СИФАТҲОИ ШОИСТА ДАР ЗАН ВА ШАВҲАР

Ислоҳ нет

СИФАТҲОИ ШОИСТА ДАР ЗАН ВА ШАВҲАР

Пеш аз он, ки зан ва шавҳар иқдом ба издивоҷ менамояд, бикўшанд, то аз шарики ҳаёти худ маълумоти кофӣ ба даст оваранд ва бо касе ақди издивоҷ барқарор созанд, ки сабаби саъодат ва некбахтии худи онҳо ва фарзандони онҳо гардад, на он ки имрўз издивоҷ намуда ва фардо аз сабаби баъзе пешомадҳои ногувор, корро ба талоқ ва ҷудоӣ кашида, сабаби бадбахтии худ ва фарзандони худ ва хонаводаҳои худ шаванд. Пас касе, ки саъодати худ ва фарзандони худ ва хонаводаи худро мехоҳад, бикўшад, то шарики ҳаёташ дорои ин сифатҳо бошад:

1. Диндор бошад;

2. Аз хонаводаи обрўманд бошад;

3. Аз нигоҳи таҳсил монанди худ ва ё болотар аз худ бошад;

4. Оромтабиъат, хушсурат ва хушрафтор бошад;

5. Безурриёт набошад ва ин чизро метавон аз нигоҳи муқоиса ба дигар аъзои хонавода ва ё роҳи муъоинаи тиббӣ фаҳмид;

6. Синни мард камтар аз синни зан набошад;

7. Фарқи бисёр зиёде байни зан ва байни шавҳараш аз нигоҳи синну сол вуҷуд надошта бошад, яъне ин тавр набошад, ки зан чаҳордаҳсола ва мард шаст ва ё ҳафтодсола бошад ва баръакс, мард ҷавони бистсола ва зан пири ҳафтодсола бошад.

Нуктаҳо:

Ин сифатҳои ҳафтгона ҷанбаи афзалият дошта, масъалаҳое нестанд, ки дар никоҳ шарт ва ё воҷиб бошанд, ба тавре ки ба онҳо амал нашавад, сабаби халал ва вайронӣ дар никоҳ гардад. Яъне зан метавонад бо марде издивоҷ намояд, ки дорои ҳеҷ як аз ин сифатҳо набошад, масалан, бадрафтор бошад, безурриёт бошад, синнаш ба андозаи синни бобои вай бошад. Чунончи, мард метавонад ба зане издивоҷ намояд, ки дар синни худ монанди модаркалонаш бошад, бадзабон ва бадрафтор бошад, аз хонаводаи бадноме бошад, нозо бошад ва мисли инҳо. Вале бешак, риояи сифатҳое, ки зикраш рафт, сабаби саъодат ва хушбахтӣ ва риоя накардани онҳо сабаби бадбахтӣ ва ҳатто аз ҳам пошида шудани хонавода хоҳад гардид.

Аз ин ҷост, ки паёмбари Худо (с) мефармоянд:
«Касе, ки духтарашро ба шахси фосиқе медиҳад, дар ҳақиқат силаи раҳми худро қатъ мекунад».
Ва касе аз Ҳасан ибни Алӣ (р) пурсид: 
– «Духтаре дорам, ўро барои чӣ касе ба занӣ бидиҳам»? 
Ҳасан (р) гуфт:
«Ўро ба касе ба занӣ бидеҳ, ки аз Худо битарсад, агар духтаратро дўст дошт, ўро мўҳтарам хоҳад дошт, варна бар вай зулм нахоҳад кард».

Ҳакиме гуфтааст, ки набояд бо ин гурўҳ аз занҳо издивоҷ намуд:

1. Бо зани ҳаннона ва он зане аст, ки шавҳари пешинаашро дўст дошта ва ба сабабе аз сабабҳо аз вай ҷудо шудааст, вале муҳаббат ва дўстиро фаромўш накардааст;

2. Бо зани маннона ва он зане аст, ки агар барои шавҳараш коре анҷом медиҳад, бар вай миннат гузошта ва кори худро ба рўяш мекашад.

3. Бо зани аннона ва он зане аст, ки ҳамеша нолиш карда ва аз анҷом додани корҳо худдорӣ менамояд;

4. Бо зани ҳаддоқа ва он зане аст, ки чашмаш ба дигарон буда ва аз шавҳари худ мехоҳад, то барои ў ҳамон мол ва либосҳоеро таҳия намояд, ки фалон зан ё фалон ҳамсоя дорад.

5. Бо зани барроқа ва он зане аст, ки шабу рўз ба сурху сафед кардани дасту рўй ва чашму рўй худ гирифтор буда ва бар шавҳар ва фарзандони худ ғамхорӣ намекунад.

6. Бо зани шарроқа ва он зане аст, ки беист сухан гуфта ва барои касони дигаре, ки дар маҷлисаш ҳастанд, фурсати гап заданро намедиҳад.
Умед аст аз ин мақола маълумоте гирифта бошед.

Share This Article