НАФАҚАИ ЗАН АЗ НИГОҲИ ШАРЪ

Ислоҳ нет

НАФАҚАИ ЗАН АЗ НИГОҲИ ШАРЪ

(бахши ҳафтум)

Мурод аз нафақа, омода кардани ҳар он чизе аст, ки зан дар зиндагии худ тибқи урфу одати он минтақа сарзамин мардум аст ва ба он эҳтиёҷ дорад мебошад.Нафақа иборат аз таъмини хӯрок, пӯшок, хона, хидмат ва муъолиҷаи зан аз тарафи шавҳар аст, агарчи худи зан сарватманд буда, эҳтиёҷ ба нафақаи шавҳар надошта бошад
.
ШАРТҲОИ ГИРИФТАНИ НАФАҚА.

Зан вақте сазовори нафақа мегардад, ки шартҳои зеринро амалӣ гардонад:

а) Ақди издивоҷ аз нигоҳи шаръӣ дуруст бошад;
б) Ин, ки зан худро ба шавҳараш таслим намояд;
в) Монеи гирифтани баҳраи шаҳвонии шавҳари худ аз худ нагардад;
г) Ин, ки аз ҳамроҳӣ бо шавҳари худ дар сурати сафар кардан ба ҷои дигар худдорӣ нанамояд, магар он, ки сафари зан ба ҷои дигар сабаби зарар расидан ба ҷон ва ё мол ва ё шарафи ӯ гардад, ки дар ин сурат мард, нафақааш ба ӯҳдаи шавҳараш лозим мегардад.

АНДОЗАИ НАФАҚА.

Андозаи нафақа аз нигоҳи ҳолати иқтисодии мард таъин мегардад, на аз нигоҳи ҳолати зан ва хонаводааш. Масъалан, агар шавҳар сарватманд бошад, бояд мувофиқи дороии худ василаҳои зиндагиро барои зан омода созад, агарчи зан камбағал ва ё аз хонаводаи камбағал бошад. Агар мард камбағал ва нодор бошад нафақа ва василаҳои зиндагии зан мувофиқи дороии вай лозим мегардад, агарчи зан сарватманд буда, аз хонаводаи бой ва тавонгаре бошад.

Чанд нукта.

1. Агар зан бо вуҷуди хурдсолӣ ба хонаи шавҳараш фиристода шуда бошад, нафақааш бар шавҳар лозим мегардад, агарчи аз вай баҳраи шаҳвонӣ набарад. Албатта ҳоло чунин чизе вуҷуд надорад аммо ин ҳукм аст, ногузирам онро баён дорам.

2. Агар зан дар ихтиёри шавҳар бошад, нафақаи вай бар шавҳараш лозим мегардад, агарчи ба сабаби беморие, қобили бурдани баҳраи шаҳвонӣ набошад ва фарқе намекунад, ки ин беморӣ дар хонаи шавҳар пайдо шуда бошад ва ё дар ҳолати беморӣ ба хонаи шавҳараш омада бошад, чунончи фарқе намекунад, ки навъи беморӣ чӣ буда ва дар кадом ҷои бадани зан бошад.

СОҚИТ ШУДАНИ НАФАҚА.

Нафақаи зан дар ҳолатҳои зерин аз ӯҳдаи шавҳар соқит мегардад:

1. Рафтани зан аз хонаи шавҳар бе рухсат ва иҷозаи вай;

2. Дар ҳолати зиндонӣ шудани зан ба сабаби гуноҳ ва кӯтоҳие, ки аз тарафи худи зан бошад, монанди ҷиноят, даст задан ба фоҳишагӣ, қарздорӣ, тиҷорати маводи мухаддир ва монанди инҳо;

3. Дар рӯзаи нафлӣ гирифтан ва ё эътикоф нишастан (чилланишинӣ) бе иҷозаи шавҳар;

4. Дар сурати муртад шудан, яъне аз дини ислом баргаштан.
Чанд нукта.

1. Агар зан ва шавҳар кофир буданд ва зан мусалмон шуд, нафақааш бар шавҳараш лозим мегардад ва агар шавҳар мусалмон шуд, то вақте ки зан мусалмон нашавад, нафақааш бар шавҳараш лозим намегардад;

2. Агар зан ва шавҳар мусалмон буданд ва баъд аз ҳамхобагӣ ва ё хилват зан аз дини ислом барояд, нафақааш соқит мегардад, вале агар мард муртад шуд, нафақаи зан бар ӯҳдаи шавҳараш лозим мегардад;

3. Агар шавҳар занашро бе нафақа гузошт ва ё шахси бахиле буда, ба андозаи кофӣ нафақа барои занаш намедиҳад, зан ҳақ дорад аз моли шавҳар бе иҷозаташ нафақаи худ ва фарзандонашро бигирад. Он миқдоре, ки барояшон кофӣ бошад аз ҳадди лозима зиёд ҳақ надорад истифода кунад.

4. Агар мард бо занаш зиндагӣ намуда, нафақаи оддии худ ва хонаводаашро омода намояд, зан ҳақ надорад аз мард нафақаи ҷудогонае хоҳад. Масалан чизҳое талаб намояд, ки мард аз бароварда сохтани онҳо оҷиз бошад. Зани ҳамсоя чунин чизе дорад ман ҳам бояд дошта бошам ва ғайра…

5. Агар зан ба табобат эҳтиёҷ пайдо кунад, мард вазифадор аст ба андозаи тавони худ ба табобат ва муъолиҷаи зан бипардозад. Фарқе намекунад, ки ин беморӣ – бемории таваллуд кардан бошад ва ё ғайри он, дар хонаи шавҳараш бемор гардида бошад ва ё дар хонаи падару модараш бемор шуда бошад;

6. Агар зану шавҳар дар минтақае қарор дошта бошанд, ки қонуни суғурта (бима) дар он ҷо маҷбурӣ бошад, суғуртаҳои иҷтимоӣ ва сиҳатии зан ба ӯҳдаи мард аст;

7. Агар дар вақти ақди никоҳ қарор гузошта буданд, ки шавҳар бояд ҳамаи маҳр ва қисмате аз онро дар фалон вақт барои зан бипардозад ва мард он вақт маҳри занро барояш напардохт, зан дар ин ҳолат ҳақ дорад, ки аз рафтан ба бистари ҳамсараш, то вақти гирифтани маҳраш худдорӣ намояд ва бо вуҷуди ин худдорӣ, нафақаи зан ба шавҳараш лозим мегардад. Масалан маҳрашро 5000 ҳазор сомонӣ муқарар менамоянд ва мард танҳо 2500 сомониашро мепардозад. Боқиро ба баъд мегузорад ва вақте зан он маблағро хост мард бояд онро бипардозад инро мегӯянд” Алмаҳру индал мутолаба”

8. Зан дар ҳар шаш моҳ як бор ҳақ дорад, ки шавҳараш барояш либоси комиле мутаносиб бо обу ҳавои минтақа ва урфу одати мардум омода намояд. Вале урфу одати мардум бештар аз ин бошад, мустаҳаб аст, ки мард барои занаш ба асоси урфу одат либос таҳия намояд;

9. Агар шавҳар камбағал гардад ва қудрати нафақа додан барои занашро надошта бошад, зан ҳақ дорад аз хешу табори худ ва ё хешу табори шавҳари худ қарз гирифта, нафақаи худро таъмин намояд ва албатта масъули адои ин қарз дар оянда шавҳари зан мебошад, на худи зан. Ин назари уламои ҳанафӣ аст. Дар назди иддаи дигаре аз уламо дар сурате ки мард тавоноии нафақа додан барои ҳамсарашро надошта бошад, зан ҳақ дорад, то аз қозӣ бихоҳад, ки никоҳашро бо он мард ботил намояд. Гурӯҳи дигар мегӯянд, ки агар мард ҳангоми никоҳ камбағал буда, фақри худро аз зан пинҳон карда бошад, зан ҳақ дорад, то талаби ботилии никоҳро нмояд. Вале агар ҳангоми никоҳ тавоно буда, баъд аз он камбағал шуда бошад ва ё аз аввал ҳолати камбағалии худро барои зан баён дошта буд, ҳаққи ботил намудани никоҳ барои зан боқӣ намемонад ва фақат ҳақ дорад, ки аз хешовандони худ ва хешовандони шавҳари худ қарз гирифта, нафақаи худро таъмин намояд.

Албатта, алоқаи маҳками зан ба шавҳар ҳамин чизро тақозо мекунад, ки набояд ба сабаби камбағалии шавҳар, занаш аз хонааш хориҷ гардад. Вале суоли муҳиме, ки боқӣ мемонад ин аст, ки агар касе пайдо нашуд, ки барои зан ба таври доим ва пайваста қарз диҳад, зан нафақаи худро аз куҷо таъмин намояд ва шояд аз ҳамин хотир, гурӯҳи дуввум, дар сурати камбағалӣ ва дармондагии шавҳар аз нафақа барои зан ҳаққи талаби ботил намудани никоҳро додаанд;

1. Занеро, ки шавҳараш талоқ медиҳад, нафақаи вай то ҳангоми ба поён расидани идда ба ӯҳдаи шавҳараш аст;

2. Зан ҳақ дорад, ки шавҳараш, агар имконияти молӣ дошта бошад, нафақаи хидматгорашро ба ӯҳда гирад ва ба ин назари Имом Абуҳанифа (р), Имом Муҳаммад (р) аст ва Имом Абуюсуф (р) мегӯяд: «Зан ҳаққи нафақаи ду хидматгорро бар шавҳараш дорад, то яке дар корҳои дохили хона ва дигаре дар корҳои берун аз хона ба ӯ ёрӣ расонад»;

3. Хонаеро, ки зан бар шавҳараш ҳақ дорад, хонаи мустақил ва ҷудогона аст. Бинобар ин, шахсе, ки ду зан дорад, наметавонад ҳар ду занро дар як хона ҷой намояд, магар он ки ҳар дуи онҳо ба ин кор мувофиқат намоянд;

4. Агар шавҳар аз зани худ, ки вафот кардааст ва ё ӯро талоқ додааст фарзанд дошта бошад, агарчи барои зани дигараш маҳрам шумурда мешавад, шавҳар наметавонад онҳоро бе ризояти зан, дар хонае, ки барои вай омода кардааст, биёрад;
5. Шавҳар ба се шарт метавонад падар ва модарашро дар хонае, ки барои ҳамсари худ таҳия намудааст, ҷой ва манзил диҳад:

Шарти аввал он, ки падар ва модараш камбағал буда, тавоноии таҳияи ҷои истиқомат ва хурду хӯрок ва пӯшокаро барои худ надошта бошад ва ё аз пирӣ ва беморӣ тавоноии кору борро надошта бошанд;

Шарти дуввум он, ки фарзандашон, ки шавҳари зан бошад, қудрати омода кардани хона ва зиндагиро ба таври ҷудогона барои падару модари худ надошта бошад;

Шарти саввум он ки шахси дигар, ки дар ба ӯҳда гирифтани зиндагии онҳо аз шавҳари зан ҳақдортар бошад, вуҷуд надошта бошад.

Дар сурати вуҷуди ин шартҳои сегона аст, ки шахс метавонад падар ва модари худро ба хонае, ки барои занаш омода кардааст, ҷой ва манзил диҳад. Баъд аз зиндагӣ кардани падару модари шавҳар дар хонаи фарзанди худ, ҳақ надоранд, ки дар корҳои мутааллиқ ба зану шавҳар дахолат намуда, амру наҳйи хонаро ба ӯҳда гиранд ва коре, ки карда метавонанд ин аст, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани мухолифат байни зан ва шавҳар, онҳоро бо забони нарму ширин насиҳат намоянд.

1. Мард ҳақ надорад, то ба бародари худ иҷоза диҳад, ки бо вай дар як хона зиндагӣ намояд, агарчи зан ба ин кор мувофиқат дошта бошад, зеро бародари шавҳари зан нисбат ба зан бегона шумурда мешавад;

2. Зан ҳақ надорад хешу табор ва фарзандонеро, ки аз шавҳари пешинааш дорад, бе иҷозаи шавҳари худ, ба хонааш оварад;

3. Зан ҳақ дорад, то барои падару модараш иҷоза диҳад, ки дар ҳар ҳафта як бор ба диданаш омада ва ё худ ба дидани онҳо равад;

4. Зан метавонад ҳар сол як бор мувофиқи урфу одат ба дидани дигар хешу табори маҳрами худ равад ва хешу табори маҳрами вай иборатанд аз бобо, бародар, бародарзода, амак, тағо, модаркалон, хоҳар, хоҳарзода, амма ва хола. Чунончи ҳақ дорад, то ба онҳо иҷоза диҳад, ки ба диданаш оянд. Дар сурати рафтан ба дидани онҳо харҷи сафари зан ба ӯҳдаи шавҳараш аст.
Мардҳои гиромӣ инро фаромӯш накунед ҳамеша занҳо танҳо ниёз ба нафақа,хона ,либос надоранд.Инчунин дар баробари ин ҳама ниёз ба сухани зебо ва меҳрубониеки,дилашро пур созад ва ҳама мушкилоти фаровону домангири дигарро фаромӯш намоянд!
Мақолаи баъдӣ иддаи зан мебошад, онро дунбол намоед

Share This Article