(ИМОМ БУХОРӢ ШАХСИ НОТАКРОРИ ТАЪРИХӢ ИСЛОМ) Ин мард Муҳаммад ибни Исмоили Бухороӣ фахри ҳамаи мо мусалмонон ва ба хусус Тоҷикон аст.

Ислоҳ нет

(ИМОМ БУХОРӢ ШАХСИ НОТАКРОРИ ТАЪРИХӢ ИСЛОМ)
Ин мард Муҳаммад ибни Исмоили Бухороӣ фахри ҳамаи мо мусалмонон ва ба
хусус Тоҷикон аст.
Номи пурраи ў Абуабдуллоҳ Муҳаммад Абулҳасан ибни Исмоил ибни Иброҳим
Барзаҳбеҳ мебошад, ки асли ў аз Тоҷикони Бухоро буд.
Муҳаммад ибни Исмоил соли 194 ҳиҷрӣ, ки мутобиқ ба 810 милодӣ аст, дар
Бухоро ба дунё омадааст. Падараш Исмоил дўстдори илм ва донишмандон буд.
Қуръон ва ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро эҳтиром мекард.
Исмоил аз Муҳаммад калонтар писаре дошт, ки Аҳмад ном дошт, яъне бародари
Муҳаммад. Дар сарчашмаҳо дар бораи Аҳмад маълумоте ворид нашудааст. Аммо
фарзанди дуюми ў Муҳаммад ибни Исмоилро дар Шарқу Ғарб ҳама мусалмонон бо
тахаллуси Имом Бухорӣ мешиносанд ва то ҳол ҳама донишмандон ба илму
маърифати ў қоил мондаанд.
Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки Муҳаммад дар оилае ба дунё омадааст,
ки дўстдори илм ва дини илоҳӣ буданд. Аммо бо тақдири илоҳӣ ҳанўз дар
айёме, ки Муҳаммад ба синни балоғат нарасида буд, падараш Исмоил вафот
мекунад ва Муҳаммадро ятим мегузорад. Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки баъди
вафоти падар тарбияи Муҳаммад ба дўши кӣ вогузор шуд? Ва ё худ чӣ гуна як
фарзанди ятим дар оянда як шахси бузург гашт ва номи падари худро зинда
кард? Ба ин саволҳо танҳо як калима ҷавоб аст, модар.
Модаре, ки дар ҳақиқат зоҳида, обида, аҳли саҷда ва аҳли дуо буд. Модаре, ки
воқеан ҳам парҳезгор буд. Модаре, ки ба Қуръону ҳадисҳои Паёмбар
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам) муҳаббати зиёд дошт. Ин модар ба ҷуз он, ки
фарзандонро акнун танҳо ба воя мерасонд, боз ба мусибати дигаре низ гирифтор
буд. Аммо ба тақдири илоҳӣ боварӣ дошт ва ба тақдири худ розӣ буд. Модаре, ки
имон ба Худованд дошту медонист, ки дуо иҷобат мешавад ва аз ин рў, ҳеҷ гоҳ аз
даргоҳи Худованд ноумед намешуд.
Мусибати ба сари чунин модар омада ин буд, ки Муҳаммад ибни Исмоил (Имом
Бухорӣ) дар овони кўдакӣ аз неъмати чашм маҳрум шуда нобино гашта буд.
Модар ҳар лаҳза Худоро ибодат карда, танҳо як дуо мекард: Худовандо, ба
фарзандам биноияшро бозгардон.
Яке аз шабҳо модар дар хоб Иброҳим Паёмбар (алайҳи салом)-ро мебинад.
Иброҳим (алайҳи салом) ба модар муроҷиат карда мегўянд, ки эй фалонӣ,
Худованд дуои туро, гиряҳои туро иҷобат кард ва ба фарзандат биноияшро
бозгардонд. Модар дарҳол аз хоб бедор мешавад ва мегўяд, ки шояд, ки хобам
рост бошад.
Чун субҳ медамад, модар болои ҷои намоз буд, ки Муҳаммад давон назди модар
омад ва гуфт, ки модар, ман шуморо дида истодаам. Модар гуфт, ки албатта, ту
маро дида истодаӣ, аммо бо чашми биноият не, балки бо чашми дилат. Муҳаммад
мегўяд, ки не модараҷон ман шуморо ба чашми биноиям дида истодаам. Ин лаҳза
барои модар беҳтарин лаҳзае буд, зеро биноӣ ба фарзандаш Муҳаммад ибни
Исмоил бозгашт.
Бубинед, ки дасти дуои модари боиффат, агар аз Худованд дуо пурсад, ба чӣ
гуна муъҷизаҳо қодир аст. Дар ҳақиқат, мақом ва манзалати модарон назди
Худованд баланд аст. Аз ин сабаб бояд, ки модарон дар ҳаққи фарзанди хеш
дуои нек кунанд, на он дуоҳое, ки сад афсўс, имрўзҳо дар роҳраву кўчаҳо,
бозору хиёбонҳо ва умуман дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз баъзе модарон нисбати
фарзандашон мушоҳида мекунем. Аз қабили ҷавонмарг шав, ба ягон бемории сахт
ва дарднок гирифтор шав. Аммо аз он андеша намекунанд, ки агар он дуо иҷобат
гардад, пеш аз ҳама худи онҳо модарон ҷафо мекашанд, худи модар тоқати
дидани доғи фарзандро надорад.
Хулоса, Муҳаммад ибни Исмоил дар тарбияи чунин модари боифат ба воя
мерасад. Вақте ба синни даҳсолагӣ мерасад, модар ўро ба мадрасаи Бухоро
мебарад. Муҳаммад дар Бухоро чанд оят ва чанд сураи Қуръонро аз худ мекунад
ва инчунин ба ҳадисҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таваҷҷўҳ
зоҳир намуда, чанде аз онро ҳифз мекунад. Худованд ба кўдак чунон зиракӣ ва
доногиро дода буд, ки ба синни даҳсолагиаш нигоҳ накарда, баъзе аз
хатогиҳое, ки устодон ҳангоми ривояти ҳадис роҳ медоданд, сари вақт ислоҳ
мекард.
Мегўянд, ки рўзе назди устод шайх Дохилӣ будам. Шайх ҳадисро чунин оғоз
карданд: «Ан Абузубайрин ан Иброҳимин…». Гуфтам: Устод бубахшед, ки асли
ҳадис чунин нест. Устод маро сарзаниш карданд. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки шумо
метавонед, ки ба асли ҳадис назар кунед. Шайх ба хона даромада, асли
ҳадисро диданд ва сипас баромада аз ман пурсиданд, ки Муҳаммад асли ҳадис
чӣ гуна аст? Гуфтам, ки Ан Зубайрин Хузайм ибни Иброҳим. Гуфтанд, ки дуруст
гуфтӣ, фарзандам.
Шабе Муҳаммад ибни Исмоил дар хоб мебинад, ки назди Паёмбар (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам) истодаанду бо шамолдеҳе Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва
саллам)-ро шамол медиҳад. Аҳли илм хоби ўро таъбир карданд ва гуфтанд, ки
рўзе мешавад, ки ту Муҳаммад ибни Исмоил ҳадисҳои саҳеҳ ва заъифро ҷудо
мекунӣ ва ҳадисҳои бофтаро барои ҳама маълум мегардонӣ.
Дар синни понздаҳсолагӣ Муҳаммад ҳамроҳи модар ва бародар ба шаҳри Макка
барои зиёрати Каъба мераванд. Баъди адои маносики Ҳаҷ модар ва бародар
бармегарданд, аммо Муҳаммад ибни Исмоил он ҷо боқӣ мемонад. Дар Макка
Муҳаммад назди донишмандони илми фиқҳу ҳадис таълим мегирад. Сипас ба
шаҳрҳои Басраву Бағдод меравад ва дар он ҷо низ ба омўзишу ҷамъоварии
ҳадисҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) машғул мешавад.
Боре дар шаҳри Басра Муҳаммад ҳамроҳи чанд нафаре ба дарс мерафтанд. Ҳама
ҳамроҳи худ қалам ва дафтар гирифта буданд, аммо ў чизе гирифта набуд.
Ҳамроҳони ў аз чунин ҳолати ў тааҷҷуб намуда, ба ў гуфтанд, ки ба дарс
омадани ту чӣ фоида дорад, ки чизе ҳамроҳи худ нагирифтӣ? Муҳаммад дар
ҷавоб чизе нагуфт. Танҳо баъд аз шонздаҳ рўз ба ҳамроҳонаш гуфт, ки шумо
ғамгин шуда будед, ки ман ҳамроҳи худ қаламу дафтар нагирифта, ба дарс
ҳозир мешудам. Акнун дафтарҳои худро бароред, ман тамоми он ҳадисҳое, ки
дар муддати 16-рўз омўхтем барои шумо аз ёд мегўям. Дар ин 16-рўз 16-ҳазор
ҳадис гузашта буданд. Муҳаммад ибни Исмоил ба хондани ҳадисҳо чунон оғоз
кард, ки ҳатто баъзе нафароне, ки ба дафтар навишта буданд, хатогиҳои худро
ислоҳ мекарданд.
Бубинед, ки азёд кардани 1000 ҳадис ҳар рўз бидуни он, ки чизеро навишта
гирад, барои Муҳаммад ибни Исмоил чӣ гуна осон буд. (Худованд ба ҳама кор
қодир аст.)
Ҳамин тавр, баъд аз шаҳри Басра ба Бағдод меравад. Номи Имом Бухорӣ,
аллакай, дар шаҳри Бағдод ҳамчун Имом Бухорӣ шахси ҳадисдон паҳн гашта
буд. Донишмандони бузурги илми ҳадиси Бағдод байни ҳамдигар иттифоқ
карданд, ки пагоҳ Имом Бухорӣ ба Бағдод меояд ва дар ҳалқаи илмӣ мешинад,
ки дар он ҳазорон нафар иштирок мекунанд, бояд дар он ҳалқаи илмӣ ўро
имтиҳон кунем. Имтиҳон аз он иборат аст, ки бояд даҳ нафареро интихоб кунем,
ки ҳадисро хуб донанд ва ба ҳар нафаре даҳ ҳадисӣ дода, ҳар якеро вазифадор
созем, ки он даҳ ҳадисро чунон дигаргун созад, ки метавонад. Яъне ровиёни
ҳадисро пешу қафо гузоранд ва матни ҳадисро низ тағир диҳанд.
Хулоса, он рўз он даҳ нафар ҳар яке даҳ ҳадиси тағирдода ва дар маҷмуъ сад
ҳадисро барои Муҳаммад ибни Исмоил бояд, ки бихонанд ва аз ў дуруст ва ё
нодуруст будани онҳоро бипурсанд.
Рўзи дигар Имом Бухории ҷавон дар масҷиди Бағдод дарс мегузашт, баъд аз ба
охир расидани дарс яке аз он даҳнафарае, ки пешакӣ тайёрӣ дида буданд,
ҳадисеро хонд ва аз Имом Бухорӣ дуруст ва ё нодуруст будани ҳадисро пурсид.
Дар ҷавоб Имом Бухорӣ гуфт, ки ман чунин ҳадисро намедонам. Ҳамин тавр он
нафар даҳ ҳадис гуфт ва нўҳ нафари дигар низ даҳ ҳадисӣ гуфтанд, аммо ҳама
танҳо як ҷавоб мешуниданд, ки ман чунин ҳадисро намедонам.
Касоне, ки аз қисса хабар доштанд, аллакай ба зиракии Имом Бухорӣ қоил
шуданд, зеро фаҳмиданд, ки ў нодурстии ҳадисҳоро дарк кардааст. Аммо онҳое,
ки аз қисса хабар надоштанд, аз чунин ҷавоб тааҷҷуб мекарданд ва ҳатто
баъзеҳо мегуфтанд, ки илми Имом Бухорӣ ҳанўз пурра нашуда будааст. Дар охир
Имом Бухорӣ аз ҷамоат пурсид, ки оё ҳама шуданд? Гуфтанд, ки ҳама шуданд.
Сипас, Имом Бухорӣ ба нафари аввале, ки ҳадис гуфта буд, муроҷиат кард ва
гуфт, ки ҳадиси аввале, ки чунон хондӣ тарзи дурусти он чунин аст. Ҳадиси
дуввуме, ки чунон хондӣ тарзи дурусташ чунин аст…
Ва ҳамин тавр сад ҳадисро ба ҳар як хонандааш бо тарзи дурусташ хонда дод. Ин
лаҳза ҳама тааҷҷуб карданд ва ба қувваи ҳофизаи ў қоил гаштанд. Тааҷҷуби
мардум дар он набуд, ки тарзи дурусти ҳадисҳоро хонд, балки тааҷҷуб дар он
буд, ки чӣ гуна Имом Бухорӣ ҳамагӣ бо як маротиба шунидани сад ҳадиси
тағирдодашуда тавонист, ки онро дар хотираш нигаҳ дорад ва ҳар якеро ба
соҳибаш аз сари нав хонда диҳад.
Имом Бухорӣ дар синни 16-солагӣ ба таълифи китоби худ «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, ки
ҳамчун «Саҳеҳи ҷомеъ» машҳур аст, шурўъ мекунад.
Хулоса, ин ва дигар омилҳое буданд, ки «Саҳеҳи ҷомеъ»-и Муҳаммад ибни
Исмоил, ки маъруф ба Имом Бухорӣ аст, сарчашмаи дуввуми дини Ислом қабул
карда шуд.
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз вафоташон ба уммати
худ васият намуда фармуда буданд, ки ман мемирам, аммо баъд аз худ барои
шумо ду чизро меърос мегузорам, яке Қуръон ва дигаре ҳадисҳои ман аст. Ва
ҳоло ҳамаи мусалмонони рўи олам баробари ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммад
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидан, пеш аз ҳама китоби «Саҳеҳи
ҷомеъ»-и Имом Бухориро пеши назар меоранд.

Share This Article