Ин падидаи шуми асри 21 аст хос барои ҷавонон!

Ислоҳ нет

Ин падидаи шуми асри 21 аст хос барои ҷавонон!
Муйсафеде ба ба назди устои телефон меравад ва телефони худро медиҳад ва мегуяд бачам ҳамин телефони маро бинед чанд моҳ аст занг намеояд. Усто вақте телефони муйсафеди нурониро мебинад телефон дуруст аст ва аз шумораи худаш занг мезанад дар пеши муйсафед занг меояд ва ҳеҷ мушкиле ва халале дар телефон вуҷуд надорад.Муйсафед бо андуҳ ба усто,ки ӯ низ ҷавон буд мегуяд пас чаро чанд моҳ аст ягон писарам ба ман занг намезананд?
Ҷавони азиз магар ин ҳоли имрӯзи мо ва шумо нест? Охирон маротиба кай ба падари пири худ,ки дар тарбияи мо ва шумо чиқадар заҳмат кашидаанд занг зада будем? Агар аз самимияту дӯстдории онҳонисбати мо фарзандон хоҳи бифаҳми аз худат бипурс чиқадар фарзандонатро дӯст медорӣ? Пас аз норозигии хоссатан падарҳоямон хело мувоззиб бошем!Дар ҳадисе аз Расули акрам чунин омадааст:وقد جاء في الحديث النبوي: “إياكم ودعوة الوالد، فانها أحدّ من السيف” “Шуморо бар ҳазар медорам аз дуъои (бади) падар зеро он аз (бурриши) шамшер тез тар аст”

Share This Article