Чаро шиаҳо нисбати Ҳасан ибни Алӣ (разияллоҳу анҳу) ҳисси бад бини доранд?

Ислоҳ нет

Чаро шиаҳо нисбати Ҳасан ибни Алӣ (разияллоҳу анҳу) ҳисси бад бини доранд?
(сухане чанд перомуни Ҳасан(р) Муъовия(р) ва Имомат)
Ин фикрест, ки пайваста маро дар тааҷҷуб мегузорад. Чаро вақте шиаҳо даъво доранд, ки мо дӯстдори “Аҳли Байт” (раз) ҳастем, мазҳаби худро низ ба ин хонадони пок нисбат медиҳанд, аввалин имоми худро Алӣ Ибни Абӯтолиб (раз) меҳисобанд ва пас аз он Ҳазрат аз писаронаш ва бояд гуфт, ки аввалин писари Алӣ Ибни Абӯтолиб (раз) ва Фотимаи Заҳро (раз) Ҳасан (раз) аст ва Ҳасан (раз) писари бузурги ин хонадони поку мутаҳҳар аст ва имоми дуввум мебошад ба ақидаашон. Аммо барои шиаҳо, ки ба иддаои худ содиқанд, чӣ боис мегардад, ки ҳама ончи доранд ҳамеша номи бародари Ҳасан (раз), Ҳусайн (раз)-ро мегиранд? Ба ин ибҳомот таври зайл посӯх мегуям, то барои ҳар хонанда равшану возеҳ маълум гардад.
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.
Ҳасан (раз) бузургтарин усули дин назди шиа, ки “Имомат” ҳаст аз байн бурдааст ва ин усуле, ки худи шиаҳо бар он имон доранду муътақиданд ва агар касе ба “Имомат” муътақид набошад он шахс кофир, муртад ва аз ислом хориҷ аст!
Пас, чи тавр Ҳасан (раз) ин асли муҳими назди шиаро аз миён бардошт?
– Дар соли Ҷамоъат он соле, ки Ҳасан (раз) ва Муъовия (раз) бо якдигар сулҳ карданд дар ҳоле, ки Ҳасан (раз) дорои имконоте буд,ки агар муболаға ҳам шавад ягон халифаи пешин он иқтидорро надошт. Ҳама уммати ислом аз Шарқ то Ғарб зери парчами он Ҳазрат то дами марг рост меистоданд ва бо касе мехост меҷангиданд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, иллати ин ҳама ҷоннисорӣ чист? Зеро Ҳасан (раз) набераи расули акрам (с) буд ва ӯро дар чанд ҳадисашон писарам гуфтаанд ва маҳбубияти хеле зиёд ҳам дошт. Ҳангоме, ки ба роҳ баромад шумори артиши ӯ ба 200 ҳазор мерасид. Бузургтарин шамшерзанону муборизони араб дар ин сипоҳ буд ва ҳама мунтазири амр не мунтазири як ишораи он Ҳазрат буданд, то лашкари Шом ё Муъовия (раз)-ро шадидан дар муддати кӯтоҳе торумор намоянд, дар ҳолеки дар маҷмуъ сипоҳи Муъовия аз 60 ҳазор зиёд набуд ва дар миёни уммат, араб ва мусалмонон ҳаргиз ҷойгоҳи Ҳасан (раз)-ро надошт!
Хонандаи гиромӣ худ қазоват ва андеша кунед шахсе аз фарзандони паёмбари уммат бошад ва дар атрофаш бузургтарин артиш қарор дошта бошад, аз касе ҷои тарс ҳам надошта бошад чӣ тавр бо хоҳиши худ аз вазифаи қонуниаш худро барканор менамояд? Вазифаашро ба як волии яке аз манотиқе, ки зери ҳукми ислом аст ва ӯ агарчӣ нофаҳмие дар айёми ҳукумати падараш дошт онро бо як амр тағйир метавонист диҳад. Ҳатман ӯро ё бо хоҳиши Муъовия бошад ё ғайри хоҳишаш водор менамуд ба ӯ итоъат намояд, дар сурате, ки Муъовия тоқати муқовимат бо Ҳасан(раз)-ро надошт ва ин ба ҳама маълум аст.
Боз ба эътиқоди шиъа ӯ имом аст ва аз ҷониби Худо таъин шудааст, чӣ тавр як имом ба эътиқоди онҳо вазифае, ки агар аз ҷониби Худо бошад он вазифаро ба шахси дигар вогузор менамояд?
Пас, инҷо ба ақидаи шиа Ҳасан бузургтарин иштибоҳро анҷом додаанд, ки аз ин зумраанд:
-яккум Ҳасан (раз) қудратманд буд ва метавонист Муъовиро дар лаҳзае нобуд кунад, аммо накард!
-дорои вазифа буд ва он халифа буд ва аз нигоҳи қонун касе ӯро итоати фармон накунад бояд ӯро маҷбур ба итоат кунад, то аз ҳукмаш берун нашавад, агар шуд ӯро ҳақ ба нобудӣ дошт!
-шиа ақида доранд, ки имомонашон дорои илми ғайб ҳастанд, пас Ҳасан (раз) падари имомонашон буд ва имоми дуввумашон маҳсуб мешавад ва бузургтарин писари Алӣ ва Фотима (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) буд.Чӣ тавр ин ҳамаро надонист?
-инчунин ақида доранд имомонашон маъсуманд ва ҳаргиз хато намекунанд.
-пас, инҷо тавре ки дар боло баён доштам ҳама ончи мегӯянд ва эътиқод доранд ҳамагӣ ботил ва бофтаву сохта гардид.
-Ҳасан (раз) чӣ тавр мухолифат бар исмат намуд?
-чӣ тавр аз вилоят ва имоматаш фаромӯш кард ва онро истифода набурд дар ҳоле ки метавонист?
-чӣ тавр шиаҳоро, ки имрӯз иддаои имомати ӯро аз ҷониби Аллоҳ доранд дар як ҷойгоҳи баде қарор дод?
-агар имомат, ки яке аз аркони муҳим назди шиа аст ва аз ҷониби Аллоҳ муқаррар гардидааст, пас имоми дуввум Ҳасан (раз) онро аз миён бурд ва ин мазҳабро зери суоли бузург қарор дод, ки дигар аслан набояд ягон шиа ба ин ақида имон дошта бошад.
Агар ин аслро аз мазҳаби шиа бардорем, ки он имомат аст, пас мазҳаби шиа бекор ва вайрон мегардад.
-вақте имомат аз миён рафт ин ҳама дудмону мазҳабе, ки ташкил кардаанд ва аслаш, ки инҳоянд харобу валангор ва бе роҳрав мемонад.
-хумс аз миён меравад :иқтисод, ки аз ин роҳ аст вақте имоме вуҷуд надошта бошад чӣ тавр онро ҷамъоварӣ менамоянд?
– қабрҳо чӣ мешавад: агар имомат аз миён рафт чӣ тавр бо номи онҳо пул ҷамъ мешавад?
Хонандаи гиромӣ асли мазҳаби шиа, ки имомат аст, агар он аз миён рафт, пас чизе боқӣ намемонад. Худ ҳама ончи мегӯянд ба ин асл қиёс кунед мазҳаб аз миён меравад.Чӣ боқи мемонад инҷо? Исломи аслӣ? Кадом исломи аслӣ? Он исломи аслие, ки мову шумо “Аҳли суннат” бар онем.
Акнун фаҳмидед, ки барои чӣ Ҳасан(раз)-ро шиа бад мебинад?
Як нуктаи муҳими дигар аст, ки бояд донем. Шиа ҳар қадар бо Муъовия (раз) пархош намоянд Ҳазратро бад гӯянд, тӯҳмат зананд ва ӯро боғӣ гӯянд ҳамон қадар мазҳаби худро зери суол қарор медиҳанд. Аз ин рӯ ҳар вақте Муъовия (раз)-ро бад гуфтанд бифаҳм ва огоҳ бош, зеро Худованд онҳоро (шиаҳо) ончунон гумроҳ кардааст, ки бо бад гуфтани он Ҳазрат ақидаи ботили худро ба ҳамагон маълуму равшан менамоянд.
Агар шиае ба ту гӯяд аз имомат ва эътиқод ба он барояш бигӯ:
Оё дар таърихи анбиё расулон (а)-ро хондаед, ки яке аз онҳо вазифае, ки Худо барояшон додааст, ки он расонидани рисолати илоҳӣ аст онро ба касе дигар дода бошад?
Шиа мегӯяд на:
Пас, бигӯ пас чаро имоме аз ҷониби Аллоҳ агар бошад ба ақидаи шумо Ҳасан (раз) имоми дуввуматон вазифаашро ба Муъовия дод?
Инҷо оғози мазҳакаест, ки шиа аз посухи он оҷизу нотавон аст.
Суоли дигар ба шиа?
Худованд дар Қуръони карим хонаҳои худро масҷид ном ниҳод чаро шумо он хонаҳоро масҷид намегӯед ва Ҳусайния меномед? Дар ҳоле, ки ду имоми дигар пеш аз Ҳусайн (раз) доред яъне Алӣ ва Ҳасан(разияллоҳу анҳум)?
Посухи шиа: Зеро Ҳусайн (а) мазлумона шаҳид гардид .
Посухи Суннӣ: Магар Алӣ (раз) аз фарқи сар дар фаҷри содиқ дар моҳи мубораки рамазон аз дасти хориҷии Абдурраҳмон ибни Мулҷам ба шаҳодат нарасид? Магар Ҳасан(раз) бо додани заҳр ба шаҳодат нарасид?
Пас, бидон эй “Аҳли суннати ҳанафимазҳаб” дорои беҳтарин мазҳабӣ ва ҳаргиз онро иваз ба ин мазҳаби хаёли ва бофтаву сохтае руйи авҳом накун .
Идома дорад бо мо бошед!

Share This Article