Кучактарин хатоҳоеки хушбахтиро аз миёни зану шавҳар дӯр мекунад.

Ислоҳ нет

Кучактарин хатоҳоеки хушбахтиро аз миёни зану шавҳар дӯр мекунад.

Воқеан зиндагонии бо саъодат ва ё хушбахт будан дар оила эҳтиёҷ ва ниёзи мубраме дорад ба кушиш ва ҳавсалаи хело зиёд.Ҳаргиз бо аҳамияти сатҳи ва сарсарӣ хушбахти дар оила муяссар нахоҳад гашт.Дар ҳоле,ки мебинем аксари оилаҳо кушиш мекунанд барои ин саъодат ва хушбахти то онро аз даст надиҳанд.Гоҳе аз тарафи яке аз аз ин шарик ва ё ҳамсафари ҳаёт хатоҳое содир мегарданд,ки он барқасдона набуда вале тарафи муқобил онро ба ҷиддият мепазирад ва мутаасифона ончи миёнашон буд ҳамааш ба боди ҳаво меравад гуё чизе аслан миёнашон ҳаргиз набуд.Аз ин хотир бояд ҳарду тараф кушиш намоянд то мукаррар хатоҳо содир накунанд.Хотири тарафи муқобилашро озурда накунад зеро такрори он озурдасози сабаби ихтилоф ва ҷудогие мегардад,ки дар интизораш набуди.Мардонро мебояд зиёд тунд гуфтор ва тунд рафтор ва хашин набошанд дар муқобили ҳамсаронашон зеро занҳо аз ҷинси латифеанд,ки агар рафторе аз онҳо бароят нописанд ояд рафтори дигаре аз онҳо бароят хело форам ва дуст доштанист (Мазмуни ҳадиси шариф)Ҳамеша калимоти муъаянеро ки он сабаби зиёди муҳаббат мегардад истифода намоед. Бисёре аз занони мо аз гуфтани калимаи “Ташаккур” “Раҳмат” “Хело писандидам ин амалатонро” “Ман аз доштани шавҳаре мисли шумо мефахрам” “Худо ҳамеша шуморо барои ман нигоҳ дорад” “Худо шавҳари ман дар дунё ва охират бошед” “Аз ин ҳадияатон хело шодам” “Дар набуданатон хело пазмонатон гаштам” ва ҳар сухане,ки шавҳарро хурсанд ва ба оянда дилгарм намояд. Ин калимот кам садо медиҳанд аз хонумҳои мо ҳатто шукр гуфтан,ки як амали маъмули ва ҳатмист ин калимаро аслан намешунави. Агар лозим шавад дар ивазаш чунон суханонеро бароят мешунавонанд,ки дили мард аз ояндаи нек дар гумон ва шаку тардидҳое пайдо мегардад.
Миннат: Гоҳо ҳамсарон мошоаллоҳ хело занҳои хушрафтор ва хушкирдор ва хушмуъомилаанд. Чи бо шавҳар ва оилаи шавҳар мисли падар модар бародар ва хоҳару зани бародари мард.Вале ҳангоме,ки кучак тарин амали нописанде нисбате зан аз тарафи мард сурат гирад дар ҳол инҳама аъмоли кардаашро миннат кунон шуруъ менамояд,ки агар намекард ва намегуфт осонтар буд барои мард.Миннат амали нописанди манфуре ҳаст,ки авоқиби вахиме дорад ҳам аз нигоҳи дини ва ҳам аз нигоҳи ахлоқи ва ҳам аз нигоҳи оилави.
Фош кардани сирри хонаводагӣ: Ҳар яке аз мард ва зан вазифадор ҳастанд,ки сирру асрори хонаводаашонро дар берун аз хона ифшо накунанд.Ин амал яке аз фармудаҳои шариъати ислом аст ва дар ифшо нашудани сир хело таъкид низ намудааст.Ин сир чи аз алоқаи миёни зану шавҳар бошад ва чи мушкилоти хонаводагии умумии онҳо бошад. Бисёре аз занҳоро мушоҳида менамоем,ки агар аз ҳоли зиндагониаш пурси дар ҳол оғоз менамояд ба шикоят кардан ва ба кор мебаранд калимот ва ҷумалотеро,ки шахси шунавандро ба нафрат миёни шавҳараш омода месозад. Дар ҳоле,ки ин калимотро ҳаргиз дар ҳузураш намегуяд зеро намехоҳад хона вайрон гардад. Вале гумон намекунад,ки ин суханҳое,ки дар назди бародар хоҳар падар ва модараш нисбати шавҳараш гуфт ин суханон сабаб мегарданд,ки шавҳарашро бад бубинанд ва ҳангоме,ки одди тарин ихтилоф сар задан ин хешовандони зан он ҳама гуфтаҳои пешинаи духтарашонро далел карда ва мегуянд чунину чунон.Дар ин ҳолат мард худро комилан мавриди ҳуҷум қарор гирифта ва сирри худро ифшо гашта медонад ва нафрат миёнашон пайдо мегардад..Инҷо иштибоҳ аз зан содир гашта аст,ки набояд онро мекард.Ё метавонад ин амал бар акс бошад мард нисбати зани худ чунин амалро анҷом диҳад ҳар ду баробар аст аз нигоҳи авоқиб.
Хомӯши ва суҳбат накардан миёни зану шавҳар паёмадҳои нохуше дорад:
Бале хонандаи гиромӣ хомӯши таъсири манфи ва нохубе дорад дар ҳаёти зану шавҳар.Бояд ҳамеша бо як дигар сухан гуянд эҳсоси якдигарро ба як дигар бирасонанд.Баёни эҳсосот ба якдигар меҳр ва муҳаббатро меафзояд ва ғаму андӯҳҳои якдигарро аз миён мебарад.Вале хомуш будан ва сухан нагуфтан ин кина ва кудуратро миёни якдигар меафзояд ва ҳаёти занушавҳарро ба саҳрои хушку тира табдил медиҳад ва ҳарду тараф хоҳони халоси аз ин вазъ мегарданд,ки он маълум аст чи аст.
Пас бояд миёни зан ва шавҳар меҳру лутф ва изҳор намудани ончи дар дил вуҷуд дорад мард нисбати зан ва мард нисбати зан набояд шармид зеро шарм дар чунин ҳолот сабаби ҷудои мегардад.Боз ҳангоме,дидед як тараф чизеро намеписандад кушиш кунед он амалро анҷом надиҳед барои малоли хотири тарафи муқобилатон. Шояд он амал амали баде набошад вале вақте аз он тарафи муқобилро хуш намеояд аз он бипарҳезед.
Гоҳо миёни якдигар дар чизҳои хело одди ноҳамдигарфаҳми сар мезанад. Масалан кудакамон либос надорад мард бошад ба он аҳмияти ҷидди намедиҳад вале зан инро хело бузург ҷилва медиҳад. Ё зани фалон ҳамсоя ва ё хешат маро чунин гуфт мард ба он аҳмият намедиҳад зеро одди аст вале дар назари занон хело вазмин аст. Ё фардо ба фалонҷо меравем ман хело зиқ шудаам зан мегуяд ва мард бале мегуяд ва фардо коре пеш меояд,ки наметавонад. Ё зан ба шавҳар занг мезанад вале мард ончунонеки бояд суҳбат кунад намекунад бо ягон сабабе. Ба ин амалҳо низ аҳамият диҳед мардони гиромӣ зеро метавонад бароятон чунон мушкилот ба бор оваранд,ки худатон ҳайрон монед. Аҳамияти ним соата дартамоми рӯз ба зан ва инчунин аҳамияти ним соати дигар аз шаб то субҳ зиндагонии туро хело осуда ва хушу гуворо хоҳад кард.
Агар ин амалҳои одди дар назари мардон вале мисли куҳ дар назари занон ва ё бар акс дар ҳаёт татбиқ гардад умедворам зиндагии хушеро ба хосту иродаи Аллоҳи пок соҳиб хоҳед гашт.Дустдори шумо азизон

Share This Article