Иллати ҷанги рӯзҳои 14-17 сентябр дар марзҳои миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон,ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид,рӯшан ва ошкор нашуд ва намешавад. На имрӯзу на фардо.Қирғиз ё тоҷик ба тиркушоӣ оғоз кард,камони кадом тараф буд, ки аввал оташ кушод, низ номаълум боқӣ мемонад. Аммо,яқинан бидуни фармон, ҳамоҳангӣ бо фармондеҳ ва рухсати сарфармондеҳи қуво ҳеҷ сарбоз ва ҳеҷ афсар,агарчи ин афсар наметавонад бо иродаи худ силоҳро барои парронидан,оташ кушодан,ҷангидан омода кунад.
Пас, фармони оташкушоӣ аз ҳарду ҷонибро кӣ метавонад содир кунад? Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳам раиси ҷумҳури Қирғизистон ва ҳам раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як ҷаласа дар Самарқанд ва бо ҳам буданд. Аз сӯи дигар Неруҳои марзбонии ҳарду кишвар дар итоати Кумитаҳои давлатии амнияти миллии ҳарду кишваранд ва ҳам Қамчибек Тошиев ва ҳам Саймумин Ятимов,ҳамзамон раҳбарии Комиссиюни ҳукуматии муштараки ташхис ва аломатгузории хати сарҳадотро бар ӯҳда доранд.Ҳарчи ҳам набошад,ин ду генерал яқинан медонанд,ки тири аввалро кӣ кушод,чун фармон аз тарафи ҳамин ду содир шудааст.
Аммо,бале,аммои дигар ин аст ки то ҳамин ҳоло на аз ҷониби мақомоти масъули Қирғизистон ва на аз тарафи Тоҷикистон ангеза ва ваҷҳи ҷанги ахир дар марзро,ки ин бор ҳатто то ба Лахш-шарқи Тоҷикистон кашонида шуд, ташреҳ накарданд. Дар баёнияи ахиран интишордодаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ дар ин бора чизе гуфта нашудааст.
Дар ҳаводиси гузашта дар марз,масалан мушкили истифодаи об,чаронидани чорпо дар ҳудуди ҳамдигар,кишт дар маҳалли таъйинношуда ва аз ин даст авомил иллат ва ангезаи даргириҳо талаққӣ мешуд,аммо ин аз ҳарду тараф чизе гуфта намешавад.Дар ҳоле,ки
ин бор ҷанг бо истифода аз танку дрону мушакандоз,мунтаҳо бо силоҳи ба истилоҳ зиреҳпӯшу сангин сурат гирифт.Хуллас,як ҷанги тамомаёр,ки даҳҳо куштаву садҳо захмиву миллионҳо сомонӣ хисорот ба бор овард.
Бархе аз сомона ва торнамоҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии қирғизӣ Қамчибек Тошиев,раиси КДАМ-и Қирғизистонро муқассири ин авзоъ ба қалам медиҳанд.Аз ҷумла яке аз сиёсатмардони қирғиз,вакили Жогорку Канеш ва дар гузашта раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Адахон Мадумаров ӯро гунаҳкори ин ҷанг эълон кард.
Муаллифони «фабрикаи ҷавоб»-и КДАМ-и Тоҷикистон ҳам чормағзро дар сари Қамчибек шикаста ва ӯро сабабгори ҷанги рӯзҳои 14-17-и сарҳадӣ меҳисобанд. Зимнан,агар мушоҳида кардед,ин бор аз ҳар дафъа ҳам бештар ва зиёдтар ва хашинтар муаллифони «фабрикаи ҷавоб» талош доранд,ки ҳодисаи ахирро кори дасти қирғизҳо қаламдод кунанд.
Вале,хоҳиш мекунам,бисёр ҳам муҳтотона ва хунсардона ба ончи ки дар зер гуфта мешавад,диққат диҳед ва ҷудо аз онки мо,дар мухолифати Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати вай қарор дорем ва шадидан мухолифи интиқоли қудрат ба писари вай ҳам ҳастем,қазоват кунед.
Тибқи охирин маълумоте,ки аз манобеи огоҳ дар ҳукумат ба дасти мо расид,Эмомалӣ Раҳмонов дар рӯзҳои ахири ҳамин моҳ як тағйироти кадриеро дар нақша гирифта будааст,ки бар мабнои он раиси КДАМ ва вазири дохилӣ барканор мешуданд.Ва ду нафар аз «фотеҳон»-и ҷанги Бадахшон Аламшозода ва Меликов,ки ҳарду аз Данғара мебошанд, ҷойгузин дар ин курсиҳои холишудаи ин ду мақоми умдаи ҳукумат Тоҷикистон мешуданд.Раҳмонов ба Аламшозода ва Меликов беҷиҳат медалу ҷоиза тақдим накард.Манобеъ мегӯянд,ки ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин тағйироти кадрӣ ҳарду вазири дар сари қудрат дар вазорати дохилӣ ва амнияти миллӣ ин тавтиа ва ин дасисаи бисёр ҳам сахту сангин дар марзро роҳандозӣ карда бо ҳамин Эмомалӣ Раҳмоновро водор кардаанд,ки то чанд муддати дигар «пауза» гирад.Бар пояи маълумоти дарёфтӣ Раҳмонов қасд дорад то охири соли ҷорӣ «амалиёти интиқоли қудрат»-ро анҷом ва Рустамро дар курсии худ биншонад.Раҳмонов аз муносибати сарди Рустам бо ин ду морони китфони худаш огаҳии комил дорад ва ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳаргуна пешомадҳои ғайримунтазира мехоҳад ин дуро қабл аз баргузории интихоботи Рустам оромона барканор кунад.
Азбаски Шоҳрух Саид,наздиктарин рафиқи Рустам ба эҳтимоли зиёд вазири дохилаи ҳукумати ӯ хоҳад буд ҳузури муҳтарам Ятимов ва муҳтарам Раҳимзода дар кобинаи таҳаммулнопазир мешавад.Зеро ҳамин имрӯз ҳам генерал Фаттоҳ Саид-падари Шоҳрух,ки бо дастони Ятимов ва Раҳимзода мардуди дарбор шудааст,лаҳзашуморӣ дорад,ки кай соати ниқораш фаро мерасад.Мо,натавонистем,ки кумакҳои Қамчибек Тошиев ба «кор»-ҳои ҳамтои тоҷикиашро дар қазияи ахир муайян кунем,аммо ин сару садоҳо ҳам беҷиҳат нест,ки ҳардуи ин генерал раисони худ Ҷабборов ва Раҳмоновро дар нуки ангуштонашон бозӣ доронда истодаанд.
Бахусус, Саймумин Ятимов,ки ба муҷарради имзои фармони барканориаш ба эҳтимоли зиёд аз тамоми имтиёзоти ҳатто як вазири собиқ маҳрум ва имкони ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданаш дур нест.Рафтан аз мансаб барои Ятимов танҳо рафтан аз мансаб нест,рафтани хеле ҳам шармандавор ва бо паёмадҳои ҷонкоҳ хоҳад буд.Ин манобеъ мегуянд,ки дафтари аъмол ва ё парвандаи ҷиноии Ятимов дар дасти Раҳмонов аз хеле вақт аст ки маҳфуз аст.Вале,ончи ки Раҳмоновро ба Ятимов дар ин авохир ба шиддат машкук ва нобовар кард «амалиёт» -и ахир дар Бадахшон аст ки хеле ҳам осону сареъ Аламшозода ва Меликов ба анҷом расониданд ва аммо бо вуҷуди масрафу харҷи бисёр ҳам зиёд Ятимов тӯли солҳо кашол дод.Аз тарафи дигар бениҳоят сарватманд шудани Ятимов ва дар даруни ҳукумат як ҳукумати дигар ташкил кардани он ва бахусус дар аксарияти мақомоти калидии КДАМ нишондани хешовандони наздикаш,Раҳмоновро дар нисбати ӯ сахт ба шубҳа бурдааст.
Сахт фаъол шудани «фабрикаи ҷавоб» дар ҳодисаҳои ахири марзӣ як навъ маневри раиси ҳамакнун дарҳоли суқути КДАМ-и Тоҷикистон аст.
Ҳоло, бозрасӣ ва пажӯҳиши ҷанги ахири марз дар назар аст ё хайр,вале ин бор ба ночор бо Путин дар миён гузоштани авзоъ дар сарҳади байни қирғизу тоҷик аз тарафи раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷиддияти ин даргирӣ шаҳодат медиҳад.Ин ҳам дар ҳолест,ки ҳарду кишвар на як бор гуфта буданд,ки ин мушкили дохилист ва зарурат ба миёнаравӣ надоранд.Авзоъ дар воқеъ печида ва нигаронкунанда аст.Бозие бисёр ҳам хатарнок аст ки махсусан барои Раҳмонов масъаласоз хоҳад буд,чунки бо ҳар бори қасди анҷоми баргузории интихоботи Рустам ба ҳамчунин мушкилоти амниятӣ мувоҷеҳ мешавад.Раҳмонов аз террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломӣ аз тарафи Путин бисёр ҳам руҳбаланд шуда ва дар садади анҷоми «оператсияи интиқоли қудрат» шуда буд,чун бардошташ ин шуда буд,ки дигар Путин дар мушташ аст.Аммо ба назар мерасад Саймумин Ятимов,ки яқинан ҳоло чашму гӯши алтернативии Путин дар Тоҷикистон аст бо афрухтани алангаи бештари оташи ҷанг дар марз Раҳмоновро паём медиҳад,ки ҳоло барвақт аст.
Дар ин миён тақозои бозпас гирифтани теъдоде аз силоҳҳои сақила дар Тоҷикистон аз тарафи Путин ва фароҳам овардани имконот ва шароити давр (объезд)-и задани таҳримоти байналмилалӣ барои Русия тавассути идороти кашфи Укроин ошкор шудааст ва мақомоти ин кишвар ба Раҳмонов ихтор доданд,ки сарнавишти «ҳисобҳои миллиардии оффшории худ» дар кишварҳои урупоиро фикр кунад.Раҳмонов дар вазъияти номуайянӣ ва муаллақ қарор гирифтааст.Афзун бар ин ин бор низ ин ҳодисаи ҷанг дар марз айни задани посгоҳи марзии Ишқободи ноҳияи Рӯдакӣ дар марзи бо Узбакистон дар ду соли пеш дар ғиёби ӯ ва боз ҳам бо дастони Ятимов анҷом дода шуда буд.Он вақт Раҳмонов дар сафар дар Фаронса қарор дошту ҳоло дар Самарқанд буд,ки боз ин ҷангу хунрезӣ сурат гирифт.Мунтаҳо,авзоъ тавре муаррифӣ шуда истодааст,ки шароит дарТоҷикистон барои интиқоли қудрат,ки Раҳмонов мехоҳад анҷом диҳад мусоид нест.
Аз таҳдидҳои Толибон,ки дигар «Таҳрики толибони тоҷикӣ»-ро ҳам ташкил карданд,Раҳмонов асло ба худ нахоҳад омад ва аз ин рӯст,ки худро дар домони палтои Путин печонидааст ва ба таваққуъоти вай ҳамвора посухи мусбат додааст.
Ба як нуктаи дигар мехоҳем ишора кунем,то қазия равшантар бишавад. Ин бар асари ҷанг Русия бо Укроин аст ки Раҳмонов теъдоди ҷалби ҷавонон ба артишро ба маротибаҳо афзоиш дода,ҳатто донишҷӯёнро иҷборан ба артиш бурда истодааст. Ба “Ислоҳ” маълумот аз манобеъи муътамади низомӣ расида аст ки Раҳмонов дар садади фиристодани ҷавонон бар зидди Украина аст ва ба эҳтимоли зиёд ин кор тавассути пойгоҳи 201сурат хоҳад гирифт.Ҳамчунин ҷалби ҷавонони тоҷик бар ивази пул ва додани мақоми шаҳрвандии русӣ низ яке аз дигар ваъдаҳои кумаки низомии Раҳмонов ба Путин будааст.Барои ҳамин Путин розӣ шуд,ки бо нақзи тамоми қоида ва қавонини байналмилалӣ ҲНИТ-ро дар як додгоҳи пӯшида террористӣ эътироф кунад.
Бо ин вуҷуд, ки ингор Раҳмонов бо Путин масъалаҳояшонро ҳаллу фасл карданд,аммо
Раҳмонов ин бор ҳам нафасҳои сарди Путинро аз паси шонаҳои Ятимов шунида истодааст ва инро ҳам фаҳмида истодааст,ки Путин бе сабаб талош барои миёнравӣ ба моҷарои марзӣ бо Қирғизистонро анҷом намедиҳад.Ин ҳам дар ҳоле,ки ба эътиқоди таҳлилгарон вазъи Путин дар дохили Русия бад шудааст. Беш аз 70 тан аз вакилони маҷолиси мааҳлли дар Санкт-Петербург ва Маскав ба маҳзи ҷанг бо Укроин хостори истеъфои Путин шудаанд.Путин ва имиҷи сиёсии вай на танҳо дар дохили Русия ҳамчунин дар назди кишварҳои таҳти нуфузи Русия дар минтақа мисли Қазоқистон, Туркманистон, Қазоқистон,Қирғизистон рӯ ба коҳиш аст.Илҳом Алиев ва Содир Жапаров дар соати дидори бо Путин дар Самарқанд се-саҳор дақиқаӣ “таъхир” карда ва Путинро мунтазир гузоштанд,ки як чунин таҳқирро Русия барои бори аввал мутаҳаммил мешавад.Бад-ин хотир Путин барои ҷилавгирӣ аз идомаи як чунин беобрӯӣ бояд “иқдомот”-е ба мисли низоъи мусаллаҳона дар марзҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба роҳ монда “адаб”-и губернаторҳои саркаше чун Раҳмонову Жапаровро бидиҳад ва ҳамзамон ба Қазоқистону Ӯзбакистон,ки мухолифи ҳамлаи Русия ба Украинаанд мускул нишон диҳад.Дар ғайри он метавонад саҳнаҳои ҳамсонеро дар ин кишварҳо созмон диҳаду ҳукуматҳояшонро мутазалзил созад.
Аммо,Раҳмонов,мунтазири ташрифи Путин аст ки қарор аст ба ҳамин қарибиҳо вориди Душанбе бишавад.Раҳмонов умедвор аст ки мавлуди 70-солагии худро дар 2-октябр якҷо бо Путин мегузаронад ва шояд баъди ҳамин мулоқот ҳам сарнавишти интихоботи Рустам ва ҳам идомаи ҳузури СС.Ятимов ҳам дар ҳукумат яксара бишавад. Ба ин маъно мешавад гуфт,ки ҷанги ахири марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба Рустам ва интихоботи вай рабт дорад ва ҳоло танҳо Ятимов аст ки аз ин интихобу аз ин интихобот вақти хуш надорад.