафт ва фармуд:

«Эй Абўбакр! Худо туро биёмурзад. Ту рафиқ ва мунси Расули Худо (с) будӣ. Ту дилором ва мавриди эътимоди Расули Худо (с) будӣ ва он Ҳазрат (с) розашро бо ту дар миён мегузошт ва аз ту назар мехост. Ту холисонатар ва пеш аз ҳама мусулмон шудӣ ва имону яқинат, аз ҳама маҳкамтар буд. Беш аз ҳама худотарс ва диндор будӣ. Ту бештар ва беҳтар аз ҳама Расули Худо (с)-ро ҳамроҳӣ кардӣ ва ба хотири Ислом, сахтиҳои зиёде кашидӣ. Маноқибу фазоили ту аз ҳама бештар аст ва ҷойгоҳат, рафеъ ва волотар аз ҳамагон. Роҳу равиши ту, аз роҳҳо ва шевааҳои дигар мусулмонон, ҳаммонандӣ ва шабоҳати бештаре ба раҳнамудҳои Расули Худо (с) дорад ва манзалату мақомат дар пеши Расули Худо (с) аз ҳама фаротар буд. Худои Мутаол, ба ту подош неке аз тарафи Расули Худо (с) ва Ислом, иноят кунад. Чунки ту дар замоне Расули Худо (с)-ро тасдиқ кардӣ, ки мардум такзибаш карданд ва барои он Ҳазрат (с) ба манзалаи гўш ва чашм будӣ. Аллоҳ (ҷ) туро дар Қуръон, сиддиқ ва ростгў номид ва фармуд:

“Касоне, ки ҳақиқат ва садоқатро (аз сўи Худо бо худ) оварда ва касоне, ки ҳақиқат ва садоқат (-и таблиғшуда аз сўи паёмбарон)-ро тасдиқ кардаанд, парҳезкорони воқеӣ ҳастанд.” (Сураи Зумар, ояти 33)

Ту дар он замон ки мардум бухл варзиданд, Расули Худо (с)-ро бо амволат ёрӣ расондӣ ва ба он гоҳ, ки мардум аз ёрии ў худдорӣ карда ва нишастанд, ту ба ҳамроҳи он Ҳазрат (с) дар баробари сахтиҳо истодӣ ва дар шароити сахт, ба беҳтарин шакл, ўро ҳамроҳӣ намудӣ. Ту дар сафари ҳиҷрат бо Расули Худо (с) ҳамроҳ шудӣ ва он гоҳ, ки дар ғор будед, сакина ва оромиш нозил шуд. Ту ҷонишини хубе барои Расули Худо (с) дар дифоъ аз дин ва расидагӣ ба умури уммат будӣ ва ҳангоми иртидод ва аз дин баргаштани мардум, ба беҳтарин шакл, хилофат кардӣ ва тавре умурро сару сомон додӣ, ки халифа ва ҷонишини ҳеҷ паёмбаре, чунон амалкарде надоштааст. Замоне ки саҳоба (р) сустӣ карданд, ту ба по хостӣ ва ба ҳангоми сустӣ ва заъфашон, қавӣ ва қудратманд зоҳир шудӣ ва роҳи Расули Худо (с)-ро маҳкам ва устувор паймудӣ. Ту ҳамон гуна, ки Расули Худо (с) дар бораат фармудаанд, аз лиҳози ҷисмӣ наҳиф ва лоғар будӣ ва дар умури дин, қавӣ ва устувор. Ту дар нигоҳи худ кучак будӣ ва фурўтанӣ меварзидӣ. Аммо назди Худо ва дар чашми мардум, бузург ва қобили эҳтиром будӣ. На ту аз касе айбҷўӣ мекардӣ ва на дар ту, барои дигарон ҷои таън ва айбҷўӣ буд. Ҳеҷ махлуқе назди ту хору забун набуд. Инсони заиф ва ҳақбохтаро гиромӣ медоштӣ ва ҳақашро ситонда ба ў бозпас медодӣ. Ҳар дуру наздике дар чашми ту яксон буд. Касе ба ту наздиктар буд, ки беш аз дигарон фармонбардортар ва муттақитар буд. Ҳол ва вазъи ту, ҳақиқат, садоқат ва меҳрварзӣ буд. Гуфторат пур аз донишу дурандешӣ ва кирдорат, мамлў аз садоқат ва пайрави ростини Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) ва ёри бо сафои Ӯ (с) буди.Аллоҳ аз ту розӣ бод ва моро пайрави шумо бузургони ин уммат бигардонад омин.
Муҳаммадиқболи Садриддин

Пайнавишт-Сарчашмаҳо:

1.)Асҳобу-р-Расул, навиштаи Маҳмуд Мисрӣ (1/104)
2.)Тартиб ва таҳзиби ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, с.33.
3.) Сифату-с-сафва (1\265)
4.) Табақоти Ибни Саъд (3/146)
5.) Нувайрӣ дар Ниҳояту-л-ираб
6.) Ал-мунтазам аз Ибни Ҷавзӣ (4/127); Асҳобу-р-Расул (1/105)
7.) Ашҳару машоҳири-л-ислом (1/94
8.) Ат-Таъриху-л-исломӣ, (с.104 )
9.)(Аш-шайхон Абўбакри-с-сиддиқ ва Умар ибни-л-Хаттоб биривояти-л-Билозареӣ фӣ ансобу-л-ашроф, ба таҳқиқи Эҳсон Сидқӣ с.69)

Share This Article