Исёни “арӯсак”и  Маскав

Ислоҳ нет

Тафсиру таъвили сӯҳбатҳои ғайримунтазира ва ғайримуқаррарии Раҳмонов дар форуми «Русия-Осиёи Марказӣ»,ки дар рӯзи 14 октябр дар Остона баргузор гардид, ҳамин ҳоло ҳам дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ ва фазои маҷозӣ идома дорад. Чунин менамояд, ки Раҳмонов ба Путин тохту тоз кард, аз кулух шарора парид. Гӯиё Раҳмонов маддаи дил кафонд, сабраш сар омад. Ва гуфту гуфту гуфт.

Бархе ин сӯҳбат ва ё хитобаи Раҳмонов ба Путинро як навъи ҷасорати вай маънидод мекунанд, бархеи дигар муътақиданд, ки ин сӯҳбати Рамсонов барозандаи роҳбари як давлати мустақил набуд. Чунки раҳбари як давлати мустақил набояд то ба ин сатҳ поин ояд, вале Раҳмонов бо ин шикваву шеван на танҳо худ, балки халқи тоҷикро низ сарафканда ва хиҷолатзада кард. Ин гуна назарҳо ҳам баён шуданд, ки Раҳмонов бо истифода аз тазъифи мавқеи байналмилалии Русия, мунзавӣ ва таҳрим шудани он, талош мекунад ба хоҷаҳои нави худ, масалан Чин, паём бидиҳад, ки омодааст шароити боз ҳам беҳтар ва бештари ҳамкориро мусоид кунад ва минбаъд ҳиҷ ибо аз Русия нахоҳад кард.

Раҳмонов, барои онки ба ин қасду нияташ эътимод ва боварро ҷалб бисозад, Владимир Путинро «муҳокима» кард ва муҳокимаи оммавӣ:

«Шумо, ин корро накардед, шумо он корро накардед, мо пойгоҳи ҳарбии шуморо ҷой додаем, мо ҳеҷ гоҳе аз хати кашидаи шумо берун нарафтаем вале шумо моро эҳтиром намекунед, ҳамин даст муомилаҳо буд, ки Иттифоқи Шӯравӣ аз байн рафт, бо майда миллатҳо ҳам ҳисоб кунед, мо гадо нестем, муҳоҷирони мо на 2 миллионанд, 600000 бештар нестанд, аммо аз ду миллион бештар тавассути шумо парвоз мекунанд ба дигар кишварҳо…»  ва ғайраву ҳоказоҳо.

Агар Қосимжомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон луқма намедоду ҷилави суҳбатҳояшро намегирифт, шояд Раҳмонов беш аз инҳо мегуфт.

Аммо, дар ҳақиқат дуруст қайд карданд, ки агар Раҳмонов аз Путин хафа шуда бошад, алам дар дил дошта бошад, нороҳат аст, метавонист ин суҳбатҳоро дар мулоқотҳои чашмбачашм ва рӯбарӯ бигӯяд. Барои мисол чанде пеш,ки Путин меҳмони хусусии Раҳмонов шуда буд. Пас, ҳадаф аз ба таври оммавӣ ин гуна суҳбат кардану ба тамоми шикасту бебарориҳои худ муқассир хондани Русия ва Путин ба чӣ хотир ва бо чи ҳадаф аст? Яқинан инҷо «стрелка» ба танҳо Путин нигаронида нашуда аст. Раҳмонов дар суроғи «миллиард»-ҳо -инвеститсия аст ки мегӯяд тули сӣ сол Русия барояш надод. Беш аз системаи Менделеев захоири маъодин ва канданиҳои муфид доштани Тоҷикистонро ҳам ҳамту, дар омади гап нагуфт. Гуфт, то барои дигарҳо гушзад кунад, ки ашёи аҳамияти стратегии низомӣ ҳам дорад, ки дар ҷаҳон тухми анқост, вале ин тухми анқо дар дастони вай аст.

Аммо, аммо Раҳмонов ба ин ҷиҳати масъала, ки инвеститсия ва инвестор то онки сармоягузорӣ кунад, бояд барояш шароит фароҳам кард, чизе нагуфт ва гуфта ҳам наметавонад. Чаро бояд сармоя ва сармоягузор ба Тоҷикистон биёяд ва «вложит» кунад, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон одитарин шароит фароҳам нест ва ҳеҷ гуна кафолате, ки инвестор даромаду суде ба даст оварад, вуҷуд надорад. Балки даҳҳову садҳо тоҷироне ҳастанд, ки сармоягузорӣ карданду пулу сармояашонро Раҳмонов ва домодҳои вай тасарруф ва ғасб карданд. Охирин мавриди он ҳамин бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷанд аст ки бо сад ребу найранг Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Раҳмонов аз дасти молики он кашиду гирифт.

 “Инвестор бояд биёяд ва ба Шамсуллову Ҳасан ва Рустам ришва бидиҳад, то инки битавонад литсензия бигирад ва ҳанӯз корро сар накарда Нусратулло Давлатов он қадар андозаш бор кунад, ки аз кори кардааш пушаймон шавад. Оё мешавад бо зӯр инвеститсия ҷалб карду инвестор овард? Дар Тоҷикистон кадом сармоягузор ва ё давлате сармояи миллиардӣ (Раҳмонов чанд бор такрор кард) гузоштааст? Ҳатто ҳамин Чин! Ҳама чиз ҳаст, шароит ва кафолат нест. Даҳҳову садҳо тоҷир тарки Тоҷикистон кард. Чаро? Агар шароит буд ҳамин тоҷикҳои пулдор дар Русия ва ҳоло Урупо меомаданду сармоягузорӣ мекарданд. Магар имконият медиҳед? Шумо барои домодҳову духтарҳои худатон имтиёзи махсус медиҳед, ки тиҷорат кунанд. Аз пардохти молиёту гумрук муоф кардаед. Масалан чанд ҳафта пеш ширкати Мармарии Рустамҷонро тавассути хонаи пиронсолонатон аз пардохти боҷи гумрукӣ муоф кардед, охир ин дастгирии тоҷир аст ё тиҷорати писаруоилаатон ?”

Зайд Сайид ба даҳҳо миллион доллар сармоягузорӣ кард, чи шуд, куҷо рафт? Сармояву пулу моли бо хуни ҷигар ва арақи ҷабин рӯёнидааш куҷо шуд, кӣ тасоҳуб кард?

Мисоли дигари мушаххас! Русия сармоягузорӣ карду неругоҳи Сангтуда1-ро сохту ба истифода дод. Ҳоло суол ин аст ки сармоягузор тавонист маблағи худро пас бигирад? Фоида ба даст овард? Раҳмонов аз Сангтуда1 чанд миллион доллар қарздор аст?

Шарти инвеститсия ин нест ки пул бигзораду пас ҷон бикоҳонад, то пулҳояшро пас бигирад. Вақте Раҳмонов бобати инвеститсия накардани Русия мегуяд, бояд ба ин тарафи масъала ҳам фикр кунад!

Раҳмонов бузургтарин сармоягузории русҳо дар Тоҷикистон буд

Аммо мутаассифона ин Русия ва ин русҳоанд, ки барои Тоҷикистон вазнинтарин ва гаронтарин сармоягузорӣ кардаанд. Ва ин сармояи бисёр ҳам гаронтамомшудаи русҳо барои Тоҷикистон ҳамин худи Раҳмонов аст. Сармояе, ки сӣ сол аст фақат мечопаду медуздад. Сармояе, ки варам кардааст, лумбу лунда ва ғафсу беҳад фарбеҳ шудааст, сармояе, ки тамоми кишварро фуру бурдааст, сармояе, ки фақат ва фақат худашро рушду тараққӣ додааст. Вале боз ҳам ҳарисона талаб мекунад. Мегуяд дарюза (ниший) нест, аммо пасттар аз ҳар гадо аст. Вагарна чаро дасти тамаъу талаби худро ҳатто дар ҳузури руасои ҷамоҳири дигар бидуни кадом шарму ҳаё дароз мекунад. Дар ҳеҷ кишвари дигари СНГ русҳо ҳамчунин сармоягузорӣ накардаанд, ки барои Тоҷикистон кардаанд, сармояе, ки ҳамакнун қудрат гирифтаасту дар айни заъфи соҳиби худ пояшро мегазад. Ин силоҳу муҳиммот ва ин пойгоҳи ҳарбии Русия аст ки барои Раҳмонов камарбанди амниятӣ ва сипари дифоъӣ шудааст. Вагарна ҳанӯз дар ҳамон соли1997 несту нопадид ва гуму гӯр мешуд.

Гапи мардак якто, 600 ҳазор гуфтам тамом

Ҳоло ба тарафи Путин мегуяд, ки шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия на 2 миллион, 600.000 аст. Бар фарзе агар Путин шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро 600 000 мегуфт, чи мешуд? Магар Путин муаззаф аст ки барои 600 000 тоҷик кор бидиҳад? Беҳаёӣ ва пурруӣ беш аз ин намешавад. Агар фардо қароре содир намояд,ки танҳо 600 ҳазор тоҷикро дар Русия гузореду боқияшро депорт кунед ба Тоҷикистон. То инки гуфтаи шумо дуруст барояд дар ин ҳолат чикор мекунед? Чуноне ба СММ адади Афғонҳоро ба 15 ҳазор гузориш додед барои пул кандан вақте СММ кортҳои электронӣ дуруст кард барои ҳар паноҳандаи Афғонӣ ададе шумо ҳисобот додабудеду бо номи муҳоҷирон пул мегирифтед фалш баромад. Он вақт тавассути амният ва ВКД хело аз паноҳандагони афғониро бо зурӣ аз кишвар рондед ва сару садо баланд шуду шарм кардед. Мехоҳед ин корро русҳо кунанд бо шаҳрвандони кишвараи мо?

“Инки ҳоло дар сартосари кишвар хонаҳо холӣ мешаванд, инки зану модар дар канори падару писар тарки кишвар мекунанд, магар боис мешавад, ки шумори муҳоҷирин кам бишавад? Пештар падар бо писар мерафт, имрӯз падару писар модарро мебаранд, хоҳарро мебаранд, арӯсро мебаранд. Деҳаҳо холӣ шуда истодааст. Гапи мардак якто гуфта 600 ҳазор гуфта ҷор зада мегардед? Охир он оморҳои ниҳодҳои шумо ҳамааш дурӯғанд инро ҳам каме андеша кун!”

Кам нишон додани теъдоди муҳоҷирон ба хотири чӣ? Яъне Раҳмонов дар кишвар ҷойи кор ва фурсатҳои шуғлӣ фароҳам кардааст? Ҳамагон медонанд, ки ин тавр нест, Раҳмонов фақат барои аъзои оилаи худаш ҷойи кору инвеститсияву сармояву тиҷорату конҳову канданиҳои фоиданок сохта истодааст. Шумори муҳоҷирон солтосол бештар шуда истодааст. Ва, ин воқеият аст.

Раҳмонов Путин ва мақомоти Русро ба додани омори бар дурӯғ муттаҳам кард

Аммо ин барои бори дуввум аст ки Раҳмонов маҳз дар масъалаи шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо Путин баҳсу даъво роҳ меандозад, ӯро ислоҳ мекунад ва дуруғгӯ мебарорад. Маълум аст ки ба чолиш кашидан ва кашонидани воқеият дар ин маврид барои Путин бисёр ҳам сахт мерасад. Бахусус вақте аз ин ҳам фаротар мераваду мегуяд, ки ба шумо омор ва маълумоти носаҳеҳ ва ғалат медиҳанд. Ва, Путинро аблаҳу аҳмақ фарз мекунад ва Путинро гул меҳисобад, ки зердастонаш, масалан МВД, ФМС ва ё ҳар ниҳоди дигари масъул дар умури муҳоҷирин ба ӯ маълумоти воқеӣ намедиҳанд. Дар воқеъ ин бисёр ҳам таҳқир ва тавҳини ҳам Путин ва ҳам ҳукумати Русия аст. Раҳмонов Путинро гуфта истодааст, ки ту бар авзоъ дар ҳукуматат мусаллат нестӣ, туро мақомотат, масъулинат фиреб медиҳанд ва дар ҳукумати ту изофанависӣ вуҷуд дорад.

Аммо ҳам барои Путин ва ҳам барои масалан ФМС ва ВКД чи суд аз коҳиши теъдоди муҳоҷирон ва ё баракс барои Путин чи суд аз бузург нишон додани шумораи онҳо? Агар Путин бихоҳад рондани ҳамин 600.000 муҳоҷир аз қаламрави Русия кофист, ки Тоҷикистон мунфаҷир бишавад ва на «Сиёма-молл» бимонаду на IRS ва на “Амирӣ»-ву на «Мармарӣ» ва на «Коммерсбонк»-у дигару дигараш, ҳамчуноне дар Қазоқистон иттифоқ афтоду ҳамин форум ҳам на дар Нурсултон ва на бо ҳузури Элбасӣ, балки дар Остона доир шуд.

Сарбардоштани Раҳмонов аз варақ зарари боз ҳам муҳоҷирони дар Русия қарор дошта шуд

Раҳмонов барои кӣ кори хуб кард барои кӣ кори бад кард, ҷойи худаш. Аммо яқинан барои муҳоҷирн кори бисёр бад кард. Муҳоҷирони тоҷик, бар мабнои маълумоти расида, баъди ин суханронии Раҳмонов мавриди бозҷӯии бозпурсии зиёд қарор гирифта истодаанд. Дар навоҳиву вилоятҳои Русия рейдҳое доир шуда истодааст, ки фақат тоҷикҳо дастгир мешаванд. Дар ин шабурӯзҳои баъди ин суханронии Раҳмонов вазъи муҳоҷирон бисёр ҳам рӯ ба вахомат ниҳода боздоштгоҳҳо пур аз тоҷикон шуда истодааст. Дигарбора руҳияи зиддитоҷикӣ дар Русия афзудааст. Муҳокимаи оммавии Эмомалӣ Раҳмонов аз Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дафъатан натиҷа ва ё самари худро дод. Мақомоти русӣ дар вилоёт ва навоҳии Русия бо баргузории рейдҳои вижа ба тафтишу баррасӣ ва боздошту истирдоди муҳоҷирони тоҷик шуруъ карданд.

Паси ин бозӣ Раҳмонов чи масъала ва ё мушкилии худашро мехост ва ё мехоҳад ҳал кунад, албатта, маълум хоҳад шуд, аммо ин шури пешонии тоҷики муздури муҳоҷир аст ки дигарбора мавриди тавҳину таҳқир қарор гирифта истодааст. Дар дасти мо даҳҳо номаҳои видеоӣ расидааст, ки нишон медиҳад ходимони умури дохилӣ бо тоҷикҳо ниҳоят бадрафторӣ карда истодаанд. Ҳатто дар Қазоқистон ҳам баъди ин суҳбатҳои Раҳмонов як навъ руҳияи тоҷикбадбинӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст.

 “Ин аз касофат ва накбати Раҳмонов аст ки тоҷик сӣ сол аст на дар ватан ва на дар берун аз он оромиву осоиш надорад.”

Хабарҳое, ки мерасад ин ба ин маъност, ки Русия баъди Укроин масъалаи ин диктотурро диданӣ аст. Ин русҳо буданд, ки дар воқеъ ӯро аз як ошғолдоне оварданду монданд ва то имрӯз нигоҳу бин карданд. Ба ҳеҷ гоҳ ӯро «на ровне» намеҳисобанд, қирғизро меҳисобанд, қазоқро меҳисобанд, турманро меҳисобанд, узбекро меҳисобанд, ӯро не, чунки ҳарчи ки ҳам нагуяд вай бо найза ва калашникови русҳо омадааст. Агар Раҳмонов қурбе медошт, кор то ба ин ҳолат намеомад.

 “Хост нишон бидиҳад, ки то чи ҳад метавонад пеш равад вале муҳтавои суҳбаташ комилан зидди ин буд, нолиш ва шевану лоба, мисли шиква ва нолиши арӯсе, ки домод бар болояш зани нав гирифтааст.”

Аммо Путин интиқодпазир нест, кинагир аст ва мутмаинем, ки ҷавоб дар роҳ аст. Ва, то онҷое хабарҳо мерасанд бахшҳои Ҳизби халқӣ демократӣ дар Маскавро бидуни утоқи корӣ монда истодаанд. Суҳбатҳои Раҳмонов ҳатто агар бо машварат ва маслаҳати худи  Путин ҳам буд бемаврид ва ноҷо садо дод. Вақте Путин игнор аст, санксия аст, бойкот аст Раҳмонов ғайримаврид суҳбат кард. Албатта, мо истиқбол мекунем, ки Раҳмонов даъво мекунад, аз истиқлолият дам мезанад..Аммо маъалаасаф ҳарфе дар ин изҳорот аз истиқлолхоҳӣ набуд. Шиква ва шеване буд, ки чиро ба самти ман диққат намекунӣ, ман, ки омодаам барои ҳар навъи ҳамкорӣ! Раҳмонов бадтар аз ин боз таъкид кард, ки «дар суҳбатҳои дутоимон ҳам борҳо гуфта будам». Яъне, ман ба ту гуфта будам, ту эътино накардӣ ва маҷбурам дар малаи омм бигуям.

Аммо, ин сӯҳбати як раиси ҷумҳур бо як раиси ҷумҳур ва ё суҳбати роҳбари як давлати мустақил набуд. Ин, чуноне ҳам гуфтем “исёни як арусе” буд, ки домод боз навбоваеро ба кобинаш даровардаву ин чанд гоҳ аст навбати зифофи ӯро фаромӯш кардааст ва вай нолаву лоба дорад, ки ком шудам, чаро намеоӣ?

Ин ҳам дар ҳолест ки чанд соли пеш Раҳмонов ба сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон аз Путин ба унвони КГБешники собиқ шикоят карда буд, ки мехост бо Ғаффор Мирзо табаддулоти давлатӣ анҷом дода Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар ҷойи вай оварад. Бовар кунед агар ба ҳар ҳарфи гуфтаи ҷаноби “арусак” посух гуему шарҳ намоем метавонем ва ҳарфҳо барои гуфтан хело зиёд аст. Аммо бархе аз бузургон ончи мехостем бигӯем алкай гуфтанду намехоҳем онро боз мо такрор кунему пуррӯйи намоем. Аммо ҳамин сухани Тоҷикро “майда миллат” гуфтанаш ончунон асабиям карда буд,ки намедонистам чӣ бигӯям ба ин пирбузбалаи аҳмақ. Тоҷик аз ҳама ақвом ва миллатҳо дар ин маҳвата бештар аст, якбор ба атрофат нигару ҳисоб кун хоҳи фаҳмид. Баъдан вайл бар ту барин “пешво”и миллате, ки миллататро “майда миллат” бигӯйи. Акнун қасам ба Аллоҳ бар титулат худат туф кардӣ ва он ҳамтоёни дар гирдат иштирок намуда ва ҳама миллати бузург ва куҳанбунёди ТОҶИК!

Share This Article