Инқилоб мехоҳӣ? Вақташ расид!

Ислоҳ нет

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ташаккури зиёд бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин барои ин ҳама заҳматҳое барои бедории ин миллат ва мардум мекашед, то бедор шаванд!
Алҳамдулиллоҳ, ки рӯз то рӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сӯи инқилоб қадам гузошта истодаанд. Ин як пешравии бузург аст барои мардуми Тоҷикистон. Чи хеле, ки Саидмурод Давлатов мегӯяд «какого ум такого жизнь», яъне «фикр 

 чи гунае бошад, зиндагӣ ҳамон гуна мешавад».

 Бубинед, то имрӯз фикри ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин буд, ки агар президенти дигар ояд, то сер мешавад, ки боз 20 сол мегузарад. Аммо дида истодаем, ки Эмомалӣ Шарипович дар тӯли беш аз 30 сол сер нашуд ва сер шуданӣ ҳам нест.
Агар фикрҳои ману ту дигар нашавад, зиндагии ману ту дигар намешавад.

Ҳар як кор, амалҳои нек ё бад бошад, аввал ба фикри ману ту меояд ва пас онро иҷро ё амалӣ менамоем. Имрӯз дар ақли ману ту фақат муҳоҷират ҳаст, ки рафта  дар Русия кор кунем ва дар Тоҷикистон хона бисозем, зиндагии хуб дошта бошем, яъне фикри ману ту дар банди ғуломӣ аст.

Мо ҳама шаҳрвандон фикр менамоем, ки кор фақат ва фақат дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Аммо мо аз он бехабарем, ки мо дар ватан оила, фарзанд, падару модар, дин, фарҳанг дорем, лекин ин ҳамаро аз даст дода истодаем.
Имрӯз ману ту дар муҳоҷират қарор дорем, аммо ҳукуматдорони имрӯза таҷовуз бар оила, зану фарзанд, дин, миллат ва фарҳанг карда истодаанд, ки вақте ману ту аз муҳоҷират меоем, оила, зан ё духтари ману ту таҷовуз шуда аст, аз тарафи ВКД, КДАМ, прокурор, суд, намояндаи ҷамоат ва ғайраҳо. Пас ману ту он меҳнатҳое, ки дар ғарибӣ барои оила ва фарзандони худ намудаем, ҳеҷ ва сифр баробар аст. Як мисоли одӣ меорам. Бачаи ману туро ба иҷбор аскарӣ мебаранд. Фикр намекунӣ, ки бо ин вазъу ҳоле, ки мо ту, ки миллионҳоем, чаро боз хизмати аскарӣ равем? Ин худ таҷовузи ошкорои ману оилаи ману ту аст.
Бубинед дар муҳоҷират барои худ якто шашлик харида хӯрдан намехоҳед ва аксаран наметавонанд! Аммо барои зану фарзанд мефиристед, ки ҳукуматдорон таҷовуз карда аст.

 Ин мисолҳо аз нигоҳи баъзе беғайратон мисоли оддист, аммо инсоне, ки як зарра имон ва виҷдон дошта бошад, тоқати ин таҷовузро надорад.
Биё эй ҳамватан дар Ватан бошем,
Биё эй ҳамватан дар ғарибӣ набошем.
Биё эй ҳамватан фикри дар Ватан буданро намо,
Биё эй ҳамватан Ватанро озод намоем.

Қадамҳои ба сӯи инқилоб ва пирӯзӣ ин аст:
1. Қадам ба сӯи озодӣ, ин аст ки ману ту рӯ ба рӯи оина биистем ва ончиро, ки ҳаққи ману туст, талаб намоем, яъне таъсири тарсро аз худ дур намоем!


2. Бар оилаи худ бигӯ, ҳукумати Эмомалӣ чи ҷиноят карда аст ва истодааст, қадам ба қадам бар зану фарзанд бигӯ, агар чи фарзандат ба боғчаи кудакона меравад.


3. Ҳар як оила фарзандони худро чунон тарбия намояд, ки ҳар яки онҳо дар оянда дар фикри президентӣ ё идора кардани давлат бошанд ва ҳамеша ғами миллату давлатро дар ҷои аввал гузоранд.


4. Дар боғчаҳо, мактабҳо ё дар донишгоҳҳо таърифи Эмомалӣ Раҳмонов шуд, гӯш накунанд ва агар шеър барои аз худ кардан дод, аз ёд ё аз худ накунанд.
5. Маршировка аз тарафи мактаб ё донишгоҳҳо шуд, нагузоред, ки равад. Агар аз донишгоҳ ихроҷ кардан хост, бигзор ихроҷ намояд. Агар ҳамаи донишҷӯён нараванд ҳеҷ гоҳ ҳамаро ихроҷ карда наметавонад. Зеро, ки маоши муаллимон аз шартномаи ҳар як донишҷӯ вобастагии сахт дорад.


6.Ҳар шахсе, ки ин барномаро мебинад, агар нишаста бошӣ бихез ва рӯ ба рӯи оина биист ва истеъфо диктатор Эмомалӣ бигӯ:
То ки виҷдони ту бедор шавад!
Бигӯ то ки тарс аз ту дур шавад!
Бигӯ то ки мард шавӣ!
Бигӯ то ки шер бошӣ!
Бигӯ то ки аз ту битарсад, на он ки ту битарсӣ!
Бигӯ то ки сарбаланд бошӣ.


7. Ҳар яки ману ту барномаҳои Ислоҳро мехонем ва мебинем, ҳамин барномаҳоро бо аҳли хонавода бояд бубинем, то ки зану фарзандамон бохабар бошад ва ба доми ин номардон наафтанд.


8. Видеоро баробари дидан мардонавор лайкро гузоред ва ба хешу табор бифиристед, то ки онҳо низ бохабар бошанд. Агар лайк нагузорем ва ҳеҷ кас набинад, чи гуна ӯ бохабар шавад аз зулму таҷовузи ин ҳукумати Шарипович? Ту агар барномаи Ютубро лайк гузоштӣ, барои ҳар як бинанда пешниҳод мекунад, ҳар як видеоро, то онҳо ҳам онро бубинанд.


9. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар як рӯз аз се то шаш маротиба барои инқилоб намудан омодагӣ бинад ва ҳар ончиро, ки дар фикратон ҳаст, онро ба қоғаз нависед. Медонед барои чи мо шаҳрвандони Тоҷикистон ғулом ҳастем ва ғулом сифат шудаем? Барои он ки мо нақшаи зиндагӣ надорем! Аз ҳамин соат 

 ҳар як шаҳрванд бояд, қалам ба даст гирад ё дар блокноти телефони ҳамроҳамон ёддошт кунад, ки барои мубориза бар зидди ин беморӣ, ки ин системаи давлатдорӣ хеле ва хеле ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст, ману ту ин давлату миллатро сарбаланд насозем, пас барои мо кӣ месозад?
Агар ту деҳқонӣ, муаллимӣ, коргари оддӣ ҳастӣ, донишҷӯ ҳастӣ, талаба ҳастӣ, мубориз ҳастӣ, психолог ҳастӣ, духтур ҳастӣ, қаровул ҳастӣ, муҳосиб ҳастӣ, барномасоз ҳастӣ, муҳандис ҳастӣ, ҷавон ҳастӣ ё пир ҳастӣ, бинавис, бинавис, бинавис, то ки аз фикру амали ғуломӣ озод бошем. Ману ту нақшаи дарозмуддат бикашем, нақшаҳои ману ту ба асрҳои оянда низ таъсиргузор бошад. Имрӯз ману ту нақшаи рӯз, кор, хона, илм, фарҳанг, маданият, зиндагӣ ва иқтисод надорем ва ба ҳамин хотир мо нақша надорем ва мақсад ҳам надорем дар зиндагӣ.


10.Нақшаҳо дар зиндагӣ хеле ва хеле ба Шумо осон менамояд зиндагиро, иқтисодро, ҷаҳонбиниро, инқилобро, истеҳсолотро, имкониятҳоро, озодиро, илмро, фарҳангро, сиёсатро, ватандӯстиро, ҳақу ботилро аз ҳамдигар ҷудо намуданро, мардонагиро, мардонавор зиндагонӣ карданро, бо виҷдон буданро ва бонангу номус буданро.

   Имрӯз агар Шумо ҳалол пул кор карданро хоҳед, пас аввал нақшаҳо дошта бошед ва нақшаи худро ҳар рӯз бояд бихонед то ки фаромӯш накунед! Агар тамоми шахсоне, ки дар ҳаёт муваффақ шудаанд, чи кардаанд? Нақшаи кории худро кашидаанд.


Мисолҳо аз ҳамин ҳамватани мову ту:
1. Саидмурод Давлатов нақшаи корӣ дорад, ки дар иқтисод пеш рафта аст ва китобҳо дорад барои сарватманд шудан ва ғайраҳо.


2. Бобоҷон Ғафуров, ки нақшаи худро кашид, то ки миллати тоҷик худро бишносад ва китоби Тоҷикон навишт.
3. Муҳиддин Кабирӣ, нақшаи кории худро дорад, ки чи гуна аз мушкилоти сиёсӣ берун барояд ва ягона оппозитсияеаст, ки мактубашро СММ қабул кардааст, аммо оппозитсияи дигар давлатҳо натавонистааст.


4. Абдулло Роҳнамо, ки дар соҳаи чоплусӣ хеле ва хеле нақшаи хуб кашидааст, ки хеле тарафдорони зиёд дорад. Агар Эмомалӣ Шарифович ширро сиёҳ гӯяд, Абдуллоҳи Раҳнамо низ онро тасдиқ менамояд.


5. Муҳаммадалӣ Ҳаит, ки нақша бар зидди ин ҳукумати диктатура бурд ва аввалин шахсе, ки дар Тоҷикистон гуфта аст: «Мо фарзандони ӯгаи ин сарзамин нестем» барои ин давлат мо хостем ободӣ, оромӣ, сулҳу субот. Аммо ӯ қаҳрамони миллист, ки ӯ ҳоло дар зиндон аст, аммо ҳар як сухани ӯ ману туро бедор мекунад, аз хоби ғафлат.
Бубинед, ки ҳама кор ва амали нек бошад хоҳ бад, ҳамаи ин ба худ нақша кашидан дорад.


11. Ману ту аз ҳамин соату дақиқа муборизаи беамон бибарем, ки бар ману ту зулм карда натавонад, агар милиса, прокурор, суд, танзим, когари ҷамоат, милисаи минтақавӣ (участкавой), сарҳадбон, коркунони амният, коргарони андоз, духтурон ва ғайраҳо порахур, қотил ва тӯҳматгар ҳастанд, ки ману ту имрӯз онҳоро ифшо намоем ва аз ин касалиҳои коргарони давлатӣ халос шавем.


12. Алъон ману ту ба амал бигзарем, то имрӯз сухан кардем, ҷиноятҳои тамоми мансабдорон ифшо шуд,ки:
Буз кисту дузд кист?
Қотил кисту мазлум кист?
Мард кисту номард кист?
Баору номус кисту беору номус кист?
Бо виҷдон кисту бевиҷдон кист?
Беҳаё кисту бо ҳаё кист?
Диндор кисту зидди дин кист?
Золим кусту муҳоҷир кист?
Ватандӯсту ватан фурӯш кист?
Ватандору беватан кист?
Киҳо дар мансаб асту киҳо дар зиндон?
Киҳо хиёнат карданду киҳо кунҷи зиндон шуданд?
Киҳо номдору киҳо терорист?
Ҳақгӯён кунҷи зиндон,чоплусон дар назди пешвояшон!


Акнун бас аст барои шахсе, ки як зарра, ба мисли дони гандум дар қалб имон ва виҷдон дошта бошад, ин ҳама сабр карданҳо. Имрӯз барои ҳар як шаҳрванд, ки ману ту ҳастем фарз ва қарз аст, ки ин миллату давлатро аз дасти ин золимон- аз ин ҳукуматдорон ва Эмомалӣ Шарипович, оилааш, авлодаш наҷот диҳем.


13.Чаро Толибон пирӯз шуд? Барои он ки Толиб гуфт ва амал намуд ва давлатро аз дасти хориҷиҳои ишғолгар гирифт.

Имрӯз ману ту агар як шавем якчанд миллион мешавем ва Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов тоқа ва танҳо мешавад. Бояд ҳама каса ба қасри президент ворид шавем, то ки давлатро аз бедавлатӣ наҷот диҳем.
Дар Тоҷикистон ману ту ҳастем!
Дар ғарибӣ ману ту ҳастем!
Дар ғуломӣ ману ту ҳастем!
Дар муҳоҷират ману ту!
Дар азоб ману ту!
Дар шиканҷа ману ту!
Дар маҳбас ману ту!
Дар тӯҳмат ману ту!
Дар беномуси ману ту!
Дар қатл гирифтор шудан ману ту!
Дар беморӣ ману ту!
Дар ватан беватан ману ту!
Фарзандони дар ватан ятиму чоплус, аз ману ту!
Нофармонии фарзандон ба падару модарон, аз ману ту!
Ин ҳама хабаркашҳо аз ману ту!


14.
Биё эй ҳамватан дар ватан озод бош, чун беватан дар ватан хор набош!  Бояд ману ту вақте ин мактубро мехонӣ, мешунавӣ ва мебинӣ амал намо. Амал, ки накардем ману ту, боз ҳамин гуна хору залил дар зиндагӣ бошем ва агар хоҳем, ки озод бошем, амал намоем!
То амал накардем ғулом ҳастем, амал кардем пирӯз ҳастем.
Фикри ману ту инқилоб аст!
Фикри ману ту озод аст!
Амалҳои неки ман ва ту озод аст!
Ман агар нахестам!
Ту агар нахестӣ!
Кӣ барои ману ту ба инқилоб мехезад!


15. Бурд дар зиндагӣ ҳамеша дар амал аст!
Инқилоб кардан дар амал аст!
Пирузӣ дар амал кардан аст!
Мард будан дар дунё, амал кардан аст!


Саволҳо бар ману ту:

1. Чаро ту ғуломӣ?
2. Чаро муҳоҷирӣ?
3. Чаро камбағалӣ?
4. Чаро беморӣ?
5. Чаро доим дар озорӣ?
6. Чаро дар ватан нестӣ?
7. Чаро дар тӯҳматӣ?
8. Чаро дар зиндонӣ?
9. Чаро беҳамсарӣ?
10. Чаро бешавҳарӣ?
11. Чаро террорист шудаи?
12. Чаро беилм шуди?
13. Чаро тарсуӣ?
14. Чаро хабаркаш шудаӣ?
15. Чаро номардӣ?
16. Чаро фарзандат ятим?
17. Чаро озод нестӣ?
18. Чаро бадбахтӣ?
19. Чаро яки ту ду намешавад?
20. Чаро оилаат таҷовуз шуда истодааст?
21. Чаро шавҳарат пуштибонӣ намекунад ва наметавонад?
22. Чаро ҳамватан аҳл нестӣ?
23. Чаро зулм мекунӣ?
24. Чаро зулмро таҳаммул мекунӣ?
25. Чаро ҳама тӯҳматро ба худ мегирӣ?
26. Чаро хиёнат мекунӣ?
27. Чаро хиёнаткорро ифшо намекунӣ?
28. Чаро ба инқилоб намебароӣ?
29. Чаро сукутро ихтиёр намудӣ?
30. Ин ҳама саволҳо чаро?
Охир чаро, ки чунин саволҳо пайдо шуд? Зеро, ки ману ту сукутро пеша кардем ва ҳоли туву ман, ману ту ба ин ҳол гирифторем!

Дар ин давлат ва ҳукумат Эмомалӣ Шарифович як рӯз бошад, дониста бош, ки ману ту яксолро аз даст додаем. Дониста бошем ман ва ту ҳамин рӯз ба майдон баромадем, пирӯзӣ аз мост ва агар нахостем, ғуломӣ интихоби мост.
Ин ҳама сухан аз қалби сӯзон аст, то ки қалбат ба ҳамватанамон бисӯзад, то ки бедор шавем ману ту!


Эй ҳамватан ашк аз чашмони ману ту резон аст!
Эй ҳамватан чашми Эмомалӣ Раҳмонов хандон аст;
Биё эй ҳамватан бихезем, то ки чашмони ману ту хандон бошад!
Мансабдорони қотилу золим дар зиндон бошад!
Эй ҳамватан ману ту беватан!
Аммо хоини ватан дар ватан.
Эй ҳамватан биё ба майдони мардон!
То ки ватан озод шавад аз номардон!
Пирӯзӣ дар як рӯз аст, ки озод будан беҳтар аз моли зиёд аст.
Биё эй ҳамватан ману ту як мушт шавем ва якҷо озод шавем.
Эй ҳамватан дигар нагзор ба ману ту зулм намояд, ин ҳукумати Эмомалӣ Шарипович.
Ману ту якҷо шавем Эмомалӣ дар зиндон мешавад! Ману ту якҷо бошем золиму қотил дар зиндон аст!
Шахсе, ки нотарсида ба инқилоб меравад, мард аст,
Оне, ки дурӯя бошад, мунофиқ аст.
Имрӯз ману ту ва туву ман ба майдон, бар зидди Эмомалӣ Раҳмонов ҳастем.

Эй ҳамватан аз ин рӯз тарки муҳоҷират намо. Ман хеле ва хеле шодам ки мо шаҳрвандони Тоҷикистонро ихроҷ карда истодааст, зеро ки ҳамин сабаби чаппа кардани Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Барои ману ту ва туву ман роҳи инқилобро худи ҳамин Эмомалӣ нишон дод.
Як ҷаҳон ташаккур!
Маро сарнагун ва ба кирпични мефиристед. Бубин ҳамин фикрҳо дар сари ману ту набуд, аммо моро маҷбур намуд, ки ақлатро ҳаряки ту кор бифармои. Имрӯз худи Русия ҳам сигнал дода истодааст, то ки ману ту бедор шавем.
Агар ману ту ва туву ман як аср шикоят намоем, ки бар мо зулм карда истодааст Эмомалӣ ё Русия, ҳеҷгоҳ ба ману ту ҳеҷ кас ёри нахоҳад кард. Зеро ки мо тамошобин шудаем дар ҳама ҳолатҳо. Чихеле ки бародар аз Амрико дар номаи 187 гуфт:
«Яхдон телевизионро бохт». Яъне, ки шумоён инқилоб бикунед, баъд мебинем шавад мо низ мебароем ва агар нахостем намебароем. Ин фикри бенангист эй ҳамватан!


16. Ману ту ва туву ман тамоми хабаркашонро расм ва навор гирифта ва маълумоти пурра оиди ин шахси хабаркашҳо маълумот ба «Ислоҳ ТВ» 

 бифиристем ва ба намоиш гузорем. Агар ҳамин бузҳо, ки ифшо шуданд, ману ту ҳеҷгоҳ бо ӯ салому алейк накунем!
Ба маъракаи худ таклиф накунем!
Ба маъракаи ӯ низ наравем ҳатто дар рӯзи ҷанозааш ё мусибаташ, зеро ки ин хабаркашон сабаб шуд, ки якчанд оила ҷудо, маҳбас, қатл, қарздор шуданд!
Имрӯз барои ману ту ҳаром аст ифшо накардани хабаркашон, ки миллату давлатро бадбахт мекунад, ҳамин хабаркашон. Дар кадом вилоят, ноҳия, шаҳр ва қишлоқ бошӣ, маълумоти муфассал бифирист, аммо тӯҳмат накун. Туву ман ва ману ту тӯҳматгар нестем, номард нестем, беор нестем, бенанг нестем, бедин нестем. Ману ту ҳамеша дар роҳи Ҳақ бошем.


17. Фикри миллӣ, давлатдорӣ, диниву мазҳабӣ, фиқҳиву ҳисси фаҳму фаросати, илму дониш, маърифат ва ақлу заковат дошта бошем ману ту ва туву ман эй ҳамватан.
Имрӯз аз рӯи иқтисод марказӣ Осиё дарвозаи Осиё Тоҷикистон аст, ки бо воситаи Тоҷикистон метавони ба тамоми дунё биравӣ ва Тоҷикистонро дар муддати 5 сол аз 30 давлати қафомонда пеш бурд, аз ҳисоби иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, озодӣ ва мардонагӣ пеш бурд, ки ин ҳама вобастаги ба ману туст эй ҳамватан.

18. Қадру манзалат, ҳаққу ҳуқуқи худро ҳеҷгоҳ паст накун эй ҳамватан, агар ӯ президент, вазир, прокурор, суд, оташнишон, сарватманд, пир ё ҷавон, бузург бошад, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба худ нагузор, ки поймолат кунанд эй ҳамватан, агарчи ту миллатат чи бошаду набошад, ба худат ва ба дигарон нагузор ки таҳқир намояд эй ҳамватан.
Кадоми ману ту ва туву ман мехоҳем, ки фарзандамон аз ҳамдигар ҷудо шаванд? Кӣ мехоҳад? Ягонтои мо намехоҳем, аммо дар амал ҷудо шудаем, тика шудаем, ғариб шудем, муҳоҷир шудем, ғулом шудем. Пас падару модари ману ту ҳаминро мехост? Албатта, ки не, аммо ин корро мо карда истодаем. Пас, аз фарзандони худ   чи умед намоем? Модоме, ки падару модар дар ин ҳолат бошад, фарзандон дар бадтарин ҳол мешаванд, эй ҳамватан.

19. Чоплусонро бишносед ва аз онҳо дур бошед, дар давлати оянда низ ба инҳо наздикӣ накунед. Инсони мард ҳамчу шер дар ҳама ҷо шер аст, аммо чоплус, мунофиқ, дар тахт бошад ҳам, мансабдор, муаллим, донишҷӯ ва ҳатто президент бошад ҳам ӯ шағол аст. Ин тоифа танҳо манфиати худро дар ҷои аввал мегузорад, хоҳ мусулмон бошад ва хоҳ ғайридин бошад. Сабаби диктаторӣ шудани давлатҳо ҳамин хушомадгӯёнанд.
Хатои ману ту, ки шағолон ва шағолсифатонро аз худ дур намекунем. Кист ӯ? Ин ҳамон шағолоне, ки имрӯз дар мансаб ману туро зулм карда истодаанд.

20. Медонед, эй ҳамватан, эй мусулмонон, эй рӯшанфикрон, эй сиёсатмадорон, эй муҳоҷирон, эй бародарон, эй хоҳарон, эй падару модарон, эй оне, ки ин мактубро мешунавӣ хуб фикр кун, ки мо дар куҷо шикаст хӯрда истодаем! Дар куҷо шикаста истодаем? Бояд ману ту ва туву ман нуқта гузорем, то ки шикаст ва шикаста нашавем.
Паёмбари азизи мо Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи вассалам гуфтанд: «агар ба як дастам гузоред офтобро ва ба дигар дастам гузоред моҳтобро, ман аз роҳам бар намегардам». Яъне Паёмбар мубориза карданд, пирӯз шуданд. Дигар давлатҳо барои озодии худ мубориза бурданд, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Мардуми оддӣ, мусулмонон дар ҳама ҷабҳа пирӯз ҳастанд, аммо дар як ҷо ҳамаро барбод медиҳанд. Медонед дар куҷо? Кадом вақт? Ҳамон вақте ки ману ту ва туву ман шартнома менамоем, дар ҳамаи ҷои шартнома ба манфиати он тараф мекунем, лекин бар зарари худ.


Ҳамин ИНОТ пирӯзӣ ба даст овард, аммо ба ҳама чи розӣ шуд, ки Эмомалӣ Шарипович якто якто онҳоро қатл, маҳбас, чоплус, хабаркаш, муҳоҷир намуд. Бояд ману ту имрӯз дигар ин хатоҳоро такрор накунем, эй ҳамватан!

Агар ману ту ва туву ман бихоҳем, ки давлатамон ба мисли Сингапур, Аврупо, Амрико, Кореяи Ҷанубӣ пешрафта ва тараққикарда бошад, пас туву ман ва ману ту дар якҷоягӣ бояд талош намоем. То имрӯз ману ту фикру андешаҳои худро надоштем, ҳарчӣ ҳукумати Эмомалӣ Шарипович гуфт, ҳамонро кардем ва ин ҳосили тафаккур ва андеша надоштани ману туст, ки ба ин ҳол омадаем, эй ҳамватан. Аз ҳамин соат ману ту бояд ба пой бихезем, инқилоб намоем, бошараф бошем, пирӯзӣ ба даст оварем ва баъд ману ту, баъди аз курсӣ ба зиндон андохтани Эмомалӣ Раҳмонов, туву ман метавонем давлати пешрафта бисозем.


Мехоҳӣ озод шавӣ? Пас аввал фикратро иваз намо!
Мехоҳӣ муҳоҷир набошӣ? Пас фикрониатро дигар намо!
Мехоҳӣ давлати ману ту пешрафта бошад? Пас андешаатро дигаргун намо!
То ману ту ва туву ман дар фикри инқилоб набошем, озодиро фаромӯш намо!
Биё эй ҳамватан ба инқилоб бароем,
Биё эй ҳамватан дар ватан зиндагӣ намоем.
Биё эй ҳамватан ману ту ва туву ман,
даст ба кор бишавем.
Биё, эй ҳамватан Эмомалӣ Раҳмоновро зиндон намоем!…


Ин ҳама корҳо аз худи ману ту вобаста аст, эй ҳамватан, ин ҳама сухан аз ҷон аст ва озодӣ барои имрӯз аст.
Ин ҳама ҳоли ману ту натиҷаи кор, фикр, андешаи рӯзи гузаштаи мост ва амали имрӯзаи ману ту ва туву ман натиҷаи фардост эй ҳамватан.
Дирӯз ману ту дар ғафлат будем, дар натиҷа ҳоли ману ту ба ин ҳол аст.
Ҳол он ки ману ту ва туву ман, ки ман бедор шудаам ва ту низ бедор шудаӣ, пас ба инқилоб бароем эй ҳамватан дар ватан, ки фардо миллати пешрафта бошем.

Share This Article