Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе давоми ду шабу ду рӯз бо падару писар-Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустами Эмомалӣ хилват карду рафт. Раҳмонову Рустам , чуноне аз наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидам, ончунон розиву қонеъу хушҳолу хушнуд ба назар меомаданд,ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад. Раҳмонов аз фарти шодиву нишот лабу лунҷҳои дунбаи гуспандиашро ҷамъу ҷур карда наметавонист вале гардани балони газияш ба наҳве хаму бе қолаб буду Рустам бошад мисли пишаки ошолуд, намедонист, дасти Си Ҷинпинро билесад ва ё хам шаваду гарди туфлиҳояшро бо ҷоруби мижаҳояш бирубад.
Дар воқеъ ҳоло ин ду чи кор кунанд?
Соҳиби сарнавишту тақдирашон омадааст. Ҳама умеду орзуву омолашон ба ӯст ва ҳамин Си Ҷинпин аст ки ояндаи онҳоро рақам мезанад. Ин Путини кегебешник, корҳоро ҷазир карда истодааст. Дар Остона –ду рӯзи пеш аз ташрифи Си Ҷинпин ба Душанбе Путин Раҳмоновро ҳатто ба суҳбат нахост.
Акнун бояд тамоми ончиро ки доранд:-себу шафтолуву олуву сияҳолуву ангуру аз ҳама аҷоибаш анор (дар ин вақти сол анор)-ро дар пеши пойи Си Ҷинпин якҷо бо тарбузу харбузу ҳандалаву дигару дигар бирезанду бичошанд ва бояд тамоми ончиро ҳам, ки надоранд:-нангу номусу шарафу эътибору ҳаёву обруву виқору ғурурашонро ҳам пойандоз дар қадамҳои Си Ҷинпин кунанд.
Дар сафари дар соли 2014 ба Тоҷикистон кардаи Си Ҷинпин Раҳмонов ӯро ба хонааш бурда (навораш ҳаст дар интернет ва онро дафтари матбуоти Раҳмонов таҳти номи «Завқи Си Ҷин Пин аз меҳмондории Ҷаноби олӣ» дар боли тортанаки ҷаҳонӣ овехтааст ) бо қурутови бо олича, таҳмолу гирдачаҳои Майрами гурсухта угостит карда ва яке-яке дастони духтаронашро ба дастони Си Ҷинпин қапонду шиносонд, ки ин аждаҳои зард «утолит жажду» кунад.
Аммо ин бор ….. бовар кунед, ин гуна истиқболро Раҳмонов тули беш аз се даҳаи раисӣ ба ҳеҷ касе накардааст. Душанберо озину тазйин карда ва аз фурудгоҳ то қасри Миллат, дар ду самти хиёбон духтарону кудаконро баровард, ки дар дастҳо байрақчаву гул шеъру ғазалхонӣ карданд. Ҳатто духтарбачаҳо ба забони чиноӣ байту ғазал хонданд ва китайский рақс карданд. Ростӣ, дуруст нафаҳмидам, онҳо тоҷик буданд ё чиноӣ? Вале мисле, ки аз Чин ҳам барои истиқболи Си Ҷинпин оварда буданд ва ё инки коргарони чиноӣ ва бачаву духтарҳои онҳоро ҷалб карда буданд, ки онҳо ҳам дар қади роҳҳо тавлаку думбра менавохтанд.
Қабл аз онки Душанбе ояд ба Остона фуруд омада буд. Аммо Қосимҷомарт Тоқаев Си Ҷинпинро ин гуна бо ҳамҳамаву валвалаву шуру шааф ва базму бозиҳои осмонкаф истиқболу бадарқа накард. Агарчи аз ҳақ набигзарем аз Путин карда Тоқаев Си Ҷинпинро беҳтар истиқбол кард вале боз ҳам на мисли Раҳмонов. Аммо Раҳмонов тамоми ҳунарашро ба харҷ дод, ки дар сувайдои таваҷҷӯҳи Си Ҷинпин қарор бигирад ва ҳушу ёдашро ба худ кашад ва вайро 100дар 100 аз худ розӣ кунад.
Раҳмонов то бусидани кафшҳои Си Ҷинпин фуру мехамбид. Мисли як трассвике, ки ин бор толеъаш тофту як бойбача (шайхи арабӣ)-ро ба чанг овардааст ва ҷону марг мекоҳонад, ки диққаташро ҷазбу ҷалб кунад, аз даст набидҳад. Вагарна, агар гап дар бораи ҳаҷму мизони қарзу сармояи Хитой бошад, дар қиёс бо Тоҷикистон ба ҳамин Қазоқистон даҳҳо баробар бештар сармоя ва пули чинӣ ворид шудааст.
Шуморо намедонам, аммо ба назараи ман намуд, ки сафари Си Ҷинпин раиси Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон сафари раҳбари як давлат ба як давлати дигар набуд, сафаре буд, ки барои мисол мешавад онро ба сафарҳои Раҳмонов ба Хуҷанд назди Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой баробар кард. Маҳз Раҷаббой Аҳмадзода ҳамин корҳои Раҳмоновро, ки бо Си Ҷинпин мекард. Аммо Раҳмонов аз Қофлонбой ҳам гузаронд ва хушомаду тамаллуқро ба авҷи аъло расонд.
Вақти аз тайёра поин омадан ва бо ҳайатҳо шинос шудан Раҳмонов талош мекунад, ки дасти Си Ҷинпинро ба дастонаш гирад. Ду- се қадам мебардоранд, ки Си Ҷинпин дасташро пас мекашад. Ҳамин дасти Си Ҷинпинро қапидану шакидану мисле марду зан бо панҷаҳои якдигар дастҳоро якҷо карда ва ҳалқа зада роҳ мераванд дақиқан ҳамин шакл карда роҳ мегашт. Албатта ин кори ҳамешагии Раҳмонов бо президентҳои ба ӯ маъқулашро мекунад. Масалан бо Шавкат Мирзиёев, Путин, Лукашенко ва ….
Меоянд ба шиносшавӣ ба ҳайатҳо ва Рустам дар сафи ҳукуматиҳои Тоҷикистон дар ҷойи аввал. Бо Си Ҷинпин даст медиҳад ва Си Ҷинпин ҳам, ки медонад, тамоми моҳияти ин сафари вай барои Раҳмонов дар ана ҳамин лаҳзаҳо ҷамъбаст мешавад, дасти Рустамро дар қиёс бо дастони Озода ва ё Қоҳир Расулзода чанд сония бештар дар дасташ нигоҳ медорад ва инро дар ТВ-ҳои Тоҷикистон «крутит» мекунанд ва Раҳмонов ҳам доволен, то бехи гуш хурсанд, лабу лунҷи садучандманиашро наметавонад гирдуғун кунад. Магар ин лаҳзаҳои ҳаётӣ, магар ин ҳолатҳои сарнавиштсоз ҷое барои табассуми фарох ва ханда надорад?
Си Ҷинпин дар ин лаҳзаҳо дар ҷойи Ислом Каримов аст ки ба Рустам ва ҳокимияти оилавии Раҳмонов фотиҳа медиҳад. Аз Конфутсий дуо мехонад ва Раҳмонов ҳам беҷиҳат барои маҳз ҳамин лаҳазоти дастфишориҳои Си Ҷинпин намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанберо баст ва ба Ҷинпин замонат ва гарантӣ дод, ки агар бихоҳад тамоми Тоҷикистонро ба дини вай мегардонад ва як намози ҷумъа, ки чӣ сад намози ҷумъа ва як масҷиди Душанбе, ки чӣ, тамоми масҷиди Тоҷикистон фидои як дасти Рустамро фишурдани Си Ҷин Пин хоҳад шуд.
«Ман ба шумо як чизро бояд гуям, ки ин сафари дӯсти ман Си Ҷин Пин юбилейний аст. Даҳ сол пеш ҳам дар ҳамин шабурӯзҳо омада буд. Дар давоми даҳ соли роҳбарии Шумо он қадар муносибатҳо рушд карданд, ки (яъне пуле, ки шумо додед) дар бист соли пеш он қадар рушд накарда буд.»
Раҳмон ҳей мегуфту ҳей меболид. Боз ҳам дар даруни қароргоҳи шаҳрӣ ,дар ҳамон растаи себу боқилову дигару дигар дасти Ҷинпинро қапид, ки боз ҳам вай дасташро аз даруни дасти Раҳмонов қафо кашид.
Бародарону хоҳарони хонанда! Шумо худатон шоҳиди ин ҳама ҳолат шудед. Оё ҳамин гуна душодуш танготанг шудани Раҳмоновро бо ягон роҳбари кишвари дигар дидед? Масалан ҳатто бо ҳамин Путин, ки риштаи ҷонаш дар дасти вай аст. Ҳамин имрӯз ҳам хабар хондам, ки як самолёт муҳоҷирони тоҷикро аз Маскав баъди чор рӯзи дар фурудгоҳ маътал кардан пас гардонидааст. Аммо Раҳмонову дастқапону «дӯсти ман» «бародари ман» гуиҳо аз Си Ҷинпин мекунад
Бовар кунед, ки ин ҳам бародаргуиҳову дӯстнавозиҳои Раҳмонов аз Си Ҷинпин холисонаву беғаразона ва бар манфиати давлату миллати тоҷик нест. Балки тамоми маблағҳи рехтаи Хитой ба Тоҷикистон, ки ба гуфти Раҳмонов 4 миллиард доллар аст аслан ва асосан бар манфиати бизнеси Раҳмонов ва аъзои оилаи вай сарф шудааст.
Хитой роҳи Душанбе-Хуҷандро сохт. Раҳмонов онро пулакӣ карду ин пул ба ҷайби Ҷамолиддин Нуралиеви домод ва Озодаи духтари Раҳмонов меравад.
Хитой ду адад маркази барқу гармидиҳӣ барои Душанбе сохт ва бар иваз Раҳмонов ба онҳо ду кони тиллои Айниро дар Дуоба ва Кумарғ дод, ки тиллои ин конҳоро чиноиҳо якҷо бо ширкати Талко голди Ҳасан Асадуллозодаи додараруси Раҳмонов бо ҳам мебинанд.
Ҳамин тавр дигар пулу моли Хитойро, ки Раҳмонов ба номи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон мегирад, аъзои дигари оилаи Раҳмонов баҳрабардорӣ карда истодаанд. Раҳмонов аз ин робитаҳо болотарин даромад ва фоидаро барои оилаи худ гирифта истодааст.
Тамоми тарҳҳои сармоягузории Чин ба аъзо ва наздикони оилаи Раҳмонов вобаста карда шудааст, ки ин як мавзуи муфассали дигар аст. Тоҷикистон ва ояндаи давлати тоҷикон заложники Раҳмонов ва оилаи вай шудааст ва Раҳмонов барои онки дар ҳокимият бимонад Чинро дар пушташ девор гирифт ва ҳоло акнун девори Чин барои Раҳмонов ҳам истеҳком мешавад ва ё девори Зулқарнайн ҳам метавон ном бурд.
Ва агар мутаваҷҷеҳ шудед шумо ҳам комилан пай бурдед, ки тамоми манера, тавозуъ, ҳаракот ва гапзнӣ Си Ҷинпин тавре буд, ки бо як раиси як музофтоаш аст ва худро ончунон роҳат эҳсос мекард, ки ту гуӣ дар қаламрав ва ҳудуди давлати худ аст. Ва Тоҷикистон неву Ҳайнан аст-хурдтарин музофоти Хитой, ки аз руи маълумотҳо дар онҷо Раҳмонов ҳам қасабаи хонаводаӣ ва ҳам корхонаи саноатии тавлиди атласу адрас рост кардааст.
Ин сафари Си Ҷинпин яқин кард, ки Раҳмонов саддарсад каъбаашро аз Кремл ба самти Пекин тоб додааст ва Раҳмонов хеле хушҳол аст ки Си Ҷинпин ӯро гарантӣ медиҳад. Яъне ин ба он маъно ҳам буда метавонад, ки Раҳмонов далновидний политик аст ва чиро ҳазорон ҳазор гектор замини Бадахшонро ба Чин дод ва чаро дар Мурғоб пойгоҳи низомии Чинро ҷой дод, беҷиҳат набудааст. Аммо ин ҳамаро на барои таҳкиму давлату давлатдории Тоҷикистон, ба манзури дарёфти пуштибонии Чин аз худ ва ҳукумати оилавиаш кардааст.
Аз тарафи дигар, ин нуктаро ҳам набояд фаромуш кард,ки Раҳмонов ҳам парварда ва мактаби комунистӣ аст ва оғуши Чини коммунистӣ барояш роҳат аст.
Аммо ҳарфи аз ҳама тааҷҷубовар, ки дар дидору гуфтугуҳои Раҳмонову Си Ҷинпин садо дод аз забони Си Ҷинпин садо дод :аз «тамомияти арзии» Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Вай ба Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки “Чин ҳамчунон ҳамкориҳои дӯстона ва судманд барои ду тарафро бо Тоҷикистон ривоҷ медиҳад, аз талошҳои кишвар барои муҳофизати истиқлоли миллӣ ва тамомияти арзӣ ҳимоят мекунад.”
Аҷаб! Чин «аз тамомияти арзии» Тоҷикистон ҳимоят мекардааст. Магар чи шудааст ба тамомияти арзии Тоҷикистон? Чаро истиқлоли миллӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистонро Чин бояд муҳофизат кунад? Мо дигар «марзҳои ҷанубӣ»-и Русия ва СНГ ва ОДКБ нестем? Магар тамомияти арзии Тоҷикистон дар маърази таҳдид аст? Аз тарафи кӣ? Ҳоло Чин ба Тоҷикистон кӣ мешавад? Ҳамсоя? Пас Узбакистон чӣ?
Ин ҳарфҳои Си Ҷинпин аҷаб ҳарфҳои бомаза ба назар мерасанд, ки дар қаламрави шуравии пешин барои бори аввал ошкоро садо доданд.
Аз тамомияти арзӣ ҳимоят мекунад гуфтан ба чи маъно аст? Ту киӣ кӣ, аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли миллии Тоҷикистон ҳимоят мекунӣ? Магар касе аз ин боб пурсид? Магар касе гуфт, ки ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли миллии Тоҷикистон таарруз ва таҷовуз хоҳад кард? Ҳарфи Си Ҷинпин ба кӣ нигаронида шуда буд?
Ин ҳарфҳои Си Ҷинпин ба ҳокимияти мустабиди Раҳмонов марбут аст ё ки чӣ? Чун агар Чин аз тамомияти арзии Тоҷикистон ҳимоят мекард, магар ҳазорҳо ҳазор гектор замини Тоҷикистонро аз Бадахшон мегирифт? Ҷуз аз Хитой кӣ ба тамомияти арзии Тоҷикистон таарруз кардааст ва ҳамоно чашм ало мекунад?
Чин бар муқобили кӣ дар канори мо меистад ва моро муҳофизат мекунад.
Магар Тоҷикистон иборат аз Раҳмонову Азизмои китобхонаку Рустами герчик иборат аст. Дар ҳоле, ки Раҳмонов худ гумоштаи русҳо асту ҳоло боз пушташро ба Хитой тобонидааст.
Раҳмонов ба фикру хиёли худаш Чинро гул зада истода, пулҳояшро гирифта истодааст, барои оилааш манбаъҳои нави бизнеси пурдаромад сохта истодааст
Пуштибонии Чинро ба рағми Русия барои овардани Рустам ба даст оварда истодааст ва гуё ба тарафи оппозитсия дуғ зада истодааст, ки суверинитети ҳукумати вайро Хитой таъмин мекунад.
Вале Хитой ҷойи Русияро гирифта наметавонад. Чун пули Русияро мардуми оддӣ хурда истодааст. Тоҷикҳо дар аслу дар амал шаҳрвандони Русияанд, чун Русия аст ки ба онҳо кору маош таъмин карда истодааст ва суботу амнияти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон аз Русия вобаста аст
Ончи ки Чин мекунад барои Тоҷикистон амалан барои Раҳмонов аст. Чун Чин проектҳои ҳукумати Тоҷикистонро кумак карда истодаст ва ҳамааш бо санаду имзову муҳру протсенту пения аст. Ва, чуноне тазаккураш рафт он ҳама пулу сармоя дар дасти аъзои Оилаи Раҳмонов аст. Аммо аз они Русия ин тавр нест. Он мустақим дастурхони мардумро обод мекунад.
Си Ҷинпин дар расми ифтитоҳи ду бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо пули Чин сохта шудааст, ширкат ва суханронӣ кард. Дар ин маросим ҳам тавре суҳбат ва муносибат мекард, ки дар ҳақиқат вай раиси як давлате аст ки Раҳмонов дар он волӣ ва ё губернатор аст. Чуноне гуфтем айни ҳамон муносибати Раҳмонов бо Раҷаббой Аҳмадзода аст.
Бо пули як давлат ва бигзор, ки он ҳатто амубача ва писархолаат бошад, ки нест, ҳеҷ умумият надорад, на динӣ, на фарҳангӣ, на таърихӣ ва на забонӣ, магар инки як аждаҳои даҳонаш калонкушодашуда ва фурсатталаб, ки дамдаркашад, фуру барад ва бибалъад сохтани бинои ҳукумат ва парлумон аз чи дарак медиҳад? Ин як коре ҳаст, ки фалсафа ва моҳияти он ҳатто ба хари кур ҳам маълум аст. Ман тану ҷону нафсамро ба шумо биспоридам, ҳаққи ҳалоли шумоям. Фақат инки ман, ҳукумати ман ва Рустами манро ҳифозат кунед.
Вагарна ин як нану ор ва ин як шармандагии калон аст ки бинои ҳукумат ва порлумонатро давлати дигар бисозад. Аммо барои Раҳмонов пофик ва пох….. Вай бояд бидуздад ва бидушад, ки айнан ҳамин шароитро Хитой барояш фароҳам овардааст. Ҳам дузида истодааст ва ҳам душида истодааст.
Аммо як нуктаи ҷолиб. Все таки Хитой боз аз руи Русия нагузашт ва паём дод, ки бо ин ҳама зерипохобравиҳои Раҳмонов, бо ин ҳама пушткушоиҳои Раҳмонов ҳанузам бар онки Тоҷикистон як вассал ва мустаъмараи Русия аст эҳтиром дорад. Бубинед тарҷумонҳои Си Ҷинпин суҳбатҳояшро бо забони Кремл тарҷума карданд. Ин тасодуфӣ нест. Агар диққат карда бошед Си Ҷинпин тарҷумони суханононашро бо русӣ ва боз тарҷумон Чинои буд. Яъне чаро тарҷумони Тоҷик, ки суханони Си Ҷинпинро метавонист бо Тоҷикӣ ва ё Русӣ тарҷума кунад иҷозат надоданд? Ин кори оддӣ ва соддае набуд. Си Ҷинпин ба тарҷумонҳои Раҳмонов бовар надорад, мақсад боз куҷое хато тарҷума накунанд.
Чин ба унвони як кишвари муқтадири олам ҳамоно Русияро ради хотир накард ва дар забон ҳам бошад эътироф мекунад, ки бо як мустамликаи Маскав дорад додуситад мекунад ва Русияро нороҳат карданӣ нест. Вале Раҳмонову пойфишорӣ, ки ҳар бало шавад шавад, аммо Рустамро Си Ҷинпин дастгирӣ кунад.
Аммо Раҳмонов набояд фирефта ва гумроҳ бишавад. Чун Чин ҳиҷ гоҳ дар сурати хезохез ва ошубҳову инқилоб, ки дар роҳ аст тиру камон гирифта ба саркуби мо намепардозад.
Агар фардо неруҳои исломӣ масалан ҲНИТ сари қудрат омад боз ҳам ҳамкориаш идома хоҳад кард. Вай партнери иқтисодӣ мекобад, Чин дар асл бозор мекобад, вай конҳои дастнахурда мекобад. Барои вай низом ва давлатҳо проблема нестанд. Чуноне мебинед бо ҳукумати Толибон феълан кор дорад ва ҳеҷ мушкиле ҳам надорад.
Ҳаҷми гардиши моли миёни Ҷумҳурии Исломии Эрону Чин, Ҷумҳурии Исломи Покистону Чин, Арабистони саудиву дигар мамолики исломиву Чин ба садҳо миллирад ва аз он бештар аст. Чин аввалин давлати дунёст ки бо Аморати исломии Афғонистон дасти ҳамкорӣ ва кумак дароз кард ва баракс тарҳҳои ҳатто қабл аз Карзайу Ашрафро дигарбора дар ин кишвари исломӣ аз сар гирифт.
Раҳмонов фикраш ин аст ки акнун Си Ҷин пин ӯро аз хатари сарнагуншавӣ ҳифз мекунад. Ин тавр намешавад. Чин ҳам руҳияи мардумро дар нисбати Раҳмонов медонад аммо барои вай муҳру санади давлатӣ муҳим ва бар мабнои ҳамин муҳру санад фардо метавонад гиребони давлати ояндаро ҳам бигирад, ки шумо сартопо мадюни ман ҳастед. Ва фарқ надорад, ки давлати оянда исломӣ, демократӣ, комунистӣ, бе динӣ мешавад аслан барои Чин аҳамият надорад.
PS: Ислоҳ дар робита ба сафари охири Си Ҷинпин шаш савол ба Устод Муҳиддин Кабирӣ додем вале фурсати навиштани посухҳо нашуд. Посухҳоро дар навори ин матлаб метавонед бубинед!