Ҷиноятҳои раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”- №1

Ислоҳ нет

Ҷиноятҳои раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”- №1

(бахши аввал)

Мо дар пеши худ ҳадаф гузоштаем,ки то замоне шароит дорем ва имконият даст медиҳад, аз рӯйи Раҳмонов маскаашро барафканем, то симои воқеии вай ва афроди давру бараш барои тамоми шаҳрвандони кишвар намоён бишавад. Ин бор дар бораи Комил Мирзоалиев, раиси корхонаи воҳиди Давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хоҳем гуфт. Мутолаа кунед, бубинед,ки дасти дузди Раҳмонов ва оилаи мӯру малахаш то куҷо ёзидаву ба чӣ қабоҳату разолат қодир аст ва барои манфиати садҳазории худ миллиону миллиардҳо ба халқу миллати тоҷик зарару зиён мерасонанд.

Комил Мирзоалиев, раиси корхонаи воҳиди Давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дастпарвар ё ба истилоҳ кадри Амонулло Ҳукумов, раиси пешини КВД роҳи оҳани Тоҷикистон аст, ки дар тамоми қаламрави шӯравии собиқ ва кишварҳои соҳили Болтик ба унвони мистер Эскобари тоҷикӣ шӯҳрат ёфта буд. Комил Мирзоалиев, Эскобари феълии тоҷик аст,ки якҷо бо Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва чанд нафар аз генералҳои Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон як бонди қочоқбар ва як синдикати мофиёии бузурги тиҷорати героини афғониро ташкил ва фаъол сохта солҳост, ки қаторҳои Тоҷикистон барои интиқол истифода мешаванд. Таҷрибаи тиҷорати маводди мухаддир барои Комил Мирзоалиев аз солҳои ҷанги дохилӣ ҳосил шудааст.

Дар солҳои нооромӣ, ки ҷилави корҳо дар дасти қумандонҳои ҷангӣ қарор дошт Комил Мирзоалиев дар картели наркобизнеси Сайидшо Шамолов,яке аз қумандонҳои Фронти халқӣ ба ҳайси бухгалтер-кассир, муҳисоби хазинадор фаъолият мекард. Аз ҳамон солҳои буд, ки бо қочоқбарони каттазани афғон ва харидорони “крупняк”-и русҳову узбекҳо иртибот барқарор карда ба бовари онҳо ворид шуда буд. Дар асл ин “кадр”-и даркориро ба Амонулло Ҳукум Ҳоҷӣ Шариф, қудои Эмомалӣ Раҳмонов шинос кардааст ва бо тавсияи маҳз Ҳоҷӣ Шариф Комил Мирзоалиевро Ҳукумов дар Роҳи оҳан ба кор гирифт. Зани якуми Амонулло Ҳукумов ҷияни Ҳоҷӣ Шариф аст.

Дар солҳои пеш ҳоҷӣ Шариф ва Эмомалӣ Раҳмонов-ҳарду дар зери дасти Ҳукумов дар Калининобод кор кардаанд. Ҳамин тавр чанд вақт баъд, ки Мирзоалиев аллакай механизми “обулой”-и героин тавассути қаторҳо ба Русияро ба роҳ монда муваффақ шуд, Ҳукумов ӯро гирифту сардори Раёсати мусофиркашонӣ яъне “пасажирний поезд”-и Роҳи оҳани Тоҷикистон таъин кард. Акнун интиқол ва сохтани “тайник”-ҳо дар вагонҳои мусофирбарии қаторҳои Тоҷикистон ба ҳадде авҷ гирифт,ки мақомоти амниятии Узбакистон, Қазоқистон ва Русия аз тафтиши онҳо безор шуданд. Мирзоалиев дигар ба як фигурае мубаддал шуда буд, ки пеши роҳи ӯро гирифта намешуд. Расонаҳои русӣ ошкоро вагонҳо ва қатори Тоҷикистонро “Золотой караван” ва “Эшелон белой смерти” меномиданд ва хабари мусодираи героин аз вагонҳои Тоҷикистон ва дастгиршавии роҳбаладони он ҳамарӯза дар лентаи ахбори васоити ахбори оммаи ин кишвар ба чашм мерасид. Барои мисол танҳо дар соли 2006 аз қатори Душанбе-Маскав 150 маротиба мавориди кашф ва мусодираи героин ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамон вақт масъулони КВД Роҳи оҳан эълон карданд, ки 70 роҳбалади қатори мусофирбари ин ширкат ба гумони ҳамдастӣ дар қочоқи маводи мухаддир аз кор озод шуданд. Русия чораи дигар наёфт ва давоми 8 моҳ ҳаракати қаторҳои мусофиркашонии Роҳи оҳани Тоҷикстонро баст. Чанде аз роҳбаладони боздоштшуда дар Русия ба тафтишот иқрор карданд, ки онҳо героини Мирзоалиевро меоваранд. Дигар чорае намонд ва Комил Мирзоалиевро дар соли 2010 аз корхонаи воҳиди Давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” берун вале аз тиҷорати героин дур накарданд.

Ӯро Маскав оварданд ва мудири меҳмонхонаи давлатии Тоҷикистон “Гостевой дом” таъин карданд. Ӯдар инҷо бо шарикони тиҷорати героин ба таври бевосита ҳамкорӣ мекард ва ҳама маводди меомада тавассути дастони ӯ ба пул табдил мешуд. Вале як коре, дигар ки инҷо анҷом дод ин буд, ки барои шарикони русиву афғониву хориҷии худ дар “Гостевой” утоқҳои беҳтаринро бо духтарони тоҷик, ки аз ночорӣ муҳоҷират ихтиёр карда буданд, таъмин мекард. Дар инҷо ӯ як “бардел”-еро ташкил дода ва бар ивази фурӯхтани духтарҳои тоҷик маблағҳои калон ба даст меовард. Яке аз муштарӣ ва меҳмонҳои олиқадри ӯ Нуриддин, бародари Эмомалӣ Раҳмонов буд. Аслан Комил Мирзоалиевро ба вазифаи мудирии ин меҳмонхона бо миёнравии Нуриддин оварда буданд. Аз Нуриддин Амонулло Ҳукумов сахт хоҳиш карда будааст, ки Комил бисёр одами зарурӣ асту бе ӯ корҳо пеш намеравад. Ҳамин тавр Мирзоалиев то соли 2014 дар Маскав қарор дошт ва ду нафар аз наздиконаш ва низ бародараш Фаррух Мирзоалиев, ки дар гузашта корманди милиса ва чанд вақте дар кадом милисаи ноҳия ва ё шӯъбае сардорӣ ҳам кардааст, ҳамроҳӣ мекарданд. Бахусус Фаррух контроли “збит”-и наркотикро бар ӯҳда дошт. Фаррух ҳанӯз, замоне, ки дар Тоҷикистон милиса будааст барои қочоқи маводди мухаддир ба даст меафтад. Аммо пул дода халос мекунанд. Ҳамин тавр дар Маскав ҳам як навбат ба даст меафтад, аммо онҷо ҳам пули калон дода халосаш мекунанд.

Мунтаҳо 19 феврали соли 2014 ӯро,баъд аз онки Амонулло Ҳукумовро аз вазифа гирифтанд, аз Маскав оварда муовини аввали раиси КВД Роҳи оҳан таъин карданд. Аммо ӯ раисиро мехост, на муовинатро. Маҳмадзоир Соҳибов байн даромад ва худи Комил ҳам дар фикру андеша зад,ки чи кор бикунад,то Ҷаноби олиро (он вақт лақаби Раҳмонов ҳамин тавр буд) розӣ бисозад. Аз ду дачаи чандмиллиониаш дар Варзоб якеро ба Ҷаноби олӣ “подарка” мекунад. Ин дача,дар масоҳати наздики 2гектар ва бо ҳамвор кардани як нимаи кӯҳ бунёд шудааст. Се бассейн-ҳавзи оббозӣ дорад, ки якеи онҳо пӯшида аст ва ҳоло ҳар аз гоҳе Раҳмонову Азизмо омада онҷо оббозӣ мекунанд. Системаи муосири назоратӣ, антеннаи бузурги алоҳида, движоки худкор дорад. Бинои дача бо ҳунари меъмории итолиёвӣ сохта шуда тамоми ҷиҳози он то зарфу зуруфи матбахи он хориҷист. Дар ҳамон сол аз 1уним миллион доллар бештар арзиш дошт. Дар наздаш як тасвири оҳу ва як обшори маснуӣ дорад. Гоҳо дар телевизионҳо ҳам нишон медиҳанд. Хуллас, калиди ҳамин дачаро бо майли тамом ба дасти Раҳмонов медиҳад.

Заминҳои зиёде дар Масковский ва Данғара дошт,ки онҳоро ҳам фурӯхта пулашро барои гирифтани курсӣ ба Ҷаноби олӣ медиҳад. Аз инҷо буд,ки Асадулло Зойиров, ки ӯ низ дастпарвари Амонулло Ҳукумов буд, ҳатто як моҳ ҳам дар мақоми раиси КВД Роҳи оҳан кор накард. Раҳмонов баъди гирифтани калиди дача Зойировро аз мақом барканор ва Комил Мирзоалиевро раиси КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон таъин кард ва барои таъини Комил Мирзоев дар як моҳи феврал ду бор фармони Раҳмонов содир шуд:-як бор барои муовини аввал ва дуввум бор барои раиси КВД Роҳи оҳан. Феълан Комил Мирзоалиев аз одамҳои наздик ба Раҳмонов ва бахусус Рустами Эмомалӣ ва оилаи онҳо мебошад. Ӯ ва ин оиларо ҳоло боз торҳои ноаёне ба ҳам бештар васл кардааст. Чанд вақт пештар Юсуф Маҷид, домоди 33- солаи Комил Мирзоалиев бо қарори Эмомалӣ Раҳмонов муовини вазири молияи Тоҷикистон таъин шуд. Хуршед Мирзоев, ҳамсинф ва рафиқи наздики Рустами Эмомалӣ, раиси ширкати тиҷоратии “Авесто групп”,ки дар асл ширкати худи Рустам аст, домоди апаи Комил Мирзоалиев мебошад. Як бародари дигари Комил Мирзоалиев ба номи Умед Мирзоалиев “дасти рост”-и Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Умед як мӯътод аст. Стажи зиёди наркоманӣ дорад. Як ҷияни Комил Мирзоалиев Фаррух ном дорад. Вай “снабженец” мебошад. Бо чанд “проводник”-и дигар дар ЖД-Роҳи оҳан ба ташкил ва интиқоли маводди мухаддир машғуланд.

Аз онки Комил Мирзоалиев ба шикор шавқ дорад ва гоҳ-гоҳе шикорчигӣ ҳам мекунад, дар соли 2018 тавассути писараш Муҳаммад Мирзоалиев, раҳбари ҷамъияти “Шоҳин-М”аз ҷамъияти “Сайди Тагноб” дар ҷануби кишвар як шикоргоҳро ба зӯрӣ кашида мегирад Он нафар ба додгоҳ муроҷиат мекунад, аммо бефоида. Додгоҳ корро ба манфиати Мирзоалиев ҳал кард. Дар худи ҳамон соли 2018 боз дар яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ Мирзоалиев бо вуҷуди онки ошкоро кидат кардааст корро ба манфиати худ тоб медиҳад. 100.000 доллари фурудгоҳи байналмилалии Душанберо,ки ҳанӯз соли 2011 барои тармим ва бозсозии меҳмонхонаи ҳукуматӣ дар Маскав ҳамчун қарз гирифта буд, барнагардонд. Раиси фурудгоҳ зиндонӣ шуду вале мижаи Мирзоалиев хам нахӯрд. Кор ба додгоҳ кашида шуд. Додгоҳ ҳам зӯраш нарасид.

То ҳамин чанд вақти пеш тиҷорати маводди мухаддир ва мудирияти Роҳи оҳанро Маҳмадзоир Соҳибов контрол мекард. Вазири дохила Рамазон Раҳимзода дар назди Маҳмадзоир чизеву касе нест. Аммо ҳоло Рустам дигар “марионетка”-и дасти Маҳмадзоир нест. Ҳамаро таҳти контрол гирифтааст. Ин суханро барои он мегӯем,ки Комил Мирзоалиев бо васотат ва дастгирии Маҳмадзоир Соҳибов ба ин мансаб расидааст. Аммо мисле,ки дигар Маҳмадзоир Соҳибвро кидат кардааст ва бо Рустам худаш мустақим кору борашро мебарад.

Комил Мирзоалиев боз аз он ҷиҳат бо Раҳмонов ва аъзои оилаи вай қаробати бештар пайдо кард,ки дар хизмати онҳо камарро сахт баста ва дар рушду ривоҷи тиҷорати онҳо ҳиссаи калон мегузорад. Ширкатҳои тиҷоратии домодҳову духтарҳои Раҳмонов аз Русия бору маҳсулотро тавассути Роҳи оҳан ва ройгон вориди Тоҷикистон мекунанд. Дар ҳар эшелони “товарний”-ҳатман вагонҳои махсус барои фирмаҳои Таҳминаву Парвина дорувориву маводи озуқаворӣ аз қабили конфету шоколаду сигарет меоварад. Вале ҳоло муҳимтарин коре,ки Комил Мирзоалиев анҷом дода истодааст, воридоти гулу дарахту буттаҳо барои кабудизоркунии пойтахт аст. Мирзоалиев барои мисол дарахтҳову буттаҳову гулҳоро барои сарсабзсозӣ ва ороишӣ барои Душанбе аз Ӯзбакистону Русия ва ё Украина оварда санадҳои онҳоро тавре тартиб медиҳад,ки гӯиё аз Белгияву Голландия оварда бошад. Ҳама хароҷоти кабудизор кардани Душанбе аз ҳисоби бюҷети шаҳр аст.

Соли гузашта барои кабудизоркунӣ аз бюҷети пойтахт 25 миллион сомонӣ масраф карда шуд. Воридоти ин дарахту буттаҳо аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Аммо гуфта мешавад, ки дар асл ҳамаи дарахту буттаву гулҳои овардаи Мирзоалиев 2 миллион сомонӣ арзиш надоштааст. 25 миллион сомонии аз бюҷет ҷудо шуда миёни ӯ ва шаҳрдори Душанбе обу лой мешавад аммо ва маълум нест, ки Рустами Эмомалӣ барои ӯ чи миқдор “хизматона” дода бошад. Дар мавриди амалҳои коррупсионии кабудизоркунии Душанбешаҳр маълумотҳе дар даст дорем,ки онро дар матлаби ҷудогона тақдим мекунем.

Мирзоалиев дар чанд ҷо аз Таҳмина шиква кардааст,ки барои ин ҳама хидмате,ки ӯ мекунад ҳатто ташаккур ҳам намегӯяд ва ақалан пулҳои худи Мирзоалиевро баргардонида намедодааст. Комил Мирзоалиев даҳҳо,шояд бештар ҳам коргоҳу ширкату тарабхонаву меҳмонхона дар Тоҷикистон ва Русия дошта бошад.

Яке аз корхонаҳои нонпазии калони Душанбе-хлебзавод моли Комил Мирзоалиев аст. Ин “хлебзавод” дар назди тарабхонаи “Перевал Охота” дар маҳаллаи маъруф ба пивзаводи Душанбе. ҷойгир шудааст.

Бадтарин ва манфуртарин коре, ки ҳамин ҳоло ҳам карда истодааст ин аст ки дар тарабхонаи “Перевал Охота”аш духтарони тоҷик, ба як лаб нон зорро ба афғону турку эрониву хитоӣ ва дигару дигараш фурӯхта истодааст. Ошёнаи 1 ва 2и ин ресторан ҷои ғизо хурдан ва барои маъракаҳо аст,ки дар ду ошёна ҳудуди 500 нафар озодона метавонанд дар як вақт иштирок кунанд. Маҳмадзоир, Авази бозори Султони Кабир, Шамсуллову Зарифбеки домоди Раҳмонов ва чандин нафари дигар аз муштариҳои ҳамешагии ин тарабхона ҳастанд. Қимору қартаву бадмастиву занакабозиро дар инҷо ба авҷи аъло мерасонанд. Бархе аз вазирҳову генералҳо ҳам инҷо истироҳат меоянд. (Дар мавриди меҳмонони ҳамешагии “Перевал Охота” маълумотҳое низ дорем, дар нашри махсус онро тақдиматон менамоем.) Аммо ошёнаи саввуми он комилан бардел аст. Онҷо духтарҳои тоҷику узбеку аз дигар миллатҳо,ҳам ҳастанд,ки баъзеашон солҳост машғули фисқу фасоданд. Комната, комната ранги Аврупо кардаанд. Дар онҷо касеро тафтишу пурсуҷӯ намекунад.

Комнатаҳо соатбаъй нарх доранд, духтарҳо низ. Агар ин корро нафари дигар бикунад, барвақт дар зиндон буд. Аммо барои Комил Мирзоалиев ҳоло тамоми шароит фароҳам,ҳатто фоҳишахонаи ғайрирасмиаш амал мекунад, аммо чизе намегӯянд. Ҳатто инҷо бархе аз аҷнабиҳо дар ҳолатит мастӣ духтарҳои тоҷикро зада куштаанд, аммо сир берун намебарояд. Ҳайратовар он аст ки аз ин бардел ва аз ин танфурӯшхона Раҳмонову Рустаму дигару дигараш бохабаранд. Вале чизе намегӯянд. Мақомоти ВКД ва КДАМ агар шумо дар хидмати ин ватан ва мардум ҳастед,чунонеки ҳамеша ин иддаъоро мекунед, чаро инҷойро намебинед? Агар мегӯед мо дар хидмати ин ватанем марҳамат равед як хабар гиред ва ба мардум онро ба намоиш гузоред. Аммо шумо худ шарики ин ҷиноят ҳастед ва забонкутоҳ ва ҳеҷкораед.

Поёни бахши аввал, мунтазири бахши дуввуми ин корномаи сиёҳ бошед. Агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноятҳои Комил Мирзоалиев бошед,пас ба мо онҳоро ирсол намоед. Шахсияти шумо ифшо намегардад, аммо чеҳраи ин ҷинояткорон ба миллат ва мардуми кишвар ифшо мегардад.

То он рӯзе ҳақиқат бар ҷаҳолату зулм ва ғоратгарони амволи давлат ва миллат пирӯз нагардад,ҷон дар бадан дорем бояд бе ист бигӯему талош намоем,то миллат ва мардуми кишвар аз чанголи ин аҳриманон ба кулли озод ва миллату мардум осуда бошанд.

Идома дорад…

Share This Article