Ҷиноятҳо ва корномаи сиёҳи Раиси ноҳияи Рашт (қисмати ду)

Ислоҳ нет

 

ё “Досияи Сиёҳ”-и Амири Рашт № 2

Дар мақолаи қаблӣ,ки дар мавриди корномаи сиёҳи раиси ноҳияи Рашт навиштам,танҳо муаррифии Қаноатшо Лоиқзодаи Холиқ буд. Дар ин мақолаи навбатӣ мехоҳам дар мавриди ҷиноятҳои ӯ нависам,то ӯро хубтар шиносед.Ман то имрӯз дар мавриди ҷиноятҳои мақомдорони зиёде навиштаам,аммо мислеки онҳо мисли ин Амир Қаноатшо талош ба бегуноҳ будани худро намекарданд. Беш аз 65 нафар бароям навиштанд,ки дигар нанависам ва аз Худо шарм кунам ва ин кори хубе набудааст.Бархе таҳдидҳо кардаанду ҳарчӣ хостанд навиштанд.Аз ин ашхос ҳафт нафарашон шахсиятҳои маърӯфи кишвар буданд,ки аз ман хоҳиш намуданд,ки медонем ӯ чӣ гӯна шахсест вале дигар нанависам. Мислеки ба ин афрод пора додааст,то ба ман ин суханро бигӯянд.

Лоиқзода Қаноатшо  аз ҷиҳти сиёсӣ хеле бесавод аст. Ӯ  рӯзноманигоронеро, ки фаъолияти ниҳодҳои ноҳияро танқид мекунанд, душмани худ ва давлат медонад.Касе як мақолаи таҳлилӣ ё ҳатто нима танқидиҳам нависад барои ӯ душмани миллат ва давлат аст.Бо ибораи дигар ӯ НКВД-ҳам ҳаст ва дӯст дории ӯ дӯстдории миллату давлат ва кишвар аст,бад бинии ӯ хоин будан аст.

Аммо ҳақиқатро заволе нест ва бояд чеҳраи аслии Қаноатшо Лоиқзода ва шахсияти ӯ барои шаҳрвандони кишвар шиносонида шавад.

-интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз рӯйи принсипи қобилият, истеъдод ва маҳорат, ки ин нишонаҳо ба дарк намудану иҷрои вазифаҳои гузошташуда вогузор мегардад.

-мустаҳкам  намудани аркони давлат, арҷгузории  қонун,интизоми қатъӣ дар тамоми системаи давлатдорӣ, кафолати  истифодаи амалии ҳуқуқу озодии шаҳрвандон қатъи назар аз миллият, мансубияти нажодӣ,маълумот, мазҳаб, маҳал ва ғайра мебошанд.

Пас аз кашфи ин ҳақиқати талх, ҷаноби “Пешвои оила” қабл аз интисобу таъини кадрҳо, диққати ҷидди диҳанд.Ҳар шахсе пули зиёд дод ӯро ба вазифаҳои ҳаётан муҳими кишвар таъин накунад.Зеро таъини чунин ашхос хиёнат ба кишвар, шаҳрвандон ва сарватҳои ин миллат мебошад.Яке аз сабабҳои рукуду паст рафтани иқтисоди кишвар ва норозигии шаҳрвандон дақиқан анаҳамин таъиноти ғалати дастгоҳи иҷрояеки барои интихоби кадрҳо дар интихобашон содиқона амал намекунанд,то чунин афроди тасодуфӣ, ҷинояткору қотил ва ҳаром сари қудрат меоянд.

Мехоҳам як ҷинояти хело мудҳиш ва вахими Қаноатшо Лоиқзодаро,ки аз навиштани он қалам оҷизу нотавон аст.Чун ҳеҷ шахсе ба иртикоби чунин ҷинояте қодир нест магар худи Қаноатшо .Агарчӣ ин ҷиноят даҳсол қабл аз раиси ноҳия шудани ӯ бошадҳам бояд ин ҷиноят нангин гуфта шавад.Онҳоеки аз ман хоҳиш намуданд,ки чизе нанависам ӯро хубтар шиносанду,ҳадди ақал дар ҳимоят намудани Қаноатшо обрӯйи худро коста накунанд.

Соли 2005, дар хонаи Лоиқовҳо воқеаи мудҳише рӯй дод. Бародараш ҳоҷӣ Идибек духтараш  Матлубаро ба  Шаҳидов Шарбат Доруевич дар деҳаи Чухтак ба занӣ дод. Шарбати бечора мисли дигар шаҳрвандони кишвар, барои кор ба Русия рафт. Дору Шаҳидов дар суҳбат изҳор дошт, ки ҳар ҳафта Қаноатшо ба хонаи мо омада  хоҳиш мекард, ки «Матлуба зиқ шудааст ӯро ба хона барам, то зиқиаш  барояд. Қаноатшо аз нотавонии духтари бародари худ Идибек—Матлуба истифода бурда, ӯро таҷовуз мекунад.(Ҳазор бор тавба! Қалам дар тасвири ин манзараи даҳшатовар оҷизӣ мекунад. Худоё ҳазор бор тавба!») Дар натиҷаи дастдарозии Қаноатшо  Матлуба баъди 1 солу панҷмоҳи набудани шавҳараш ҳомиладор мешавад. Шарбат аз муҳоҷирати  меҳнатӣ баргашта, Матлубаро ба хонааш меорад. Ӯро дар чунин ҳолат дида, оварда ба хонаи падараш -Идибек мемонад. Матлуба аз ин таҷовузи ҷинсӣ писарча таваллуд мекунад. Лоиқзода Қаноатшои Холиқ  аз шармандагӣ тарсида чӣ кор карданошонро намедонанд. Бародараш  Ҷонибек Лоиқов ба хоҳараш Парчамоҳ Лоиқова мефармояд, ки кӯдакро буғӣ карда бикушад. Парчамо тифли бегуноҳро баъди се  рӯзи таваллуд  шуданаш  бӯғӣ карда мекушад. Ин ҷинояти мудҳиш аз назари кормандони милиса ва прокуратураи ноҳия пинҳон намемонад. Онҳо рӯзи дигар атрофии деҳаи Порвоғро муҳосира менамоянд ва ҷасади  тифли аз ин зинои маҳорим тавлудшударо пайдо карданд. Натиҷаи экспертизаи судие, ки эксперт  Абдурасул Саломов гузаронида буд, нишон медод, ки тифли навзодро бӯғӣ карда куштаанд. Ҳама гумон доштанд, ки акнун «Гӯри Қаноатшо сӯхт.» Бо гузашти вақт ҷиноятро органҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт пинҳон карданд. Дар ин кор прокурори ноҳия Маҳмадсафар Илёсов ва намояндаи экспертизаи судӣ Ш Шарипов саҳми калон доштанд.  Қаноатшо дар Душанбе 2 хонаи бародаронашро фурӯхта пули онҳоро барои бастани парвандаи ҷиноияш сарф намуд. Ӯ бо роҳи ҷӯрабозӣ ва  додани маблағҳои калон ҷинояти содиркардаашро  пушонда бошад ҳам, аммо он ҳануз ҳам аз хотираи мардум дур  нашудааст. Бо ҳамин  Лоиқзода Қаноатшо обрӯйи надоштаашонро тамоман дар деҳа ва аксари огоҳон аз ноҳияи Рашт аз даст дод.Ҷинояти Қаноатшо,то инҷо ба охир намерасад.Даст ба ҷинояти бузургтаре мезанад,ки он одамкуши аст.

Пас аз гузаштани ду сол аз ин ҷиноят  шаҳрванд Шаҳидов Шарбат Доруевич шавҳари ҷиянаш Матлубаро, Лоиқзода Қаноатшо барои фош кардани сири махуфи зинояш бо маҳорим яъне бо ҷиянаш дар ноҳияи Рашт ӯро бо роҳи хело асроромез мекушад ё чунонеки мақомоти имрӯзии мо мегӯянд: “безарар гардонида шуд”

Қаноатшо Лоиқзода бо худаш нуҳ бародаронанд:

Сабаб аз овардани исмҳои бародарони Қаноатшо барои он аст,ки дар ноҳияи Рашт ҷиноятҳои муташаккил анҷом медиҳанд.Ба гуфти манбаи Ислоҳ аз Рашт: “Мо намедонем раиси ноҳия кадоме аз ин бародарон бошад.Наход ягон шахси дигаре сазовор ба рисии ноҳияи мо набошад?”..

Ҳар кадомашон ҳар коре хоҳанд анҷом медиҳанд ва ҳомии онҳо Амири Рашт Қаноатшо Лоиқзодаи Холиқ аст.

1.)  Идибег.       

2.)  Қодирбег    

3.)  Одилбег  

4.)  Қаноатшо  

5.)  Олимбег     

6.)  Ёрибег         

7.)  Муҳаммадсафо  

8.)  Маҳфузулло       

9.) Ҷонибег              

Ҷиноятҳои Амири Рашт дар аснои ҳокимияташ:

1.) Хонаи хизматие, ки ба раиси ноҳия таалуқ дошт ва аз тарафи раиси собиқи ноҳия Муҳаммадшариф Толибов дар деҳаи Навдеҳ сохта буд, Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ба Муслим ном шахс ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ фурухтааст.Ин ба нишондоди нотарюсӣ аст аммо дар асл онро ба маблағи калоне фурӯхтааст,ки онро аз сад ҳазор долар боло мегӯянд. Ин хона ду ошёна ва тақрибан як гектар замини назди ҳавлагӣ дорад.Ин хонаи хидматӣ буда ва ҳаққи фурӯши онро Лоиқзода аслан надошт ва дар ҳисоби баланси ҳукумати ноҳия қарор дошт.То расидан Қаноатшо Лоиқзода ба Амирии Раштонзамин, Маҳмадшариф Толибов дар мақоми раиси ноҳияи Рашт буд ин хонаро дуруст карда буд ва хонаи хидматӣ ва дар ҳисоби ҳукумати ноҳия қарор дошт.

2.) Ба шаҳрванд Муҳриддин Қутбиддинов бо маслиҳати пешакӣ аз ӯ 150 ҳазор доллари амрикоӣ ришва мегирад ва мехоҳад, ки меҳмонхонаи ноҳияро барояш бо маблағи 120 ҳазор сомонӣ бо санади нотариали фурӯшад. Аз ин амали Лоиқзода Қаноатшо кормандони КДАМ огоҳ мешаванд  ва ҳангоми иҷрои ин амалиёти «тиҷоратӣ» Лоиқзодаро дастгир мекунанд ва дар дасти қасобони касбӣ чун Ятимов ва кормандони ӯ меафтад ва матали таҷикии  “дуздро қароқчӣ мезанад” татбиқ мегардад.  Бо миёнравии  баъзе аз «дӯстон»-и раис парвандаи ҷиноятиро мебанданд ва  шарт мегузоранд, ки меҳмонхонаи ҳукумати ноҳияро ба баланси КДАМ гузаронанд. КДАМ  меҳмонхонаи ҳукуматии ноҳияро ба ихтиёри худ мегиранд ва онро чун хонаи истиқоматӣ ба кормандони худ, ки дар ноҳияи Рашт фаъолият мекунанд, тақсим карда медиҳанд. Акнун чанд сол аст, ки меҳмонон дар шаҳраки Ғарм овораю саргардон мегарданд. Ҷинояткор Лоиқзода Қаноатшо Холиқ бошад шарм надошта 150 ҳазор доллари аз шаҳрванд Муҳриддин Қутбиддинов гирифтаашро дигар бар гардондан намехоҳад чун ба ривоте ин маблағро ба худи Саймумин Ятимов дода будааст бо зам кардани панҷоҳ ҳазор долари дигар. Муҳриддин Қутбиддинов се сол боз намедонад ба кӣ ва ба куҷо муроҷиат намояд.Дузди зур соҳиби говро бастааст мегӯяд ҳамин аст.

3.) Як қисми боғи фарҳангиро ғайриқонунӣ гирифта барои худ ошхона, меҳмонхона ва савнаи русӣ сохтааст. Ин ҷоро ба фоҳишахона табдил додааст. Бонуҳои сабукпоро аз шаҳри Душанбе ва ноҳия ба ин ҷо оварда, ҳамроҳи бародарон ва фарзондонаш ба корҳои фисқу фуҷур ва фоҳишагӣ машғул мешаванд.

4.) Дар маҳаллаи Дашти Рашт, ҷамоати Қалъаи Сурх 3 га замини обии дар гардиши кишоварзӣ будаи шаҳрванд Акобиров Бегалӣ Алиевичро бо зӯрӣ аз худ карда, ғайриқонунӣ барои нигаҳдории аспҳои худ ва бародаронаш  оғилу (ахтахона) сохтааст.

5.) Бинои Колеҷи тиббиӣ  ноҳияро ба маблағи ночиз ба шаҳрванд Азамалӣ Саидов фурухтааст. Бино дар ихтиёри вазорати тандурустӣ аст, ки раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо чунин ҳуқуқро надорад. Ҳоло парвандаро Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда истодааст.Шоҳидони ин ҷиноят ба ин боваранд,ки корро тақрибан дар ин ниҳоди фасодзадаи дигар ҳал карда аст.

6.) Он маблағҳоеро, ки мақомоти давлатӣ барои камбизоатон, чун ёрии молиявӣ ҷудо мекунад, бо номҳои сохтаю бофта ҳуҷҷат тартиб дода, ба бародарон ва хешу табораш медиҳад. Дар амал бошад чунин одамон вуҷуд надоранд ва ё вуҷуд дошта  бошанд ҳам аслан аз гирифтани ёрии пулӣ умуман хабар надоранд.

7.) Ҳар сол аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани офатҳои табиии дар ноҳия ба амал оянда чанд тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо менамоянд. Ҳамаи ин сӯзишвориҳоро Лоиқзода Қаноатшо бо мактуби худ ба бародаронаш медиҳад. Онҳо ин сӯзишвории дизелиро бурда дар  заправкаи  шахсиашон, ки дар деҳаи Хилмонӣ ҷой гирифтааст, мефурӯшанд. Соли ҷорӣ вақте ин ҷиноятро кормандони КДАМ-и ноҳия ошкор карданд, сардори мантақавии  ин ниҳод  полковник Шодмон Ғиёсов баёнот дод, ки «ҳамаи сӯзишвориро  бо мактуби махсуси  раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо ба бародарони ӯ-  Одилбек ва Идибек додааст. Онҳо сӯзишвориро бурда дар заправкаи шахсиашон фурӯхтанд. Бо хоҳиши Раис парвандаи ҷиноиро, ки прокурори ҳарбӣ  Идибек Собирзода оғоз карда буд, қатъ карда шуд.Куҷо бошанд мақомоти зидахли марбута,ки ин ғоратҳоро намебинанд ман ҳайронам.

8.) Бо супориши  Президент соли 2016 ду адад трактори хурд барои шудгор кардани қитъаҳои  байни ниҳолҳо дар ҳудуди ноҳия ба шакли ройгон дода шуд. Раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо Холиқ як тракторашро ба бародараш Идибек тӯҳфа карда, як тои дигарашро ба соҳибкор Маҳманаим Наимов фурӯхтааст метавонед худтон тафтиш кунед.

9.) Аз ҳисоби Агролизинги ноҳия бошад як адад трактори «МТЗ-82»-ро бурда дар хонаи бародараш Идибек Лоиқов нигоҳдорӣ мекунанд. Онро дар корҳои шахсиашон истифода мебаранд. Ба давлат аслан ҳеҷ маблағе намедиҳанд. Замини ягон деҳқон ва корафтодаро ҳам шудгор намекунанд. Агар касе бо ин дархост ба онҳо муроҷиат намояд мавриди дашном ва лату кӯбҳам қарор мегирад,метавонед инро аз ҳама бошандагони ноҳия пурсед.

10.)  Қаноатшо Лоиқзода аз вазифааш истифода карда, дар мавзеи Каландаки ҳудуди деҳаи Порвоғ ба бародараш Идибек Лоиқов 1000 га заминҳои чарогоҳи аҳолиро додааст.Ба аҳолии деҳа аслан иҷозат намедиҳанд, ки гову молашонро ба чаро баранд.

11.) .Дар деҳаи Порвоғ 0,80 га боғи Шарифхоҷа Саъдиевро бо зӯрӣ гирифта, аз худ кардааст.

12.)  Дар деҳаи Порвоғ 0,30 га замини шаҳрванд Манзар Афғоновро аз худ кардаанд.

Дар ихтиёри мо чунин ҷиноятҳои Қаноатшо Лоиқзода беш аз ҳафтод ҷинояташ қарор доранд Номаҳои дастаҷамъии сокинони чанд деҳаи ноҳия аз ҷумла деҳаи худаш  ва ҳатто аз мактабҳои ноҳия,ки аз зулму ситами ӯ ва бародаронаш ба ҷон расидаанд қарор доранд.Барои тӯлонӣ нашудани ин корномаи сиёҳ онҳоро ба мақолаи дигар мегузорем.

Идома дорад бо Сомонаи Ислоҳ бошед

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

Share This Article