“ Истеъфо”
амалест,ки Диктотур ва хонаводаашро аз бадбахтиҳо наҷот медиҳад
Раҳмонов,ки наздик ба сӣ сол аст ҳокимият меронад, ба дарозумртарин президент ва ба як диктатори мустабид дар қаламрави шӯравии пешин мубаддал шудааст.Вай дар шумори сездаҳ диктотури дарозумри дунё, дар мақоми шашум қарор дорад. Камерун,Камбоҷа, Угонда, Гвинея, Эритрея, ки фақиртарин кишварҳои олам ба ҳисоб мераванд, бо диктотурҳои дарозумри худ аз Тоҷикистон ва Раҳмонов пешӣ доранд.Нуктаи муҳим ва мутафовит ин аст ки ҳеҷ кадоме аз ин диктотурҳо тавассути интихобот, ирода ва раъйи халқ сари қудрат наомадаанд. Ба воситаи табаддулоти давлатӣ, ҷангу хунрезӣ ва пуштибониву дастгирии кишварҳои хориҷӣ. Э.Раҳмонов ҳам дар ин миён истисно нест. Вай,ки 27сол мешавад дар қудрат кафшер кардааст, дурусту дақиқ бо ҳамин васила:- табаддулоти давлатӣ (Иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ дар Хуҷанд) ҷангу хунрезӣ (Фронти халқӣ ва Сангаку Файзалӣ) ва пуштибонии кишварҳои хориҷӣ( Русия ва Ӯзбакистон) қудратро дар даст гирифтааст.
Э.Раҳмонов ва амсоли ӯ диктотурҳо,ки аз роҳи ғайримашруъ ва ғайритабиӣ ва комилан тасодуфӣ ва нохост ба арикаи қудрат даст ёфтаанд, ҳамон нақша ва ҳамон роҳеро иҷро ва идома медиҳанд,ки барояшон хоҷаҳое,ки онҳоро сари қудрат нишонданд,дикта мекунанд. Ёдатон бошад дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар соли 1992,ки тоза сари кор оварданаш гуфт дар авлодам як ман дипломи мактаби олӣ дорам ва хешу табори соҳибмансаб надорам. Ҳоло чӣ? Дар хонаводаи Раҳмон, авлодаш он тараф истад, ягон каси бемансаби давлатӣ нест. Ҳатто ҳамин Азизмоҳи завҷаааш ҳам,ки солҳои зиндагӣ дар Данғара кафшҳо ва шерозаи шалвораш аз заки гову шири рехта аз соғу ранг мебохт, ба як тоҷири соҳиби сарват ва тиллои зиёд табдил шудааст.
Як хусусият ва хислати комилан мутафовити куллия диктотурҳо ҳам ҳамин будааст,ки давру бари худро бо хешу табор истеҳком гирифта ва худ дар дарун ва бораҳои истеҳком аз бурун фақат ва фақат ба дуздидани молу сарвати мардум машғул мешудаанд. Ҳамоне,ки ҳамин ҳоло ҳама медонанд Раҳмонов ва қабилаи думовардааш иштиғоли асосӣ ва ҳамешагиашон дуздӣ аст.
Аммо диктотурҳое амсоли Раҳмон сармоя ва сарвати қорунӣ андухта бошанд ҳам, азбаски дар муҳит ва хонаводаҳои фақиру бенаво ва ҳамеша дар ҳасрати нони серӣ таваллуд, тарбия ва ба вояву камол расиданд, наметавонанд гузаштаи худро фаромуш созанд ва тарси такрори ончунонрӯзҳо, онҳоро ба қудрат ва молу матоъи дунё бештар ҳарис месозад. Як ваҷҳи бо чангу дандон ҳифз ва ҳимоят кардани курсӣ барои Раҳмон ҳамин аст.
Раҳмон аз онки дар сафари ахираш ба бархе аз навоҳии Суғд зану фарзанду набераҳояшро ба ҳамроҳ бурд, на ба он хотир буд,ки бо фуқаро, даҳоқин, коргарони корхонаҳои бар фарзи мисол маслозавод, ҳамгапу ҳамнишин бишавад, бо халқ наздик бошад,на, вагарна бидуни “охрана” ба хиёбонҳо пиёдаравӣ мекард, ҳадафи сайри мулук бо авлод ва бахусус набераҳо ин гирифтани аламу ниқори кудакиҳои аз дастдода ва бачагиҳои дар ҳасрати як лаб нон ва ҳаваси донишҷӯ шудан ва стипендия гирифтани худи Раҳмон аст. Ин ҳамаро надошт ва ҳоло мехоҳад бо ҳузури набераву фарзандон он руъё ва он орзуҳояшро бубинад. Ҳамон иштиёқу ташнагиҳо ва ҳамон нобудаҳо ва ҳамон ҳеҷ гоҳ надоштаҳояшро дар ҳузури ҳаминҳо биёбад, таҷриба кунад хумор шиканад, ҳавасҳояшро, орзуҳояшро бароварда созад. Вагарна чаро ва чи зарурате буд,ки Анушервонро бо тими футболаш аз Душанбе оварӣ ва дар Хуҷанд ба бозӣ дароварӣ ва аҷибтар ҳам ин аст ки Анушервон 5 гол бизанад (кореро, ки ту орзу доштӣ ва он замон аз камбизоатӣ дастнорас буд) ва яке Раҳмон хурсандона фарёд бизанад: “маладес!”
Ҳирсу тамаъ танҳо дарди диктотурҳо нест, агарчанде ба “ҳобби”-и онҳо табдил мешавад. Дуздӣ, ғанимат гирифтани амволи мардум ва гаравгон гирифтани давлат ва миллат аз дигар корҳое аст,ки диктотурҳо барои бақои қудрати худ бо тамоми василаи машруъ ва ғайримашруъ аз он истифода мекунанд. Диктотурҳо ба зоҳир миллат,забон, мардум, фарҳанг, таърихи бою ғанӣ мегуянд, барои фиреби мардум ва ба хусус ,ба истилоҳ аҳли фарҳангу зиё. Аммо дар асл онҳо ҳама чиро ва қабл аз ҳама ирода ва орои мардумро мешикананд ва ба сирқат мебаранд. Онҳо ,ки бо дуздидани раъйи мардум қудратро қабза кардаанд, ҳеҷ гоҳ имкон намедиҳанд,ки интихоботи озод ва шаффоф доир бишавад.
Медонед,ки Раҳмон ба унвони раиси ҷумҳури мунтахаби Укроин В. Зеленский руқъаи табрикотӣ ирсол накард. Табиист,ки интихоботи озоду шаффофи Укроин ва раиси ҷумҳурии баргузида аз тарафи мардуми ин кишвар дар таҳти дили ӯ як навъ эҳсоси бадбинӣ ва танаффур ба Зеленскийро ба вуҷуд овардааст ва шаке ҳам нест, ки дар ҳар гӯша аз кишварҳои дунё рӯи коройии ҳукуматҳо бо раъй ва иродаи мардум ӯро башиддат нороҳат ва нигарон месозад. Ин ҳам дар ҳолатест, ки дар давлатҳои дунё ҳокимони дарозумр беш аз пеш аз қудрат ва чавкии роҳбарӣ ронда ва ё сарнагун мешаванд. Танҳо дар ҳамин як-якуним соли ахир чанде аз чунин беномусу бешарафон, ки муҷиби бадбахтии миллатҳо ва давлатҳо шуда буданд на танҳо аз қудрат ронда шуданд, ҳамчунин худ ва наздикони худро сокини зиндонҳо карданд. Чанд нафар аз бастагони Абдулазиз Бутафлиқа, аз сарватмандтарин сокинони Алҷазоир дастгир ва бар зиддашон делои ҷиноятӣ кушода шуд. Кореро, ки ҳамин чанд моҳи қабл касе аз мардуми Алҷазоир бовар надошт. Ва беш аз ҳар касе дигар Бутафлиқа ва худи ин нафарон. Умар -Ал Башир раиси ҷумҳурии Судон ва афроди наздик ба ӯ, аз ҷумла ду бародараш зиндонӣ шудаанд. Кореро, ки арабҳои судонӣ бовар надоштанд.
Намедонам, то куҷо ин таҳаввул ба Раҳмон ва Озодаву Рустам ва Ҳасану Ҷамолиддину Шамсулло ва боқимонда аз ин дудмони Раҳмониён таъсир мекарда бошад ва сари дастурхон, ки бо ҳам менишинанд, дар ин бора бо ҳам сӯҳбат мекарда бошанд ё хайр? Аммо яқинан сарнавиште ҳамсон ва ҳаммисл доранд. Худкомаҳо, авторитарҳо, диктотурҳо тамоми айшу ишрат ва кайфу сафояшон дар лаҳзаҳои охар аз почаҳои бинишон мебарояд. Аммо то он замон гумон мекунанд,ки онҳо дастнорас, маъсум ва фавқулбашар ҳастанд ва онҳо ва олу авлоди онҳо бояд дар ҷаннати мамлакат бизиҳанд ва агарки ин ҷаннат набуд, барояшон бояд сохта бишавад, масалан дар Архуи дараи Ромит ва ё ҳар ҷое,ки бихоҳанд.
Раҳмон амсоли бақия диктотурҳо воҳима кардан, аз будаш беш нишон додан, бузург ҷилва додан ва худро милливу мардумӣ нишон додан, базму ҷашнҳо, оростан пешвозигирҳои махсус бо карнаю сурнай, бо гулу гулдастаро махсус ташкил мекунад. Медонад,ки халқ аз ӯ мутанаффир аст ва ӯро бад мебинанд, вале ҳамин корҳоро ташкил карда ангор мегуяд, ӯро дӯст медоранд.
Раҳмон ба унвони як диктотури золим ҳоло на танҳо ҳокимияти марказиро бо фарзандону хешу таборҳояш пур карда ва барояшон ихтиёри тохту този бемайлони мардумро фароҳам овардааст, ҳамчунин барои сатҳи васат ва пойини ҳокимият ҳам ҳамчунин шароити дуздидани моли мансуб ба мардумро мусоид сохтааст. Вақте ӯ Шаҳбози Раҷабови дӯсти тану ҷонии Озодаро аз кор пеш мекард, хеле дар қаҳру ғазаб шуд(мисле, ки) ва гуфт,ки
“Ҳамин бегоҳ нишон тиям қасрора мошинора. Бо як фармон ҳамата ҷавоб метиям ….бо як фармон. Хешу табора кор мегиред. Накунед. Барои ин ҳазорон ҷавон кушта шудагӣ”.
Бале, ӯ хуб медонад,ки ҳазор ҷавон кушта шудагӣ… барои ин. Ӯ барои ин гуфта курсии зери мақъадашро нишон дод. Ва ошкоро ба аҳли ҷаласа фаҳмонд,ки ин ҳама дуздиву карру фару савлате,ки доред, аз он аст ки ин курсӣ зери пойи ман аст ва ман ба шумо ин вазифаҳоро додаам.
Раҳмон амсоли диктотурҳои дигар аз нашру пахши маълумот дар бораи худаш ва хонаводааш шадидан тарсу ҳарос дорад. Ин ки аз интернет метарсад иллаташ ҳам ҳамин аст ки дар бораи кору бори онҳо маълумот чоп мешавад. “Ислоҳ”-у “Паём”-у “Рисолат”-у “Востокнюз”-у “Озодӣ”-ву “Азияплюс”-у “Ахбор” барои онҳо бад аст.
Савол ҳам ин аст ки чаро Раҳмон аз ин ҳама бохабар асту чора наҷуст. Зеро ин худи ӯ аст ки барои ҳокиму ҳокимчаҳои сатҳи васат ва пойинтар аз васат ҳам шароити тинҷ кардани зиндагиро аз ҳисоби мардум фароҳам месозанд. Медонанд, ки корманди идораи молияву андоз, гумрук, додситону милисаву амният ва суд бо тамоми имконоте , ки доранд ғорат ва дуздӣ мекунанд ҳам аз ҷайби мардум ва ҳам аз хазинаи давалт. Аммо сокит мемонанд. Чун онҳо бар иваз барои диктотур хидмат мекунанд, ӯро, сиёсати ӯро, кору бори ӯро, хонаводаи ӯро ҳимоят мекунанд. Ҳоло ки чандин сол аст то началники милисаву прокурору судяву дигару дигарро Раҳмон таъйин мекунад, ҳадафаш ҳам ҳамин аст ки миннатдор ва мадюни худ кунад.
Ва ҳамин тавр диктатор барои бақои курсӣ ва ҳокимият ҳамвора талош мекунад, ки аз таг то ба боло дар истеҳком ва дар ҳифозати онҳое қарор бигирад,ки мисли саги вафодор хидмат кунанд. Ва аз ин ҷост ки Раҳмон чандин сол мешавад,ки дигар комилан ба қабила ва авлоди худ такя кардааст.Ва мусаллам аст ки ҳукумати қабилаӣ иқтидор ва зӯри давлатро барои манфиат ва фоидаи худаш истифода мекунад. Ҳукумате, ки аз мардум ва миллат нарӯидааст, аз раъйи мардум вобастагӣ надорад, парвои миллат ва мардум надорад. Ҳукумате, ки бо кӯмак ва мусоидати мустақими давлатҳои хориҷӣ ба сари кор омадааст, миллатро ҳамеша дар ҳолати бозмондагӣ ва карахтӣ нигоҳ медорад. Ҳукумате, ки аз болои хуни мардум ва бо рехтани хуни мардум соҳиби қудрат шудааст, иҷоза ва имконият намедиҳад, ки мардум ва миллат ба таври озод ва роҳат нафас кашад, зиндагӣ кунад.
Ҳамин аст ки шуруъ аз соли 2003 Қонуни асосии кишварро мисли як коғази беэътибор ва як латтаи поафзолпоккунӣ зери по карда ба таги худ ва дар охирин тағйирот ҳатто ба таги пои Рустам мутобиқ кард. Ҳоло акнун бо ин ҳама бешармиву беҳаёӣ мехоҳад интихобот доир кунад ва дар канори худаш ва ё писараш, боз чанд арӯсакеро ҳамчун рақиб вориди интихобот бисозад ва аз болои онҳо бо 90у анд дарсад пируз бишавад. Албатта, ин таҳқиру дашноми миллат ва мардум аст. Аммо ин бархоста аз табиати диктотурҳо, онҳое,ки солҳои тулонӣ сари қудрат меистанд, мебошад. Халқу миллат дар наздаш мисли сари му арзиш надоранд,одам намеҳисобанд.Фикру хиёлашон ин аст ки мардум бояд ҳамин тавр бошанд. Ва, дар ин миён чоплусону хушомадгуён ва маддоҳоне ҳам қад мекашанду барои тиккае ва луқмае ҳамин гуна пасту палидонро ба аршу сақф бармедоранд. Ва ин дуктотурҳо беш аз пеш дар таҳкими ҳокимияти худ, дар тақвияти ҳузури худ талош меварзанд ва дар ин амр ҳама қоида ва меъёрҳоро сарфи назар мекунанд.
Раҳмон дар тамоми суханрониҳояш, дар ҳар куҷо аз манотиқи кишвар сафар ва сухан мекунад, бо онки имрӯз аз ҷанги шарҳрванди ва имзои Созишномаи сулҳ 22 сол мегузарад, ҳамвора онро ба ёди мардум меоварад ва худро сулҳофар муаррифӣ мекунад ва ҳатто гуфт, ки ҳеҷ президентҳои сӣ соли ахир ба Афғонистон нарафт ва ӯ ба назди роҳбари мухолифин рафту гуфт,ки биё сулҳ кунем, то миллатро ба ҳам оварем ва аз байн бурдани набераву абераамон пешгирӣ кунем.Ӯ дурӯғ мегуяд. Ӯ хиҷолат намекашад,ки мардум зиндаанд ва аз иллату сабаби рафтани ӯ ба Афғонистон бохабаранд.Ӯ бо ихтиёри худ ва майли худ Афғонистон нарафт. Ӯро Русия, Елтсин ва шароити онвақта маҷбур кард,ки биравад ва бо оппозитсион забон биёбад ва оштӣ бишавад.Зеро размандаҳо ва муҷоҳидин то атрофи Душанбе нуфуз карда ВМКБ ва водии Қаротегин комилан зери назорати эшон даромада буд. Водии Ҳисор ва вилояти Суғд ва Қурғонтеппа ва навоҳии он борҳо алайҳи Фронти халқӣ ва дастнишондаи он тазоҳурот карда буданд. Агар ҳалли масъала ба дасти худи Раҳмон буд ба ҳеҷ ваҷҳу сурат ба оштӣ розӣ намешуд. Ӯ он замон ё оштӣ мешуд ва ё онки аз қудрат мерафт.Оштӣ ба мухолифин барои ӯ идомаи ҳаёт буд. Вагарна агар ӯ сулҳхоҳу сулҳофар буд, ҳеҷ гоҳ тавассути танку туп ва самолётҳои Узбакистон манотиқи алоҳидаи тоҷикнишини Тоҷикистонро бомбборон намекард ва намегузошт,ки мардуми тоҷик ба Афғонистон фирор кунанд.Ӯро зӯр омада буд,ки оштӣ шуд,дар ғайри сурат ҳеҷ нияти оштишавӣ надошт ва ҳатто фронтавикҳои ҳамроҳаш ва овардааш на танҳо ҷойи кору молу колои мардумро ғорат карданду дуздиданд, чун мисли худаш қашшоқбачаҳо омада буданд,чун мисли худаш гушнапурзурҳо омада буданд, ҳатто хонаҳои мардумро ғасб карданд ва дарунаш нишастанд. Ҳоло имруз ҳам вазироне дар ҳукуматаш ҳастанд дар хонаҳои ғасбкарда зиндагӣ доранд.Яке аз намунащои волояш щамин Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон аст,ки чанд рӯз пеш расонаӣ гашта буд,дар ҳоле ҳазорҳо чунин намуна дар даст дорем.
Гуфт,ки ба роҳбари мухолифин гуфтааст,ки биё ошти бишавем вагарна набераву абераҳоямон ва тухмамонро нобуд мекунанд. Хуб,ки ҳоло ту ин корро бо фарзандону набераҳову бастагони роҳбари мухолифин карда истодаӣ ку? Пас, қавли мардиат ку? Агар мардӣ, агар сари қавл меистодӣ, ва агар воқиан ҳам сулҳу сулҳхоҳ будӣ, ҳеҷ гоҳ ҳамчунин бархурд ва муносибати ноҷавонмардонаро намекардӣ!Ҳоло набераҳои худатро таги каш кардаӣ, зери қанотат гирифтаӣ ва ин бару он бар мебарӣ, Анушервон гол зада гаштааст, аммо ку, набераҳои роҳбари мухолифин? Аз кадом сулҳу аз кадом миллату аз кадом давлат мегӯӣ?
Бале, то ҳамин ҳоло мехоҳӣ,ки мардумро аз ҷанги шаҳрвандӣ ва такрори он битарсонӣ.Аммо мутмаин бош,ки як рӯзе ин мардум ин ҳама ҷабру зулму ситами туро тоқат намекунад.Худатро , Рустаматро, Озодаатро, Таҳминаатро, Фирузаатро, Рухшонаатро, ҳама ҳамаашонро бо шавҳарону хусуру хусурбурдаву қайсингилу ҳевару любовникҳояшон, чун Шаҳбоз ба зер хоҳанд андохт. Мардум то кай тоқат хоҳад кард,ки фақат шумо бошед. Мебарӣ ба калонкаи бензинфурӯшӣ дар каллаи Масчо ва ё Сангвор ва ё Исфара чип мечаспонӣ ва болои онҳо доля мемонӣ.Дар як хонавода панҷ –шаш талабаи мактаб, ҳамаи онҳо бояд аз “Фароз” справкаи саломатӣ бихаранд, Ту мебароиву кадом қиссаҳои дақёнусии солҳои гушнагии худу падару модаратро дар сафарҳои хидматият гап мезанӣ. Мардум ба қиссаҳои қашшоқӣ ва ончӣ аз сари ту гузашт ниёз надоранд.Онҳо мехоҳанд ҳоло зиндагонии хуш дошта бошанд.Бинову иморатҳои бо маблағи аз Русия овардаи тоҷирҳо ва ё бо ҳашар сохтаро қайчӣ мекуниву фикр мекунӣ, ки ҳама бовар кард,ҳа,бале Раҳмон хона сохт.Тагу буни ин ҳамаро мардум медонад,
Қонунҳоро гӯиё тахту ружд кардӣ ва фикр кардӣ акнун мудомулумр ва абадулобод туву писарат “шоҳи олам” хоҳед буд. Ин тавр дар ягон давраи таърих набудааст. Коре кун, ки битвонӣ интиқому қасос на танҳо худат, аз ҳама фарзанду набераву олу авлодат гирифта нашавад. Дунёро беҳисоб фикр накун.
Дар ин маврид дар боло ишора кардам аммо таъкидан мегуям,ки мудҳиштарин ва зиёнбортарин хисоротеро, ки диктотурҳо болои мардум ва миллат меоранд ин аст ки бо истифода аз иқтидори давлат ҳарчи бештар хазинаи давлат ва ҷайби мардумро медузданд. Ҳаҷму андозаи дуздии онҳоро наметавон дақиқ кард. Онҳо бидуни кадом шарм, бидуни ҳаё, бидуни инсоф дуздӣ мекунанд, ҳамачиро медузданд, пулро, заминро, сарват ва канданиҳои фоиданокро, муассиса ва корхонаҷотро, маоши муаллиму табиб, нафақаи пирону мӯсафедонро, наволаи даҳони ятиму майтонро, аз пули формаи мактабӣ то справкаи саломати мактаббачаҳоро, ҳуҷҷати ронандагиву муоинаи техникии мошинҳо ва номерҳо,пули телефони мобилӣ ва интернетро, пули соляркаву бензину газро, пули доруворӣ ва табобатхонаҳоро, пули билети муҳоҷирони меҳнатиро, медузданд ва дуздида истодаанд. Диктотурҳо танҳо барои фармонравоӣ не, барои дуздӣ ва аз они худ кунӣ ҳам қудратро бо чангу дандон медоранд.
Аз тарафи дигар чун онҳо дузданд, ҳамачиро дуздидаанд, ҳамеша нигаронад, чун дузд ҳатто дузди бисёр ҳам зур тарсро дар худ кушта наметавонад.Зеро ҳар қадар ки касби қудрат кунад ва ҳар қадар ки шахсияти муҳимм ва калидӣ бошад аммо ӯ дар ниҳояти кор дузд аст. Ҳамин барои ӯ кофӣ аст ки ҳамеша дар ҳолати ташвишу нигаронӣ қарор дошта бошад. Зеро хоҳ-нохоҳ дуздро як рӯз дар дасташ завлона ва ё занҷир мезанад. Ана барои чӣ дузд, ҳатто раиси ҷумҳури басо диктотур ҳам бошад тарсу ҳарос дорад. Чун ӯ дузд аст.
Бале, бале, яке аз чизҳое, ки Раҳмон ва амсоли ӯ бад мебинанд ин гузаштаашон аст. Бештари диктотурҳо бачагии сахту пурмашаққатро аз сар гузаронидаанд. Гушнагӣ ва нимагушнагӣ ва ё носерии даврони бачагӣ ва тарси бозгашт ба даврони кудаки онхоро боз дуздтар мекунад. Ҳоло давлат барои онҳо як ресторан аст. Ошхонае бо зарфҳои пур аз таом ва нӯшобаҳои гуногун. Ман ва хеле аз бародарони ман омодаем гарант бишавем, ки Раҳмон ба ҳамон давраи пистаҷамъовариву бодомтаконӣ барнамегардад ва музаҳои қошдор дар по намекунад, албатта агар ки ҳарчи зудтар истеъфо диҳад.
Хонандагони гиромӣ, ба канали телеграмии мо пайваст шавед ва аз ҳама интишороти нави мо огоҳӣ пайдо намоед.