ё “Досияи Сиёҳ”-и Амири Рашт № 5
Хонандагони гиромӣ! Ҳамчуноне, ки огоҳед, дар бораи корномаи сиёҳ ва ҷиноятҳои даҳшатноку бе ниҳоят хавфноки Қаноатшо Лоиқзода, бо тақдими чор мақола гузориши муфассал дода будем.
Агар дар кишвар мақомоти судии босалоҳият мебуд, ҳеҷ не, дурустии хабарҳоро дар бораи як мақомдори давлатӣ мавриди баррасӣ қарор медод. Чӣ кунем, ки аз се шоха, як шохаи ҳокимияти конститутсионии давлат, мақомоти судӣ аст, аммо дастнигару ҳалқабаргӯши ҳокимияти иҷроия мебошад. Аз дасти мақомоти судӣ коре сохта нест.
Дар ҳар кишвари демократӣ агар ҳокимияти иҷроия қарорҳои суд ва қонунҳои ба имзорасонидаи парлумонро ба иҷро расонанд, дар Тоҷикистони азизи мо баръакс аст. Ҳар сухане аз ҷониби роҳбару вузаро ва дар умум мақомоти иҷроия ба парлумон ё мақомоти судӣ расид, ҳатман статуси қонунӣ па йдо мекунад ва ё ба иҷро мерасад. Аксарияти қонунҳои дар Парлумони Тоҷикистон ба имзо расида, аз ҷониби мақомоти иҷроия пешниҳод мешаванд. Худи вакилони парлумон дар ташаббуси қонунофарӣ дастнигари мақомоти иҷроия ҳастанд. Мақомоти судӣ бошад, ҳар касеро, ки ба ҳокимияти иҷроия ситорааш рост намеояд, ба зиндон гусел кардан мегирад. Дар Тоҷикистон ҳамин ки ҳамчун гумонбар боздошт шудӣ, дигар умеде барои худсафедкунӣ вуҷуд надорад. Аз байни ҳазорҳо парванда, соле як ё ду фарзанди вазиру кабир худро сафед карда метавонанду халос. Асилзодаҳои тоҷик агар бо мошин касеро зада кушанд, ҳатман айби чамбараки мошин мешавад ва ё ҷурми корхонаи мошинсоз, ки муҳаррик ё састемаи манъкунии мошинро мувофиқи табъи асилзодагони тоҷик насохтаанд.
Аз ҷониби дигар нигарем, аждаҳоҳои мардумдару хуни мардумхур бемалол, мардумдарӣ мекунанду моли мардумро талаву тороҷ, аммо пашшаи онҳоро касе пишт намегӯяд. Аз дасти ин аждаҳорҳо ҳазорон нафар ба дод омадаанду зулм дидаанд, ҳазорҳо шикоят ҳаст, аммо чашми мақомоти судӣ кӯру гӯшашон кар аст. Ақалан шикоятҳое, ки дар расонаҳо нисбати мақомдорон нашр мешаванд, баррасӣ намекунанд.
Агар кишвар воқеан демократӣ ва мардумӣ мебуд, ҳар кадоми корномаҳои сиёҳи амири Рашт, Қаноатшо Лоиқзода бе мукофоти амал намемонд ва ҳатман аз тарафи мақомоти судии кишвар ба ҷавобгарӣ кашида мешуд.
Агар дар кишвар қонун дар мадди аввал меистод, бидуни ҳеҷ шакку тардиде “Амири Рашт” аз мақомаш барканор мешуд ва ҳатман ба курсии ҷавобгарӣ менишонданд. Аммо, мушкил дар он аст, ки аз дасти мақомоти судӣ коре сохта нест ва мақомоти кишвар бо чунин афроди ҷиноятпеша ҳамдаст аст. Бидуни ҳеҷ шаку тардид ҳар як ҳокими ноҳия ба ОИЛА “доля” медиҳанд. Ин доляҳо бо макидани хуни мардум ҷамъ мешаванд, ки ин ҳамаро “боло” медонад. Фақат фарқи боло аз поён ҳамин, ки “боло” хуни мардумро тавассути “поиниҳо” мемакад.
Инаст, ки лашкарони “Вампири бузург” мисли Қаноатшо Лоиқзода ва дигар амирони ноҳияҳо дар мақоми худ боқӣ мемонанд. Сокинони мазлуму азияткашидаи он манотиқ дар гирдоби садҳо мусибатҳо мепечанд. Агар садо баланд кунанду аз он қонуншиканиҳо ба додгоҳ ва мақомоти қудратӣ шикоят баранд, баракс худашон бо туҳматҳо барои муддатҳои тулонӣ зиндонӣ мегарданд. Намунаҳо хело зиёданд ва ба номбар кардани якояки онҳо ниёзе нест, ҳамагон медонем.
Қаноатшо Лоиқзодаро кӣ аз боло ҳимоят мекунад?
Агар гӯянд, ки ӯро касе ҳимоят намекунад, пас ин ҳама ҷиноятҳои сангине, ки анҷом додааст, чаро мақомоти кишвар барои бозпурсӣ ва воқиф шудан аз асли воқеъа ӯро ба прокуратураи генералӣ даъват накарданд?
Дар корномаҳои сиёҳи Қаноатшо Лоиқзода даҳҳо ҷиноятҳое зикр гашта буданд, ки дар онҳо исмҳои ашхос бо ҳама мушаххасот ва нишонаҳо зикр шуда буданд, чаро прокуратураи ноҳияи Рашт онҳоро бозбинӣ накард? Исми КДАМ дар ду муомила ошкор зикр гардид, ки шахсан худи Саймумин Ятимов бе восита дар он муомилаҳои ғайри қонунӣ ва корупсиёнӣ ширкат доштанд, чаро аз тарафи ин мақомот дар баробари ин ҷиноятҳо садое набаромад?
Посух хело равшан ва маълум аст. Иртиботи қавии Қаноатшо Лоиқзода бо Озодаи Абдурраҳмон, дафтардор ва духтари калонии “Шефи Вампирҳо” аст. Чуноне, ки дар мақолаҳои қаблӣ иртиботи Лоиқзода бо Нуриддини Абдурраҳмон бародари “Шефи Вампирҳо” дарҷ гашта буд, пас аз вафоти Нуриддин, Озодаи Абдурраҳмон лаҷоми Қаноатшо Лоиқзодаро ба даст гирифт. Маҳз ҳимояти бевоситаи Озода барои Қаноатшо сабаб гаштааст, ки ҷиноятҳояш нодида гирифта шаванд.
Дигар шахсоне ҳам ҳастанд, ки аз Қаноатшо Лоиқзода ҳимоят мекунанд вале мақомҳои онҳо на ба мисли Озодаи Абдурраҳмон аст. Аз ин хотир аз зикри номҳои онҳо худдорӣ мекунем. Агарчӣ имкони зикри ҳаммаи онҳое, ки дар ҳимояти ӯ ҳастанд бароям ҳеҷ мушкиле нест. Вале дар кишвар аз Озода касе ҳаст, ки ҳарчӣ хоҳад анҷом диҳад ва хостааш амалӣ нагардад?
Қаноатшо Лоиқзода узви ММ МО ҶТ аст
Қаноатшо Лоиқзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин маҷлис аз 33 нафар буда, болотарин сатҳест, ки дар он вампирҳои хунхортарин ва эътимодноки “Вампири бузург” роҳ меёбанд. Аъзои ин маҷлис мақоми дахлнопазирӣ доранд. Аз он ҷумла Қаноатшо Лоиқзода низ. Хонандаи гиромӣ, фикр мекунам, дарк кардед, ки чаро хунхорҳо дар Тоҷикистон ба додгоҳ кашида намешаванд ва аз вазифаашон сабукдуш намегарданд. Чаро Қаноатшо Лоиқзода барои ин ҳама ҷиноятҳои содир кардааш барканор намешавад ва ӯро ба ҳеҷ куҷо даъват намекунанд. Чунки ӯро қонун ҳимоят мекунад, ҳар ҷинояте мехоҳад анҷом медиҳад ва касе ҳаққи даъват ва бозпурсии ӯро надорад.
Сокинони гиромии ноҳияи Рашт, акунун фаҳмидед, ки барои чӣ ин золим, ғоратгар, таҷовузгари нобакорро ба ҷавобгарӣ намекашанд? Албатта, ҳеҷ ҷинояте бе ҷазо намемонад, вале ӯро барои додани пораҳои ҳангуфт ба чунин мақоме интихоб намудаанд, ки ба ҷавобгарӣ кашаидани ӯ обурӯйи маҷлиси “Вампирон” яъне Маҷлиси Миллии кишварро халалдор мекунад. Агар ӯ дар мақоми раиси ноҳияи Рашт набошад, наметавонад узви ин Маҷлис бошад. Аммо, ман барканории шахсе чун Қаноатшо Лоиқзодаро баъид намебинам. Чун ҳастии ин вампири минтақаи Рашт, дар оянда, сабаби барканории вампирони бузург бо беху бунашон хоҳад шуд. То он ҷое, ки маълумот дорам, мардуми шарафманди Рашт ба ин омодагии худро дида истоданд.
Қаноатшо Лоиқзода ва лофзаниҳои ӯ
Корафтодагон аз ноҳияи Рашт чунин навиштаанд, ки Қаноатшо Лоиқзода, вақте барояш гӯем, ки агар ин масъаларо набинед, мо ба прокуратураи генералӣ шикоят мекунем. Ё ин ки ба дигар мақомоти кишвар, ки шумо берун аз салоҳиятҳоятон кор карда истодаед. Аз дохили ҷевони корияш китоберо бароварда бароямон нишон дода гуфт:
“Шумо медонед, ки ман кӣ ҳастам? Ман узви ММ МО. Ҳеҷ суду прокуратураатон маро коре наметавонад бикунад. Ҳеҷ ниҳоди ҳукуматие ҳақ ва салоҳият надорад маро тафтиш кунад, маро барои бозпурсӣ ба наздашон даъват кунанд, ҳатто на Ятимоват ва на Раҳимзодаат. Акунун фаҳмидед ман кӣ ҳастам? Ман ба болои он ҳама хуҷаинам ва лозим шавад он суду прокурорат дар пешам ба зонӯ зада илтиҷо мекунад. Хубаш маро хашмгин накунед ва ба ҷони худатон ҷабр накунед. Бо ман дӯст шавед ва дили манро ёбед. Ба ман ваъда кардаанд, ки оянда ман бояд дар курсии раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров нишинам. Шукурҷон Зуҳуров аз ин ҳавза интихоб шудааст дар ҳоле ӯ аз ин минтақа нест ӯ Вахёчиҳои Панҷӣ аст вале ман Ғармии асилам. Ман он вазифаеро чут кардаам, то имрӯз ба он расидаам, феълан вазифаи спикери порлумонро ба нишон гирифтаам ва ба он ҳам мерасам”
Ба Аллоҳ паноҳ мебарем, ки чунин ашхоси ҷинояткор ва нолоиқу бесаводе ба мансаби раиси порлумонии кишвар расанд. Намедонем он гоҳ ҳоли табоҳи ин миллат чӣ мешуда бошад? Ман бовар ҳам дорам, ки чунин афрод ба ин вазоиф таъин мегарданду қонун ба тасвиб мерасонанд. Ман дар ин мақолаи панҷум фаҳмидам, ки ӯ узви ММ МО асту воқеан дахлнопазир аст. Аммо ин нафаҳмиданам аз як нигоҳ хуб шуд, ки хело таҳқиқҳоро анҷом додем, то расидем ба ин ки Қаноатшо Лоиқзода, дар соли 2020 мақсади раиси порлумони кишвар шуданро дар сар мепарваронидааст. Акнун фаҳмидед, ки чӣ гӯна афроде дар мақомоти болоии кишвар ифои вазифа мекунанд?
Ҷодугари Қаноатшо ва Озода зане бо номи Меҳрубон
Чанд нафар аз сокинони ноҳияи Рашт, дар бораи як зане навиштаанд, ки дар аввал ба он навиштаҳо диққат намедодем. Вақте масъаларо пайгирӣ кардем, чанд маълумотҳои аҷибу ғариб дастрасамон шуд. Шояд дар оянда дар ин бора махсус мақолае нависем. Чун як мавзӯъи калон аст. Ин қиссаро кӯтоҳ карда бигӯем, ки ин зан аз ноҳияи Рашт, деҳаи Ялдамич бо номи Додарбегова Меҳрубон Олимбеговна будааст, ки ба ӯ Озодаи Абдурраҳмон сахт эътиқод доштааст. Ҳама хостаҳои ин занро Озода бароварда мекардааст. Ин зан ҳатто раиси ноҳияи Рашт шуданӣ будааст ва ин ваъдаро ҳам Озода ба Меҳрубон карда будааст. Аммо ин ки Меҳрубон барои кадом хадамоташ ба Озода писанд ва наздик шудааст қавлҳо гуногунанд. Яке мегӯяд Меҳрубон табиби Озода аст. Дигарӣ мегӯяд Меҳрубон ҷодугари Озода аст ва худро ба Озода дар ин ҳунар нишон ҳам додааст.
Меҳрубон бо Қаноатшо Лоиқзода дар гузашта муомилаи маҳрамонаи наздик ҳам доштааст. Аммо баъди шиносоӣ бо Озода, дигар Қаноатшоро аслан писанд намекардагӣ шудааст.
Ҷиноятҳои нав кашфшудаи Қаноатшо
Ин муддати як моҳе, ки аз нашри досияи сиёҳ № 4 дар 21 уми декабр нашр гашт ба мо беш аз 48 нома расидааст. Ҳамаи он номаҳо ҷиноятҳои корупсионии Қаноатшо ва бародарони ӯ дар ноҳияи Рашт мебошанд. Пораро гирифту масъаларо ҳал накард, заминеро бароям фурӯхту онро ҳуҷҷатгузорӣ накард, пуле аз ман гирифт онро дубора барнагардонид, ҳатто ӯро ба суд додем бо далелҳои шайи, бозҳам бо кумаки Валиҷон Ваҳобов ӯ баранда шуд, амсоли ин расидаанд. Ҳатто номаҳое ҳам расидаанд, ки ба мо Қаноатшо Лоиқзода пул додааст,то дигар дар бораи ҷиноятҳояш мақола нанависем? Шахси ин номаро ирсол намуда менависад: “Дар ноҳияи Рашт овозае паҳн гаштааст, ки гӯё Қаноатшо бо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири сомонаи Ислоҳ ба мувофиқа расидааст. Муҳамадиқболи Садриддин пулро гирифта ба ин розӣ шудааст, ки дигар дар бораи ҷиноятҳои Қаноатшо дар Ислоҳ мақола нашр намешавад”.
Илова бар ин дар бораи ҷиноятҳои солҳои то 2000- ум ва пас аз он содирнамудаи оилаи Лоиқзодаҳо чанд нома расидааст, ки иборат аз ҷинояти одамкушии раиси шуъбаи кофтукоби ҷиноятии ноҳия Рашт (началник уголовний розиск) Муқтадоро бо додани заҳр куштаанд. Дар ин ҷиноят Одилбег Лоиқзода, бародари Қаноатшо Лоиқзода даст доштааст.
Дар масалаи бо заҳр куштани бародари Эмомалӣ Абдурраҳмон, Нуриддин бошад манбаъи дигар менависад, ки қабл аз ин ки Нуриддин ба ноҳия Тоҷикобод равад, аввал дар ноҳияи Рашт, дар хонаи Қаноатшо Лоиқзода тақрибан як шабонарӯз меҳмон мешавад. Дар аснои меҳмонӣ ба Нуриддин се адад Колян (члим) тақдим мегардад.
Шоҳиди воқеъа чунин навиштааст: Ҳангоме, ки колянҳоро оварданд, Нуриддин гуфтааст, ки ман саломатиям хуб нест ва бароям зарар дорад. Аммо, Қаноатшо ба Нуриддин гуфтааст, ака ҳичи намешавад ва ҳатман аз ин колянҳои махсус барои шумо тақдим шуда кашед. Ниҳоят Нуриддин аз яктоеаш, ки бӯйи себ мекард, мекашад ва пас аз он ба ноҳияи Тоҷикобод, барои зиёрати Домулло Ҳикматуллоҳ ба сафар мебароянд, аммо ба ноҳия норасида вафот мекунад. Пас аз ин, дар ҳол Қаноатшо амр мекунад, ки акнун пеш аз омадани тими таҳқиқ, зуд Колянҳоро нобуд кунед. Ман худам онҷо ҳузур доштам ва се колянро аз он хона хориҷ намудем. Пас аз он дар ҳақиқат омаданд ва тамоми дастархонро экспертиза карданд, ҳатто дандонкобҳоро аз санҷиш гузарониданд ва чизе пайдо накарданд”.
Диққат диҳед, ӯ танҳо чизе аз он хона хориҷ кунед гуфт, ин колян буд. Хонае онҷо меҳмон шуд, ҳамон хонае, ки дар деҳаи Навдӣ қарор дошта буд. Ҳамон хонае, ки дар мақолаи қаблӣ навишта будед, онро ба Муҳсин ном шахсе, ки аз хешовандони наздики Валиҷон Ваҳобов, муовини прокурори генералӣ, ғайри қонунӣ фурӯхта буд.
Чӣ гӯна пора додани Қаноатшо Лоиқзода ба мақомоти болоӣ
Як манбаъи ислоҳ, ки узви порлумони кишвар аст ва дар ин порадиҳиҳои Қаноатшо Лоиқзода чунин навиштааст: “Дар як тарабхонаи боҳашамат дар шаҳри Душанбе мақомоти баландпояи ҳукуматиро Қаноатшо Лоиқзода даъват мекунад. Ба онҳо ташкилӣ мекунад ва барои ин ки чароғаки сабз дар ҳама ниҳодҳо барояш кушода бошад, ба ҳар як шахси даъватшуда аз 5,000 то 10,000 ҳазор доллар медиҳад, ончӣ ман бо чашмонам дидам ин буд. Ман шоҳиди он будам, ки чӣ гӯна пас аз ташкилӣ ба онҳо пора медиҳад. Ин чунин аз хама кришае, ки ба Каноат зиёд кумак мекунад Шодӣ Ҳафизов, сардори РМЗЧМ ВКД мебошад. Шодӣ Ҳафиз, домоди Рамазон Раҳим аст. Умрам ба ҷое расидааст ва хобҳои ваҳшатнок мебинам. Дидам дар мавриди Қаноатшо Лоиқзода навиштед, виҷдонам оромам нагузошт ва бароятон навиштам. Қаноатшо аслан савод надорад ва ман ӯро хуб мешиносаму аз ин боло рафтанҳои ӯ хело таъаҷҷуб мекунам. Наход аз як минтақаи бузурги Раштонзамин, ватани қаҳрамонҳои миллат, шахси дигаре пайдо накарда бошанд ва ӯро ба ин болоҳо расониданд. Ман иртиботи ӯро бо худи Шукурҷон ва Озода ҳам медонам. Вале инҷо чӣ сирри дигаре ҳам ҳаст, ки намедонам он чӣ бошад. Агар хоҳед номамро ҳам нависед, дигар ман хаста шудаам.Худо моро бубахшад, ки бо ин ҳама ноадолатиҳо андармонем.”
Аммо салоҳ надонистем, номи ин марди ҷасурро, ки эътироф доранд аз хатоҳои ин порлумон ва мақомот, то ӯро ифшо ва ба чанголи золимон супорем. Муҳим, дониста шуд, ки дар порлумони кишвар, дар байни вампирон, одамсириштону миллатдӯстон ҳам ҳастанд.
Мақолаҳои қаблӣ чӣ натиҷае доштанд?
Чор мақолае, ки навиштем албатта дорои вокунишҳои аҷибе буданд. Тамоси бародари Лоиқшо аз Русия, Муҳаммадсафо Лоиқзода, домоди Қумандон Сайриддин Азизов.Дашномҳои писари Қаноатшо Сармат дар чати шахсиям.
Қаноатшо барои боқимондан дар курсӣ ва чашмпӯшии мақомот маблағи бузургеро додааст. Як манбаъ аз ҳукумати ноҳия навишт, ки раис пас аз нашри мақолаҳо як дидоре бо Саймумин Ятимов доштаанд ва аз натиҷаи ин мулоқот хушҳол набуданд. Мисле, ки маблағи калоне додааст ва ё ваъда кардаст, ки медиҳад.
То он ҷое, ки хабар ёфтем, дониста шуд, ки пас аз нашри мақола бо тоҷирони муваффқе, ки дар Русия ба тиҷорат машғуланд, онхоро Лоиқзода аз мақомоти қудратӣ тарс дода, пул ситонидааст. Дар ин бора ҳатто гузоришҳои садоӣ ба мо расидааст.
Таҳдид мекунад, ки агар пул надиҳанд, онҳоро ба балое гирифтор менамояд. Хоссатан модаи 307 онҳоро интизор аст. Албатта ин пулситониҳои Қаноатшо бо баҳонаи ободонии ноҳия ва дастгирии варзишгарон ва сохтани роҳҳои ноҳия будааст. Инчунин тавассути раисони ҷамоъатҳо аз хонаводаҳои тоҷирон пул ситонидааст. Маблағҳоро аз 2000 сомонӣ то 100,000 сомонӣ гуфтаанд. Ин маблағҳо барои додани пора ба боло будааст. Дар назди мо ному насабҳои ашхосе, ки аз онҳо пул гирифтааст маҳфуз мебошанд. Аммо барои зарар нарасонидан ба оилаҳои онҳо аз навиштани ному насаби онҳо худдорӣ менамоем.
Дар расонаҳои дохилӣ номи Қаноатшо Лоиқзода чуноне, ки пеш аз нашри досияи сиёҳ навишта мешуду чеҳраи хабарсозе буд. Пас аз нашри досияи сиёҳ қариб, ки 90% чеҳраи хабарсозаш поён ва зери суол рафтааст.
Агар аҳмият дода бошед, дар маҷлиси солонаи соли 2018, ки дар моҳи январ баргузор гашта буд, Қаноатшо дар сафи пеш қарор дошт. Аммо дар ин маҷлиси васеъи ҳукуматӣ, соли 2019, Лоиқзода дар сафи қафо қарор дошт ва мисле, ки шахсияташ барои Озода ва дигар мақомот ҳам поин шудааст. Мумкин аст аз ӯ шарм кунанд, ки дар пинҳон доштани ҳилаҳои вампирҳо ноуҳдабароӣ кардааст.
Тибқи хабари манбаъи дигари мо пас аз нашри досияи сиёҳ як супермаркеташро дар Растови Русия фурӯхта аст. Инчунин пас аз маҷлиси васеъи ҳукумат, Қаноатшо Лоиқзода, рухсатии меҳнатӣ гирифта, феълан дар Русия қарор доштааст.Ба иттилоъӣ манбаъ барои ҷамъоварии маблағ сафар кардааст, то барои ҳифзи курсияш пораҳои бузургҳаҷме пардохт намояд.
Инчунин пас аз нашри досияи сиёҳ раиси ҷавонони ноҳия Нурмуҳаммад Муҳаммадӣ (Сафолов Нурмуҳаммад )-ро бо қарор аз кор сабукдуш намуданд. Аммо дигар аз сарнавишти Нурмуҳаммад, ки дар озодӣ ҳаст ё не хабаре надорем.
Қабл аз нашри мақола як манбаъ ба Ислоҳ хабарҳои зиддунақизеро расонид, ки эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, Қаноатшо Лоиқзодаро аз кор сабукдуш ва ба ҷойи ӯ Фаридун Муродовро таъин намоянд.
Дар акс аз чап Фаридун Муродов ва аз рост Қаноатшо Лоиқзода,”кидат разбор надорад”
Дар мавриди Фаридун Муродов маълумоти дақиқе бароямон алакай фиристонда шуд ва дар сурати таъини ӯ ба раисии ноҳияи Рашт менависем.
Бояд зикр кард, ки дар ифшои бархе ҷиноятҳои Қаноатшо Лоиқзода, Фаридун Муродов ба манбаъҳои мо маълумотҳоеро тақдим намудааст. Ҳадаф дар ин иттилоъгузорӣ дар он будааст, ки то ӯро барканор намоянд ва худаш ба ин мансаб таъин гардад. Мебинем замина барои он омода шуда истодааст.
Фаридун Муродов бо наркобарон Абдумумин Ятимов, бародари Саймуъмин Ятимов дӯст будааст ва тавассути ин бародари Саймумин Ятимов мехоҳад ба ҷойи Қаноатшо нишинад. Инчунин Шавкат гуфтани муҳофизи пешво, ки рафиқи Қоштиев Баҳром, ҷияни Фаридун Муродов аст, бо ин ду роҳ мақсади Амирии Раштро соҳиб шуданӣ аст.
Фаридун Муродов шахси муътамад ва қудои Қаноатшо буда, якҷоя солҳо кор кардаанд ва аксари ҷиноятҳое, ки дар ноҳия анҷом шудааст, тавассути Фаридун Муродов сурат гирифтаанд.
Хонандагони гиромӣ! Бо муҷарради расидани маълумоти ҷадид дар қазияи Рашт, Амири феълӣ ва довталаби Амирии Рашт Фаридун Муродов ҳатман онро дар ихтиёри шумо қарор медиҳем.
Муҳаммадиқболи Садриддин